17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 175

Баргузории тазоҳуроти мухолифин дар Олмон ва Утриш

0

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳ 24” аз мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо даъват кардааст, ки дар тазоҳуроти онҳо иштирок кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 14 ва 15-уми марти соли 2024, ҷамъе аз мухолифини Эмомалӣ Раҳмон дар эътироз ба нопадид шудани раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор мекунанд.

Раҳбарияти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мегӯянд, ин “тазоҳурот барои пайдо ва раҳоии роҳбари “Гурӯҳи-24” – Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия – Насимҷон Шарипов баргузор мегардад.”

Ҳамзамон баргузоркунандагони ин тазоҳурот аз тамоми мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо ва бахусус дар Олмон ва Утриш хостаанд, ки “нисбат ба тақдири ин ду бародари мубориз, ки ҳаёти худ ва буду набуди хешро дар роҳи озодии мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон фидо кардаанд, бетараф набошанд!”

Инчунин Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба ин даъват ҳамроҳ шуда, аз тамоми мухолифини тоҷикистонии муқими Аврупо хостааст, ки “бо истифода аз имконият ва фурсат ба тазоҳуроти эълонкардаи Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 барои пайдо ва раҳоии роҳбари «Гурӯҳи 24» Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия Насимҷон Шарифов бипайванданд!”

12-уми марти соли ҷорӣ Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ дар бораи нопадид шудани онҳо бо изҳори нигаронӣ гуфта буд: “Нопадид шудани роҳбари як гурӯҳи мухолиф он ҳам дар кишваре, ки даъвои демократӣ ва қонунмеҳварӣ мекунад хеле суолҳоро ба миён овардааст.”

Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи чанд гурӯҳе аз мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар изҳороташ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост карда буд, ки дар қазияи ғайб задани аъзои аршади як ҳаракати мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон “бетараф” набошанд.

Гуфта мешавад, ҳамагуна тамос бо Сӯҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз 10-уми марти соли ҷорӣ ба ин тараф қатъ шудааст ва гӯшиаш ҳам хомӯш аст. Аммо тамосҳо бо Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия аз 23-уми феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ қатъ шудааст. Ҳардуи онҳо дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гаштаанд.

Талаби ҳабси абад ба Дилшоди “СБ” ва Қамар Азизов

0

Додситон барои чор гумонбар дар куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода раиси “Ориёнбонк” ҳабси якумрӣ хостааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки додситон дар мурофиа додгоҳӣ барои Дилшод Саидмуродов, машҳур бо лақаби Дилшоди “СБ” ё “красавчик”, соҳибкор Қамарруззамон Азизов ва ду нафари дигар, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, ҳабси абад, инчунин барои 10 нафари дигар аз 3 то 14 сол зиндон хостааст.

Бино ба иттилои манбаъ, на ҳамаи гумонбарон ба куштани Шуҳрат Исматуллоев муттаҳаманд. Нафароне, ки барояшон додситон ҳукми сабуктар талаб кардааст, нисбаташон барои хабар надодан ё пинҳон доштани ҷиноят парванда боз шуда будааст.

Гуфта мешавад, баъд аз талаби додситон, додрас ба хонаи машваратӣ рафтааст ва рӯзҳои наздик ҳукми додгоҳ нисбат ба 14 нафар содир мешавад.

Муҳокимаи муттаҳамон дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, ки дар аввали моҳи январи соли ҷорӣ аз тарафи додраси Додгоҳи олӣ оғоз шуда буд, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мегузарад.

Ёдовар мешавем, ки 23-уми июни соли 2023 хабари рабуда шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев расонаӣ шуд. Мақомот пас аз ҷустуҷӯи зиёд 12-уми август тавонистанд ҷасади Шуҳратро аз аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо кунанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки дар робита ба ин қазия нисбати 18 нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ҳоло 14 нафарашон дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Инчунин ду нафари дигар дар кофтукоб ва ду нафари дигар (Рустам Ашӯров ва Парвиз Мустафоқулов) фавтидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон назорати маросимҳои диниро сахттар мекунад

0

Имрӯз, 12-уми марти соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ масъалаи сахттар кардани назорат ва танзими ҷашну маросимҳои мардумию диниро баррасӣ кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, ки имрӯз раисҷумҳур барои татбиқи амалии дастуру супориш ва пешниҳодоте, ки 9-уми март зимни мулоқоташ бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин садо дода буданд, машварати корӣ ташкил кард.

