24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 596

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ҳамшаҳрии худро бо корд ба ҳалокат расондааст

0

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Раҳимзода К. ки дар Русия барои кор рафта будааст, бо сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Саидов Толибҷони 22-сола муноқиша намуда дар натиҷа дуюмиро бо корд зада ба ҳалокат расондааст. Додгоҳи шаҳри Нижневартовск Раҳмизода К-ро барои 7 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.

Дар шарҳи қазия гуфта мешавад, ки баъд аз фаҳмидани аломатҳои марги маҷбурӣ дар ҷасади Саидов Т. Прократураи генералии Тоҷикистон барои таҳқиқи ин ҷиноят ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархост ирсол кард.

Дар натиҷаи баъд аз тафтиш Прокуратураи генералии Русия ҷинояткорро пайдо намуда аз рӯи ин ҳодиса бо қисми 1 моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (куштор), нисбати гумонбар Раҳимзода К. парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

“Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки Раҳимзода К. дар натиҷаи муноқишаи ба вуҷудомада, дидаю дониста бо корд ба шиками Саидов Т.О. як зарба задааст, ки охирон зарари ҷиддӣ ба саломатӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса вафот кардааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Нижневартовск ХМАО-Югра аз 05 феврали соли 2021 Раҳимзода К. дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 7 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шудааст. Бо ҳамин ҳукм даъвои гражданӣ ҷабрдида Саидова Г. оиди рӯёнидани зарари маъанавӣ ба маблаги 800 000 рубл қонеъ карда шудааст.”

Боздошти сардори Кооперативии тиҷоратии “Акбархуҷа” бо иттиҳоми қаллобӣ

0

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Ҳафизова Фотима Маҳмадиевна сардори Кооперативии тиҷоратии «Акбархуҷа»-и ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Агентии зидди фасод менависад, ки Ҳафизова моҳи июни соли 2020 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Қарақулова К.Б. барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Акобир”-и ноҳияи А.Ҷомӣ ҷудо карда додани 0,10 га. қитъаи замин, маблағи 4500 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудааст.

Агентӣ ба ҳамин асос нисбати Ҳафизова Ф.М. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «в,г» ва 338 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристода шудааст.

Боздошти кормандони вазорату идораҳои давлатӣ бо иттиҳоми қаллобӣ бори аввал нест. Тақрибан ҳар моҳу ҳар ҳафта хабарҳо нашр мешавад, ки мақомдоре бо ҷурми ғайриқонунӣ фурӯхтани замин боздошт шудааст. Вале бо вуҷуди боздоштҳои зиёд боз ҳам дида мешавад, ки кормандони ниҳоду идораи давалатӣ даст ба заминфурӯшии ғайриқонунӣ мезананд.

Боздошти сархатиб барои гуфтани “пешвои нодон”

0

Сомонаи “Бомдод” аз боздошти Домулло Абдулҳақ, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод. Гуфта мешавад, сархатиб шоми 19 апрел аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт боздошт шудааст.

Шарҳи расмӣ то ҳол дар ин бора вуҷуд надорад, аммо “Бомдод” аз қавли манбеаш дар мақомоти амниятӣ сабаби боздошти домуллоро ба мавъизаи маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ рабт додаанд. Домулло Абдулақ дар он маъиза Домулло Ҳикмаутуллоро аз пешвоҳои “бузурги мо” гуфтааст.  

“Имрӯз мову шумо мебинем, ки яке аз пешвоҳои бузурги мо, яке аз олимҳое, ки васфи ӯро бузургон худашон медонанд, ҳам олими раббонӣ, ҳам муршид, ҳам ҳофизи Каломуллоҳ, дорои тамоми сифатҳои хуб, имрӯз аз миёни мо рафт. Вақте ки чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтаанд, ки мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Аммо яке аз афроди наздик ба Домулло Абдулҳақ гуфта аст, мавъизаи ӯ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ягон паёми сиёсӣ надошт ва манзураш аз  “пешвоҳои ҷоҳилу нодон” танҳо он ходимони дине буда, ки аз Домулло Ҳикматуллоҳ дар илму дониш камтаранд, вале бо вуҷуди камилмӣ боз фатво содир мекунанд.

