15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 624

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА як зина боло рафт

0

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) имсол рейтинги нави тимҳои миллиро нашр кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1144 хол дар ҷои 120-ум қарор дорад. Дар ин бора ФФТ хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Урдун дар Дубай 2 бозии дӯстона анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бозии навбатии худро бо дастаи Муғулистон дар тури ҳафтуми даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи F анҷом медиҳад. Вохӯрӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии моҳи декабри соли гузашта бо доштани 1143 хол дар ҷойи 121-ум қарор дошт. Метавон гуфт, ки тими футболи Тоҷикистон дар раддабандии нав 1 зина боло рафтааст.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Осиё мақоми 22-юмро ишғол мекунад. Дар Осиё зинаи аввалро бо 1502 хол тими Ҷопон (зинаи 27-ум дар ҷаҳон), мақоми дуюмро бо касби 1496 имтиёз дастаи Эрон (29-ум дар ҷаҳон) ва ҷойи сеюмро Кореяи Ҷанубӣ бо 1465 хол (38-ум дар ҷаҳон) касб кардаанд.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи аввал, дар Осиё – ҷойи 12-ум ва дар ҷаҳон дар мақоми 85-ум ҷойгир шудааст.

Дар ҷаҳон бошад дар мақомҳои якум ва дуюм Белгия ва Фаронса бо доштани 1780 ва 1755 хол ҷойгиранд

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Дар таърихи рейтинги ФИФА танҳо 8 дастаи миллӣ дар ҷойи аввал қарор доштаанд, ки аз онҳо 6 тимаш аз Аврупо – Олмон, Италия, Фаронса, Испания, Нидерланд, Белгия ва 2 тими дигар аз Амрикои Ҷанубӣ – Бразилия ва Аргентина мебошанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи вуҷуд доштани рейтинги ФИФА бореҳам ба рӯйхати 100-гона дохил нашудааст. Натиҷаи беҳтарини он дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Давом як сол дар Тоҷикистон 271 нафар бо иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд

0

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода имрӯз 19 феврал зимни нишасти матбутии ниҳодаш гуфт, ки соли гузашта 271 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи Раҳимзода аз байни боздоштшудаҳо аз ҳама зиёд пайравони ҷамоати “Ихвон – ул – муслимин” (Бародарони мусалмон) будаанд, ки ададашонро 148 нафар гуфт.

Ҳамчунин тибқи гуфтаи вазир, 39 нафар аз аъзоёни ДОИШ, 17 нафар ҲНИТ, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ” 3 нафар “Ал-Қоида” 2 нафар “Ҳизб -ут- таҳрир” боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки аксари ҳизбу созмонҳои мамнӯъ эълоншуда худро террорист намедонанд. Аз ҷумла ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24”-ро кишварҳои дигар ҳамчун террорист эътироф накардаанд. Ва онҳое, ки аз дигар кишварҳо боздошт мешаванд ба хотири дар пайгарди “Интерпол” қарор доштанашон аст.

Рамазон Раҳимзода ба чанд суоли дигаре, ки вобаста ба боздоштҳои пурсарусадо буд, посухҳои кӯтоҳ дод. Аз ҷумла ӯ дар мавриди Донаёр Набиеви 80-сола пурсида шуд, вазир гуфт, ӯ шиканҷа нашудааст ва боздошташ тибқи қонун будааст ва баёнияи Прокуратураи генералиро дар мавриди қазияи бобои Дона таъйид кард.

Раҳимзода ҳамчунин дар мавриди боздошт ва шиканҷа шудани Маҳмурод Одинаев ишора карда боздошти ӯро низ қонунӣ хонд. Ба гуфтаи ӯ, муовини ҲСДТ ҷиноят кардааст ва набояд пинҳон мешуд, аммо шиканҷа шудани ӯро рад кард ва гуфт, ки вақте Одинаев пинҳон шуд, худаш худашро аллакай шиканҷа карда буд.

Ин дар ҳолест, ки боздошти бобои Донаи 80-сола ва Маҳмурод Одинаевро созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷомеа маҳкум карданд. Фаъолон мепурсанд, ки агар боздошти пирамрди 80-сола тибқи қонун сурат гирифта бошад, пас чаро муҳокимаи паси дарҳои баста доир гашт. Мебоист муҳокимаи ӯро бо ҳузури рӯзноманигорон ва созмонҳои ҳуқуқӣ доир мекарданд.

Муноқиша байни блогерони тоҷик ба хушунат анҷомид

0

Дар Олмон муноқишаи блогерони тоҷик ба хушунат ва истифода аз силоҳи осебзо ё тапончаи газӣ анҷом ёфт. Дар ин бора блогер бо лақаби “Boroda TJ” дар канали ютубиаш хабар дод.