Гуфта мешавад, дар ин нишасти машварати корӣ роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент, Додгоҳи олӣ, Додситонии кул, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар ширкат доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зердастони худро супориши қатъӣ дода, ки барои амалӣ кардани пешниҳодоти фаъолон дар бораи пешгирӣ аз баъзе маросиму нишастҳои мардумӣ ва динӣ, аз ҷумла ҳоҷибинону ҳоҷиталбон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда, ки “барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузаронидани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ, аз ҷумла маросими ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос” аз ҳамаи имконоти мавҷуда бояд истифода шавад.

Аммо мунтақидони ҳукумати кишвар мегӯянд, назорату сахтгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҷашну маросимҳо бештар хусусияти зиддидинӣ дошта, маросимҳои пурхарҷи зиёде ҳастанд, ки ранги динӣ надоранд, ба онҳо таваҷҷуҳе намешавад.

Чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз фаъолони тоҷик маросимҳои динӣ ва бахусус аз афзоиши шумори зоирони хонаи Худо барои адои умра ва ё ҳаҷҷи фарзӣ интиқод мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, афзоиши зоирони хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ нишони бегонапарсӣ ва тарғиби фарҳанги бегона аст. Аммо дигарон дар вокуниш ба ин назарҳо мегӯянд, тоҷик бештар аз 30 сол аст, ки дар Русия ва дигар кишварҳо муҳоҷир аст ва ҳоло ин раванд дар ҳоли афзоиш аст, вале ҳукумат талош намекунад, то барои пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва ё тарғиби фарҳанги бегона ҷои кор барои сокинон дар дохили кишвар муҳайё созад ва мардум ба кишварҳои бегона муҳоҷир нашаванду солҳо онҷо зиндагӣ накунанд.

Собиқ вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон боздошт шуд

0

Вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати қаблии Афғонистон Ҳорун Ҳакимӣ дар Амрико бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ боздошт шудааст.

Бино ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, Ҳакимӣ рӯзи шанбе, 9-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Принс-Уилями Вирҷиниёи Амрико дар пайи шикояти як зани 27-сола бо иттиҳоми дастдарозӣ ба ӯ дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ин зан пеш аз шикоят ба пулис бо Ҳорун Ҳакимӣ дар робита будааст. Бар асоси гузориши расонаҳо, зани 27-сола пеш аз ҳодиса дар хонаи собиқ вазири иттилооти Афғонистон зиндагӣ мекард ва шоми рӯзи ҷумъа ба пулис шикоят кардааст.

Ҳорун Ҳакимӣ моҳи майи соли 2021, чанд моҳе қабл аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба унвони сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон муаррифӣ шуда буд.

Пас аз омадани Толибон ба сари қудрат дар моҳи августи соли 2021 сарпарастии ин вазоратро ҳоло мулло Хайруллоҳ Хайрхоҳ, ки соли 2002 дар Покистон боздошт ва 13 сол дар Гуантанамо зиндонӣ буд, бар уҳда дорад.

То ҳол назари худи Ҳорун Ҳакимӣ дар ин бора дастраси расонаҳо нагардидааст ва ҳамчунин ҳувият ва шаҳрванди кадом кишвар будани зани шикояткунанда низ маълум нест.

Раҳбари “Гурӯҳи 24” бедарак шудааст

0

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ бо нашри изҳороти фарвие аз бенишон шудани раҳбари ин ҳаракт Суроби Зафар хабар дод.

Дар изҳорот гуфта мешавад, Суроби Зафар, ки аз соли 2014 дар Истанбули Туркия қонунӣ зиндагӣ мекард ва ҳеч қонуни будубоши ин кишварро поймол накардааст, аз 10-уми март ин ҷониб бедарак аст.

