10.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 6

Раиси КДАМ-и Қирғизистон аз мансабаш барканор шуд

0

Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон, ки дар баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳузур дошт, аз мансабаш барканор шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов 10-уми феврал бо судури фармони махсус Қамчибек Тошиевро аз вазифаҳои муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) озод кард.

Дар шарҳи ин хабар расонаҳои қирғизӣ аз қавли Ҷабборов навиштанд, ки ӯ гуфтааст: “Ин тасмимро, пеш аз ҳама, ба манфиати кишварамон қабул кардам, то дар байни ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тафриқа нашавад ва баръакс ягонагӣ тақвият ёбад.”

Аммо баъдтар сухангӯи расисҷумҳур Аскат Алагозов ба расонаҳо шарҳ дод, ки суханони президент Собир Ҷаббаров дар бораи “пешгирӣ аз тафриқа дар ҷомеа” ба Камчибек Тошиев рабте надоранд. Ба гуфтаи ӯ, “сухан дар бораи амалҳои афроди алоҳидае буд, ки бо пинҳон кардани номи Камчибек Тошиев ба вакилони парлумон (Жогорку Кенеш) ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ занг мезаданд ва онҳоро ба қабули қарорҳои гуногун водор месохтанд. Ин метавонист ба шиддат дар дохили парлумон ва сохторҳои давлатӣ мушкилсоз шавад.”

Тошиев, ки аз моҳи октябри соли 2020 ин вазифаҳоро ишғол мекард, ҳамчун шахсияти калидӣ дар ҳукумати Ҷабборов шинохта мешуд. Барканории ӯ, ки ҳамчун дӯст ва ҳампаймони деринаи Ҷабборов дониста мешавад, тахмину гумонзаниҳои зиёдеро дар байни ҷомеа ба вуҷуд оварда, аз вуҷуди халалу нофаҳмиҳо миёни элитаи сиёсии Қирғизистон дарак медиҳад. Гуфта мешавад, ин тасмим метавонад нишонаи тағйироти калонтар дар элитаи ҳокими Қирғизистон бошад.

Ба иттилои расонаҳо, ҳангоми судури фармон Тошиев барои табобат дар Олмон қарор доштааст ва гӯё ин хабар барои ӯ ногаҳонӣ будааст. Баъзе расонаҳо гузориш медиҳанд, ки ӯ ду рӯз пеш аз Қирғизистон баромада буд ва эҳтимолан аз ин тасмим огоҳ набудааст. Ҳамзамон бо барканории Тошиев, президенти Қирғизистон чанд муовини ӯ, аз ҷумла Курбанбек Авазов, Даниэл Рисалиев ва Элизар Смановро низ аз вазифаҳояшон озод кардааст.

Мувофиқи хабарҳои нашршуда, ҳоло ба ҷои Тошиев, Ҷумгалбек Шабданбеков, ки пештар муовини раиси КДАМ ва сардори Хадамоти 9-уми ин кумита буд, ба ҳайси иҷрокунандаи вазифа раиси КДАМ таъйин гардидааст.

Ба назари таҳлилгарон, ин тағйирот дар ҳоле сурат мегиранд, ки чанде пеш худи Тошиев аз номзад шуданаш дар интихоботи президентии оянда хабар дода буд. Ва ҳамчунин дар Қирғизистон танишҳои сиёсӣ байни элитаи ҳоким афзудааст ва овозаҳо дар бораи барканории дигар мақомҳои баландпоя, аз ҷумла раиси парламент низ паҳн мешаванд.

Коршиносони сиёсӣ ин ҳодисаро ҳамчун нишонаи таҳкими қудрат дар дасти як шахс ва он ҳам бошад, Собир Ҷабборов арзёбӣ мекунанд. Тошиев, ки дар инқилоби соли 2020 дар паҳлуи Ҷабборов фаъол буд, акнун метавонад ба ҳайси мухолиф пайдо шавад, ҳарчанд ҳанӯз изҳороти расмии ӯ дастрас нашудааст.

Оғози моҳи шарифи Рамазон маълум шуд

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 10-уми феврал пас аз нишасти худ расман оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон кард.

