13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 640

Ҷанҷолу занозании муҳоҷирон дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ дар Екатеринбург (Видео)

0

Шаби 14 январ дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (ЦВСИГ)-и шаҳри Екатеринбург дар байни муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кормандони онҷо ҷанҷолу задухӯрд ба амал омада чандин нафар маҷрӯҳ шуда ва якеро бо ангушти шикаста ба беморхона будрданд.

Барои хомӯш кардани ин даргирӣ нерӯҳои зудамал (ОМОН) мудохила кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “ura.news” иттилоъ дод.

Муҳоҷирон сабаби ошӯбро бадрафторӣ ва таҳқир шудан аз ҷониби як афсари ин Марказ унвон кардаанд, вале масъулон инро рад мекунанд.

Муҳоҷирон дар суҳбат бо сомонаи “ura.news” гуфтаанд, ки дар инҷо бо онҳо мисли маҳбусон муносибат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо зиндонӣ нестанд.

Ба навиштаи ин сомона сабабгори ошӯб яке аз афсароне будааст, ки муҳоҷиронро тамасхуру истеҳзо мекарда, ҳатто бастаҳои кумаки аз берун барои муҳоҷирони боздоштшуда меовардаро мегирифтааст.

Як муҳоҷир дар сӯҳбат ба ин сомона гуфтааст: “Моро бо ҳаргуна суханҳои қабеҳ таҳқир мекард, паст мезад, маймун мегуфт”.

Гуфта мешавад, барои хомӯш кардани ошӯби муҳоҷирони норозӣ гурӯҳи (ОМОН) омада, 10 нафарро дар як ҳуҷра нигоҳ дошта мавриди азият қарор додаад.

Видео: ura.news

Ба гуфтаи муҳоҷири боздоштшуда нерӯҳои (ОМОН) муҳоҷиронро чунон азият намудаанд, ки чанд нафар аз ҷони худ сер шуда қасди худкшӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Валерий Горелих сухангӯи пулиси вилояти Свердловск гуфтааст, дар ин ошуб аз нерӯҳои ОМОН истифода шуд, вале онҳо дар чаҳорчӯби қонун амал карданд, бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо сурат нагирифтааст.

Горелих гуфтааст, ки танҳо як нафарро ба беморхона интиқол додаанд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, ки даҳҳо нафар захмӣ шудаанд, ки ҳатто табибон ёрии тиббии аввалиро нарасонидаанд.

Ҳамчунин дар видиое, ки сомонаи “Ura.ru” нашр шудааст, муҳоҷирон бо дастҳои маҷрӯҳ ва хуншор дида мешаванд.

Сухангӯйи полиси Свердловск гуфтааст, дар ин маврид тафтишот идома дорад.

То ҳол маълум нест, ки муҳоҷирони маҷрӯҳ шаҳрвандони кадом кишварҳои Осиёи Марказиянд.

Баҳси тарафҳо: яке даъвои пирӯзӣ мекунад, дигаре омодаи посух гуфтан аст

0

Ҳафиз Бобоёров донишманди тоҷик рузи 15 январ дар саҳифаи фейсбукиаш навишта, ки сабаби масдуд шудани сомонаи “Кимёи саодат” фошкориҳои маводи зиддибашарии он буд.

Ӯ менависад: “Дар ин сомона ва дигар сомонаҳою пойгоҳҳои шабеҳи он рӯзона хабарҳо ва маълумот аз дидгоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, аз он ҷумла дар мавриди ҷиҳод, куфр, ояндаи ҷаҳон ва нақши бартари Ислом ва мусулмонон дар он, мақоми дуюмдараҷа ва вобастаи дигар динҳо ва миллатҳо, бахусус Исроил дар ин ҷаҳон пахш мегардид.”

Бобоёров инро пирӯзӣ ном бурда, мегӯяд, ки “барои пойдории ин пирӯзӣ набояд фурсате ором нишаст”.

Дар зери ин коридаи Бобоёров, аксари корбарон шаҳрҳои зиёд навиштаанд, аз ҷумла рӯзноманигори тоҷик, Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён навишта, ки поёгоҳи “Кимёи саодат” пойгоҳи тарғиботии тобеъи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ буд.

