9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 653

Ҷалолиддин Маҳмуд дигарбора маҳкум ба зиндон шуд

0

Ҷалолиддини Маҳмуд узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ дубора равонаи зиндон шуд. Дар ин бора рӯзи 20 декабри соли ҷорӣ, пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод. Бино ба навиштаи ин пойгоҳ Ҷалолиддини Маҳмудро ба 6 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кардаанд.

Пештар аз ин Ҷалолиддин Маҳмуд моҳи феврали соли 2015 бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ дастгир ва ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ моҳи апрели соли 2019 бар асоси қонуни авф аз зиндон озод гардид.

Ин собиқ узви Раёсати олии ҲНИТ-ро рӯзи 3 август дубора аз манзилаш аз деҳаи Чуқурак дар канори шаҳри Ҳисор барои бозпурсӣ бурда, баъди чанд соат манзилашро кофтукоб намуда, китобҳояшро ҳам мусодира карданд. Сабаби боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд эълон нашуда буд ва дар тӯли чоруним моҳе, ки аз боздошти ӯ мегузарад, тафсилоте дар бораи парвандаи ӯ аз ҷониби мақомот дода нашуда аст.

Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки Ҳукумат метавонист аз вуҷуди Ҷалолиддини Маҳмуд барои нақшаҳои розикунонии мухолифони дар хориҷбуда истифода кунад, вале бо зиндонӣ кардани ӯ ин имкониятро аз даст дод.

Аз ҷумла Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш менависад, ки мақомоти Суди олии Тоҷикистон бо дубора зиндонӣ кардани Ҷалолидини Маҳмуд, “ду нақшаи Ҳукуматро барбод доданд”.

Ӯ менигорад: “Ҳукумат дар чанд маврид аз Ҷалолидини Маҳмуд барои мутақоид кардани зиндониёни сиёсӣ дар робита “ба эътирофоти ҷурм” ва “узрхоҳӣ аз раҳбарияти олии Тоҷикистон” кор гирифт ва хелеҳоро бо ин роҳ моил карда буд, ки ба вай ва ваъдаҳои ҳукумат бовар карда ба Ватан баргарданд, аммо акнун пас аз зиндонӣ шудани Ҷалолидини Маҳмуд он “шӯълаҳои умед” дар дили боваркардаҳо хомӯш шуданд”.

Ин рӯзноманигори тоҷик бар назар аст, ки то ҷое “Ҳукумат тавассути Ҷалолидини Маҳмуд хеле аз раҳбарони хомӯшнишастаи ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар, ба хусус дар Аврупоро мутақоид карда буд, бояд ба Ватан баргарданд ва дар ин раванд хеле муваффақ ҳам шуда буд”, вале ин кори баъзе мақомоти судӣ боиси барбод рафтани нақшаи Ҳукумат шуд.

Сафари раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон

0

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе 21 декабри соли ҷорӣ зимни як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Дар ин бора пойгоҳи Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон иттилоъ дод.

Абдуллоҳ ва ҳайати ҳамроҳи ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон истиқбол намудааст.

Гуфта мешавад, сафар бо мақсади ҷалби ҳимояти минтақавӣ барои талошҳои сулҳ байни Толибону ҳукумати Афғонистон анҷом мешавад.

Дар назар аст Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин сафар бо як қатор масъулони баландпояи Ҳукумати Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом бидиҳад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ӯ бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, Раиси Парлумон Муҳаммадтоҳир Зокирзода ва вазири корҳои хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба раванди сулҳи Афғонистон дидору гуфтугӯ карданист.

Гуфта мешавад, ки дар раванди сулҳ ин дуввумин сафари минтақавии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон мебошад.

Вай қаблан барои пуштибонӣ ёфтани раванди сулҳи Афғонистон байни Толибон ба Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Узбекистон ва Туркия сафар карда буд.

Сафари ӯ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки раванди музокироти байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон қатъ шудааст.

