25.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 708

Ҷеймс Гилмор: Лукашенко дигар имкон надорад раисҷумҳур бимонад

0

Намояндаи Амрико дар Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, Ҷеймс Гилмор гуфт, “Бояд раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенкоро қонеъ сохт, ки ӯ дигар имкон надорад раисҷумҳур бимонад”.

Ҷеймс Гилмор дар ин бора дар як мусоҳиба бо маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy”, ки рӯзи панҷшанбе 3 сентябр нашр шуд, изҳор дошт,

“Чизеро, ки имрӯз мо бояд анҷом бидиҳем ин аст, ки талош кунем Лукашенкоро қонеъ созем, ки дар шароити имрӯза ӯ имкон надорад дигар раисҷумҳур бошад.Лукашенко ҳоло ҳам бар ин бовар аст, ки интихоботҳои дурӯғин ва саркӯби мардум кори хуб аст ва мешавад ҳокимиятро идома бахшид”.

Рӯзи 9 август пас аз эълони натиҷаҳои интихобот дар Белорус ва ғолиб эълон шудани Лукашенко мардуми ин кишвар инро напазируфтанд ва даст ба эътироз заданд. Гуфта мешавад, ки ҳазорҳо эътирозгар дастгир шуда ва ду тан ҳам кушта шуданд.

Дар пайи ин саркӯбиҳои мақомоти Белорус нисбати эътирозгарон давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла давлатҳои назди Балтик зидди Лукашенко таҳрим эълон карданд. Худи Лукашенко давлатҳои Аврупоиро сабабгори ин беназмиҳои кишвараш медонад.

Дар Тоҷикистон телевизиони нави “Илм ва табиат” ба кор оғоз мекунад

0

Дар таърихи 25 августи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тасдиқи оиннома ва сохтори шабакаи навтаъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат”, ҳамчунин шумори воҳиди кории он қарор ба имзо расонид.

Гуфта мешавад, дар шабакаи нави телевизиони “Илм ва табиат” 87 ҷойи корӣ ва ҳайати хизматрасонии техникӣ таъсис дода мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи телевизиону радио ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дастур дода, ки дар муддати шаш моҳ масоили марбут ба таъмини шабака бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар асбобу лавозими заруриро ҳаллу фасл намоянд.

Маблағгузорӣ ба шабакаи телевизионии аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси худи муассиса роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин Вазорати молия вазифадор шуда, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ барои пардохти хароҷот (музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ)-и 87 воҳиди кориро пешбинӣ кунад.

Гуфта мешавад, дар шабакаи мазкур барномаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз пахш мешаванд.

Бино ба иттилои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар кишвар 13 шабакаи телевизиони давлатӣ ва 35 шабакаи телевизиони хусусӣ фаъолият мекунад.Дар назар аст, боз як як шабакаи нави давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шавад.

Ширкатҳои воридкунандаи газ барои нархро боло бурдан ҷарима шуданд

0

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон қариб 10 ширкатеро, ки бо тиҷорати гази моеъ машғул буданд, ҷарима бастааст. Дар ин бора хубаргузории “Sputnik” бо такя ба Маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз моҳи июл то ба имрӯз 9 ширкати воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистонро батафтиш намуда, ҷарима кардааст.

Ба гуфтаи Маркази матуботии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳаҷми ҷаримаҳо дар умум 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сабаби аслии ҷарима шудани онҳо ворид намудани хароҷоти беасос ба нархи фурӯши мол гуфта шудааст, ки ин боиси ба таври сунъӣ боло рафтани нархи газ дар бозорҳои кишвар гардидааст.

Вале дар хабари Хадамоти зиддиинҳисорӣ номи ширкатҳои ҷаримашуда зикр нагардидааст. Ба гуфтаи ин ниҳоди давлатӣ тафтишҳо нишон доданд, ки ширкатҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба нархи маҳсулоти худ меафзоянд. Ҳоло он ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ширкатҳо ҳақ доранд як фоизи муайян бар арзиши аслии маҳсулот илова кунанд, на беш аз он.