Хафиз Бобоёров дар посухи катбӣ ба ин пурсишҳои хабарнигори “Аздо.тв”, ки оё қатъи дастрасӣ ба ин пойгох аз ҷониби муассисонаш сурат гирифта ва ё аз ҷониби ниҳоди махсусе? Оё Шумо низ дар ин фошкориҳо саҳме доштед, чунин навишт:

  • Кимиёи саодат вуҷуд дорад, аммо матолибаш боз намешавад. Гумонам, молики он дастрасиро қатъ кардааст. Дар робита ба Рисолат намедонам.
  • Бале, чанд чизе дар мавриди матолиби Кимиёи саодат навишта ва дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кардаам. Ба ҷуз ин, борҳо бо Сайидюнуси Истаравшанӣ баҳсу баррасиҳо ва раддубадалҳо кардаем.

Хамчунин Саийдюнуси Истаравшанӣ низ дар посухи катбие ба суоли “Аздо тв” чавоб дод ва “иддаоҳои Ҳ.Бобоёров ро рад намуда гуфт, ки пойгоҳи “Кимёи саодат” бо фишори Бобоёров ва ё каси дигар таътил нашуда, балки ба зуди боз ба кори худ шуруъ мекунад ва ҳамчунин қайд намуда, ки омодааст дар сӯҳбати рӯ дар рӯ бо Ҳ.Бобоёров ба ҳама иддаоҳои ӯ посух гӯяд.

Посухи Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди динии тоҷик:

“Ёддошти ҷаноби Бобоёровро дидам. Эшон иддаое бузургтар аз ҳаҷми худ кардааст. Чунин нест, ки иллати таътилии сойти “Кимиёи саодат” фишорҳои эшон ва амсоли эшон буда бошад чунонки иддао мекунад. Сойти “Кимиёи саодат” ба зудӣ аз нав фаъол хоҳад шуд. Агар қарор бошад банда фаъолияти худ дар сойтро ба хотири фишори ину он таътил кунам, дар баробари фишорҳои Раҳмону Ятимов ва куллан ҳукумат таътил ва ё мутаваққиф мекардам. Ҷаноби Бобоёровро тавсия мекунам бузургтар аз ҳаҷми худ иддао накунанд.

Сониян, эшон зимнан иддао мекунад, ки мо мунодӣ ва мубаллиғи “ифротгароӣ” будаем. Ин ҳам як иддаои пучу бедалел. Сойти “Кимиёи саодат” беш аз 10 сол аст, ки фаъол аст ва дар ин муддат ҳазорон хонанда ва бинанда дошт, хонандаҳои ин сойт медонанд, ки банда мубаллиғи чӣ фарҳанге ҳастам. Бале, банда ифтихор мекунам, ки мусалмон ҳастам ва маро дар зумраи ба истилоҳ “исломгароёни сиёсӣ” зикр мекунанд. Ин мояи ифтихор аст. Аммо ин ки мубаллиғи ифротгароӣ ва ҷангу куштору тундравӣ бошам, масалан чизе шабеҳи ДОЪИШ ва ё Алқоъида, ин як иддаои пучу тухоли аст.

Солисан, бароям воқеан мояи таассуф аст, ки эшон таътил шудани як садоро, ҳоло он садо ҳар садое бошад, чи хушоянди эшон бошад ва чи набошад, барои худ пирӯзӣ ва дастовард қаламдод мекунад! Ин ҷойи таассуф дорад. Бо ин ҳол, фарқи эшон бо амсоли Раҳмону Ятимов чист? Ин ду низ тамоми ҳамму ғаммашон бастану таътил кардани садоҳост.

Дар поён, аз ҷаноби Бобоёров тақозо мекунам, дар як барномаи зинда дар ҳамин расонаи “Аздо” ҳозир шаванд ва рӯ дар рӯ ин иддаои худро бароям собит кунанд, он вақт посухи маро хоҳанд шунид, албатта, агар эшон ҷуръати гуфтугӯ бо бандаро дошта бошанд”.