Додситони кул: Далер Шарифов барои ҷомеа хавфнок аст

0

Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷавоб ба мактуби Идораи зиндонҳои Тоҷикистон дар бораи интиқоли Даллер Шарифов хабарнигорои боздоштшудаи тоҷик ҷавоби рад дода, хислатномаи мусбати ин Идораро сарфи назар намуд, гуфтааст, ӯ ба ҷомеа хафнок аст.

Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, муовини сардори маҳбаси Ёвон рӯзи шанбеи гузашта ӯро бо посухи масъулони Додситонии кул шинос кард, ки дар он гуфта шудааст:

“бо сабаби барои ҷомеа хавфнок будани Далер Шарифов барои гузаронидан ба маҳбаси сукунатӣ иҷозат дода намешавад”.

Чанде пеш масъулони Идораи зиндонҳо ба Далер Шарифов хислатномаи мусбат дода, хоста буданд, ӯ ба маҳбаси сукунатӣ гузаронда шавад, вале додситонӣ инро ба назар нагирифтааст.

Гуфта мешавад, дар маҳбаси сукунатӣ муқоиса ба зиндон маҳдудиятҳо камтар аст.

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба Радиои Озодӣ гуфтааст: онҳо пештар ба Далер Шарифов хислатномаи мусбат дода буданд, аммо ба сабаби дар сафари хидматӣ будан, дар бораи посухи додситонӣ иттилои бехабарӣ кардааст.

Падари Далер Шарифов гуфтааст, ҳафтаи гузашта бо Далер мулоқот доштанд ва ин хабарро ба ӯ расондааст.

Хислатномаи мусбати Идораи зиндонҳо ва посухи радди масъулони Додситонии кул дар ҳолест, ки ба қавли волидонаш ба поёни муҳлати ҳабси Далер Шарифов ҳудуди 40 рӯзи дигар мондааст.

Далер Шарифов, ки дар расонаҳои гуногун ошкоро сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро интиқод мекард, рӯзи 28-уми январи имсол боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрели имсол ӯро бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ як сол аз озодӣ маҳрум кард.

Хабарнигори тоҷик иттиҳомоти зиддаш эълоншударо рад карда буд, танҳо – ба гуфтаи падараш, дар сӯҳбатҳои ахир гуфтааст, ки “қисман иштибоҳ кард” ва дар як таҳқиқаш аз китобе иқтибос овард, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, аммо маълум нест ин нуктаро таҳти чӣ шароите баён кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқу озодии баён ва ҳамкорони собиқаш мегӯянд, Далер Шарифовро мақомот барои дигарандешиву интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон зиндон кардан, то ба ин васила ӯро “сокит кунанд” ва ба дигарон “ҳушдор” бидиҳанд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад.

Як созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии “Сафина” ва ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” ва расонаҳои дигари мустақил кор кардааст.

Бо парвозҳои чартерӣ чӣ қадар муҳоҷир ба Тоҷикистон баргашт?

0

Аслишо Нодиршоев сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ба сомонаи “Фараж” гуфтааст, баъд аз интишори корона ва қатъи парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Русия то имрӯз зиёда аз 90 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Бино ба гуфтаи Нодиршоев ҳамасола аз Тоҷикистон барои муҳоҷират тақрибан 500 ҳазор нафар ба дигар кишварҳо мераванд. Дар соли 2020 ба Федератсияи Русия 129 ҳазор нафар рафтаанд, ки аз онҳо 112 927 мард ва 16 880 зан будаанд.

Ӯ Русияро яке аз кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон уновн карда мегӯяд, ки “90 % муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар рафтаанд, 10 %-и ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо”.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, дар Тоҷикистон айни ҳол 267 ширкати сохтмонӣ фаъолият дорад, ки 34 528 кормандони онҳо шаҳрванди Тоҷикистон буда, 4 ҳазор шарҳвандони хориҷӣ ҳастанд.

