9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 65

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

0

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Вазорат ин масъаларо мавриди муҳокима қарор дода, татбиқи онро барои беҳтар намудани сифати таҳсилот ва мутобиқсозии низоми таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ зарур донистааст.

Раҳбарияти ин ниҳод дар ҷаласае бо ҳузури масъулин, гурӯҳи махсуси байниидоравро муваззаф карда, ки давоми даҳ рӯз барои омодасозии барномаҳои таълимӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин барои роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои амалӣ андешад.

Мақомот иброз доштанд, ки таҷрибаи кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки низоми 12-сола раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда буда, имкони фароҳам овардани муҳити муассири таълимӣ ва рушди қобилиятҳои донишомӯзонро бештар мегардонад.

Вазорати маориф ва илм таъкид карда, ки гузариш ба ин низом тадриҷан ва бо ҷалби мутахассисон, инчунин бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва хусусиятҳои таълимии кишвар сурат хоҳад гирифт.

Бо вуҷуди эълони ташаббуси гузариш ба низоми таҳсили 12-сола аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, коршиносон таъкид мекунанд, ки танҳо дароз кардани муҳлати таҳсил худ ба худ мушкили аслии соҳаи маорифро ҳал намекунад. Дар айни замон, Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде дар соҳаи маориф рӯ ба рӯ аст, аз ҷумла сифати пасти таълим, нарасидани кадрҳои баланд ихтисос ва реша давондани фасод.

Бино ба арзёбиҳои мустақил, сатҳи саводи хонандагон дар кишвар тайи солҳои охир рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Хонандагони мактабҳои миёна дар аксари ҳолатҳо бо дониши паст ба мактабҳои олӣ роҳ меёбанд ё пас аз хатми мактаб бе омодагии кофӣ вориди бозори кор мешаванд. Ин ҳолат боиси нигаронии ҷомеа ва хусусан волидайн гардидааст.

Аз сӯи дигар, фасоди густарда дар низоми таълим, аз қабул ба мактабҳои олӣ то санҷиш ва имтиҳонҳо монеаи ҷиддие дар роҳи ислоҳот ба шумор меравад.

Бо ин ҳама, агар гузариш ба низоми 12-сола ҳамроҳ бо дигар ислоҳоти амиқ ва бунёдӣ, аз ҷумла беҳтарсозии омодагии омӯзгорон, таъмини мактабҳо бо шароити зарурӣ ва муборизаи ҷиддӣ бо фасод амалӣ гардад, он метавонад ба рушди воқеии сифати таҳсил кумак кунад. Дар акси ҳол, танҳо зиёд кардани як сол ба муҳлати таҳсил наметавонад сатҳи саводи хонандагонро беҳтар кунад.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

0

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.

Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раисулвузарои Толибон дар нишасте дар Кобул гуфта, ки мақомоти эронӣ ин миқдор муҳоҷири афғонистониро аз аввали моҳи июн то имрӯз ихроҷ кардаанд.

Ҳамзамон Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони Афғонистон 15 рӯз муҳлат додааст, ки аз кишвар хориҷ шаванд, дар ғайри ин сурат онҳоро ихроҷ хоҳад кард.

Чанде пеш расонаҳо аз он мегуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон даҳҳо шаҳрвнди Афғонистонро, ки баъд аз сари қудрат омадани Толибон фирор карда буданд, якбора бидуни додани муҳлат радди марз карда буд. Ҳатто бархе муҳоҷирон аз он шикоят доштанд, ки маъмурони амниятии тоҷик фурсати ивази либосро ба онҳо надода буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Покистон чанд моҳ қабл дар як иқдоми бесобиқа ҳазорҳо муҳоҷири афғонистониро бидуни додани муҳлат ихроҷ карда буд, ки аксари онҳо дар он кишвар таваллуд шуда ва онҷо бузург шуда буданд.

