16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 194

Дар Екатеринбург ба садҳо муҳоҷир даъватномаи ҳарбӣ додаанд

0

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия мақомот аз охири моҳи ноябри соли 2023 то аввали соли ҷорӣ, ҳудуди 450 муҳоҷиреро, ки гуфта мешавад, аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд, сабти ном кардаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия ба расонаҳо гуфтаанд, ки ин рақам рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, аз ин шумора зиёда аз 150 нафарашон, ки шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, бо Вазорати дифои Русия созишномаи ҳарбӣ бастаанд.

То ҳол маълум нест, ки ин нафарон шаҳрвандии Русияро доранд ё не ва чанд нафарашон зодагони Тоҷикистонанд. Аммо расонаҳои русӣ менависанд, ки мақомоти ин кишвар дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба марказҳои савдо, хобгоҳҳо ва бозорҳои шаҳри Екатеринбург рафта, санҷиш ё “рейд” гузарондаанд.

Дар рафти ин санҷишҳо муҳоҷиронеро, ки шаҳрвандии Русияро доранд дар рӯйхати ҳарбӣ сабти ном намуда, 15 муҳоҷиреро, ки аз хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар саркашӣ карда буданд, боздошт шудаанд.

Пештар аз ин шаби якуми январи соли ҷорӣ, мақомоти ин кишвар беш аз 3 ҳазор муҳоҷирро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт карда буданд, ки аз ин шумора дар асноди 600 муҳоҷир камбудӣ ёфтанд ва эҳтимол меравад зиёда аз 100 нафари онҳоро аз Русия ихроҷ кунанд.

Аммо ба гуфтаи шоҳидон, мақомот дар байни муҳоҷирон бештар онҳоеро меҷустанд, ки нав шаҳрвандии Русияро дарёт кардаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти интизомӣ ва амниятии Русия моҳҳои охир даст ба боздошти муҳоҷироне зада истодаанд, ки тоза шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва чанде аз мақомдорони ин кишвар низ барои фиристодани муҳоҷирон ба ҷанг дар Украина ҳарф мезананд.

Чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гирифтани шаҳрвандии ин кишварро барои хориҷиён осон карда буд, ки ба гуфтаи коршиносон, ин тасмим барои сарбозгирии бештар аз байни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ равона шудааст.

Даргузашти як зиндонии сиёсӣ дар Тоҷикистон

0

Шаби 4-ум январи соли ҷорӣ Раҷабалӣ Комилов, бародари Ҷаннатуллоҳи Комил, яке аз масъулони ҲНИТ дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат аз олам даргузашт.

Раҷабалӣ Комилов 63 сол дошт ва соҳиби 5 фарзанд буд. То ҳол мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон сабаби марги ин собиқ масъули Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро расман шарҳ надодаанд.

Аммо як манбаи наздик ба хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил рӯзи 5-уми январ ба Azda tv гуфт, ки то сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон дар охири моҳи сентябр Раҷабалӣ тансиҳат буд ва аз ҳеч беморие шикоят надошт, вале баъди тазоҳурот алайҳи сафари Раҳмон “аҳволи ӯ якбора бад шуд ва муддати ду ҳафта қариб бе ёд буд.” Манбаъ мегӯяд, агарчи вақтҳои ахир каме вазъи саломатияш беҳтар шуда буд, вале ҳарф зада ва роҳ гашта наметавонист.

Ба иттилои манбаъ, ин хонавода марги Раҷабалӣ Комиловро кори дасти мақомоти Тоҷикистон медонанд. “Зеро ӯ то омадани Раҳмон ба Олмон ҳеҷ баморие надошт.” Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки аз ин пеш худи мақомот борҳо ба таври ҷудогона ин хонаводаро таҳдид карда будаанд, ки “Ҳамаатонро аз байн мебарем.