Ба гуфати баъзе манобеъ ба “Аздо ТВ”, инчуин маъмурони амниятӣ чанд хатиби дигарро низ пас аз маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ боздошт кардаанд, аммо ҳоло аз ҷои дигар ин хабар тасдиқи худро наёфта аст. Дар ҳоли дастрасии маълумоти дақиқ мо онро нашр хоҳем кард.

Дар шохиси озодии баён Тоҷикистон боз як зина поин рафт

0

Дар шохиси озодии баён Тоҷикистон боз як зина поин рафта бо гирифтани мақоми 162 -ум ба Туркманистон наздик шуд. Ҳоло Тоҷикистону Туркманистон аз баддатарин кишварҳои роиякунандаи озодии баён миёни 181 кишвари дунё буда, аввалӣ дар зинаи 162 ва дуввумӣ дар зинаи 178 қарор дорад.

Чунин баҳогузориро ҳамасола “Гузоришгарони бидуни марз” дар гузорише пеш аз рӯзи ҷаҳонии “Озодии баён”, нашр мекунанд. Ба фарқ аз Туркманистон ба ин сатҳ поин омадани озодии баён дар Тоҷикистон тӯли чанд соли ахир ба вуқуъ омадааст.

Сурат: Reporters Without Borders 

Тоҷикистон соли 2009 дар ин шохис дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама баландтар 113-ум ҷой дошт, ки ҳатто аз Қирғизистон пешсаф буд. Чун қирғизистон он замон дар мақоми 125- ум қарор дошт. Аз он замон то ҳол Қирғизистон дар ин самт пашравӣ карда мақоми 79-ум дар шохиси озоди баёнро соҳиб шуда аст, ки миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз ҳама пешсаф аст.

Таҳиягарони гузориш мегӯянд, ки мақомоти, Тоҷикистон “мубориза бо хабарҳои дурӯғин дар бораи COVID-19-ро ҳамчун баҳонаи маҳдудкунии минбаъдаи матбуот истифода карданд”.

Гузоришгарони ин созомон Тоҷикистонро ба унвони як кишвари худкома ном бурда мегӯянд, мақомоти ин кишвар имкон доранд ҳама гуна хабар дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи бемориҳои сироятӣ ҳамчун хабари “бардурӯғ” ва “носаҳеҳ” ҳисоб кунанду муаллифони онҳо бидуни ду маоши ҳадди аққал бимонанд ё барои 15 рӯз маҳбус шаванд.

Тибқи гузориши ин созмон, дар шохиси озоди баён кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ Русия мақоми 150 ва Белорус (мақоми 158), саркӯбкунандатарин ва хатарноктарин кишвари озодии баёнд дар Аврупо унвон шудааст.

Қирғизистон мақоми (79) Қазоқистон 155, Узбакистон 157 ва Тоҷикстон 162 Туркманистон аз ҳама бадтарин дар Осиёи Миёна ва яке аз бадтаринҳо дар сатҳи ҷаҳон мақоми 178-ро гирифтааст. Норвеж, Финлонд ва Шведсия ин се кишвар мақоми аввалро касб карда аз ҳамма кишварҳои дунё роҳат ва муносиб барои фаъолияти рӯзноманигорӣ уновн шудаанд.

Дар Тоҷикистон пас аз баста шудани ҳизби умадаи мухилфи ҲНИТ ва дертар қабули қонуни пешво вазъи озодии баён ба маротиб баддтар шуд. Чанд тан аз рӯзноманигорон, ки аз аъзои ин ҳизб буданд ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

Ахиран масъулони созмони Гузоришгарони бидуни марз аз вазъи саломатии журналисти зиндонӣ Ҳикматулло Сайфуллозода изҳори нигаронӣ кардаанд.

