25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 626

Воксинаи вируси COVID-19 ба ба муомилот бароварда шуд

0

Гурӯҳи аввали ваксинаи русӣ аз коронавирус “Спутник-V” ба муомилоти шаҳрвандӣ бароварда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустии Русия хабар додаанд.

Дар Вазорат қайд кардаанд, ки ваксина аз ҳама озмоишҳои зарурии лабораторӣ гузаштааст.

Пештар директори Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиология ба номи Гамалея пешгӯӣ карда буд, ки дар сурати эмгузаронии оммавии бомуваффақият, пандемияи коронавирус дар Русия тобистони оянда хотима хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, андозаи истеҳсолот имкон медиҳад, ки дар давоми 12 моҳ 80 миллион доза ваксина истеҳсол карда шавад.

Ваксинаи Русия алайҳи коронавирус дар ду навъ – барои кӯдакон ва калонсолон пешниҳод карда мешавад, дар ин бора РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои мудири шӯъбаи Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиология ба номи В.И. Гамалея, профессор Александр Бутенко хабар дод.

“Ду навъи ваксинаҳо пешбинӣ шудааст: барои калонсолон ва кӯдакон. Барои кӯдакон, он сабуктар ва камтар реактогенӣ хоҳад буд. Вазни бадани кудакон нисбат ба калонсолон камтар аст, аз ин рӯ миқдори онҳо кам карда мешавад”, – мегӯяд профессор Бутенко.

Мутахассис қайд кард, ки системаи иммунии кӯдакон шояд мисли калонсолон инкишоф наёфта бошад.

Ба гуфтаи Бутенко, тавлиди ваксина барои кӯдакон пас аз хатми марҳилаи озмоиши оммавӣ оғоз хоҳад шуд. Дар таҳқиқоти он одамони синну соли гуногун аз зану мард ҷалб карда мешаванд.

Аз ба қайдгирии аввалин ваксинаи зидди коронавирус, ки Русия истеҳсол кардааст, моҳи август президенти ин кишвар Владимир Путин хабар дод. Ваксина “Спутник V” номгузорӣ шудааст. Аввалин шуда, табибон ва шаҳрвандони гурӯҳи осебпазир эм карда мешавад ва тақрибан дар миёнаи сентябр эмгузаронии оммавии русҳо оғоз меёбад.

То имрӯз дар тамоми ҷаҳон аз бемории коронавирус зиёда аз 891 ҳазор нафар фавтида, зиёда аз 27 млн нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон 8824 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 70 нафар фавтидааст.

Ширкатҳои мобилӣ ба мардуми камбизоат маърифаҳои арзон пешниҳод мекунанд

0

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон баъди боло рафтани нархномаи таърифаҳои ширкатҳои мобилӣ, ки вокунишҳои зиёдро дар пай дошт, аз ширкатҳои мобилӣ даъват кардааст, ки ба мардуми камбизоат тарофаҳои арзон пешниҳод кунанд, то ҳол се ширкат даъвати хадамотро пазируфтаанд.  

“Sputnik” Тоҷикистон аз қавли Акмал Ҷӯраев, сардори шӯъбаи танзими алоқаи барқии Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон навиштааст, “вақте тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ боло рафтанд, дар расонаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ бонги изтироб зада шуд ва Агентӣ тасмим гирифт, ин масъаларо бо ширкатҳои мобилӣ ба миён гузорад.

Акмал Ҷӯраев, сардори шӯъбаи танзими алоқаи барқии Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт: “Ширкатҳо  дар аввал розӣ нашуданд, зеро ин таруфаҳо хароҷоти техникӣ, музди меҳнат, андоз ва дигар пардохтҳояшонро бароварда намекунанд. Мо расман ба онҳо муроҷиат намуда, хоҳиш, ҳатто илтимос кардем, ки барои мардуми камбизоат, донишҷӯён ва дигар қишрҳои аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир, бигзор, ки як фоизи муштариёни ширкатҳоро ҳам ташкил кунанд, таруфаҳои арзонро роҳандозӣ намоянд”.

Сардори шӯъбаи танзими алоқаи барқии Хадамот гуфтааст, ҳоло ширкати “Мегафон” тарофаҳоро ба 2 – сомонӣ, 5 – сомонӣ ва 7 – сомонӣ ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод кардааст, ки мавриди омӯзиши мутахассисони ин ниҳод қарор дорад.

“Мо мебинем, ки оё ин таруфаҳо ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ мувофиқат мекунанд ё хайр. Пас аз он ки қабул шуд, худи ширкат онҳоро ба мизоҷон эълон мекунад. гуфтааст Акмал Ҷӯраев.

Ширкатҳои “Z – mobile” ва “Вавилон” ҳам як чунин тарофаҳоро пешниҳод карданд. Масалан, “Z – mobile” тарофаеро пешниҳод кардааст, ки пардохташ сифр аст ва он барои мизоҷ имкон медиҳад, ки дар ҳоли зарурӣ аз мултибастаҳо инфиродӣ истифода кунад, аммо ҳамеша дар хат бошад”, –  гуфтааст, Акмал Ҷӯраев.

Дар Тоҷикистон моҳи апрели соли равон ширкатҳои мобилӣ тарофаҳои худро боло бурда буданд, ки аз ҳама арзонаш 30 сомонӣ  аст. Баъди боло бурдани нархи гуфтугуи мобилӣ ва интернет, дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозигӣ  аз тарафи шаҳрвандон шуда буд, ки дар он вақт гуфта мешуд, ширкатҳо ҳаққи мардуми камбизоат барои дастрасӣ ба алоқаи арзонро поймол мекунанд.

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон аз ин тағйирот пуштибонӣ карда буд.

Хадамот гуфта буд, ки ширкатҳои мобилӣ барои пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи давлат ҳудуди 40% – и даромади нохолиси худро харҷ мекунанд ва ин роҳи онҳоро ба сӯи ироаи хадамоти бокайфият душвор мекунад.

Бино ба иттилои Хадамоти алоқа дар Тоҷикистон, чор ширкати мобилӣ – Тсел, Вавилон, Мегафон ва “Z – mobile” фаъолият мекунанд, ки дар умум 6 миллиону 458 ҳазору 990 муштарӣ доранд ва 4 миллиону 856 ҳазору 887 нафари онҳо фаъол мебошанд.

Сардори зиндонҳои Тоҷикистон дигарбора дар бемористон бистарӣ шуд

0
Мансурҷон Умаров, сардори зиндонҳои Тоҷикистон

Сардори Идораи зиндонҳо ва муовини вазири адлияи Тоҷикистон, Мансурҷон Умаров, дубора дар бемористон бистарӣ шудааст. Рӯзи 7 сентябр Радиои Озодӣ  аз ду манбаи боварибахшаш аз шифохонаи “Истиқлол” ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ хабар дод.

Ба навиштаи Озодӣ “Мансурҷон Умаров рӯзи 5-уми сентябр пас аз бад шудани вазъи саломатиаш, аз хона ба бемористон интиқол ёфтааст”.

Чанде пеш Умаров аз бемории илтиҳоби шуш ё пневмония табобат гирифта буд, ин бор ба хунрезии меъда дучор шудааст, гуфтааст, манбаи Озодӣ аз беморхонаи Истиқлол.

Бино ба гуфтаи корманди беморхонаи Истиқлол “Рӯзи шанбе якбора саломатиашон бад шуд ва он касро ба беморхонаи “Истиқлол” оварданд. Табибон муайян карданд, ки Мансурҷон Умаров ба хунрезии меъда (кровотечение желудка) гирифтор шудааст. Ҳоло зери назорати табибон ҳастанд, аз рӯи овардаашон аҳволашон беҳтар аст. Хунравии меъдаашон ҳоло манъ шудагӣ аст”,

То ҳол мақомот ин хабарро расман тасдиқ ё рад накарданд.

Ҳамчунин як корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, рӯзи шанбе наздикони Мансурҷон Умаров ба онҳо занг зада гуфтаанд, Умаровро ба беморхона бурданд.

Корманди идораи зиндонҳо гуфтааст, дар бораи вазъи саломатии роҳбарашон маълумоти зиёд надоранд, ба онҳо иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд.

Дар моҳи майи имсол Носир Умаров, корманди ширкати “Барқи тоҷик” бародари Мансурҷон Умаров дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе    фавтида буд, ки ҷасадро ба наздиконаш надода буданд, эҳтимол меравад аз каронавирус даргузаштаст.