Инчунин манбаъ афзуд, ки имрӯз мақомот нагузоштаанд, ки мардум ва дар Себистони Данғара – зодгоҳи марҳум ҷанозаи ӯро бихонанд. “Мақомот гуфтанд, ки ҷанозаашро дар Душанбе хондаанд ва ҷасади ӯро мустақим ба қабристон бурданду дафн карданд.

Раҷабалӣ Комилов соли 2018 аз ҷониби мақомоти амниятии Данғара боздошт шуд ва баъдан ӯро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲНИТ барои 10 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Наздиконаш ин иттиҳоми мақомотро рад мекунанд ва мегӯянд, Раҷабалӣ замоне бо ҲНИТ ҳамкорӣ мекард, ки фаъолияти ин ҳизб дар кишвар мамнуъ эълон нашуда буд.

Гуфта мешавад, Раҷабалӣ Комилов то чанд муддате пеш дар зиндони маъруф ба “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд, аммо баъд аз оне ки саломатияш бад шуд, ӯро ба зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол дода буданд.

ДИИШ ҳамла ба Эронро ба уҳда гирифт

0

Созмони даҳшатафкани ДИИШ масъулияти ҳамла ба Кирмони Эронро, ки дар ҳудуди сесад нафар кушта ва захмӣ барҷо гузошот, бар уҳда гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳо, Созмони даҳшатафкани ДИИШ, бо нашри як иттилоия, масъулияти ҳамла ба зоирони қабри Қосим Сулаймонӣ, раҳбари нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон дар шаҳри Кирмонро бар уҳда гирифт.

Дар иттилоияи ДИИШ гуфта мешавад, ки ду нафар аз нерӯҳои он дар рафти баргузории иқдоме “ҳар куҷое онҳоро ёфтед, бикушед” бо гузаронидани амалиётҳои интиҳорӣ беш аз 300 нафар “рофизии мушрик”-ро кушта ва захмӣ карданд.

Пеш аз он мақомоти эронӣ ҳам гуфта буданд, ки ҳамлаи якум дар натиҷаи амалиёти интиҳорӣ будааст ва эҳтимол меравад, ҳамлаи дувум низ бар асари ҳамлаи интиҳорӣ анҷом ёфта бошад. Таҳқиқот дар ин хусус идома дорад.

Гуфта мешавад, асри 3-юуми янавари соли 2024 дар минтақаи Гулзори Кирмон, мақарри қабри Қосим Сулаймонӣ, собиқ раҳбари нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ду таркиши пай дар пай сурат гирифт.

Тибқи охирин оморҳо, дар пайи ин таркишҳо 89 нафар кушта ва беш аз 280 нафари дигар захмӣ шудааст. Маросими баргузории ҷанозаи қурбониёни таркишҳои Кирмон имрӯз баргузор шуд. Аммо мақомоти эронӣ дар вақти хоксупорӣ рафтан ба қабристонҳоро танҳо ба оилаҳо ва наздикони қурбониён маҳдуд карданд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея

0

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Корея дар бораи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея дар шаҳри Душанбе гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 4-уми январи соли 2024, Сироҷиддин Меҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсокро мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар вақти мулоқт “ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.”

Гуфта мешавад, ба сурати расмӣ 28 апрели соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуд. Дар панҷ соли ахир муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодиву сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Корея нисбат ба солҳои пешинин хеле рушд кардааст. Гардиши молу колоҳои тиҷоратӣ низ байни ду кишвар наздик ба 20 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Буҷети Маҷлиси намояндагон дар соли 2024 – беш аз 27 млн сомонӣ

0

Барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар соли 2024 ба фарқ аз соли гузашта 212 ҳазору 540 сомонӣ бештар маблағ ҷудо гардидааст.

Дар ин бора “Азия-Плюс” дар истинод ба раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори парлумони кишвар Ҷамшед Муртазозода хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, вакилони палатаи поёнии парлумон, рӯзи 22-юми декабри соли 2023 “сметаи ягонаи даромад ва хароҷот” барои соли 2024-ро тасдиқ карда, буҷети умумии онро нагуфта буданд.