Ӯ дар наворе, ки дирӯз нашр кард ва дертар онро пок намуд, даъво кард, ки Сулаймони Орзу ҳамроҳ бо чанд ҷавони тоҷики дигар бо ӯ муноқиша намуда, аз пушт ба гарданаш аз силоҳи осебзо тир холӣ кардаанд.

Фейкҳои фабрикаи ҷавоб низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр карданд, ки дар он рафти муноқишаи ҷавонони тоҷик тасвир ёфтааст. Дар ин навор Сулаймони Орзу писари Муҳаммадкарими Орзу – узви аршади ҲНИТ ва блогери дигар бо тахаллуси Абдураҳмон 09, инчунин блогер бо тахаллуси “Boroda TJ” ва боз чанд ҷавони дигар дида мешаванд.

Сулаймон дар ин навор мегӯяд, “шумо ба гӯлуи ман корд мондед”, низ садои дигаре шунида мешавад, ки мегӯяд, “ба пояш парон барои истифода аз тапончаи газӣ иҷозат дорем”.

Муноқиша аз онҷо сар зада, ки блогери 35-сола бо тахаллуси “Boroda TJ”, ки номи аслияш Музаффар Давлатов аст, дар наворе иддао мекунад Сулаймони Орзу нисбати ӯ таҳқиру бадгӯӣ кардааст ва ӯ барои ҳалли ихтилофоташон Сулаймонро ба вохурӣ ё “разборка” даъват карда ҳузури ҳатмии ӯро низ шарт мегузорад.

Блогер Музаффар Давлатов дар он навор мегӯяд, ки Сулаймони Орзу ӯро дурӯғгӯ ва дурӯя номида, ҳамчунин чанд таҳқири дигарро низ нисбаташ раво дидааст. Аз гуфтаҳои ин блогер чунин бармеояд, ки Сулаймон ӯро пас аз бозгашташ аз Тоҷикисон ба дуруғгӯӣ муттаҳам намуда, ки аз шароити бади кишвар бардурӯғ таърифу тавсиф карда.

Дар ҳамин навор ин блогери тоҷики муқими Аврупо мегӯяд, ки намехост ба сиёсат ва корҳои мухолифон дахолат кунад, аммо суханони Сулаймон ӯро маҷбур карда навори ҷавобӣ сабт кунад.

Дар ин навораш ӯ дар умум мухолифони табъидиро “хоинони миллат” ном мебарад ва пас аз таҳқирҳои зиёди мухолифон аз Сулаймон мехоҳад бо ӯ вохӯрад.

Дертар ин наворро аз канали ютубияш пок кард. Пас аз муноқишае, ки байни ин блогерон сурат гирифт, Музаффар Давлатов аз бинандагонаш пузиш хост ва гуфт, он суханҳоро дар ҳаққи мухолифон аз сари қаҳру ғазаб гуфта манзураш танҳо Сулаймон ва нафарони атрофи ӯ буд на аъзоёни ҲНИТ ва ҳамаи мухолифон.

Дар пайи ин муноқиша як торнамои Олмонӣ “soester-anzeiger.de” дар ин бора навишта, ки шаби чоршанбе (17 феврал) дар шаҳри Соест назди як филиали бонки “Sparkasse” чанд нафар занозанӣ кардаанд. Як нафар аз силоҳи осебзо (травматикӣ) захмӣ шуд ва полис гумонбаронро, ки дар роҳи мошингард мегурехтанд, боздошт кард. Полис ҳоло тафсилоти муноқишаро таҳқиқ мекунад.

Бино ба иттилои ин торнамо, полисро дар бораи ин ҳодиса соати 1:41 дақиқаи шаби чоршанбе хабар додаанд, ки дар минтақаи Спаркассе байни ҳашт мард муноқиша ба вуҷуд омадааст.

Дар хабари ин торнамои оломонӣ гуфта шуда, аз 8 нафаре, ки дар ин занозанӣ ширкат доштанд, танҳо яке аз онҳо сокини шаҳри Соест будааст ва 7 нафари дигари онҳо аз шаҳрҳои Бергкамен, Кирспе, Гуммерсбах, Дюсселдорф ва дигар шаҳрҳои вилояти Рейн-Вестфалияи Шимолӣ омадаанд.

