Хона блог саҳифа 696

Барқ гарон мешавад?

0

Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон 105 млн доллар барои насб намудани ҳисобкунакҳои ҳушманд кумак ҷудо кард. Дар ин бора “Парс тудэй” хабар дод. Бино ба навиштаи ин сомона Тоҷикистон бо ин маблағ то соли 2025 барномаи насби ҳисобкунаки ҳушманди барқро амалӣ мекунад.

Яке аз шартҳои асосии БОР барои ҷудо намудани 105 млн доллар, гарон намудани қимати барқ дар Тоҷикистон аст, ки бояд зина ба зина ҳамасола боло равад.

Бино ба гуфтаи манбаи “Парс тудэй”, дар марҳилаи аввал бо маблағи 50 млн доллар, 398 ҳазор дастгоҳи шуморишгари ҳушманди барқ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бӯстон, Конибодом ва Данғара часпонида мешавад.

Бо насби ин шуморишгарҳои ҳушманд, муштариёни барқ муваззаф ҳастанд, ки дар аввали ҳар моҳ пули барқи масрафии худро пешпардохт намуда, ба ҳисоби ширкати “Барқи Тоҷик” ворез кунанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо фақат бо доштани корти вижаи пардохти пули хадамот, имконпазир хоҳад буд.

Ҳамчунин агар муштариён сари вақт пули барқи масрафиро насупоранд, дар муддати 10 то 15 рӯз барқи шаҳрвандон қатъ карда мешавад.

Дар ҳоле аз гароншавии барқ сухан меравад, ки аҳолии Тоҷикистон аз набуди барқ ва гарон будани нархи он танқисӣ мекашанд. Вазъи молиявии “Барқи Тоҷик” ширкати монополисти давлатӣ дар бозори нирӯи барқ солҳост ногувор мемонад.

Дар оғози соли 2020 қарзи ширкат ба беш аз 26 миллиард сомонӣ (2 миллиарду 600 миллион доллар) расида буд.

Бонки Ҷаҳонӣ барои ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар грант ё кумаки билоиваз дода буд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан таъкид шуда буд, ки дар бархе ҳолатҳо масъулини “Барқи тоҷик” нерӯи барқи дуздидашудаю талафёфтаро дар ҳисобҳо ҳамчун қарзи мардум пешниҳод мекарданд. Дар ҳоле, ки шаҳрвандон мегӯянд, мунтазам ҳаққи барқро пардохт мекунанд, масъулини “Барқи тоҷик” дар оморҳо қарзи мардумро садҳо миллион сомонӣ арзёбӣ мекунад.

Пештар Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон зимни суханронияш дар Маҷлиси миллӣ гуфта буд, ки “Барқи Тоҷик” бо додани маълумоти бардурӯғ дар бораи истифодаи барқ бо ин роҳ миллионҳо сомониро аз худ мекунад.

Прокурори генералӣ дар идома иброз дошта буд, ки барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ, 1014 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба гунаҳкорон 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 64,1 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Мақомот дар шарҳи сабабҳои боло бурдани нархи нерӯи барқ ҳамеша мегӯянд, ки ҳадаф аз ин иқдом аз вартаи қарздорӣ наҷот додани ширкати “Барқи Тоҷик” аст. Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, бо он низими фасодзадае, ки барқи тоҷик дорад боло бурдани нархи барқ барои ин ширкат фоидае надорад чун қисми бештари маблағи ҷамъшударо пулчинакҳо ба ҷайби худ мезнанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон моҳҳои ноябр-декабр шаҳрвандон аз ҷорӣ шудани лимити барқ шикоят карда мегуфтанд, ки барқ танҳо бо реҷаи муайянгардида рӯзона аз соати 7:30 то 17:30, шабона аз 22:30 то 5:00 сӯбҳ хомӯш карда мешавад.

Бо вуҷуди шикоятҳои пайдарпай ва сару садоҳои зиёди сокинон, “Барқи тоҷик” расман ҷорӣ гардидани лимитро тасддиқ накард ва ҳамеша намояндагони ин ширкат қатъ гардидани барқро вобаста ба корҳои таъмири истгоҳҳои барқӣ рабт медоданд.

Баъд аз шикояти пайдарпайи сокинон масъулони ширкати “Барқи тоҷик” расман рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ аз мардуми кишвар барои қатъ гардидани барқ узр пурсида ва маҳдудиятро пурра бардоштанд.

Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ҳушдор дод, ки агар барқро сарфакорона истифода накунанд, зарурати ҷорӣ кардани лимит пеш меояд. Гарчанде, ки захираи имрӯзаи об басанда ҳам бошад.