Боғи ҳайвоноти Душанбе хусусӣ мешавад

0

Мақомоти шаҳри Душанбе эълом дошта, ки соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд “Боғи ҳайвонот”-ро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд кунанд. Албатта, он бо пешниҳоди лоиҳаи дахлдор ва ё дар асоси лоиҳаи таҳиягардида бояд сурат бигирад.

Ба иттилои хабаргузории ҳукуматии “Ховар” ин иқдом аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе дастгирӣ меёбад.

Гуфта мешавад, барои бунёди “Боғи ҳайвонот” дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 декабри соли 2020 дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 13 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи боғи мазкурро аз рӯи технологияи муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст.

Дар хабар қайд шуда, ки мавзеи ҷудогардида барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот, парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани шароити озоди гашту гузори ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад,  ба назар гирифта шудааст.

Мақомти марбута шумораҳои телефони худро низ нашр карда (221-94-38, 221-27-19) аз хоҳишмандон хоста, ки барои огоҳӣ ёфтан аз маълумоти муфассал метавонанд бо ин шумораҳо тамос бигиранд.

“Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе аз замони Шуравӣ боқӣ монда он соли 1960 бунёд гардида, то ҳол чандон таъмиру бозсозии хуберо надидааст. Ба гуфтаи сокинон шароити нигаҳдории ҳайвонот дар боғи мазкур номусоид буда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. То солигузашта дар ин боғ тақрибан ҳазор сар ҳайвонот нигоҳдорӣ мешуд.

Русия дар Душанбе маркази муҳоҷират месозад. Ин марказ кори киро осон мекунад?

0

Дар Душанбе маркази муҳоҷират таъсис меёбад. Ба гуфтаи мақомоти Русия ин марказ кори тартиб ва сабти асноди муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия рафтан мехоҳанд осон мекунад.

Ба гуфтаи онҳо, муҳоҷирон пеш аз сафар метавонанд барои гирифтани патент ва сабти ҷои будубошашон аксари аснодро аз инҷо омода ва тақдим кунанд.

Дар бораи таъсиси ин марказ сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Русия, Валинтина Казакова, ки айни ҳол дар Тоҷикистон қарор дорад, рӯзи 21 апрел зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Казакова тдар нишасти матбуотӣ қайд намуда, ки кушода шудани чунин марказ метавонад аксари мушкилиҳои муҳоҷиронро ҳал кунад, аз ҷумла барасмиятдарории ҳузури муҳоҷиронро дар Русия соддатар хоҳад кард.

Казакова таъкид дошт, ки маркази муҳоҷират танҳо бо салоҳияти худи Тоҷикистон таъсис меёбад.

Ба навиштаи “Sputnik” Тоҷикистон, хонум Казакова афзуда, ки ташхиси тиббии муҳоҷирон ва маълумот дар бораи имкони вуруди онҳо ба қаламрави ин кишварро шарвандони Тоҷикистон метавонанд дар ватани худ гиранд ва ё дақиқ кунанд.

Ба гуфтаи Казакова, ин масъалаҳо ҳоло аз ҷониби мақомдорони ду кишвар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва дар ояндаи наздик натиҷаи он маълум хоҳад шуд.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз бад шудани вазъи дамои ҳаво мегӯяд

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар дар бораи бад шудани обу ҳаво хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, 21-22 апрели соли 2021 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар шакли борон пешбинӣ шудааст (шабона дар баландии зиёда аз 2500 метр шояд барф борад), дар баъзе ноҳияҳо дар ҷойҳо раъду барқ ​​ва жола пешгӯӣ карда мешавад.

Болоравии сатҳи об дар дарёҳои Қизилсу, Яхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб пешбинӣ шудааст. Аз сабаби боришот ва баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо то 22 апрел эҳтимоли фаромадани сел дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ҷумла вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин , Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки дар манотиқи доманакӯҳ ва кӯҳистон зиндагӣ мекунанд муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.

