14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 158

Марги 550 ҳоҷӣ дар Арабистон

0

Расонаҳои хабарӣ аз марги зиёда аз 550 нафар зоирони хонаи Худо дар айёми баргузории маросими Ҳаҷ-2024 хабар медиҳанд. Ҳоҷиёни тоҷик ҳама саломат ҳастанд?

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, дар рафти баргузории маросими Ҳаҷ-2024 зиёда аз 550 нафар аз зоирони Хонаи Худо аз кишварҳои мухталифи дунё барои баргузории маросим Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, вафот кардаанд.

Ба қавли мақомоти Арабистони Саудӣ, дар замони баргузории маросими Ҳаҷ-2024 дамои ҳаво дар ин кишвар ва бахусус дар шаҳри Макка ва атрофи он зиёда аз 50 дараҷа гарм буда, сабаби марги қисме аз ҷонбохтагони хориҷӣ ҳам тоб наовардани онҳо ба гармои шадид дар ин кишвар арзёбӣ шудааст.

Сухангӯи расмии Маркази миллии боду ҳавошиносии Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки душанбеи 17-уми июни соли ҷорӣ дар соати 13:00 минтақаи марказӣ дар Масҷиди ҳаром 51,8 дараҷа гамр, Арафот 48, дар минтақаи Мино ва Муздалифа бошад, 46 дараҷа гармии дамои ҳаво сабт шудааст.

Хабаргузории Фаронса ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ хабар додааст, ки бештарин теъдоди ҷонбохтагон шаҳвандони мисрӣ ҳастанд, ки 323 нафарро ташкил медиҳад. Вазорати беҳдошти Индонизия ҳам аз марги 144 нафар аз зоирони худ дар ин кишвар хабар додааст.

Ҳамзамон мақомоти урдунӣ марги 41 нафар аз шаҳрвандони худро таъйид кардаанд. Хабаргузории Тунис ҳам аз фавти 35 нафар аз шаҳрвандони худ дар Арабистони Саудӣ хабар додааст. Пеш аз мақомоти эронӣ аз марги 12 нафар аз зоирони кишвар хабар дода буданд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, ки масъули фиристодани зоирони Хонаи Худо дар мавсими Ҳаҷ аст, то замони таҳияи ин матлаб ба сурати расмӣ дар бораи марги ҳеч як нафар зоирони тоҷикистонӣ хабар надодааст.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ, дар рафти баргузории маросими Ҳаҷ-2024 зиёда 1 миллиону 800 ҳазор нафар аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат кардааст. Бар илова, оморҳои ғайрирасмӣ низ аз он ҳикоят доранд, ки бо вуҷуди ихроҷи беш аз 355 ҳазор нафар аз Макка, ҳамоно даҳҳо ҳазор нафари дигар ба сурати ғайрирасмӣ дар ин маросим ширкат кардаанд.

Суҳроби Зафар дар зиндони “Кирпичний” аст?

0

Суҳроби Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар ин бора Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигор ва раҳбари созмони “Ватандор” дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод.

Бино ба навиштаи Атовуллоев, раҳбари “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар баъди рабуда шудан аз Туркия дар боздоштгоҳи КДАМ – дар дохили зиндони ба ном “Кирпичний” нигоҳ дошта мешавад ва яке аз пайвандонаш, ки бо Суҳроб вохӯрдаст, гуфтааст, ки вазъаш “хуб” аст.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон дар боздоштгоҳ будани Суҳроби Зафарро тасдиқ ё рад накардааст, инчунин назари намояндагони “Гурӯҳи 24” дар ин бора дастрас нест.

Пештар аз ин низ пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба манобеаш аз мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд, ки Суҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро 15-уми марти соли 2024 бо парвози ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Истанбул ба Душанбе оварда буданд.

Он замон Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте гуфта буд, ки ҳамагуна ахбори вобаста ба истирдоди ғайриқонунии раҳбарашон Суҳроби Зафар ва намонядаи ин ҳаракат дар Туркия Насимҷон Шариповро тасдиқ ва ё рад намекунад, зеро ягон хабари дақиқ аз манобеи расмӣ ба даст наовардааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамагуна тамос бо Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз 10-уми марти соли ҷорӣ ба ин тараф ва тамосҳо бо Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия аз 23-уми феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ қатъ шудааст. Ҳардуи онҳо дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гаштаанд.

