13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 187

Тоҷикистон бо Урдун бозӣ мекунад

0

Дастаи мунтахаби Урдун пас аз шикаст додани мунтахаби футболи Ироқ ба масофи Тоҷикистон меравад.

Бино ба иттилои расмӣ, 2-уми феврали соли 2024 дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби футболи Урдун дар даври чорякниҳоии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” дар Қатар бозӣ мекунад.

Шоми дирӯз, 28-уми январи соли ҷорӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҳаштякфиналии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабиро бо ҳисоби 5:3 мағлуб карда, ба марҳилаи чоряфиналии ин бозиҳо роҳ ёфт.

Имрӯз, 29-уми январ низ дар даври бозиҳои ҳаштякфиналии бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби футболи Урдун тими миллии футболи Ироқро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда, ба даври чоряниҳоии ин мусобиқот расид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бори нахуст дар мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, тавонист дар майдонҳои бозии хеле хуб нишон бидиҳад ва хеле аз рақибони худро шикаст дода, то марҳилаи чорякфиналии ин бозиҳо роҳ ёбад.

Инчунин сармурабии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳам пас аз пирӯзӣ алайҳи мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба расонаҳо гуфт, ки футболбозони тоҷик аз марҳилаи чоряниҳоӣ низ бо сарбаландӣ убур хоҳанд кард.

Барканории сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон

0

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон баъди беш аз 20 сол сухангӯи худро аз вазифа барканор кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 29-уми январи соли 2024 Президенти Тоҷикистон бо судури амре сухангӯи худ Абдуфаттоҳ Шарифзодаро аз вазифа барканор ва ба ҷои он Заробиддин Қосимиро ба ин вазифа таъйин кард.

Дар амри Президенти Тоҷикистон гуфта шудааст, ки “Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.” Абдуфаттоҳ Шарифзода соли 1959 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омда аст.

Заробиддин Қосимӣ, ки аз соли 2020 дар вазифаи сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ифои вазифа мекард, “ба сабаби кори дигар гузаштан“-аш аз Қоҳира ба Душанбе хонда шуд.

Заробиддин Қосимӣ ҳамчун шарқшинос собиқаи корӣ дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудоифаи Тоҷикистон ва ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудиро дорад. Инчунин вай дар гузашта, (2005-2015) як муддат ба ҳайси муовини раҳбари Хадамоти матбоути Президенти Тоҷикистон ҳам кор карда аст.

Гуфта мешавад, Абдуфаттоҳ Шарифзода, ки ҳамчун таърихдон 15-уми декабри соли 2003 ба ҳайси сухангӯи Президенти Тоҷикистон таъйин шуда буд, дар давоми беш аз 20 соли корӣ як бор ҳам натавонист Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид кунад, ки бо расонаҳо ва хабарнигорони Тоҷикистон рӯбарӯ суҳбат кунад.

Дар замони раҳбарии ӯ, ки Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистонро бар уҳда дошт, сол то сол доира иттилоърасонӣ ва сари вақт дастрас кардани иттилоот ба расонаҳо дар Тоҷикистон маҳдудтар мешуд. Аз ин рӯ, бархе созмонҳои байналмилалӣ фазои иттилотии Тоҷикистонро ба фазои иттилоотии Кореи Шимолӣ баробар донистанд.

Тоҷикистон Иморотро ҳам шикаст дод

0

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба марҳилаи чоряфиналии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” роҳ ёфт.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 28-уми январи соли 2024 дастаи мунтахаби миллии футоболи Тоҷикистон дар марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” бо шикаст додани мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Бозии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки бо мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри ар-Райёни давлати Қатар баргузор шуд, бозӣ ба ҳисоби 5:3 бо пирӯзии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар рафти ин мусобиқот, ки рақобатҳо хеле пуршӯру ҳаёҷон гузашт, дар дақиқаи 30 бозигари тоҷик Ваҳдат Ҳанонов тӯбро бо зарбаи сар ба дарвозаи ҳарифони худ ворид карда, ҳисобро боз кард. Голи дастаи Иморотро ҳамлагар Халифа ал-Ҳамадӣ дар дақиқаи 90+5 ба сомон расонид. Бозӣ ба ҳисоби 1:1 дар вақти муайянгардида ба поён расид.