Ӯ аз субҳи рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ дар тамос нест ва гушӣ (Телефона)-аш низ хомӯш аст. То ҳанӯз аз Суҳроб ҳеч хабаре нест ва дар куҷо қарор доштанаш ҳам маълум нест.“, омадааст дар изҳороти “Гурӯҳи 24”.

Ин гурӯҳи сиёсӣ дар изҳороташ оварда, ки Суроби Зафар дар Туркия солҳои ахир ҳамвора паёмҳои таҳдидомез дарёфт мекард, ки дар онҳо гуфта мешуд, ба зудӣ рабуда ва ба Тоҷикистон бурда мешавад.

Ба гуфтаи ин гурӯҳ, бо вуҷуди он ки ӯ дар ин кишвар қонунӣ будубош мекард, мақомоти Тоҷикистон борҳо талош карда буданд, ки ӯ ва ҳамсафонашро боздошт ва ба кишвар истирдод кунад, аммо муваффақ нашуда буданд. “Гурӯҳи 24” дар ин изҳороташ мегӯяд, эҳтимол меравад ин бор ӯро мақомоти тоҷик бо роҳҳои ғайриқонунӣ рабудаанд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи феврали соли 2023 Насимҷон Шарипов, яке аз аъзои фаъоли ин гурӯҳи сиёсӣ, ки қаблан ҳам аз ҷониби пулиси Истанбул ҳамроҳи Суҳроби Зафар боздошт шуда буд, бенишон гашта, то ҳол макони ӯ маълум нашудааст.

Ин бори аввал нест, ки мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, ба тарври ногаҳонӣ бенишон мешаванд. То ин дам даҳҳо ҳолат вуҷуд дорад, ки мухолифони фаъол ба таври ҷудогона аз кишварҳои аврупоӣ, Русия, Туркия ва ғайра ногаҳон нопадид ва чанде баъд аз Тоҷикстон пайдо мешаванд.

Мухолифони ҳукумати Эмомлаӣ Раҳмон мегӯянд, мақомоти кишвар чун наметавонанд ба таври қонунӣ онҳоро ба кишвар бозпас баранд, бо роҳи одамрабоӣ ин корро анҷом медиҳанд, то мухолафонашро хомӯш кунонанд.

8 соат барқ дар шабонарӯз бахшида ба моҳи Рамазон

0

Бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон сокинони кишвар дар як рӯз 4 соат субҳ ва 4 соати дигар шом бо барқ таъмин хоҳанд шуд, аммо 16 соати дигар аз барқ маҳрум.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ барқияи фаврии Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” нашр шудааст, ки дар он раҳбарони филиалҳои ин ширкатро вазифадор намудааст, то аз 11-уми март ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 8 соат барқ бидиҳанд.

“...аз 11-уми марти соли 2024 то ҳолати бартараф гардидани маҳдудияти нерӯи барқ, хамарӯза соатҳои 04:00 – 08:00 ва 17:00 – 21:00 аҳолии мамлакатро пурра бо барқ таъмин намоед”, – супориш додааст Гуҷрал.

Аммо дар ин барқия гуфта нашудааст, ки кай маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинон бардошта мешавад. Ин дар ҳолест, ки аз моҳи сентябри соли 2023 дар аксар минтақаҳои кишвар лимит ҷорӣ шудааст. Ҳатто аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе шабона интиқоли барқ то 2-3 соат қатъ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бо сард шудани ҳаво ва боридани барфи зиёд дар моҳҳои февралу марти соли ҷорӣ, барқ дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва ҳатто Душанбе қатъ гардид. Дар пайи ин бебарқӣ ва сардии ҳаво аҳолии кишвар талош карданд, хонаҳои худро бо бухориҳо гарм кунанд, ки аксар аз ангишт истифода карданд.

Дар пайи истифода аз ангиш дар давоми камтар аз ду ҳафта наздики 20 нафар аз сокинон оилавӣ аз дуди он заҳролуд шуда, ҷон бохтанд.