Дар ҳамин ҳол, моҳе пеш (тақрибан 20 декабри 2020) корбаре бо номи Рашид Рашидиён дар шабакаи фейсбук, ки аксари корбарону фаъолон ӯро “фейк-афсари фабрикаи ҷавоб” ном мебаранд, мақолаи Наҷмиддини Шоҳинбод, шореҳи “ИмрӯзNews”-ро дар саҳифаи фейсбукиашон бознашр кард, ки дар он аз Саймумин Ятимов раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамчун “сарбози содиқи амнияти миллӣ” ёд шуда, ӯро мутахассиси варзидаи ҷабҳаи иттилоот ва пирӯзи он муаррифӣ мекунад. Ва соҳибони сомонаҳои басташударо тундгаро, фирориёну иғвоангези берунӣ ном бурда чунин менависад:

“Саймумин Ятимов ҳоло ба тадриҷ дар ҷабҳаи ҷанги иттилоотӣ бар зидди тундгароён, фирориёни иғвоандози берунӣ ва ҳазорҳо блогерҳову сомонаҳои ифротӣ бартарӣ дорад. Иттилооти дастрас ба омма ва бо далелҳои муътамад, ҳатто мухолифини ашаддиро аз майдони мубориза берун баровард. Масалан дар 10 моҳи имсол 4 сомона, 127 сафҳаи блогерҳо, ду созмони таблиғотӣ дар хориҷи кишвар маҷбур шуданд фаъолияти худро қатъ кунанд.”

Баҳси баста гардидани вебгоҳи “Кимёи саодат” замоне гарм шуд, ки Вазорати адлияи Амрико 16 декабри соли 2020, 92 вебгоҳеро, ки ба гуфтаи он муфаттишони амрикоӣ онҳоро марбути созмонҳои ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон донистаанд, масдуд кард.

Дар байни ин вебгоҳҳо вебгоҳи “Рисолат” (risolattj.com), ки бо забони тоҷикӣ барои тоҷикистониён ва тоҷикзабонон матлаб нашр мекард, масдуд гардид.

Агарчӣ вебгоҳи “Кимёи саодат” дар рӯйхати Вазорати адлияи Амрико набуд, вале аз фаъолият бозмондани он баъд аз нашри ин хабар расонаӣ шуд. Бинобар ин як ҷониб дар ин баҳс иддао дорад, ки вебгоҳе, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ идорааш мекард, онро низ Вазорати адлияи Амрико масдуд карда ва ё ҳадди ақал бо фишори онҳо масдуд шудааст, вале худи С.Истаравшанӣ ин иддаоро рад мекунад.

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Парвозҳо байни Тоҷикистону Узбекистон барқарор шуд

0

Тоҷикистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазамро байни якдигар барқарор карданд. Дар ин бора хабаргузории ҳукуматии “Ховар” бо истинод ба директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Узбекистон аз сар гирифта шуданд.

“Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо байни пойтахтҳои ду кишвар ҳафтае як маротиба аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии миллии Узбекистон – “Узбекистон ҳаво йуллари” ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр”анҷом дода мешаванд”, – гуфт И. Субҳонзода.

Тибқи қарори мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон -“Узбекистон ҳаво йуллари” ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон -“Сомон Эйр” анҷом дода мешаванд. Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.

Директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин қайд кард, ки барои пешгирии паҳншавии COVID-19, ҳамаи мусофирон бояд талаботи санитарию зидди эпидемиологиро риоя кунанд, ниқобҳо ва дастпӯшакҳо пӯшанд.

Мусофирон бояд бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.

Коршиноси рус: дар соли 2021 кишварҳои Осиёи Марказиро хатари ҷанг таҳдид мекунад

0

Алексей Валюжевич, коршиноси масоили низомии рус дар мусоҳиба бо хабаргузории русии “MKRU” аз кишварҳое номбар карда, ки эҳтимол дорад соли ҷорӣ даргири ҷангҳои низомӣ шаванд.