–Дар Тоҷикистон 15 ширкати воридкунандаи гази моеъ ба қайд гирифташудааст: “Аллат”; (18,24), “Темур ойл” (11,08%), “Ғайрат” (10,61%), “Октан – сервис” (10,04%), “Газпромнефт Тоҷикистон” (8,09%), “Эмом импорт экспорт” (8,08%), “Мабдаи нур” (4,70%), “Каёнуш – таъминот” (5,36%), “Гули сурх континент” (4,33%), “Нури Дилшод” (4,05%), “Баҳор” (3,71%), “Газойл” (3,40%), “Соро компания” (2,86%), “Кӯлобнафтрасон” (2,82%) ва “Газнафт” (2,64%) мебошанд.( Ина я схемаш кне тамом)

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон яке аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов аст, ки бозор сӯзишвориро пурра зери назорат дорад. Ҳар ширкати дигаре, ки мехоҳад ба кишвар маводи сӯхт ворид кунад, бояд аз “Фароз” иҷозатнома гирад ва сари ҳар тоннаи ворид кардааш маблағ месупорад. Ба назари огаҳони умур, инҳисори бозори маводи сӯхт аз ҷониби “Фароз” сабаби боло рафтани нархи сузишворӣ дар кишвар гардидааст.

Баъзе иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки агар мақомоти кишвар хоҳанд, ки нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон баланд наравад, аввал иҷозатномаҳои ғайриқонунии ширктаи “Фароз”-ро дар кишвар бекор кунанд, ҳама чиз мисли пешина мегардад.

Як манбаъ ба “Аздо тв” дар ин маврид гуфт:

“Ҳоло бубинед, бар замми аз ширкати “Фароз” иҷозатнома доштан, инчунин он дар тамоми нуқтаҳои сӯзишворӣ таҷҳизотҳои масхуси худро насб кардааст, ки аз сари ҳар як литр сӯзишворӣ 20 дирам ҳақи “Фароз” ҳисоб карда мешавад, пулро “Фароз” мегирад, вале соҳибкор аз 20 дирами ҳақи “Фароз” андоз месупорад”.

Бино ба хабари Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нимсолаи аввали соли равон ин ширкатҳо 264 ҳазору 207,66 тонна гази моеъ дар ҳаҷми 102,1 миллион доллар ба кишвар ворид карданд.

Давоми 8 моҳ ҳазорҳо ширкати тиҷоратӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карданд

0
Акс аз “Ozodi”

Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ аз моҳи январ то моҳи августи соли равон беш аз 13 ҳазор ширкати хурду миёна фаъолияташонро қатъ кардаанд.

Соли равон Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар миёни 190 кишвари ҷахон аз нигоҳи осонии роҳандозии тиҷорат дар мақоми 183 гуфта буд. Вале баъди интишори вируси COVID-19 дар ҷаҳон, вазъ дар Тоҷикистон дуҳвортар шуд. Коршиносон яке аз сабабҳои баста гардидани ширкатҳоро андозӣ баланд ва санҷишҳои пайдарпайи мақомот медонанд.

Элмас Бархонова, маркетолог ё бозоршинос ба Озодӣ мегӯяд, ки тиҷорат дар Тоҷикистион хеле беҳаракат аст. Ба назари ӯ, соҳибкорони маҳаллӣ дар бештари маврид ба тағйироти бозор омода набуданд. Аммо соҳибкорон худашон сабаби баста гардидани ширкатҳоро санҷишҳои пайдарпай ва андози баланди кормандони андоз медонанд.

Як соҳибкор дар шаҳри Душанбе ба “Аздо тв” гуфт, “Сабаби асосии қатъи фаъолияти бештари ширкатҳо ба кормандони андоз ва дигар мақомот вобаста аст”.