Гуфта мешавад, фаъолон ва аъзои “Гурӯҳи 24” барои пайдо кардан ва озодии Суҳроби Зафар ва Насиҷон Шарипов дар назди бинои сафорат ва консулгарии Туркия дар кишварҳои Олмону Утриш ва Фаронсаву Ҳолланд тазоҳурот баргузор карда буданд.

Қабули қонуни “манъи ҳиҷоб” аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

0

Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи интернетии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи имрӯза аз ҷумлаи масоили баррасишаванда қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд, ки вакилон таҳрири нави онро пурра ҷонибдорӣ ва қабул карданд.

Ин қонун, ки қаблан дар таҳрири нав аз ҷониби раиси Кумитаи дин Давлатзода Сулаймон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, имрӯз аз ҷониби Рустами Эмомалӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар қабул гардид.

Гуфта мешавад, ин қонун, ки пеш аз ҳама пӯшидани ҳиҷобро барои занон дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад, пас аз имзои раисҷумҳур ва нашр шудан дар расонаҳои давлатӣ мавриди амал қарор мегирад.

Аксар коршиносон аз қабул шудани ин қонун изҳори нигаронӣ мекарданд, ки дар сурати қабул метавонад мушкилоти ҷомеи Тоҷикистонро дучанд кунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон ба моддаи 18-и қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйиру иловаҳо ворид кард. Нуктаи асосие, ки дар ин тарҳи нав ба қонуни мазкур ворид карда шуд, мамнуъ гардидани “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо” буд.

Ин амалкарди мақомоти кишвар вокуниши ҷомеаи тоҷикро ба бор овард. Аз мардуми оддӣ то коршиносони сатҳҳои гуногун дар ин бора назар доданд ва аксар мегӯянд, ки танзими либоси шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти тоҷик мисли чанд соли қабл боз нафрати мардумро ба ҳукумат бештар карда, сафи мухолифонро зиёд хоҳад кард. Зеро, ба гуфтаи онҳо, “пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона” танҳо шакл ва либосҳои исломиро дар бар мегирад ва ба он навъ либосҳои нимурён, ки ба фарҳанги тоҷикӣ ҳеч наздикӣ надоранд, коре гирифта намешавад.

Боздошту бозпурсии мақомот аз занҳои ҳиҷобпӯш ва аз сари онҳо кашидани ҳиҷоб дар назди бемористонҳо ва бозорҳо вокуниши ҷомеаи тоҷикро бештар кард.

Мувофиқи иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти кишвар мувофиқи моддаи 18-и тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” барои “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ҷарима аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар пайи суръат гирифтани фишорҳо ҷамъи бузурге аз фаъолони динӣ ва маданӣ рӯзи ҷумъаи 31-майро “Рӯзи ҳиҷоб” эълон карда буданд ва аз мардону занони тоҷик хостанд, ки дар ин рӯз барои эътироз ба фишорҳои ҳукумати Тоҷикистон даст ба гирдиҳамоии хиёбонӣ бизананд ва аз ҳукумат бихоҳанд қавонини сахтгирона нисбати ҳиҷобу ришро бекор кунад.

Ва ахиран рӯзи ҷумъа, 31-уми май Анҷумани олимони мусалмон (мақарраш дар Истанбул), дар мавриди манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон изҳорот пахш карда, зимни нашри он, манъи ҳиҷоби занон дар Тоҷикистонро маҳкум ва қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита “мухолафати сареҳ бо шариати исломӣ” донист. Ин Анҷуман дар изҳороташ таъкид карда буд, ки мақомоти тоҷик бояд ин қарори худро бекор кунанд.

Сафари Владимир Путин ба Кореяи Шимолӣ

0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 19 -уми инюи соли ҷорӣ бо сафари корӣ озими Кореяи Шимолӣ шуд. Дар ин бора расонаҳои давлатии Русия хабар доданд.

Гуфта мешавад, баъд аз 24 сол ин аввалин сафари Путин ба кишвари бастаи Кореяи Шимолӣ аст. Дар аксҳое, ки расонаҳои давлатии Русия нашр карданд, дида мешавад, Ким Чин Ун, расиҷумҳури Кореяи Шимолӣ барои истиқболи Владимир Путин дар фурӯдгоҳи Пхениян – пойтахти ин кишвар қарор дорад.

Ба иттилои расонаҳо, дар мулоқоти ҷонибҳо санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сиёсат ва ғара ба имзо расидааст. Путин дар ин дидор бо ишора “ба 70 сол муносибатҳо ва ҳамкориҳои ду кишвар бар асоси баробарӣ, эҳтироми дутарафа ва эътимод” ёд кард.