Мансурҷон Умаров соли 2018 баъди ошуби хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанд ба ҷойи Иззатулло Шарипов мулаққаб ба (Зоро) бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон интихоб гардид, пеш аз ин ба ҳайси муовини Раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолият дошт.

“Паёме”, холӣ аз паём

0

Чаро Раҳмон дар арафаи интихобот боз “коҳи кӯҳна” бод дод?

“….хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо”, “…хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд”, “….душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд,… фарҳанги бегонаро …. таҳмил кунанд …. давлати исломӣ бунёд намоянд”…

Зикру таъкиди ин ибораҳо дар Паёми идона ва он ҳам аз забони Сардори давлат, дар ҳоле,ки аз поёни ҷанги таҳмилӣ беш аз ду даҳа сипарӣ мешавад, баёнгари чист ва чи мақсад дорад? Ҳади ақал дар Паёми бахшида ба бузургдошти ҷашни Истиқлол дар 6 соли ахир: аз соли 2015 то соли 2020 таркибу таъбири “хоин” ва “хоини миллат”кор бурда нашуда буд, вале яку якбора дар соли ҷорӣ, дар соле, ки то чанд рӯзи дигар Раҳмон боз ҳам раиси ҷумҳурӣ хоҳад шуд, ишора ба чӣ аст? Таъкид ба он аст ки ҳамоно дар сари қудрат як тарафи ин ҷанг истодааст? Таъкид ба онки аст ки ман ҳамонеам,ки будам? Таъкид бо он аст ки ҳама музокироту имзои Созишномаи умумии   ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дурӯғ буд? Таъкид ба он аст ки тарсу ваҳшати ҷанги таҳмилӣ аз сару синаи мардум бардошта нашавад?

Агар ҳамоно аз ин гуна таънаву таҳдидҳо раиси ҷумҳурӣ ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ истифода кард, пас унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро барои чӣ ба худ дод? Ин ба ин маъно аст, ки Раҳмон ҳеҷ гоҳ бо тарафи муқобили худ дар ҷанги таҳмилии бародаркуш самимона ва аз рӯи садоқат оштӣ накардааст?

Дуруст аст, ки дар суханрониҳояш вобаста ба ҷашневу маросиме истифода мекард. Аммо ончуноне тазаккур додем дар 5-6 соли ахир дар Паёми солонааш “хоиннавозӣ” ва “душмантарошӣ” намекард. Ҳоло, дигар кӣ дар хориҷ аз кишвар бовар мекунад, ки бозгардад, барояш мушкил эҷод намешавад ва тамғаи хоину душман зада нахоҳад шуд?

Ба назар мерасад бо гузаштаи 23 сол аз замони имзои сулҳ Раҳмон қасд дорад, барои як қисмати кӯчаке аз ҷомеаи Тоҷикистон риёсат кунад. Зеро дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҷойи онки бо тамоми ҷомеа ва бо тамоми мардуми тоҷик, чи дар хориҷ ва чи дар дохил бошад, ҳамоно барояш қисмате аз мардуми тоҷик хоин ва душмани халқ аст. Ин ҳарфу ин суханрониҳоро мешавад чунин тафсиру таъвил кард, ки Раҳмон ин бор на ба интихобот, балки боз ба ҷанг баромадааст. Ва дар сар хаёли муқобала ва ҷанг бо “хоинон” ва “душманон”-ро дорад. Манзураш маълум ва маълум аст киҳоро ва чаро дар назар дорад?

Дар ин Паём ҷойи корбурди ин калимоти пур аз таҳдиду тавҳин ба миллат аз қаҳрамонони воқеии роҳи истиқлол, аз Тоҳири Абдуҷаббор, муаллифи Эъломияи Истиқлоли давлатӣ ва аз Қадриддин Аслонов, Сардори давлат, ки санади истиқлолро бо имзои худ муборак гардонд, ёдоварӣ мекард.

Аммо ба назар мерасад маърака ва корзори интихоботиашро аз роҳи фишору зӯровариву таҳдид бар болои миллат оғоз карданиаст. Бо ин паём мардумро таҳдид кардан мехоҳад ва тарсониданист, ки қатъан иртибот надошта бошанд. Вале ин дигар ҷаҳони интернет аст. Касеро наметавонд манъ кард.

Истифода аз истилоҳу терминҳои ҳуқуқӣ, ки умдатан дар лексикони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мустаъмал аст нишонаи он аст, ки дасти онҳо дар навишту таҳияи ин паём хеле дароз аст ва хеле бад аст, ки раиси ҷумҳурӣ то ба ин ҳад гаравгон ва таҳти бори онҳо рафтааст, дигар ҳатто ду се ҳарфи хуш,умедбахш ва маъмулиро ҳам ки мегуфт аз ихтиёроташ гирифтаанд.Онгуна ҳам ки мушоҳида мешавад,дигар “қил”-и ӯро на танҳо дар оилааш мекашанд,”уқоб” ва “боз”-ҳое болои сари ӯ болафшонӣ мекунанд,ки амалан морони китфи Заҳҳокро монанд.

Вагарна авзоъ ва шароит дар кишвар ва бахусус дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик тарзе нест, ки бо қисса ва ривояти ҷанги таҳмилӣ ҷалби таваҷҷӯҳ кард. Айни замон мардум дар бораи он фикру андеша мекунад, ки чаро истиқлоли давлатӣ танҳо ба манфиати як гурӯҳ кор кард? Ва инро ҳам медонад, ки ин гурӯҳ кӣ аст? Мардум аз он мегӯяд, ки чаро як марди калонсол, як солманде, ки 6 сол мешавад нафақахӯр аст, роҳро барои ҷавонҳо накушод, дар ҳоле, ки тайи чанд соли ахир фақат аз ҷавонҳо ва ҷалби онҳо ба давлат ва сохторҳои он сӯҳбат мекард. Рустамро оварду ҷойи Убайдуллоев қарор дод ва дигар дар пушти сараш нафаси сарди Убайдуллоевро намешунавад, балки ин Рустам аст, ки ҳуҷҷати “госстрах”-суғурта ва бимаи ӯ шудааст. Ҷавонро то ҷое овард, ки ба тавассути вай худро бима кунад. Вале агар ки зери бори генералҳои силаҳшӯр рафта бошад, ин “страховка” метавонад ҳимоят кунад? Ҳарчи ҳам набошад, ин Паём бо лаҳни шадид, бо лаҳҳни пархошҷӯёна ва бо лаҳни як Сарфармондеҳи дар ҳоли ташвиш ва дар як муҳити ноором таҳия ва тақдими ҷомеа шудааст. Чунки Раҳмон ҳатто дар ҳамон соли 2015,ки боз ҳам ҳамин генералҳо як исёни дастисохт роҳандозӣ карда буданд,дар паёмаши бахшида ба ҷашни истиқлолаш хоину хоинхойӣ накарда буд! Ҳоло чӣ шудааст,ки забони сурх нишон медиҳад ва нафаси оташин берун мекунад? Оппозитсиони феълиаш,ки ҳазорҳо километр ба дур аз ӯ мебошанд ва дигар аз фарози қуллаҳои Бадахшон ва ё кӯҳҳои Қаротегин сабз намешаванд.Онҳо,ки Калашниковро бо компютер ва сангарҳоро бо сайтҳо иваз кардаанд.

Онҳо, барои мисол ин ҳарфи Раҳмонро, ки гуфт Роғун  то ҳамин инҷои кор 1.6миллиард кв.соат нерӯи барқ тавлид кардааст ва ин ба унвони дастоварди кор тавсиф шуд, ба чолиш кашида мегӯянд, ки хуб бошад, пули он куҷост? Ва чаро Роғун аз ҳамин ҳоло беш аз 1 миллиард сомонӣ аз кормандону ширкатҳое, ки барояш кор мекунанд, қарздор аст? Як ревизори Агентии мубориза бо фасод, ки худи Раҳмон дар ҷаласа эълон кард, 2 миллион доллар ришват гирифта ва камбудро пӯшонидааст. Э вой, доду бедои Роғун!. Пас, ҳаҷми маблағи камбуд чи қадар бошад, ки шахси камбудикарда 2 миллион доллар дода сипас ҷонашро наҷот додааст? Бар замми ин ҳоло бар гардани қарзи давлат ва мардуми тоҷик Роғун боз 105 миллион доллар ва ё 1 миллиарду 50 миллион сомонӣ бор кард, аз ҳисоби % евробондҳо, ки солона 35 миллион доллар аст. Вале ҳоло хабар мерасад, ки бар сари Роғун байни Ҳасан Асадулло ва Рустами Эмомалӣ ва “Авасто -групп”-и вай ҷанг шурӯъ шудааст, чун қарор аст дар се соли оянда ба он аз ҳисоби буҷет ва воми хориҷӣ 1 миллиард доллар ҷалб шавад. Вале пурсиши асосӣ ин аст, ки агар 1,6 миллиард киловатт — соат нерӯи барқ истеҳсол шуд, бар ивази чанд миллиард доллар ва ё сомонӣ? Чаро ин тарафи масъаларо ёдовар накардед, ки барои кордарории ҳамагӣ ду чарха маблағи пешбинишуда барои тамоми ин иншоот харҷ шудааст?

