6.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 58

Ҳукми 8,5 соли зиндон барои Шарофиддин дар Русия

0

Раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев дар Русия ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав ҳукмро рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ғайби Гадоев содир намуда, ӯро ба паҳн кардани хабарҳои дурӯғ дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина муттаҳам кардааст.

Ҳамчунин бо ҳамин иттиҳом дар Русия Муҳаммадиқболи Садриддин, мухолифи сарсахти режими Раҳмонов ва мудири пойгоҳи “Isloh.net” ғоибона маҳкум ба зиндон шудааст, вале ба чанд соли зиндон маълум нест. 

Дар ҷараёни мурофиаи ғоибона, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун шоҳиди айбдоркунӣ баромад карда, яке аз онҳо, ки худро омӯзгори динӣ Хайриддин Дастаков муаррифӣ намуд, изҳор доштааст, ки Гадоев дар байни муҳоҷирони тоҷик таблиғоти зидди Русия мебарад ва гӯё ҳадафи онҳо “табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон” мебошад. Инчунин Дастаков таъкид кардааст, ки “то замоне ки Русияи қавӣ аст, онҳо ҳеҷ кор карда наметавонанд”.

Аммо вакили таъйиншудаи раҳбари ҶИРТ Шарофиддин Гадоев дар мурофиа гуфта, ки гуноҳи зерҳимояаш собит нашудааст ва хостааст ӯро сафед кунанд.

Пас аз содир шудани ҳукм нисбати ин мухолифи режими имрӯзаи Тоҷикистон, эҳтимол меравад, ки болои тоҷикистониҳое, ки ба саҳифаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шудаанд ва дар Русия қарор доранд, мушкилӣ эҷод шавад.

Гуфта мешавад, мақомоти Русия алайҳи ӯ пас аз нашри навори 20-дақиқаӣ дар соли 2022 дар шабакаи “ISLOH”, ки дар он аз кушта шудани шаҳрвандони Украина аз ҷониби сарбозони рус ҳикоят мекард, парвандаи ҷиноӣ боз намуда буданд.

Худи Гадоев он замон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноӣ дар Русия ба фаъолиятҳои сиёсиаш ва тарафдорияш аз Украина рабт дорад.

Шарофиддин Гадоев, ки паноҳандагии Ҳолландро дорад, дар соли 2019 вақти сафар ба Маскав рабуда ва иҷборан ба Душанбе фиристода шуда буд. Ӯ тавонист бо пуштибонии Вазорати хориҷии Ҳолланд ва Вазорати хориҷии Олмон ба Аврупо баргардонида шавад. Баъд аз баргашташ Гадоев ба расонаҳо гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву маҷбур карда буданд, ки дар наворҳои таблиғотии Ҳукумат гап занад.

СММ: Эътирофи давлати Фаластин ягона роҳи ҳалли низоъҳо аст

0

Дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид, ки дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзо анҷом шуд, эътирофи давлати Фаластин ҳамчун роҳҳалли низоъҳои минтақа дониста шуд.

Ин нишаст, ки бо раёсат ва мизбонии кишварҳои Фаронса ва Арабистони Саудӣ рӯзҳои 28 ва 29-уми июл баргузор гашт, аксари вазирони корҳои хориҷӣ ягона роҳҳалли мушкилот байни Исроилу Фаластинро дар эътирофи ду давлати ҷудогона донистанд.

Вазирони хориҷии кишварҳои аъзо, бахусус Фаронса ба Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод дод, ки Исроилро ба пои мизи музокира биёрад ва бо ҳар навъ фишоре ӯро маҷбур созад, ки роҳҳалли дукишвариро бипазирад.

Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса ба хабарнигорон гуфта, ки “Комиссия Аврупо аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо бояд нишон диҳад, ки мехоҳад ва метавонад давлати Исроилро водор ба шунидани ин хоста кунад”, ки Фаластин бояд ҳамчун кишвари мустақил дар минтақа шинохта шавад.