Ба гуфтаи ин соҳибкор бештар аз 10 ниҳод соҳибкоронро тафтиш мекунанд, ки ин кори онҳоро душвор кардааст. Манбаъ афзуд, ниҳодҳои марбута яке пас аз дигарӣ пайҳам меоянд, мисле, ки бо ҳам машварат карда бошанд. Боз ба бар замми ин агар сардори андози минтақа иваз шуд, рӯзи соҳибкор сиёҳ мешавад, ӯ боз ҳақи худро мегузорад, соҳибкор маҷбур аст ҳақи ӯро низ бидиҳад. Дар ҳолати сарпечӣ кардан, андози баланд мебандад, ки дар натиҷа тиҷоратат варшикаста мешавад. Инҳо ҳама сабаб шудаанд, ки солона садҳо соҳибкор фаъолияти худро дар кишвар қатъ бикунад. Дар ҳамин ҳол аксари ширкатҳои нафарони наздик ба Эмомалӣ Раҳмон аз пардохти боҷу андоз озоданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳрух Саидзода рутбаи полковник тақдим кард

0
Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми сентябр ба иддае аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ мукофоти давлатӣ ва рутбаҳои низомӣ супорид. Дар ин бора Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр хабар дод.

Инчунин дар баробари онҳое, ки соҳиби мукофоту рутба гардиданд, ба сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Шоҳрух Саидзода низ рутбаи полковники милитсия дода шуд.

Дар умум бо фармони Эмомалӣ Раҳмон “ба 13 нафар, аз ҷумла ба 1 нафар рутбаи махсуси генерал-полковники адлия, 1 нафар генерал-лейтенанти гвардия,4 нафар генерал – майор, 1 нафар генерал-майори адлия, 2 нафар рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, 1 нафар генерал-майори милитсия, 3 нафар генерал – майори хадамоти гумрук супорида шуд.”

Супоридани мукофоти давлатӣ дар Тоҷикстон ҳамасола дар остоани ҷашни Истиқлол, ки 9-уми сентябр таҷлил мегардад, доир мешавад. Имсол ба 54 нафар ордену медал ва ифтихорномаҳо дода шудааст. Ҳамчунин Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот, фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро “арзишманд” гуфтааст. Илова бар ин, ӯ афзуда, ки аз 1-уми сентябри имсол маоши кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари низомӣ зиёд мешавад.

Шоҳрух Саидзода, ки 34 сол дорад аз намояндагони “ҷавонони тиллоӣ”, ва фарзандони мансабдорони баландпояи Тоҷикистон Фатоҳ Саид мебошад.Ҳамзамон аз афроди хеле наздик ба Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад.

Шоҳрух Саидзода ва Рустами Эмомалӣ ҳарду дар сину соли хело ҷавон соҳиби рутбаҳои баланди низомӣ шудаанд. Мухолифон дар шабакаҳои иҷтимъӣ пайваста ба он ишора мекнунад, ки ҳарду  ҳатто хидмати ҳарбӣ ҳам накардаанд ва ин мақомҳо аз тарафи падаронашон ба онҳо тӯҳфа шудааст. Шоҳрух Саидзодаро ба далели дӯстиаш бо шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ва наздикиаш ба хонаводаи Президент аз кадрҳои ояндаи ҳукумат ном мебаранд.

Нозирони умур аз ҳоло рақам мезананд, ки дар сурати интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш, Шоҳрух Саидзода метавонад яке аз аъзои калидии командаи Рустами Эмомалӣ шавад ва ҳамингуна Раҳмон барои писараш дар баробари мансаб, тимашро низ омода менамояд. Дар артиши Тоҷикистон аллакай ҳудуди 50 нафар соҳиби унвони генералӣ шудаанд, дар ин бора соли 2019 худи Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш гуфта буд. Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ ҳамагӣ ду генерал дошт.

