Хона блог саҳифа 601

ВКД: муҷримони куштори Ҷайҳун пайдо шуданд

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) гумонбарон дар ҳодисаи куштори пурсарусадои ноҳияи Ҷайҳунро боздошт кард.

Сурат: ВКД ҶТ

18-уми август ВКД хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷайҳун пас аз ду моҳ тавонистанд қотилони сокини ноҳияи Ҷайҳун, Аҳлиддин Аҳмадов ва се фарзанди ноболиғи ӯро пайдо ва дастгир кунанд.

Гуфта мешавад, ки ягона шоҳиди бевоситаи ин ҷинояти мудҳиш ҳамсари марҳум Аҳлиддин Аҳмадов, Латофат Азизова буд, ки ӯ баъд аз ҳодиса дар бемористон бо захмҳои вазнин бистарӣ буд. Мақомот баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатии Латофат Азизова тавонист сарнахи ҷиноятро пайдо кунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, бо нишондоди Латофат Азизова, гумонбарони ҳодиса Қиёмиддин Насриддинов соли таваллудаш 1984 сокини деҳаи Суғдиёни ноҳияи Ҷайҳун ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоҳев соли таваллудаш 1988 сокини деҳаи Орзуи ноҳияи мазкур будаанд, ки онҳо бо маслиҳати пешакӣ даст ба ин ҷинояти мудҳиш заданд.

Гумонбар Қиёмиддин Насриддинов дар навори ВКД нақл мекунад, ки дӯсташ Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев сокини деҳаи Орзу ба ӯ гуфтааст, ки Маҳмадов Аҳлиддин бо ҳамсари ӯ робитаи маҳрамона дорад, инро шунида аз ҳисоби рашк  шаби 11 ба 12 июн ҳамроҳи Маҳмадғаюр ба хонаи Аҳлиддин рафта ӯ ва фарзандонашро ба қатл расонданд.

“Рӯзи ҳодиса оилаам хонаи хушдоманам рафт, шом ман ҳам хонаи хушдоманам рафтам. Дар ҳамон ҷо бо оилаам ҷанҷол шуд. Баъд рафта Аҳлиддинро фарёд кардем, ҷанҷол кардем. Аҳлиддин оилаашро кашид бурд, оилаи ман хонаам рафт, ман хонаи хушдоманам омадам. Соати 2 шаб хестам лабосҳоямро пушидам, ҳамроҳи Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр ду табарро гирифта, хонаи Аҳлидлдин рафта, якум Аҳлиддина бо занашу як бачааш задем, аз онҷо баромада, дар хонаи дуюм бачаҳои дигарашро задем. Соляркаро чошида, хонаҳоро оташ задем”, – мегӯяд гумонбар Қиёмиддин Насриддинов.

ВКД мегӯяд, ки гумонбарон пештар дастгир шуда буданд, аммо 12 август Радиои Озодӣ хабар дод, ки наздикони Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев, ки ҳамчун гумонбарони ин ҳодиса дастгир шуда буданд, гуфтанд, ки мақомот наздикони онҳоро шиканҷа карда, маҷбур сохтаанд, ки ҷиноятро ба гардан гиранд. Аммо мақомот шиканҷа шудани гумонбаронро бидуни додани тафсилоте рад кард.

Ёдовар мешавем, ки 12 июни соли ҷорӣ дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) чор узви як оила кушта шуданд, ки се нафари онҳо кӯдакони ноболиғи буданд.

Баъд аз ҳамлаи афроди номаълум, сарвари оила Аҳлиддин Маҳмадов бо 3 фарзандаш кушта шуда, ҳамсар ва як писараи 11-солааш бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд.

Гуфта мешуд, ки ҳамаи қурбониён аз қисмати сар бо табар ё ашёи монанд ба он зарба хӯрдаанд.