Исроил то ҳанӯз ба ҳеч унвон қабул надорад, ки давлати Фаластин ба расмият шинохта шавад. Ҳамзамон Исроилу Амрико ин конфронси СММ-ро бойкот карданд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико иддао карда, ки ин конфронс сабаби тӯлонӣ шудани ҷанг дар Ғазза мешавад ва ҲАМОС-ро қавитар мекунад.

Аммо вазирони хориҷа дар нишасти мазкур таъкид карданд, ки бидуни дар назар гирифтани ояндаи Ғазза ва татбиқи роҳҳалҳои сиёсӣ наметавон ба фикри оташбаси пойдор дар ин борика буд.

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал бин Фарҳон дар поёни нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки кишварҳои зиёде майл доранд давлати Фаластинро ба расмият бишиносанд. Ӯ таъкид кард, ки фаластиниҳо ҳамчун миллат ҳаққи машруъ ва қонунияшон аст, ки давлати худи мустақили худро дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол Кир Стармер, сарвазири Британияи Кабир дар як изҳороте гуфт, вақти он расида, ки Фаластин ҳамчун кишвари мустақил дар минтақа шинохта шавад. Ӯ таъкид кард, ки агар Исроил дар муддати кӯтоҳ натавонад мушкилоти фоҷеабори инсониро дар Ғазза поён диҳад ва як сулҳи пойдорро барқарор кунад, дар моҳи сентябр кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт.

Ёдовар мешавем, ки то кунун 147 кишвари ҷаҳон Фаластинро расман эътироф кардаанд. Аммо бархе кишварҳои ғарбӣ ҳамроҳ бо Амрико ва Исроил то ҳанӯз Фаластинро ба расмият нашинохтаанд.

Боздошти падаре, ки фарзандашро кушт

0

Як ҳодисаи ғамангезу пурдарди қатли писар аз ҷониби падар 26-уми июли соли 2025 ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.

Падаре баъди шиканҷаи писари 15‑солааш бо иттиҳоми дуздии пул, сабаби марги ӯ гардид. Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри изҳорот хабар дод, ки алайҳи ин сокини 40-солаи сокини шаҳри Турсунзода парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ боздошт шудааст ва парванда барои расонидани зарари ҷисмонӣ бо ҷароҳатҳои вазнин, ки ба марг оварда расондааст, таҳти тафтиш қарор дорад. Меъёрҳои ҷазои кишвар барои чунин ҷиноят аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Наворе, ки баъди ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дили ҳазорон нафарро ба дард овард. Дар он навор наврас бо чеҳраи олуда ба хоку хун дида мешавад ва марде бо овози баланд аз ӯ мепурсад: “600 сомонӣ ту гирифтӣ?”

Тафтишот мегӯяд, падар фарзанди худро ба дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонӣ дар моҳи июл гумонбар донистааст. Мақомот ҷузъиёти ин ҳодиса ва муттаҳамро нашр накардааст.

Дар ҷузъиёти ин ҳодиса, ки тоза ба дасти Azda TV расидааст, гуфта мешавад, ки писар хонандаи синфи 10 буда, нос мекашидааст. Падараш барои ин амалаш ӯро латукӯб мекунад. Пас аз он, писар бе иҷозаи хонадон 600 сомонӣ гирифта, ба шаҳри Душанбе — ба хонаи аммааш меравад ва ду-се рӯз бедарак мешавад. Аммааш ба падараш занг зада мегӯяд, ки писараш дар хонаи ӯст. 

Падар ба Душанбе меравад, ӯро мегирад ва бармегардонад. Дар роҳ сахт латукӯб мекунад, дасту пояшро баста, дар мошин мекашад. Баъдан ӯро ба телефон навор мегирад ва дубора ба мошин баста, мекашад. Писар дар натиҷаи зарбаҳои сахт ҷароҳатҳои шадид мебардорад ва беҳуш мешавад. 