Мақомоти Эрону Тоҷикистон ва Покистон иддао доранд, ки муҳоҷиронеро ихроҷ мекунанд, ки асноди будубош надоранд ва даст ба қонуншиканиҳо мезананд. Аммо аз шикояти муҳоҷирони ихроҷшуда маълум мешавад, ки на ҳамаи онҳо қонуншиканӣ кардаанд ва ё бе асноди будубош будаанд.

Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки бархе аз муҳоҷирони ихроҷшудаи афғонистонӣ бо изҳори норозигӣ мегӯянд, 20-30 сол боз дар Эрон қонунӣ кору зиндагӣ кардаанд, вале маъмурони пулис ансонди онҳоро пора карда, бидуни додани муҳлате дар як рӯз аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Ин муҳоҷирон ба расонаҳо гуфтанд, ки маъмурони пулиси Эрон пас аз ҳамлаи Исроил ба ин кишвар муҳоҷирони афғонистониро ба ҷосусӣ ба фоидаи Исроил муттаҳам карда, бархеро зиндонӣ ва бархе дигарро ихроҷ мекунанд.

Ба назари коршиносон, яке аз омилҳои ихроҷи густурдаи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Покистону Эрон ин кам кардани фишори иқтисодӣ аз кишварҳояшон аст. Мехоҳанд бо ин тариқ ҷойҳои кориро барои шаҳрвандони худ бештар кунанд. Омили дигари ин иқдомро таҳлилгарон ривоҷи “руҳияи нажодпарастӣ” дар ҷомеаи эронӣ медонанд.

Аммо Эрон қаблан эълон карда буд, ки сабаби ин тасмимҳо “таъмини амнияти пойдор барои шаҳрвандон” аст. Ва мақомоти Тоҷикистон ҳам пеш аз ҳама ин иқдомро ба “таъмини амният” рабт медиҳанд.

ДБҶ ҳукми боздошти ду раҳбари Толибонро содир кард

0

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ (ICC), воқеъ дар шаҳри Ҳагаи Нидерландия, барои ду раҳбари аршади Толибон, Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ ҳукми боздошт содир намуд.

Онҳо ба ҷиноятҳои зидди башарӣ, аз ҷумла таъқиби ҳадафмандона ва маҳдудсозии ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон муттаҳам мешаванд.

Ба гуфтаи додситони ДБҶ, пас аз ба қудрат расидани Толибон дар соли 2021, ин гурӯҳ сиёсати фишороварӣ ва маҳдудкунандаро нисбати занон роҳандозӣ карда, духтаронро аз таҳсил, кор ва иштироки иҷтимоӣ маҳрум сохт. Ин амалҳо ҳамчун ҷиноятҳои зидди башарӣ ва таъқиби гендерӣ арзёбӣ шудаанд.

Ҳукумати Толибон ин ҳукмро “сиёсӣ ва беасос” номида, онро рад кардааст. Дар вокуниш ба ин ҳукм мақомоти Толибон изҳор доштанд, ки сиёсати онҳо бо арзишҳои исломӣ ва фарҳанги миллии Афғонистон мутобиқ аст ва додгоҳ ба ҷиноятҳои нерӯҳои хориҷӣ дар давраи ишғол аҳамият намедиҳад.

Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Amnesty International ва Human Rights Watch, ин иқдоми Додгоҳро як қадами муҳими таъмини адолат барои занону духтарони афғон номиданд. Онҳо аз кишварҳои узви ДБҶ даъват карданд, ки дар иҷрои ҳукми боздошт ҳамкорӣ кунанд.

Гуфтугӯҳо миёни Трампу Натанёҳу ба чӣ анҷомид?

0

Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил рӯзи душанбе барои мулоқот бо Доналд Трамп ба Амрико сафар кард.

Ба иттилои расонаҳо, байни Трамп ва Натанёҳу дидору мулоқотҳои аланӣ ва пасипардагӣ сурат гирифт, ки аз ҷузъиёти гуфтугӯҳои бидуни ҳузури расонаҳо чизи зиёде маълум нест. Танҳо чизе, ки худи Натанёҳу баъдтар ба расонаҳо гуфт, ин аст, ки гуфтӯгӯ миёни ӯ ва Трамп бештар дар мавриди талошҳо барои бозгардонидани гаравгонҳо аз дасти ҲАМОС будааст.