Ин расона гузориш медиҳад, ки як гумонбари 31 сола ба ҷониби сокини 35 солаи Соест бо туфанги холӣ тир холӣ кардааст, ки дар натиҷаи он каме осеб дидааст. Полис мегӯяд, ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Барои шарҳи ин қазия “Аздо тв” аз блогер Музаффар Давлатов (Boroda TJ) назар пӯрсид ӯ аз он, ки ҳолаташ хуб нест нахост дар ин бора сӯҳбат кунад, танҳо гуфт, ки кори полис ҳоло идома дорад ва мунтазири қарори додгоҳ мебошад.

Аз иштирокчиёни тарафи дигар блогер бо тахаллуси “Абдураҳмон 09” розӣ шуд то тафсилотро дар ин бора шарҳ бидиҳад.

Абдураҳмон дар сӯҳбат ба “Аздо тв” бар хилофи даъвоҳои блогер Музаффар Давлатов қазияро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар муноқишаи шабона Музаффар Давлатов танҳо набуд, (чуноне, ки ӯ мегӯяд танҳо ба берун баромадааст), балки се нафари дигарро низ ҳамроҳ дошт ва баъзеи онҳо бо худ корд низ доштаанд.

“Аздо тв” барои шарҳи бештари қазия бо пулиси Соест ва Дортмунд тамос гирфит, аммо масъули ин парванда дар пулиси Дортмунд ҷаноби Грегор Шмитз дар як паёми катбӣ ба “Аздо тв” гуфт, ки таҳқиқот тавасути пулиси Дортмунд дар ҳоли анҷом аст, аммо додситонии Арнсберги Олмон масулияти ин парвандаро ба душ дорад ва суолҳоятонро ба додситони Арнсберг фиристед.

“Аздо тв” ба шакли катбӣ низ ба додситони Арнсберг муроҷиат кард ва дар ҳоли дастрас шудани посухи расмӣ онро нашр хоҳем кард.

Дар қазияи қочоқи 90 кило тилло кормандони гумрук ҳам даст доштаанд

0

Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар талоши қочоқи 90 кило тилло ва садҳо ҳазор пул даст доштаанд. Дар ин бора намояндаи Хадамоти гумрук имрӯз 18-уми феврал зимни нишасти матботӣ хабар дод.  

Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар ин нишаст гуфт, дар доираи парвандаи талоши қочоқи тилло ва пул ба хориҷа се кормандашон боздошт шудааст.

Ба иттилои хабарҳо кормандони ин ниҳод боз чор шаҳрванди дигар аз сӯи Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 15 ноябри соли 2020 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуда, алайҳашон тафтишот идома дорад.

Қаблан Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, зимни ҳисоботи ахираш ба Маҷлиси миллӣ, ки раҳбарияшро Рустами Эмомалӣ писари раисҷумҳури кишвар ба уҳда дорад, боздошти гурӯҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тиллою садҳо ҳазор фунт стерлингро тасдиқ кард.

“Аз онҳо 89 килою 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта, мусодира гардид”.

Ҳамчунин Юсуф Раҳмон гуфта буд, ки маблағи умумӣ зиёда аз 10 миллион долларро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон ин тиллову пулҳо аз Афғонистон ба Душанбе қочоқ шуда буданд ва бояд ба Дубай бурда мешуданд.

Мулоқоти дабири кулли СПАД бо Эмомалӣ Раҳмон, чӣ масъалаҳо баррасӣ шуд?

0

Бино ба иттилои маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз 18 феврал Президент Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, дидору гуфтугӯ намуданд.

Дар рафти мулоқот, масъалаи татбиқи афзалиятҳои ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир дар давраи раисии Тоҷикистон дар СПАД дар соли 2021 баррасӣ шудааст.

Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳоро дар доираи СААД барои мубориза бо ифротгароӣ ва тамоюлҳои паҳншавии ғояҳои радикалии харобиовар дар минтақаи масъулияти Созмон, инчунин мубориза бо киберҷиноятҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии истифодаи технологияи иттилоотӣ –  коммуникатсиониро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

“Дар ин баробар муҳимияти пурзӯр намудани корҳо ҷиҳати татбиқи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати тадбирҳои иловагӣ оид ба паст кардани ташаннуҷ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” барои таҳияи масъалаи қабули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳое, ки дар сиғаи СААД террористӣ шинохта шудааст, таъкид гардид”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар мулоқот мураккабшудани вазъи Афғонистон, инчунин ба тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас дирӯз 17 феврал бо Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон, Насрулло Маҳмудзода дар Душанбе мулоқот намуда буд. Онҳо низ баргузории нишасти Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти СПАД дар Тоҷикистонро барои баҳори имсол баррасӣ карданд.

“ТАЛКО” бузургтарин қарздор аз ширкати “Барқи тоҷик”

0

Бино ба гуфтаи раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода, ширкати алюминии тоҷик “Талко” аз ширкати “Барқи тоҷик” 390 миллион сомонӣ қарздор будааст.

Дирӯз 17 феврал раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти хабарӣ ба хибарнигорон гуфт, ки ширкати “Талко” дар байни ширкатҳои қарздор аз ҳама бештар аз барқ қарздор аст.

Ҳамчунин ин масъул ба қарзи аҳолӣ ишора намуда гуфт, ки қарзи аҳолӣ то 1-уми январи соли 2021 аз ширкати “Барқи тоҷик” як миллиарду 342 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин қарзи дебитории қувваи барқ 3,1 миллиард сомонӣ шудааст.

Бино ба навиштаи “Asia-Plus”, ин масъули “Барқи тоҷик” гуфта, ки соли равон наздик ба 1,5 миллиард кВт/с камтар ба хориҷи кишвар нерӯи барқ содир кардаанд.

“Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ширкати “Барқи Тоҷик” 15 млрд, 248,4 млн кВТ/соатро ташкил дод, ки ин назар ба соли гузашта 215,6 млн. кВт/с кам мебошад. Сабаби ин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам гардидани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани ҳаҷми пешбинишудаи содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар мебошад”, – гуфт Исмоилзода.

Дар умум, соли 2020 “Барқи тоҷик” дар бозори дохилӣ ба маблағи 3 млрд, 414,1 млн. сомонӣ неруи барқ фӯрухтааст, ки назар ба соли 2019 388,7 млн сомонӣ зиёд аст.

Посухи Прокуратураи генералӣ: М.Одинаев тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст

0

Имрӯз 18 феврал Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон – иттиҳоди мухолифини тоҷики хориҷ аз кишвар, дар робита ба ҳукми зиндонӣ шудани Маҳмурод Одинаев посух дод.

Прокуратураи генералӣ навишта, ки баъд аз изҳороти ПМТ қазияи Муҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ-ро такроран мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.

“Муайян карда шуд, ки бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 28 январи соли 2021 Одинаев М. бо моддаҳои 237 қисми 2 бандҳои “б, в”, 307 қисми 2 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва писараш Ризоев Ҳабибулло бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои “б, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба Одинаев М. ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият дар самти ҳуқуқшиносӣ ба муҳлати 5 сол ба Ризоев Ҷ. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 58 000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст”, омадааст дар посухи ин ниҳод.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон Одинаев Маҳмуродро барои “тартиботи ҷамъиятӣ”-ро халалдор кардан гунаҳкор меҳисобад. Ба навиштаи ин ниҳод, “Одинаев М. 29 октябри соли 2020 бо ҳамроҳии ҳамсараш Ризоева М. ва писараш Ризоев Ҳ. ба комиссариата ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир шуда, бо баҳонаи он, ки писарашро кормандони комиссариати ҳарбӣ беасос ба хизмати ҳарбӣ даъват намудаанд, дар муддати 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати кормандони комиссариати ҳарбӣ дашномҳои қабеҳ дода, дар сурати ба хизмати ҳарбӣ бурдани писараш таҳдиди истифодаи зӯрӣ намудааст”.

Бино ба иддаои Пркуратураи генералӣ гӯё Одинаев М. “оиди сиёсати роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон беасос норозигӣ баён намуда, бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ одамонро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар назди бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудааст”.

Аммо худи Одинаев ва хонаводаи ӯ айбҳои эълон кардаи мақомотро эътироф намекунанд. Ҳамзамон огоҳанои умур бар ин назаранд, ки зиндонӣ шудани муовини раиси ҲСДТ ғаразҳои сиёсӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки 29 январи соли ҷорӣ ПМТ дар пай маҳкум шудани Маҳмурод Одинаем ба 14 соли зиндон, бо пахши изҳороте ин амалкарди мақомотро маҳкум кард ва зиндонӣ шудани ӯро сиёсӣ номида, аз мақомот хост, ки Одинаев ҷурме надорад ва ҳарчи зудтар озод шавад.

Ҳамчунин, ПМТ аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дархост намуд, ки ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи бечунучарои уҳдадориҳои байналмилалиаш оиди риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар водор карда, барои рушди озодӣ, демократия ва волоияти қонун мусоидат намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон 5 млрд сомонӣ қарзи “Барқи тоҷик”-ро бахшид

0

Дар соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон боз 5 миллиард доллар қарзи “Барқи тоҷик” дар назди Вазорати молияро бахшид. Дар ин бора рӯзи 17-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ Сардори департаменти иқтисод ва молияи ширкати “Барқи тоҷик”, Рустам Маҷидзода хабар дод.