Бо мақсади пешгирии рух додани тасодуфҳои марбут ба офатҳои табиӣ ва оқибатҳои онҳо, Кумита тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайругашт дар кӯҳҳо, чаронидани чорво ва ҷамъоварии ҳосил дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Инчунин Кумита тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо кудаконро  беназорат нагузоред ва ба шаҳрвандон мегӯяд,ки ба назди обанборҳо нараванд, моҳидорӣ накунанд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ масофа ва суръатро риоя кунед.

Бо мақсади пешгирии аз зери об мондани хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда инчунин ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки тамоми ҷӯйборҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии обро дар назди хонаҳояшон тоза кунанд.

Вақти ба вуҷуд омадани ҳолати фавқуллода, ҳар як шаҳрванд метавонад ба рақамҳои 112, 93 880 28 19 ё 223-13-11 занг зада муроҷиат намояд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

БОР дар Тоҷикистон 2,1 млрд доллар маблағгузорӣ кардааст

0

Татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар соли 2020 дар Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилоти пандемияи COVID-19, дар маҷмӯъ қаноатбахш буд. Дар ин бора дар як ҷаласаи муштараки намояндагони БОР ва ҳукумати Тоҷикистон гуфта шуд.

Тибқи иттилои дафтари БОР дар Тоҷикистон, дар ин нишаст баррасии солонаи татбиқи лоиҳаҳо дар соли 2020 ҷамъбаст карда шуданд.

“Соли 2020 соли бесобиқа дар саросари ҷаҳон ва душвор барои лоиҳаҳо буд. Аммо бо дастгирӣ ва саъйи қавии ҳамкасбони худ мо тавонистем, ки баъзе мушкилиҳоро паси сар намоем ва натиҷаҳои хуб ба даст орем.”,-гуфт Шанни Кэмпбелл, намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон.

Бо вуҷуди ин, ду лоиҳа бо сабаби ба итмом нарасидани қарордодҳо ва пардохтҳо бо сабаби пандемияи COVID-19 ҳамчун “дар хатар” қарор дода шуданд. Инчинун иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои умумиеро, ки ба татбиқи лоиҳаҳо таъсир мерасонанд, муҳокима намуда, дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои ҳалли онҳо ба мувофиқа расиданд.

Дар соли 2020 ба сандуқи БОР дар Тоҷикистон 18 лоиҳа бо маблағи умумии 960 миллион доллари амрикоӣ шомил буд. Аз он 91% дар асоси грант маблағгузорӣ шудааст.

Нақлиёт ва энергетика бузургтарин гирандагони кумаки БОР дар соли 2020 ба шумор рафта, аз маблағи умумӣ 35,9% ва 34,4%-и онро дарёфт кардаанд. БОР инчунин лоиҳаҳои кишоварзӣ, захираҳои табиӣ, рушди деҳот, таъминоти об, инфрасохтори шаҳрӣ ва хидматрасонӣ, тандурустӣ, маориф ва бахши молияро маблағгузорӣ кардааст.

Инчунин дар ин муддат 9 лоиҳаи грантии кӯмаки техникӣ ба маблағи умумии 6,9 миллион доллари амрикоӣ амалӣ карда шудааст.

Тоҷикистон аз соли 1998 бо БОР ҳамкорӣ дорад. Дар ин 23 сол БОР бузургтарин шарики бисёрҷонибаи рушд барои Тоҷикистон гардид. Дар ин муддат БОР ба Тоҷикистон беш аз 2,1 миллиард доллари ИМА, аз ҷумла беш аз 1,6 млрд $ ИМА дар шакли грантҳо ҷудо намудааст.

Боздиди ҳайати Афғонистон аз Душанбе

0

Ҳайати Афғонистон барои омӯхтани таҷрибаҳои Тоҷикистон дар самти ноил шудан ба сулҳу ризоият, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ободонии пойтахт ба Душанбе хоҳад омад.

Бар асоси иттилои “Азия Плюс” ҳайати афғон бо дастури шахсии раиси ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Душанбе сафар мекунад. Ин матлабро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Акбар дар мулоқот бо вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт.

Ба гуфтаи дипломати афғон, раиси ҷумҳур чунин як амрро пас аз як сафари расмӣ дар охири моҳи март ба Душанбе дода аст ва дар онҷо дар кори конфронси навбатии вазирон “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” низ ширкат варзида аст.

