13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 617

Атирауи Қазоқистон истеҳсоли гази моеъро қатъ намуд

0

Яке аз се корхонаи бузурги коркарди нафти Қазоқистон бо сабаби мушкилиҳои техникӣ истеҳсоли гази моеъро қатъ намуд. Дар ин бора “Казинформ” хабар дод.

Бино ба иттилои ин сомона корхонаи коркарди нафти (ККН)-и Атирауи Қазоқистон корҳои таъмиру барқароркунии худро шурӯъ намуда, интизор меравад, ки то охири моҳ корҳои таъмирии он идома ёбад.

Гуфта мешавад то ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ, Вазорати энергетикаи Қазоқистон нақшаи таҳвили гази моеъро барои моҳи март бозбинӣ намуда, миқдор ва сохторҳои ба корхона вобастабударо байни дигар корхонаҳо тақсим карда аст.

Айни замон дар Қазоқистон масъалаи манъ шудани интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба хориҷи кишвар тариқи нақлиёти автомобилӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон яке аз содиркунандагони асосии гази моеъ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 420 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд, ки зиёда аз 90%-аш ба Қазоқистон рост меояд. Бештари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мебаранд.

Дар ҳоли ҳозир нархи газ дар Душанбе 4,5 сомонӣ буда, аз аввали соли равон 12 дарсад боло рафтааст. Тамоюли болоравии нархҳоро ширкатҳои воридкунанда пеш аз ҳама, ба гароншавии нафт нисбат медиҳанд.

Дар Тоҷикистон бозори маводи сухтро ширкати “Фароз” –и Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон зери инҳисори худ гирифта аст.

Ҳамчунин чанде қабл Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз идомаи дуздии маводди сӯхт ба манотиқи сарҳадии худ бо Тоҷикистон нерӯи изофии ҳарбӣ ва мошинҳои ҷангӣ ҷойгир кардааст. Дар ин бора манобеи “Аздо ТВ” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ ин иқдомро мақомоти қирғизистон барои пешгирӣ аз қоҷоқи маводи нафтӣ ба Тоҷикистон гирифтаанд.

Бино ба иттилои расонаи русии “Спутник” Сарвазири Қирғизистон бо имзои як қарор аз 3 марти соли ҷорӣ содироти маводди сӯхт аз қаламрави ин кишварро ба хориҷи (ЕАЭС)  Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ кард.

Тоҷикистон узви (ЕАЭС)  нест, ва ин ба он маъност, ки дигар воридоти маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷокистон манъ шуда аст.

Дар вилотяи Суғд нархи роҳкиро боло рафт

0

Дар шаҳру навоҳии вилотяи Суғд нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ боло рафта аст. Ин ҳам дар паи он, ки дар кишвар нархи бензин ва маводи дигари сӯхт боло рафт. Asia-Plus хабар дода, ки ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд нархномаи хидматрасонии ширкатҳои таксӣ низ тағйир ёфтааст.

Ҳоло арзиши роҳкирои микроавтобусҳои дохили шаҳрии Хуҷанд аз 1,30 дирам ба 1,50 дирам боло рафта.

Мурод Қодиров масъули Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобили хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иброз дошта, ки якбора гароншавии маводи сӯхт ба кори ронандаҳо бетаъсир набудааст. Чун 90 дарсади микроавтобусҳои мусофиркашон бо сӯзишвории дизелӣ ва 10 дарсад бо газ кор мекунанд. Арзиши газ акнун дар Тоҷикистон аз 3 сомонӣ то 4,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз 5,80-5,90 сомонӣ сомонӣ гарон шудааст.

Гаронии маводи сӯхт ба арзиши хидматрасонии таксиҳо низ таъсири худро расонда ҳоло масофае, ки пештар аз он 7 сомонӣ мегирифтанд, акнун барои раснонидани мусофир бо ҳамин қадар масофа 8 сомонӣ мегиранд.

Ронандагони мошинҳои сабукрав дар Хуҷанд низ тасдиқ карда гуфтаанд, ки арзиши хизматрасонии дохилишаҳрии таксиҳои сари роҳ низ 10 сомонӣ ва аз он зиёдтар шудааст, ки пештар камтар аз 10 сомонӣ буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан як манбаъ ба Аздо ТВ гуфта буд, ки Қирғизистон ба манотиқи сарҳадии худ бо Тоҷикистон нерӯи изофии ҳарбӣ ва мошинҳои ҷангӣ ҷойгир кардааст. Ба гуфтаи манбаъ ин иқдомро мақомоти Қирғизистон барои пешгирӣ аз идомаи дуздии маводди сӯхт ва қоҷоқи маводи нафтӣ ба Тоҷокистон гирифтаанд.

Ҳамчунин ба иттилои расонаи русии “Спутник” сарвазири Қирғизистон бо имзои як қарор аз 3 марти соли ҷорӣ содироти маводи сӯхт аз қаламрави ин кишварашро ба хориҷи (ЕАЭС)  Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ кард. Тоҷикистон узви (ЕАЭС)  нест, ва ин ба он маъност, ки дигар воридоти маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷокистон манъ шуда аст.