Баъд падараш ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба хона оварда, дар анбор нигоҳ медорад. Аъзои хонавода аз ҳодиса огоҳ будаанд, вале мард намегузоштааст, ки ҳамсараш назди фарзанд равад. Субҳи барвақт, мераванд ва мебинад, ки писар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Духтури маҳалро даъват мекунанд, вале ӯ мегӯяд, ки кӯдак аллакай вафот кардааст. 

Оила кӯшиш мекунад, ки ҳодисаро пинҳон кунад, вале мард аз ҷониби кормандони милитсия боздошт мешавад.

Нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши тунди ҷомеаи тоҷикро ба бор овардааст. Корбарон аз мақомот барои падари ин наврас ҷазои сахт, аз ҷумла зиндонии умрбодро талаб доранд.

Аз ҷумла, корбаре навиштааст: “Ба ҷои шиканҷа додан, ба фарзандон тарбияи дурусту меҳрубонона лозим аст, то онҳо ба роҳи хато нараванд. Задан ва азоб додан ҳеҷ гоҳ роҳи ҳал нест.”

Корбари дигари дигар навиштааст: “Мутаассифона, дар ҷомеаи мо задани фарзанд баъзан мояи ифтихор шуморида мешавад. Баъзеҳо эҳтиромро бо тарс додан мебинанд ва вақте фарзанд аз онҳо метарсад, инро тарбия дуруст мепиндорем…”

Аммо бархе дигар навиштаанд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон зӯроварӣ дар хонаводаҳо ва задани зану фарзандону бераҳмона шиканҷа кардани онҳо ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст ва ҳеч ниҳодҳои марбутае ин амали хонаводаҳоро назорат ва ё ислоҳ намекунад.

Бархе корбарони дигар мегӯянд, асли ин мушкилот ҷои дигаре нуҳуфтааст. Аз ҷумла, онҳо хушунати хонаводагиро дар тарзи тарбият ёфтани худи волидайн, фишорҳои мақомот алайҳи озодиҳои динӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебинанд.

Сокинон беш аз 1,7 миллиард сомонӣ аз барқ қарздоранд  

0
Коллажи-Asia-Plus

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз афзоиши нигаронкунандаи қарзи сокинон барои истифодаи барқ хабар дод.

Тибқи омори расмӣ, танҳо аҳолии кишвар то моҳи июли соли равон аз ширкати “Барқи тоҷик” барои истифодаи нерӯи барқ беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарздоранд.  

Тибқи ин омор, на танҳо мардум, балки чанде аз сохторҳои муҳими давлатӣ низ аз барқ қарздор мондаанд. Аз ҷумла, “Ширкати алюминийи тоҷик” бо қарзи 718 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (238 миллион), бархе идораҳои буҷетӣ (108 миллион) ва корхонаҳои обу корез (16,4 миллион) дар садри рӯйхат қарор доранд.  

Мақомот ҳамеша дар посух ба ин савол, ки чӣ гуна мардум аз барқ қаздоранд, мегӯянд, қисме аз ин қарзҳо аз солҳои пеш боқӣ мондаанд. Аммо сокинон ин иддаои мақомотро қабул надоранд ва мегӯянд, ки мардуми оддӣ наметавонад солҳо аз барқ қарздор боқӣ бимонад, зеро ҳама хуб медонад, ки дар сурати нападохтани пули барқ масъулон барқро қатъ мекунанд. Вале дар корхонаҳои давлатӣ ва нимадавлатӣ ин корро карда наметавонанд. 

Аз ин хотир, бисёре аз таҳлилгарон ва рӯзноманигорон ҳаҷми зиёди қарзи мардумро аз идораи барқ шубҳаангез мешуморанд.