Афшин Муқим, сухнагӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар ба хабаргузории “Азия-Плюс” инттилоъ дода, ки Шӯрои уламо оғози моҳи шарифи Рамазонро вобаста ба ҳисобҳои илмӣ 19-уми феврали соли ҷорӣ муайян кард.

Гуфта мешавад, Шӯрои уламо дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин қарорро қабул кардааст.

Ин дар ҳолест, ки аксар кишварҳои исломӣ оғози моҳи шарифи Рамазонро аз пеш эълон намекунанд. Ба гуфтаи онҳо, мувофиқи ҳадисҳои Паёмбар (с) бояд бо дидани моҳ рӯза гирифт ва бо дидани он ид кард.

Шӯрои уламо ҳамзамон дар ҷаласаи имрӯзааш фитри рӯзаро низ муайян кард, ки бар асоси он бояд ҳар як кас 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт кунад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта фитри рӯза 8 сомонӣ муайян шуда буд.

Ҳамчунин нисоби закот 64 ҳазор сомонӣ таъйин гардид. Яъне агар шахси мусалмон 64 ҳазор сомонӣ ва ё зиёдтар дошта бошад, бояд 2,5%, ки 1 ҳазору 600 сомонӣ аст, закот диҳад. Соли гузашта ин ин ниҳод нисоби закотро 36 ҳазору 900 сомонӣ муайян карда буд, ки маблағи пардохти закот 880 сомонӣ мешуд.

Ҳамчунин Шӯрои уламо фидяи рӯза (моли пардохт барои мусалмоне, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегирад)-ро имсол барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар кард. Дар соли гузашта ин рақам 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз)-ро ташкил медод.

Боздошт ва раҳоии писари рӯзноманигор Зафар Сӯфӣ дар Арманистон

0

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафари Сӯфӣ, ки дар Арманистон дастгир шуда буд, озод шудааст.

Зафари Сӯфӣ, мудири гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” рӯзи 9-уми феврал дар саҳфаи фейсбукиаш навишт, ки писари бузургаш 18-уми январи соли ҷорӣ ба дидани ҳамсар ва гузарондани моҳи асал ба Ереван рафт, аммо ғайриинтизор дар фурудгоҳ боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Бобосӯфӣ Рауфиро бо иттиҳоми “узвият дар созмонҳои мамнуъ”, яъне моддаи 307 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ, ки аксар мунтақидони режимро ба ин банд муттаҳам мекунанд, дар ҷустуҷӯ қарор дода будааст.

Худи Зафари Сӯфӣ мегӯяд, ки писараш ҳеч ҷурмеро муртакиб нашудааст ва “танҳо далели роҳ андохтани ин фитна фарзанди ман будан ва безорияш аз худкомагӣ буду ҳаст”.

“Дар хонаводаи мо як усуле побарҷост, ки огоҳона ба ҳеч гурӯҳе узв намешавем. Ҳадди ақал то имрӯз ин усул риоят шудаву мешавад. Аммо ҳамеша дар тарафи адолат ва ҳамроҳи афроде будему ҳастем, ки новобаста аз узв ё тарафдори кадом ҳизбу гурӯҳ буданашон, аз мардумсолорӣ, ростиву дурустӣ ва каромату шарофат ва ҳуқуқи инсон пуштибонӣ мекунанд,” – навиштааст Зафари Сӯфӣ дар саҳфаи фейсбукиаш.

Ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик мегӯяд, писараш Бобосӯфӣ бо фишор ва талоши созмони Helsinki Citizens’ Assembly Vanadzor дар Ереван ва кормандони сафорати Фаронса дар Арманистон рӯзи 7-уми феврал раҳо шуд ва ба иттилои ӯ, Бобосӯфӣ Рауфӣ ҳафтуми феврал раҳо шуд ва ба Аврупо баргашт.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 низ алайҳи Бобосӯфӣ Рауфии 32-сола бар асоси моддаи 207 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ” парванда боз карда, таҳти пайгард қарор дода буданд.

Бояд гуфт, дар як соли охир ин бори дувум аст, ки зодагони Тоҷикистон бо дархости Душанбе дар марзи Арманистон боздошт мешаванд. Моҳи августи соли 2025 Исмоил Холов, узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар сарҳади ин кишвар дастгир ва дертар озод шуд.