Коршиносон ҳам ба ин боваранд, ки ин иқдом маҳз ба хотири Тоҷикистон гирифта шуда аст. Чун Узбекистону Қазоқистон ба нафти қирғизӣ эҳтиёҷ надоранд.

Ширкати “Фароз” дар замони роҳбарони пешини Қирғизистон, маводи сӯхтро аз ин  ҷумҳурӣ ба таври қочоқ вориди Тоҷикистон мекард. Дар иваз ба гуфтаи огаҳони умур Тоҷикистон дар бештари масъалаҳои баҳсбарангези марзӣ ақибнишинӣ менамуд.

Истиқрори нерӯи низомии иловагӣ ва манъи содироти соляркаву бензин аз Қирғизистон дар ҳоле сурат мегирад, ки раисҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар бояд ба Тоҷикистон, сафраи расмӣ анҷом бидиҳад ва интизор меравад ин сафар дар нимаи аввали моҳи равон сурат бигирад.

Ҳоло маълум нест, ки савдо чӣ хоҳад буд, то дубора ба домоди Эмомалӣ Раҳмон иҷозати қочоқи маводи сӯхт аз ин кишвар дода шавад.

“Фароз” ширкати мутааллиқ ба домоди рисҷумуҳури Тоҷикистон Шамсулло соҳибов бозори сузишвориро дар кившар зери инҳисор қарор дода ва тибқи иттиллои расмӣ Қирғизистон баъд аз Русия ва Қазоқистон саввумин кишвари дастраскунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон дар пайи тасодуф

0

Як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон дар як тасодуфе як шаҳрванди 58-солаи Лаҳистонро ба ҳалокат расондааст.

Ба гузориши ТВН24 Лаҳистон, шаби 9 марти соли равон дар натиҷаи тасодуфе дар минтақаи Мокотови шаҳри Варшава як ронандаи 58-сола ҷонашро аз даст дод.

Сухангӯи пулиси Мокотов Робер Конюш ин ҳодисаро чунин шарҳ дод:

“Тибқи таҳқиқот ва ёфтаҳои пешакии пулиси роҳнамоӣ ва ронандагӣ нишон медиҳад, ки шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бо худрави “ТYOTA Corolla” дар ҳоли ронданд аз самти хиёбони КЕН ба сӯи хиёбони Сикорски ва баъд аз расидан ба чороҳа кӯчаи Вилановска чароғи сурхро нодида гирифта ба масираш идома додааст ва ба худрави “Фиат пунто”, ки дар масири дурусти худ қарор дошт бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама ронандаи 58-сола соҳиби “Фиат пунто” дар ҷои ҳодиса ҷон додааст”,- гуфт сухангӯи пулиси Мотоков.

Озмоишҳо ва таҳқиқоти пулис нишон дод, ки ронандаи 36-солаи Тоҷикистон дар замони тасодуф таҳти таъсири маводи мухаддир қарор доштааст, ронандаи 36-соларо боздошт карданд ва дар бораи сарнавишти ӯ Додгоҳ ва Додситонӣ тасмим хоҳанд гирифт.

Сухангӯи пулис афзуд, ки айни ҳол пулис таҳқиқоташро дар маҳалли ҳодиса анҷом додааст ва низ бо шоҳидони ҳодиса мусоҳиба ё бозпурсӣ анҷом дода, барои такмили парванда ва ҷамъоварии шавоҳид.

Қоида ва усулҳои нав барои ҷалби муҳоҷирон дар вилояти Маскав

0

Аз ин ба баъд муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Маскав тибқи қоида ва усулҳои нав ба кор ҷалб карда мешаванд. Ҳукумати Русия қоидаҳои нави фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро тасдиқ кард. Дар ин бора Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав хабар дод.

“Ташкилотҳое, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ манфиатдоранд, бояд интиқоли муҳоҷирон, додани иҷозатномаҳо барои шуғли онҳо, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, муҳайё сохтани ҷойи зист ва хӯрок, назорат намудани онҳо пас аз вурудашон дар Русия, инчунин риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро аз ҷониби онҳо таъмин кунанд” , – қайд кард муовини сарвазири вилояти Москва – роҳбари Сарраёсати амнияти минтақавии вилоятӣ Роман Каратаев.

Ин қоидаҳои навро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия таҳия кардааст. Дар доираи он ташкилотҳои минтақаи Маскав, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ сару кор доранд, метавонанд мустақилона барои ҷалби коргарони хориҷӣ ба системаи иттилоотию таҳлилии “Пойгоҳи иттилоотии умумирусиягии ҷойҳои кории холии” Кор дар Русия ” муроҷиат кунанд.

Вазифаи назорат ва амалисозии ин қоидаҳои навро мақомоти Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав ва Вазорати рушди иҷтимоии Русия ба душ гирифтаанд.