Сафири “муҳоҷиррабо” ҷоиза гирифт

0

Имомиддин Сатторов, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, ки дар корномааш истирдоди Мақсуд Иброҳимов, депорти шодравон Каромат Шарипов, рабудани Шарофиддин Гадоев, супоридани Иззат Амон ва даҳҳо муҳоҷири тоҷик ба мақомоти Тоҷикистон сабт шудааст, дар Душанбе бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуд.

Сурат: Хадамоти матбуоти президент

18-уми август президент Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар шаҳри Душанбе Имомиддин Сатторовро дар ҷамъи 120 мукофотгиранда ба ҳузур пазируфта ва ба ӯ барои “хидматҳои шоистааш” ба мукофоти давлатӣ сарфароз сохт.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар замони сафирии ҷаноби Имомиддин Сатторов бадтарин шароити будубош ва муносибати мақомоти русро таҷриба карданд.

Ба гуфтаи онҳо, замоне, ки бемории ҳамагири КОВИД-19 боиси фалаҷ шудани иқтисоди дунё ва бавежа Русия шуд, ҳазорҳо муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Русия бекор, бемор ва гурусна монд, вале ин сафири муҳтарам ба ҷои кумак карданд, дарҳои сафоратро ба рӯи муҳоҷирон баст, зангҳо ва муроҷиатномаҳои пайдарпайи онҳоро беҷавоб монд.

Ҳамзамон дар гирдиҳамоиҳои моҳи апрели соли равон дар Маскав, ки муҳоҷирон барои озодии Иззат Амон ширкат карда буданд, иддаъо доштанд, ки масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо раҳбарии Имомиддин Сатторов ба маъмурони пулис занг зада хостаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дастгир ва аз Русия “депорт” кунанд.

Имомиддин Сатторов аз 15-уми майи соли 2014 то 2-уми августи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Русия буд ва айни замон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, собиқ муовини сарвазир сафири Тоҷикистон дар Русия мебошад.

Красногорск: Ифтитоҳи бунгоҳи эмгузаронӣ барои муҳоҷирон

0

Дар Красногорски назди вилояти Маскав як бунгоҳи махсус барои эмкунии муҳоҷирони корӣ бар зидди коронавирус ба кори худ оғоз кард.

Сурат: gurb.mosreg.ru

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав ин бунгоҳ дар марҳилаи аввал 100 ҳазор вояи воксинаи русии “Спутник Лайт” харидорӣ карда ва нақша дорад, ки дар як рӯз то 1500 муҳоҷирони кориро эм кунад.

Инчунин барои эмкунии муҳоҷирони меҳнатӣ як утоқи махсус бо даромадгоҳи алоҳида ҷудо карда шудааст, ки дар он 8 табиби умумӣ ва 8 ҳамшираи шафқат дар як вақт аз соати 9:00 то 17:00 фаъолият мекунанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони корӣ пеш аз воксинзанӣ бояд саволномаи тандурустӣ (анкета) -ро пур карда, аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

“Шаҳрвандони хориҷие, ки барои гирифтани патент ба Маркази ягонаи муҳоҷирати вилояти Маскав муроҷиат мекунанд, ҳамзамон пас аз гузаронидани муоинаи тиббӣ метавонанд, дарҳол воксина бигиранд”, – мегӯяд директори Муассисаи давлатии буҷавии Маркази ягонаи муҳоҷирати вилояти Маскав Татяна Куприна.

Ба ин тариқ дар вилояти Маскав бо дархости корфармоён эмкунии муҳоҷирони корӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ташкилотчӣ сурат мегирад. Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби корфармо эм карда шаванд, ки арзиши он барои хидматрасонии тиббӣ 1300 рубл аст.

Роман Картаев, муовини раиси ҳукумати вилояти Маскав ва сардори Сарраёсати амнияти минтақавии вилоят эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатиро зарур шумурда мегӯяд: “дар вилояти Маскав бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи савдо, хизматрасонӣ, хӯроки умумӣ, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳо кор мекунанд. Аз ин рӯ муҳим аст, ки онҳо низ воксина бигиранд. Ин ҳам муҳоҷиронро ва ҳам дигаронро аз сироят ёфтан ба вирус муҳофизат мекунад.”