Бори охир шаби 5-уми марти соли ҷорӣ дар деҳаи Турушбоғи шаҳри Ҳисор се узви як хонавода ба ҳалокат расид.

Инчунин 2-уми марти соли 2024, 3 кӯдаки ноболиғ дар шаҳри Душанбе бар асари оташ гирифтани хона аз дуди ғализ заҳролуд шуда, онҳо низ ҷони худро аз даст доданд.

Пеш аз ин ду ҳодиса Муҳаммад Иқболи Садриддин, раҳбари шабакаи “Ислоҳ.нет” дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дода буд, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми марти соли ҷорӣ “Панҷ сокини Хистеварз аз бе барқӣ ҳалок шуданд”.

Ва пеш аз инҳо шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ шаш сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт ҷон бохтонд. Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола буданд. Ҳамсояҳо аз марги онҳо нисфирӯзии 28-уми март бо хабар шуданд.

Ин ҳодисаҳо ҷомеаи тоҷикро сахт нигарон кардааст ва онҳо мегӯянд, ки дар чунин ҳолатҳо барои мақомот беҳтар нест, барқро ба хориҷ нафурӯшанду сокинонро бо барқ таъмин кунанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон танҳо дар соли 2023 ба кишварҳои хориҷа беш аз 2,6 млрд кВт. соат барқ, аз ҷумла ба Афғонистон – 1 млрд, 624 млн кВт.соат, Узбекистон – 907,5 млн кВт.соат ва Қазоқистон – 144 млн кВт.соат содир кардааст, ки назар ба соли 2022 124 млн кВт. соат бештар аст.

Инчунин тибқи шартномаи нав, ширкати “Барқи тоҷик” фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистонро дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2023 наздик ба 20% зиёдтар кардааст.

Дар Тоҷикистон корхонаи мошинбарорӣ месозанд

0

Намояндагони бахши иқтисоди Тоҷикистону Узбекистон зимни мулоқот дар Душанбе дар бораи истеҳсоли муштараки мошинсозӣ ва бунёди НБО дар Тоҷикстон гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-уми марти соли ҷорӣ вазири ин ниҳод Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Қудратов Лазиз мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба гузаронидани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки қарор аст дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ шудааст.

Инчунин вазирони ду кишвар масъалаи сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муҳими ва стратегӣ, “аз ҷумла истеҳсоли муштараки мошинҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли чархҳо дар заминаи ҶСК ТАЛКО барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозии Ӯзбекистон, инчунин сохтмони муштараки ду НБО дар дарёи Зарафшон” ва дигар масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии дуҷониба бо Ҷумҳурии Узбекистон дар соли гузашта 504,4 млн. доллар ва вазни хоси он 6,1 фоизро ташкил додааст. Ҳамчунин қайд мешавад, ки муомилоти тиҷоратӣ бо Узбекистон дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои 5-ум қарор дорад.

ПМТ: Ҳукумат аз “душманӣ ба миллати худ” даст кашад

0

Имрӯз, 11-уми марти соли ҷорӣ вобаста ба Рӯзи матбуот Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз ҳукумати кишвар хоста, ки аз “душманӣ ба миллати худ” даст кашад.

ПМТ – эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ин изҳороти худро дар сафҳаи фейсбукияш ба муносибати Рӯзи матбуот нашр карда, вазъи расонаҳо дар Тоҷикистон ва фишор болои рӯзноманигорони тоҷикро “ҷинояти ҳукумат” хондааст.

Зимни табрикот ба аҳли қалам ва рӯзноманигороне, ки “дар роҳи адои рисолати худ содиқ ҳастанд”, ПМТ изҳор дошта, ки “Баста шудани расонаҳои мустақил, маҷбур ба тарки кишвар кардани рӯзноманигорони чирадаст ва аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон зери пайгард қарор додани онҳо баёнкунандаи вазъи матбуоти муосири тоҷик аст.”