Натанёҳу ба расонаҳо гуфта, ки дар бораи баргардонидани гаравгонҳо ва бесилоҳ намудани ҲАМОС ва идораи мимбаъдаи Ғазза бидуни ҲАМСО-ро бо Трамп гуфтугӯ кардааст. Трамп ва Натанёҳу бо ҳам масъалаи ҳамла ба зерсохторҳои Эронро баррасӣ карда, онро “комёбии бузург” номидаанд.

Аммо расонаи исроилии “Ядиут Аҳранут” навишта, ки дар суҳбатаҳои хусусӣ зоҳиран Трамп болои Натанёҳу барои поён додани ҷанг дар Ғазза фишори зиёд овардааст. Зеро Трамп ба такрор вазъи Ғаззаро “фоҷиабор” номид.

Дар як нишасти ҷудогонаи дигаре, ки байни Трамп ва Натанёҳу ва ҳайаташ дар ҳузури расонаҳо сурат гирифт, Трамп дар мавриди оташбас ва эълони поёни ҷанг мепурсад. Дар ин нишаст, намояндаи Амрико дар Ховари Миёна Стив Витков мегӯяд, талош дорад то поёни ҳафтаи ҷорӣ ва ё ҳафтаи оянда ин оташбас ба даст биёяд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати хориҷии Қатар Моҷид Ансорӣ ба расонаҳо гуфт, “Он чи дар робита ба гуфтушунидҳо дар мавриди оташбас миёни Исроил ва ҲАМОС мегузарад, умумӣ аст ва ҳоло ба таври муфассал шуруъ нашудааст.” Ӯ афзуда, ки талоши миёнаравҳо барои эҷоди як оташбаси доимӣ идома дорад, вале дар бораи эълони натиҷаҳо ҳанӯз зуд аст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар, нақшаи Исроил дар мавриди ба таври маҷбурӣ муҳоҷир кунондани мардуми Ғазза ва ба дигар ҷой кӯчондани онҳо дар ин гуфтушунидҳо матраҳ нест.

Аммо тарҳи Амрико дар мавриди оташбас ин аст, ки дар аввал ба муддати 60 рӯз оташбас эълон мешавад ва дар ин муддат тамоми асирони исроилӣ, ки дар дасти ҲАМОС ҳастанд – тақрибан адади зиндаҳо 20 нафар гуфта мешавад – озод мешаванд ва ҳаминтавр артиши Исроил ба тадриҷ аз хоки Ғазза берун мебарояд ва ҷанг пурра хотима дода мешавад.

Аммо ин тарҳи Амрико аз ҷониби баъзе вазирони исроилӣ, аз ҷумла Смотрич ва Бин-Ғафир, вазирони молия ва амнияти дохилии Исроил мавриди интиқод қарор гирифта, намехоҳанд ҷанг дар Ғазза поён ёбад. Ин ду вазири тундгаро рӯзи сешанбе дар изҳороте исрор карданд, ки набояд оташбас шавад ва ҳеч навъ кумакҳои инсонӣ вориди Ғазза нашавад ва то дами марг зану кӯдакони Ғаззаро гурусна бояд нигоҳ дошт ва сипас боқимондаро аз ин борика ба дигар макон кӯчонид.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ба сабаби нигарониҳои мардуми Исроил аз нооромиҳо ва ҷанге, ки 21 моҳ боз дар Ғазза идома дораду ҳеч натиҷаи малмусе надодааст, эҳтимол меравад ҳукумати ин кишвар низ оташбасро бипазирад.

Гуфта мешавад, яке аз ҳадафҳои аслии ҳамлаи беамони Исроил ба Ғазза ин озодии гаравгонҳо буд, ки то ҳол ба озод кардани яктои онҳо ҳам муваффақ нашудааст. Тахмин зада мешавад, ки ҳоло дар Ғазза аз 50 гаравгони боқимонда шояд 20 каси дигар зинда монда бошад.