Баъд аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон Ширкати “Барқи тоҷик” расман аз 5 январи соли равон эълон кард, ки интиқоли барқ аз соати 23 то 6-и субҳ дар деҳаҳо қатъ мешавад.  

Узбекистон аз афзоиши пули муҳоҷирон хабар дод, Тоҷикистон чӣ?

0

Бино ба иттилои хабаргузории “Форс”, Бонки марказии Узбекистон дар гузорише аз афзоиши даромади ин кишвар аз ҳисоби маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони кории ин кишвар хабар додааст.

Дар идома гуфта мешавад, Бонки марказии Узбекистон таъкид кардааст, ки бо вуҷуди пандемия ирсоли маблағҳои муҳоҷиронаш афзоиш ёфтааст.

Ба навиштаи Бонки марказии Узбекистон “бо вуҷуди густариши корона дар кишварҳои мухталиф дар соли 2020 коргарони муҳоҷири узбек 6 миллиарду 30 миллион доллар ба дохили кишвар мунтақил кардаанд”.

Бонки марказии Узбекистон пешбинӣ кардааст, ки имсол ҳам раванди интиқоли пули коргарони муҳоҷири ин кишвар рӯ ба афзоиш хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши зиёди интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик гуфта буданд. Бо вуҷуди он ки итиқоли маблағи муҳоҷирон рушди асосии иқтисоди кишвар дониста мешавад, мақомот, аз ҷумла собиқ Раиси бонки Милли Тоҷикистон Нурмуҳаммадзода инро рад карда буд.

Мақомоти тоҷик омода нестанд, маблағи фиристодаи муҳоҷиронро шаффоф ба мардум баён кунанд ва онро пинҳон медоранд.

Бунёди Маркази омӯзиш барои наҷотдиҳӣ дар ҳолатҳтои фавқулодда дар Тоҷикистон

0

Дар минтақаи Қаратоғи Тоҷикистон сохтмони нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар ҳолатҳои фавқулодда дар Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд.

Гуфта мешавад, бунёди нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ дар харобаҳои қисми низомии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар масоҳати 28 гектар оғоз гардидааст.

Ҳамзамон дар ин марказ тамрингоҳи махсус барои омӯзиши наҷотдиҳандагон дар шароити кӯҳистонӣ бунёд мегардад.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, сохтмони тамрингоҳ ва маркази омузишӣ дар ду давр анҷом хоҳад шуд, даври аввал бунёд ва таъмири кулии биноҳои таълимӣ, бинои маъмурӣ, меҳмонхона, гузаргоҳи назоратӣ, ҳамчунин бунёди шабакаҳои барқрасонӣ, оби ошомиданӣ ва гармидиҳӣ, шабакаҳои коррезӣ ва ободкории ҳудуди маркази таълимӣ, хариди мебел ва таҷҳизотро фаро мегирад.

Сурат: khf.tj / КҲФ Тоҷикистон

Ба гуфтаи ин масъул, барои иҷрои комили корҳои сохтмонӣ дар ин марказ ҳудуди се миллион евро сармоя зарур аст. Ҳоло танҳо марҳилаи аввали сохтмони ин марказ шурӯъ шуд ва Иттиҳоди Аврупо тавассути Дафтари намояндагии барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон як миллион евро ихтисос додааст. Ва ҳоло талошҳо барои ба даст овардани сармояи боқимонда идома дорад.

Ҳамчунин зирк гардидааст, ки дар ин марказ ҳамзамон наҷотдиҳандагони Афғонистон низ метавонанд таълим бигиранд, зеро офтаҳои табиӣ дар ин кишвар мушобеҳи ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон аст.

Қайд гардидааст, ки марҳилаи аввали сохтмони тамрингоҳ ва маркази омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони ҳолатҳои фавқулодда то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.  

Созмони Human Rights Watch аз Тоҷикистон озодии Дониёр Набиевро талаб кард

0

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 20-уми январ бо нигаронӣ аз вазъи саломатии Дониёр Набиев (бобои Дона)-и 80-сола аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ӯро фавран аз зиндон озод кунад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар изҳороте, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр кард, гуфтааст, “Дониёр Набиевро барои хайрхоҳӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ӯ танҳо дар талоши он буд, ки ба шахсони муҳтоҷ кумак кунад.”

Human Rights Watch менависад, ки Дониёр Набиев тайи чанд сол ҳар моҳ аз 15 то 30 доллар ҳуқуқи бознишастагиашро ба наздикон ва хонаводаҳои муҳтоҷи аъзоёни зиндонии ҲНИТ ҳамчун кумаки инсонӣ тақдим мекардааст.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи августи соли 2020 Набиевро боздошт намуда ва 28-уми декабри соли гузашта дар як муроифа пушти дарҳои баста ба ҳафт соли зиндон маҳкум карданд.