Влидимир Путин таъкид кад, ки ҳамкориҳои низомӣ ва технологиро бо Кореяи Шимолӣ тақвият мебахшад. Инчунин Путин дар хитоб ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки масъалаи таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ бояд бознигарӣ шавад.

Ҳамзамон Ким Чин Ун дар мулоқот бо ҳамтои русаш аз тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ гуфт ва сафари ӯро ҳодисаи муҳими таърихӣ хонд. Ӯ ҳамчунин аз амалиёти низомии Русия дар Украина ба таври комил пуштибонии худро эълон кард.

Солҳост Кореяи Шимолӣ мавриди таҳримҳои ҳамаҷониба қарор дорад. Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ давлати Кореяи Шимолиро муттаҳам мекунанд, ки дар ивази дарёфти кумакҳои ғазоӣ ва технологияи навин аз Русия дар таъмини таҳҷизоти тупхонаӣ ва дигар тасҳилот ба ин кишвар кумак мекунад

Аммо Русия ва Кореия Шимолӣ кумакҳои таслиҳотиро иттиҳоми ҷаҳони Ғарб дониста, онро такзиб мекунанд.

Бархе нозирон бар ин боваранд, ки сафари Владимир Путин ба Кореяи Шимолӣ метавонад паёме ба Ғарб бошад, ки аз нигоҳи таъмини таслиҳотӣ ва идомаи ҷанг дар Украина ба мушкиле рӯбарӯ нахоҳад шуд.

Гумонбарон дар қатли занҷираии Конибодом боздошт шуданд?

0

Мақомот гумонбарон дар қатли занҷираӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғдро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои манобеи Azda.tv, гумонбарон 11 нафар буда, ҳангоми кӯшиши убури марзи Тоҷикистону Узбекистон дастгир шудаанд.

Ба иддаои манбаъ, ҳамаи онҳо зодагони Ҷумҳурии Узбекистон будаанд. Гуфта мешавад, онҳо замоне боздошт шуданд, ки ҳангоми убур аз марз нерӯҳои марзбонӣ пай бурдаанд, ки изи ангушташон ба изи ангушти ҷинояткорони қатли занҷираии Конибодом шабоҳат доштааст.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон ин хабарро таъйид ё рад накардааст. Инчунин Azda tv натавонист ин хабарро аз манбаъҳои дигар тасдиқ кунад.

Ёдовар мешавем, ки тайи се моҳи охир расонаҳо дар бораи кушта шудани аъзои дастикам чор оила дар шаҳри Конибодом гузориш дода буданд ва аз он ду ҳодиса дар охири моҳи май рӯй додааст.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом шаби 28 ба 29-уми май шаш узви ду оила кушта шудаанд. Як оилаи кушташуда тоҷик ва хонаводаи дигар қирғиз буда, пайвандонашон гуфтанд, дар бадани онҳо аломати куштори маҷбуриро диданд ва ҷасадҳоро дафн карданд.

Сокинони минтақа ва баъзе аз пайвандононашон ба расонаҳо гуфтаанд, ки аз манзили кушташудаҳо маблағу дороӣ гум шудааст. 

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар истинод ба сокинони деҳаҳои шаҳри Конибодом гузориш додаанд, ки чанд ҳафтаи ахир афроди сиёҳпӯшу шубҳаовар талоши ворид шудан ба хонаҳои сокинонро кардаанд ва охирон маротиба чунин талоше шаби 11-уми июн ба ҳавлии оилаи Мақсудовҳо, дар маркази шаҳри Конибодом, мушоҳида шудааст.

Сокинони шаҳри Конибодом ҳоло дар тарсу ҳарос зиндагӣ ва барои бехатариву муҳофизати худ чораандешӣ доранд. Аммо мақомоти интизомӣ то ҳол хомӯшанд ва ангеза ё сабаби кушторҳои занҷираиро дар ин шаҳр расман шарҳ надодаанд.

Ҳушдори КҲФ аз омадани сел дар баъзе манотиқ кишвар

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар аз эҳтимоли омадани сел дар чанд ноҳияи кишвар ҳушдор медиҳад.

Тибқи ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда, рӯзҳои 15-17-уми июни соли 2024 дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Аз ҷониби Кумита ба сокинон тавсия дода мешавад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатарзо ва ҷамоъоварии ҳезум дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои 11-12-уми июни соли ҷорӣ дар чанд минтақаи кишвар боронҳои шадид борид, ки сабаби омадани сел ва харобиҳо гашт.