Албатта, ки дар Паёми бахшида ба истиқлолият аз ин ҳарфҳо ҳеҷ гоҳ ёдовар намешавад. Вале воқеан мардум мехост бишнавад, ки ин бор чаро боз ҳам номзад аст ва канор нарафт? Дар ҳоле, ки гуфтем то ҳамин чанд рӯзи дигар ба як кам 70 сола мешавад. Як муҳандис, як пизишк ва ё як устод ва ё як муаллим, ки тӯли ин ҳама солҳо таҷриба андӯхту мутахассисе барои ҷомеа муҳим шуд, хуб, бигзор, ки корманди гумрук, корманди андоз ҳам бошад, синнат ба нафақа расид, ба ту ҷавоб мегӯед ва қонунро ҳам ҳамин тавр кардед, ки ин солмандҳо дигар ҷойе вой гуфта наметавонанд, вале чаро дар ин маврид қонуни нафақа риоят намешавад? 6 сол мешавад, ки ҳам нафақапулӣ ва ҳам калонтарин маошро дарёфт мекунад. Тамоми давраҳои 7 солаи қонунӣ ҳам тай шуд. Ҳоло акнун бар асоси кадом қонун мехоҳад раиси ҷумҳурӣ бишавад? Бар асоси тағйироти соли 2016? Онҷо ки гуфта мешуд маҳдудияти 7 солӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ татбиқ намешавад. Вале ҳоло қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди амал қарор нагирифтааст ку? Ё мавриди амал қарор гирифт? Инро бояд ҳуқуқшиносҳо мушаххас кунанд. Зеро дар ин ҳолат Раҳмон ҳам Асосгузору ҳам раиси ҷумҳурӣ аст? Аз он ҳисоб ҳам маош мегирад?

Дар Паёмаш нагуфта бошад ҳам мардуми кишвар хуб огоҳ шуданд, ки аслан вазифаро супориданӣ нест. Вале ҳазор бор зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳед, гӯяд ҳам мардум фаҳмидааст, ки тамоми гапҳояш газофу дурӯғанд. Вагарна наход ҳамин шираи камол, як гиёҳе худрӯи худодод,ки барои ҳазорҳо нодору камбизоат ҳадди ақал пули рӯған ва ё орди хонааш мешуд, онро ҳам тасоҳуб намекард. Ҳушёриву зиракӣ ба хотири чӣ? Ва барои чӣ? Ҳушёриву зиракӣ барои онки роҳи Душанбе-Хуҷанд  пулакӣ шаваду ҳеҷ кас гап назанад. Пулашро, гиреду ба ҷайбатон занед, банк созед, ба хориҷа фиристед?

Ҳушёриву зиркаӣ барои онки, ки бар фарзи мисол бозори садҳо сол фаъоли Истаравшан ва ё Турсунзода ва даҳҳо шаҳру ноҳияи дигарро шумову авлодатон бигирад ва ё заправкаҳоро “Фароз” чип занад? Барои чӣ бояд мардум зиркаии сиёсиро аз даст надиҳанд? Зираки сиёсиро аз даст надиҳаду ва барои як пиёла чойи “чил”-и модар чанд ҳазор ҷарима шавад?

Ба ин тарафи қазия ҳам бояд андешид, ки 28  сол фурсати кам нест, балки хеле зиёд аст. Ҳарчи дар тавон ва қудрат буд, ҳарчи идея ва энержӣ буд, масраф шуд. Беш аз ин чаро биистод?

Шарт аст, ки гаравгони ду-се генерал шуд ва онҳо бо истифода аз мақому салоҳият тамоми компроматҳоро зидди домодҳо дар “единий база данних” ворид карда ин тараф ба русҳо, он тараф ба хитойиҳо, в-он тараф барои чопу нашр ба мухолифин дода дастбаставу забонкӯтоҳ кунанд?

Мардум зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода бовар бикунанд, ки дар воқеъ интихоботе бо рақобати Исмонову Ғаффоров ва дигару дигараш росту табиӣ аст? Ва, аз миёни  ин ҳама рақибон ва дар як интихоботи пуррақобат бо касби 80% пирӯз шуд!

Вале на як бору ду бор аст, ки тӯҳмат мезанед, ки “давлати исломӣ” месохтанд. Ҳеҷ нерӯи сиёсие ба шумули ҲНИТ эълон накардааст, ки давлати исломӣ месозад. Аммо ин тарафи қазия дар ҷойи худаш, вале чаро Раҳмон ҷомеаи Тоҷикистонро, ки мусалмонист аз ислом ва давлати исломӣ метарсонад? Чаро талош дорад як мусалмони тоҷикро аз ислом ва мусалмонӣ битарсонад?

Инки мегӯяд муттаҳид шуданду омаданд…, бале омаданд, халқи Душанбе шоҳидаш буд, ки “омадаҳо” бо байрақҳои сурхи шӯравӣ ва барои барқарории СССР ва барои то лонааш маҳву нобуд кардани “марази демократия” омада буданд. Савори танку тӯпи Узбакистон ва дар даст Калашников ва таҳти роҳнамоии Квачковҳо ва бо роҳбарии як ҷинояткоре бо собиқи 23 соли зиндон. Мақоли мардумӣ мегӯяд, ки “дузди зӯр соҳиби говро бастааст”. Онҳое, ки бар зидди истиқлол буданд ҳоло аз истиқлолият ва озодӣ мегӯянд.

Вале дар маҷмӯъ ҳар чизе, ки дар ин Паём гуфта шудааст, борҳову борҳо гуфта шудааст. Ҳатто баъзе аз ҷумлаву сархатҳо ба ҳадде обшуставу кӯҳна ҳастанд, ки агар ҳамин “бахшида ба 29солагиро” -ро аз он берун кашӣ намедонӣ ин Паём бахшида ба 25 солагӣ ва ё 26 солагӣ аст.

Сорбон Азимӣ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотияш чӣ гуфт?

0

Имрӯз 8 сентябри Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мардуми кишварро тариқи телевизонҳо табрик намудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон суҳбати имрӯзаи Раҳмон дар худ паёми наве надошт, ба ҷуз хоин хондани як қишри дигари ҷомеа, ки чандест дар суҳбатҳояш садо медиҳад.

Президенти кишвар ҳамчунин мисли паёмҳои қаблиаш раванди Истиқлоли кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ рабт дода гуфт, ки нақша ва кирдорҳои ба гуфтаи ӯ “хоинони миллат” сабаб шуда, ки дар кишвар нооромиҳо ба вуҷуд биояд.

Раҳмон гуфтааст: “Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд”.

“Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд”, – изҳор дошт президент.

Дар идомаи суҳбаташ Э.Раҳмон афзудааст, ки дар давоми солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар зиёд гардид. Беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 меговатт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1991 то ба имрӯз дар Тоҷикистон сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шудаст. Шумораи  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 миллиону 34 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Шумораи  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 ва шумораи донишҷӯён аз 69 300 нафар дар соли 1991 то 227 ҳазор нафар зиёд шудаанд. Дар соҳаи тандурустӣ 1258 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Эмомали Раҳмон гуфтааст, дар замони истиқлолият даромади пулии аҳолӣ  ба 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз паст гардидааст.

Омори иқтисодие, ки Президент дар паёмаш гуфтааст, ба шохисҳои созмонҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фарқи зиёд дорад. Кишвари Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ фақиртарин давлати Осиёи Марказӣ ва ҳатто ҷаҳон шинохта шудааст. Бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ дар соли 2018 Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар байни кишварҳои пасошӯравии узви ин созмон эълом шуда буд. Тибқи нишондодҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмиллалии пул бошад Тоҷикистон ба бистгонаи ақибмондатарин мамлакатҳои дунё шомил аст.