Аммо Ҷамшед Муртазозода гуфтааст, ки буҷети парлумони кишвар 27 млн 401 ҳазору 380 сомониро ташкил дода, ин маблағ барои 343 нафар вакилону кормандони он дар тули сол сарф мешавад.

Ин дар ҳолест, ки барои кори парлумони кишвар дар соли 2023 27 миллиону 188 ҳазору 840 сомонӣ ҷудо гардида буд, ки дар муқоиса бо буҷети соли 2022-и Маҷлиси намояндагон 6 млн сомонӣ бештар аст.

Инчунин барои фаъолияти Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, 5 миллион сомонии дигар ҷудо шудааст. 

Гуфта мешавад, бо вуҷуди маълум будани буҷаи парлумон маоши вакилон маълум нест. Ба ғайр аз маош, барои вакилон хона, мошини хидматӣ ҳам дода мешаваду дар духтурхонаҳо бепул табобат мегиранд.

Сокинони кишвар мегӯянд, ки бо вуҷуди доштани имтиёзҳои зиёд, ки он ҳам аз ҷайби мардум аст, вакилони парлумон бештар қонунҳои зиддимардумиро қабул мекунанду санадҳоеро ба тасвиб мерасонанд, ки хилофи манфиатҳои миллӣ аст.

Коршиносон мегӯянд, ки парлумон танҳо расмиятро ба ҷо меорад ва “намояндагони мардумӣ” бе мамониат ҳар санади фиристодашуда ё лоиҳаи қонуни ҳукуматро тасвиб мекунанд. Ба ибораи дигар, ҳукумат ин мақоми олии қуонунгузорро аз як дастгоҳи чопкунӣ боло намедонад. Яъне, ҳар чизе тақдим кунад, дар ҳол “намояндагони мардумӣ” онро бидуни ҳеч тағйиру иловае чоп карда, ба ҳукумат мефиристанд.

Бояд гуфт, мувофиқи Сарқонун вакилони парлумон дорои салоҳиятҳои васеъ ҳастанд, сар аз ташаббусҳои қонунгузорӣ то эълон кардани изҳори нобоварӣ ба раисҷумҳуру ҳукумат ва қатъ кардани фаъолияти онҳо. Аммо ба гуфтаи коршиносон дар амал вакилони парлумони тоҷик ҳатто аз фиристодани талаби оддие ба ягон кумита ё хадамоти назди ҳукумат метарсад.

Хонандагонии гиромии сомонаи Azda.tv, барои огоҳии бештар пайдо кардан, ки чӣ гуна вакилони ба ном мардумӣ интихоб мешаванду аз чӣ имтиёзҳо бархӯрдоранд ва кадом қонунҳову қарордодҳои зиддимардумиро имзо кардаанд, навори зерро тамошо кунед.

Шикояти сокинон аз Хадамоти шиносномадиҳӣ: Номҳо ғалат, ҳарфҳо ғалат

0

Чандест бархе сокинони кишвар аз вуҷуди иштибоҳоти зиёде дар шиносномаҳои хориҷӣ, ки барои сокинон мушкилот эҷод кардааст, аз мақомот шикоят доранд.

Матолибе дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ нашр мешаванд, ки дар онҳо бархе сокинони кишвар аз ҷой доштани иштибоҳоти бисёр бузург дар асноди шахсӣ, аз ҷумла дар шиносномаҳои хориҷӣ гила мекунанд, аммо то ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон ба ин вокунишҳои мардум посухи расмие надодаанд.

Аз ҷумла, Муҳаммадалӣ Юсуф, корбаре дар шабакаи иҷтимоии фейсбук менависад: “Тамоми онҳое, ки насабҳои “ев” ва “ов”-ро иваз карда, ба номи падар гузаштаанд, яъне номи худу номи падарро интихоб кардаанд, дар идораи шиносномадиҳӣ қасдан ба ҷои номи худи соҳиби шиноснома номи падар ва номи падарро ба ҷои номи фарзанд менависанд, ки дар оянда ин иштибоҳ мушкили зиёд эҷод мекунад.”