Мушкилӣ бештар шуд, дар Тоҷикистон аз хонандагони мактабҳои миёна пули ҳароратсанҷ талаб доранд

0
Акс аз “Sputnik”

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сокинон аз пулталабии омӯзгорони мактабҳои миёна шикоят доранд. Гурӯҳе аз сокинони ин ноҳия ба “Аздо тв” гуфтанд, ки муаллимони мактабҳо бар иловаи пулситониҳои доимӣ боз аз фарзандонашон барои харидории ҳароратсанҷ (Термометр) аз 7 то 15 сомонӣ пул талаб доранд, ки ин барояшон мушкилӣ эҷод дааст.

Ба гуфтаи онҳо, на танҳо дар ноҳияи Зафаробод, балки дар аксари мактабҳои Тоҷикистон аз хонандагон маблағ барои харидории асобоби ҳароратсанҷ (Термометр) пул ҷамъоварӣ доранд, ки ин боз як маблағи иловагии дигарест, ки болои маблағҳои пешин зам шудааст.

Чунин шикоятҳо ба “Аздо тв” аз минтақаҳои гунонуни кишвар низ расид, ки  мегӯянд: “Фарзандонамонро дар мактабҳо маҷбур доранд, ки барои харидории асбоби “Термометр” маблағ биоваред, дар ин шароити вазнин қариб ҳаррӯз маблағ ҷамъ мекунанд, мо аз куҷо пайдо кунем?”

Ба гуфтаи волидон раванди ҷамъоварии маблағ барои харидории асбоби ҳароратсанҷ як мактаб аз мактаби дигар фарқ дорад, дар бархе мактабҳо аз хонандагон талаб кардаанд, ки 15 сомонӣ биоваред аз бархеи дигар 7 сомонӣ хостанд, ки ин ҳам дар ин шароит барои волидоне, ки аз ҷое даромад надоранд, мушкил аст. Ба қавли онҳо, имсол бар иловаи маблағи китоб, обуна шудан ба газетаҳои мактабӣ, маблағи журнали синфӣ ва маблағҳои дигар, боз маблағ барои ниқоб, маҳлули дастшуй ва ҳароратсанҷ зиёдатӣ гардидааст, ки барои волидон як “дарди сар” эҷод кардааст.

Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон ба “Аздо тв” гуфт: “Бояд ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кумакҳои воридгардидаи хориҷӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ба тамоми мактабҳо асбоби ҳароратсанҷ ва дигар лавозимоти пешгирикунанда тақсим мекард, имрӯз ба мо ҳам шикояти волидон мерасад, аммо ба ҷуз масъулони болоӣ касе коре карда наметавонад. Намедонем, ки ин кумакҳо ба куҷо масраф мешаванд”.

Дар мактабҳои Тоҷикистон масъалаи ҷамъоварии маблағ аз хонандагон ба як масъалаи баҳсноки доманадор табдил ёфтааст, ки гирифтани пеши он ба қавле имконнопазир шудааст. Зоҳиран Мақомоти дахлдор низ ба ин мавзӯъ чандон таваҷҷӯҳе надоранд.

Имсол дар Тоҷикистон баъди ҳуруҷи бемории COVID-19 вазъият ба куллӣ тағир ёфт, аз як тараф даромади сокинони кишвар аз Русия кам гардид, аз тарафи дигар роҳҳо баста шуданд ва шаҳрвандони тоҷике, ки дар Русия кор мекарданд, аксарашон ҷайҳои кории худро аз даст доданд, ки вазъи бекориву фақр дар кишвар ба маротиб зиёд гардид.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 04.09.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Шикояти ҳамешагии волидон аз мактабҳо,ҷамъоварии боз як маблағи зиёдатӣ.

Дар Тоҷикистон 13 ҳазор ширкат қатъи фаъолият карданд.