Барои ифтитоҳи мактаб дар вилояти Суғд сарвазири Узбекистон ширкат меварзад

0
Абдуллоҳ Орипов, сарвазири Узбекистон, акс аз: dunyo.news

Бино ба навиштаи хабаргузории “Азия-Плюс” сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба Тоҷикистон ташриф меоварад.

“Азия-Плюс” бо такя ба манбаъаш менависад, ки мактаби мазкур дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд барои 604 донишомӯз аз ҷониби давлати Узбекистон сохта ба истифода дода шудааст. Созишнома дар бораи сохтмони он моҳи марти соли 2018 зимни сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Аммо дар хусуси таърихи баргузории ин маросим то ҳол рӯзи муайян гуфта нашудааст, вале омадааст, ки таърихи маросим тариқи воситаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.

Дар баробари сохтани мактаб, инчунин Узбекистон беморхона барои қабули 200 нафар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон низ сохтанист.

Гуфта мешавад, ки барои беҳбуд бахшидани муносибатҳои дуҷониба Тоҷикистон низ дар шаҳри Самарқанд барои 640 талаба сохтани мактаберо дар назар дорад. Ҳамчунин Тоҷикистон ният дорад, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона як муассисаи томактабӣ низ бисозад.

ПМТ аз таъсиси як Телевизиони моҳвораии мустақил хабар дод

0

Темур Варқӣ, узви Паймони миллии Тоҷикистон – як эътилофи опозитсионӣ дар Аврупо, дар саҳифаи фейсбукаш аз таъсиси як телевизиони моҳвораии мустақил, ки қарор аст фардо 9 сентябр ба кор оғоз кунад, хабар дод.

Ӯ менависад, ки телевизиони мазкур зери номи Т+ фаъолият хоҳад кард ва барномаҳои гуногунро инъикос мекунад. Дар ин телевизион барномаҳои хабарӣ, таҳлилӣ ва фарҳангӣ намоиш дода мешавад. Инчунин минбаре хоҳад буд барои тамоми шабакаҳои мутсақил ва афроди озодандеш.

Ба самъу назари мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонем, ки ба зудӣ, 9 сентябри соли равон (09/09/2020) ба муносибати…

Gepostet von Темур Варки am Montag, 7. September 2020

Ба самъу назари мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонем, ки ба зудӣ, 9 сентябри соли равон (09/09/2020) ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, шабакаи мустақилли моҳвораии Т+ оғоз ба кор хоҳад кард.
Т+ шабакаи телевизионие аст, ки бештар барномаҳои хабарӣ, таҳлилӣ ва фарҳангиеро, ки тавассути расонаҳо ва афроди мустақил иҷро мешаванд ба намоиш хоҳад гузошт. Ба илова, бозпахши гузоришҳои хабарӣ ва таҳлилии бархе расонаҳои матраҳ дар Тоҷикистон низ, ҷузъи барномаҳои шабакаи Т+ мебошад. Барномаҳои ин шабака ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошанд.
Ҳадаф аз таъсис ва роҳандозии ин шабакаи телевизионӣ дар навбати аввал пур кардани холигие аст, ки дар фазои расонаӣ ба вуҷуд омада. Мутаассифона дар кишвари мо садо ва симо дар инҳисори ҳукумат аст ва мардум аз огоҳ гардидан бо дидгоҳҳо ва андешаҳои дигар маҳрум мебошанд.
Умедворем, бо таъсиси ин шабакаи телевизионӣ, дар боло бурдани сатҳи огоҳии мардуми шарифи Тоҷикистон ва минтақа саҳми ночизе гузошта бошем.
Бо эҳтиром,
Темур Варқӣ,
Раиси гурӯҳи машваратии шабакаи моҳвораии Т+
*
Нишонии мо дар моҳвора:
Моҳвора (Satellite): Eutelsat 7B
Мавқеият (Position): 7.0°E
Фреканс (Frequency): 11262
Суръати нишонӣ (Symbol rate): 27500
Поляризатсия (Polarization): HFEC: 5/6

Парвандаи 6 муҳоҷири тоҷик, ки ба қатли варзишгари рус Сергей Чуев айбдор мешуданд, ба додгоҳ рафтааст.

0
Муҳоҷирони тоҷике, ки ба гумони қатли варзишгари рус дастгир шуданд

Бино ба хабарҳои расида, 6 муҳоҷири тоҷике, ки соли гузашта дар қатли як варзишгари рус гумонбар дониста дастгир шуда буданд, раванди тафтишоти парвандаашон ба поён расида, ба додгоҳ фиристода шудааст.

Вакили дифои яке аз боздоштшудагон гуфтааст, ки нисбати онҳо ба “авбошии гурӯҳӣ” парванда тартиб додаанд, қаблан гуфта мешуд, куштор ба маслиҳати пешакӣ анҷом шудааст.

Ҳамчунин вакили дифои муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “ҳангоми тафтиши қазия моддаи таҳдид ба қатл ва дидаву дониста расондани зарари вазнин ба саломатӣ аз парванда берун карда шудааст.”

Гумонбарон тӯли як сол аст, ки дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешаванд ва аз ин нафарон, ки сокинони ноҳияи Масчоҳ мебошанд, Фаридун Сафаров, Рустам Аминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Меъроҷиддин Аловиддинзода – ном бурда мешаванд.

Бино ба гуфтаи Игор Кайдан, вакили мудофеи Неъматҷон Бобоев, додрас аз онҳо хостааст, рӯзи сешанбе ба мурофиа ҳозир шаванд. “Ду айб аз парвандаи ҷавонон гирифта шудааст. Се нафари онҳо, аз ҷумла шахси зери ҳимояи ман, Неъматҷон Бобоев, ба латукӯб муттаҳаманд, дигарон ба авбошии гуруҳӣ”.

Шаби 8-уми июни соли 2019  дар ҳудуди боғи Ландшафтнийи минтақаи Бутовои ҷанубии шаҳри Маскав Сергей Чуев, варзишгари рус, кушта шуда буд. Мақомоти Русия шаш муҳоҷири тоҷикро дастгир карда ва гуфтанд, “онҳо ба сару тани ҷабрдида осеб расониданд ва дар натиҷа ӯ ба об афтод. Дар ҳамон ҳолат ҳам латукӯби ӯро идома доданд ва дар натиҷа ӯ ғарқ шуд”.

Додситонии Русия гуфта буд, шаҳрвандони Тоҷикистон “ба ҷабрдидаҳои дигар низ таҳдиди қатл карда, бо се нафари дигар ва як ноболиғ кирдорҳои хушунатомез анҷом доданд”.

Падари Фаридун Сафаров, ки чанд вақт боз дар Руссия қарор дорад, дар хусуси лату кӯб шудани писараш дар боздоштгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “писарам иброз дошт, ки дар рӯзҳои аввали боздошт лату кӯб шудааст, вале баъдан чунин ҳолат бо вай рух надодааст.”

Ҷумъабой Сафаров, ба нақл аз писараш гуфтааст, “онҳо худро дар марги варзишгар Сергей Чуев худро гунаҳкор намешуморанд ва ба адолати додгоҳӣ умед доранд”.

Ин муҳоҷирон то боздошт гардиданашон дар як сохтмоне дар Федератсияи Русия кор мекарданд.

Дар моҳи июни соли 2019 дар робита ба марги мармузи варзишгари рус ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба таври таҳқиромез дур аз одобу ахлоқи инсонӣ боздошт гардида буданд, ки дар аксҳои интишоргардида дида мешуд, рӯяшон ба девор ва шимҳои даридаву танҳои нимурёнашон зоҳир буд, аз ҷониби ходимони полис гирифтаву дар Интернет нашр шуда буданд. Ин амалкарди мақомоти рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Вале то ба имрӯз аз ҷониби мақомоти Русия, ки чунин амали ношоиста анҷом доданд, касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Ба гуфтаи  Игор Кайдан, вакили мудофеи яке аз гумонбарон, ходимони полиси ноҳияи Зюзинский дар ин кор даст доранд, “вале мақомот барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо роҳ надоданд”.

Ҳоло дар Русия зиёда аз як миллион муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, ки ҳамеша аз ҷониби пулиси Русия мавриди азият ва боздоштҳои сохта қарор мегиранд, мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ба хотири “шарики статегӣ”  буданашон хомуширо ихтиёр мекунанд, ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон боздоштҳоро саҳнасозӣ унвон мекунанд.