Аз ҷумла, дар деҳаи Сарвақти ноҳияи Ашт дар пайи ин селҳои шадид, 40 замини наздиҳавлигӣ, 12 биноҳои ёрирасон зери сангу лой монданд.

Бино ба иттилои Кумита ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 12-уми июн дар деҳаи Обурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд низ борони зиёд борид ва дар натиҷа сел ба вуҷуд омада, маконҳои зиёдеро хароб кард.

Кумитаи мегӯяд, дар километри 477-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҳудуди деҳаи Хехаки ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст.

Боздошти Усмонзода бо иттиҳоми ғасби ҳокимият

0

Дахлнопазирии вакили парлумони кишвар Саидҷаъфар Усмонзода бекор ва худи ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар дод, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ рӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ бо пешниҳоди Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ваколати раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро бекор карданд, аммо худи ӯ рӯзи 12-уми июн боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, додситонии кулли кишвар бар зидди Усмонзода бо моддаи 306 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ин банди Қонуни асосӣ барои муҷрим аз 15 соли зиндон то умурбодро пешбинӣ мекунад.

Юсуф Раҳмон зимни суханронияш дар назди вакилони парулмон гуфта, ки мувофиқи натоиҷи тафтишот, Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 бо телефони мобилӣ бо муовини роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, дар бораи ба “ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.”

Додситони кулли Тоҷикистон иддао карда, ки Шарофиддин Гадоев дар суҳбат бо Усмонзода ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин нақша раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумаки молӣ хоҳад кард. Ва “зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.”

Дар парлумони кишар ҳамчунин Усмонзодаро ба он муттаҳам карданд, ки барои пиёда кардани ин нақшаи худ дар дохил ва хориҷи кишвар тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

“Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд.”-гуфт Юсуф Раҳмон.

Дар хабар таъкид мешавад, ки Усмонзода “ба гуноҳи худ” комилан иқрор шудааст, аммо то ҳол назари ӯ ва наздиконаш дастраси расонаҳо нагардидааст.

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар суҳбат ба Azda TV тамоми иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ки “ПМТ барномаҳои сиёсии худро дар Тоҷикистон барои тағйири ҳокимият, тағйири вазъият ва наҷот додани миллат табиист, ки тавассути нерӯҳои худ дар такя бо миллат ва бо нерӯҳо ва доираҳои ҷиддитару миллатар анҷом хоҳад дод. На аз тариқи аҳзоб ва нафароне мисли Усмонзода, ки худ ҳам парвардаи низоми қудратии ҳокимият буд ва ҳам вакил шуданаш тавассути ҳокимият буд, ӯ ҳатто тавони нигоҳ доштани худ дар ҳизбро надошт. Чӣ гуна ПМТ ба ин гуна афрод дар масъалаҳои хеле ҳам ҷиддӣ, мисли тағйири ҳокимият такя ва ҳамкорӣ хоҳад кард.

Раҳбари ПМТ бар ин бовар аст, ки дар ин кор сабабҳои дигар вуҷуд дорад ва инро “ҷанҷолҳои дохилии худи ҳокимият қабл аз интиқоли қудрат аз падар ба писар” номид.

Ҳамчунин Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони ПМТ низ ба Azda TV ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт, “Гӯё ки ман ваъдаи пулӣ барои ҷаноби Саидҷаъфар Усмонзода барои ғасби ҳокимият дода бошам, ин як туҳмат ва дурӯғ аст. Ман фикр мекунам, ки ҷаноби Саидҷаъфар Усмонзода аввал ин ки қудои Саидмумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон аст ва мушкилоти инҳо асосан бармегардад ба бад шудани муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Русия. Ва дувум ин ки ин мушкилӣ бармегардад ба мушкилоти дохилии низом.

Гадоев мегӯяд, сарчашмаи асосии ин иттиҳомот марбути ҷанҷолҳои дохилие аст, ки байни Саидмумин Ятимов ва Додситони кул, Юсуф Раҳмон ва Шоҳрух Саидзода ва дар умум дастаи Рустами Эмомалӣ ва дастаи Ятимов дар ҷараён аст.

“Мехоҳанд аз тариқи Саидҷаъфар Усмонзода Ятимовро барои ғасби ҳокимият гунаҳкор кунанд. Дер ё зуд мо мебинем, ки таҳаввулоте дар КДАМ сурат мегирад ва ин бар мегардад ба мушкилоти дохилии низом ва ҳоло инро туҳмат мекунанд ба як мухолифе, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад.”, – мегӯяд Гадоев.