Ҳамчунин ҳамасола дар фасли зимистон интиқоли барқ барои мардум хеле маҳдуд мешавад ва қариб, ки мардум ба ҷуз рӯшноӣ барқро дар дигар чиз истифода намебаранд. Имсол бошад, ҳатто дар фасли тобистон низ сокинон аз маҳдудияти барқ хабар доданд.

Масири муҳоҷирати кории тоҷикон аз Русия ба Олмон тағйир меёбад?

0

Тоҷикистон ва Олмон барои омода кардани мутахассисони касбӣ ва фароҳамсозии шароити муҳоҷирати қонунӣ ҳамкориро густариш медиҳанд.

Ҳайати расмии Тоҷикистон дар дидору гуфтугӯ бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои таълимии Олмон масъалаи таҳсил, омӯзиши касбӣ ва ҷалби шаҳрвандони тоҷик ба бозори кори ин кишвари аврупоиро баррасӣ кард.

Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Ба навиштаи ин вазоратхона, ин сафар панҷ рӯз аз 14 то 18-уми июл давом кардааст.

Ҷониби Олмон изҳор дошта, ки омодааст барномаҳои омӯзиши забони олмониро барои шаҳрвандони тоҷик таҳия намуда, инчунин курсҳои кӯтоҳи омӯзишӣ барои муаллимони соҳаи касбомӯзӣ баргузор намояд. Гуфтугӯҳо инчунин бо созмонҳои иқтисодӣ ва марказҳои омӯзишии касбии Бавария баргузор шуданд.

Дар анҷом, миёни Тоҷикистон ва ширкати TELC — таҳиягари имтиҳонҳои забонии сатҳи байналмилалӣ — ёддошти тафоҳум имзо шуда, ки ба рушди омӯзиши касбӣ ва забономӯзӣ барои муҳоҷирони тоҷик кумак хоҳад кард.

Ин иқдомҳо дар ҳоле рӯйи даст гирифта шудаанд, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ба мушкил рӯ ба рӯ ҳастанду аз фишору дастгиршавӣ то ихроҷу маҳдудиятҳои корӣ шикоят мекунанд.

Мақомоти тоҷик талош доранд бо густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон, роҳҳои дигари муҳоҷиратро фароҳам созанд ва мушкили муҳоҷирони кории тоҷик ва вобастагии онҳо ба Русияро дар ин самт коҳиш диҳанд.

Аммо ба назари мунтақидон, беҳтарин роҳ барои ҳалли буҳрони муҳоҷират, эҷоди ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар аст. Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон бояд бо рушди саноат, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳамсозии маоши муносиб, шароитро барои кору зиндагии сазовори шаҳрвандон дар ватани худ муҳайё кунад.

Чорумин ҳолати марги зодагони Бадахшон дар зиндон

0

Эроншо Маҳмадраҳимови 39-сола, зиндонии сиёсӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 23-юми июни соли ҷорӣ дар зиндони рақами 6-и Ваҳдат даргузашт.

Гуфта мешавад, марҳум бародари Меҳрон Маҳмадраҳимов, яке аз фаъолони ҷамъиятии ВМКБ мебошад.

Рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова дар истинод ба манобеаш сабаби марги ин зодаи деҳаи Рошорви Рӯшонро беморие гуфтааст, ки дар натиҷаи шиканҷаи ва фишори равонии бардавом сар задааст.

Бино ба навиштаи манбаъ, Эроншо Маҳмадраҳимов соли 2021 боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум гардида, дар ин муддат борҳо ба шиканҷа, латтукӯб, бозпурсӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва нигоҳдорӣ дар утоқи ҷазо (карсер) рӯ ба рӯ шудааст.

Пайвандони Эроншо ҳадаф аз ин фишорҳоро маҷбур кардани бародараш Меҳрон ба бозгашт ба Тоҷикистон номидаанд.

Меҳрон Маҳмадраҳимов, ки дар Русия иқомат дорад, соли 2022 дар як муроҷиати видеоӣ аз мақомоти тоҷик талаб карда буд, ки боздоштҳои худсарона дар Бадахшонро қатъ кунанд, қатли Гулбиддин Зиёбеков таҳқиқ ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо пас аз ин, КДАМ фишор болои хешовандони ӯро сахттар кард.