Ин эътилофи сиёсӣ бо ишора ба вазъи матбуоти 100 соли пеш ва ташкили аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар Бухоро дар қиёс ба вазъи имрӯзаи ин соҳа мегӯяд: “Агар зиёда аз сад сол пеш равшанфикрони тоҷик тавонистанд як рӯзномаро ҳамчун шамъи зиё барои миллат пешкаш карда бошанд, мутаассифона имрӯзҳо рӯзноманигорон ва равшанфикрони тоҷик мисли шамъ дар кунҷи зиндони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон месӯзанд ва ё маҷбур ба тарки касбу кишвару зодгоҳ шуданд.”

Дар изҳороти ПМТ аз рӯзноманигороне ба монанди Муҳаммадалӣ Ҳаит, Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Далери Эмомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва дигарон ёд шуда, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хомӯш кунондани онҳо аз ҳақиқатгӯӣ бо иттиҳомоти сохта барои солҳои тӯлонӣ ва ҳатто умрбод онҳоро равонаи зиндон кардааст.

Ва ҳамчунин дар ин изҳорот таъкид мешавад, ки ПМТ “ин ҳама фишор, таъқиб ва маҳдудкунии матбуот аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистонро ҷиноят дар баробари имрӯзу фардои миллат меҳисобад ва аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунад то ба душманӣ ба миллати худро хотима диҳад.”

16 тавсияи СММ ба мақомоти Тоҷикистон

0

Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Ғано барои беҳбудии вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои мардум ба ҳукумати Тоҷикистон 16 тавсия додааст.

Дар шаҳри Женеваи Суис аз 26-уми феврал то 5-уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи 55-уми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар ин нишаст хонум Нозила Ғано, ки соли гузашта аз Тоҷикистон дидан карда буд, бо гузорише аз вазъи озодиҳову ҳуқуқи мардум дар кишварамон маълумот дод.

Аз ҷумла, дар ин гузориш дар бораи шароити сиёсӣ ва таърихӣ, уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, чаҳорчӯби ҳуқуқӣ ва институтсионалии озодии дин ё эътиқод, ҳуқуқ барои доштан, қабул ва тағйир додани дин ё эътиқод, терроризму экстремизм, баста шудани ҲНИТ ва боздошту зиндонии раҳбарону аъзои ин ҳизб, вазъият дар ВМКБ, саркӯби дигарандешон ва ғайра гуфта шудааст.

Дар хулосаи ин гузориш хонум Ғано мегӯяд, ки ҳарчанд озодии дин ё эътиқод ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳар як шахс аст, аммо дар Тоҷикистон он дар қонун ё амал эътироф нашудааст ва ин ба озодиҳо дар Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Инчунин ба гуфтаи гузоришгари вежаи СММ, ҳарчанд озодии дин ва эътиқодро Конститутсияи Тоҷикистон кафолат дода бошад ҳам, вале он бо Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимхо, Кодекси чиноятй ва Кодекси хукуквайронкунии маъмурӣ маҳдуд мешавад.

Гуфта мешавад, садҳо нафар бо иттиҳоми норавшан дар ифротгароӣ ва терроризм ба муддати то 15 сол ва бештар аз он дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд. Инчунин аз соли 2016 инҷониб Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро ба далели нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабӣ дар рӯйхати “Кишварҳои нигаронии хос” ворид мекунад.