Қаблан як Бунёди афкори ҷамъиятӣ (ФОМ) таҳқиқоти сотсиологӣ барои эмгузаронии ройгон ба муҳоҷирони корӣ дар Русия анҷом дода, дар натиҷа муайян шуд, ки 84% аз пурсидашудагони рус ҷонибдори эмгузаронии ройгон шудаанд. Аммо то чи андоза ин таҳқиқоти сотсиологӣ барои эмгузаронии ройгон ба шаҳрвандони хориҷӣ таъсир гузошт номаълум аст. Бо ин вуҷуд, ҳамоно арзиши як воксина тибқи муқаррароти Вазорати тандурустии Русия 1300 рубли русӣ боқӣ мондааст.

120 мукофоти давлатӣ

0

Президенти Тоҷикистон шуморе аз аҳли зиё, фарҳангиён ва кормандони давлатиро мукофоти давлатӣ дод. Дар байни онҳо хеле аз чеҳраҳои пуркор ва заҳматкаши миллат дида намешавад.

Сурат: Хадамоти матбуоти президент

18-уми август дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба 120 нафар аз аҳли зиё ва кормандони давлатӣ мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президент дар ин маросими мукофотбахшӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Аммо дар байни онҳое, ки ба мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд, шахсияти фарҳангӣ ва драматурги маъруфи кишвар ба мисли Барзу Абдураззоқов, Абдуқодири Рустам, ва инчунин донишмандон ва ҳуқуқшиносоне ба монанди Шокирҷон Ҳакимов дида намешаванд.

Ғанӣ: Ман фирор накардаам!

0

Президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки пас аз ишғоли Толибон аз Кобул фирор кард, бо нашри як навори видеоӣ мегӯяд, ки ӯ фирор на кардааст, балки “маҷбур сохта шудам кишварро тарк кунам.”

Пеш аз ин 18-уми август Вазорати умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб эълом карда буд, ки Амороти Муттаҳидаи Араб аз Ашраф Ғанӣ ва хонаводааш ба далоили башардӯстона истиқбол карда ва ӯ феълан дар ин кишвар басар мебарад.

Пас аз он дар ҳамон рӯзи 18-уми август Ғанӣ дар саҳфаи Фейсбукаш ба мардуми Афғонистон паём дода гуфт: “намехост хунрезиро дар пойтахт ба вуҷуд орад”. Ба гуфтаи ӯ, ҷангиёни Толибон ваъда дода буданд, ки ба Кобул ворид намешаванд, аммо қасри раёсати ҷумҳури Афғонистонро пешакӣ иҳота кардаанд.

Ғанӣ мегӯяд, ки “агар ман мемондам шоҳиди хунрезӣ ва вайронии Кобул мебудам”. Ба иддаои собиқ Президенти Афғонистон, Толибон ва ҳамкоронии дохиливу хориҷии онҳо гуфтаанд, ки агар Ғанӣ бимонад онҳо роҳи мусолиматомезеро намебинанд.

Ҳамчунин Ғанӣ дар ин навор иброз дошт, Толибон ва чеҳраҳои ношинос, ки ба забони кишвари Афғонистон ошно набуданд, вориди арк (қасри Президент) шуда, утоқ ба утоқ гашта ӯро ҷутуҷӯ мекарданд. Агар ӯро пайдо мекарданд, таърихи 25 соли пеш такрор мешуд, яъне ӯро мисли Наҷиб (собиқ президенти Афғонистон) ба дор меовехтанд.