Барои идомаи бозӣ ду дафъаи дигар довар 15-дақиқаӣ ба онҳо вақт ҷудо кард, то ғолиб муайян карда шавад. Аммо дар ин вақт касе гол зада натавонист. Сипас довар барои дастаҳои вақти пеналтӣ задан ҷудо кард, мунтахаби футболи кишварамон дар вақти пеналтӣ задан бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои нахустин бор аст, ки дар ин мусобиқот иштирок мекунад. Сармурабии мунтахаби кишвар ҳам ба расонаҳо гуфт, умедвор аст, ки дар финал ҳамроҳи дастаи Эрон, яке аз қавитарин дастаҳои мусобиқоти Ҷоми Осиё бозӣ хоҳад кард.

Туркия: Яке аз омилони ҳамла ба калисо шаҳрванди Тоҷикистон аст

0

Рӯзи якшанбе, 28-уми январи соли ҷорӣ ба калисои таърихии Санта Мария дар Истанбул ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохт.

Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая эълом кард, ки рӯзи якшанбе пас аз ҳамла ба калисои мазкур пулиси Истанбул ду ҳамлагарро дастгир кард. Алӣ Ерликая дар бораи ҳувияти муттаҳамон гуфт, ки яке аз омилон шаҳрванди Тоҷикистон ва дуюмӣ шаҳрванди Русия аст. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки ҳоло узви ДИИШ будани гумонбарон маълум нест ва онро тафтиш мекунанд.

Аммо, баъдтар “Ройтерз” бо нашри хабаре гуфт, ки ДИИШ тавассути канали Телеграми худ ин ҳамларо да дӯш гирифтааст. Гуфта мешавад, ин гурӯҳи даҳшатафкан таъкид карда, ки бо супориши раҳбаронашон “яҳудиён ва насрониҳоро” ҳадаф қарор додаанд.

Бино ба иттилои ТАСС, мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин қазия аз мақомоти Туркия талаб кардаанд, ки мушаххасоти шаҳрванди Тоҷикистонро дар ихтиёрашон бигузоранд. Гуфта мешавад, пулиси Истанбул то кунун 51 нафарро барои ин ҳодиса боздошт карда, ки аксари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин ТАСС менависад, ки гумонбарон дар мошини худ аз рақамҳои кишвари Лаҳистон истифода карда, ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва пулиси Истанбул мегӯяд, қаблан мошинеро бо рақамҳои лаҳистонӣ дар роҳҳои шаҳр мушоҳида накардааст.

Расонаҳо аз шаҳрванди Русия, ки бевоиста тир кушодааст, Д.Т ёд мекунанд ва аз шаҳрванди Тоҷикистон АК. Аммо, гуфта мешавад, ҳангоми ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон натавониста силоҳи дасташро ба кор андозад.

Аз ин пештар дар ҳамлаҳое дар шаҳри Кирмон ва пеш аз он дар шаҳри Шерози Эрон, ки даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд, омилони онҳоро низ шаҳрвандони Тоҷикистон эълон карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки калисои масеҳии Санта Марияи шаҳри Истанбул яке аз қадимтарин калисоҳои католикии ин шаҳр ба ҳисоб рафта, он соли 1453-и милодӣ тавассути Императори Рум сохта шуда буд. Ва солона ҳазорҳо гардишгар ба ин калисо сар мезананд ва аз ҷиҳати таърихи куҳан доштани он барои кишвари Туркия низ аз аҳамияти бузург бурхурдор аст.

Додгоҳи Лоҳа парвандаи наслкушии фаластиниҳоро барраси мекунад

0

Девони Байналмилалии Додгустарӣ, ки мақараш дар шаҳри Лоҳаи Ҳоланд аст, 26-уми январи соли ҷорӣ дар бораи шикояти кишвари Африқои Ҷануби аз Исроил ба далели он ки Исроил дар Ғазза муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудааст, назаршро эълон кард. 