Роҳбари синф аз сафари ҳаҷаш нақл кард, аз масъулият ронда шуд

0

Бо фармони махсуси раиси ноҳияи Шаҳринав Абдулқодир Вализода омӯзгороне, ки ҳаҷ карда буданд, аз масъулияти роҳбари синфӣ ронда шуданд. Идомаи фаъолияташон дар муассисаҳои таълимӣ дар соли оянда номаълму аст.

Ин хабарро худи Вализода дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар пайи таҳқиқи гурӯҳи кории мо маълум шуд, ки 70 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ноҳия ҳаҷ карда, омаданд. Вале баъд аз бозгашт, сафари ҳаҷашонро барои кӯдакон нақл карданд. Раиси ноҳияи амали онҳоро “тарғиби ифротгароӣ дар байни хонандагон” номида, мегӯяд, сабаби аз кор ронданашон маҳз ба ҳамин хотир аст.

Таҳлилҳо нишон дод, ки аксарияи омӯзгороне, ки аз ҳаҷ гашта омадагиянд, дар дасрҳо вобаста ба сафари ҳаҷашон нақл мекунанд, ки ин таъсири бевосита ба кӯдакон расонда истодааст. Мо тасмим гирифтем, ки онҳоро аз масъулияти роҳбари синфӣ озод созем.“, мегӯяд раиси ноҳияи Шаҳринав.

Ӯ мегӯяд, онҳо фаъолият мекунанд, лекин ҳамчун роҳбари синф ҳуқуқ надоранд, ки дар бораи ҳаҷ маълумот диҳанд ба шогирдон? “Ҳаҷ кардаст барои худаш кардаст, барои ташвиқот кардааст?“, мегӯяд Вализода.

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Мо онҳоро таъкид кардем, ки шумо барои худатон ҳаҷ кардед, омада инҷа ташвиқот набаред, аз ҳоло кӯдакро ба ифротӣ ва хурофотпарастӣ ташвиқ накунед. Ба ҳамин хотир мо гуфтем, бигузор ҳамчун омӯзгор бимонанд, лекин ҳамчун роҳбари синф, ҳамчун директори муассисаи таълимӣ фаъолияташро қатъ кунед.”

Корбарони зиёде дар шабкаҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон дода, раиси ноҳияро ба динситезӣ ва нафрат доштан нисбати диндорон ва арзишҳои динӣ муттаҳам карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз кормандони КДАМ ҳамроҳ бо дигар мақомоти ҳукумати ноҳияи Файзобод ба мактабҳои миёна рафта, кӯдаконро пурсуҷӯ кардаанд, то бифаҳманд, ки кадоми онҳо дар хонаҳошон дарси динӣ мехонанд ва ё хатти арабӣ хонда метавонанд. Дар пайи ин пурсуҷӯи мақомот чандин падару модарон аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Тақдири садҳо зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ номуайян аст

0

Бинобар иттилои расмӣ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тақрибан 250–300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи мақомот, пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия раванди бозгардонидани онҳо қатъ шудааст.

Суҳайлӣ Қодирӣ, намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон то имрӯз дар чор марҳила 382 зану кӯдакро ба Ватан баргардонидааст. Илова бар ин, 90 нафар худашон ба кишвар бозгаштаанд.

Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ тақрибан 800 зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ қарор доштанд. Қисме аз онҳо баргардонида шуда, қисми дигар аз бозгашт худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи Қодирӣ, заноҳи боқимонда аз боздошту зиндонӣ шудан нигаронанд, дар ҳоле ки мақомот таъкид мекунанд, ҳамаи баргардонидашудагон бахшида шудаанд.

Мақомот мегӯянд, ҳамаи кӯдакони баргардонидашуда ба оилаҳояшон супорида шудаанд, аммо тақдири боқимондаҳо то ҳол рӯшан нест.

Бояд зикр кард, ки аз соли 2013 ҳудуди 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи мамнуи “Давлати исломӣ – ДИИШ) пайвастаанд. Ба гуфтаи мақомот, то соли 2017 аксари мардони тоҷик дар ҷангҳо кушта ё бедарак шудаанд.