Бино ба тасдиқи мақомоти Русия бинобар чораҳои маҳдудкунӣ дар соли 2020, дар ин кишвар норасоии қувваҳои кории хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба вуҷуд омадааст. Гуфта мешавад, ин кишвар танҳо барои кор дар соҳаи сохтмон ва соҳаи манзилию коммуналӣ дар минтақа тақрибан 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ниёз дорад.

Аввалин ваксинаи зидди COVID-19 ширкати “AstraZeneca” ба Тоҷикистон расид

0

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 8 марти соли равон аввалин бастаҳои ваксинаи зидди вируси COVID-19 ширкати “AstraZeneca” тариқи парвози махсуси “Сомон Эйр” аз Деҳлӣ ба Тоҷикистон расид.

Масъулини Вазорат гуфтаанд, интиқоли ваксина дар чорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 дар марҳилаи аввал дар ҳаҷми 192000 воя ваксина ба кишвар ворид карда шуд. Гуфта мешавад, бақияи ваксинаҳо марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Бояд гуфт, ки то ҳол Ҳукумати Тоҷикистон вақти ваксиназаниро эълон кардааст, аммо гузаронидани ваксина барои аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.

Бино ба гуфтаи қаблии масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузаронидани ваксина ихтиёрӣ буда, дар марҳилаи аввал гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ваксина гузаронида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ аз қавли Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ навишт, ки ваксинаи мазкурро дар ҷойҳои махсус нигоҳдорӣ мекунанд ва барои оғоз кардани эмкунӣ бояд қарори ҳукумат содир шавад.

Аммо дақиқ нест, ки Ҳукумат кай қарори худро дар ин бора содир мекунад.

Ваксинаи “Астразенека” маҳсули ширкати Британиягии Оксфорд буда, он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст. То ҳол аз он дар 61 давлати дунё истифода бурда мешавад.

Қарор аст Тоҷикистон дар доираи (COVAX) 730 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека”-ро ройгон ба даст биёрад, ки аллакай 192 ҳазори он ба кишвар расид.

Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳони Беҳдошт танҳо 20 дарсад ваксинаи заруриро ройгон гирифта метавонад, ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ боқимондаи ваксинаро бояд Тоҷикистон бихарад. Аз ҷумла ба гуфта вазири тандурустӣ, гуфтугӯҳо барои дарёфти ваксинаи русии “Спутник V” идома доранд. Ахиран мақомот Чин ҳам ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон пешниҳод карданд.

Башшор Асад бо ҳамсараш ба вируси корона мубтало шудаанд

0

Раисҷумҳури Сурия Башшор Асад ва ҳамсари ӯ Асма Асад ба бемории коронавирус мубтало шуданд. Дар ин бора дафтари расиҷумуҳур рӯзи душанбе дар саҳифаҳои иҷтимоии худ, хабар дода аст.

Бемории оилаи ҳоким дар ин кишвар ба вируси нав дар ҳоле, сурат гирифта, ки Вазорати тандурустӣ ахиран аз шумораи зиёди сироятҳо дар ин кишвар ҳушдор дод.

Дафтари раёсати ҷумҳурӣ изҳор дошта, ки Башшори 55-сола ва ҳамсари 45-солааш пас аз эҳсоси баъзе аз нишонаҳои ин беморӣ аз ташхис гузаштаанд. Дар ҳоли ҳозир саломатии онҳо мӯътадил гуфта мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки онҳо “кори худро дар давраи инзиво ё қарантина аз манзилашон иҷро хоҳанд кард ва он метавонад аз ду то се ҳафта идома идома ёбад”.

Дар охири моҳи гузашта, Димишқ пас аз гирифтани 5 ҳазор доз воксин ҳамчун хайрия аз “кишварҳои дӯст”, ба эмгузаронии кормандони тиб, ки дар хатти аввали муқобила бо эпидемия ҳастанд, оғоз кард.

Моҳи январи соли гузашта ҳукумати Сурия созишномаи пайвастан ба ташаббуси “COVAX” -ро тавассути Созмони ҷоҳонии Тандурустӣ ба имзо расонид.

Инчунин, сафорати Сурия дар Маскав моҳи гузашта эълом дошт, ки Сурия истифодаи ваксинаи “Спутник В” -и Русияро дар хоки худ иҷозат додааст. Ҳеҷ тарафе эълом накардааст, ки ваксинаҳо кай ба Димишқ хоҳанд расид.

Ташаббуси “COVAX” мекӯшад, ки ҳадди аққал 20% -и суриягиҳоро то охири соли равон бо воксин таъмин кунад. Аз оғози вабои нав, ҳукумати Сурия дар минтақаҳои зери назораташ аз 15981 сироятёфта хабар медиҳад, ки 1063 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Дар ҳоле, ки маъмурияти худмухтори курдҳо дар шимолу шарқи кишвар аз сирояти 8689 ва фавти 368 гуфтаанд. Минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳҳои дигар дар Идлиб ва атрофи он (шимолу ғарб), ки дар он ҷо садҳо урдугоҳи серодам ҷойгир аст, 21209 сироятёфта ва 623 фавтро ба қайд гирифтаанд.