Додгоҳи мазкур зимни эълони ҳукми пешакӣ Исроилро муввазаф ба иқдомоти бештар барои ҳимоят аз фаластиниҳо кард, аммо дастури оташбаси фавриро надод.  

Раиси Девони Байналмиллалии Додгустари гуфт, шикояти Африқои Ҷанубӣ мутобиқ ба аҳдномаи пешигирӣ аз наслкушӣ аст ва шикояти Исроил барои лағви ин парвандаро рад мекунад ва Африқои Ҷанубӣ метавонад далелҳои бештаре барои баррасии парвандаи наслкуши дар Ғазза пешниҳод кунад. 

Исроил даъво дошт, ки шикояти Африқои Ҷанубӣ беасос аст ва бояд ин парванда лағв шавад, вале Девони Байналмиллалии Додгустарӣ гуфт, баррасии парвандаи наслкушии Исроил дар салоҳияти ин ниҳод аст ва онро баррасӣ хоҳад кард, вале одатан парвандаҳои наслкушӣ дар ин додгоҳ солҳо давом мекунад. 

Раиси Девони Байналмиллалии Додгустарӣ ҳукми додгоҳ ва назри 17 қозии ин додгоҳро дар бораи қарорҳо чунин элон кард:

. Исроил бояд тамоми иқдомоте, ки дар ихтиёр худ дорад, барои пешгирӣ аз наслкушӣ дар Ғазза рӯи даст бигирад. Ин қарор аз бо 15 раъйи мувофиқ ва 2 раъйи мухолиф қабул шуд.  

. Исроил бо тамоми тавон ва иконоиятҳояш талош кунад, касоне, ки наслкуширо дар Ғазза ташвиқ мекунанд, муҷозот кунад ва пеши роҳи онҳоро бигирад. Ин қарор бо 16 раъйи мувофиқ 1 раъйи мухолиф қабул шуд.

. Исроил бояд иқдомоти фаврӣ ва лозимро барои расидани кумакҳои башардӯстона иҷозат диҳад. Ин қарор низ бо 16 раъйи мувофиқ ва 1 раъйи мухолиф пазируфта шуд.

Дар идома раиси ДБД ҳамчунин изоҳори назарҳои мақомоти Исроилиро, ки мардуми Ғаззаро ҳайвон хонда буд, зикр кард ва афзуд, ки ин кишвар бояд ҳамлаҳои вайронкоронаашро дар Ғазза бас кунад ва бояд пеши роҳи ихроҷи маҷбурии фаластиниёнро аз сарзаминашон бигирад.

Дар вокуниш ба эълони ҳукми додгоҳ масъули Африқои Ҷанубӣ гуфт, ки “мо хоҳони оташбаси фаврӣ дар Ғазза ҳастем, мо аз Исроил умед надорем, ки қарор додгоҳро риоят кунад, вале Исроил дӯстони қавие дорад, ки умедворем дӯстонаш тавсия мекунанд то ба қарори ДБД эҳтиром гузорад ва онро иҷро кунад.”

Ҳамзамон Исроил низ ба ин қарор вокуниш кард. Сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу ҳукми додгоҳро золимона хонд ва онро рад кард. Ӯ гуфт: “Ин идао, ки Исроил дар ҳоли наслкушӣ алайҳи фаластиниён аст, натанҳо нодуруст, балки золимона аст ва тасмими ДБД барои баҳс дар ин маврид нишонаи расвоӣ аст, ки барои наслҳо пок нахоҳад шуд.”

Ба гуфтаи коршиносон, паёми асосии ҳукми ДБД он аст, ки шикояти наслкушии Исроил дар Ғазза тавассути додгоҳи мазкур баррасӣ хоҳад шуд ва ин фишори сиёсиро ба Исроил ва ҳомиёнаш ворид хоҳад кард. Ҳамчунин ин баррасиҳо боиси ҳифзи ҷони фаластиниён мегардад, зеро ҳама ҷиноятҳои Исроилро назорат, сабт ва дар парванда изофа мекунанд ва ҳамучнин изҳороти нафратпарокании мақомоти Исроилро баназр гирифтан боис мешавад, ки онҳо минбаъд дар изҳороташон муҳтот бошанд.