Тавре аз вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, Имомзода ва дипломати афғон масъалаҳои густариши ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои маориф, илм, омодасозии кадрҳо баррасӣ намуданд.

Молодова натиҷаи таҳқиқаш дар бораи шиносномаи ҷосуси русиро эълон кард. Тоҷикистон чӣ?

0

Алксандр Петров шаҳрванди Русия шиносномаи бо номи шарҳрванди Молдова Николай Попа гирифтааш қалбакӣ буда, дар воқеъ чунин шиносномае бо номи ин шахс вуҷуд надоштааст. Дар ин бора рӯзи 20 апрел “Интерфакс” аз қавли масъулони Ожонсии хидматрасонии давлатии Молдова, ки хазинаи ҳама намуди ҳуҷҷатҳои Молдоваро нигоҳдорӣ мекунад, иттилоъ дод.

Ожонсӣ ба “Интерфакс” гуфта, ки шаҳрванд бо ному насаби Николай Попа, соли таваллудаш 18 июли соли 1979, дар Феҳристи давлатӣ сабти ном нашудааст ва шиноснома бо рақами A3194368 ба номи шахси дигаре дода шудааст, ки дар ҷои дигар ва таърихи таваллуди дигар аст.

Агентии хидматрасонии давлатии Молдова пас аз он, ки полиси Чехия рӯзи 17 апрел рӯйхати ҷустуҷӯии кормандони эҳтимолии Сарраёсати генералии Вазорати мудофиаи Русия Александр Петров ва Руслан Бошировро эълон кард, таҳқиқи худро дар мавриди ҳақиқат доштани Николай Попа ҳамчун шаҳрванди Молдова оғоз кард.

Мақомоти Ҷумҳурии Чехия онҳоро дар даст доштан дар ду таркиш дар анбори лавозимоти ҷангӣ дар моҳҳои октябр ва декабри соли 2014 гумонбар медонанд. Ҳамчунин ин афрод аз ҷониби мақомоти Бритониё дар заҳролудшавии Сергей ва Юлия Скрипалҳо дар Солсбери дар соли 2018 гумонбар дониста мешаванд.

Тибқи иттилои мақомоти Чехия, гумонбарон аз шиносномаҳои Русия ба номи Александр Петров ва Руслан Боширов, инчунин шиносномаи Молдова ба номи Николае Попа ва шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров истифода кардаанд.

Гуфта мешавад, барои ба анбори силоҳ дар Чехия ворид шудан Табаров номаеро низ аз Вазорати дифои Тоҷикистон нишон додааст, ки ба онҳо иҷозати боздид аз анбори силоҳро дархост кардааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон рӯзи якшанбе гуфта буд, ки то рӯзи душанбе ҳақиқати шиносномаи Табаровро муайян намуда, эълон мекунад. Аммо то ҳол мақомот дар ин бора хомӯшанд.

Ёдовар мешавем, ки 17 апрел мақомоти Чехия дар бораи ихроҷи 18 дипломати рус қарор баровард. Ба иддаои Прага, кормандони хадамоти ҷосусии Русия дар зери пӯшиши дипломатӣ кор мекунанд. Мақомоти Чехия ин иқдомро пеш гирифтанд, зеро тибқи версияи онҳо, хадамоти махсуси Русия дар таркиши анбори лавозимоти ҷангӣ дар Ҷумҳурии Чехия дар соли 2014 даст доранд. Дар ин таркиш ду нафар ҷон дода буд.

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар посух 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро “унсурҳои номатлуб” хонд ва барои онҳо як рӯз муҳлат дод то Маскавро тарк кунанд. 20 апрел Кремл гуфт, ки ҷониби Русия қасди тафтиши далели сафари шаҳрвандони Русия Александр Петров ва Руслан Боширов ба Чехияро дар соли 2014 надорад, зеро он айбҳои мақомоти Чехияро бемаънӣ мешуморад.