Иштироки тоҷикони Литва дар ҷашни “Рӯзи нон”

0
Screenshot

Ҷамъияти тоҷикони Литва бори дуввум аст, ки дар ҷашни анъанавии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, “Рӯзи нон” фаъолона иштирок намуда, нони суннатии тоҷикӣ ва таомҳои миллиро ба меҳмонон муаррифӣ мекунанд.

Дар бораи баргузории ин чорабинӣ Илҳомҷон Ёқубзода дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯзи 6-уми феврал хабар додааст.

Ӯ менависад ин ҷашни фарҳангӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла арманӣ, белорусӣ, эстонӣ, юнонӣ, караимӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, латвиягӣ, лаҳистонӣ, молдовӣ, руминӣ, ромӣ, тоторӣ, туркӣ, украинӣ, олмонӣ, яҳудӣ ва дигар ақаллиятҳои миллӣ баргузор гардид.

Иштирокдорон на танҳо нону таомҳои миллиии худро пешкаш намуданд, балки меҳмононро ба таърих, анъанаҳо ва фарҳанги миллии худ низ ошно сохтанд.

Ҷамъияти тоҷикиони Литва ин чорабиниро фурсати хуб ва намунаи равшани муколамаи байнифарҳангӣ ва гуногунрангии фарҳангии Литвар номида, ду сол боз дар он иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ҷашни “Рӯзи нон” ҳамасола бо ташаббуси “Хонаи ақаллиятҳои миллӣ” баргузор шуда, ин анъана аз соли 2005 идома дорад.

Боз як мақомдор бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуд

0

Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини шаҳри Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст. Дар ин бора Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Исфара зимни нишасти хабарие иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ Муҳаммад Бобозода аз вазифааш 6-уми январи соли ҷорӣ сабукдӯш шудааст ва ҳоло тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол ба “Asia-Plus” як манбаи дигар низ бе овардани номаш гуфтаааст, ки Бобозода айни ҳол дар боздоштгоҳ аст.

То ҳол мақомот расман дар бораи ҳаҷми пора, аз кӣ гирифтани он ва аз сӯйи кадом ниҳод боздошт шудани сардори пешни идораи замини шаҳри Исфара чизе нагуфтаанд.

Назари худи Муҳаммад Бобозозода ва пайвандону вакили дифоаш дастраси расонаҳо нашудааст.

Бояд гуфт, боздошт ва муҷозоти масъулини идораҳои замин дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз мушкили доғ боқӣ монда, ҳатто раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳияш борҳо дар ин бора гуфта буд.

Ҳар сол даҳҳо мақомдор бо иттиҳоми ғайриқонунии хариду фурӯши замин боздошт мешавад, вале боз ҳам ин раванд идома дорад. Ба гуфтаи коршинсон, заминфурӯшону аснод тартиб медодагиҳо худи мақомот ҳастанд, ки бо гирифтани пора ва ё хешутаборбозӣ заминҳои зиёдеро дар ихтиёри дигарон мегузоранд, вале сокинони ниёзманд дарбадари мақомот барои як тикаи замин мегарданду солҳо навбат мепоянд боз ҳам чизе ҳосилашон намешавад.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришвар дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин тарзи муомиларо худи ҳамон мансабдор вақти гирифтани мансабаш дидааст, яъне мансабро бо додани пул харидааст ва ӯ низ ин корро идома хоҳад дод. Пас ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз имкон дур аст.

Ҷаримаи волидайн барои дарс додани фарзандон

0

Мақомоти амниятии ноҳияи Файзобод чанд падару модарро бо иттиҳоми тадриси фарзандонашон ҷарима бастанд.

Як манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи ҷумъа ба Azda.tv гуфт, ки намояндагони КДАМ дар ноҳияии Файзобод чанде аз волидайнро ба хотири таълими динӣ додани фарзандонашон ҷарима бастаанд.

Манбаъ мегӯяд, ин кор чанд вақт аст, ки маъмурони КДАМ ҳамроҳ бо чанд намояндаи дигар аз мақомоти ноҳия мактаб ба мактаб гашта, кӯдаконро мепурсанд, ки оё дар хона таълими динӣ мегиранд ё на.