Аз ҷумла ӯ кишварҳои Осиёи Марказиро ном бурдааст, ки эҳтимол соли 2021 дар гирдоби ҷангу хунрезӣ қарор гиранд, аммо маълум нест, ки ин андешаҳо аз куҷо сарчашма мегиранд, танҳо гумон ва тахмини ин коршинос аст ва ё маълумоти дақиқе аз ҷиҳатҳои махсус.

Нуқтаи хатари хориҷие, ки Тоҷикистонро таҳдид мекунад, ин вуҷуди Толибон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст. Вале мақомоти Тоҷикистон ҳамеша таъқид мекунанд, ки марз зери назорат аст ва сохторҳои қудратӣ ба ҳар хатару таҳдиде омодаанд.

Алексей Валюжевич мегӯяд, ҳарчанд соли гузашта бинобар муноқишаҳои гуногуни мазҳабӣ ва ҳамчунин хуруҷи бемории коронавирус хотирмон буд, аммо соли ҷорӣ шояд аз соли гузашта душвортар шавад.

Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон ҳамчун яке аз минтақаҳои “гарм” боқӣ мемонад ва интизор меравад, ки дар соли 2021 аксари нерӯҳои эътилофи ИМА ва НАТО аз ин ҷо хориҷ бишаванд ва бо берун рафтани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон нуфузи ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст, афзоиш меёбад.

“Алалхусус, чунин вазъият барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарзо аст. Бе муболиға ҷанг дар марзи кишварҳое, чун Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад”, – гуфтааст, ин коршинос.

Вале коршисонони тоҷик назари дигар доранд, як корманди собиқи мақомоти Тоҷикистон ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт,

“ин бори аввал нест, ки коршиносони рус чунин таҳлилҳоро иро кунанд. Инро аз як ҷиҳат метавон чандон ҷиддӣ нагирифт, вале аз тарафи дигар ҳамчун таҳлили коршиносони ҳарбӣ бояд каме таваҷҷӯҳ кард. Зеро он метавонад бо худ паёмҳое дошта бошад. Агар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷанге ҳам ба вуқӯъ наояд, қувваҳои Амрико Афғонистонро тарк карданиянд ва шояд Русия бо нашр ва таҳдиди хатар сояи худро дар ин кишварҳо паҳнтар кардан мехоҳад.”

Ба гуфтаи ин коршинос, таҳлилгарони рус шояд бо гушзати чунин хатарҳо мехоҳанд бори дигар амният ва ҳифзи сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистонро ба даст гиранд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Афғонистон 1400 км бо ҳам марзи муштарак доранд, ки гуфта мешавад ҳоло ҷангиёни гурӯҳи Толибон наздик ба марзи Тоҷикистон низ ҳузур пайдо кардаанд.

Дар Русия таксиронии муҳоҷирон манъ карда мешавад?

0

Бо ин гуна дархост Вакили маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург Андрей Анохин ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия муроҷиатнома фиристода, дархост намудааст, ки ба кори муҳоҷирон дар таксиҳо маҳдудият ҷорӣ шавад.

Дар ин бора шабакаи “Царград” бо истинод ба нусхаи номаи расмии Анохин, ки дар ихтиёри ин шабака аст, хабар медиҳад.

Дар дархости худ, Анохин ба афзоиши назарраси садамаҳои нақлиётӣ бо таксиҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, гуфтааст, ки дар соли 2019 шумораи садамаҳо 60% афзуда, сатҳи фавт ба 41% расида буд.

Дар идома вакили маҷлис иброз доштааст, ки дар соли 2020 болоравии ҳодисаҳои садама нисбат ба соли гузашта боз 25% ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи ӯ муҳоҷироне, ки ба ҳайси ронанда кор мекунанд, аксар вақт меъёрҳоро вайрон мекунанд, бе хобу истироҳат таксиронӣ мекунанд, аксар вақт рост дар паси чамбараки мошин хоб мераванд ва ҳолати садамавиро ба вуҷуд меоранд.

Андрей Анохин, Вакили маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург. Сурат: Илья Снопченко / ИА «Диалог»

Ғайр аз он, Анохин ҳолатҳои таҷовузи мусофирон аз ҷониби ронандагони таксиҳои муҳоҷирро зикр намудааст. Чунин ҳодисаҳои пурсарусадо дар Санкт-Петербург, Маскав ва дигар шаҳрҳо ҷой доштанд.