Раиси “Тоҷпронбонк”-ро бо 4 моддаи ҷиноятӣ гунаҳкор донистанд

0

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷамшед Зиёев роҳбари собиқ “Тоҷпронбонк”- ро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Наздикони Ҷамшед Зиёев ба шарти бурда нашудани номашон ба “Азия-Плюс” гуфтаанд:

“Парвандаи Ҷамшед Зиёев аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 295 (Суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) мавриди тафтиш қарор гирифтааст.”

Дар идома гуфта шудааст, ки ҳукми суд аввали моҳи декабр эълон гардида буд, лекин мақомоти судӣ дар ин бора хабар намедиҳанд.

“Азия-Плюс” навиштааст, ки дар суди ноҳияи Сино мурофиаҳо ҳамон ҷо баргузор гардидааст, ба суоли хабарнигор дар ин маврид ҷавоби рад додаанд.

Ҷамшед Зиёев 24 апрели соли 2018 боздошт ва 16 май ба боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронида шуда буд. Моҳи феврали соли 2018 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон Иҷозатномаи “Тоҷпромбонк” барои анҷоми фаъолияти бонкӣ бекор карда шуд.

Он вақт сабаби ин амалро аз уҳдаи иҷрои хизматрасонӣ ба мизоҷон набаромадани бонк унвон карда буданд.

Ҳамчунин Ҷамшед Зиёев соли 2019, 100 млн сомонӣ (ҳудуди 10 млн доллар)-ро бо амвол баргардонида буд.

Дар он вақт гуфта мешуд, ки ин маблағҳо барои пардохти қарзҳо ба амонатгузорон равона гардидааст. Вале он маблағҳо куҷо рафтаанд, маълум нест.

Боздошти дигарбораи занҳои фирории тоҷик дар Сурия

0

Ду зани тоҷик ҳамроҳ бо панҷ фарзанди ноболиғашон, се рӯз пеш аз паноҳгоҳи “Ал-Ҳавл”-и Сурия фирор карда будаанд, боздошт гардидаанд.

Гуфта мешавад, занҳо қасд доштаанд, ки худро ба Туркия расонанд, вале дар роҳ боздошт гарида боз ба паноҳгоҳ бурда шуданд.

Радиои Озодӣ аз манбааш аз паноҳгоҳи “Ал-Ҳавл”-и Сурия навиштааст:

“Онҳо ба тарафи марзи Туркия рафтанӣ будаанд, ки дар қарибии Идлиб боздошт гардидаанд. Аз паноҳгоҳ чӣ хел баромадаанд, касе намедонад. Ин ҷо сахт назорат мешавад. Мо намедонем, ки онҳо ба Туркия рафтанӣ буданд ё ҷойи дигар. Пештар, занҳо барои бозгашт ба Тоҷикистон кушиш мекарданд, ки то Туркия раванд”,-гуфтааст, манбаъ.

Аз руйи омори мавҷуда, ҳоло дар паноҳгоҳи “Ал-Ҳавл”-и Сурия зиёда аз 400 зану кӯдаки ҷангиёни тоҷики созмони “Давлати исломӣ” нигаҳдорӣ мешаванд. Ин паноҳгоҳ пӯшида буда, низомиёни курд онро посбонӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ яке аз занҳои фироркардаи боздоштшуда ҳамсари ҷангҷӯи тоҷик Шаҳбози Музафар, ки дар сафи гурӯҳи ДОИШ бо лақаби Абу Аюби Кӯлобӣ шинохта мешуд, будааст. Шаҳбоз ҳоло дар зиндони Африн нигоҳдорӣ мешавад.

Занҳои боздоштшудаи тоҷик аз шароити бади паноҳгоҳи мазкур шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, “шароит хеле бад аст ва ҳар нафаре имкони фирор пайдо кунад, аз он ҷо мегурезад”.