Ба гуфтаи пайвандонаш ӯ бемории сил дошта, ҳоло вазъаш дар зиндон бад шудааст. Ҳамчунин чанде пеш онҳо аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, иҷоза бидиҳад, ки ӯ дар берун аз зиндон ҳукмашро адо кунад.

Дар баробари ин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи соли равон дар як изҳороташ гуфта буд, ки собиқ узви ҲНИТ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар ба зиндон маҳкум шудааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар Дониёр Набиевро “қурбонии силсилабоздоштҳо ва маҳкумиятҳо бо ангезаҳои сиёсӣ” номида ва афзудааст, “қазияи ӯ нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон аз саркӯби мухолифони худ даст бардоштанӣ нестанд.”

Ҳамчунин як сол қабл Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздошти худсарона гуфта буд, ки баъзе аъзоёни ҲНИТ ғайриқонунӣ зиндонӣ шудаанд ва ҳукумат бояд онҳоро раҳо кунад.

Аз ин ба баъд харидани билети ҳарбӣ қонунӣ шуд

0

Баъд аз қабули тағйиру иловаҳо ба қонунҳо дар соҳаи ҳарбӣ, дигар онҳое, ки дар сафи Қувваҳои муссалаҳ хизмат накараанд дар мақомоти қудратии Тоҷикистон ба кор кабул карда намешаванд.

Мувофиқи тайғирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки аз ҷониби Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қабул гардид, аз ин пас нафароне, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хизмат накардаанд, дар мақомоти суду прокуратура, Хадамоти гумрук ва Агентии зиддифасод, инчунин Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҷумҳурӣ кор карда наметавонанд.

Тағйироти қабулшуда ба кормандони феълии мақомоти дар боло зикршуда, инчунин занон ва шаҳрвандоне, ки тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ озоданд, дахл надорад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи як тайғироти дигар “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба шаҳрвандоне, ки адои хизмат намекунанд, бо пардохти маблағ ва тӯли як моҳ тамрин намудан соҳиби шоҳодатномаи ҳарбӣ мегарданд.

Коршиносони соҳа қонунӣ шудани харидани шаҳодатномаи ҳарбиро сабаби афзоиши фасод дар ин соҳа медонанд. Ба назари онҳо, ин қонун танҳо ба мансабдорону шахсони доро мусоидат мекунад, аммо мардуми нодор, чуноне, ки ҳоло ҳаст, мисли пештара хидмати ҳарбиро ҳамонҳо мекунанд. Яъне танҳо ҳамонҳое боз ба артиш ҷалб мешаванд, ки имкони пардохти маблағро надоранд, фарзандони мансабдорон ва тоҷирон бо пардохти маблағ аз хизмат озод мешаванд. Ба назари онҳо, ин қонун соҳаи ҳарбии кишварро, ки фасодзада аст, боз ҳам фасодзадатар хоҳад кард.

Муроҷиати КШНГЗС ба Салиби Сурхи Тоҷикистон оиди қазияи бобои Дона

0

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома аз Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон дархост намуда, ки ба қазияи Донаёр Набиеви 87-сола, ки чанде пеш аз ҷониби мақомоти кишвар бо иттиҳоми ифротгароӣ дастгир ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, расидагӣ кунанд, чун вазъияти саломатияш дар зиндон бад шудааст ва ниёз ба табобат дорад.

Кумита дар муроҷиаташ менависад:

“Мо медонем, ки дари зиндонҳои Тоҷикистон ҳамоно ба рӯи намояндагони Салиби Сурх бастааст. Аммо дар қалби мо шӯълаи умеде аст, ки шояд ин бор Раёсати ислоҳии умумии умури зиндонҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солманд будани Донаёр Набиевро ба инобат гирифта, ақаллан ба намояндагони Кумитаи Салиби Сурх ҳамчун созмони беғараз иҷозат медиҳанд, ки аз зиндон боздид кунанд ва ба ин мӯйсафеди бемор кӯмаки худро расонанд ва барои интиқол додани ӯ ба бемористони маҳбас мусоидат намоянд. Аз ин рӯ, бо эҳтироми зиёд аз шумо хоҳиш менамоем, ки дар қазияи Дониёр Набиев бетараф набошед ва ба ёрии ӯ биштобед”.

Доналд Трамп Кохи Сафедро тарк кард, Ҷо Байден вориди он гашт

0

Ҷо Байден раисҷумуҳури тозаинтихоби ИМА бо аввалин қарораш 17 амри президенти акнун собиқи Амрикоро бекор мекунад.