Дар ин робита, депутат аз Котяков хоҳиш намудааст, ки ба кори муҳоҷирон дар таксиҳо маҳдудият ҷорӣ шавад.

Ин барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар пандемияи ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим аст, кӯмак мекунад, қайд кардааст Вакили маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург Андрей Анохин.

Сатҳи таваррум дар кишвар аз мизони пешбинишуда болотар рафт

0

Бино ба маълумоти Агентии омор, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2020 ба 9,4% расидааст. Дар ҳоле, ки он дар оғози соли 2020 то охири сол 7% пешбинӣ шуда буд, аммо он аллакай дар моҳҳои январ – октябр ба ин дараҷа расид.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти кишвар, танҳо дар моҳи декабр таваррум 0,4% -ро ташкил дод. Дар охири соли гузашта таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ба 9,4% расид.

Дар ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ 13% ва маҳсулоти ғайриозуқа 5,8% гарон шуда, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 4% боло рафт.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки дар соли 2020 қиммати равғани мойеъ 50 дарсад, қанду шакар 40.7 дарсад, макарон 30 дарсад, картошка 19. 8 дарсад, орд 16.4 дарсад ва гӯшт 5.7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Афзоиши назарраси нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, чи воридотӣ ва чи дар дохили кишвар, аз сентябри моҳи гузашта дар кишвар ба назар мерасад.

Инчунин нархҳои дигар намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ – сабзавот ва мева низ ба маротиб боло рафт.

Воридкунандагони маҳсулот ҷаҳиши нархи маҳсулоти воридшударо ба коҳиши қурби пули миллии сомонӣ дар баробари доллари ИМА рабт медиҳанд.

Дар оғози моҳи ноябри соли 2020 Бонки миллии кишвар бори дуввум қурби расмии доллари ИМА-ро дар баробари пули миллии сомонӣ тасҳеҳ кард ва фарқи қурб қариб 1 сомониро ташкил дод. (1 доллари ИМА ба 11,30 сомонӣ баробар шуд).

Истеҳсолкунандагони ватанӣ инчунин болоравии нархи маҳсулоти худро ба фарқияти қурб рабт медиҳанд. Дар ниҳоят онҳо аз сабаби набудани истеҳсолот дар дохили кишвар маҷбуранд хӯрок (барои паррандаҳо), сӯзишворӣ ва ғайра ворид кунанд.

Ин дар ҳолест, ки музди миёна дар Тоҷикистон 1661 сомонӣ (наздик ба 146 доллар) ва ҳадди ақали музди меҳнат 400 сомонӣ (35 доллар) мебошад.

Хайрхоҳон дар ҳар давру замон ва дар ҳар шароите вуҷуд доранд

0

Раҳматулло Ғиёсови 70-сола ва Бисоҷида Ғиёсоваи 67-сола дар маркази шаҳри Хуҷанд қуттии сеҳрнок омода намудаанд, ки дар он нон ва ширинӣ мегӯзоранд, то ҳар нафари ниёзманд метавонад аз он ройгон истифода намояд.

Онҳо барои ҷалби дигарон дар пештоқи қуттӣ навиштаанд, “ҳар касе чизе бигирад, шикамаш сер шавад ва ҳар касе чизе бигузорад, умраш дароз гардад.”

Ин зану шаҳвар гуфтаанд, то дар қайди ҳаёт ҳастанд, ин иқдоми худро идома медиҳанд, ҳамчунин ба нафарони хайрхоҳ дархост намудаанд, ки ҳар нафар хоҳиш дорад, ҳамроҳи онҳо дар ин иқдоми хайр ҳамроҳ гардида қуттиро пур намояд.

Гуфта мешавад, ин ду ҷуфти хайрхоҳ ин иқдоми худро аз ҳисоби нафақаашон роҳандозӣ намудаанд, ки он баёнгари мавҷудияти хубию одамгароӣ дар ҷомеа мебошад.