Ашраф Ғанӣ гуфт, ки маълумоте, ки гӯё аз хазинаи давлат  169 миллион долларро  дуздидааст, дурӯғ аст. “Айбдоркуниҳо дар бораи онки як чархболро бо пул пур карда, гурехтам комилан беасос аст ва дурӯғ аст. Ман бо як курта, салла ва кафш кишварро тарк кардам” гуфт ӯ.

Қаблан сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар фирори Ғаниро “хиёнат ба давлат ва миллат” номида, гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ бо худ 169 миллион долларро, ки ба мардуми Афғонистон тааллуқ дорад, бурдааст. Пеш аз ӯ сафорати Русия дар Кобул иддаъо карда буд, ки Ашраф Ғанӣ чор мошин пулро бо худ бурдааст.

Ашраф Ғанӣ дар паёми видеоии худ таъкид кард, ки намехоҳад ҷилои ватан ва фирорӣ бошад. “Ман дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳастам, аммо дар ояндаи наздик ба кишварам бармегардам” гуфт ӯ ва ишора кард, ки то бозгашт ба ватанаш “бо дигарон машварат намуда истодааст”. Ашраф Ғанӣ гуфт, ки талошҳояшро “барои ба даст овардани адолат барои афғонҳо” идома хоҳад дод.

Президенти собиқ аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки бовар накунанд, ки ӯ мардуми худро барои манфиатҳои молиявии худ фурӯхт ва барои наҷоти ҷони худ гурехт.

Муҳаммад Ашрафғанӣ рӯзи 15-уми августи 2021 Афғонистонро тарк кард ва то рӯзи 18-уми август дақиқ куҷо будани вайро касе намедонист.

Хушомадгӯи ҳукумат бе ҷоиза монд

0

Ато Мирхоҷа, шоири халқии Тоҷикистон даъво дорад, ки 30 сол барои адабиёт хидмат карда, се маротиба барои гирифтани унвон пешниҳод шуда, вале дар ҳар се маврид дастгоҳи президент номзадиашро рад кардааст.

Акс аз сафҳаи Ато Мирхоҷа аз Фейсбук гирифта шудааст.

Ато Мирхоҷа, шоир ва нависандаи халқии Тоҷикистон, ки зодаи Вилояти мухтори кӯҳистонони Бадахшон аст, аз Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ шикоят карда, ки гуфтааст, ки «ман дар муддати 30 соли истиқлолият барои адабиёт ва Ватани азизам аз тамоми ашхосе, ки ба ин унвон соҳиб гардидаанд, агар зиёдтар не, камтар хидмат накардаам.» Чаро сазовори мукофот нашудаам?

Нависандаи халқии Тоҷикистон мегӯяд, «Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маро аз соли 2013 сар карда, то соли равон се маротиба ба унвони Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон лоиқ дониста, ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод намуд. Аммо, мутаассифона, ҳар се бор ҳам қарори раёсат ба назар гирифта нашуд.»

Ато Мирхоҷа таъкид мекунад, «ҳар се маротиба ҳам аъзои раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бидуни раъйи худам, бо тасмими дастҷамъии худ, чунин қарорҳоро бароварда, аз мақомоти болоӣ хоҳиш намудаанд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд.»

Муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъкид мекунад: «Ду бори аввал аз баҳри даъво гузаштам, аммо ин бор фаҳмидан мехоҳам, ки сабаби аз чашми шумо дур афтодани банда дар арафаи чунин солҷашни бошукӯҳ дар чист?»

Ин шикояти Ато Мирхоҷа, шоир ва нависандаи халқии Тоҷикистон ба вокунишҳои мухталифи корбарон рӯ ба рӯ шудааст. Қисме ӯро тасалло ва қисме дигар шоирро ба камтар кардани мадҳсароӣ дар нисбати ҳукуматдорон тавсия додаанд.

Ато Мирхоҷо, муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз пешгомони мубаллиғони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дониста шуда, матолиби таблиғотӣ ва тарғиботии ӯ аксар маврид дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор меоранд.