Корбарони зиёде дар зери ин пост вокуниш карда, аз бетаваҷҷуҳии мақомоти Тоҷикистон, бахусус Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баробари иштибоҳоти бузурге ба монанди навиштани номи фарзанд дар ҷои номи падар ва баракс ва ё ғалат навиштани номҳои тоҷикӣ бо ҳуруфи англисӣ интиқод кардаанд. Ба иддаои корбарон, ин ғалатнависиҳо дар шиносномаҳои хориҷӣ барои онҳо дардисарҳои зиёдеро дар хориҷ аз Тоҷикистон эҷод кардааст.

Бархе мепурсанд, ки чаро ҳеч мақоме дар кишвар, аз ҷумла Кумитаи забон ва истилоҳот ва ё дигар ниҳодҳои фарҳангӣ ва забонӣ аз ин иштибоҳоте, ки ба шахсият ва ҳувияти як инсон ва шаҳрванди Тоҷикистон марбут аст, чашмпӯшӣ мекунанд.

Аксари корбарон ин мушкилиро “мушкилии доғи рӯз” дониста, таъкид кардаанд, ки мақомот бояд аз паси ислоҳи он бошанд ва бояд кадрҳои босаводе, ки аз забон ва фарҳанги тоҷикӣ огоҳ бошад онҷо масъул таъйин кунанд.

Корбаре бо номи Зебунисо Одил менависад: “Дар ноҳияи Айнӣ ин беморӣ чанд сол давом карда истодааст. Ба ҷойи номи падар номи духтара менависанд. Баъд дар вақти аваз кардан миллион ҳуҷҷату чанд ҳазор сум мегиранд. Боз илова бар ин, як сол қариб медавонанд.

Ҳамзамон корбари дигаре иддао карда, ки кормандони Хадамоти шиносномадиҳии ВКД саводи кофӣ надоранд, аввал номро бо ҳуруфи русӣ мегардонанд ва сипас онро бо ҳарфҳои англисӣ менависанд, ки дар натиҷа иштибоҳи бсиёр дағал мешавад. Ва ин амали онҳоро як “навъи тиҷорати калонҳо” ном гузоштаанд.

Ҳатто корбари иддао мекунад, ки ин иштибоҳи Хадамоти шиносномадиҳии кишвар ӯро ба мушкилоти сахте дучор кард, ки дар натиҷа ба бемории асаб ва захми руда анҷомид.

Аммо Фаридун Раҳмонзода, як корбари дигар менависад: “Ман донишгоҳро бо ному насаби Умарбек Фаридун хатм кардам, ҳол он ки дар шаҳодатномаи таваллуд ному насаби ман Фаридуни Умарбек навишта шуда буду идораи шиносномадиҳии ноҳияи Айнӣ бесаводона ман ва чандин нафар аз ҳамсабақони маро ҳамин тур навиштанд. Баъдан ман ному насаби худро иҷборан сенома кардам, яъне насаб, ном ва номи падар, аммо дипломи донишгоҳ ва чандин ҳуҷҷати дигар ҳамоно бо ному насаби эҷодкардаи хадамоти шиносномадиҳии ноҳияи Айнӣ бетағйир мондааст.”

Ҳамчунин Раҷабгул Ятимова менависад, ки ба сабаби баракс навиштани номи падару фарзанд, ӯро аз ҳавопаймо поин кардаанд. “Ҳам аз сафар мондем, ҳам пуламон сӯхт, ҳам шиносномаи навро боз бо пули калон гирифтем. Айб аст, ки касдан ин хел мекунанд”, менависад ӯ.