Бисоҷида Ғиёсоваи 67-сола ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар як моҳ 600 сомонӣ нафақа мегирам, шавҳарам зиёдтар мегиранд. Як қисми нафақаро ба ин кор сарф мекунем, чунки фарзандонро хонадор кардем, хотир ҷамъ аст.

Ин иқдом дар ҳолест, ки дар гузашта низ чанд дафъа маъракаи тақсими хӯрокворӣ ва либоси бепул ба ниёзмандон дар Суғду минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, аммо зоҳиран дер давом накард, вале маълум набуд, ки сабаби аз байн рафтани он иқдомҳо чӣ буд.

Иттиҳоми нав. Маҳмурод Одинаевро бо иттиҳоми экстремистӣ гунаҳкор карданд

0

Дар Тоҷикистон бар зидди муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев пас аз як моҳи боздошташ иттиҳоми нав эълон кардаанд.

Ӯро ба иттиҳоми авбошӣ дар таърихи 5 декабри соли гузашта дар ҳудуди Душанбе дастгир карда буданд, акнун Додситонии шаҳри Ҳисор Одинаверо ба “Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ” муттаҳам мекунад.

Радиои Озодӣ  дар нашри ин хабар ҳамзамон оварда, ки дар Додситонии шаҳри Ҳисор далели боз шудани парвандаи навро шарҳ надоданд, аммо тасдиқ карданд, ки бар зидди Маҳмурод Одинаев бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд ва баррасиашро додситон Икром Мирзошарифзода ба ӯҳда дорад.

Дар бораи иттиҳоми нав масъулони додситонии Ҳисор пайванддони Одинаверо дар рӯзи 14 январи ҳамин сол хабардор кардаанд, аммо пайвандон мегӯянд, ҳеҷ далеле барои ин иттиҳом вуҷуд надорад. Барои иттиҳоми “Даъвати оммавӣ ба амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ” дар Тоҷикистон аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Пештар Додситонии кулли Тоҷикистон сабаби боздошти Маҳмурод Одинаевро дар он гуфта буд, ки моҳи октябри соли 2020 дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор гуё “дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.”

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешаванд, Маҳмурод Одинаев моҳи октябри соли гузашта дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор иддао кард, ки писараш Ҳоҷиакбар Одинаев биноии чашмаш заиф аст ва ӯро ғайриқонунӣ ва зуран бо услуби одамрабоӣ (Облава) барои хидмат дар сафи Қуваҳои низомӣ бурдаанд.

Худи Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Ӯ пеш аз боздошт мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли 2020 дар саҳифаи фейсбукиаш мардумро ба тазоҳурот даъват кард.

Ӯро пас аз даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД шаҳри Ҳисор даъват карданд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд.

Ду писари Маҳмурод Одинаевро низ додситонии шаҳри Ҳисор ба авбошӣ муттаҳам кардааст. Додситонии Ҳисор Ҳабибулло Ризоевро бо иттиҳоми ҳаракатҳои қасдона барои нишон додани муқобилият ба кормандони интизомӣ тибқи моддаи 237, қисми 2, бандҳои “б” ва “в” (авбошӣ) айбдор кардааст.

Пайвандони Ҳабибулло Ризоев пештар гуфта буданд, ки ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст, аммо парвандааш барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев низ бо ҳамин иттиҳом дар боздошт қарор дорад.

Озодӣ навишта, ки назари Раҳматилло Зойиров раиси ҲСДТ ба эълони айби дуввум нисбат ба муовини боздоштшудааш дастрас нест. Маҳмурод Одинаев вакили мудофеи мустақил надорад ва маълум нест, худи ӯ дар ин бора чӣ мавқеъ дорад.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худу хонаводааш бисёр мегуфт.Фаъолону мухолифон боздошту эълони иттиҳом бар зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд, ки бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд.

Айни ҳол Маҳмурод Одинаев дар СИЗО-и рақами яки Душанбе қарор дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш танҳо баъди се ҳафта ҷойи нигаҳдории ӯро дақиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки дар он ҳамсари собиқи Маҳмурод Одинаев ба Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, мегӯяд, ки се фарзанди ман дар зиндон аст, магар ман онҳоро барои зиндонӣ шудан таваллуд кардаам.