Бино ба иттилои манбаъҳо, моҳи феврали соли 2025 пас аз бозпурсии навбатӣ, Эроншоро боз ба карсери сарду намнок андохтаанд ва чанд моҳи охирро дар он сипарӣ кардааст, ки дар натиҷа ба илтиҳоби шадиди шуш мубтало гаштааст.

Дархостҳои такрории ӯ ва наздиконаш барои кумаки тиббӣ ва интиқол ба бемористон аз ҷониби маъмурияти маҳбас нодида гирифта шуданд ва билохира ҷасадашро ба волидонаш супурдаад ва ӯ дар зодгоҳаш деҳаи Рошорв ба хок супурда шуд.

Сабаби расмии маргро мақомот ҷамъ шудани моеъ дар шуш гуфтаанд, аммо наздиконаш мегӯянд, ки пеш аз ҳабс Эроншо комилан солим буд ва аз ягон бемории музмин ранҷ намекашид.

Гуфта мешавад, дар чанд моҳи ахир ин чорумин ҳолати марги зодагони Бадахшон дар зиндонҳои Тоҷикистон мебошад. Пеш аз Эроншо хабари марги Музаффар Давлатмиров, рӯҳонии маъруфи 61-сола аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар зиндони шаҳри Ёвон ва Кулмамад Паллаев, фаъоли ҷамъиятӣ аз ноҳияи Рӯшон ва Аслан Гулобов аз Хоруғ, ки ҳар ду маҳкум ба ҳабси абад буданд, нашр шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба Русия эътимод накунед!

0

Собиқ сафири Ироқ дар Тоҷикистон мегӯяд, пеш аз оғози ҷанги Ироқ Эмомалӣ Раҳмон барояш гуфтааст, ки ба Русия эътимод накунед!

Мазҳар Ад-Дувайрӣ, собиқ сафири Ироқи дар Тоҷикистон, ки мақарри иқоматаш дар Маскав буд, мегӯяд, пас аз он ки Эътимодномаи худро ҳамчун сафир ба Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе супоридам, Президенти Тоҷикистон бо эҳтироми хоссе аз вай пазироӣ карда, бо вуҷуди танг будани толори пазироӣ гуфтааст, биё дар паҳлуи ман бишин.

Ба гуфтаи собиқ сафир, вақте суҳбат оғоз шуд, Эмомалӣ Раҳмон барояш гуфт, ту сафир ҳастӣ, дар ҳамон меҳмонхонае, ки дар он истиқомат дорӣ, дидӣ, ки дар куҷо ҷойгир аст ва атрофи он чи чизҳое вуҷуд дорад? Дар посух барояш гуфтам, бале дидам. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, яке аз пойгоҳҳои низомии Русия пушти ҳамон меҳмонхона аст.

Аммо вақте ҷанги дохилӣ шуруъ шуд, нерӯҳои мухолифин бо раҳбарии Абдуллоҳ аз ҳамон ҷо низ қароргоҳи президентро мавриди ҳамла қарор медоданд, вале аз дасти русҳо коре намеомад. Русҳо аз Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят карданд, вале он замон имкони кумак кардан надоштанд. Имконоти онҳо маҳдуд буд.

Мазҳар Ад-Дувайрӣ, ки хотироти худро бо шабакаи “Ал-Арабия” дар миён гузоштааст, меафзояд, он замон дар соли 2002 дар вақти суҳбат кардан Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз вазъи Ироқ пурсид, гуфтам, тамоми талошҳо барои пешгирӣ кардан аз ҷанг анҷом мешавад, аммо ба гуфтаи ӯ, бархе мақомоти русӣ ба вай пештар гуфта буданд, ки қарор дар бораи оғози ҷанги Ироқ гирифта шудааст ва ин ҷанг ногузир анҷом мешавад.