Вазорати тандурустӣ дар ин кишвар тайи чунд рӯзи ахир сокинонро аз мавҷи нави сироят ҳушдор дода аз шаҳрвандон риояи дастурҳои зарурии пешгирикунандаро талаб карда аст. Муъоризони режим дар Сурия аз пинҳонкорӣ дар бораи шумораи воқеии сироятҳои корона аз тарфи режим мегӯянд.

Мардуми Сурия аз авҷи сирояти вабо дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо ҳарос доранд, чун бахши тиббии Сурия пас аз даҳ соли ҷанг дар кишвар дар ҳоли заъф қарор дорад ва наметавонад бар зидди ин пандемия муборизаи самаранок барад.

Инқилоб ё фитнаи КДАМ? Кабирӣ аз фитнаи навбатии КДАМ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳушдор дод

0

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ба як гурӯҳи шаҳрвандони ҷангҷӯи Афғонистон шаҳодатномаҳои Тоҷикистонро додаанд ва дар маслиҳат бо ин ниҳоди кишвар онҳо бояд ба сараҳади Тоҷикистон ҳуҷум кунанд. Дар ин бора раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дирӯз дар як мусоҳиба бо Паём ТВ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мустақим пахш мешуд хабар дод.

Кабирӣ иддао дорад, ки дар дасти онҳо аснод ва шиносномаҳо расида, ки ба шаҳрвандони Афғонистон шиносномаҳои тоҷикӣ додаанд ва нусхаҳои ҳардуи аз ин шиносномаҳоро доранд. Кабирӣ мегӯяд ин кор ба он хотир будааст, ки пас аз ҳуҷуми ин гурӯҳ ба марз, масъулиятро бар души ҲНИТ ва ҷангҷӯёнро аъзои ин ҳизб маррифӣ кунанд. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки бо чунин роҳ мехоҳанд вазъиятро низомӣ кунанд ва роҳи муборизонро, ки вақтҳои ахир бештар фаъол шудаанд, бигиранд.

Ин гуфтаҳои Кабирӣ дар пайи он садо медиҳад, ки чанд вақтест дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъватҳо барои инқилоб дар рӯзи 21 март садо медиҳад. Даъваткунандагони ин иқдом худро ошкор намекунанд, аммо Кабирӣ инро фитнаи навабтии мақомоти амниятии кишвар номид.

Ба боварии ин раҳбари яке гурӯҳҳои мухолиф, ҳеҷ кадом аз гурӯҳҳои сиёсӣ масъулитяи эълони инқилобро ба уҳда нагирфита ва ҳувияти эълонкунандагон маълум нест.

Ба гуфти ӯ, дар сурати баромадани мардум ба кӯчаҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор саркуб хоҳанд шуд ва бо ҳамин шакл суръати муборизаро барои чанд муддат ба таъхир меандозанд.

Дар ҳамин ҳол Радио Озодӣ ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки мақомоти ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин, барои кумак дар тақвияти посбонии сарҳад ба мардум ва шикорчиён муроҷиат кардаанд. Ин ноҳияро рӯди пуртуғёни Панҷ аз ноҳияи Хоҳони Афғонистон ҷудо мекунад. Озодӣ навишта, ки мақомоти тоҷик бо сарбозони эҳтиётӣ ва сайёдоне, ки дар деҳоти наздик ба марз зиндагӣ мекунанд, суҳбату машварат анҷом медиҳанд.

Мақомот дар ин ноҳия ва дигар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон мегӯянд, дар сурати таҳдид аз он сӯйи марз ба онҳо силоҳ медиҳанд, то ватанро аз душман ҳифз кунанд.

Гуфта мешвад, ин иқдоми мақомот дар натиҷаи ҳамлаҳои пайиҳами ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳҳои дигари тундрав ба минтақаҳои марзии Афғонистон гирифта шудааст.

Пештар хабарҳо расида буд, ки Толибон ба як посгоҳи сарбозони афғон ҳамла карда, кушта шудаанд. Дар байнашон, ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, ду ҷангҷӯи тоҷик ҳам будааст. Аммо Толибон пайваста таъкид карда, ки аҳдофаш фаротар аз хоки Афғонистон нахоҳад буд.

Муҳиддин Кабирӣ ҳамзамон гуфт, ки тавофуқи мақомоти Тоҷикистон бо гурӯҳҳои ҷангии афғонӣ дар пайи мусодираи тиллову долларҳои афғонӣ ба даст омадааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи Душанбе як гурӯҳи иборат аз 7 нафарро ҳангоми кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар ба Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт карданд.

Дертар шабакаи телевизионии Афғонистон 1 бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод, ки тилло ва миллионҳо доллари дар Тоҷикистон мусодирашуда ба Муҳаммад Мирзо Катавозай муовини раиси парлумони Афғонитон рабт доранд ва ӯ ҳоло “тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ин ҳодиса ба таври васеъ паҳн нашавад.”