Ба ин монанд корбарони зиёде шикоят кардаанд, вале масъулини Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора то ҳол вокуниш накардаанд ва ба мардум шарҳ надодаанд, ки чаро дар асноди шаҳрвандон чунин хатаҳои дағал, ки барои онҳо дар хориҷ аз кишвар дадри сари зиёде эҷод мекунад, даст мезананд.

Таркишҳои хунин дар Кирмони Эрон

0

Бар асари ду таркише, ки дар шаҳри Кирмони Эрон сурат гирифт, беш аз 200 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, асри 3-юуми янавари соли 2024 дар минтақаи Гулзори Кирмон, мақарри қабри Қосим Сулаймонӣ, собиқ раҳбари нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ду таркиши пай дар пай сурат гирифт.

Ин таркишҳо замоне сурат гирифтанд, ки садҳо нафар аз мухлисон ва дӯстдорони Қосим Сулаймонӣ дар чорумин солрӯзи кушта шудани ӯ тавассути нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ ба зиёрати қабри ӯ рафта буданд.

Аз замони вуқуъи ин ҳодиса мақомоти эронӣ чанд маротиба теъдоди ҷонбохтагон ва маҷруҳони онро ба сурати мухталиф эълон карданд, аммо ахиран гуфтанд, ки дар бо чанд сабаб дар шумориши қурбониён иштибоҳоте сурати гирифтааст ва теъдоди кушташудагон ҳам дар охирин омори нашршуда, 84 нафар ва шумори маҷрӯҳон наздик ба 284 нафар арзёбӣ шудааст.

Мақомоти Эрон дар сатҳҳои мухталиф ба сурати мустақим ва ғайри мустақим Амрико ва Исроилро дар даст доштан дар ин таркишҳои хунин муттаҳам карданд, аммо Вазорати корҳои хориҷии Амрико даст доштани кишвараш ва Исроилро дар ин ҳодисаҳо рад кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва чанде аз раҳбарони кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ, аз ҷумла сарони Туркия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Афғонистон ва инчунин Созмони Миллали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо ҳам ин ҳодисаҳоро маҳкум карданд.

Гуфта мешавад, ин таркишҳои хунин замоне дар Эрон сурат гирифтанд, ки чанд рӯз пеш аз он Сайидразӣ Мусавӣ, аз мушовирони барҷасатаи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон, яке аз дӯстон ва ҳамсафони Қосим Сулаймонӣ дар Димишқ, пойтахти Сурия тавассути як ҳамла кушта шуд.

Мақомоти Эрон ва нерӯҳои масвум ба “муқовимат”, ки аз муттаҳидони Теҳрон дар Ироқу Сурия ва Лубнону Яман ва Фаластин дониста мешаванд, Исроилро дар кушта шудани Сайидразии Мусавӣ муттаҳам карда, таҳдид карда буданд, ки хуни вай ба ҳадар нарафт, сахт интиқом хоҳанд гирифт.

Бо вуҷуди он ки бархе расонаҳо дар такия ба манобеи худ дар Телавив таъйид кардаанд, ки ҳамла ба Сайидразии Мусавӣ кори дасти Исроил будааст, аммо то кунун мақомоти Исроил ба сурати расмӣ даст доштани худ дар кушта шудани ин мушовири низомии Эрон дар Сурияро эълон накарданд.

Зиндонии як соҳибкор дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Ислоҳ”

0

Додгоҳи вилояти Хатлон раҳбари хоҷагии “Шукрулло”-ро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иддаои Додситонии кулли кишвар, Бобомуродов Маҳмудҷон Мирзоназарович, сокини 59-солаи ноҳияи Дӯстӣ ва роҳбари хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” гӯё “бо истифода аз телефони мобилӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи “Ислоҳ.тв”-ро мунтазам тамошо намуда, навору баромадҳои ровии он Муҳаммадиқболи Садриддинро қобили қабул дониста, бо ӯ дар алоқа пайвастааст”.  