Оғози нишастҳои матбуотӣ дар Тоҷикистон

0

Ҳафтаи ояндаи нишастҳои матбуотии вазорату кумита, агентиҳои давлатӣ ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ оғоз мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, аз рӯзи душанбе, 29-уми январи соли 2023 нишастҳои матбуотии солонаи вазорату кимитаҳо, агенитиҳои давлатӣ ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ ба сурати расмӣ дар Тоҷикистон оғоз мешаванд.

Ба қавли манбаъ, “нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, тибқи он нишастҳои матбуотӣ 29 январ оғоз гардида, 16 феврал ба анҷом мерасанд.”

Гуфта мешавад, “вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд.”

Ба иттилои “Ховар”, аввалин шуда, рӯзи 29-уми январ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» нишастҳои матбуотии худро мегузаронанд.

Дар шароити сахте, ки рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил ва ғайри давлатӣ барои дарёфти иттилоот дар Тоҷикистон доранд, нишастҳои матбуотие, ки ҳар шаш моҳ як маротиба аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ баргузор мешаванд, фурстаҳое дониста мешаванд, ки хабарнигорон ба бархе суолҳои худ ба сурати мустақим аз мақомдорони кишвар посух бигиранд.

Мақомоти Тоҷикистон иттилоотро то ҳадде маҳдуд кардаанд, ки ҳеч рӯзноманигор ва ё расонаи мустақиле наметавонад ба он дастрасӣ дошта бошад, ҳатто дар алоҳидагӣ бо мақомдорон мусоҳибаҳо гузаронидан имкон надорад.

Бино ба иттилои расмӣ, 18-уми январи соли 2024 парлумони Аврупо бо судури як қатънома дар бораи “саркӯби давлатӣ алайҳи расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон” гуфт, ки мақомот фишор болои расонаҳо ва журналистонро то ҳол идома медиҳад.

Парлумони Аврупо дар ин қатъномаи худ меафзояд, мақомоти Тоҷикистон бо истифода аз Қонуни ҶТ дар бораи терроризм ва ифротгароӣ иддае аз журанлистони мустақил, аз ҷумла Завқибек Сайидаминӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева, Хушрӯз Ҷумаев ва Хуршед Фозилов ва дигаронро аз 7 то 20 сол зиндонӣ кардаанд.

Пеш аз Парлумони Аврупо Созмони Милали Муттаҳид, созмони “Хабарнигорони бидуни марз” ва даҳҳо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар бо интишори матолиби интиқодӣ фазои иттилотии Тоҷикистонро ба Кореяи Шимолӣ баробар дониста, аз Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти кишвар хоста буданд, ки фишор болои рӯзноманигорон ва саркӯби фаъолоне, ки барои таъмини озодии баён талош мекунанд, қатъ кунад.

Мулоқоти нави Ятимов бо Тошиев

0

Рӯзи 26-уми январи соли ҷорӣ ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқот карданд. 

Ҳайтҳои кориро раисони Кумитаи давлатии милии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев раҳбарӣ карданд.

Дар хабари ҷониби Тоҷикистон мисли ҳамеша аз ҷузъиёти ин мулоқот чизе гуфта нашудааст. Танҳо зикр гардида, ки ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар супоришҳои махсус дода шуд. Ва низ гуфта шуда, ки “Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ баргузор гардид.”

Аммо маълум нест, ҷонибҳо дар ин нишаст ба кадом қитъаҳои боқимонда ба мувофиқа расиданд ва чӣ санадҳои наверо ба имзо расондаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз мулоқоти рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ, ки дар шаҳир Бодканди Қирғизистон баргузор шуд, аз мувофиқа шудани 38,35 километри марзри муштарак хабар дода буданд.

Дар мулоқоти гузашта Саймумин Ятимов ба расонаҳо гуфта буд, ки “бо Қирғизистон дар самтҳои ҳаётан муҳим созиш” кардаанд. Ӯ аз ҷумла, зикр кард, ки дар самтҳои Қулунду, Мақсад, Арка ва роҳи Хистеварз байни ҷонибҳо тавофуқ ҳосил шудааст. Ба гуфтаи раиси КДАМ-и Тоҷикистон, то кунун ҳайтҳои кории ду кишвар болои беш аз 90 дарсади хати марз ба тавофуқ расидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам ҳудуди 980 километр марзи муштарак доранд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қисматҳое аз хоки ин ду кишвар норӯшан боқӣ монда буд ва чанд соли ахир байни аҳолии наздимарзӣ задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гиирфт, ки дар натиҷаи садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд.