Биллоҳ, Одам дар ин ҷомеа девона мешавад

0
Абдуқодири Рустам, акс аз саҳифаи фейсбукаш

Бознашри мусоҳибаи 5 соли пеши Абдуқодири Рустам, адиб ва нависандаи тоҷик бо ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз саҳифаи фейсбукаш.

Абдукодир Рустам
Ин суҳбат беш аз 5 соли қабл дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” таҳти унвони ”Биллоҳ, Одам дар ин ҷомеъа девона мешавад” чоп шуда буд. Ҳоло мутассифона, минбаре чунон нест, ки мисли ин андешаҳоро озодона иброз…

Ин суҳбат беш аз 5 соли қабл дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” таҳти унвони “Биллоҳ, Одам дар ин ҷомеъа девона мешавад” чоп шуда буд. Ҳоло мутассифона, минбаре  чунон  нест, ки мисли ин андешаҳоро озодона иброз дорӣ….

Равшанфикр, мулло ва ҷомеа
(Суҳбат бо нависанда ва муҳаққиқ Қодири Рустам)

  • Киро мешавад зиёӣ гуфт? Вазифа ва рисолати ин қишр аз чӣ иборат аст?
    Аз равшанфикр таърифҳои зиёд дар даст дорем, вале, ба назари ман, ҳеч яке аз ин таърифҳо вежагӣ ва имтиёзи ин қишри ҷомеаро ба таври комил ва ба сурати возеҳ баён накардааст. Шояд яке аз сабабҳои асосии нақси ин таърифҳо дар он бошад, ки ин вожа ва мафҳуми он дар забонҳои шарқӣ – дар форсӣ “равшанфикр” ва дар арабӣ “зиёӣ”, дар мафҳуми он дар забонҳои урупоӣ, ки гунаи русиаш “интеллегент” аст, тафовути назаррас дорад; дар истилоҳи урупоиён таъкид бар “ақл” ва “хирад” аст, дар ин ҷо ба “фикр”-у “андеша”. Албатта, маншаъи андеша ва фикр ҳам то ҳадди зиёде ақл аст, вале боз ҳам фақат ақл нест, “дил” низ дар ташаккули андеша ва фикр, бахусус, андешаҳои иҷтимоӣ саҳим аст. Дар ин маврид ақл аст, ки андешаро пайрезӣ мекунад ва дил аст, ки ба он самт медиҳад.
    Ва дигар, “интеллигент” лозим нест, ки ҳатман “равшанфикр” бошад, ҳар касеро, ки  ба кори ақлонӣ машғул аст, метавон “интеллигент” номид, “интеллигент” метавонад дар умури ҷомеа дахолат кунад, ва метавонад ором, бесару садо танҳо ба пешаи худ, ба ҳирфаи худ машғул бишавад ва гоҳе хабар ҳам надошта бошад, ки дар паси девори хонааш ё озмоишгоҳу маҳалли кораш чӣ мегузарад. Аммо “равшанфикр” ё “зиёӣ” ба ҷуз он ки бояд таҳсилкарда ва доно бошад, вагарна наметавонад фикраш равшан шавад, боз бояд ин равшаниро ба мардум низ бидиҳад, роҳи мардумро равшан кунад, чашми ботинии мардумаш бошад, муҳим нест, ки мардумро аз дунболи худ бибарад, инқилобӣ бошад, вале ҳатман бояд роҳи дурустро ба тӯдаҳо намоёнад, ё ҳадди ақалл чунин талоше бояд бикунад, Намедонам дар куҷо ва аз кӣ буд, хонда будам, ки гуфта, он чӣ равшанфикрро аз дигарон тафовут мебахшад, эҳсоси шадиди адолатхоҳӣ аст. Воқеан, адолатхоҳӣ, ки аслан баробарии инсонҳо лозимаи он аст, моҳияти равшанфикрӣ аст. Ин маънӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гунаҳои мухталиф чанд ҳазор сол боз матраҳ аст,ки он чӣ ба худ намехоҳӣ,  ба дигарон махоҳ. Ин асли ахлоқиро Конфутсий ҳам гуфта, ҳадиси паёмбари ислом ҳам ҳаст, Рӯдакӣ ҳам таъкид карда (Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш) ва Фирдавсӣ ва дигарону дигарон низ ба шеваҳою суратҳои гунагун таъкид намудаанд ва ин асли (принсипи) ахлоқӣ асоси кори равшанфикр аст. Аммо эҳсоси “адолатхоҳӣ” ба танҳоӣ муайянкунандаи “равшанфикр” нест, дар зиндагӣ ва фаъъолияти ӯ “ҳақиқат” ва “маърифат” низ нақши муҳим доранд, ин сегона асли кори равшанфикр ва балки шохиси ӯ ҳастанд. Равшанфикр бояд ҳақиқатро дарёбад ва ба хотири барқарор намудани адолат маърифати ин ҳақиқатро ба тӯдаҳо бидиҳад. Рисолат ва вазифаи равшанфикр дар ҳар ҷомеае, ба фикри ман, ҳамин аст.
    Ва агар бо таваҷҷуҳ ба ин гуфтаҳо боз ба тафовути байни “интеллегент” ва “равшанфикр” баргардем, ин тафовут дар муносибати худи мардум ба намояндагони ҳирфаҳои мухталиф аёнтар ва равшантар намудор мегардад. Мардум аз муҳандис ва ё пизишк  интизори онро надоранд, ки барои ҳуқуқҳои онҳо ва адолат мубориза барад ё талош бикунад (агарчи мо муҳандисон ва пизишкони равшанфикрро низ мешиносем ва аз ҷумла, дӯстони ман, пизишкони маъруф Саидшо Акрамов ва Нусратулло Юсуфбеков ба маънии аслии ин калима равшанфикр ҳастанд), ин интизорро аз намояндагони ба истилоҳ “интеллигентсияи эҷодкор” доранд ва пеш аз ҳама, аз шоирону нависандагон, хабарнигорон ва ҳунарпешагон.
  • Оё метавон гуфт, равшанфикри тоҷик дар марҳалаи кунунии таърихи миллат рисолат ва вазифаҳои худро иҷро мекунад?
    Дар марҳалаи кунунӣ кадом гуруҳи иҷтимоӣ вазифаю рисолати худро иҷро мекунад, ки ин интизорро аз равшанфикр дошта бошем? Равшанфикронамон ҳам вазифаю рисолаташонро на ончунон ифо мекунанд, ки мебояд. Медонед, ки тайи солҳои охир равшанфикрон, саҳеҳтар бигӯем, аҳли адабу ҳунар ва илмро хеле шадид интиқод мекунанд. Дар ҳар ҷамъе, ки биравед, интиқоди зиёиён, тамаллуқпешаву чоплус ва дур аз дарди ҷомеа, бетафовут будани онҳо ба мушкили мардумро мешунавем. Дар расонаҳои чопии ғайридавлатӣ низ дар ин бора бисёр менависанд. Ман худам ҳам боре чанд ба ин муносибату он муносибат аз ин қишр интиқод кардаам ва ҳатто гуфта будам, қишри равшанфикр ба унвони гурӯҳи иҷтимоӣ дар Тоҷикистони муосир аслан вуҷуд надорад. Ва ин интиқоду гилаҳо то ҳадде дурусту ростанд. Вале фақат то ҳадде! Дар Тоҷикистон мисли бештари кишгварҳои Шӯравии собиқ ва Шарқи мусалмонӣ “равшанфикри расмӣ” дорем ва “равшанфикри ғайрирасмӣ”. “Равшанфикрони расмӣ” ҳамеша дар паҳлӯи ҳукуматдорон ҳастанд, дар ҷаласаҳои ҳукумат менишинанд, кафкӯбӣ мекунанд, аз паси шонаҳои якдигар қад меафрозанд, то бибинандашон, ки ҳастанд ва фаромӯш накунандашон, ва гоҳе вазифаю унвон мегиранд. Ва дар иваз ҳукумату ҳукуматдоронро ситоиш мекунанд, агар Худо ба дилашон инсоф андозад, дар баробари ноадолатиҳо ва қонуншиканиҳои муҷриёни қонун хомӯшӣ ихтиёр мекунанд, вале бадтар аз ин, гоҳе мебинем, ки чунин амалҳои онҳоро тавҷеҳ низ мекунанд. Намедонам, гоҳе мегӯянд, ки онҳоро метавон фаҳмид, чун эшон низ фарзандони Одаманд ва бояд худу аҳли хонаводаашонро хӯронанду пӯшонанд. Яъне,