“Аввал китоби Қоидаи Бағдодиро ба кӯдакон нишон медиҳанд ва мепурсанд, ки номи ин китобро кӣ донад ва ҳар ки хонда тавонад, ӯро ба Душанбе тамошо мебарем”.

Бино ба иттилои манбаъ, чанд кӯдаке, ки хонда тавонистааст, онҳоро пурсидаанд, ки чӣ гуна хонданро ёд гирифтанд ва омӯзгорашон кист.

Мақомот ба ҳамин восита 25 нафар волидайни кӯдаконро боздошт карда, ҳар як кадомро аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Манбаъ афзуд, ки ҳатто баъзе боздоштшудаҳо занҳои пиронсоли нодоре буданд, ки наберагонашон ҳамроҳашон мезистанд, онҳоро низ боздошт ва ҷарима карданд.

Аммо ба назари мунтақидон, мақсад аз ин ҷаримабандиҳо пешгирӣ аз ифротгароӣ нест, балки далели фасодзадагии ҳукуматест, ки кормандони қудратияш мехоҳанд бо зӯран ситонидани нони мардум аз даҳонашон, кисаи худро пур кунанд.

Дар асл табиист, ки модаркалон ба наберааш чизе меомӯзонад, вале бибиҳои деҳотии мо кадомашон аз Қоидаи Бағдодӣ болотар чизе ба наберагонашон таълим медиҳанд?

Эмомалӣ Раҳмон парвандаи қатли Қобилҷонро зери назорат гирифтааст?

0

Парвандаи куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола зери назорати махсус қарор дошттааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар истинод ба Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки Кумитаи тафтишотии ин кишвар дар шаҳри Маскав дар робита ба қатли Қобилҷон бо иттиҳоми одамкушӣ ва суиқасд ба одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, гумонбарро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ба иддао вазир, ҷониби Русия ваъда додааст, ки дар бораи натиҷаҳои минбаъдаи тафтишот маълумоти изофӣ хоҳад дод.

Ҳоло аълум нест, ки мурофиаи додгоҳӣ кай оғоз мешавад ва Сироҷиддин Муҳриддин ҳам нагуфт, ки волидони Қобилҷон вакили дифоъ доранд ё на.

Аммо ӯ ин фоҷиаро “дарди тамоми мардум” номида гуфт, ки қазия аз рӯзи аввал зери назорати махсуси президенти Тоҷикистон қарор дорад ва Вазорати корҳои хориҷӣ низ онро пайгирӣ мекунад.

Дар идома Сироҷиддин Муҳриддин иддао кард, ки вазорат дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони муҳоҷир ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия пайваста бо ҷониби Русия дар тамос буда, байни сохторҳои ду кишвар ҳамкорӣ ҷараён дорад. Ва ҳар ҳодисае, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия рух медиҳад, зери назорат гирифта мешавад. Вазир таъкид карда, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва сохторҳои дахлдор барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон чораандешӣ мекунанд.

Ӯ инчунин зикр кард, ки бо вуҷуди баъзе ҳодисаҳои нохуш, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи ҳукуматӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 16-уми декабр, хонандаи синфи 9 бо номи Тимофей ба мактабаш дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав дар тан ҷавшан (бронежилет) ва бо корд ҳамла карда, чанд нафарро теғ мезанад. Дар натиҷаи ин ҳамлаи террористӣ хонандаи синфи 4-и ин мактаб Қобилҷони Алиев дар ҷойи ҳодиса бар асари захмҳои амиқ ҷон медиҳад ва посбони ин мактаб захмӣ мешавад.

Ин ҳамлавар, ки пайрави нажодпарастон буда, марги мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ медонист аз ҷониби пулис боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, ҳамзамон ӯ тасдиқ кардааст, ки ба ин ҳамла аз пеш омодагӣ медид.

Ҷасади ӯ 18 декабри соли 2025 ба Тоҷикистон оварда шуда, дар ноҳияи Шаҳринав ба хок супурда шуд.