Дар вилояти Суғд давоми як сол 107 корхона таъсис ёфтааст

0

Бино ба иттилои сомонаи “Азия – Плюс” дар вилояти Суғд дар соли гузашта 107 корхонаву коргоҳҳои нав таъсис ёфта 1570 нафар бо кор таъмин шудааст, аммо дар ин давра дар вилоят 26 корхона низ аз кор монда ва 238 нафар аз ҷойи кори доимӣ маҳрум шудаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки 17 корхонаи дигари вилоят, ки бештар аз 900 корманд доранд тақрибан ду сол мешавад, ки фаъолият намекунанд ва ё дар ҳоли барҳамхӯрӣ қарор доранд.

Бино ба иттилои манбаи “Азия-Плюс” ин корхонаҳо бо сабаби рақобатпазир набудан дар бозор, набудани фармоишгар ва талабот ба маҳсулоти онҳо, ҳамчунин қарздорӣ аз андозу бонк зиёда аз 2 сол мешавад, ки фаъолият намекунанд.

Гуфта мешавад, дар Мастчоҳ ҶСК “Ҳасан Абдулов” ки ба коркарди нахи пахта машғул буд,  бо сабаби қарздории андоз аз соли 2018-ум ин ҷониб кор намекунад.

Ё фаъолияти ҶСП “Дорис”, ки ба истеҳсоли равғани растанӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сару кор дошт, бо ҳамин сабаб аз соли 2017-ум ин ҷониб аз фаъолият бозмондааст.

ҶСК “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”, дар шаҳри Гулистон, ки консертрати сурб ва нуқра истихроҷ мекунад, бо сабаби дар бозори ҷаҳонӣ паст рафтани нархи маҳсулот аз соли 2013 ба ин сӯй кор намекунад.

Ҳоло ҳукуматдорони вилоят талош мекунанд, ки ин корхонаро, ки беш аз 500 корманд дошт, фаъол гардонанд, гуфтааст корманди Ҳукумат.

Гуфта мешавад корхонаҳое, ки барҳам хӯрдаанд, асосан дар шаҳру ноҳияҳои  Мастчоҳ (3 корхона), Конибодом (4), Спитамен (3), Хуҷанд (2), Деваштич (2),  Гулистон (1) ва ноҳияи Ғафуров (2) будаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҷумҳурӣ наздики 2,3 ҳазор  корхонаи саноатӣ мавҷуданд, ки наздик ба 700-тои он дар вилояти Суғд қарор доранд.

Оё дар ҳақиқат буҷет барои бардохти музди меҳнат афзудааст?

0

Дар буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 оиди пардохти музди меҳнат 6 миллиарду 34 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Бино ба иттилои хабаргузории “Авесто” Вазорати молияи Тоҷикистон эълон карда, ки дар соли 2021 пардохти маблағи 6 миллиарду 34 миллион барои музди меҳнат пешбинигардида, нисбат ба соли 2020 наздик ба 701 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи омори худи мақомот, буҷет барои пардохти музди меҳнат дар соли гузашта ҳудуди 5 млрд 333 млн сомонӣ бо қурби моҳи январи соли 2020 550 млн доллар буд, вале оне, ки Ҳукумат мегӯяд, гӯё ин маблағ 701 млн сомонӣ афзудааст, ҷойи фикру андеша дорад.

Оё дар ҳақиқат буҷа барои пардохти маош афзудааст? 6 миллиарду 34 млн сомонӣ бо қурби имрӯза ба 534 миллион доллар баробар аст. Маълум мешавад, ки буҷа барои пардохти маош имсол чизе наафзуда, балки 180 млн сомонӣ ва ё 16 млн доллар кам гаштааст.

Гуфта мешавад, ки маоши миёна дар Тоҷикистон дар соли 2020 1661 сомонӣ будааст.

Музди меҳнат дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ то ба имрӯз дар пастарин зина қарор дорад.

Музди меҳнат дар Русия 730 доллар, Беларус 518 доллар, Қазоқистон 480 доллар ва Қирғизистон 239 доллар зикр мешавад.