Додситонӣ мегӯяд, ки Бобомуродов “моҳи июли соли 2023 матнеро бо мавзӯӣ «Камбудиҳои оби полезӣ ва оид ба фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот» омода намуда, онро ба ровии барномаи «Ислоҳ.Тв» Муҳаммадиқболи Садриддин барои нашр намудан ирсол намудааст”.

Ин мақола рӯзи 2-уми августи соли 2023 дар сомона ва шабакаи “Ислоҳ” бо номи “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет №42” нашр шудааст ва додситонӣ онро “ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти иғвоангези ифротӣ бо мақсади ҷиноӣ ва ғаразнокии ТЭТ «Ҳизби наҳзати ислом» ва ТЭТ «Паймони миллӣ» нигаронида шудааст”, номидааст.

Дар ин мақола, ки дар бораи камбуди оби полезӣ ва дар коррупсия даст доштани масъулони ноҳияи Дӯстӣ гуфта шудааст, дар шабакаи ютуби “Ислоҳ ТВ” 82 ҳазор тамошобин ва дар сомонаи он 307 ҳазору 800 хонанда дошта, 167 маротиба бознашр доштааст.

Гуфта мешавад, оид ба ин ҳолат 16-уми октябри соли 2023 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ нисбати Бобомуродов М.М. бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 24-уми ноябри соли 2023 баъд аз анҷоми тафтишот ба додгоҳ ирсол шудааст. Додгоҳи вилояти Хатлон 19-уми декабри соли 2023 ӯро ба муҳлати 5 сол, бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум кард.

То ҳол назари Бобомуродов ва пайвандону вакили дифоаш дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.

Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар суҳбат бо Azda tv ҳамкорӣ бо ин афродро рад карда гуфт, ки “мо аслан Бобомуродов Маҳмудҷонро намешиносем ва манбае, ки ин маълумотро ба мо ирсол намудааст дар озодӣ аст. Ӯ таъкид кард, ки мақомот бо туҳмат ин нафарро зиндонӣ кардаанд“.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик сокинони кишварро бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуъ” боздошт мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомот шаҳрвандонро бо чунин иттиҳом равонаи зиндон мекунанд. Дар моҳи октябри соли 2023 Додситонии кулли кишвар аз боздошт ва боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷумъаева М.Х-и 34-сола бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ва ҷонибдорӣ аз Паймони Миллии Тоҷикистон хабар дода буд.

Инчунин 12-уми июни соли 2023 Додгоҳи вилояти Суғд Муҳиба Давроноваи 42-солаи сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” барои 18 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Дар аввали моҳи майи соли 2023 низ мақомоти амниятии шаҳри Исфара Камолиддин Шарофови 70-соларо, ки гуфта будааст, ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ тв” аз рӯи рафтори ғайриқонунии кормандони комиссарияти ҳарбӣ шикоят менависад, боздошт карда буданд.

Ҳамзамон моҳи декабри соли 2022 Додгоҳи вилояти Хатлон Мавлуда Боймуродзода, мудири пешини маорифи ноҳияи Панҷ, Зоидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия мазкур ва Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”-ро, ки гӯё онҳо аз вазъи маориф дар ноҳияи Панҷ ба шабакаи “Ислоҳ ТВ” шикоят кардаанд, зиндонӣ кард.

Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар суҳбат бо Azda tv ҳамкорӣ бо ин афродро рад карда буд. Ин пойгоҳ, ки пайваста дар бораи мушкилоти мавҷуд ва рафторҳои ғайриқонунии мақомоти тоҷик маводҳо нашр мекунад, дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда, мақомоти тоҷик нафарони зиёдеро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо он зиндонӣ кардаанд.

Мудири пойгоҳи мазкур ба Azda tv гуфта буд, ки “Ҳеч вақт ин нафарон бо мо дар тамос набуданд ва ҳеч маълумоте ҳам ба мо фиристогӣ нестанд.” Ӯ инчунин дар идома афзуда буд, ки “мақомдорон барои тарс додани сокинони кишвар чанд маротиба шуда, ки чунин кореро анҷом медиҳанд“.

