6.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 59

Вазири маориф: Пулҷамъкунӣ дар мактабҳо ғайрқонунӣ аст, аммо …

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пулҷамъкунӣ барои таъмири мактабҳоро, ки аллакай ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст, ғайрқонунӣ хонд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода рӯзи 28-уми июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҷамъоварии маблағ аз падару модарон барои таъмири мактабҳо расман манъ аст ва ҳар гуна кумак бояд ихтиёрӣ бошад. Ӯ таъкид кард, ки тибқи низомнома, танҳо шахсони алоҳида ва эҳсонкорон метавонанд ихтиёрӣ маблағ пешниҳод кунанд, аммо ин амал маҷбурӣ нест.

Ин дар ҳоле аст, ки дар тӯли зиёда аз 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, падару модарон ҳамасола маҷбур мешаванд барои таъмир мактаб, дастгоҳҳои гармидиҳӣ, фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ, ҳатто барои бур ва пардаи синфхонаҳоимактаб маблағ супоранд. Ҳарчанд мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф ин амалҳоро ҳамеша рад мекунанд, аммо маъмурияти мактабҳо дар кишвар аз падару модарони хонандагон маҷбурӣ ин пулро меситонанд.

Дар шароите, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон серфарзанд ва камбизоатанд, ин навъи пулҷамъкунӣ бори вазнин ба дӯши оилаҳо мегардад ва ҳар сол сабаби эътирозҳо мешавад. Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, суханони охири вазир дар асл эътирофи ғайрирасмӣ ва дастури мустақими вазорат барои ҷамъоварии маблағ ба ҳисоб меравад, ки то ҳол бе ягон санади расмӣ амалӣ мегардад. 

Фасод дар соҳаи маориф аз мушкилоти ҳамешагии ин ниҳод дониста мешавад. Аз кӯдакистонҳо шуруъ шуда, то донишгоҳҳо ва таъйини кадрҳо дар мансабҳои маориф низоми порахоҳӣ, фурӯши баҳо солҳо боз идома дорад. Омӯзгорон аз маоши паст, таълимгоҳҳо аз камбуди таҷҳизот ва хонандагон аз сифати пасти таълим шикоят мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, то ришваву фасод ба таври куллӣ решакан карда нашавад, – ки ин амал барои ҳукумати феълӣ ғайриимкон аст – мушкилоти соҳаи маориф бартараф намешавад.

Эрон бо камобӣ даст ба гиребон аст

0

Мақомоти Эрон ҳушдор додаанд, ки кишвар ба яке аз сахттарин буҳронҳои об дар солҳои охир рӯ ба рӯ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои байналмилалӣ, ҳарорати ҳаво дар чанде аз минтақаҳои Эрон аз марзи +50 дараҷа гузашта, обанборҳо ва нерӯгоҳҳои кишвар дар ҳолати ногувор қарор доранд.

Дар як изҳороти расмӣ мақомоти Теҳрон аз мардум даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода кунанд, зеро сатҳи оби обанборҳои асосӣ то ба 10-15 дарсади иқтидори воқеӣ поин рафтааст.

Дар пайи мушкилоти буҳрони шадиди камобӣ дар Эрон ва шикояти шаҳрвандон аз қатъ шудани об, Масъуд Пизишкиён, президенти ин кишвар аз чанд обанбор дар вилояти Албурз, аз ҷумла обанбори Караҷ ва Толеқон боздид намуд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, чанд омил, аз ҷумла таъсири гармо дар сатҳи ҷаҳонӣ, идоракунии нодурусти захираҳои об, истифодаи зиёди об дар бахши кишоварзӣ ва беназоратӣ аз сӯи мақомот боиси амиқтар шудани буҳрони об шудааст. Дар бархе минтақаҳо, сокинон аз қатъи барқ ва маҳдудияти дастрасӣ ба оби нӯшокӣ шикоят доранд.

Ҳукумати Масъуд Пизишкиён гуфтааст, ки раванди ислоҳи низоми обрасонӣ ва тақсимоти одилонаи обро дар барномаи худ қарор додааст. Аммо коршиносон бар инанд, ки бидуни ислоҳоти ҷиддӣ дар сиёсати захираҳои обӣ, буҳрони феълӣ метавонад ба буҳрони иҷтимоиву муҳоҷирати экологӣ табдил ёбад.