Худи мансабдори афғонистонӣ ин иттиҳомро рад кард, аммо ахиран ӯ ба Тоҷикистон омад ва тибқи гузориши манобеъи ғайрирасмии “Азия-Плюс” баъд аз баргаштани ҳайати кории афғонӣ, Катавозай дар Тоҷикистон монд.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Зафар Муҳаммадиев мегӯяд, ин тиллову маблағҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон расмӣ ворид шуда буданд. Аммо тасмими боздшт ва муаррифии ин миқдор тиллову доллар ҳамчун қочоқ дар Душанбе гирфита шуда аст. Ин масъули баландпояи гумурук ба нишони бехабрӣ аз моҷаро гуфта, ки шояд дар душанбе маълумтхои дигар дошта бошанд.

Коршиносон тахмин мезананд, ки дар ин қочоқ пойи кадом мақоми баландпояи кишвари Афғонистон дар васат аст.

Дар ин авохир Саймумин Ятимов раиси КДАМ ду маротиба ба Афғонистон рафт ва хабари ин сафари Ятимовро дар Тоҷкистон расонаӣ накарданд. Дар бораи сафари Ятимов танҳо расонаҳои Афғонистон хабар доданд ва дертар масъулони афғон аз вуҷуди низомиёни ҲНИТ дар Афғонистон гуфтанд. Мухолифон ҳамаи инро як мубодилае медонанд, ки бар асари боздошти амволи мансабдорони афғон ба вуҷуд омадааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз дохили Афғонистон бидуни бурдани номаш ба “Аздо тв” гуфт, ки ба 100 нафар шаҳрвандони Афғонистон шиносномаҳои тоҷикӣ дода мехоҳанд тавассути марз ба Тоҷикистон ва ҳатто чанде аз гурӯҳи дигареро ба Аврупо бифиристанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин корҳо тавассути мақомдорони баландпояи сохторҳои қудратии тоҷик сурат мегирад. Манбаи мо ҳатто номи ин масъулро ба “Аздо тв” гуфт, вале баъд аз тасдиқ шудани хабар мо онро нашр хоҳем кард.

Бурду бохти паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудои “Tashkent Grand Slam 2021”

0

Танҳо 2 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021” натиҷаи беҳтар нишон доданд. Дар ин мусобиқа Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кг ҷойҳои панҷумро соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки “Tashkent Grand Slam 2021” рӯзҳои 5-7-уми март дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и пойтахти Узбекистон баргузор гардид.

Дар рӯзи 7-уми март шаш паҳлавони тоҷик дар вазнҳои сангин қувваозмоӣ карданд. Яке аз ин паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов дар ин мусобиқа аз даври дувум шуруъ намуда, дар даври дуюм ва сеюм Ричард Сипотс (Маҷористон) ва Адам Окруашвилиро (Гурҷистон) мағлуб намуд. Аммо дар чорякфинал аз Кокоро Кагеура (Ҷопон) шикаст хӯрд.

Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Мартти Пуумалаиненро аз Финляндия мағлуб кард. Темури 23-сола барои ҷойи севум ва дарёфти медали биринҷӣ бо Эрик Абрамови 21-сола аз Олмон вориди рақобат шуд. Паҳлавони ҷавони олмонӣ дар давоми 3 дақиқаю 02 сония ду “ваза-ари” ба даст овард ва бо баҳогузории “иппон” ғолиб гашт.

Комроншоҳи Устопириён низ дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври 2-юм Лорензо Риганоро (Италия) шикаст дода, даври баъдӣ худаш аз Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб шуд.

Чор варзишгари дигари тоҷик, ки дар вазнҳои сангин баромад мекарданд, дар даври аввал аз ҳарифони худ шикаст хурданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021”, ки 5-уми март доир шуд, чор варзишгари тоҷик ширкат варзиданд.

Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кг аз даври дувум шуруъ намуда, дар ҳарду давр ҳарифони худро аз Булғористон ва Беларус шикаст дод.  Дар даври баъдӣ Шаҳбоз  аз Каромат Ҳусейнов (Озарбойҷон) мағлуб гашта, дар даври тасаллобахш бар Ҷаба Папинашвили (Гурҷистон) ғолиб омад.

Шаҳбоз барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо Комрон Нуриллоев аз Узбекистон рақобат намуда, ӯ се “шидо” гирифт ва мағлуб шуд.

Дар рӯзи 5-уми март се паҳлавони дигари тоҷик аз ҳарифони аввали худ шикаст хурданд.

Сомон Маҳмадбеков (чемпиони ҷаҳон-2019) дар вазни то 73 кило рӯзи дуюм яъне 6-уми март дар ин мусобиқа ширкат варзид. Ӯ даври аввал озод буд, дар даври дувум аз паҳлавони рус Евгений Прокопчук шикаст хӯрд.