Боздошти раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷ

0

Раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми калон боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Фараҷ, 25-уми январи соли 2024 раиси додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар утоқи кориаш боздошт шудааст.

Ба қавли манбаъ, раиси додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон “ба гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гумонбар дониста мешавад.”

Додрас Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон, ки дирӯз баъди нисфирӯзӣ боздошт шуда буд, шабро дар боздоштгоҳи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон сипарӣ карда, субҳи имрӯз ба шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст.

Кормандони Ангентии зидди фасод алайҳи Абдураҳмонзода Бахтиёр бо моддаи 319 қ.3 (Гирифтани пора) ва моддаи 314 қ.2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон то замони таҳияи ин матлаб ба сурати расмӣ ин қазияро дар сомонааш шарҳ надодааст ва ҳамзамон “Фараҷ” ҳам назари гумонбаршуда, наздикону пайвандон ва ё вакили мудофеи ӯро зикр накардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон то 11-уми апрели соли 2018 додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд ва сипас раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин шуда буд.

Эмомалӣ мегӯяд, буҷет кам ворид шудааст, сарвазираш баракс мегӯяд. Киро бовар кунем?

0

Рӯзи 24-уми январи соли ҷорӣ ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон бо сардории Эмомалӣ Раҳмон ва ҳузури тамоми аъзо ва сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайри он баргузор гардид.

Дар ин маҷлис гузориши вазирон ва раҳбарони идораву корхонаҳои кишвар аз ҷамъбасти соли 2023 шунида шуд ва худи Эмомалӣ низ як гузориши муфассале дар ин бора ба ҳозирин иро кард.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки “Соли 2023 аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо дар самти хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба як қатор камбудиҳо роҳ дода шудааст.”

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки санҷишҳои Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавриди истифодаи маблағҳои буҷетӣ нишон додаанд, ки танҳо дар соли 2023, 672 миллион сомонӣ аз ҷониби мақомдорон ба қавле “обу лой” шудааст ва ӯ ин миқдор коррупсияро “хеле ташвишовар” хонд.

Эмомалӣ дар идомаи суханронияш афзуд, ки аз ин маблағ ба буҷет 504 миллион сомонияш барқарор карда шудааст. Яъне дуздон пайдо ва маблағ ситонида шудааст. Аммо боқӣ чанд миллион сомонии пули буҷет куҷо шудааст, маълум нест.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, илова бар ин, дар ҳамин соли гузашта санҷиши ҷудогонаи мақомоти додситонии кишвар зарари молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 461 миллион сомониро ошкор кардааст.

Гуфтанист, ҳоло ба иқрори худи Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар як соли гузашта беш аз 1 милларду 130 миллион сомонӣ пули буҷети кишвар дуздида шудааст, вале ӯ нагуфт, киҳо бо иттиҳоми дуздии буҷети давлатӣ боздошт ва ё зиндонӣ шудаанд.

Агарчи Эмомалӣ иброз дошт, 461 миллион сомоние, ки тадқиқоти додситонӣ ошкор кард, он пурра ба буҷет баргардонида шудааст, аммо ӯ тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетиро муваззаф кард, ки “камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф” кунанд ва маблағҳои буҷетиро самарнок истифода баранд, яъне ба қавли мардум, дуздӣ накунанд.

Эмомалӣ бо ибрози нигаронӣ гуфт, ки “дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 9 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, аксари шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои намудҳои алоҳидаи андоз таъмин нагардидааст, ки аз ин ҳисоб беш аз 200 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид нашудааст.”

Дар ҳоле раисҷумҳур аз камбуди буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз ва дигар ҳисобҳо дар ҷалсаи васеи Ҳукумат ибрози нигаронӣ дорад, ки Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар ҳамин маҷлис гуфт: “Соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 43,2 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.”