Ёдовар мешавем, ки Исроил пас аз 7-уми октябри соли 2023 ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро ба Ғазза оғоз кард, ки то кунун идома дорад. Ин ҳамлаи низомии Исроил то кунун 194 ҳазор кушта ва захмӣ дар Ғазза баҷо гузошта, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон бештар аз 11 ҳазор нафари дигар дар зери овораҳо беному нишон гаштаанд.

Тибқи иттилои расмии Исроил, аз оғози ҷанг 883 сарбози исроилӣ дар Ғазза бо дасти ҲАМОС кушта шуда, 6060 сарбози дигар захмҳои гуногун бардоштаанд.

Ҳукми зиндони Дилмурод маълум шуд

0

Мақомоти Тоҷикистон фаъоли сиёсӣ ва узви ҶИРТ Дилмурод Эргашевро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Радиои Озодӣ дар истинод ба Фарҳод Одинаев, фаъоли муқими Олмон навишта, ки мурофиаи додгоҳии Эргашев 27-уми феврали соли ҷорӣ, баръакси муҳокимаҳои дигар фаъолон боз ва бо иштироки пайвандону вакили дифоаш сурат гирифтааст.

Додгоҳи ноҳияи Сино ӯро ба “даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ” гунаҳкор кардааст. Назари худи ин зиндонии сиёсӣ ва наздикону вакили дифоаш дар бораи иттиҳоми мақомот маълум нест.

Гуфта мешавад, ҳоло Дилмурод дар зиндони шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад ва пайвандонаш чанд маротиба дар зиндон бо ӯ мулоқот кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон моҳи ноябри соли 2024 узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилмурод Эргашеви 40-соларо, ки аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебурд ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст, ба Тоҷикистон ихроҷ кард.

Эргашев дар остонаи ихроҷаш, 5-уми ноябри соли ҷорӣ қасди худкушӣ карда, рагҳои дасту пойи худро бурида буд ва ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол доданд, вале баъдан бо вуҷуди вазъи бади саломатиаш ӯро ба боздоштгоҳ баргардонда ва сипас ба Тоҷикистон истирдодаш карданд.

Пас аз истирдод ин фаъолро кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карда, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд ва то имрӯз дар бораи сарнавишти ӯ чизе маълум набуд.

Созмонҳои мухолифин ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ пеш аз ихроҷи Эргашев аз мақомоти Олмон хоста буданд, ки ин фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод накунад, чун дар ҳоли истирдод ӯ мисли Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбаналиев мавриди шиканҷа қарор гирифта, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мегардад.

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

0

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Ҳерсог дар мулоқот бо ин ҳайат аз хоҳиши Исроил барои гузаштан – ба гуфтааш ба як даврони нав — даврони ҳамгироӣ ва сулҳ дар Ховари Миёна ва нақши ҳаётан муҳими аҳолии мусалмони Исроил гуфта, таъкид кардааст, ки мусалмонон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи исроилӣ мебошад.

Дар идомаи Президенти Исроил таъкид кардааст, ки “мо ҳама фарзандони Иброҳим ҳастем” ва изҳори боварӣ намудааст, ки “пешрафти таърихӣ дар минтақаи мо натиҷаи гуфтугӯ байни мусалмонон ва яҳудиён аст”. Ӯ аз имомон хостааст, ки ба ҷомеаҳои худ паёми сулҳро расонанд, чун умедвор аст, ки сулҳ бо Сурия, Лубнон ва ҳатто, «иншоаллоҳ», бо Арабистони Саудӣ низ ба даст хоҳад омад. Вале таъкид карда, ки нерӯҳои ифротӣ талош доранд “ин пешрафт ва хоҳиши воқеии Исҳоқу Исмоилро барои зиндагии якҷоя” боздоранд.

Ин гурӯҳи имомон ба Ҳерсог дар бораи аҳамияти сафари худ, муҳаббат ва дӯстии онҳо ба Исроил ва мардуми яҳудӣ, озод шудани гаравгонҳо ва пойин ёфтани дарду ранҷи мардуми бегуноҳи Ғазза гуфтаанд.