Варзишгари дигари тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни то 81 кило ду ҳарифи худ аз Гурҷистон ва Руминияро шикаст дода, дар даври баъдӣ аз қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2015 Таканори Нагасеи Ҷопонӣ шикаст хурд .

Паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар ҳамин вазн дар даври аввал аз Дидор Ҳамза (Қазоқистон) шикаст хӯрд.

Дар сабқати занон ягона намояндаи Тоҷикистон – Шоҳида Қаландарова- дар вазни то 63 кило, ки рақобатро аз даври дувум шуруъ кард, аз Ҳи Ҷу Ҳан (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021” 14 варзишгар (13 мард ва як зан) ба Узбекистон рафта буданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 497 варзишгар (296 мард ва 201 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқа ба ҷуз аз медал соҳиби холҳои олимпӣ шуда, ба беҳтаринҳо ҷоизапулӣ дода шуд. Барои ҷойи якум дар ҳар вазн 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда шуд.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021” дастаи Ҷопон бо ба даст овардани 9 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Узбекистон, ки мизбони мусобиқа буд бо касби 2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ дар мақоми шашум ва Тоҷикистон бо ду ҷойи панҷум дар байни 71 кишвар дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.

Деворҳоро бо “сементблок” чинед, ки Президент меояд

0

Як манбаъ, аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ки чанд рӯз боз намояндагони КДАМ-и шаҳр ҳамроҳи раисони ҷамоатҳо, нозирони минтақавӣ, раисони маҳаллаҳо ва боз чанд ниҳоди дигар дар кӯчаҳои марказии шаҳр ва деҳаҳои гирду атроф гашта мардумро маҷбур доранд, ки хонаҳояшонро рангу бор кунанд, ки Президент ба ҳамон кӯчаҳо гузар мекунад.

Ин сокин гуфт, “агар аз боло салла биёред гӯянд ин раисони мо калла мебаранд, яъне ҳамаро маҷбур доранд деворҳое, ки ба роҳи асосӣ қарибанд бо хиштҳои сементӣ онҳоро бисозанд. Ва шакли беруни хонаҳоро рангу бор кунанд. Ҳоло як хишти сементӣ 3,5 сомонӣ ва аз он ҳам гаронтар аст, барои дарозии 15-20 метр деворро бо чунин хишт сохтан пули зиёд лозим аст. Мо ин маблағро надорем, вале масъулин маҷбур доранд. Чи илоҷ мо ҳам маҷбурем қарз гирему деворҳои хиштӣ бисозем”.

Ба қавли ин мусоҳиби мо, агар солҳои пештар пеш аз омадани Президент амр мекарданд, ки фақат деворҳоро ранг кунанду алафҳои гирду атрофро тоза кунанд, вале имсол маҷбур доранд ҳама куча бо як навъи хишт ва бо як шакл сохта шавад, ки ҳама ин қудратро надоранд.

Дар Тоҷикистон ҳангоми сафари раисҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳо, талаби рангу бор кардани хона ва деворҳои сари роҳ аз ҷониби мақомот ба ҳукми анъана даромадааст.

Мақомот талош мекунанд, чунин ҷилва бидиҳанд, ки ҳама хуб аст, хонаҳои мардум ҳам тозаю обод аст. Як раис ва масъули шаҳру ноҳия бо ин кораш ба раисҷумҳур нишон доданӣ мешавад, ки дар замони раисияш корҳои зиёде кардааст.

Борҳост, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешвозгирии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби расиони шаҳру ноҳияҳо доғ мешавад ва дар ҷомеа баҳсое гармеро ба вуҷуд меорад.

Мусобиқаи раисони ноҳияҳо то ҷое расида буд, ки дар ҳавои сард духтаронро бо либосҳои атласи тунук ва ҳатто кӯдакони хурдсолро бароварда буданд, ки корбарон ва фаъолони ҷомеа аз ин кор интиқоди шадид карданд. Ҳатто худи Раҳмон боре гуфт, ки масъулон аз ин пешвозгириҳои дабдабанок даст кашанд. Аммо то ҳанӯз ин кор идома дорад.

Огаҳони умур бар ин назаранд, ки худи Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ин корҳо огоҳ аст, аммо чаро пеши роҳи ин дардисарҳо гирифта намешавад, суолест бе посух.

“Фароз” ва эъзоми нерӯҳои изофии Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон

0

Давлати Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз идомаи дуздии маводди сӯхт ба манотиқи сарҳадии худ бо Тоҷикистон нерӯи изофии ҳарбӣ ва мошинҳои ҷангӣ ҷойгир кардааст.

Сарвазири Қирғизистон бо имзои як қарор аз 3 марти соли ҷорӣ содироти маводди сӯхт аз қаламрави ин кишварро манъ кард.

Истиқрори нерӯи низомии иловагӣ ва манъи содироти соляркаву бензин аз Қирғизистон дар арафаи сафари раисҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар ба Тоҷикистон, ки интизор меравад дар нимаи аввали моҳи равон сурат бигирад, ба вуқӯъ мепайвандад.