Ин вазъият дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд сол боз Эрон бо боришоти кам, хушксолӣ ва обхезиҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ аст.

Вазорат: Барқро ба хотири гармии ҳаво қатъ кардем

0

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли тобистонро тасдиқ намуда, омили асосии онро гармии аз ҳад зиёди ҳаво ва таъсири он ба низоми энергетикӣ номид.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки гармии ғайримаъмулӣ дар моҳи июл ба кори таҷҳизоти барқрасонӣ ва шабакаҳои интиқол таъсири ҷиддӣ расондааст. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз қисмҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд ва баъзе минтақаҳои тобеи марказ, шоҳиди қатъи муваққатии нерӯи барқ шудаанд.

Вазир афзуд, ки шабакаҳои барқӣ дар чунин ҳарорати баланд таҳти фишори зиёд қарор мегиранд ва барои нигоҳдорӣ ва пешгирӣ аз вайроншавии таҷҳизот, маҳдудиятҳои муваққатӣ роҳандозӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ин гуна ҳолатҳо асосан шабона ва дар соатҳои муайян сурат гирифта, аз 2 то 6 соат идома кардаанд. Мақомот таъкид карданд, ки чунин тадбирҳо пешгирикунанда буда, ба хотири таъмини устувории шабака ва эҳтиёт кардани таҷҳизоти асосӣ анҷом ёфтаанд.

Вазорат изҳор дошт, ки бо воридсозии таҷҳизоти нав ва таҷдиди инфрасохтор, интизор меравад чунин ҳолатҳо дар оянда коҳиш ёбад.

Бо ин ҳол, корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъ шудани барқ дар фасле, ки нерӯгоҳҳо бояд бо иқтидори баланд фаъол бошанд, изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки маҳдудиятҳои нерӯи барқ маъмулан дар фасли зимистон ба назар мерасид, вале акнун дар гармтарин моҳҳои сол низ мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, солҳои қабл тобистонҳо низ гарм меомад, вале барқ қатъ намешуд. Агар ҳоло барқро ба хотири фарсудашавии таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ қатъ мекунанд, пас ин мушкилии ниҳодҳои марбута аст, ки сари вақт таҷҳизотро иваз намекунанд ва бемасъулиятӣ нишон медиҳанд.

Қаблан бархе аз сокинони вилояти Хатлон дар шикояте гуфта буданд, ки мисли фасли зимистон рӯзона соатҳои тӯлонӣ барқ надоранд. Ва ин бори аввал аст, ки ба чунин ҳолат рӯбарӯ мешаванд.

Кӣ намехоҳад ҷанг дар Ғазза тамом шавад?

0
Акс аз ББС

Бо пас фаро хонадани ҳайатҳои Исроил ва Амрико аз Қатар бархе коршиносон мегӯянд, ки музокироти фаластиниҳо бо исроилиҳо бо шикаст мувоҷиҳ шудааст.

24-уми июли соли 2025 Стив Витков, фиристодаи махсуси ИМА ба Ховари Миёна аз Итолия эълом кард, ки тими музокиракунандаи Амрикоро аз Қатар барои машварат фарохондааст. Ба дунболи он, Исроил ҳам эълом кард, ки ҳайати музокиракунандаи худро аз Давҳаи Қатар барои машварат кардан ба Телавив даъват мекунад.

Ин иқдоми ИМА ва Исроил намояндаҳои кишварҳои Мисру Қатарро, ки мизбони музокироти ғайри мустақими Исроил ва Ғазза дар Давҳа мебошанд, сахт нороҳат кардааст. Зеро пеш аз ин як намояндаи Стив Витков ва ҳатто Доналд Тромп аз посухи ахири Ҳамос истиқбол карда буданд.

Ҳамос ҳам эълон кард, ки вақте посухи ахири худро ба миёнравҳо аз Мисру Қатар дар Давҳа тақдим кард, онро ба хубӣ қабул карданд ва ҳама бовар доштанд, ки ин дафъа музокироти оташбас дар зудтарин фурсат анҷом хоҳад меёбад.