Гуфта мешавад, ки занону кӯдакон дар паноҳгоҳи мазкур аз оби нӯшокӣ ва маводи озуқа танқисӣ доранд ва инчунин дар зимистон хаймаҳояшон хеле сард аст.

Созмони Милали Муттаҳид чанде пеш шароити нигоҳдории паноҳгоҳи “Ал-Ҳавл”-и Сурияро “ваҳшатнок” гуфта буд.

Ин занону кӯдакони тоҷик пас аз шикасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” солҳои 2017-2018 ба дасти размандагони курд асир афтоданд ва ҳоло дар урдӯгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.

Тибқи оморҳои ахир то моҳи октябри соли равон дар умум дар худи паноҳгоҳи “Ал Ҳавл” ҳудуд 40 ҳазор зану кӯдаки доишиён аз 53 давлати дунё нигаҳдорӣ мешаванд. Баъзе давлтаҳо шаҳрвандони худро ба ватанҳояшон баргардонидаанд ва баъзе дигар чандон моил нестанд, ки онҳоро баргардонанд, чун аз ояндаашон эҳсоси хатар мекунанд.

Муроҷиати ғамангези як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон (САДО)

0

Марҳабои Абдураҳмон, як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчун шаҳрванди соҳибҳуқуқ муроҷиат намуда, мегӯяд, ки ба мушкилоташ расидагӣ намуда, барояш ҳарҷое, ки набошад як хона бидиҳанд, чун аз бехонагӣ солҳост, ки ранҷ мекашад.

Марҳабо дар сӯҳбат бо “Аздо тв” мегӯяд, ки шавҳараш ӯро бо ду фарзанд талоқ дода ва аз баски дар хонаи падарияш ҳамагӣ ду ҳуҷра доранд ва бародаронаш бо фарзандонашон онҷо зиндагӣ мекунанд, маҷбур шудааст, ду писарашро дар назди модар гузошта ба Русия ба умеди кор кардану соҳиби хонае шудан сафар мекунад, то битавонад дар хонаи худ фарзандонашро дуруст тарбият кунад.

Марҳабо меафзояд, ки давоми се сол аст дар шаҳри Маскави Русия дар як сардхона бо маоши 20 ҳазор рубли русӣ косаву табақ мешӯяд.

Ба гуфтаи худи ӯ, аз нисф зиёди ин маблағ сарфи иҷора ва иҷозати корӣ (патент)-у дигар чизҳо мешавад ва ӯ танҳо моҳона аз 5 то 6 ҳазор рубл метавонад ба фарзандонаш бифиристад.

“Мо ҳаррӯз аз соати 6-и субҳ то 11-и шаб кор мекунем. Бо вуҷуди ин қадар сахткорӣ маблағи хеле ночиз мегирем. Баъзан моҳҳо мешавад, ки бо сабаби як дақиқа таъхир кардан аз кор, аз сари маошамон кам мекунанд, ки дигар наметавонам маблағе барои фарзандонам бифиристам”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ мегӯяд, дар Маскав сахттарин ранҷу машаққатро мекашад, вале дарди бехонагӣ ранҷи рӯзгор дар ватан ӯро маҷбур сохтааст, ки ин ҳама мушкилотро тоқат кунад. Ӯ ба Президенти кишвар хитоб намуда мегӯяд, “Дарди бехонагӣ афгорам кардааст, илтимос кумакам кунед”.

Ба нақли худи Марҳабо боре ба Дастгоҳи Президенти кишвар нома навишта аз мушкилоти бехонагияш шикоят карда буд, вале як сол гузашт посухе аз нома набуд, сипас маҷбур шуд барои кор ба Русия сафар кунад.

Дар суоли ин ки чаро ба ҷамоати деҳот ва масъулони ноҳияашон муроҷиат накардааст, мегӯяд, “ман медонам, ки онҳо ҳаргиз баҳри рафъи мушкилоти ман коре намекунанд, бефоида аст муроҷиат кардан”.