Исроил яке аз раҳбарони ҲАМОС-ро террор кард

0

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 2-уми январи соли 2024 Солеҳ Арурӣ, яке аз раҳбарони баландпояи ҲАМОС дар шаҳри Бейрути Лубнон мавриди ҳуҷум қарор гирифта, ҷон бохт.

Морк Рагу, сухангуи ҳукумати Исроил дар пасманзари террори Арурӣ ба расонаҳо гуфт, ки ин амалиёт ҳамла ба Лубнон ва ё Ҳизбуллоҳ талаққӣ намешавад. Аммо, мақомоти Исроил ин амалиётро яке аз даставовардҳои бузурги мақомоти амниятии худ арзёбӣ карда, аз ин кор изҳори хушнудӣ карданд.

Гуфта мешавад, Исроил дафтари ҲАМОС-ро, ки дар ҷануби Берут буд, бо паҳпод ҳамла кард. Дар натиҷаи ин ҳамлаи паҳподӣ раҳбари ҲАМОС Солеҳ Арурӣ ва ду фармондеҳи Қассом – шохаи низомии ҲАМОС низ кушта шудаанд. Бархе расонаҳо гуфтаанд, ки ҳамроҳи Арурӣ 4 нафар аз фармондеҳони Қассом кушта шудаанд.

ҲАМОМ ин ҳамларо маҳкум кард ва ҳамзамон Ҳизбуллоҳ бо маҳкум кардани ин ҳамла онро ҳуҷум ба замини Лубнон дониста, таъкид карда, ки ин ҳамларо бепосух намегузорад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин ҳамла дар маконе сурат гирифта, ки дар онҷо нуфузи Ҳизбуллоҳ бештар асту дафтарҳои корӣ ва хонаҳои мақомҳои баландпояи ин ҳизб дар он минтақа ҷойгир аст.

Ҳамлаи паҳподии Исроил ва куштани мақоми калидии ҲАМОС дар Лубнон дар ҳоле анҷом шуд, ки ҷанг дар Ғазза се моҳ боз ҷараён дорад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, чун Исроил дар давоми се моҳи ҷанг дар Ғазза ба аҳдофи эълон кардааш даст наёфт, маҷбур шуд ба террори мақомҳои ҲАМОС, ки дар хориҷ аз Ғазза ҳастанд, даст бизанад, то ҳадди ақал бигӯяд, ки коре карда тавонистааст.

Ҳукми модар ва хоҳари Худоёровҳо

0

Додгоҳи ноҳияи Лахш пас аз яку ним сол ҳукми ду сокини ноҳияи Рашт Мавҷигул Ғарибова ва Худоёрова Мадина – модар ва хоҳари Ҷунайдуллоҳ ва Фарҳод Худоёровҳоро содир кард.

Гуфта мешавад, додрас Исроилзода Исроил Исмоил ин ду сокини ноҳияи Раштро бар асоси даъвои Судобаи Сикандар, яке аз ҳамдеҳагони Худоёровҳо, ки гӯё пиразани 66-сола ва духтараш ӯ, модар ва духтари ноболиғашро латтукӯб карда бошанд, ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Судшавандагон Ғарибова М. ва Худоёрова М.А. рӯзи 10 апрели соли 2022, соати 11:00 дақиқа ҳангоми дар назди манзили истиқоматии шаҳрванд Назриев Ё.Н. воқеъ дар ноҳияи Рашт, Ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, деҳаи Яшм қарор доштанашон, аз рӯи хусумати қаблан доштаашон бе ягон сабаб ба шаҳрвандон Ҷураева Маърифат Муборакшоевна, Судобаи Сикандар ва ноболиғ Марямбибии Сикандар дарафтода, нисбати онхо бо афлози қабеҳ сухан гуфта, ҷангу ҷангҷол бархезонидаанд” – омадааст дар ҳукми Додгоҳ.