    Он чи шеронро кунад рубаҳмизоҷ,
    Эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ!
    Вале, дарки ин маънӣ барои ман сахт душвор аст. Устоди зиндаёд Сотим Улуғзода дар романи “Фирдавсӣ” ҳодисаеро ба тасвир овардаанд, ки ҳоким пешниҳод мекунад, молиёти Фирдавсӣ коҳиш дода шавад, аммо Шоир розӣ намешавад, мегӯяд, агар кам мекунед, бояд молиёти ҳамаро кам бикунед, агар не, ман намехоҳам имтиёз дошта бошам. Албатта, ин маҳсули тахайюли устод Улуғзода аст, вале як асли муҳимми ахлоқӣ аст. Ва ҷолибтар аз тасвири устод Улуғзода ҳодисаи воқеӣ аст, ки дар кутуби таърих ва тазкираю табақоти суфиён мастур аст. Ҳангоми ҳамлаи муғулон ба Хоразм шайхи бузург Наҷмиддини Кубро низ шамшер бар даст гирифт ва ба муқобили душман бархост, муғулон онҳоро дар қалъае маҳсур карданд, вале бо он ки медонистанд,  ҳама кушта хоҳанд шуд, касе таслим нашуд. Чун муғулон фаҳмиданд, ки дар он миён шайхи бузурге ҳаст ва муғулон эҳтироми зиёд ба руҳониёни ҳамаи адён қоил буданд, кас ба назди шайх фиристоданд, ки берун ой,  хон туро афв мекунад. Шайх розӣ нашуд, ки агар ин мардум кушта мешаванд, ман низ бо онон кушта хоҳам шуд. Ва мардона ҷон бохт. Ва насиҳату васияти шайхи аҷалл Саъдиро ба ёд оварем, ки аз забони яке мегӯяд:
    Ман аз бенавоӣ наям рӯйзард,
    Ғами бенавоён рухам зард кард.
    Манзур ин ки “туро газад маро чӣ ғам” гуфтану нишастан, дар баробари мушкилоти ҷомеа ва фоҷиаҳои миллӣ дам назадан, агар нарм бигӯем, ба шаъни зиёӣ намезебад. Алӣ, домоди паёмбари ислом гуфтааст: “ дар баробари ҷиноят хомӯшӣ ихтиёр кардан низ ҷиноят аст”.
    Вале, хушбахтона, мо “равшанфикрони ғайрирасмӣ” низ дорем, ки шукри Худо,  назарашонро, андешаашонро бепарда ва фошофош иброз медоранд. Ҳатто метавон гуфт, дар адабиёти мо шеъри иҷтимоӣ, шеъре, ки ба қавли устоди зиндаёд Лоиқ “вазни дарди мардум аст”, хеч гоҳ чунин амиқу густарда набуд, ки дар марҳалаи кунунӣ. Чунин шеър, ки  аз “Фарёди бефарёдрас”-и Лоиқ оғоз меёбад, дар даҳ соли охир рушди назаррас дошт. Дар бархе осори бадеии мансур низ оҳангҳои иҷтимоӣ ва дарди рӯз маҳсус аст. Хабарнигорони мо, бавежа дар расонаҳои ғайридавлатӣ аз ҳама мушкилоти ҷомеа менависанд, дарду ғамҳои мардумро мегӯянд. Албатта, таҳлилҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар расонаҳои мо гоҳе на чандон амиқ аст, вале муҳим ин аст, ки онҳо хомӯшӣ ихтиёр намекунанд, бетафовут нестанд, талош мекунанд, ки  роҳи бартараф кардани нуқсонро нишон бидиҳанд.
  • Муҳит ва фазои кишвар барои кору амали зиёӣ мувофиқ аст ё не ва худи ин қишр барои ҳамвору мутобиқ сохтани ин муҳит ҷаҳду талош мекунад?
    Посухи ин суол он қадар сода нест, ки ба назар мерасад. Вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварамон чунон аст, ки ба рушди адабиёт, ҳунар, фарҳанг ва илм мусоидат намекунад. Ҳамчунин,  ин вазъ мардумро маҷбур мекунад, ки хостаю нахоста ҳама фикру зикрашон дар ғами хӯронидану пӯшонидани аҳли хонаводаашон бошад ва барои харидории маҳсули ҳунару адабиёт ва тамошою хондан – албатта, осори воқеии ҳунару адаб манзур аст, на консертҳои оммавӣ ва намоишҳои сабуки ҳаҷвӣ – имкони хуби молӣ надоранд ва фурсат ҳам. Дар чунин ҳол аст, ки барои маҳсули адабиёту ҳунар на супориши давлатӣ ҳаст, на супориши иҷтимоӣ. Яъне, на давлат ба осори ҳунарии воқеӣ ниёз эҳсос мекунад, на мардум. Адабиёт бидуни хонанда ва ҳунар бидуни бинанда наметавонанд вуҷуд дошта бошанд. Ва як  натиҷааш толорҳои холии театрҳо ва рафҳои пури фурӯшгоҳҳои китоб аст (ва сабаби ин рафҳои пур низ инҳитоти маънавӣ аст, ки ҳар кӣ се ҷумла ҷумла метавонад нависад, гумон мекунад шоиру нависанда аст ва китоб чоп мекунад) ва натиҷаи дигараш коҳиши нуфуз ва эътибори равшанфикрон дар ҷомеа аст. Ин аст, ки аз сӯйе, бисёре аз ҳунармандон, шоирону нависандагони мо эҳсоси лозим набудан, ангушти шашуми ҷомеа будан, эҳсоси дар ҳошияи зиндагӣ буданро доранд ва аз сӯйи дигар, фақри маънавӣ фарогир шудааст, завқҳо хеле поин омадааст, андеша мурдааст, ахлоқ фосид шудааст. Мо ҳама дар нишеби инҳитоти маънавӣ гом мезанем. Чун “раият дар дини подшоҳонанд”, бештар халлоқони осори адабию ҳунарӣ низ талош мекунанд, офаридаашон мутобиқи завқи мақомдорон бошад, он чизеро бигӯянд ва бинависанд ва ба тасвир бикашанд, ки ин мақомдорон шунидан, хондан ва дидан мехоҳанд ва ё дастикам шунидан, хондан ва дидан намехоҳанд. Мо дигар ба унвони Главлит – сензура идорае надорем. Вале сензураи бадтар аз он дар қалб ва зеҳни адибону ҳунармандон маскан гузида ва ҷуръаташонро маҳор задааст.  Адабиётшинос ва шоир Аскар Ҳаким ду-се соле пеш зимни суҳбаташ дар телевизион ба гувоҳи рушди адабиёт гуфт, дар замони шӯравӣ фалон нафар унвони шоиру нависандаи халқӣ доштанд ва дар чанд соли пас аз истиқлол ин теъдод ба маротиб афзуд. Вале ин рақамҳо ба ҳеч ваҷҳ гувоҳи рушду тавсиъаи адабиёт нест, баръакс таъйиди ҳикмати мардум аст, ки “ҳар чӣ бисёр шуд, хор шуд”. Аз назари таносуби шоир ва нависандаи халқӣ ба кулли аҳолӣ   Тоҷикистон шояд мақоми аввал дар ҷаҳонро дошта бошад ва аз назари тиражи саронаи китоб ҷойи охирро. Маҷмуаи бархе аз ин шоирони халқиро мехонед ва шеъре наметавонед пайдо бикунед. Ва албатта, ин амр ҳам боиси коста шудани нуфуз ва таъсири сухани бадеъ шудааст. Аслан унвони шоир ва нависандаи халқӣ дар чанд кишвари шӯравии собиқ мавҷуд аст ва наҳваи эътои он ҳам бо ҳеч мантиқе созгор нест ва хидмате ҷуз эҷоди муҳити носолими адабӣ надорад. Барои он ки адабиёти мо эътибор ва нуфузи пешини худро дубора дарёбад, аз ҷумла, беҳтар аст, ин унвон аслан ҳазф карда шавад. Онҳое ки шоир ва нависанади халқӣ шудаанд, бигузор то охири умр ин унвонро дошта бошанд, вале минбаъд ба касони дигар дода нашавад.
    Зиёии имрӯзаи тоҷик аз зиёии замони шӯравӣ чӣ фарқ дорад?
