Башир Убанбеков, як сокини ин деҳа ба “Iranintl” гуфт:
“Постгоҳи низомиёни Чин ба постгоҳи мо хеле наздик аст. Фақат 100 метр фосила дорад. Постгоҳи низомиёни Афғонистон ҳам ҳудуди 10 километр аз инҷо дур аст.”
Да гузориш омадааст, ки исми ин пойгоҳ “Ситод” мебошад ва соли 2016 бо ҳадафи таъмини амнияти марзи Афғонистон аз се давлат, Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон ташкил ёфтааст. Чин бо баҳонаи хавфи вуруди ҷангҷӯёни ӯйғур, ки ба гуфтаи ӯ онҳо метавонанд аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон ба минтақаи ғарби Чин ворид гашта, онҷоро ноором кунанд, ҳузури худро дар ин пойгоҳ ҳатмӣ медонад.
Чанде пеш дар расонаҳои Чин матолибе нашр шуда буд, ки парда аз рӯи муомилоти ҳукумати Тоҷикистон ва Чин дар мавриди вогузории 1158 километри квадратӣ аз ҳудуди ВМКБ бардоштанд.
Матлабе бо номи “ТОҶИКИСТОН БО ХОҲИШИ ХУД ҲУДУДИ ЧИНРО БАРГАРДОНД” ВА “СУФАКӮҲИ ГУМШУДАИ ПОМИР БА СОҲИБАШ БАРГАШТ”- ро, ки ба қалами Чу Йао Лу, журналисти таърихнигор тааллуқ дорад чандин расона ва сомонаҳои чинӣ бознашр кардаанд. Хулосаи муаллиф ин аст, ки ин қисмат таърихан моли Чин буд ва бо гирифтани он ҳақиқати таърихӣ барқарор шудааст.
Аз сӯи дигар ин расонаҳои чинӣ менависад, ки Чин бо вогузории кумак ва қарзҳои зиёд дар давраи барои халқи тоҷик душвор тавонист, ки порае аз хоки аз дастрафтаашро баргардонад. Яъне муаллифони ин мақолаҳо бо сароҳат мегӯянд, ки бар ивази кумак ва қарзҳои чинӣ Тоҷикистон “замини аз дастрафтаи Чинро” ба ӯ бозгардонд.
Инчунин ин матолиб пинҳонкории дигари ҳукуматдорони Тоҷикистонро фош сохтааст ва он ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба Чин 1100 км.кв, додааст, вале ин расонаҳо аз 1158 км кв сухан гуфтаанд.
Рӯзи 21 сентябр парвозҳои мустақим аз Русия ба Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба роҳ монда мешавад, вале номи Тоҷикисон зикр нагардидааст.
Хабаргузории расмии ТАСС аз манбааш аз Ситоди мубориза бар зидди паҳншваии коронавирус хабар додааст, ки Русия парвозҳои байналмиллалияшро ба шаҳрҳои Бишкеки Қазоқистон, Нурсултони Қазоқистон ва Мински Белорус барқарор мекунад.
Инчунин Русия шурӯъ аз 27 сентябри соли равон ҳамлу нақли ҳавоияшро бо Куриёи Ҷанубӣ низ аз сар мегирад.
● Қатъи интернет дар Тоҷикистон тӯли як соат тасодуфӣ буд?
16 сентябр баъд аз нисфирӯзӣ ба якборагӣ дар саросари кишвар интернет қатъ шуд ва тӯли як соат мрадум дастрасӣ ба он надоштанд, ки ин комилан як падидаи нав буд.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки Рустам Раҷабов сармуҳосиби як муассисаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои сохтакорӣ ва тасарруфи маблағ боздошт шудааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ Раҷабов бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ дар давраи солҳои 2016-2020 аз ҳисоби зиёд нишон додани музди меҳнати кормандон маблағи умумии зиёда аз 114 ҳазор сомониро аз худ карда, ба давлат зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбати Раҷабов Р.Т. бо моддаҳои 245, қисми 3, банди “а” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон)- Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристода шудааст.
Ҳеҷ васила ва роҳе, ки битавонад Эмомалӣ Раҳмонро барои баъд низ дар мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз кунад, пайдо накарданду наёфтанд, то инки ҳамин қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат омода, таҳия ва тасдиқ бишавад.