Дар ҳамон мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон ба сафири Ироқ гуфтааст, ки дар хусуси ин ҷанг Бағдод ба Маскав эътимод накунад, зеро Ироқ як давлати паҳновар асту имконоти Русия дар он кишвар маҳдуд мебошанд. Ба ҳамин хотир ин тавсияро ба кишвараш мунтақил кунад.

Гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш бо иттиҳоми он ки Саддом Ҳусейн, Президенти Ироқ ба силлоҳҳои кушторҳои ҷамъӣ даст ёфтааст, дар соли 2003 алайҳи Ироқ ҷангро оғоз карданд. Саддом Ҳусейнро боздошт ва сипас ӯро моҳи декабри соли 2006 дар рӯзи Иди Қурбон ба дор овехтанд.

Саддом Ҳусейн, ки раҳбари Ҳизби эҳёи арабии сотсиалистии Ироқ (حزب البعث العربي الاشتراكي) буд, дар минтақа яке аз муттаҳидони асосии Русия донист мешуд, қариб ҳама таҷҳизоти низомиашро аз Русия дастрас мекард. Ба ҳамин хотир, бо русҳо робитаи хуб дошт. Эҳтимол, Президенти Тоҷикистон ҳам ин ҳамаро ба назар гирифта, ба ҳамин хотир ба сафири Ироқ дар Тоҷикистон тавсия кардааст, ки набояд ба Русия эътимод кунанд.

Ҷанг дар Ироқ аз соли 2003 то 2011 идома ёфт, яъне ҳудуди 8 сол тӯл кашид, вале Амрико ва муттаҳидонаш ҳеч гуна силоҳи куштори ҷамъӣ аз Ироқ наёфтанд. Вале дар ин муддат Ироқро ба дасти гурӯҳҳое таслим карданд, ки инак 22 сол аст, суботу оромиро дар ин кишвар барқарор карда натавонистанд.

Тоҷикистон бо қимати 2,27 дирам ба Узбакистон барқ фурӯхтааст

0

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ содироти нерӯи барқ ба хориҷи хориҷи кишвар 56,4% афзоиш ёфтааст.

Ба қавли манбаъ, Тоҷикистон дар ин давраи ҳисоботӣ истеҳсоли умумии нерӯи барқро ба 11,812 млрд кВт/соат расонидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,2% зиёд мебошад. Ва аз ин ҳисоб 1,123 млрд кВт/соат барқи истеҳсолшударо ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхтааст, ки 56,4% нисбат ба соли гузашта зиёдтар аст.

Вазорати энергетика ва захираҳои об таъкид кардааст: “Ҳаҷми умумии содироти энергияи барқ бо натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2025 – 1 млрд 123,3 млн кВт соат ё ба маблағи 322,6 млн сомониро ташкил дод (аз он ҷумла 2,1 млн кВт соат ё 0,8 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК “Помир-Энерҷӣ”), ки ин нисбат ба ҳамин давраи гузашта 405 млн кВт соат ё 56,4 % зиёд мебошад. Энергияи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 718 млн кВт соат ба маблағи 312 млн сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Узбекистон 395,8 млн кВт соат ба маблағи 9 млн сомонӣ содирот карда шуд.” 

Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар 1кВт соат нерӯи барқро Афғонистон бо нархи 43.4 дирам фурӯхта шудааст. Аммо дар ҳамин давраи ҳисоботӣ бар ивази ҳар 1 кВт соат нерӯи барқ аз Узбекистон ҳамагӣ 2,27 дирам, баробар ба 0,24 сенти амрикоӣ пул дарёфт кардааст, ки хилофи талаботи қонунгузорӣ ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Пеш аз ин Ҳукумати Тоҷикистон қарор содир карда буд, ки аз якуми апрели соли 2025 сокинон барои ҳар киловат соат барқ 35,36 дирам, корхонаҳои коркарди нахи пахта 40,45 дирам, литсей ва гимназияҳои хусусӣ 60,70 дирам ва корхонаҳои истеҳсолӣ 80,90 дирам пардохт мекунанд.