    Равшанфикри имрӯзӣ на зиндагии хубу рифоҳи даврони шӯравиро дорад, на нуфузи эътибори он равшанфикронро. Вале равшанфикрони замони шӯравӣ ҳама зодаи як идиуложӣ буданд, гарчанд на ҳамаашон аз идиулужии ҳоким дар ҷомеа тарғибу ташвиқ мекарданд, вале аз хатти кашидаи он камтар по берун мениҳоданд. Мо ба маънои асл ва пурраи ин вожа дар замони шӯравӣ дигарандеш надоштем. Истисно танҳо чанд соли бозсозии шӯравӣ аст, вале ин ки дар ин замон афроде ва гурӯҳҳое зуҳур карданд, ки андешаашон аз андешаи ҳоким дар ҷомеа тафовут дошт, бештар хидмати худи давлатмардон буд, ки иҷоза медоданд, афроде ва гурӯҳҳое аз дари мухолифат бо онон ворид бишаванд. Бо ин ҳол, пайдоиш ва интишору тақвияти ифтихори миллии тоҷикиро мо мадюни замони шӯравӣ ва равшанфикрони тоҷик ҳастем. Чун ба мавзуи суҳбатамон иртибот надорад, намехоҳам дар ин ҷо аз хадамоти арзандаи ходимони давлатӣ ва риҷоли сиёсӣ амсоли Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Аббос Алиев ва дигарон ҳарф бизанам. Аз баъди инҳо ононе, ки барои истиқрори ҳастии мо заҳмат кашиданд, моро ба мо шиносониданд ҳама равшанфикрон буданд – аз устод Айнӣ гирифта, то Ғафурову Турсунзода, Улуғзодаю Осимӣ ва аз онҳо то Муъмин Қаноату Лоиқ, Бозор Собиру Акбар Турсун, Давлат Худоназару Тоҳири Абдуҷаббор, Гулназару Гулрухсор ва дигарону дигарон.
    Дар маҷмуъ, чунонки гуфтем, равшанфикрони тоҷик асосан аз роҳу пайраҳаҳои Ҳизби коммунист ва Давлати шӯравӣ гом мезаданд ва агар коре ҳам барои миллат анҷом медоданд, дар чаҳорчӯби идиулужии ҳокими замонашон буд. Аммо онҳо хонандагон ва бинандагони хеле бештар аз имрӯз доштанд, тирожи китобҳояшон гоҳе ба 50 ҳазору 100 ҳазор мерасид. Суханашон ба гӯши мардум мерасид ва таъсир мегузошт, ҳукуматдорон бархе ифтихор доштанд бо равшанфикрон нишинанду суҳбат бикунанд, бархе аз ин қишр меҳаросиданд. Равшанфикрон дар замони шӯравӣ зиндагии нисбатан сазовор доштанд. Ҳоло бо душворӣ рӯз мегузаронанд, фарзандон, бародарони онҳо низ дар ғарибкорианд ва аз он ҳисоб зиндагӣ мекунанд. Чун тақрибан хонандаю бинанда ҳам надоранд, суханашон таъсире ҳам надорад, на барои мардум на барои давлатмардон.
    Баҳсҳо миёни аҳли ҷомеа дар мавриди он ки мо “мулло” ва “домулло”-ҳоро зиёӣ биҳисобем ё не, гуногун аст. Назари шумо дар ин бора чӣ аст?
    Мо замоне метавонем ҷомеаи пешрафта дошта бошем, ки муллоҳоямон равшанфикр бошанд ва равшанфикронамон ба огоҳии гусдардатар ва амиқтар аз масоили дину мазҳаб даст ёбанд. Дар айни ҳол на чунин мулло дорем, на чунин равшанфикр ва натиҷааш ҳам ҷомеаест, ки дорем. Аксари муллоҳои мо ба баҳсҳои камаҳаммият ва аз замони дақёнус монда машғул ҳастанд, бо илми муосир ошноии сатҳӣ ҳам надоранд ва тафсирашон аз Қуръон аз тафсири муллоҳои асримиёнагӣ тафовуте надорад ва дар бархе масоил ҳатто ақибмондатар аст ва ё истинод  мекунанд, ки фалонӣ дар фалон китоб дар ин бора чунин фармудааст. Ва мебинӣ, ки ун фалонӣ дар асри 9 ё 11 зистааст ва он замон илм ҳанӯз ба масъалаи мавриди баҳс рушанӣ наандохта буд. Қуръон сухани Худост ва бештари ояҳояш ҳам барои ҳамаи замонҳост. Ва онро ба масал, мисли барномаи компютерӣ бояд қабул кунем, ки худ худро таҷдид мекунад. Ва ба ҳамаи суолҳои рӯз посух мегӯяд. На танҳо олимон Қуръонро тафсир мекунанд, Қуръон низ инсонро тафсир мекунад. Ва барои он ки тафсири дуруст ва мутобиқ бо масоили  замон ба даст биоварем, олим бояд хеле дониши фаровон ва амиқ дошта бошад, ботине пурсарват дошта бошад ва бо камоли огоҳӣ Қуръон ба даст бигирад ва Қуръонро тафсир кунад. Дар асри суръатҳои кайҳонӣ ва электроника, дар асре ки “куффор” дар рӯйи курраи моҳ гаштугузор мекунанд ва ба Миррих сафина мефиристанд, идораи муфтии Тоҷикистон наметавонад рӯзи дақиқи фаро расидани рамазонро муайян кунад ва қиблаи бисёре аз масоҷиди Тоҷикистон “каҷ” аст.
    Аз ин масоили динӣ бигзарем, бархе аз муллоҳои тоҷик дар талоши исломӣ кардани ҷомеа хоставу нахоста талош доранд фарзандони тоҷикро араб бикунанд. Намунаи ин гуфта зиёд аст ва фурсати бештаре барои шарҳу тафсири ин масоил мехоҳад. Ҳоло фақат дар масъалаи ном ва номгузорӣ таваққуф мекунем. Ба андешаи баъзе муллоҳои тоҷик, агар фарзанди тоҷик номи тоҷикӣ дошта бошад, бахусус номе ки пайванд бо ифтихороти миллии мо дорад, амсоли Рустам, Исфандиёр, Кайхусрав, Афшин, Деваштич ва ғ., пас мусулмони комил нест ва номаш бояд иваз карда бишавад. Ва инҳо тайи чанд соли охир номи садҳо нафарро тағйир доданд, номҳои тоҷикиро дур андохтанд ва номи арабӣ, ки ба пиндори онҳо танҳо номи исломӣ аст, ба фарзандони тоҷик гузоштанд. Аламовар ин аст, ки ҳафтаномаи ба ном мустақил ин ҳарзаҳои номивазкунии муллоро чоп ва пахш мекунад, ки Шумо, бародар, қисми дувуми номатон исломист ва фақат қисми аввалашро иваз кунед, кофист. Аммо кудоме аз ин муллоҳо ба ин суол посух медиҳад, ки чаро номи арабӣ исломист ва номи эронӣ (тоҷикӣ) не? Ин ҳарфро дар китоби Худо хондед, ё аз паямбар шунидаед? Магар ҳамин Абубакру Умару Усмону Алӣ пеш аз он ки номи хулафои рошидин бошанд, номи садҳо тан аз бутпарастони араб набуданд? Магар даҳҳо номи арабии дигар, ки шумо ба унвони номи исломӣ ба фарзандони тоҷик мегузоред, 1400 сол пеш номи чанд тан аз роҳзанони араб набуд? Магар эронӣ (тоҷик), ки дар қарни 8 мелодӣ ислом овард ва исломро дар миёни ақвоми мухталиф густариш дод ва дар пайафканӣ ва рушди фарҳанги исломӣ нақши бузургтарин ифо кардааст, дар тӯли 1300 сол ҳам номаш исломӣ нашуд?! Магар ислом бо шиори баробари нажодҳо зуҳур накарда буд? Ва боз чаро номҳои муғулию туркии бархеи шумо метавонад исломӣ бошад ва номҳои миллии фарзандони тоҷик не? Ва ниҳоят аз инҳо бояд пурсид, ки кудомаш рафт ба дафтари сабти аҳвол ва “ов”-у “ич”-и русиро, ки албатта, исломӣ нест (вале гуноҳ ҳам нест) аз насаб ва номи падариаш ҳазф кард? Биллоҳ, ки одами оқил дар ин ҷомеа девона мешавад! Хабари бутҳои Бомиёнро мунфаҷир кардани Толибон оламро ларзонд. Вале коре, ки муллоҳои мо талош доранд бо расму сунани мардум бикунанд, ҳеч тафовут аз он кори Толибон надорад, вале ҳама хомӯшанд. Ман дар китобфурӯшиҳои хиёбонҳои Душанбе ду китоб дидам, якешро харидам ҳам – дар бораи савоби риш гузоштан ва дигаре дар бораи офаридаи шайтонӣ будани телевизион. Навиштаи покистониҳост, ки муллоҳои тоҷик тарҷума ва чоп  кардаанд.  Чун мулло, ки суханаш бештарин таъсир ба ҷомеаро дорад, – зеро дар паси шонаи ӯ Худо ва Китоби Худо ва паёмбар қарор доранд – машғули инчунин баҳсҳост, мо ба куҷо хоҳем рафт?!