Аммо, Стив Витков бидуни он, ки нисбат ба Исроил чизе бигӯяд, ин дафъа ҳам Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои фаластиниро ба “надоштани ҳусни ният” дар бораи оташбас муттаҳам карда, гуфт, ки ИМА ба хотири боз гардондани гаравгонҳо роҳҳои дигареро ҷустуҷӯ мекунад.

Имрӯз, Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил ҳам бо тасдиқи изҳороти Стив Витков иборз дошт, ки Телавив ҳамроҳ бо Вашингтон “имконоти иловагӣ”-ро барои баргардонидани гаравгонҳо аз Ғазза ба кишварашон баррасӣ мекунанд.

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, ки эҳтимол дорад, Исроил ва Амрико бо пас фарохондани тимҳои музокиракунандаи худ аз Қатар қасд доранд, ки бо ин тариқ Ҳамос ва дигар гуруҳҳои фаластиниро маҷбур намоянд, то аз хостаҳои худ, ки хурӯҷи тамоми нерӯиҳои исроилӣ аз Навори Ғазза ва ба дунболи он қатъи комил ҷанг аст, на оташбаси муваққат мебошад, даст бардоранд.

Аз сӯи дигар, бархе коршиносони исроилӣ ҳам таъкид мекунанд, бар асоси парвандаҳои фасоди молие, ки Бенямин Натаняҳу дар додгоҳҳои Исроил дорад, аз қудрат барканор ва зиндонӣ хоҳад шуд. Ба ҳамин хотир, Нахуствазири Исроил мехоҳад аз рухсатии тобистонаи вакилони исроилӣ дар парлумони он кишвар истифода карда, барои ҳифзи ҷойгоҳ ва курсии худ ҷангро дар Ғазза идома бидиҳад.

Гуфтанист, пеш аз ин Абуубайда, сухангӯи Қассом, шохаи низомии Ҳамос хитоб ба ҷиноҳҳои сиёсии фаластиниҳо эълон карда буд, ки ҳар чӣ зудтар қазияи гаравгонҳоро тамом кунед, ва мардумро аз гуруснагӣ наҷот диҳед, вагарна низомтён сафҳаи гаравгонҳоро баста, дар ин шароит дигар ба он барнамегарданд.

Созмонҳои кумакрасон ва ҳомии ҳуқуқи башар хостори таъсиси фаврии як каридори гуманитарӣ шудаанд, то кӯмакҳои башардӯстона ба таври амн ва босуръат ба мардуми Ғазза расонида шаванд. Онҳо таъкид карданд, ки ҷилавгирӣ аз вуруди кӯмак ҳамчун як шакли ҷангӣ алайҳи шаҳрвандоним мулкӣ метавонад ҳамчун ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ шавад.

Ҳамзамон беш аз 30 кишвари дигар, аз ҷумла Бритонияи Кабир, Ҷопон ва Фаронса ва ғайра низ бо нашри як изҳороти расмӣ аз мақомоти исроилӣ хостаанд, ки роҳи вуруди кумакҳои инсонӣ, аз ҷумла маводи хӯрока ва дорувориро бидуни қайду шарт ба Навори Ғазза боз кунад, аммо Тел-авив ба ин ҳама дархостҳо то ҳол посухи мусбат надодааст.

Кишварҳои Мисру Исроил муҳосираи Навори Ғаззаро соли 2007 оғоз карда, то имрӯз онро идома медиҳанд. Дар муддати ин 18 соли ахир ҳама намуди рафту омад ва содироту воридоти молу колоҳои мухталиф ба Навори Ғаззаро ин ду кишвар зери назорати шадиди худ қарор додаанд.

Исроил як рӯз баъд аз ҳамалоти нерӯҳои фаластинӣ ба мақарраҳои низомии артиши Исроил ва атрофи Ғазза, 8-уми октябри соли 2023 ҳамлаҳои навбатии худ алайҳи Навори Ғаззаро оғоз карда, ки то ҳол идома дорад. Дар натиҷа, тай ин ин муддат наздик ба 60 ҳазор нафар аз фаластиниён, ки теъдоди аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, кушта шуда, зиёда аз 150 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти фаластинӣ дар Навори Ғазза теъдоди касоне, ки зери оворҳо мондаанд ва ё нафароне, ки бар асари бомбборонҳои шадид беномунишон гаштаандро ба даҳҳо ҳазор нафар баробар арзёбӣ мекунанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар як қатор аз вазорату идораҳои давлатӣ тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии президент, имрӯз, 25-уми июл, Раҳмонов бо қароре муовини аввали вазири тандуристии кишвар Ғафур Мӯҳсинзода ва муовини дигараш Шодихон Ҷамшедро ба нафақа равон карда, Саломиддин Юсуфиро, ки то ин дам сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми ҳамин вазорат буд, муовини аввал ва Хайрулло Ҳабибуллозода, собиқ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғдро муовини вазир таъйин кардааст.

Инчунин дар пайи ин ҷойивазкуниҳо Зафар Сафарализода, ки қаблан муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президент буд, ба курсии муовини вазири адлия ва Сафаралӣ Назарзода, ки то ин дам сардори муассисаи “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”-и қисми таркибии ҳамин вазорат буд, ба курсии муовини вазири кишварзӣ такя задаанд. Машокир Назарзода, ҳамакнун муовини собиқи вазири кишоварзиро ба нафақа гусел кардаанд.

Тибқи қарору амрҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, дар ниҳоди тозатаъсис Агентии назорати давлатии энергетикӣ Меҳроб Муминзода ва Беҳруз Ҳасанзодаро курсиҳои муовини якум ва муовини директорро соҳиб шуданд. Инчунин Фирдавс Абдуллозода муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, Қосими Охун муовини сардори Саридораи бойгонӣ ва Зайниддинзода Фарух муовини якуми директор – сармуҳандиси МД “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таъйин гардидаанд.

Раҳмонов пас аз тағийроту ҷойивазкунии имрӯзааш бо ин мақомдорон суҳбат карда, аз онҳо хостааст, то “софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон” кор кунанд.

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳама сола тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисос ва донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст ва аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд ва ё кадрҳои нав мақомҳоро бо пули калоне мехаранд.

Хатлон: 343 нафар захмӣ ва ҳалок шуданд

0

Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо нашри як гузориш гуфтааст, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 343 нафар бар асари садамаҳои нохуши нақлиётӣ ҳалок ва захмӣ шудаанд.

Дар ин гузориш, ки дирӯз, 24-уми июли соли 2025 нашр шуд, Раёсати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки бархе аз онҳое, ки ҷони худро дар ин давраи ҳисоботӣ аз даст доданд, дучарха ва ё сечархасаворон мебошанд.

Ба қавли Раёсати корҳои дохилӣ, дар ин шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари садамаҳои нақлиётӣ 131 нафар ҷони худро аз даст додаву дасти кам 212 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар ин давра бо иштироки иштироки ронандагони мотороллер, мототсикл, скутер ва монанди онҳо 42 ҳодисаи садамавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 26 нафар ба ҳалокат расида, 37 нафар ҷароҳат бароштаанд. 

Коршиносон мегӯянд, агар дар Тоҷикистон аз як сӯ нодонӣ ва камтаҷрибагии ронандагон боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ шавад, аз сӯи дигар роҳҳои ноҳамвор, тангу торик ҳам дар хеле аз вақтҳо сабабгори саросемагии ронандаҳо гардида, боиси рух додани садамаҳои нақлиётӣ мешавад.

Гуфтанист, на ҳама садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби камхобӣ ва ё идора карда натавонистани ронандаҳои рух медиҳанд, балки ҳолатҳое низ вуҷуд дорад, ки кормадони худи БДА боиси сарзадани садамаҳои нақлиётӣ мешаванд. Барои мисол, постҳои муваққатӣ ва ғайриқонунии бархе кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳои байниноҳиявӣ, ки асосан ба хотири пулситонӣ аз ронандагон ташкил карда мешаванд, метавонанд боиси сарзадани садамаҳои нақлиётӣ шаванд.

Беҳуш шудани Қодиров дар Туркия

0

Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон, рӯзи 24-уми июл ҳангоми истироҳат дар як меҳмонхонаи панҷситорадори минтақаи Кайнар дар шаҳри Бодруми Туркия ногаҳон беҳуш шудааст.

Ба гуфтаи расонаҳои туркӣ, Қодиров баъди ворид шудан ба об ногаҳон худро бад ҳис карда, беҳуш шудааст. Ҳодисаи мазкур таваҷҷуҳи васеи ҷомеаи байналмилалиро ба худ ҷалб намудааст.

Кормандони меҳмонхона ва гурӯҳи наҷотбахш ба зудӣ вориди амал шуда, ӯро аз об берун оварда, ба беморхона интиқол доданд. Табибон вазъи саломатии ӯро пас аз расонидани кӯмаки аввалия мӯътадил арзёбӣ кардаанд. Қодиров ҳоло таҳти назорати табибон қарор дорад.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки дар гузашта низ гузоришҳо дар бораи мушкилоти саломатии Қодиров, аз ҷумла бемориҳои гурда, расонаӣ шуда буданд. Аммо то ҳол мақомоти расмии Чеченистон ё Кремл дар бораи ин ҳодисаи охирин расман изҳори назар накардаанд.

Фаронса ният дорад Давлати Фаластинро расман ба расмият бишиносад

0

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон эълон кард, ки кишвараш ният дорад дар моҳи сентябри соли 2025, дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ, Давлати Фаластинро ба расмият бишиносад.

Макрон таъкид намуд, ки эътироф бояд бо шароити мушаххас амалӣ гардад, аз ҷумла: оташбас дар Ғазза, озодсозии гаравгонҳо, расонидани кумакҳои башардӯстона ва эҷоди давлати қобили ҳаёти фаластинӣ, ки Исроилро эътироф мекунад.

Бархе расонаҳо дар бораи афзоиши фишорҳои вакилон ва дигар намояндаҳои Бритонияи Кабир болои ҳукумати ин кишвар хабар дода гуфтаанд, ки эҳтимол дорад Ландан дар ин иқдом Порисро ҳамроҳӣ кунад ва ё баъд аз муддати кӯтоҳе он ҳам Давлати Фаластинро ба расмият бишоносад.

Ин тасмим бо вокунишҳои гуногун рӯбарӯ шудааст: Исроил ва ИМА онро танқид карданд, дар ҳоле ки гурӯҳи Ҳамос ва як қатор кишварҳои арабӣ аз он истиқбол намуданд.

Гуфтанист, эҳтимол меравад иқдоми Париж фишорро болои дигар кишварҳои аврупоӣ барои пайравӣ аз он бештар кунад. Фаронса бо ин иқдоми худ нахустин кишвари узви гурӯҳи G7 хоҳад буд, ки Давлати Фаластинро ба расмият мешиносад.

Инчунин бархе мақомоти Фаронса иддаъо доранд, ки Порис бо шарти таъсиси кишвари бидуни силоҳ, ки дар оянда Исроилро таҳдид накунад, Давлати Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт. Иддаъое, ки хеле аз фаластиниҳо онро қабул надоранд.

Оташсӯзии шадид дар дарахтзорҳои Адрасмон

0

Дар дарахтзорҳои атрофи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистони вилояти Суғд оташсӯзии густурда идома дорад. Шоҳидон мегӯянд, ки чанд рӯз боз оташ фурӯкаш намекунад ва ба худи шаҳрак наздик шуда истодааст.

Сабрина Ғафурзода, як корбари фаъоли Фейсбук, дар саҳифаи худ чанд аксу видеое аз ҷараёни оташсӯзӣ нарш кардааст, ва дар сабт садои шахсе шунида мешавад, ки мегӯяд: «Шамол сахт, хомӯш кардани оташ душвор!»

Сабрина бо интиқод аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навиштааст: “Сӯхтор аллакай ба шаҳраки Адрасмон наздик шуда истодааст! Вакте як арчаро мешикананд, кормандонатон «протокол» тартиб медиханд, вале ҳоло хама сухта истодааст, кучоро нигох мекунед Шумо”

Бо вуҷуди паҳн шудани наворҳо ва шикояти шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, то лаҳзаи омодасозии ин гузориш дар саҳифаи расмии Фейсбук ва сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ягон иттилоъ ё вокуниши расмӣ дар бораи оташсӯзии дарахтзорҳои атрофи Адрасмон нашр нашудааст.

Ба гуфтаи бархе шоҳидон, яке аз фарзияҳо ин аст, ки эҳтимол ин оташсӯзӣ аз шиддати гармо ва хушксолии тобистон сар зада бошад, аммо ин фарзияро то ҳол касе аз мақомоти расмӣ тасдиқ накардааст. Инчунин то ҳол ягон ниҳоди расмӣ сабаби расмии ин оташсӯзӣ ё ҳаҷми зарари расида ба дарахтзорҳоро эълон накардааст.

Инчунин, мардум ва фаъолони маҳаллӣ аз мақомот хостаанд, ки ҳарчи зудтар барои пешгирӣ аз паҳншавии оташ чораҳои амалӣ андешанд. Зеро дар сурати идома ёфтани сӯхтор, хатари расидан ба худи шаҳрак ва хонаву манзилҳои мардум низ афзоиш меёбад.

Роҳи ҷадиди ирсоли кумакҳо ба Ғазза

0

Иддае аз шаҳрвандони кишварҳои арабии ҳамсояи Фаластин пас аз нoумед шудани ҳокимони кишварҳои худ дар ирсоли кумакҳои инсонӣ ба сокинони қаҳтзадаи Навори Ғазза иқдоми ҷадидеро рӯи даст гирифтаанд.

Ин иқдом, ки аз ҷониби хеле аз сокинон ва озодагони кишварҳои ҳавзаи баҳри миёназамин бо истиқболи гарм рӯбарӯ шудааст, иборат аз он аст, ки мардум бо истифода аз зарфҳои палостикӣ қасди кумак кардан ба мардуми Ғаззаро пешниҳод кардаанд.

Касоне, ки ин иқдомро рӯи даст гирифтаанд ва ё онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ мекунанд, дар даруни зарфҳои палостикӣ маводҳои хӯрока ва баъзе донагиҳои гуногунеро аз қабили гандуму биринҷ, наску нахуд ва ғайра пур карда, даҳони онҳоро муҳкам мебанданд ва сипас бо умеди он, ки мавҷи обҳо онҳоро ба обҳои Фаластин интиқол медиҳанд ва сокинони қаҳтзадаи Навори Ғазза аз соҳили баҳр онҳоро дарёфт хоҳанд кард, ба баҳр мепартоянд.

Иқдоми мазкур тоза шурӯъ шуда, дар бархе сафҳаҳои пурхонандаи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд таблиғ мешавад, аммо то кунун иттилоъ дар бораи он, ки чунин кумакҳоеро сокинони Навори Ғазза аз соҳилҳои баҳри миёназамин дарёфт кардаанд ё на, то ҳол чунин хабаре тасдиқ нашудааст.

Гуфтанист, созмонҳои кумакрасон дар Навори Ғаззаи Фаластин мегӯянд, ки аз ҳар 5 нафар тифли дар ин мантақа яке аз онҳо ба бемориҳои масбуб ба норасоии ғизои солим гирифтор мебошанд ва барои камтар кардани сатҳи қаҳтӣ ҳафтае бояд дасти кам 500 ҳазор халтаи орд ворид карда шавад. Аммо он чӣ аз кумакҳои инсонӣ ин шабу рӯзҳои Ғазза фиристода мешавад, баробар 1 дарсад аз талаботи мардум дар рӯз мебошад.

Дар ҳамин ҳол бархе созмонҳои кумакрасон хостори таъсиси фаврии як каридори гуманитарӣ шудаанд, то кӯмакҳои башардӯстона ба таври амн ва босуръат ба мардуми Ғазза расонида шаванд. Онҳо таъкид карданд, ки ҷилавгирӣ аз вуруди кӯмакҳо ҳамчун як шакли ҷангӣ алайҳи шаҳрвандон мулкӣ метавонад ҳамчун ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ шавад.

Ҳамзамон беш аз 30 кишвари дигар, аз ҷумла Бритонияи Кабир, Ҷопон ва Фаронса ва ғайра низ бо нашри як изҳороти расмӣ аз мақомоти исроилӣ хоста буданд, ки роҳи вуруди кумакҳои инсонӣ, аз ҷумла маводи хӯрока ва дорувориро бидуни қайду шарт ба Навори Ғазза боз кунад, аммо Тел-авив ба ин ҳама дархостҳо то ҳол посухи мусбат надодааст.