Раҳбари ин ҳайати имомон ва конфронси имомони Фаронса Ҳусейн Чалғумӣ ба Президенти Исроил Исаак Ҳерсог гуфта, ки “Он чизе, ки мо аз 7-уми октябр шоҳид ҳастем, танҳо як низоъ байни Исроил ва ҲАМОС ва ё низоъ байни Исроил ва Ҳизбуллоҳ нест. Баръакс, ин рӯёрӯии ду ҷаҳони комилан мухталиф аст. Шумо намояндаи ҷаҳони бародарӣ, инсондӯстӣ ва шафқат ҳастед. Шумо арзишҳои демократия ва озодиро ҳимоя мекунед.”

Ҳайати имомон аз Аврупо қасд дорад дар доираи ин сафар аз порлумони Исроил (Кнессет), шаҳри қадимаи Ерусалим, марзҳои Сурия ва Лубнон ва дигар ҷойҳо дидан кунанд.

Сафари як гурӯҳ аз имомон аз кишварҳои аврупоӣ ба Исроил дар ҳолест, ки мақомоти Исроил пас аз 7-уми октябри соли 2023 ҳамлаҳои заминиву ҳавоии худро ба Ғазза то имрӯз идома дода истодааст. Ба гузориши расонаҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, то кунун беш аз 180 ҳазор сокини ин борика кушта ва захмӣ шуда, беш аз 11 ҳазор нафар беному нишон гаштаанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, 100% аҳолии Ғазза аз гуруснагӣ ба шиддат ранҷ мебаранд. То ҷое, ки кӯдакону пиронсолон тоқати гуруснагиро накарда, рӯзона даҳҳо тан ҷон медиҳад.

Инчунин мувофиқи оморҳои расмӣ, нерӯҳои исроилӣ то имрӯз ба сабаби тир кушодан ба сӯи мардуми бесилоҳе, ки дар навбати ғизо меистанд, 550 нафарро кушта, бештар аз 4 ҳазори дигарро захмӣ кардааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

0

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Ин тасмим рӯзи 7-уми июл, як рӯз пеш аз таърихи эълони расмӣ, аз ҷониби Департаменти давлатии Амрико расонаӣ шуд.

Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, тасмими кунунии Амрико бо ҳамоҳангии вазири корҳои хориҷии ИМА, Марко Рубио, додситони кулл Пам Бондӣ ва вазири молия Скотт Беснетт қабул шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ин иқдом посух ба “тағйир дар равиши сиёсӣ ва амалкарди ҳукумати нави Сурия ва гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” мебошад.

Таҳлилгарон бар инанд, ки ҳазфи номи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шояд як иқдоми стратегии Вашингтон дар баробари ҳукумати нави Сурия бошад, ки пас аз барканории Башор Асад ба миён омад. Ин метавонад роҳро барои гуфтугӯҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои эҳтимолӣ дар Сурия боз кунад.

Ёдоварм ешавем, ки “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”, ки як гурӯҳи исломгаро буд, ки қаблан чанд маротиба номи худро иваз кардааст. Ин гурӯҳ то замони сарнагун кардани ҳукумати Башшор Асад дар қисмати Идлиби Сурия ҳукумат ташкил карда буд ва Аҳмад Шаръ онро идора мекард. Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бо сабаби иртибот доштан бо Ал-Қоида онро “гурӯҳҳои террористӣ” эътироф мекарданд.

Вале худи Аҳмад Шаръ пас аз сари қудрат расидан дар Сурия ва сарнагунии ҳукумати Башшор Асад гӯраҳашро аз байн бурд ва онро бо чанд гурӯҳҳои мусаллаҳи дигар, ки ҳамроҳаш муттаҳид буданд, ба давлат ҳамроҳ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

0

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Ба пешвози Ҷабборов ба Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе худи Раҳмонов рафта буд ва ба хотири истиқболи ӯ барномаи фарҳангие низ онҷо баргузор гардидааст.