Яъне, дар як маҷлис Эмомалӣ аз норасоии буҷети давлатӣ то 200 миллион сомонӣ шикоят дорад ва ҳукуматдоронро муваззаф мекунад, ки аз буҷет кам ва бо самар истифода баранд, сарвазираш мегӯяд, буҷет 1,5 миллард сомонӣ аз нақша барзиёд иҷро шудааст.

Ҳама медонад, ки сарчашмаи асосии даромади буҷети давлатӣ ин андоз аст, модом ки, ба гуфти Эмомалӣ, 200 миллон сомонӣ аз ҳисоби андоз кам ворид шуда бошад, ин 1,5 миллиарди зиёдатӣ аз кадом роҳ ба буҷети кишвар ворид шудааст? Ин ҷо кӣ рост мегӯяд ва кӣ дурӯғ? Киро мардум бовар кунанд?

Ба гуфтаи бархе коршиносон, яке аз сабабҳои таноқузгӯии раҳбарони сатҳи болоӣ ва он ҳам дар як маҷлис баёнгари ноҳамоҳангии гузароишгарон ва аз ҳама муҳим изофанависӣ ва тақдими гузоришҳои бардугӯғи мақомот мебошад.

Бег Сабур ба гарон кардани нархи интернет иҷозат надод?

0

Хадомоти алоқаи Тоҷикистон ба қарори гарон кардани ҳаққи хидматрасониҳои мобилӣ ва интернетии ширкатҳои мобилӣ мухолифат кард.

Ин ниҳоди интернетрасони кишвар, ки раҳбарияшро Бег Сабур бар уҳда дорад, бо нашри изҳороте боло бурдани ҳаққи хидматрасониҳои мобилӣ ва интернетиро мухолифи ҳадафҳои Эмомалӣ Раҳмон номида, аз ширкатҳои мобилӣ даъват кардааст, ки онро бекор кунанд.

Дар изҳороти Хадамоти алоқаи кишвар гуфта мешавад, ки ин амали ширкатҳои мобилӣ дар ҷомеа, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфиро ба бор овардааст ва он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад.

Инчунин ин ниҳод мегӯяд, ки ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти кишвар барои паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи барқӣ мухолиф буда, барои гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад.

Хадамот гуфтааст, ки ба ҳамин хотир ба баландшавии нархи тарофаҳои алоқа мобилӣ роҳ намедиҳад ва тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва поин овардани арзиши алоқаи мобилӣ равона менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 22-юми январи соли ҷорӣ бархе ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ба муштариёни худ тариқи паёмакҳо (SMS) хабар дода буданд, ки шуруъ аз 1-уми феврали соли ҷорӣ нархи хидматрасониҳои мобилӣ, аз ҷумла басатаҳои интернетӣ ва дақиқаҳои суҳбат карданро гаронтар мекунанд.

Аммо Хадомоти алоқаи кишвар аз сокинон хостааст, ки ба паёмакҳо эътибор надода, ба истифодабарии тарофаҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд.

Намонядагони ширкатҳои мобилӣ хабари боло бурдани нархҳо ва рад шудани онро аз ҷониби Хадамоти алоқа шарҳ надодаанд, аммо масъули яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта, ки сабаби боло бурдани нархи гуфтугӯ ва интернет гарон шудани барқ мебошад.

Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза сокинони манотиқи гуногуни кишвар ва ҳатто Душанбе бе ин ҳам аз суръати пасти интернет ва нархи гарони он шикоят мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бег Сабур, ки 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистон ва монополияи харид ва тақсими интернетро низ пурра ба даст дорад, дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад.

Баъд аз ин танқидҳо Бег Сабур зоҳиран даст ба кор шуд ва ба хотири беҳтар кардани сифат ва суръати интернет бо ширкатҳои чиниву русӣ чандин шартнома баст ва аз намояндагони ширкатҳои мобилии кишвар хоста буд, ки дар зудтарин фурсат мушкилоти суръати интернетро пайдо намуда, ба ӯ гузориш диҳанд ва онро бартараф кунанд.

Коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи ӯ боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.