Ин миқдор қарз дар соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи беҳбуд бахшидан ба вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон маоф шуда аст.

Ёдовар мешавем, ки барномаи солимгардонии вазъи молии ин ширкатро Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ кард ва раванди амалишавии он то соли 2025 идома хоҳад ёфт.

Маҷидзода ҳамчунин гуфт, ки ин маблағҳо аз ҳисоби қарздории ширкат бароварда шуда, ҳамчун ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди оинномавии ширкат гузаронида шуданд.

Ин намоядаи “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки дастгирии Ҳукумат бисёр саривақтӣ буд ва онҳо тавонистанд қарзи ширкатро аз солҳои пеш ба андозаи 5 миллиард сомонӣ коҳиш диҳанд.

Ширкати “Барқи тоҷик” солҳост, ки дар буҳрони қарзӣ гирифтор шудааст. Масъулони ширкат ин гирифториҳои молии худро ба пардохт нашудани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби сокинон медонанд. Аммо аҳолии кишвар ҳамеша маблағи барқро сари вақт пардохт мекунанд ва бо вуҷуди он солҳост аз норасои нерӯи барқ ранҷ мебаранд.

Ин ширкат яке аз қарздортарин ширкатҳо ба шумор рафта, дар ҳоли ҳозир қарзи он дар назди Вазорат молия ба 22 миллиард сомонӣ баробар аст.

Ҳамчунин ин ширкат аз НБО “Сангтӯда – 1”, 1 миллиарду 595 миллион сомонӣ ва аз “Сангтӯда – 2” 123 миллион сомонӣ қарздор аст.

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бозӣ хоҳад кард

0

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) барои баргузории бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ва Ҷоми AFC-2021 дар Душанбе ва Ҳисор, ки дар он бошгоҳҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд, дархост фиристод.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Федератсия футболи Тоҷикистон барои баргузории марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи “А” ариза пешниҳод кард. Дар ин гурӯҳ, қаҳрамони Тоҷикистон, “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаи “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Шабаб Ал-Аҳли Дубай” (АМА) бозӣ мекунад.

Ҳамчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон ба AFC барои баргузории бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дар гурӯҳҳои «E» ва «F» ариза пешниҳод намудааст. Дар ин гурӯҳҳо аз Тоҷикистон бошгоҳҳои “Равшан” ва “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар Ҷоми AFC-2021 барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи “E” бозӣ мекунад. Рақибони бошгоҳи Кӯлоб қаҳрамони Қирғизистон “Дордой”- и Бишкек ва ноиби қаҳрамони Туркманистон “Аҳал” хоҳанд буд.

Барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон “Хуҷанд” дар гурӯҳи “F” якҷоя бо дастаҳои АГМК ва ё «Насаф»-и Узбекистон, “Олтин Асир”-и Туркменистон ва “Олой”-и Қирғизистон баромад мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар шакли “як бозӣ” аз 14 то 20 май дар як давр баргузор мешавад. Ғолибони гурӯҳ дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст бозӣ мекунанд. Ин бозиҳо 11 ва 25 август баргузор мешаванд.

Конфедератсияи футболи Осиё ҷойи баргузории марҳилаи гурӯҳии мусобиқаҳои бошгоҳии қитъаро дертар эълон мекунад.

Ифшои 124 млн сомонӣ маблағи “Роғун”, ки ба манфиати шахсӣ истифода шудааст

0

Сулаймон Давлатзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти мудири ширкати “Файзи истиқлол 25”, Тоҳир Саидзода бо иттиҳоми тасарруфи амвол хабар дод.

Бино ба гуфтаи Давлатзода, Тоҳир Саидзода мабалғҳое, ки барои бунёди “Роғун” ҷудо шуда буд, ба манфиати шахсии худ истифода намудааст.

Раиси Агентии зидди фасод маблағи тасарруфшуда аз ҷониби директори ширкати “Файзи истиқлол 25”-ро 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ гуфт ва иброз дошт, ки дар ин бора тафтишот идома дорад.

Тибқи маълумоти масъули ин ниҳод дар умум давоми соли 2020 истифодаи ғайримақсадноки 124 миллион сомонӣ, ки барои сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ихтисос дода шуда буд, аз сӯи кормандони Агентии зидди фасоди Тоҷикистон ошкор карда шудааст.

Гуфта мешавад, аксари маблағҳои тасарруфшуда ба ҳисоби нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бозпас гардонида шудааст.

Нерӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии Осиёи Марказист, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.