Пас аз ин ҳодиса, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вокуниш нишон дода, сафири Русияро дар Душанбе даъват ва ба ӯ нота супорид.

Ҳамчунин Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амният, Умед Бобозода, омбудсмен, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар ва Раҳим Саидзода, вазири маорифи кишвар бо ҳамтоёни русашон мулоқот карда, ин ҳамларо, ки дар заминаи бегонаситезӣ дар Маскав сурат гирифтааст, маҳкум кардаанд ва аз мақомоти Русия хостаанд ин ҳодиса одилона ва ҳаматарафа таҳқиқ шавад.

Пас як ҳафтаи ин ҳодиса Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қатли бераҳмонаи навраси 10-солаи тоҷик изҳори тасаллият намуда буд.

Ин ҳодиса, ки ҳатто дар раонаҳои ҷаҳонӣ пахшу нашр гардид вокунишҳои густурдаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто хориҷиён ба миён оварда, варзишгарону блогерони шинохтае мисли Ҳабиб Нурмагамедов, Магомед Исмаилов, Асҳаб Тамаев, Артем Карокоз (Каха) ва садҳои чеҳраҳои шинохтаи дигар онро маҳкум кардаанд.

Мухолифон ҳам дар хориҷ аз кишвар кушта шудани хонандаи даҳсолаи тоҷикро дар Русия маҳкум карда, дар ин ҳодиса ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро муқассир хондаанд. Ва суҳбати мақомдорони тоҷикро бо ҳамтоёни русашон ва супоридани нотаро нокифоя хонда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд амалҳои ҷиддитареро барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо, ба мисли бозхондани сафири Тоҷикистон аз Русия ва рондани сафири Русия аз кишвар ва бастани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, анҷом диҳанд.

RSF: Тоҷикистон бояд бидуни қайду шарт Рухшона Ҳакимоваро озод кунад!

0

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) аз мақомоти Тоҷикистон бори дигар талаб кард, ки рӯзноманигори зиндонӣ ва модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳакимоваро бе қайду шарт озод кунад.

Имрӯз, 5-уми феврал аз эълони ҳукми зиндони рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова як сол гузашт. RSF, ки мақараш дар Фаронса аст, бо нашри изҳороте ин рӯзро “солгарди ғамангези эълони ҳукм алайҳи рӯзноманигори мустақил Рухшона Ҳакимова дар Тоҷикистон” номидааст.

Ин созмони ҳомии рӯзноманигорон ҳукми Рухшона Ҳакимоваро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат “худсарона” хонда, онро шадидан маҳкум намуда, таъкид кардааст, ки “ягона гуноҳи Рухшона мусоҳиба дар бораи нуфуз ва таъсири Чин дар Тоҷикистон аст”.

Рӯзноманигор ва модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳакимова 16-уми июли соли 2024 дар наздикии манзилаш дар Душанбе аз ҷониби мақомот бидуни ордер боздошт ва 12 соат бе дастрасӣ ба вакили дифоъ нигоҳ дошта шуда буд. Мақомот ҳангоми набудани Ҳакимова дар манзилаш кофтуков гузаронида, таҷҳизот, шиноснома ва кортҳои бонкии ӯро мусодира кардаанд. Ӯ ба хотири доштани фарзанди ширхор то замони содир шудани ҳукм дар ҳабси хонагӣ буд.

Дертар Додгоҳи олии Тоҷикистон 5-уми феврали соли гузашта пушти дарҳои баста Рухшона Ҳакимоваро бо иттиҳоми сохтаи хиёнат ба давлат ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Таъқиби ин рӯзноманигори тоҷикро ба таҳқиқоташ дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ва чанд мусоҳибаҳо, аз ҷумла бо Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи парлумон ва амакаш Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта, ки ҳоло ҳарду дар доираи парвандаи табадулот барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштаанд, рабт медиҳанд.

Гуфта мешавад, ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 10 хабарнигор бо иттиҳомоти сохта дар зиндонҳо адои ҳукм мекунанд. Саркӯби рӯзноманигорон боис гашта, ки Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии озодии матбуоти RSF дар соли 2024 дар байни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷои 155-ум қарор бигирад.