Мусалламан қарори манъи содироти фаровардаҳои нафтӣ аз Қирғизистон ба ҳеҷ кишвари дигаре не, балки маҳз ба Тоҷикистон нигаронида шудааст. Зеро Узбакистон ва Қазоқистон муҳтоҷ нестанд, ниёз надоранд. Аммо авзоъ дар Қирғизистон ба ҳадде ташвишовар шудааст, ки ҳукуматаш қарори хос иттихоз мекунад ва ночор мешавад нерӯҳои мусаллаҳи иловагӣ ва муҷаҳҳаз бо танку БТР-у БМП ворид кунад?

Ҳаҷму миқдори дуздӣ, ҳамон қочоқе, ки гуфта мешавад, хеле нигаронкунанда аст?

Тибқи иттиллои расмӣ Қирғизистон баъд аз Русия ва Қазоқистон саввумин кишвари дастраскунандаи маводди сӯхт ба Тоҷикистон ба ҳисоб рафта ва барои мисол дар соли гузаштаи 2020 ба миқдори “11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст”.

Хабаргузориии русии “Спутник” навиштааст, ки “Ин ҳам омори расмӣ аст, аммо дар асл бештарин маводи нафтии Қирғизистон ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ содирот мешавад. Ин маводи нафтиро Қирғизистон аз Русия ба даст меорад. Аммо дар ин тиҷорати ғайриқонунӣ чӣ қадар маблағ гардиш мекунад, омори расмӣ хомӯш аст”.

Омори расмӣ дар бораи воридоти маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ на қайд мешавад ва на эълон. Зеро қочоқбари калон ва асосӣ ширкати “Фароз” –и Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки қирғизҳо ба ҳадде аз дуздиҳои ин домоди Эмомалӣ Раҳмон ба танг омаданд, ки ҳам содироти фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистонро манъ карданд, ҳам дар сарҳад қувваҳои иловагӣ ворид карданд.

“Фароз” дар замони роҳбарияти пешини Қирғизистон, бахусус Алмосбек Отамбоев ва қабл аз он хеле ҳам осону роҳат соляркаву бензин ва газро аз ин ҷумҳурӣ қочоқӣ вориди Тоҷикистон мекард. “Фароз” бар замми хариди ғайримуҷози соляркаву газу бензин аз Қирғизистон аз пардохти боҷу молиёти онҳо маоф буд ва пӯшида набояд бошад, ки ин ҳама амалиёти тиҷорати ғайриқонунӣ дар зери назорат ва мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирифт. Аз тамоми ҷараёни тақаллуб ва тахаллуфи  тиҷоратҳои “Фароз” Эмомалӣ Раҳмон огоҳ мебошад.

Аз ин ҷиҳат бо итминон метавон тазаккур дод, ки маҳз ҳамин ширкат ва тиҷоратҳои олуда бо қочоқи ӯ аст ки Тоҷикистон номи дуздро мегирад ва дузд муаррифӣ мешавад.

Албатта, дар қатори “Фароз” бархе дигар аз гурӯҳҳо ва ҳатто ашхоси алоҳида аз  Қирғизистон маводи сӯхт ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Вале дузди асосӣ ва зӯр “Фароз” аст, ки дар пушти худ ҳимоят ва дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дорад. Ин ба он маъно аст ки Раҳмон ва домоди ӯ ба хотири дарёфти маблағ ва пули муфт бозори дохилии кишвари ҳамсояро ба ғорат бурда ночор мекунанд, ки даст ба чораҳои қатъӣ ва ғайридӯстона (эъзоми неруҳои иловагӣ ба сарҳадот) бизанад.

Вақте ҳукумати як кишвар эълон мекунад, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи кишвари ҳамсоя-яъне дуздону дуздӣ маҷбур шудааст, ки аз қувваи ҳарбӣ истифода кунад, инро наметавон ва набояд сода гирифт. Қирғизҳо неруҳои сарҳадбон доранд ва рисолати онҳост, ки марзҳояшонро бонӣ кунанд. Вале масоҳат ва миқёсии дуздии ҷониби Тоҷикистон ба андозае зиёд шудааст, ки артишро ҳам басиҷ кунанд. Ва, бидуни шубҳа, дар сурати боз ҳам идома кардани он –дуздиву қочоқи маҳсулот аз кишварашон онҳо аз силоҳ ва мошинҳои ҷангӣ истифода хоҳанд кард. Ҳамин аст ки қазияро саҳлу сода набояд пиндошт.

Чунки агар қочоқбар ва дуздҳои маҳсулоти Қирғизистон одамони одӣ буданд ва ё одамони одӣ ҳаҷми асосии қочоқро ташкил мекарданд, кайҳо дар ҳамон худи марз дастгир ва хунсо мешуданд. Неруҳои сарҳадии ҳарду кишвар бар алайҳи онҳо дастбакор мешуданд. Аммо аз он сабаб, ки дузду қочоқбар “покровител”-и зӯртаринро дорад, қирғизҳо илоҷе наёфтанд, ба ҷуз аз сахт кардани назорати марз ва қабули қарори хос.