Рутбаи нави Шоҳрухи Саид ва Таъсиси телевизиони нав дар Тоҷикистон.

Даҳшат! Ҳукми 25 соли зиндон барои таҷаовуз ба номуси духтар

0

Прокуррори ноҳияи Данғара Абдуллоев Азизулло Назуруллоевич сокини ҳамин ноҳияро, ки соли 2017 дар хонаи истиқоматиаш ба номуси духтари 19-сола (замони ҳодиса 16-сола)-и худ таҷовуз кардааст, барои 25 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора рӯзи 4 снтябр Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод.

Маркази матботи Прократураи генералии Тоҷикистон дар шарҳи хабар менависад: “Абдуллоев Азизулло Назуруллоевич моҳи июни соли 2017 тахминан соатҳои 22 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Данғара қарор дошта, бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвониаш дидаю дониста, ки духтараш Н., санаи таваллудаш 1 августи соли 2001  ноболиғ мебошад, дар болои кати ҳавлии истиқоматиаш хоб буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, аз ин ҳолатҳо истифода намуда, номбурдаро аз дастонаш гирифта, маҷбуран кашолакунон ба дохили ҳуҷраи меҳмонхонаи манзили зисташ бурдааст. Баъди вориди ҳуҷраи мазкур намудан Абдуллоев А.Н. пойҷома ва таҳпуши ноболиғ Н.-ро аз танаш бароварда, қасди ба номуси номбурда таҷовуз намуданро кард. Ин вақт ноболиғ Н. хост доду фиғон намояд, аммо падараш Абдуллоев А.Н. бо мақсади то ба охир расонидани қасди ҷинояткоронаи худ бо истифодаи қувваи зуроварӣ ба воситаи болишт Н.-ро аз ҳуш беҳуш намуда, ба номусаштаҷовуз намудааст”.

Нисбати Абдуллоев Азизулло бо ин ҷинояташ аз ҷониби Прокурори ноҳияи Данғара бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ онро ба суд фиристонидааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 10 июли соли 2020  Абдуллоев А. Н. ба мӯҳлати 25 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи низомаш сахт аз озодӣ маҳрум карда шуд.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 03.09.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Як ҷавони бадахшӣ барои шикасти зулму ситам номзадиашро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард.

Оё Бег Сабур ё ҳамон “Хоҷа Аҳрорӣ  Валӣ” қарзҳояшро пардохт  мекунад?

Пентагон Чин дар Тоҷикистон Пойгоҳ месозад… Коршинос ҳамаро додем, аҷаб надорад.

Раҳмон интихоби Кремлин?

0

Пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 сол аст дар ҳамин мақом қарор дорад, шуданӣ ва диданӣ буд. Вале баргузории референдум дар моҳи майи соли 2016 ва аз 35 ба 30 коҳиш додани синни довталаби мақоми олии кишвар ва зина ба зина то ба ин мақом наздик овардани Рустами Эмомалӣ, писарбузурги Эмомалӣ Раҳмон ин ҳадсу гумонҳоро барангехта буд, ки Раҳмон қудратро ба писараш медиҳад. Бахусус, ки бо аз арсаи сиёсати мамлакат берун андохтани ҲНИТ, танҳо нерӯи тавонои сиёсии ҳариф барои Раҳмон ва низ қабули қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат” хеле аз таҳлилгарон дар дохил ва хориҷи кишвар ба ин шакли интиқоли қудрат таъкид мекарданд.Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат,ки аввал як қонуни оддӣ ва сипас қонуни конститутсионӣ эътироф шуд,барои Раҳмон тамоми имтиёзҳоро ба унвони як раҳбар,шабеҳи раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон фароҳам мекард.Дар ҳар сурат Раҳмон дар қонунгузорӣ тамоми мавонеъ дар роҳи овардани Рустам ба ҷойи худ ва меросӣ кардани қудратро фароҳам кард,аммо чи хеле мебинем ӯро,ки феълан дар мақоми №2 қарор дорад,дар ҷойи худ наовард ва курсии қудратро надод.Ҳоло фикр мекунед чаро?