  • Дар ҷаласаи 55-уми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хонум Нозила Ғано ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки имконият фароҳам оварад, ки гуногунрангии мазҳабӣ дар ҷомеа бидуни ҳеҷ гуна табъиз ва тарсу ҳарос ба таври мусбӣ пеш равад;
  • Инчунин қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ва Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро бо мақсади мутобиқгардонии онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла моддаи 18-и Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ баррасӣ намояд;
  • ҳама муқаррароти Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ба озодии дин ва эътиқод марбутанд, бо мақсади мутобиқ кардани онҳо ба моддаи 18 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва дигар стандартҳои дахлдори байналмилалии ҳуқуқи инсон, бррасӣ ва таҷдиди назар карда шавад;
  • ба ҳар як шахс ҳуқуқи пайравии озодона, бемаҳдудияту назорат ва тарс аз дину эътиқод дода шавад;
  • бақайдгирии ташкилотҳои динӣ осон карда шавад;
  • ба шахсоне, ки ба ақаллиятҳои динӣ тааллуқ доранд, имкон дода шавад, ки хусусиятҳои хоси худро нигоҳ доранд ва аз озодии дин ё эътиқод пурра истифода баранд;
  • таърифҳои норавшани мафҳуми “экстремизм”-ро аз нав баррасӣ кунад, зеро доираи васеи ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба фаъолияти динӣ ба озодии дин ва эътиқод, баён ва ҷамъомадҳо таъсири манфӣ мерасонад;
  • гузаронидани тафтишоти фаврӣ, беғаразона ва шаффоф дар бораи ҳодисаҳое, ки аз моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додаанд;
  • баррасии парвандаи ҳамаи шахсоне, ки бо иттиҳоми норавшани ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд ва ҳама маҳбусони виҷдонро озод кунанд;
  • озодии дин ё эътиқодро ҳамчун ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳар як шахс, аз ҷумла маҳбусон эътироф кунад;
  • заминаи институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи инсон тавассути кафолат додани мустақилияти пурраи Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон;
  • барои таъмини татбиқи Қонуни баробарӣ ва барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз бо иштироки пурраи ҳамаи гурӯҳҳои манфиатдори ҷомеа ва дигар ҷонибҳо дар амал чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар гузориши Намояндаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Ғано боз чанд тавсияи дигаре низ оварда шудааст, ки шакли муфассали онро метавонед дар ин линк мутолиа кунед.

https://undocs.org/Home/Mobile?FinalSymbol=A%2FHRC%2F55%2F47%2FADD.1&Language=E&DeviceType=Mobile&LangRequested=False

Гуфта мешавад, дар ин нишаст намояндаи Тоҷикистон низ ширкат ва 5 дақиқа суханронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон тавсифу тамҷид кард.

Ёдовар мешавем, ки Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Ғано аз 11 то 20 апрели соли 2023 аз Тоҷикистон дидан карда буд.

Хонум Ғано мегӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аксари дархостҳои ӯро дар бораи мулоқотҳо қонеъ карда, ба муассисаҳои гуногун, аз ҷумла ба колонияи №3/1-и шаҳри Ваҳдат бурдаанд, аммо ӯ изҳори таассуф кардааст, ки мақомот барои баргузории мулоқотҳои расмӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат накарданд.

Таҳдиди ҷонибдорони болшевикҳо ба ҷони донишмандони тоҷик

0

Ҷонибдорони тоҷикистонии болшевикҳои Русия дар иқдомоти ҷадиди худ алайҳи ду донишманди кишвар аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки онҳоро ба қатл маҳкум кунад.

Имрӯз, 8-уми марти соли 2024, Адаш Истад, донишманд ва адиби шинохтаи тоҷики муқими Самарқанди Узбекистон дар саҳфаи фейсбукии худ хабар дод, ки аз сӯи ҷонибдорони болшевикҳо мавриди таҳдид қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ин донишманди кишвар: “Бозмондаҳои болшевикӣ он қадар зиёд, ки Президенти Тоҷикистонро болшевик ҳисобида парронда куштани Сайфулло Муллоҷон ва Адаш Истадро талаб карданд! Як бор чунин таҳдид аз ҷониби пантуркисти самарқандӣ шуда буд.”

