14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 15

Дар Амрико як зани 37-сола бо дасти маъмури муҳоҷират кушта шуд

0

Дар шаҳри Миннеаполиси Иёлоти Муттаҳида як зани 37-сола бо номи Рене (Никол) Гуд дар ҷараёни амалиёти маъмурони Идораи муҳоҷират ва гумрук (ICE) бо тири силоҳи маъмурон кушта шуд. Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе рух дода, мақомоти амрикоӣ таҳқиқи онро оғоз кардаанд.

Ба иттилои мақомоти расмӣ, ин зан ҳангоми дар дохили мошини худ қарор доштан, аз сӯи як корманди ICE тир хӯрдааст. Мақомот мегӯянд, тирпарронӣ замоне сурат гирифтааст, ки Гуд гӯё талош кардааст бо мошин ба ҷони маъмурон таҳдид кунад. Ба гуфтаи онҳо, истифодаи силоҳ дар доираи ҳимояи худ анҷом дода шудааст.

Зан пас аз захмӣ шудан ба бемористон интиқол ёфт, аммо табибон натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд. Мақомот тасдиқ кардаанд, ки ӯ шаҳрванди ИМА ва соҳиби фарзанд будааст.

Ин ҳодиса вокунишҳои гуногунро ба бор овардааст. Мақомоти шаҳри Миннеаполис ва бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб доранд, ки истифодаи силоҳ аз ҷониби маъмурони федералӣ ба таври шаффоф ва мустақилона таҳқиқ шавад. Дар ҳамин ҳол, Вазорати амнияти дохили (Department of Homeland Security – DHS) изҳор доштааст, ки амалиёт тибқи қонунгузории амалкунанда анҷом ёфтааст.

Тафтишоти расмии қазия идома дорад ва мақомоти тафтишотӣ ваъда додаанд, ки натиҷаҳои онро пас аз анҷоми санҷишҳо эълон хоҳанд кард.

Модар барои куштани духтари сесолааш ба зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Хуросонро барои куштани духтари сесолааш ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукми додгоҳ моҳи ноябри соли 2025 содир шуда, ҷузъиёти парвандаро хабаргузории «Азия-Плюс» рӯзи 7-уми январ нашр кард. Ба иттилои манбаъ, Ситора Бобоева дар содир намудани куштор бо бераҳмии махсус гунаҳкор дониста шудааст. Вокуниши худи маҳкумшуда ва наздиконаш нисбат ба ҳукми додгоҳ то ҳол нашр нашудааст.

Мақомот сабаби рух додани ҷиноятро асабонияти модар аз рафтори кӯдаконаи духтараш унвон кардаанд. Тибқи иттилои манбаъ, субҳи 13-уми сентябри соли 2025 Ситора Бобоева ҳангоми тозакунии оғил духтараш Мавлудаи 3-сола аз ӯ ширинӣ талаб карда, пас аз радди муваққатии модар гиря ва пофишорӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, зан иқрор шудааст, ки натавонистааст худро идора кунад ва аввал кӯдакро латукӯб намуда, сипас бо пӯшонидани селофан ба сараш ӯро буғӣ кардааст.

Пас аз ин, модар ҷасади кӯдакро пинҳон карда, гум шудани духтарашро эълон намудааст. Тибқи маълумоти «Азия-Плюс», ҷасади кӯдак шабона ба канали деҳа партофта шуда, танҳо баъд аз чор рӯз пайдо гардидааст. Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дар бадани кӯдак нишонаҳои марги маҷбуриро тасдиқ кардааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон кӯдакон бар асари хушунати хонаводагӣ ба ҳалокат мерасанд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми июли соли 2025 қатли як навраси 15-сола аз ҷониби падараш ҷомеаро такон дод.

Дар он ҳодиса падар писараш Хусравро барои гумони дуздии 600 сомонӣ ва кашидани нос шиканҷа карда, ӯро бо таноб ба мошин баста, бар рӯи замин кашондааст. Наврас бар асари ҷароҳатҳои вазнин беҳуш шуда, баъдан дар хона ҷон бохт.

Амрико барои додани виза ба шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ кард

0

Вазорати корҳои хориҷии Амрико 6-уми январи соли ҷорӣ эъломияе нашр кард, ки тибқи он шаҳрвнадони 38 кишвари дунё барои гирифтани раводид (виза) бояд маблағи иловагӣ ҳамчун гаравпулӣ пардохт кунанд.

Алҷазоир, Ангола, Бангладеш, Бенин, Бутан ва боз чанде аз кишварҳои африқоӣ, Осиёӣ Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Тукманистон ва Қирғизистон шомили ин 38 кишвар шудаанд. Аммо Узбекистон ва Қазоқистон дар ин рӯйхат ворид нестанд.