    Ва руҳониён ҳам мисли равшанфикрон ба ду гурӯҳи “расмӣ” ва “ғайрирасмӣ” ҷудо мешаванд, гурӯҳи расмии ин қишр низ мисли “равшанфикрони расмӣ” ба тамаллуқу хушомадгӯйӣ машғул ҳастанд ва гуфтаю фармудаи дурусту нодурусти ҳукуматдоронро тавҷеҳ ва таблиғ менамоянд ва гурӯҳи ғайрирасмиаш дар баробари ҳарфҳои хуб ва ахлоқию маънавӣ ба чаранду парандҳои асримиёнагӣ низ машғуланд, мутаассифона. Яъне, дар ин арса вазъ бадтар аз вазъи равшанфикрист.
    Баҳсҳое назири ман аввал “тоҷик” баъд “мусулмон” ё баръакс чаро доман зада мешаванд? Ин баҳс манфиате дар пай дорад?
    Ҳарфи пучу беасл ва саросар зиёновар аст. Байни “тоҷикият” (“эроният”) ва “исломият” на танҳо таноқузе ва ихтилофе нест, балки як навъ ваҳдате вуҷуд дорад. Тоҷикон мусулмонанд, тамаддуни мо аз қарни 8 мелодӣ инҷониб тамаддуни исломист, албатта, расму ойинҳое ҳам дорем, ки решаи тоисломӣ доранд, вале тайи қарнҳои тӯлонӣ комилан ранги исломӣ ба худ гирифтаанд. Мубориза бо исломият мубориза бо тоҷикият низ ҳаст. Эроният ё тоҷикият ва исломият ду боли парвози тоҷиканд, агар якеро буред ё захмӣ кунед, мо аз парвоз, аз ҳаракат мемонем, ки оқибаташ фаност, маҳв шудан аст. Худи номвожаи “тоҷик” пайванди қавӣ бо ислом дорад. “Тозик” дар забонҳои паҳлавӣ ва суғдӣ ба арабон гуфта мешуд. Ва чун арабон бо дини тозазуҳури ислом ба кишварҳои эронӣ ҳамла оварданд, ва бархе эрониён ба ислом гаравиданд, онҳое ки ҳанӯз дар дини пешин буданд, ин ҳамқавмони худро ҷое ба икроҳ ва ҷойе ба пӯзханд “тозик” номиданд (чунонки дар рустоҳои Тоҷикистон то солҳои 60-уми садаи бистум ҳар шляпапӯшро урус мехонданд), ки рафта-рафта номи умумии ҳамаи эрониёни порсизабон (ва гоҳе ғайрипорсизабон низ) шуд ва дар пайи таҳаввулоти овойӣ “тозик” ба “тоҷик” мубаддал гардид.
    Вале шарҳи чанд  нуктаро лозим медонам.
    Аввал, афроди атеист ва гаравида ба динҳои дигар, чун дар миёни дигар ақвом дар байни тоҷикон низ ҳастанд, вале ин амр далел шуда наметавонад, ки миллиятро ҷудо аз дин бидонем. Русҳо бештар аз мо афроди атеист ва гаравида ба ойинҳои ғайр дорад, вале ин амр асос шуда наметавонад, ки православӣ будани қавми русро инкор бикунем. Чун мабонии тамаддуни русҳо мазҳаби православӣ аст, чунонки фарҳанги тоҷикон, бахусус дар 13 асри гузашта  асос бар ислом дорад.
    Ва низ он чи қавмеро аз қавми дигар тафовут мебахшад, ба ин халқ вежагӣ ва имтиёз мебахшад, ба ҷуз ранги пӯст ва забон махсусиятҳои ботинӣ ва равонии ин мардум аст, ки аз сӯйе то ҳадди қобили мулоҳиза маншаъ дар расму ойинҳо ва одатҳои мардумӣ дорад ва аз суйи дигар, худ ба ин расму ойинҳо таъсир мегузорад.
    Мухолифати бархе аз муллоҳо бо ойинҳои мардумӣ, ки бузургтаринаш Наврӯз аст, ба баҳонаи ин ки решаи исломӣ надоранд, коре зиёновар аст ва миллати моро аз дарун пучу пук мекунад. Пас инҳо бояд аммомаи сарашонро низ канор бигзоранд, чун одати дастор бастан расми қабл аз исомист, ки аз мардуми Хуросон ба давраи исломӣ роҳ ёфта ва дастор бастан бо ислом мутобиқ шуд ва шарҳҳое динӣ пайдо кард…..
    Пас чӣ бояд кард? Ба андешаи шумо дар Тоҷикистон  ҳеч қишре ва гурӯҳе вазифаю рисолати худро ончунонки мебояд, ифо намекунад. Бо ин ҳол чӣ ояндае моро интизор аст?
    Дар ин самт кори ҳамагонӣ мебояд. Дар навбати аввал давлатмардон бояд дарк кунанд, онҳое, ки аз фаъъолияти онҳо интиқод мекунанд, на ин ки душмани ин Ватан нестанд, балки душмани шахсии онҳо низ нестанд, онҳо ҳаққи интиқод доранд ва агар интиқод мекунанд, камбуду нуқсонҳоро мегӯянд, ба ин хотир аст, ки ватанашонро, миллаташонро дӯст медоранд, миллатро сарафроз ва Ватанро шикуфон мехоҳанд бибинанд ва ба ҳарфҳояшон гӯш бояд дод ва барои ислоҳи камбуду нуқсонҳо талош бояд кард.
    Дигар, давлат ва ҷомеаи мо бояд талош ба харч диҳанд, ки кишварамон шаҳрвандони озод ва сарафроз бештар дошта бошад. Онҳое, ки дӯст доранд лофи истиқлол бизананд, бояд бидонанд, ки бидуни мардуми озод истиқлоли кишвар комил нест. Мо тӯли асрҳои тӯлонӣ дар руҳияи бардагӣ тарбият шудаем ва давлатмардон ва руҳониёнамон низ гоҳе амдан ва гоҳе бидуни он ки худ дарк бикунанд, талош мекунанд ин руҳияи бардагӣ ва сарафкандагиро ҳифз бикунанд ва ҳатто тақвият бидиҳанд, чун идора кардан ва талқин намудани мардуми озод ва озода ба коре, ки мухолифи манфиати эшон бошад, басо душвортар аст. Аз ин лиҳоз, мо бояд дар навбати аввал низоми омӯзиш ва барномаҳои омӯзиширо билкулл дигар бикунем, дар ин низом ва барномаҳо на маълумот андӯхтан, балки андешидан авлавият бояд дошта бошад. Яъне донишомӯз на танҳо хондану навиштан, муодила ҳал карданро ёд бигирад, на танҳо номи осори шоирон ва санаҳои таърихиро ба ҳофиза бисупорад, балки биандешад, ки чаро ин қонун чунин асту чунон на, он чӣ шеъри ин шоирро аз сурудаи шоири дигар тафовут мебахшад, чист….. Мактаби мо бояд Инсон, Шаҳрванд тарбия бикунад. Ин кори душвор аст, осон нест ва бояд марҳала ба марҳала ҳал бишавад. Барои таҳаққуқ пазируфтани он  дар навбати аввал, муаллимон бояд имтиёзҳое дошта бошанд, ҳуқуқи муносиб бояд бигиранд, ки хонаводаҳояшонро таъмин кардан тавонанд; муаллими муҳтоҷ ва нимгурусна Инсон наметавонад тарбия бикунад; бояд муаллимони хуб аз бозорҳо ва сохтмонҳои Русия баргардонида шаванд……
    Мусоҳиб Абдуқаюми Қаюмзод
    Нигоҳ, № 5, 28.04.2015.

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 07.09.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Ҷангу хархаша байни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия.

Ҳизби комунист ҳам номзадашро барои интихоботи президентӣ пешбарӣ кард.

Поён рафтани нархи газ дар Тоҷикистон баъди ҷарима шудани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ.