15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 602

Ашраф Ғанӣ гуфт, ҳаргиз истеъфо доданӣ нест

0

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ президенти Афғонистон дар як ҷаласаи ҳукуматаш гуфт, ҳоло як фурсати нодири таърихӣ барои хотима додан ба ҷанги чаҳор даҳсолаи ахир ва сулҳ дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст.

Ашраф Ғанӣ ҳангоми шарҳи барномаи худ барои сулҳ гуфта, ки як даричае ба сӯи сулҳ кушода шудааст.

Ғанӣ илова кард, ки “Дар давоми 42 соли охир бори аввал имкон фароҳам омада, ки Афғонистон метавонад ба як сулҳи пойдор бирасад.”

Президент Ғанӣ омодагии худро ба интихоботи пеш аз мӯҳлат бори дигар такрор кард, вале гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз мақомаш истеъфо доданӣ нест ва ба ҳеч муоҳадае низ тан намедиҳад.

Ашраф Ғанӣ мегӯяд: “Ҳеҷ кас набояд фикр кунад, ки раҳбарияти Афғонистон, муовини аввал, муовини дуввум ва президенти интихобшуда истеъфо хоҳад дод ё созишномаи нангинро имзо мекунад.”

Тарҳи сулҳе, ки Ашраф Ғанӣ пешниҳод кардааст, аз се марҳила иборат мебошад, марҳилаи якум: тавофуқи сиёсӣ рӯи оташбас зери назорати байналмиллалӣ, марҳилаи дуввум: ташкили ҳукумати сулҳ ва марҳилаи сеюм бунёди сулҳ, давлатсозӣ ва эҷоди моркет мебошад.

Ин тарҳи сулҳи Ашраф Ғанӣ аз ҷониби Гурӯҳи Толибон пазируфта нашуда аст ва ба бандҳои он хурдагириҳои зиёд намудаанд.

Қарор аст дар моҳи ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Туркия конфронси байналмилалӣ оид ба сулҳи Афғонистон баргузор шавад.

Мақомот бо кадом роҳу усул 56 дарсад нақшаи даъват ба артишро иҷро кард?

0

Дар Тоҷикистон расман аз рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар ин муддат Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар 6-рӯзи аввал 56 дарсади нақшаи даъват ба артишро иҷро шуд.

Ин гузориши вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу суолҳои зиёдеро ба бор овард, чун бештари ҷавонон ба артиш маҷбуран ё бо усули “облава” ҷалб шудаанд. Ҳамарӯза наворҳо ва хабарҳои зиёд дар бораи облава шудани ҷавонон дар шабакаҳо нашр мешавад. Дирӯз “Паём” бо такя ба шабакаи ютубии “Хабар тв” аз як ҳолати “облава”, ки ҳатто ба беҳушии як ҷавон оварда расонд, хабар дод.

Дар наворе, ки дар шабакаи ютубии “Хабар тв” нашр гардидааст, чанд мард, ки либоси мулки ба тан доранд, мехоҳанд ҷавонеро дастгир карда ба мошини худашон шинонанд. Наворбардор бо нишон додани яке аз онҳо ӯро Нурзод муаррифӣ мекунад.

Рақами мошине, ки “облавачиҳо” мехоҳанд ҷавонро ба он шинонда баранд низ нишон дода мешавад, ки 1555АВ04 мебошад.

Дар натиҷаи кашокаш ҷавони дохили мошинбуда беҳуш мешавад ва ӯро ба замин мехобонанд. Чанд нафар садо медиҳанд, ки “мекушедаш”. Зане, ки аз ҷавон ҳимоят мекард ва зоҳиран аз наздиконаш аст, “облавачиҳо”-ро ба ҷавон наздик шудан намемонад ва ӯро бо мошини дигаре ба беморхона мебарад.

Наворбардор мегӯяд шишаи мошини ӯро низ шикастаанд ва бояд посух гӯянд. Дида мешавад чанд марди раҳгузар низ дар наҷот додани ҷавон кӯмак мекунанд.

Дар ҳамин ҳол як ҷавони дигаре бо номи Пулодзода Ҷомӣ, ки коргари ҳукумати шаҳр будааст, дар саҳифаи фейсбукияш аз “облава” шуданаш аз бинои МИҲД- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи Ҷомӣ ин ҳодиса боис шуд, ки саломатии модараш бад шавад ва ба беморхона афтад.

Пулодзода мегӯяд, ки дар дохили МИҲД- ии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои супоридани озмуни ҷойҳои холии корӣ рафта буд, ки ногаҳон се нафар ӯро маҷбурӣ аз дасташ дошта, ба мошин савор карда, ба бинои Комиссариати ҳарбӣ бурданд. Ҷомӣ мегӯяд бо вуҷуди фаҳмондан, ки ин амал хато ва ӯ дар хонавода яккаписар ва аҳмзамон хизматчии давлатӣ низ мебошад, ба гуфтаҳояш касе гӯш накарда ба бинои Комиссариат бурдаанд.

Дар идома Пулодзода Ҷомӣ мепурсад: “Ман маҷбурам магар ба ноадолатӣ тоб орам? Аз осмону мақомотҳои марбута ҳеҷ кӯмаке намерасад. Модоме, ки сафарбаркуниро маъракаи сиёсӣ меномеду бо аблава кардан иҷрояш мекунед, пас фарҳанги облавакуниро риоя намоед. Одитарин паҳлуҳои зиндагии мо дорои қоидаҳои махсус аст. Ин аблаҳоне, ки ин шабу рӯзҳо ба аблавакунӣ машғул ҳастанд, на худашонро муаррифӣ мекунанд ва на ҳуҷҷат нишон медиҳанд. Дар ними шаб мошини Опел астраҷии сафед бе рақами қайди давлатӣ облава мекунад. Ин айб нест магар.? Ман АДОЛАТ мехоҳам чизи дигар не!!!”

Ӯ дар охири навиштаҳояш аз аз тамоми равшанфикрони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват менамояд, ки ҷиҳати барҳам додани “облава” фикру андешаҳои худашонро пешниҳод намоянд.

Ба монанди Пулодзода Ҷомӣ ва ҷавоне, ки ҳангоми “облава”-и кормандони мақомот аз ҳуш рафт, садҳо ҷавонӣ дигар низ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Бо вуҷуди ҷой доштани далелҳо мақомот ҳамеша “облава”-ро дар Тоҷикистон рад мекунад.

Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бо навиштани мактуби кушодаи ба Президент Раҳмон ва раиси Дастгоҳи раисҷумҳур Озодаи Раҳмон муроҷиат намуда, мегӯяд, дар зудтарин фурсат масъалаи поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандонро, ки аз ҷониби маъмурони Комиссариатҳои ҳарбӣ сурат мегирад, пешгирӣ намояд.

“Сухан аз “облава” меравад, ки солҳо боз дар атрофаш ҳар сол ду бор – вақти даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ баҳсҳо сурат мегиранд. Дуруст аст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме ба ин маъно вуҷуд надорад. Аммо ҳолатеро, ки ҳоло ҳаст ва мутаассифона авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ” –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд”,- менависад Раҷаби Мирзо.

Ин рӯзноманигор дар идома аз дастгиршавии донишҷӯён ва маҷбуран ба артиш бурдани онҳову баъдан ихроҷ шуданашон аз донишгоҳҳо изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, падару модарон тарсида – тарсида фарзандони худро ба кӯча, ба ҷои кор, барои таҳсил мефиристанд.

“Хулоса, агар тадбири ҷиддие андешида нашавад, обрӯи давлату ҳукумат, ҳукумати қонун зери суол меравад, ки фикр накунам барои ягон шаҳрванди дилсӯз ин ҳолат манфиат биёрад”.

Дар охир аз корбарони фейсбук дархост намуда, ки ҳарки аз ин мавқеъ ҷонибдор аст, зери ин матлаб имзо гузорад то онро бо ҷамъи имзоҳо ба сомонаи Президент бифиристад.

“Уральские авиалинии” омодааст маблағи мусофиронро 100% баргардонад

0

Ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”-и Русия омодааст маблағи тамоми касоне, ки аз ин ширкат билети парвоз хариданд, вале бо сабаби интишори каронавирус ва қатъи парвозҳо натавонистанд сафар кунанд, маблағашонро комил баргардонад ва ё ҳангоми иҷозати парвози доимӣ пайдо кардани ин ширкат метавонанд онҳоро ба билетҳои нав бидуни пардохти маблағи иловагие иваз кунанд.

Инҳоро мудири намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон Умед Лолаев зимни мусоҳибае бо хабаргузории “Азия-Плюс” иброз доштааст.

Ӯ дар идома меафзояд, “Тавре мебинед, айни замон нарх баланд аст, агар хатсайрҳои доимӣ боз шаванд ва дар дасти мусофир билет бошад, сарфи назар аз кай харидани он, мо онро нав мекунем ва мусофир парвоз карда метавонад. Барои билет ягон маблағи иловагӣ пардохт кардан лозим намеояд, бигзор билет ҳатто миллион сомонӣ ҳам нарх дошта бошад. Бори дигар такрор мекунам, ки билетҳое иваз мешаванд, ки ба хатсайрҳои доимӣ харида шудаанд.”

Лолаев гуфта, ки “айни замон ширкати “Уральские авиалинии” аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳои доимӣ анҷом намедиҳад. Танҳо парвозҳои чартерӣ иҷро мекунад. Ҳавопаймоҳои мо аз шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Душанбе ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1 апрели имсол парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия пас аз таътили 1-сола аз сар гирифта шуд. Айнои замон танҳо ду ширкати ҳавопаймоӣ, “Ют Эйр”-и Русия ва “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ба ин парвозҳои доимӣ иҷозат доранд.

Чанд рӯзи пеш низ хабарҳо нашр шуд, ки “Уральские авиалинии” низ парвозҳои доимиро байни Тоҷикистону шаҳрҳои Русия анҷом медиҳад, аммо худи ширкат инро рад кард ва гуфт, ки то ҳол иҷозатнома барои парвозҳои доимиро пайдо накардааст.

Боздошти раиси ҷамоат бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаи замин

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошт ва кушода шудани парванда нисбати раиси ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД раиси ҷамоат 56 сол дошта, дар ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва қаллобӣ дар ҳаҷми калон гунаҳкор дониста мешавад.

ВКД менависад, раиси ҷамоат соли 2015 бо маслиҳати пешакӣ бо як сокини дигари ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 3 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаанд. Дар ивази ин миқдор маблағ аз заминҳои корами обӣ дар ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, 0,08 га қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додаанд.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 3 ва 338 иловаи-1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

То ҳол назари айбдоршаванда ва наздиконаш дар хусуси ин қазия маълум нест.

Боздошти ин корманди ҷамоат дар ҳолест, ки солҳои ахир ҳолатҳои ришваситонӣ, қаллобӣ ва ғайриқонуни додани замин зиёд дида мешавад. Худи Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сӯҳбатҳояш заминфурӯшии мансабдоронро “дарди бедаво” номида буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух расид

0

Имрӯз 9 апрел Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корияш ба вилояти Суғд ба ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара расид. Раҳмон дар Ворух Маркази варзишии “Ширин”, Кохи фарҳан, Парчами давалатӣ бо дарозии 50 метр, як боғ ва чанд иншооти дигарро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳамчунин раисҷумҳур бо мардуми Ворух низ вохӯрӣ анҷом дод. Ӯ дар суҳбат бо мардум ба масъалаи табдили Ворух ба заминҳои Бодканди Қирғизистон ишора намуда, гуфта, ки Ворух иваз намешавад. Ӯ афзуда, ки ин мушкилӣ вақт мехоҳад ва бо эҳсосот ҳал намешавад.

Раҳмон ҳамчунин аз сокинони Ворух ва Чоркуҳ хоста, ки бо ҳамсояҳои қирғизи худ муносибати хуб дошта бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.

Сафари Раҳмон ба Суғд, хусусан ба ҷамоати Ворух бо мақсади боздид аз омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлол ва мулоқот бо мардуми ин ҷамоат гуфта мешавад.

Аммо дар ҳоле ин сафар анҷом мепазирад, ки чанде пеш раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тешаев иддао карда буд, ки ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст Ворухро бидиҳанд дар иваз 12 ҳазор гегтар аз вилояти Бодканди Қирғизистон бигиранд.

Ин пешниҳоди ҷониби Қирғизистон сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи тоҷик ба бор овард. Ҳукумат агарчи расман посухе надод, аммо вокунишҳои чеҳраҳои шинохта ва устодони таъриху донишмандон дар расонаҳои давлатӣ ба табъ расид.

Билетҳои фурӯхташуда ва мардуми саргардон

0

Ҳанӯз аз барқарор шудани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Русия даҳ рӯз нугузшта, аммо билетҳои парвоз ба ин самт то тобистони ҳамин сол фурӯхта шудааст. Ҳоло пушти дари марказҳои билетфурӯшӣ ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазиранд то ҳарчи зудтар барои муҳоҷират ба кишвари Русия бираванд.

Бештар аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон даромади худ ва хонаводаҳяшонро аз роҳи муҳоҷират дар Русия ба даст меоранд.

Аз моҳи марти соли гузашта дар пайи шуюъи вируси корона марзҳои Русия баста шуд ва парвозҳои миёни Тоҷикистону Русия қатъ гардид. Ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар кору даромадашонро аз даст доданд ва дар Русия дармонданд.

Мақомоти Тоҷикистон дертар парвозҳои чартериро ба роҳ монданд ва пасандози охири муҳоҷирон ҳам барои харидани чипатаҳои гарони “Сомон Эйр”, ширкати ҳавонавардии додарарурси раисҷумуҳур сарф гардид.

Баста будани марзҳо боис шуда, ки дар соли гузашта 76 дарсади муҳоҷирон натавонанд дигарбора ба Русия барои кор бираванд. Ба ин тартиб дар соли гузашта онҳо ба Тоҷикистон танҳо 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд ва ин рақам дар муқоиса бо соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

Бар иловаи ин, дар Тоҷикистон ҳоло нархи маҳсулот, аз ҷумла гӯшту равған боло рафта аст. Ин ҳам пас аз оне, ки дар кишвар нархи маводи сӯхт боло рафт. Замоне, ки роҳҳо ба Русия баставу даромади оилаҳо кам шудааст, қимматии нархи маҳсулот зиндагии сокинонро мушкилтар карда аст.

Дар ин яксоли бекорӣ муҳоҷирон охирон пасандозҳи худро (албатта доштагиҳо) харҷ кардаву ҳоло маҷбуранд аз нав ба Русия барои дарёфти қути оилаҳояшон баргарданд.

Бо кушода шудани марзҳои Русия ва ба роҳ мондани првозҳои доимӣ ҳазорҳо муҳоҷир умед дошт ба ин кишвар баргардад то битвонад дар ин замони гаронӣ оилаашро таъмин намояд. Аммо набудани билет ва бар замми он гаронии онҳо ин нигаронии муҳоҷиронро боз ҳам бештар кардааст.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои мустақил аз Тоҷиктсон, дар пушти марказҳои билетфурӯшӣ ҳазорҳо муҳоҷир навбатпоӣ мекунанд то битавонанд билети парвоз ба Русияро дастарас кунанд.

Бо вуҷуди он ки Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, дар 27 март ваъда дод, барои пешгирӣ  аз боло рафтани қимати чипта ва ба дасти савдогарони “бозори сиёҳ” нагузаштани онҳо назорати фурӯши қонунии чиптаҳо аз сӯи мақомоти зидахл ҷиддан ба роҳ монда мешавад. Ва ҳар гуна қонуншиканӣ ҷилавгирӣ ва муҷозот хоҳад шуду билетҳои парвоз ба самти Маскав набояд аз марзи 250 – 350 доллар убур кунанд, аммо ин ваъда ҳам ба мисили дигар ваъдаҳои мақомдорони тоҷик дар ҳаво монд. Чун сокинон мегӯянд, дар ин шароити бади молиявӣ билетро бо нархи 10-12 ҳазор сомонӣ мефурӯшанд.

Навбатпоӣ дар назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ дар Душанбе торафт зиёд мешавад. Ҳоло ҳам садҳо нафар мехоҳанд, ки бо парвозҳои доимӣ ба Русия билет харанд. Ба ин нигоҳ накарда, ба иттилои хабаргузории “Азия-Плюс” билетҳо аллакай то моҳи июн фурӯхта шудаанд.

Гаронии нархи билет ба Русия, набудани кору шароит дар Тоҷикистон мушкилотро бар болои шонаҳои муҳоҷири бе ин ҳам пайваста ҷабрдидаи тоҷик вазнинтар кардааст. Мақомот бошад ба мисли ҳамеша муҳҷирро бо мушкилоташ вогузоштаву дар бораи кадом иқдоме ҷиҳати осон намудани масоили муҳоҷират чизе намегӯянд.

Болоравии нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои Тоҷикистон

0

Дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон сокинон аз боло равии нархи маҳсулоти ниёзи аввал шикоят доранд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ гушти гов аз ҷумла дар бозори марказии Кӯлоб 60 ва гусфанд то ба 65 сомонӣ афзудааст. Дар ҳоле, ки то 1 ҳафтаи пеш як кило гушти гов 55 ва гусфанд то 60 сомонӣ арзиш дошт.

Дар баробари боло рафтани нархи гушт инчунин қиммати равғани пахта то панҷ ва офтобпараст то даҳ сомонӣ боло рафтааст. Дар ҳоли ҳозир панҷ литр равған дар бозорҳои Кӯлоб аз 110 то 120 сомонӣ нарх доранд. Ба нархи шакар ва маводи ғалладона ба монанди биринҷ ҳам ду сомонӣ илова шудаст. Нархи картошака 4-6 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар бозорҳои Душанбе низ болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал мушоҳида шудааст. Ҷаҳиши нарх тақрибан дар даҳ рӯзи ахир дар ҳолест, ки чанд рӯз баъд моҳи Рамазон фаро мерасад.

Ҳамасола дар остонаи ин моҳ дар Тоҷикистон болоравии нархҳо мушоҳида мешавад. Ҳатто бо ба анҷом расидани ин моҳ нархҳо қимматар шуда, ба ҳолати пештараи худ барнамегарданд. Тоҷирон ҳамеша болоравии нархҳоро ба набуди маҳсулот ва боло рафтани қурби доллар рабт медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш чандин маротиба таъкид намудааст, ки мардум бояд 2 сола захира намоянд. Аммо сокинон аз он шикоят мекунанд, ки чӣ гуна бо маоши кам ва гаронии маҳсулоти хӯрока, ки дар Тоҷикистон аст ва наметавон ҳадди ақал 1-моҳа захира кард, бояд барои 2 сол захира кунем?

Мурофиаи парвандаи куштори Ҳувайдои 5-сола 9 апрел доир мешавад

0

Рӯзи 9 апрели соли равон мурофиаи парвандаи куштори Ҳувайдои 5-сола баъд аз таваққуфи тақрибан 5-моҳа дар додгоҳи Маскав аз сар гирифта мешавад.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба “Азия-Плюс” гуфта, ки мурофиаи додгоҳӣ 9 апрел соати 13:00 дар додгоҳи вилояти Маскав оғоз мешавад.

“Ман ҳамроҳи вакили дифоам Шавкат Умаров ва дигар наздикону хешовандонам дар мурофиаи навбатии судӣ ширкат хоҳем кард, вале намедонам, ки гумонбар дар қатли фарзанди ман Александр Семин дар мурофиа ширкат мекунад ё не”, – гуфт Саидов.

Падари Ҳувайдо изҳор дошта, ки аз озмоишҳои пай дар пайи бесамар хаста шудааст, аммо умедвор аст ва бовар дорад, ки гумонбар сазои сазовор хоҳад гирифт.

Падари духтар ҳамчунин қайд карда, ки ӯ ба дастгирии мардум, бахусус ҳукумати Тоҷикистон ниёз дорад.

Абдусалом Саидов гуфта, ки фарзанди дигаре дорад, ки маъюб аст ва ниёз ба кумаки молӣ дорад. Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми хайрхоҳ кумак хостааст.

“Фарзанди ман маъюб аст ва аз шумо хоҳиш мекунам, ки барои харидани аробачаи маъюбӣ ба фарзанди ман кумак кунед”, – гуфт Абдусалом Саидов.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуд. Ӯ аввал аз ҳавлии як хона дар ноҳияи Серпухови шаҳри Маскав дуздида шуд ва пас аз як рӯз ҷасадаш аз дохили як халтаи варзишӣ пайдо гардид. Санҷиши судӣ нишон дод, ки Ҳувайдои хурдсол аввал таҷовуз шуда ва сипас бо корд кушта шудааст.

Дар ин қазия як сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Семин бо гумони даст доштан дар қатли ин кӯдак боздошт шуд.