Мушовирони президенти нав Ҷо Байден тасдиқ карданд, ки ӯ имрӯз, чоршанбе дар аввалин қадамҳои худ ба сӯи кохи сафед, 17 амри президентро бекор мекунад, аз ҷумла сиёсатҳои маъмурияти Доналд Трампро барои муҳоҷирон, инчунин барои баргардонидани ИМА ба созишномаи иқлимии Париж ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қарор содир хоҳад кард.

Мушовирони Байден гуфтаанд, ки раисҷумҳур тасмим дорад, ки фармони баҳсбарангези муҳоҷиратро, ки ҳамтои собиқаш барои ҷилавгирӣ аз вуруди шаҳрвандони кишварҳои мусалмоннишин ба ИМА қабул карда буд, бекор бикунад.

Байден ҳамзамон тасмим дорад корҳо барои сохтани девор дар марзи Мексикаро боздорад ва маблағи барои он ҷудошударо ба буҷаи Пентагон ворез кунад. Ин масъла дар чаҳор соли охир баҳсҳои шадиди сиёсӣ ва додгоҳиро ба вуҷуд оварда буд.

Ҷо Байден номзади ҳизби демократҳои Амрико имрӯз 20 январ қабл аз савгандёдкунӣ ба ҳайси президент дар ҳоле ба Вашингтон омад, ки чораҳои амниятӣ дар пойтахт ҷиҳати таъмини маросими савгандёдкуниаш пурзӯр карда шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед сабти суханронии президенти салоҳияташ ба поёнрасида Доналд Трампро пахш кард, ки мегӯяд, қудратро ба маъмурияти нав месупорад ва мехоҳад, Амрикоро бехатар ва шукуфон кунад. Трамп дар суханронии худ аз Байден ном набурд.

Доналд Трамп, президенти акнун собиқ, то ҳол пирӯзии рақибашро эътироф накарда аст, чизе ки дар таърихи Амрико бесобиқа мебошад.

Барои таъмини бехатарии маросими савгандёдкунӣ, фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал Даниэл Ҳукансон гуфт, барои кумак ба нерӯҳои амниятӣ дар Вашингтон 25 ҳазор сарбози Гвардияи миллӣ низ сафарбар шудааст.

Пештар ниҳоди амниятии Амрико аз эҳтимоли нооромиҳо дар рӯзи маросими савгадёдкунӣ ҳушдор дода буд. Ба ҳамин хотир ин маросим зери чораҳои шадиди амниятӣ баргузор мешавад.  

Дар ҳамин ҳол Президенти акнун собиқ Доналд Трамп дар суханроинии видоъаш бо миллати Амрико, ки дар арафаи ба охир расидани мӯҳлаташ баргузор шуд, гуфт:

“вақте ман барои супоридани қудрат ба маъмурияти нав омодагӣ мебинам, мехоҳам шумо бидонед, ки ҳаракате, ки мо оғоз кардем, ҳанӯз ҳам дар марҳилаи оғозаш ҳаст.”

Ин гуфтаҳои Трамп боиси ҳадсу гумонҳои бисёре аз шореҳин шуд, ки ӯ пас аз тарки Кохи Сафед чӣ роҳеро метавонад ихтиёр кунад.

Дар ҳоле, ки баъзе таҳлилгарон боварӣ доранд, ки Трамп вақти зиёдашро барои як қатор парвандаҳое, ки дар якчанд додгоҳҳо дар Ню Йорк, Флорида ва Вашингтон ДС бар алайҳаш ҷамъоварӣ шудаанд сарф хоҳад кард.

Тахминҳое ҳам ҳаст, ки Трамп дар фикри таъсиси як шабакаи хабарии ростгаро ҳаст, ки қолинро аз зери пойи шабакаи “Фокс” дар байни тамошобинони ҷумҳурихоҳ бикашад.

Дар доираҳои Вашингтон то ҳол суол дар бораи мурофиаи Трамп пас аз ба охир расидани мӯҳлати президентиаш боқӣ мондааст.

Хушхабар! Дар Тоҷикистон масҷидҳо дигарбора кушода мешаванд

0

Интизор меравад, ки аз 1 феврал дари масҷидҳои Тоҷикистон бар рӯйи намозгузорон кушода шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаи “Азия-Плюс”, чунин қарор имрӯз дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ гирифта шудааст.

Манбаъ қайд карда, ки дар ҷаласа ба Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи дин супориш дода шуд, ки шароити адои намозро ба назар гирифта, дараҷаи хатари сироятшавӣ ба коронавирусро дар масҷидҳо муайян кунанд.