Пайдо шудани Ашраф Ғанӣ

0

Аморати Муттаҳидаи Араб эълом кард, ки президенти фирории Афғонистон дар ин кишвар қарор дорад.

Сурат: Твиттер

Хабаргузории расмии Аморати Муттаҳидаи Араб “

Ҳамзамон Мусаддиқ Порсо, хабарнигори Эронинтернейшнал дар Твиттер аз нақли мақомоти пешини Афғонистон менависад, ки Ашраф Ғанӣ дар Аморати Абудабии АМА бемор буда вазъи саломатияш ногувор арзёбӣ мешавад.

Ашраф Ғанӣ 15 – август Кобулро ба мақсади номаълум тарк кард ва дар 4 рӯзи гузашта расонаҳо гумон мезаданд, ки ӯ ба Тоҷикистон ва аз онҷо ба салтанати Уммон фирор кардааст.

Ҳамзамон собиқ сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ дар сафҳаи твиттерии худ идаъо дошт, ки Аҳмадзай ҳавопаймои холиро ба Тоҷикистон фиристода ва худаш ба Покистон фирор кардааст.

Инчунин тайид карда буд, ки худи ӯ ҳамроҳи ду писараш ба Дубай рафта ва ба зудӣ ба Панҷшер бармегардад. Маълум нест, ки генераӣ Муҳаммадӣ ҳамроҳи Ашраф Ғанӣ ба АМА фирор кардааст ё дар ду парвози ҷудогона.

Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуд

0

Ду соат баъд аз нашри хабар дар бораи бедарак шудани Эмомалӣ Раҳмон аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон АМИТ “Ховар” эълон кард, ки вай дар пойтахт қарор дорад.

Сурат: Хадамоти матбуоти президент

Ҳамзамон зуҳри имрӯз пас аз нисфирӯзӣ Хадамоти матбуоти президент Эмомалӣ Раҳмон низ баъди ду соат аз расонаӣ шудани хабар дар бораи бедерак шудани президент бо нашри 142 сурат дар сафҳаи фесбукиаш эълом кард, ки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мебошад.

Пеш аз ин Аздо тв иттилоъ дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон тайи 11 рӯзи ахир дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур надорад ва Хадамоти матбуоти президент ва АМИТ “Ховар” охирин хабарҳои худро дар бораи ӯ рӯзи 7-уми август нашр кардаанд.

Нишасти ҳавопаймои низомии Ҳиндустон дар Тоҷикистон

0

Як ҳавопаймои низомии Ҳиндустон ба хотири интиқоли шаҳрвандони ин кишвар аз Афғонистон дар фурӯдгоҳи низоми Айнӣ дар 15 километрии шаҳрди Душанбе фурӯд омадааст.

Ба навиштаи шабакаи хабарии “NBC TV ODISHA”-и Ҳиндустон иттилоъ дода, ки як ҳавопаймои низомии С17-и Ҳиндустон дар фурӯдгоҳи Айнӣ фурӯд омад ва дигар ҳавопаймоҳои ин кишвар мунтазири иҷозаи парвоз аз фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул буданд ва замоне, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Кобул ба онҳо иҷоза доданд, дарҳол парвоз карда шаҳрвандони ин кишварро аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол доданд.

Дар навори видеоие, ки ин шабакаи хабарӣ нашр кардааст, дида мешавад, шаҳрвандони ин кишвар бо хушҳолӣ аз автобусҳои пойин ва масъулин аз онҳо истиқбол мекунанд.

Фурӯди ҳавопаймои низомии Ҳиндустон дар фурӯдгоҳи Айнӣ дар 15 километрии шарҳри Душанбе дар ҳоле сурат гирифта, ки ин шабу рӯз хабари фурӯди даҳҳо ҳавопаймоҳои низомӣ ва мулкии Афғонистон дар фурӯдгоҳи Бохтар гузориш шудааст.