Гадоев инчунин илова кард, ки яке аз сабабҳои боздошти Усмонзода метавонад ба як мулоқоте рабт дошта, ки чанде пеш байни ӯ ва як мақомдори баландпояи Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) сурат гирифта буд.

Ба ҳамин мазмун Додситони кулли Тоҷикистон дар парлумони кишвар иддао кард, ки Усмонзода барои анҷоми нақшаи худ “аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.”

Боздошти Саидҷаъфар Усмонзода дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар дохили ҳизбаш ба қавле “Кудето” сурат гирифт ва як гурӯҳ беогоҳии қаблии Усмонзода Анҷумани ҳизбро гузарониданд ва Шаҳбози Аброрро, ки ба гуфтаи худи Усмонзода то ҷанд соли пеш узви ҳизби ҳоким буд, раиси нави ҲДТ интихоб карданд.

Дар торихи 31-уми майи соли ҷорӣ Вазорати адлияи Тоҷикистон Анҷумани ҲДТ-ро дуруст шуморид ва Шаҳбози Аброрро раиси нави ин ҳизб донист. Усмонзода бо ирсоли нома аз Вазорати адлияи кишвар хост, ин Анҷуман ва интихоби раиси навро “ғайриқонунӣ” эълон кунад, аммо Вазорат чунин накард.

“Карим”-ро аз Русия ихроҷ карданд

0

Мақомоти Русия варзишкори тоҷик ва қаҳрамони ду вазни созмони “Hardcore MMA” Фазлиддин “Карим” Мадраҳимовро аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Хабари ихроҷи ин варзишкори тоҷикро аз шаҳри Тулаи Русия наздикону дӯстонаш дар суҳбат бо расонаҳои русӣ тасдиқ кардаанд.

Мадраҳимов 26-сол дошта, аз 10-солагӣ ҳамроҳи пайвандонаш дар шаҳри Тулаи Русия зиндагӣ мекард ва қаблан бо Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар дар масъалаи ҳуҷҷатҳояш ҳеҷ мушкиле надоштааст.

Аммо дар охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ Фазлиддин аз ҷониби мақомоти ин кишвар бо баҳонаи “ҷо доштани хатогӣ дар санадтҳо” боздошт шуда, то ин муддат дар боздоштгоҳ қарор дошт.

Фазлиддин Мадраҳимов варзишкори созмони “Hardcore MMA”-и Русия буда, қаҳрамони вазнҳои сабук ва нимсабуки ин созмон мебошад. Ӯ инчунин қаҳрамони Маскав оид ба панкратион, ғолиби мусобиқаҳои умумирусиягӣ ва байналмилалӣ оид ба самбои размӣ, қаҳрамони созмони WEF, ғолиби чандмаротибаии мусобиқаҳои самбо ва ҷудо дар сатҳҳои гуногун, инчунин дорандаи унвони номзади устоди варзиш мебошад.

Мадраҳимов бояд дар моҳи июл барои ҳимояи унвони қаҳрамониаш бо Тагир Хибиев дар Русия қуваозмоӣ мекард, аммо маълум нест пас аз ихроҷаш ӯ метавонад ба Русия баргард ё не. Худи Фазлиддин дар саҳфаи инсатгармияш навиштааст, ки “ман хубам, то дидор дар мусобиқаи моҳи июл”.

Омодагии Арманистон барои хориҷ шудан аз СПАД

0

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, кишвараш расман аз Созмони паймони амнияти дастаҷамӣ (СПАД) хориҷ мешавад.

Никол Пашинян рӯзи чоршанбе зимни суханронӣ дар назди вакилони порлумони кишвараш гуфт, “Мушахас шуд, ки аъзои ин созмон бар тааҳҳудоти худ муовиқи паймон амал намекунанд, балки ҳамроҳ бо Озарбойчон барои ҷанг алайҳи мо барномарезӣ мекунанд. Ӯ ҳамчунин изофа кард, ки Ереван дар хусуси замони хуруҷ аз СПАД тасмимгирӣ хоҳад кард.

Ноумедии Арманистон аз СПАД баъд аз ҳамлаи Озорбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ бештар шуд. Нерӯҳои Озорбойҷон соли 2023 вориди Қарабоғи Кӯҳӣ шуданд ва идораи ин мантақаро ба даст гирифтанд.