Барои онки мафҳум бошад, шумо бархе аз бозиҳои компутериро пеши рӯ оваред, ки ба як нафар “ҷон” мебахшад ва ё меситонад. Президент Раҳмон, ки то ҳамин навбати иддио ба курсии қудрат тамоми “ҷонҳо”-и барояш пешбинишударо хӯрд, барои идомаи раёсат ҷоне барояш боқӣ намонд. Як ҷони панҷсолӣ, як ҷони ҳафтсолӣ ва ду ҷони ду ҳафтсолӣ ҳамагӣ масраф шуданд. Бо қабули қонуни Асосгузор барояш боз ҷон, балки ҷонҳо доданд. Ба маҳзи ҳамин қонун аст ки Раҳмон ҳуқуқ ва ҳақ пайдо кард, дар ин навбати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳам иштирок бикунад. Қонуни Асосгузорро қабул карданд бо ин ҳадаф, ки асбобу абзоре бишавад, ки битавонанд тавассути он меъёри Қонуни Асосиро тағйир диҳанд. Моддаи 65-Қонуни Асосӣ ба ин шакл иваз карда шуд:
“Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад”.
Худи ҳамин тағйирот нишон медиҳад, ки ҳадаф ва мақсад ғасбу тасарруфи қудрат аст. Аммо ин меъёр ҳуқуқи шаҳрвандони дигарро нақз кардааст ва бо меъёру мавозини дунё мутобиқат намекунад
Дар Қонуни Асосии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд, баробарҳуқуқанд. Қонуни Асосгузор баробарии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз байн бурда ба Раҳмон ҳуқуқи бартар ва фавқулшаҳрванд додааст. Гузашта аз ин Раҳмонро ба монополисти қудрат бадал кардааст. Зеро пешопеш, бидуни дар назар гирифтани ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастрасӣ ва касби қудрат ба ӯ дар сатҳи Қонуни Асосӣ имтиёз ва бартарӣ додааст. Барои танҳо як нафар қонун навиштан худ як амали ғайриҳуқуқӣ ва дар давлатҳои ҳуқуқбунёду демократӣ ғайриқобили қабул аст. Аммо инки дар ин ҳолат Раҳмон фавқулқонун ва фароқонун шудааст мушкили дигар аст. Қонуни Асосгузор бо ин вуҷуд ки соли 2016 мавриди иҷро қарор гирифтааст, ҳамоно иҷро ва амали он ба майлу рағбат ва кайфияту ҳолати Раҳмон вобаста аст. Яъне чӣ? Яъне ин аст ки ин қонуни ба истилоҳ конститутсионӣ ҳар аз гоҳе Раҳмон бихоҳад шаклу шеваи иҷрояш иваз мешавад ва ҷаззобияти аблаҳонаи он ҳам дар ҳамин ҷойи ин қонун ниҳуфтааст. Ин қонун дар дунё назир ва собиқа надорад ва онро наметавон санади ҳуқуқӣ номид: на аз лиҳози ҳуқуқи римӣ ва на аз лиҳози шаръӣ. Ин дар асл як найранг ва доми тазвир аст, ки дар фавқ ҳадафи онро баён кардем. Аммо ҳоло агар ба дарун ва муҳтавои он диққат диҳем як “норма”-ҳои аҷиберо мебинем, ки бо чи машаққате истихроҷ ва истеҳсол кардаву дар қади мухотабаш ҷома кардаанд.
Суол ин аст ки Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат унвон аст, рутба аст ва ё мақоми давлатӣ ва вазифаву мансаб? Посухи ин саволро медиҳем ва шумо онгоҳ пай мебаред,ки чаро гуфтем “иҷро ва амали он ба майлу рағбат ва кайфияту ҳолати Раҳмон вобаста аст”. Барои ин ба қонуни Асосгузор руҷӯъ мекунем:
Инҷо ба чанд ишора ва ё хидъаву тазвири ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ намоед: “дар баробари салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш”.