Бар асоси иттилои Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ҳар шахсе, ки шиносномааш аз ҷониби яке аз ин давлатҳои 38-гона дода шуда бошад ва агар барои додани раводиди B1/B2 аз ҷониби кишвари Амрико ба ӯ мувофиқа шавад, уҳдадор аст гарав (bond) ба маблағи 5 000, 10 000 ё 15 000 доллари ИМА супорад. Таъкид мешавад, ки маблағи гарав бояд пас аз роҳнамоии намояндаи сафорат ва консулгарӣ пардохт шавад.

Ин ниҳоди амрикоӣ дар эъломияаш тавзеҳ дода, ки маблағи иловагии мазкур ҳангоми дархости раводид, ба хотири он гирифта мешавад, ки шаҳрвандони ин 38 кишвар бояд пеш аз интиҳои муҳлати раводид Амрикоро тарк кунанд. Агар сари вақт кишварро тарк кунанд, маблағ бозпас гардонида мешавад, вале дар акси ҳол маблағ бозпас гардонида намешавад.

Инчунин вазорат навишта, ки дар ҳолатҳои сафар накардани соҳиби раводид, ё қонуншикание, ки боиси ихроҷаш шавад ва ё бо сабабҳои хоссе маъмурони марзбонӣ монеи вурудаш ба Амрико шаванд, маблағи гарав низ бозпас гардонида намешавад.

Дар эъломияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико таъкид мешавад, ки қарори мазкур барои аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон аз 21-уми январи соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегирад.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи марги блогери рус

0

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия як зани 26-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба марг расондани блогери маъруфи рус Юлия Бурцева боздошт карданд. Ба гуфтаи тафтишот, маҳз ин зан амали ҷарроҳии зебоиро анҷом додааст, ки бо марги блогер анҷом ёфт.

Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки амалӣ ҷарроҳии зебоӣ рӯзи 4-уми январ сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, баъд аз ҷарроҳии афзоиши ҳаҷми сурин ҳолати саломатии блогер ногаҳон бад шуда, эҳтимолан бар асари аксуламали шадиди аллергӣ (шоки анафилактикӣ) ба дору ба кома рафтааст. Бо вуҷуди интиқоли фаврӣ ба бемористон, ҷони ӯро наҷот дода натавонистанд.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ва расонаҳои ин кишвар, боздоштшуда Шоира Назуллоева ном дошта, ҳеҷ гуна таҳсилоти тиббӣ ва иҷозатномаи расмии фаъолияти тиббӣ надоштааст. Бо вуҷуди ин, ӯ дар як клиникаи маъруфи Маскав “Elmas Clinic” утоқ иҷора гирифта, ба анҷом додани амалиёти косметологӣ машғул будааст, ин зан корманди расмии муассиса набудааст.

Ба иттилои тафтишот, нисбат ба ӯ тибқи қисми 2 моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Русия (Расондани марг аз беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ҳоли исботи гуноҳ ва бар асоси ин моддаи қонун, шаҳрванди Тоҷикистонро то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҷузиёти хабар омдадааст, ҳамзамон мақомоти тафтишот фаъолияти роҳбарияти клиникаро низ мавриди санҷиш қарор додаанд, то муайян кунанд, ки иҷораи утоқ ба шахси бидуни тахассус бо кадом асос сурат гирифтааст.

Мақомоти пулиси шаҳри Маскав ба расонаҳои ин кишвар гуфта, ки ҳоло Шоира Назуллоеваро дастгир намудаанд ва тафтишоти қазия идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Юлия Бурцева, блогери 38-сола ва зодаи шаҳри Самара, дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 70 ҳазор пайрав дошт. Ӯ солҳои охир дар Италия ба сар мебурд ва дар арафаи Соли нав барои дидори наздикон ва анҷом додани баъзе амалиёти зебоӣ ба Маскав омада буд.

Тағйироти кадрӣ дар чанд шаҳру ноҳияи Тоҷикистон

0

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, чанде аз роҳбарони шаҳру ноҳия ва масъулони идораҳои давлатӣ аз вазифаҳои худ барканор ва ба ҷойи онҳо шахсони дигар таъйин шуданд. Дар ин бора Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ хабар дод.

Бар асоси иттилои расмӣ, муовинони раиси вилояти Хатлон, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ аз мақомҳояшон озод шуданд.

Дафтари матбуотии Президент ҳамзамон номи роҳбарони нави шаҳру ноҳияҳоро нашр кард. Тибқи ин таъйинот, Пирзода Диловар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Набизода Фаррухуддин Амрудин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Рауфзода Саймумин Тоҷиддин раиси ноҳияи Ховалинг таъйин шудаанд. Ҳамчунин Ализод Азизулло Муҳибулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун, Ҷумазода Шарифҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара ва Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода раиси шаҳри Истаравшан таъйин гардидаанд.

Тибқи ин фармон, Нӯмонзода Темурҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен ва Салимзода Нусратулло Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шудаанд. Инчунин Муминзод Камолиддин Рамазон раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлатзода Зарина Дилмурод муовини раиси ин кумита таъйин гардидаанд.

Ҳамзамон Маъмурзода Адҳам Маъмур ба ҳайси мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин шудааст. Ашурбой Солеҳзода аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Абдулло Раҳмонзода аз мақоми ёвари раиси ҷумҳур дар умури робита бо ҷомеа озод гардида, муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъйин шудаанд.

Манучеҳр Шарифзода, ки то ин вақт муовини вазири фарҳанг буд, ба ҳайси директори «Театри миллӣ» таъйин шудааст.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон маъмулан ҳар сол дар оғози моҳи январ дар чанде аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ анҷом мешавад. Ҳукумати кишвар чунин таъйинотро ҳамчун ҷалби «кадрҳои ҷавон ва болаёқат» муаррифӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон бар ин назаранд, ки ин гуна тағйироти кадрӣ бештар ҷанбаи намоишӣ дорад ва ба ислоҳоти воқеии идорӣ ё боло бурдани сифати идоракунии давлатӣ тасири ҷидие надорад. Ба гуфтаи онҳо, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон тағйири роҳбарон одатан дар пайи нокомиҳо, иҷро нашудани вазифаҳо ё масъулияти шахсӣ сурат мегирад, аммо дар Тоҷикистон чунин тағйирот бештар ба хотири фиреб додани афкори умум ва нигоҳ доштани тасаввури ислоҳот анҷом мешавад.

Мадуро дар аввалин додгоҳаш гуфт, бегуноҳ аст 

0

5-уми январи соли ҷорӣ, мурофиаи аввалини раисҷумҳури рабудашудаи Венесуэла Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес дар додгоҳи федералии Ню-Йорк баргузор гардид. 

Дар оғози мурофиа бо талаби додрас Элвин Ҳеллерштейни 92-сола, Мадуро шахсияташро тасдиқ карда гуфт, ки “ман Николас Мадуро раисҷумҳури Венесуэла ҳастам ва 3-юми январ дар хонаам дар Каракас, Венесуэла, рабуда шудам”.

Аммо додрас Ҳеллерштейн гуфт, ки ин изҳорот дар раванди минбаъдаи мурофиа баррасӣ хоҳад шуд.

Бояд гуфт, мақомоти ИМА Мадуро ва ҳамсарашро дар ташкили гардиши байналмилалии маводи мухаддир, тиҷорати ғайриқонунии силоҳ ва иштирок дар шабакаи ҷиноятии фаромиллӣ айбдор медонад.

Аммо Мадуро ин иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки “Ман бегуноҳам. Ман шахси боадаб ҳастам”. Ҳамсараш Флорес низ дар рафти мурофиаи додгоҳи афзуда, ки ӯ низ “комилан бегуноҳ аст”.

Ҳамчунин дар ин мурофиа гуфта шудаасӣт, ки устахонҳои паҳлу (қабурғаҳо)-и Силия Флорес зарби шадид гиртфтаанд ва дар давраи дар боздошти пешакӣ буданаш ба “кумаки муносиб” ниёз дорад.

Гуфта мешавад, ин мурофиа ҳамагӣ 40 дақиқа идома карда, аз раисҷумҳури рабудашуда Мадуро дар мурофиаи додгоҳӣ вакили дифои шинохта Барри Поллак, ки раҳоии Ҷулиан Ассанж, асосгузори WikiLeaks-ро таъмин карда буд, ҳимоят дорад.

Мурофиаи навбатии Мадуро ва ҳамсараш 17-уми марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. 

Ёдовар мешавем, ки қувваҳои ИМА дар Карракас амалиёти низомӣ гузаронида, ба сохторҳои низомӣ зарба заданд ва дар натиҷа 40 нафар кушта шудааст, ки гуфта мешавад 32 нафарашон шаҳрвандии Куба мебошанд. Дар рафти ин амалиёт Мадуро ва Флорес рабуда ва ба ИМА бурда шуданд.

КҲФ аз сокинон хоста, ки ба минтақаҳои кӯҳӣ сафар накунанд

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро аз вазъи мураккаби роҳҳо дар шароити номусоиди обу ҳаво ҳушдор дода, ба ронандагон тавсия кардааст, ки аз сафарҳои ғайризарурӣ худдорӣ намоянд. Дар ин бора маркази матбуоти КҲФ иттилоъ додааст.

Ба иттилои КҲФ, бо мақсади бартараф кардани паёмадҳои эҳтимолии тармафароӣ ва садамаҳои нақлиётӣ гурӯҳҳои вокуниши фаврӣ ташкил шудаанд. Ин гурӯҳҳо асосан дар вилояти Суғд фаъол буда, ба сокинони водии Зарафшон кумак мерасонанд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, шаҳрвандоне, ки бинобар фаромадани тарма ва баста шудани роҳ дар роҳи Душанбе — Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ банд монда буданд, бо ғизои яквақта таъмин шудаанд.

Кумита аз ронандагон даъват мекунад, ки пеш аз сафар маълумот дар бораи вазъи роҳҳоро санҷанд, нақлиётро барои ҳаракат дар шароити зимистона омода созанд ва воситаҳои зиддилағжишро ҳамроҳ дошта бошанд. Илова бар ин, риояи масофаи бехатар байни воситаҳои нақлиёт ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муҳим арзёбӣ мешавад.

Ин ниҳод ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ронандагон аз баланд бардоштани суръат худдорӣ кунанд, ба хати муқобил набароянд, занҷирҳои зиддилағжиш истифода намоянд ва ба кори техникаи махсусе, ки барои таъмини бехатарии роҳҳо фаъолият мекунад, монеа эҷод накунанд.

КҲФ таъкид кардааст, ки бо ҳадафи ҳифзи ҷони шаҳрвандон, дар шароити номусоиди обу ҳаво аз анҷом додани сафарҳо худдорӣ кардан мувофиқ аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои расонаҳои кишвар, чанд рӯзи пеш бар асари фаромадани тарма ва банд мондани мошинҳо ва мусофирони зиёд дар васати роҳи Душанбе – Хуҷанд ду корманди пулис ҷони худро аз даст доданд.

Дар Русия гирифтани патент мушкилтар мешавад

0

Дар Русия мумкин аст ба шаҳрвандони хориҷӣ барои доштани қарз патенти корӣ надиҳанд.

Раиси Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва корҳои собиқадорони Думаи давлатӣ Ярослав Нилов ба расонаҳо гуфтааст, ки вакилони парлумон лоиҳаи қонунеро омода кардаанд, ки гирифтани патент барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Тибқи ин лоиҳа ҳар муҳоҷире, ки аз иҷрои қарорҳои додгоҳҳои Русия, аз ҷумла оид ба уҳдадориҳои қарзӣ сарпечӣ мекунад, патенташ тамдид ва ё аз нав дода намешавад. Ба гуфтаи Нилов, ин лоиҳаи қонун ҳамчун абзори иловагӣ барои ҳавасманд кардани пардохти қарзҳо омода шудааст.

Гуфта мешавад, лоиҳаи қонун аллакай ба ҳукумат фиристода шудааст ва интизор меравад, ки он дар ҷаласаи баҳории парлумон баррасӣ гардад.

Дар сурати қабул шудани қонун, он метавонад ба шароити фаъолияти кории муҳоҷирон дар Русия таъсири ҷиддӣ расонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи муҳоҷирон дар бозори кори Русия аллакай бо сахттар шудани қоидаҳо мушкилтар гардидааст. Дар вақтҳои охир дар чандин минтақаҳо арзиши патенти корӣ боло рафта, сарбории молиявии шаҳрвандони хориҷиро зиёд кардааст.

Илова бар ин, дар бисёре аз минтақаҳои Федератсияи Русия маҳдудиятҳо барои кори муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла дар савдои чакана, нақлиёти мусофирбар, соҳаи хидматрасонӣ ва дигар намудҳои фаъолият ҷорӣ шудаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки маҷмуи ин омилҳо метавонад боиси коҳиши шумораи муҳоҷирони қонунӣ коркунанда ва афзоиши фишор ба бозори меҳнат гардад, бахусус дар минтақаҳое, ки вобастагии баланд аз қувваи кории хориҷӣ доранд.

Ва шадидтар шудани қонунҳои муҳоҷират дар ҳолест, ки чанде пеш Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфта буд, ки дар пойтахти Русия беш аз 500 ҳазор коргар намерасад ва ин камбуди коргарро мешавад танҳо бо муҳоҷирони корӣ пур кард.