Аксари сокинони кишвар аз ноилоҷӣ маҷбур мешаванд ба Президенти кишвар ва шаҳрдории Душанбе арзу додашонро бирасонанд. Яке аз ноадолатӣ дигаре аз мушкилоти сахти рӯзгор мегӯяд. Аммо кам дида мешавад, ки ин арзу шикоятҳо посухи мусбат гирифта бошанд.

Чанде пеш зани тоҷире аз шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфта буд, ки 22 маротиба ба масъулони баландпоя ва Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон аз беадолатиҳо шикоят навиштааст, аммо посухе нест.

Дар чунин ҳолатҳо бештар хайрхоҳоне аз байни худи муҳоҷирон ё тоҷирон пайдо мешаваду дасти чунин муҳотоҷонро мегиранд.

Давоми 11 моҳ Тоҷикистон чӣ қадар кумак дарёфт кардааст?

0

Дар тӯли 11 моҳи соли равон Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 45,1 миллион доллар ва 19 ҳазор тонна кумак гирифтааст.

Сомонаи “Sputnik” аз қавли Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон навиштааст, ки дар замони пандемияи коронавирус, Тоҷикистон аз 60 кишвари дунё кумаки башардӯстона дарёфт кардааст.

Кумакҳое, ки то ин дам ба Тоҷикистон расидааст, аз анвои гуногун иборат буда, аз қабили орд, равғани растанӣ, доруворӣ, инчунин таҷҳизоти тиббӣ ва ғайра.

Аз ҳама бештар ба Тоҷикистон давлатҳои Чин, Узбекистон, Туркия Ҳиндустон ва Русия кумак карданд.

Дар Тоҷикистон ба вакилони дифоъ сабукӣ доданд

0

Рӯзи 16-уми декабр дар ҷаласаи навбатии порлумони Тоҷикистон ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як тарҳ адвокатҳои тоҷикро аз гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ё судшаванда, озод намуданд.

Мансур Усмонов, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин тарҳ гуфтааст, “лоиҳа барои амалисозии ислоҳоти судӣ, мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва мутобиқгардонии он бо меъёрҳои байналмилалӣ таҳия шудаст”, вале дар бораи тарҳ ҷузъиёти бештар надодааст.

Пеш аз ин адвокатҳо барои мулоқот бо зерҳимояи худ аз мақомоти тафтишотӣ расман иҷозат мегирифтанд, ки ҳамеша ҳомиёни ҳуқуқ аз ин нигаронӣ мекарданд.

Муҳлати будубоши муҳоҷирон дар Русия 6 моҳи дигар тамдид шуд

0
Сурат: ritmeurasia.org

Владимир Путин Президенти Русия бо имзои қароре муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Русия то моҳи июни соли 2021 дароз намуд.

Қабл аз ин муҳлати будубош ва ба қайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ  то 15 декабри соли равонро дар бар мегирифт.

Акнун муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия метавонанд, ки то моҳи июни соли 2021 дар қаламрави ин кишвар бе гузаштани дубораи марз худро ба қайд гиранд.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди ба имзо расидани чунин қарор бештари муҳоҷирони тоҷик ҳамеша аз он шикоят мекунанд, ки мақомоти Русия амру фармони Президентро сарфи назар мекунанд ва муҳоҷирони тоҷикро бо ҳар баҳонае ихроҷ ё боздошт намуда ва бо гирифтани маблағ озод мекунанд.

Гуфта мешавад, Русия баъд аз интишори коронавирус ва баста гардидани марзҳову баромадани муҳоҷирони меҳнатӣ ба камбудии қувваи корӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки то ба имрӯз идораҳо ва ширкатҳои сохтмонӣ ва дигар корхонаҳо аз набудани қувваи корӣ шикоят мекунанд.

Ҳамзамон чанде пеш Вазорати сохтмони Русия аз ҳукумати ин кишвар хоста буд, ки роҳҳои вуруди муҳоҷиронро сабуктар кунад.