Арманистон аз СПАД барои муқобила бо Озорбойҷон дархости кумак кард, аммо ин созмон ҳеч эътиное ба дархости ин кишвар накард, дар ҳоле, ки нерӯҳои низомии ин созмон соли 2022 барои муқобила бо тазоҳуротгароне, ки дар натиҷаи гарон шудани қимати сӯзишворӣ дар Қазоқистон ба хиёбонҳо баромада буданд, вориди ин кишвар шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки СПАД соли 2002 бо ташаббуси ҷониби Русия ташкил шуда ва ҳоло шаш кишвар – Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қиғизистон ва Русия узви ин созмони амниятӣ мебошанд
ва ҳадафи аслӣ таъмини амнияти кушварҳои узви он гуфта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон зидди Толибон?

0

Мақомоти Русия мегӯяд, Тоҷикистон дар барқарор шудани кори гурӯҳи Созмони ҳамкории Шанхай-Афғонистон розӣ нест, аммо намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон чизи дигар мегӯяд.

Директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов ба расоҳои русӣ гуфтааст, ки Маскав ва аксари ширкаткунандагони нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲШ аз барқарории кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон ҷонибдорӣ кардаанд, ба ҷуз Тоҷикистон.

Дар ин нишаст, ки рӯзҳои 20-21-уми май дар шаҳри Остона баргузор шуда буд, ҷониби Тоҷикистон дар барқарории кори СҲШ-Афғонистон “шубҳаҳои муайян” доштааст ва Кобулов изҳори умедворӣ кардааст, ки Душанбе дар ояндаи наздик дар ин масъала мавқеи худро нарм хоҳад кард.

Аммо ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар умури СҲШ Аҳмад Саидмуродзод ба “Asia-Plus” гуфтааст, ки Кобулов мавқеи Тоҷикистонро нодуруст изҳор карда, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ зидди барқарор шудани ин механизм изҳори назар накардааст.

Инчунин Саидмуродзода илова кардааст, ки дар доираи ин созмон Тоҷикистон ҳамеша болои баррасии мушкилоти Афғонистон гуфтааст ва дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Остона, Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар ин марҳила коршиносон баррасии масъалаи Афғонистонро дар доираи давлатҳои узви ин созмон оғоз кунанд.

Саидмуродзода мегӯяд, ки ҷаласаҳои мақомот ва механизмҳои ҳамкории СҲШ хусусияти махфӣ доранд, вале Кобулов бо нақзи қоидаҳои тартиботии СҲШ мазмуни ҷаласаро ба фазои иттилоотӣ баровардааст ва аз ин рӯ, дар Душанбе ба чунин изҳороти дипломати рус эътибор намедиҳанд.

Бояд гуфт, то сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон дар соли 2021, ин кишвар ҳамчун нозир ба таври пурра дар кори СҲШ ширкат ва роҳбарони пешини он дар нишастҳои ин созмон иштирок мекарданд.

Инчунин як сол пеш раҳбарияти Толибон гуфта буданд, ки намояндагони онҳо барои иштирок дар нишастҳои СҲШ ҳаққи қонунӣ доранд ва ҳузур надоштанашон дар ҷаласаҳои СҲШ “барои ҳамоҳангсозии ҳамаҷонибаи амалҳо дар муқобили хатарҳои соҳаи амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ” монеа эҷод мекунад.

Ҳаракати Толибони Афғонистон тибқи қарори додгоҳи олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар як созмони террористӣ шинохта шуда, ҳама гуна ҳамкории шаҳрвандони Тоҷикистон ва тарғиби мафкураи идеологии онҳо дар байни тоҷикистониҳо ҷурм шинохта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дигар ҳамсоякишварҳо мавқеъгирии зиддитолибонӣ дорад.

Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ, раиси парлумони Тоҷикистон ва писари раисҷумҳур дар нишасти Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СПАД, ки 3-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон (кишваре, ки Толибонро аз рӯйхати ҳаракатҳои терористӣ берун кард) баргузор шуд, гуфт, ки Афғонистон бо раҳбарии Толибон дубора ба “маркази терроризм” мубаддал шудааст ва мадрасаҳои динӣ дар ин кишвар “ҷиҳодгарони интиҳорӣ”-ро омӯзиш медиҳанду дар Афғонистон ҳеч пешрафти воқеие дида намешавад.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама интиқод аз Толибон, ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳҳои мухталиф бо онҳо ҳамкорӣ мекунад ва солона миллионҳо киловатсоат нерӯи барқ ҳам ба онҳо мефурӯшад.