Даргирии шадиди сокинон бо Толибон бар сари истихроҷи тилло дар Афғонистон

0

Дар пайи эътирози сокинони ноҳияи Чоҳоби вилояти Тахор ба истихроҷи тилло аз сӯи ширкатҳои вобаста ба Толибон, даргирии шадид сар задааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин задухӯрд, чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Ба иттилои чанд манбаи маҳаллӣ ва расонаҳои мустақил, дар ин муноқишаҳо то кунун дастикам се сокини маҳаллӣ ва як узви Толибон ҷони худро аз даст додаанд.

Манобеъ хабар медиҳанд, ки шумораи захмиён ба ҳадди ақал 16 нафар расидааст ва бо шиддат гирифтани вазъ эҳтимоли афзоиши талафот вуҷуд дорад. Даргирӣ аз рӯзи ҷумъа 2-уми январ оғоз шуда, то ҳол идома дорад.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, сабаби аслии эътирозҳо истихроҷи «беҳисобу китоб» ва бе назорати тилло мебошад, ки ба муҳити зист, заминҳои кишоварзӣ ва манбаъҳои оби минтақа осеби ҷиддӣ расондааст. Онҳо мегӯянд, дар натиҷаи корҳои кандукории ширкатҳо оби нӯшокӣ кам ё қатъ шуда, зиндагии рӯзмарраи мардум ба хатар рӯ ба рӯ шудааст.

Дар наворҳое, ки аз маҳалли ҳодиса нашр шудаанд, боло рафтани сутунҳои ғафси дуд дида мешавад. Бар асоси маълумоти манобеъ, бархе аз эътирозгарон таҷҳизоти ширкатҳои истихроҷи тиллоро оташ задаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки пас аз густариши даргириҳо масъулони ширкатҳои вобаста ба Толибон маҳалли фаъолиятро тарк кардаанд.

Манобеи маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки сокинони Чоҳоб ба фаъолияти се ширкат эътироз доранд. Ба гуфтаи онҳо, ин ширкатҳо ба афроди наздик ба Бишр Нурзай қочоқбари маъруфи маводи мухаддир ва яке аз пуштибонони молии Толибон рабт доранд.

Мақомоти Толибон дар бораи ин ҳодиса мавқеи расмӣ иброз накардаанд. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи истихроҷи манбаъҳои табиӣ бидуни шаффофият метавонад боиси ташдиди норозигиҳои иҷтимоӣ ва нооромии бештар дар минтақа гардад.

Бояд зикр кард, ки 24-уми августи соли 2025 расонаҳои Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон ба заршӯӣ ва ҷамъоварии тилло дар соҳили дарёи Панҷ машғуланд. Ҳамчунин дар ҳамон замон миёни марзбонони Тоҷикистон ва нерӯҳои Толибон дар нуқтаи марзии Дованги вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон ҳаммарз аст, задухӯрд рух дода буд. Дар натиҷаи он, як нерӯи марзбонии Толибон кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, чунин фаъолият метавонад боиси тағйири маҷрои дарё шуда, дар оянда хатари омадани селҳои бузургро афзоиш диҳад ва барои аҳолии минтақа паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад.

Боздошти масъули бонк бо гумони дуздии беш аз 1 млн сомонӣ

0

Мудири Маркази хидматрасонии бонкии “Спитамен Бонк” дар шаҳри Бохтар бо гумони дуздии беш аз як миллион сомонӣ дастгир гардидааст.

Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, шахси гумонбар бо фармони Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” аз 1-уми феврали соли 2024, ба вазифаи мудири Маркази хидматрасонии Бонкии №260 ҶСП “Спитамен Бонк” дар шаҳри Бохтар таъин шуда, то ин дам фаъолият мекард. 

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз шахси гумонбар ном набурдааст, аммо гуфта мешавад, вай “аз моҳи феврали соли 2024 то 30-юми декабри соли 2025, аз ҳисоби маблағҳои терминали худкори пардохтӣ, маблағи пулӣ ба миқдори 1 миллиону 386 ҳазору 997 сомониро тасарруф намуда, онро ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст.”

Бар асоси иттилои манбаъ, нисбати мудири боздоштшудаи Маркази хидмарасонии бонкии “Спитамен Бонк” дар шаҳри Бохтар бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Назари боздоштшуда ва ё вакили дифои ӯ дар бораи ин иттиҳом маълум нест.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, вуҷуди фасод тамоми корхонаҳоро дар кишвар фалаҷ кардааст. Ҳоло боздошти ин масъули бонк як намунаи ришваву фасод аст, ки ӯ дар камтар аз ду сол наздики 1 миллиону 400 ҳазор сомониро медуздад, пас, онҳое, ки 5 солу 10 сол дар чунин вазифаҳоянд, чӣ қадар маблағро дуздидаанд?!