Пас аз ин маросим, дар Кохи Миллат музокироти сарони давлатҳо дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ баргузор гардида, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ кардаанд.

Инчунин Раҳмонов ва Ҷабборов аз таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои савдо, сармоягузорӣ, энергетика ва инфрасохтори нақлиётӣ гуфта, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадиро зарур шумурдаанд.

Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон аз идомаи корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо гуфтаанд.

Дар ин гуфтугӯҳо Раҳмонов боз дар мавриди мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ гуфта, мушкилоти тағйирёбии иқлим, оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва ҳифзи пиряхҳоро низ фаромуш накардааст.

Дар анҷоми музокирот Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов изҳороти муштарак дода, дар маросими имзои 13 санади ҳамкорӣ, ки яке аз онҳо “Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ” аст, иштирок кардаанд.

Илова бар ин, сарони давлатҳо дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, сафари давлатии Президенти Қирғизистон то 9-уми июл идома ёфта, ба ҷуз мулоқоту имзои созишномаҳо баргузории форуми тиҷоратию сармоягузории кишвар низ дар назар аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми тиҷорату савдо миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон дар панҷ моҳи соли равон танҳо 6.1 миллион долларо ташкил додааст, ки хеле ночиз аст. Чун дар соли 2020 ҳаҷми додугирифти Тоҷикистону Қирғизистон солона на камтар аз 40 то 60 миллион доллар будааст.

Гуфта мешавад, то имзои созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ин ду ҳамсоякишвар чанд соли охир муносибатҳои хубе надоштанд.

Ҳатто дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд. Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар, беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

0

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ “рейд” гузарондааст.

8-уми июли соли ҷорӣ, Кумитаи тафтишотии шаҳри Маскав хабар дод, ки дар ин рейдҳо асосан хостелҳо ва иботахоҳои мусалмононро дар Маскав санҷида, беш аз 500 муҳоҷир барои санҷиши ҳуҷҷатҳо ба шуъбаҳои милитсия бурда шуданд.

“Дар натиҷа, беш аз 30 шаҳрванди хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва будубош аз Русия ихроҷ карда шуданд.”, омадааст дар иттилоияи Кумитаи тафтишотӣ.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин рейдҳо як нафар, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор дошт, боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, давоми ду соли ахир, бахусус пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбаронаш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Марги мармузи вазири нақлиёти Русия баъди барканорӣ

0

Роман Старовойт, собиқ вазири нақлиёти Русия рӯзи 7-уми июли соли 2025, чанд соат пас аз сабукдӯш шудан аз мақомаш, ҷасади беҷонашро аз дохилӣ мошинаш пайдо карданд.

Гуфта мешавад, ӯ бо фармони раисиҷумҳур Владимир Путин аз вазифа сабукдӯш шуд. Ҷасадаш бо захми тир аз дохили мошинаш дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав пайдо шуд. Мақомот эҳтимоли худкуширо сабаби аслии марг арзёбӣ мекунанд.  

Ба иттилои расонаҳои русӣ, дар ҷои ҳодиса таппончае ёфт шудааст, ки ҳамчун тӯҳфаи расмӣ ба Старовойт дода шуда буд.  

Старовойт аз моҳи майи соли 2024 ба ҳайси вазири нақлиёт фаъолият мекард ва қаблан беш аз панҷ сол губернатори вилояти Курск буд.

Бархе тахмин мезананд, ки гумонбар шуданаш дар ришваву фасод ва дар истифодаи ғайриқонунии маблағҳои давлатӣ шояд боиси барканорӣ ва марги ӯ гашта бошад.  

Гуфта мешавад, яке аз муовинони пешини ӯ Алексей Смирнов, ки қаблан бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шуда буд, шояд алайҳи Старовойт шаҳодат дода бошад.  

Марги нобаҳангоми Старовойт дар замоне иттифоқ афтод, ки Русия бо буҳрони низомӣ ва иқтисодии шадид рӯ ба рӯст. Ба ҷои ӯ Андрей Никитин, собиқ губернатори Новгород, вазири нави нақлиёт таъин гардид.