Дар посух ба ин таҳдид, Салими Айюбзод, мудири кулли бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳам ин масъаларо ҷиддӣ қабул карда гуфтааст: “Инҳо аз ҳамон таборе ҳастанд, ки худ ишора кардед. Аммо одат накунед ва кам ҳам нагиред. Тавонистанд, Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзодаро зиндонӣ кунанд. Онҳо метавонанд. Вақте дар баробари далелҳои қатъӣ лол мемонанд, ба душному таҳқир мегузаранд ва агар он ҳам қонеъашон накард, роҳи зиён расонданро меҷӯянд. Ин дар хунашон аст…”

Масъала ва ё баҳси “босмачиҳо” дар байни донишмандони тоҷикистонӣ як баҳси нав нест, балки ин баҳс каму беш сад сол ин ҷониб идома дорад. Ба гуфтаи бархе муаррихон, ин баҳс аз он ҷо оғоз мешавад, ки вақте болшевикҳои рус ба Осиёи Марказӣ ҳамла карда, ба водии Фарғона расиданд, артиши сурх дар ду шабонарӯз аз 5 то 8 ҳазор сокинони маҳаллиро қатли ом ва занонро таҷовуз карданд. Ин кори онҳо сабаб шуд, то иддае аз мардуми минтақа ва атрофи он ба хотири ҳифзи нангу номӯс ва занону духтарони худ алайҳи онҳо қиём карданд.

Дар байни касоне, ки алайҳи болешвизм қиём карданд, намояндаҳои қариб тамоми қавмҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва ҳатто туркманҳо низ ҳузур доштанд. Аммо дар чанд соли ахир ба ҷуз Тоҷикистон, тамоми кишварҳои минтақа ва бахусус Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистону Туркманистон иддае аз онҳоро сафед карда, қаҳрамон ва ё нерӯҳои муқовимат дар замони худ эълон карданд.

Ин баҳсҳои ахир, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле тезу тунд байни ҷонибдорони болшевикҳо ва мухолифони тоҷикистонии он идома дорад, аз як барномаи “Китобхон“, ки тавассути журналист Далер Шарифов роҳандозӣ шудааст, оғоз шуд. Дар он барнома, Далер Шарифов аз мусоҳиби худ таърихдони шинохтаи кишвар ва устоди донишгоҳ Сайфулло Муллоҷонов дар ин бора пурсид ва ӯ ҳам бидуни он ки мустақим посух диҳад, беш аз 10 далелро зикр кард ва гуфт, бинанда ва шунаванда худаш қазоват кунад, ки онҳо кистанд?

Дар байни онҳое, ки дар рафти ин баҳсҳо аз болшевизм ҳимоят мекунад, устоди Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия доктори иломҳои филолигӣ Холмаҳмад Холов аст, мегӯяд: “Аз Шумоен хохиш, ки таърихи солҳои 20-ро дуруст дида бароеду баъд гап занед, кӣ буд босмачи, инҳо ҳама лақаю барбосу туркҳо буданд, ки мардуми моро горат карданд, ҷанг бе қурбони намешавад, агар ҳукумати Шӯравӣ намебуд, вой бар ҳоли мо Точикон буд….”

Аммо дар ҷавоб ба вай корбаре бо номи Умед Усмон мегӯяд: Дар Ванҷ як гуруҳ қаҳрамонҳо (босмачиҳо ) бар зиди ғосибони унвақта меҷангиданд, бобоҳи мо шаб меҷангидану рӯз пинҳон мешуданд, мутассифона, ҷои пинҳон шудани онҳоро ба ғосибон боз худи мо хабар додем ва онҳо кушта шудан. Касоне ки онҳоро фурӯхтанд ба душман, то ҳол қаҳрамонанду онҳое, ки дар ҳақиқат қаҳрамон буданд барои озодии мардум меҷангидан, душан. Бадбахтӣ дар он аст ки миллати мо дӯстро аз душман ҷудо карда наметавонад.”

Гуфта мешавад, ҳар чанд бархе аз онҳое, ки чунин таҳдидҳоро дар нисбати муаррих ва устоди донишгоҳ Сайфулло Муллоҷонов ва донишманду адиби шинохта Адаш Истад раво дидаанд, гуфтанд, ки “дар омади гап” чунин изҳоротеро раво донистаанд, аммо Адаш Истад мегӯяд, дар ин масъала “наметавон хомӯширо ихтиёр карда ин вазъро ба ҳоли худ гузошт. Дар акси ҳол истиқлоли Тоҷикистон зери хатар хоҳад буд.”