Вақте ҳама шароит ва ҳама қонунҳо барои интиқоли қудрат аз падар ба писар фароҳам карда шуд,дар дохил ҳеҷ қувва ва қудрате,ки мухолафат кунад, набуд ва нест ва ин барномаеро,ки болояш панҷ соли ахир кор карда буд-интиқоли қудрат-чи шуд,ки татбиқ накард?

Ба эҳтимоли зиёд Раҳмон зери фишор ва сабабҳое натавонист барномаи интиқоли қудрат ба писарашро иҷро кунад.Ва мусалламан ин авомил ва фишор болотар аз тавони Раҳмон аст.Ин гуна сару садоҳо,ки Путин барои номзадии Рустами Эмомалӣ “добро” надодааст,аз об дуруст баромад.Ин Русия аст ки мудохила кард ва Раҳмон ноилоҷ монд барномаи “валиаҳд” ва меросӣ кардани ҳокимиятро то чанд соли баъд мутаваққиф кунад.Ҳаводиси ахири Белорус як “асбоби аёнӣ”-и зинда барои Раҳмон шуд. Ҳаводиси Белорус ба суди Путин ҳам ҳаст.Чун Лукашенкоро дигар ба як лӯхтаки дасти Путин табдил кард.Раҳмон агар то ҳаводиси Белорус қасд дошт,ки ҳама ҳарфҳоро пушти гӯш карда ва Рустамро ҷойгузини худ кунад,баъди ин наметавонист.Чун Путин то ин ҳодиса ҳам маълум мешавад,ки “добро”надода буд.Баъди ин ҳодиса нагирифтани гапи Путин дар мавриди онки Рустамро қабул надорем ва дупоро дар як мӯза зер кардани Раҳмон,ки на   ҳатман Рустам Президент мешавад,баробар ба худкушӣ аст.Инро,ки Раҳмон аслан намехоҳад.

Боз дар ин васат яку якбора Чин даъвои Помир карда истодааст.Чин дар Мурғоби Бадахшон беҷиҳат беш аз 3.5 ҳазор неруи Артиши худро мустақар накардааст.Ва,ҳоло ки даъвои ташкили пойгоҳи низомӣ ва Бадахшонро ҳадафи худ қарор додааст,гузинаи дигареро барои Раҳмон,илло бозгаштан ба самти Русия ва дасту пойи Путинро бӯсидан чорае надорад.Вагарна “аждаҳои зард” ба як дам фурӯ мебарад. Зеро Раҳмон дар назди Чин аз хеле вақт пеш ва аз ҳар ҷиҳат муттаҳам аст.Вақте дар соли 2003 созишномаи вогузории 1100 км.квии хиттаи Бадахшонро ба имзо расонд, дар расонаҳо гуфта шуд,ки Раҳмон,ройгон надод.Ишораҳои он замон танҳо ба кӯмаку ёриҳои байнидавлатӣ набуд.Хабари ироаи хиттаи 1100 км(дар асл 1158 км.кв) аз ВКМБ,ки Русия дар ин қисмати қаламрави Тоҷикистон муносибат ва таваҷҷӯҳи хос дорад,ИТАР-ТААС нашр кард. Шафтолуи ин шаф-шаф ин аст ки Раҳмон таҳти фишор ва дахолати Путин ин навбат барои раёсати ҷумҳурӣ номзад шуд ва агар дар ихтиёри худаш буд,ҳатмани ҳатман Рустамро меовард ва худ дар як гӯшае рафъи хастагӣ мекард ва албатта,ки инони ихтиёри Рустамро ҳамеша дар даст нигоҳ медошт.Путин,ки нақша дорад дар соли 2014 боз ҳам вазифаашро идома диҳад,шояд мехоҳад,ки мисли худаш дарозумрони сиёсиро чун Лукашенко ва Раҳмон дошта бошад.Зеро дар ҳар сурат танҳо диктотури собиқ шӯравӣ ном намегирад.Ва,дигар ҳам ин аст ки Раҳмон барои ӯ болотар аз як губернатори худи Русия қиммате надорад ва ӯро аз хеле замон аст ки мешиносад. Дар ҳар сурат собиқ “моряк”- морфлоти СССР аст ва аз Калашников парронида метавонад.