Аммо, ин дар ҳолест, ки бо нархномаи нав ба ширкатҳои наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нерӯи барқ арзонтар фурӯхта мешавад. Аз ҷумла, “Талко” барои ҳар киловат соат барқ – 20,77 дирам, “Азот” – 35,36 дирам ва “Комбинати металлургии Тоҷикистон” – аз 1-уми май то 30-юми сентябр 14,19 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел 80,90 дирам пардохт мекунанд.

Болоравии арзиши барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинони кишвар бо лимити барқ рӯ ба рӯ буда, аз охири моҳи сентябр барои сокинони деҳоти Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат ва дар баъзе минтақаҳои дурдаст аз ин ҳам камтар барқ дода мешавад.

Ва интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷ зиёд шуда, нархи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ барои Афғонистон 46 дирам (4,2 сент), барои Узбекистон 21,2 дирам (ҳудуди 2 сент) ва барои Қирғизистон 10,7 дирам (0,98 сент)-ро ташкил медиҳад.

Инчунин, ахиран Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарори дигар дастур дода буд, ки Лоиҳаи ҳамкорӣ бо Узбакистон дар соҳаи электроэнергетика ба имзо бирасад. Ин санад дар портали иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Тибқи ин қарор, Тоҷикистон қисме аз нерӯи барқи тавлидшуда дар НОБ-и “Роғун”-ро бо қимати 03,4 сенти амрикоӣ, бар асоси қурби имрӯз баробар ба 32,71 дирам барои ҳар як киловатт-соат ба Узбекистон мефурӯшад.

Мутобиқи ин қарори ҳукумат, шартномаи хариду фурӯш байни шикрати “Барқи Тоҷик”-и Тоҷикистон ва “Узэнергосотиш”-и Узбакистон ба имзо расида, интиқоли нерӯи барқ тибқи ҷадвали мувофиқашуда ва соатҳои камбудииқтидор (аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр) дар низоми барқии Узбакистон анҷом дода мешавад.

Гуфтанист, тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши барқ асосан дар моҳҳои май, июн ва июл сурат гирифтааст. Яъне, баъд аз моҳи 1-уми апрел. Бинобар ин, агар Вазорати энергетика ва захираҳои об тиқби Қарори Ҳукумати Тоҷикистон бо қимати 21,2 дирам ҳар 1 кВт соат барқро дар ин давра ба Узбекистон мефурӯхт, ба ҷои 9 миллион сомонӣ 83,79 млн ба даст меовард, ки 74,79 миллон сомонӣ зиёдтар аст. Аммо чаро чунин коре хилофи Қарори Ҳукумат анҷом дод ва ин 74,79 млн сомониро аз куҷо ва кудом ҳисоб ба буҷаи давлат ворид мекунад, номаълум.

Гуруснагии шадид дар Ғазза ҷони 147 нафарро гирифт

0

Танҳо давоми 24 соати гузашта 14 нафар дар Навори Ғазза ба сабаби гуруснагии шадид ҷони худро аз даст доданд, ки ду нафарашон кӯдакони навзод буданд.

Масъулони бемористонҳои Ғазза ба расонаҳо гуфтанд, аз байни 147 нафаре, ки ба сабаби гуруснагӣ ва камбуди ғизо ҷон бохтанд, 88 нафарашон кӯдакон буданд. Ва эҳтимол дорад адади маргу мир ба сабаби камбуди ғизо афзоиш ёбад.

Қарор буд, рӯзи гузашта мошинҳои боркаши маводи ғизоӣ вориди Ғазза бишаванд, аммо ба гуфтаи расонаҳо, пас аз 4 моҳи муҳосираи шадид, ки 1 мошин ҳам ворид нашуда буд, ба 73 мошини боркаш иҷозати вуруд доданд.