Агар ҳолатҳои ғайричашмдошт то 1 феврал рух надиҳанд, пас намоз дар масҷидҳо иҷозат дода мешавад, иброз доштааст манбаи “Азия-Плюс”.

Дар ҳамин ҳол Афшин Муқим сухангӯи кумитаи дин дар саҳфаи фейсбукии худ навиштааст, ки санаи кушода шавии масҷидҳоро Ситод дақиқ мекунад ва вобаста ба иҷозаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо ҳанӯз қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ба тасвиб нарасидааст.

Дар идома иброз доштааст, ки “бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва бо ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон Кумита ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намудааст. Интизори тасмими Ситодем.”

Масҷидҳо дар Тоҷикистон 3 марти соли гузашта баста шуда буданд. Охири он моҳ дубора ба намозгузорон дар масҷидҳо иҷозаи намозгузорӣ дода шуд, вале чанде нагузашта рӯзи 18 апрел дари масҷидҳо дубора баста шуданд. Инак 9 моҳ мешавад, ки дари масҷидҳо ба рӯи намозгузор баста аст.

Пеш аз ин борҳо мардум аз ҳукумат хоста буданд, ки дар баробари ин ки тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъоланд, масҷидҳо низ кушода шаванд. Аммо мақомот далел пеш меовард, ки масҷид ҷойи серодам асту эҳтимоли сирояти вирус дар он бештар аст.

Бонки осиёии рушд 237,5 млн доллар ба Тоҷикистон кумак кард

0

Бонки осиёии рушд (БОР) ба маблағи 237,5 млн доллар ба Тоҷикистон кумак кард. Ин кумакҳо барои татбиқи чор лоиҳа пешбинӣ гардидаанд.

Дафтари кории ин ниҳоди байнулмилалии молӣ дар Душанбе гуфтааст, созишномаҳои грантии дахлдор охири соли гузашта байни ҳукумати кишвар ва БОР ба тасвиб расидааст.

Гуфта мешавад, ин маблағ ҷиҳати баланд бардоштани устувории бахши энергетика, тақвияти бехатарӣ ва эътимоднокии шабакаи миллии роҳҳо, беҳбуди низоми обёрӣ ва таҳкими соҳаи молия ва идоракунии молиявӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки барои рушди соҳаи энергетика 105 млн доллар   ҷудо гардида, ки ба раванди суръат бахшидан ба татбиқи ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика, беҳбуди баҳисобгирии чаканаи нерӯи барқ ва шабакаи тақсимоти ҷараёни пасту миёна дар ҳафт шаҳр ва пешбурди баробарии гендерӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон равона мегардад.

Тибқи ин лоиҳа дар ҳаҷми 67,5 млн доллар барои таъмини роҳҳои Данғара то Оқмазор (28,7 км) ва аз Ҳулбук то Кангурт (59,5км) ҷудо гардидааст, ки роҳҳои ин манотиқи кишвар пурра таъмиру барқарор карда мешаванд.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки аз ин кумакҳо ба маблағи 15 млн доллар барои идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ ҷудо карда мешавад.

Зикр мешавад, 50 млн доллари дигар баҳри беҳбуд бахшидан ва сармоягузории бахшҳои молиявии хусусӣ ва афзоиши рушди онҳо ҷудо хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти интишоргардида, Бонки осиёии рушд дар соли 2020 ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 320 млн доллар кумаки молиявӣ расонидааст.

Русия ба низомиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус фиристод

0

Хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказии Русия хабар дод, ки ин кишвар барои низомиёни пойгоҳи 201-и мустақар дар Тоҷикистон ба миқдори 1100 воя ваксинаи коронавирус фиристодааст.

Гуфта мешавад, дар навбати аввал ваксина ба кормандони тиббӣ, кормандони низомии дар ҳолати омодабош, ҳайати фармондеҳӣ ва навбатдории пойгоҳи 201, ки дар Душанбе ҷойгир аст, гузаронида мешавад.

Қайд мешавад, ки пеш аз ваксингузаронӣ, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ дар бораи ваксина, таъсири дору ба бадани инсон ва таъсироти эҳтимолии он маълумот дода мешавад. Ва ваксинзанӣ барои кормандони низомӣ, ба таври ихтиёрӣ пешниҳод мешавад.

Пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар хориҷ аз кишвар ба шумор меравад. Бино ба баъзе маълумот то 7 ҳазор афсару сарбоз дар ин пойгоҳ адои хидмат мекунанд ва тибқи тавофуқоти Душанбе ва Маскав то соли 2042 дар хоки кишвар бидуни пардохти молиёт боқӣ хоҳад монд.