Дар манзили ӯ муфаттишон изи пойафзоли духтар ва изи ангушти ӯро пайдо карданд. Тибқи яке аз фарзияҳо, гумонбари куштор духтарро ҳангоми бозиаш дар ҳавлӣ бо додани бозича ҷалб карда сипас ӯро рабудааст.

Дар моҳи декабри соли 2019, додгоҳ қарор баровард, ки Александр Семин воқеан дар ин амали куштор даст дорад. Аммо худи айбдоршаванда Семин дар муҳокимаҳо ширкат накард, вакили мудофеаш иттиҳомоти алайҳи Семин эълоншударо рад кардааст.

Дар таърихи 30 сентябри соли 2019 додгоҳ қарор баровард, ки бояд Семин табобати равонӣ гирад.

Моҳи октябри соли 2020 адвокати хонаводаи Саидовҳо Шавкат Умаров ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки табибон саломатии гумонбарро қаноатбахш арзёбӣ карда дар бораи солим буданаш аз нигоҳи равонӣ шаҳодатнома низ додаанд.

Сафорати Русия дар Душанбе тартиби қабули мусофирон ба парвозҳои доимиро шарҳ дод

0

Сафорати Русия дар Тоҷикистон бори дигар дар саҳифаи фейсбукияш тартиби қабули мусофирон ба хатсайрҳои доимӣ ва чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русияро шарҳ дод.

Ба навиштаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, парвозҳои муназзам байни Русия ва Тоҷикистон байни пойтахтҳои ду кишвар дар як ҳафта бо ду парвоз (яке барои UTair ва Somon Air) сурат мегирад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд бо ин парвозҳои доимӣ ба Федератсияи Русия сафар кунанд, бояд бо худ хулосаи ташхиси тиббӣ (ба забони русӣ) дар бораи надоштани коронавирус дар асоси натиҷаҳои ташхиси ПЦР, ки на пештар аз се рӯз пеш аз вуруд ба Русия гузаронида шудааст, дошта бошанд.

Инчунин Сафорати Русия дар Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҳамаи парвозҳои ҳавопаймоҳои дигари Русия, ки аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд, аз ҷумла парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” чартерӣ мебошанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ин парвозҳо танҳо дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои иловагии пешбининамудаи Ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2020 таҳти рақами 635-р метавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд.

Ин тартиб аз ҷониби мақомоти авиатсионии ду кишвар тасдиқ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, баъд аз 1 соли қатъ шудани парвозҳо байни Русия ва Тоҷикисон он дубора аз 1-уми апрел барқарор карда шуд.

Маркази исломии Тоҷикистон шуруъи моҳи шарифи Рамазонро эълон кард

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи оғози моҳи мубораки Рамазонро расман эълон кард. Бино ба маълумоти ин маркази ягонаи динӣ дар кишвар шуруъи моҳи шариф аз 13 апрел муайян карда шудааст.

Хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшини Муқим навишта, ки Шӯрои уламо дар ҷаласаи худ, бино ба вазъи эпидемиологӣ вобаста ба намози таровиҳ маҳдудияте ҷорӣ накардааст. Аммо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ талаб шудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки Шӯро миқдори садақаи фитр ва закотро низ муайян кардааст. Ҳаҷми фитри рӯза барои ҳар шахс 6 сомонӣ ва нисоби закот 25 ҳазор сомонӣ гуфта шудааст. Ба ин тариқ ҳарки соҳиби 25 ҳазор шуда бошад 625 сомонӣ бояд закот бидиҳад.

Ҳамчунин аксари давлатҳои дунё низ рӯзи 13 апрелро аввали моҳи шарифи Рамазон эълон кардаанд. Азҷумла марказҳои исломии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамин рӯзро барои мусалмонони кишварҳояшон муайян карданд. Дар баробари ин Маркази фатвои Иттиҳоди Аврупо низ чанд рӯзи пеш рӯзи 13 апрелро аввали моҳи Рамазон эълон кард.

Аз фурсати муносиб истифода бурад, мо ҳайати эҷодии “Аздо тв” фарорасии моҳи мубораки Рамазонро барои тамоми мусалмонони дунё, аз ҷумла барои мусалмонони Тоҷикистон муборакбод мегӯем. Ва аз даргои Худованд тоату ибодатҳои холисона ва мағфирати гуноҳонро барои ҳама орзумандем.