Яъне ин қонун бо инки мавриди амал қарор дорад, ҳанӯз аз соли 2016, ба ду марҳала, ба ду қисм ва ба ду давра тақсим ва ҷудо шудааст. Ин ду қисму ин ду мариҳилаву ин ду давра ва татбиқи он ба қарору тасмими Раҳмон марбут ва вобаста аст. Раҳмон президентиро давом диҳад, дидем, ки давом медиҳад, Асосгузор унвон аст, вале агар президентиро бас кунад, гумон аст ки бас кунад, Асосгузор мақом мешавад ва вазифаи давлатӣ. Аҷиб нест магар? Тоҷикситон ба ҳадде холӣ аз марду мардон аст ки ба ҷуз аз Раҳмон касе наметавонад онро мудирият кунад ва аз инҷост, ки мардум ногузиранд қонунро то ба ҳадди як пайтоба ба поҳои вай мувофиқ кунанд. Дар сархатти дуввуми ҳамин модда дигар ин нукта ошкоро зикр мешавад, ки баъди қатъи фаъолияти президентӣ:
2. Сохтор ва басти вазифавии Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муқаррар карда мешаванд. Кормандони Дафтардорӣ мақоми хизматчии давлатиро доранд.
Ҳоло фаҳмидед, ки чаро ин қонун ба табъу завқу кайфияти Раҳмон мутобиқ карда шудааст? Ҳар аз гоҳе Раҳмон бихоҳад ин қонуни мавриди иҷро қарор гирифта майлу хоҳиши ҳанӯз ҳатто дар роҳи ӯро қонунӣ мекунад. Раҳмон бихоҳад он унвон аст, Раҳмон бихоҳад он вазифа ва хидмати давлатӣ аст. Ба тарзи дигар бигӯем, қонуни Асосгузор ба Раҳмон мақоми ҳуқуқӣ медиҳад. Вале ин Раҳмон аст ки ба ин қонун қувва ва ҳукми иҷро медиҳад. Агар Раҳмон ҳамин ҳоло аз мақом канор мерафт ва номзад нафаре дигар, Раҳмон масъули татбиқи вазифаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мешуд. Яъне аз як вазифаи давлатӣ ба вазифаи дигар ва аз як сохтор ба сохтори дигар мегузашт. Шумо мегӯед, ки Раҳмон ҳамин ҳоло ҳам Асосгузор аст ку? Дуруст. Аммо ин Асосгузор аз он Асосгузоре, ки баъди супоридани президентӣ аст фарқ дорад.
Ҳоло ки фаҳмидед, ки ин як ҳилла ва як хидъа ва як найрнги ҳуқуқӣ будааст. Дуруст фаҳмидед: назарфиребӣ, чашмбандӣ “аликмалик”. Ин як доме бузург аст ки дар рӯи раҳи халқи Тоҷикистон густарда шудааст, вале барои Раҳмон нардбонест, ҳарчи ӯро болотару болотар ва бартару бартар кардааст. Дар давлатҳои демократӣ, ки мутараққианд қонунҳо манфиати мардумро ҳимоят мекунанд. Имкон намедиҳанд то ҳокимият ба як шахс ё бо ягон гурӯҳи одамон мудовим тааллуқ бигирад. Дар ташкилу ташаккули он худи халқ ва ҳар як овози мардум нақшу ҳисса дорад. Як овоз як қудрат аст, овози ман ин қудрати ман аст. Қудрати ман ҳам дар ҳокимият ва ҳукумат ҳузур дорад ва ҳаст. Мудирияти давлат як тарҳи бузургу давомдор ва беохир аст ва ҳатто агарки суперемен-абаринсон ҳам бошӣ, наметавонӣ ба анҷом бирасонӣ. Аммо чуноне мебинем, дар қонуни Асосгузор ҳеҷ гуна меъёр ва нормаи ҳуқуқӣ муроот нашудааст, балки як санади ҷаъливу ғайриҳуқуқӣ ва ғаримардумие аст барои мудирияти як халқ ва як миллат ва як давлат аз тарафи як гурӯҳ таҳия ва татбиқ шуда истодааст. Ҳоли ҷойи барои гуфтан ҳам ҳаст, ки агар муаллифони ин қонун барои миллат ва мардум менавиштанд, меъёри худпешбариро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ворид мекарданд, вале бо тамоми ҳилаву найранг қонунеро навишта ноқонуниро қонунӣ ҷилва медиҳанд. Аз роҳи худпешбарӣ имкони ширкати афроде пеш меояд, ки метавонад халқ дар пушташ саффу ҷамъ ва басиҷу ягона шавад. Мисли Светлана Тихановская дар Белорус.
Қонун қабул ва мавриди иҷро қарор мегирад. Аммо ин тавр нашудааст ва набудааст, ки қонун қабул ва иҷрояш ба феълу хӯйу кайфияту завқи як кас вобаста бошад.
Сорбон Азимӣ
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.