Гуфта мешавад, бар иловаи мошинҳо кишвари Урдун дар ҳамроҳӣ бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ як ҳавопаймо бо 25 тонна маводи ғизоӣ аз осмон партоб карданд, вале ин ҳама дар маҷмуъ 1 дарсади иҳтиҷоти мардуми Ғаззаро бартараф намекунад.

Хабарнигори Ал-Ҷазира аз Ғазза рӯзи душанбе ба ин расона гуфт, ки дирӯз аз ҷониби гузаргоҳи Зекким ба шимоли Ғазза бояд мошинҳои кумаки маводи ғизоӣ ворид мешуд, аммо нерӯҳои исроилӣ қасдан ҳамаи онҳоро боздоштанд ва нагузоштанд як мошини боркаш вориди шимоли Ғазза бишавад. Гуфта мешавад, нерӯҳои исроилӣ қасдан обро қатъ мекунанд, ки ин вазъият гуруснагӣ ва ташнагиро болои беш аз 2 миллион аҳолии ин борика ба бор овардааст.

Бар иловаи ин гуруснагиҳову камбуди дору, боз нерӯҳои исроилӣ бомборонҳои шадиду пай дар пайро дар Ғазза анҷом медиҳад, ки вазъи инсониро дар ин борика тоқатфарсо кардааст. Ба хусус онҳое, ки дар навбати ғизо меистанд садҳо нафарро нерӯҳои исроилӣ ба қатл мерасонад.

Вазири маориф: Пулҷамъкунӣ дар мактабҳо ғайрқонунӣ аст, аммо …

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пулҷамъкунӣ барои таъмири мактабҳоро, ки аллакай ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст, ғайрқонунӣ хонд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода рӯзи 28-уми июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҷамъоварии маблағ аз падару модарон барои таъмири мактабҳо расман манъ аст ва ҳар гуна кумак бояд ихтиёрӣ бошад. Ӯ таъкид кард, ки тибқи низомнома, танҳо шахсони алоҳида ва эҳсонкорон метавонанд ихтиёрӣ маблағ пешниҳод кунанд, аммо ин амал маҷбурӣ нест.

Ин дар ҳоле аст, ки дар тӯли зиёда аз 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, падару модарон ҳамасола маҷбур мешаванд барои таъмир мактаб, дастгоҳҳои гармидиҳӣ, фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ, ҳатто барои бур ва пардаи синфхонаҳоимактаб маблағ супоранд. Ҳарчанд мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф ин амалҳоро ҳамеша рад мекунанд, аммо маъмурияти мактабҳо дар кишвар аз падару модарони хонандагон маҷбурӣ ин пулро меситонанд.

Дар шароите, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон серфарзанд ва камбизоатанд, ин навъи пулҷамъкунӣ бори вазнин ба дӯши оилаҳо мегардад ва ҳар сол сабаби эътирозҳо мешавад. Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, суханони охири вазир дар асл эътирофи ғайрирасмӣ ва дастури мустақими вазорат барои ҷамъоварии маблағ ба ҳисоб меравад, ки то ҳол бе ягон санади расмӣ амалӣ мегардад. 

Фасод дар соҳаи маориф аз мушкилоти ҳамешагии ин ниҳод дониста мешавад. Аз кӯдакистонҳо шуруъ шуда, то донишгоҳҳо ва таъйини кадрҳо дар мансабҳои маориф низоми порахоҳӣ, фурӯши баҳо солҳо боз идома дорад. Омӯзгорон аз маоши паст, таълимгоҳҳо аз камбуди таҷҳизот ва хонандагон аз сифати пасти таълим шикоят мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, то ришваву фасод ба таври куллӣ решакан карда нашавад, – ки ин амал барои ҳукумати феълӣ ғайриимкон аст – мушкилоти соҳаи маориф бартараф намешавад.