Ҳамин тавр ҳароси аз Чин ва ҳаводиси Белорус Раҳмонро водор кард,ки ҳарфи Путинро бо гӯши ҷон бишнавад ва писарашро бизанад канор.Новобаста аз онки ду сол аст тавалло мекунад,ки барои муҳоҷирини депортшудааш аз Русия Путин  қонуни афв қабул кунад,ба ҳарфаш ҳатто эътино намекунад.

Вале назари яке аз собиқ наздикони худи Раҳмон,ки дар гузашта аз мансабдорони баланпоя будро зарур донистам инҷо биоварам.Вай гуфта буд,ки Раҳмон то мурдан курсиро ба касе намедиҳад,ҳатто ба писараш. Зимнан Раҳмон ин бор тамоми муҳлат ва марҳалаҳои ҳатто тамдиду тӯлоникардаи Қонуни асосиро тай кард ва агар референдуми соли 2016 набуд,дигар ӯ ҳаққи номзад шуданро надошт.Аммо дар ҳамин референдум як ҳиллаи ворид кардаашон, ки иҷозаи “якумрӣ” шудани Раҳмонро фароҳам кард,дар заминаи ҳамин қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат аст.Ҳоло акнун ин навбати 7солии Раҳмон ҳафтсолаи аввали давраи президенти модомулумрии ӯст. Бо ин Тоҷикистон ба як марҳлаи дигари давлати диктотурӣ ворид мешавад.Ин навбати раёсати Раҳмон баъди 28 соли раҳбарии ӯ ба Тоҷикистон аст ва агар то поёни он бимонад худи ӯ 75сола ва раёсаташ дар кишвар 35 сола мешавад.Дурусту дақиқ дар шумори маъдуд аз кишварҳои олам хоҳад буд,ки диктотура дар он на танҳо риёсат,балки бештар бедод мекунад. Фасоду ришват афзоиш меёбад. Боз ҳамон “Фароз”-у боз ҳамон “Спитамен” ва боз ҳамон хунрезиҳо дар марзи қирғиз, боз ҳамон муҳоҷирату боз ҳамон роҳҳои пулакӣ….хулоса боз ҳамон Раҳмон.Андешаеро,ки бо мухолифинаш бисозад,онҳоро баргардонад,озодиҳои маданиро ҳадди ақал дар шакли солҳои 2000-2005 таъмин кунад,матбуот,масоҷид,аҳзоб фаъолият дошта бошанд,аслан роҳ намедиҳад.Баракс,тиҷорати духтарҳову домодҳо ба канор,барои набераҳо ҳамчунин биҳишти рӯи заминро дар Тоҷикистон муҳайё месозад ва мардуми бечора фақат такрор ба такрор “шигрона” мекунанду бас.

Ба ин тартиб Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ бо зикри исми Раҳмон ба унвони довталаби интихоботӣ худи интихобот ва нафари барандаи онро ҳам эълон кард.Дигар ҳамаи корҳо,шурӯъ аз ташкили участкаву таҳияи бюллетену дигарур дигар ҳамагӣ кор техникианд.Абудҳалим Ғаффоров, Сайҷаъфар Усмонов ва ғайраҳу ғайраҳо ҳам кори техникианд.Раҳмон барои 7 соли дигар Президент боқӣ монд,агар ягон тасодуме ва ягон фалокате рух надиҳад….

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.