Тибқи ҳукми Додгоҳи ноҳияи Лахш, ки он рӯзи 10-уми ноябри соли ҷорӣ содир шудааст ва нусхаи он ду рӯзи пеш ба дасти Azda.tv расид, Мавҷигул Ғарибова барои се сол ҳабси хонагӣ ва Худоёрова Мадина 6 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шудаанд.

То ҳол назари мақомот дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Аммо, моҳи декабри соли 2022 Радиои Озодӣ дар истинод ба манбааш аз додгоҳи ноҳияи Рашт хабар дода буд, ки рӯзи 2-юми декабр Судобаи Сикандар ва модараш Маърифати Муборакшо, сокинони деҳаи Яшмро бо ҷурми “авбошӣ” ба андозаи 64 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ баробар ба 128 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ин манбаъ гуфт, онҳо бар асоси аризаи шикоятии Мавҷигул Ғарибоваи 66-сола айбдор шудаанд. Ҳарду дар моҳи апрели соли 2022 дар кӯча ӯро латтукӯб намуда, телефони ҳамроҳашро гирифтаанд. Назари модару духтари муттаҳам ба авбошӣ ба ҳукм ва қазия дастрас нест.

Фарҳод Худоёров, фарзанди Мавҷигул Ғарибова дар суҳбат бо Azda tv аз ҳукми додгоҳ изҳори норозигӣ карда, гуфт, ки он фармоишӣ аст ва ҳукм одилона содир нашудааст. Инчунин ӯ таъкид кард, ки ҳадди ақал се шоҳид ба фоидаи модарашу хоҳараш дар додгоҳ шоҳидӣ додаанд.

Худоёров мегӯяд, ки чун ҳукми додгоҳ дер ба дасти хонаводаашон расид, натавонистаанд аз болои он шикоят кунанд.

Ин бори аввал нест, ки номи ин хонавода расонаӣ мешавад. Пештар аз ин низ, Додгоҳи ноҳияи Лахш 1-уми июни соли 2022 Мавҷигул Ғарибова, сокини ноҳияи Рашт ва модари Ҷунайдуллоҳ ва Фарҳод Худоёровҳоро ба ду соли ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд.

Додгоҳи ноҳияи Лахш ин сокини ноҳияи Раштро бар асоси даъвои Алишери Насриддин, яке аз ҳамдеҳагони Худоёровҳо, ки гӯё пиразани 66-сола ӯро латткӯб карда бошад, ва тибқи моддаи 237 Қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ҳукм содир карда буд.

Инчунин яке аз фарзандони ин оила Ҷунайдулло Худоёров дар Русия дар боздошт қарор дорад ва хатари истирдод ба Тоҷикистон ба ӯ таҳдид мекунад.

Фарҳод Худоёров бародари Ҷунайдулло дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки дар боз шудани парванда нисбати бародараш дар Тоҷикистон додситони ноҳияи Рашт Кишварзода Абдурашид, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода даст доранд. Алишери Насриддин, яке аз нафароне, ки дар қатли Алиризо даст доштаасту дар озодӣ қарор дорад, аз болои Ҷунайдулло ба мақомот шикоят бурдааст.

Ичнунин ба гуфтаи Фарҳод Худоёров, хонаводаи Азимовҳо, ки аз пайвандони Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳастанд, борҳо алайҳи хонаводаи онҳо зулму зӯрӣ кардаанд ва ҳатто соли 2021 бародарзодааш Алиризо Худоёрови 20-соларо ин хонавода ба қатл расондаанд.

Гуфта мешавад, Ҷунайдулло Худоёров соли 2018 бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнуи “Салафия” ба панҷ сол зиндон маҳкум шуда буд ва соли 2019 бар асоси қонуни афв озод гашт. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро супоришӣ дониста буд.