Ҳоло, ки дуздро шинохтем, бояд ба ин масъала ҳам посух бидиҳем, ки сабаби дуздӣ чӣ аст? Чаро медуздад? Чаро қирғизҳо намедузданду мо медуздем?

Шароити Қирғизистон ва Тоҷикистон дар мавриди таъминот бо нафт ва фаровардаҳои нафтӣ яксон ва шабеҳ аст. Онҳо ҳам захоир ва чоҳҳои нафти худӣ надоранд. Вале азбаски маводди сӯхти онҳо арзон ба даст меояд ва ё инки арзон дастрас мешавад, мо тоҷикҳо яъне “Фароз” онро медуздем. Бале, дар ҳақиқат, мо, яъне ҳамин “Фароз” медуздад. Ва, ҳоло, ки баҳо ва қимати фаровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистон ба таври зиёновар боло рафт, махсусан дар айёми киштукор боло рафтани маводи дизелӣ, боз ҳам халқ азоб мекашад.

Инро ҳам бояд таъкид кард, ки на танҳо маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон гарон шуд. Нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла равғани рустанӣ ва шакару маводи қаннодӣ, макарон, гӯши парранда ва моҳӣ низ дар ду ҳафтаи ахир то 15-20% афзоиш пайдо кардааст.

Хабарҳои расида аз Тоҷикистон аз он ҳикоят мекунад, ки тамоми навъи маҳсулоте, ки аз Қирғизистон таври расмӣ ва умдатан ғайрирасмӣ ба Тоҷикистон ворид карда мешуд, баъди ин қарор ва овардани неруҳои иловагӣ дар марз боло рафтааст. Ва, инро ҳам бояд тазаккур дод, ки дар канори “Фароз” ширкати “Tajero”, ки он ба домоди дигари Эмомалӣ Раҳмонов Зарифбек Давлатов тааллуқ дорад воридоти қочоқии шакар ва анвои дигар маҳсулоти қаннодӣ ба шумули шоколаду конфетҳои гуногун ва мурғу моҳии тавлидоти русиро тавассути Қирғизистон анҷом медод.

Тибқи иттиллои расида ҳоло баҳои 50 кг шакари русӣ дар Тоҷикистон аз 390-400 сомонии ду ҳафта пеш ба 450-480 сомонӣ боло рафтааст.

Дар қарори манъи содироти маводи нафтӣ, ки сарвазири Қирғизистон имзо кард, таъкид шудааст, ки ба кишварҳои хориҷ аз қаламрави ЕврАзес-Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё реэкспорти он мамнуъ аст. Феълан танҳо Тоҷикистон аз шумори ҳамсояҳои Қирғизистон аст ки шомили ин Иттиҳод нашудааст. Дар асл иллати арзонии маҳсулоти нафтӣ ва маҳсулоти дигар ва бавижа маҳсулоти тавлидоти русӣ дар Қирғизистон ҳам узвияти ин кишвар ба ИИАО аст.

Наметавонем бо итминон бигӯем, ки дар паси ҳардуи ин тасмими давлати Қирғизистон: -манъи содироти маводди сухт ва афзоиши иқтидори ҷангӣ дар марз бо Тоҷикистон Русия меистад. Вале вуҷуди чунин эҳтимолро ҳам наметавон рад кард, чунки раисҷумҳурии ҷадиди Қирғизистон аввалин сафари хориҷии худро аз Русия оғоз кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ЕврАзес ҳамчун “проекти Путин” шинохта ва дониста мешавад. Ва, Русия на як бору ду бор аз Тоҷикистон хост, ки вориди ин Иттиҳодия бишавад. Дар бораи зарару фоидаи вуруди Тоҷикистон ба ин Иттиҳод инҷо чизе намегӯем. Вале таъкиди танҳо яке ду нукта, масалан инки лашкари беш аз 2 миллионии муҳоҷирони кории тоҷик аз патентпулӣ озод мешаванд, ки ҳудуди 2 миллиард доллари дигарро ба ҷайби онҳо ва ҳамин тавр бюҷети Тоҷикистон илова мекунад ва дигар ҳам инки мо низ чун қирғизҳо ба фаровардаҳои нафтии арзони Русия, ки хуни иқтисодиёт дониста мешавад дастрасӣ пайдо мекунем.

Афзун бар ин қирғизҳо моро қочоқбар ва дузд намеҳисобанд ва зарурате бар эъзоми неруҳои иловагӣ дар марз боқӣ нахоҳад монд. “Фароз” ҳам бояд биандешад, ки ному номуси миллатро вориди манофеи тиҷоратӣ накунад. Зеро то онҷо, ки маълумот мерасад Тоҷикистон низ дар имтидоди сарҳадоти худ бо Қирғизистон дар самти Исфара афсару сарбоз ва техникаи ҳарбӣ оварда истодааст.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.