23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 210

Нақшаи даъвати сарбозон ба артиш дар як моҳ аз 70% гузашт

0

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр хабар дод, ки дар давоми як моҳ беш аз 20 шаҳру навоҳии кишвар нақшар даъвати сарбозон ба артишро 100 дарсад иҷро карданд.

Ин ниҳоди кишвар мегӯяд, дар нахустин рӯзи даъват, шаҳру навоҳии ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор аввалин шуда дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Ҳамзамон дар хабар гуфта мешавад, ки дар давоми моҳи октябр шаҳру ноҳияҳои Носир Хусрав, Норак, Левакант, Данғара, Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш додаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи даъвати сарбозон ба артиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввал 100% иҷро шуд, аммо дар муддати ин як моҳ ноҳияҳои тобеи марказ нақшаро 80%, вилояти Хатлон 79%, шаҳри Душанбе 72%, вилояти Суғд 65% иҷро кардаанд.

Гуфта мешавад, дар маҷмуъ нақшаи тирамоҳии даъвати сарбозон дар саросари кишвра 75% иҷро шудааст. Мақомоти кишвар иддао дорад, ки ба ин зудӣ қариб ба поён расидани нақшаи даъвати сарбозон баёнгари “ҳамкории зич”-и мақомоти шаҳру ноҳияҳо бо мардум ва хусусан бо ҷавонон аст.

Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад, ки кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву бозорҳо ҷавонони ба синни даъватро “облава” намуда, зӯран ба артиш мебаранд. Ин бархӯрди хашини кормандони ҳарбӣ солҳост мавриди баҳсҳои тунд дар ҷомеа қарор мегирад. Вале то ҳол мақомоти болоии кишвар барои беҳбуди ин рафтори ноҷо иқдоме накардаанд.

Қадрдонии Толибон аз Тоҷикистон

0

Раҳбарияти Толибон барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми зарардида аз заминларзаҳои шадиди Ҳирот аз Тоҷикистон қадрдонӣ карданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон эълон кардааст, ки нахустин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба зарардидаҳои заминларзаҳои ахир дар Ҳирот расонида шудааст.

Ба гуфтаи мувоини сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, ин кумакҳои башардӯстона дар ҳузури намояндаҳои сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ва дигар мақомоти расмӣ ба осебдидаҳои Ҳирот расонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 7-8-уми октябри соли ҷорӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон заминларзаҳои пайдарпайи шадиде қисмати шимолу ғарбии Афғонистонро такон дода буданд ва дар натиҷаи ин заминларзаҳо, бар асоси оморҳои расмӣ, ҳудуди 5 ҳазор нафар, вале тибқи оморҳои ғайрирасмӣ наздик ба 12 ҳазор нафар кушта ва захмӣ гардида буд. Инчунин ҳазорҳо нафари дигар зарар дида буданд.

18-уми октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон барои зарардиҳои Афғонистон дар ин заминларзаҳо эълон карда буд, ки ҳудуди 3 ҳазору 300 тонна кумакҳои башардӯстонае иборат аз 200 тонна орд, 50 тонна шакар, 20 ҳазор литр равғани наботӣ, 20 тонна ҷав, 20 тонна нахуд, 20 тонна биринҷ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра дар 130 мошини боркаш фиристодааст.

Ирсоли ин кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон бо истиқболи гармӣ Толибон, ки раҳбарияти феълии Афғонистон дониста мешаванд, рӯбарӯ шуд. Мақомоти Толибон дар Афғонистон барои ирсоли ин кумакҳои башардӯстона аз Тоҷикистон қадрдонӣ карданд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ҳаркати Толибони Афғонистонро як созмони террористӣ медонад ва ҳаргуна фаъолияти онро дар ҳудуди Тоҷикистон манъ кардааст. Мақомоти кишвар дар тӯли беш аз ду даҳсолаи ахир бо иттиҳомӣ пайравӣ ва ҳамдастӣ бо Толибон садҳо нафар аз тоҷикистониҳоро боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардаанд.

Месси барои ҳаштумбор барандаи “Тӯби тиллоӣ” шуд

0

Дирӯз, 30-уми октябр дар шаҳри Парижи Фаронса маросими супурдани “Тӯби тиллоӣ” ба беҳтарин футболбози сол баргузор гардид.

Бори дигар барандаи ин ҷоизаи бонуфуз, ҳамлагари 36-солаи Аргентина аз дастаи “Интер Майами”-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Лионел Месси шуд. Ҳамин тариқ, бори ҳаштум аст, ки Месси  “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст меорад.

Гуфта мешавад, ин ҷоиза ба Месси бештар барои он ки бо ҳайати мунтахаби Аргентина Ҷоми ҷаҳонии футболро дар Қатар ба даст овард ва беҳтарин бозигари ин мусобиқот шинохта шуд, дода шудааст.

Узви дастаи мунтахаби Норвегия ва бошгоҳи “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд ҷойи дувум, Килиан Мбаппе (Фаронса, ПСЖ) ҷойи севвум ва Кевин де Брюйне (Белгия, “Манчестер Сити”) ҷойи чоруми бозигари беҳтарини ҷаҳони “France Football”-ро ба даст оварданд.

Бояд гуфт, Криштиану Роналду дар 20 соли ахир бори аввал аст, ки ба рӯйхати 30 футболбози беҳтарини ҷоми ҷаҳон дохил нашуд.

Ҳамчунин дар ин маросим беҳтарин бозигари ҷавон ва соҳиби ҷоизаи “Копа Трофи” нимҳимоятгари “Реал Мадрид” Ҷуд Беллингем дониста шуд. Аз ҳамлагарон бошад, ҳамлагари “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд беҳтарин ҳамлагари сол дониста шуд ва соҳиби ҷойизаи “Мюллер Трофи” гашт.

Дар байни занон бозингари беҳтарини сол ва барандаи “Тӯби тиллоӣ” Айтана Бонмати испанӣ, ки дар тими “Барселона” бозӣ мекунад ва дар тими Испания қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон гашта буд, дониста шуд. Ҷоизаи “Лев Яшин” ки барои беҳтарин дарвозабони сол дода мешавад, насиби Эмилиано Мартинес, дарвозабони Аргентина ва “Астон Вилла” гардид.

Инчунин беҳтарин бошгоҳи мардона “Манчестер Сити” ва беҳтарин бошгоҳи занона “Барселона” дониста шуданд. Ҳарду бошгоҳ Лигаи қаҳрамонҳои 2022/2023-ро ба даст овардаанд.

Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” соли 1956 таъсис ёфта, онро ҳамасола маҷаллаи фаронсавии “France Football” месупорад. Соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус ин маросим лағв шуда буд.

Ғолиби ин ҷоиза аз соли 1956 то 2006 тибқи раъйдиҳии хабарнигорон муайян карда мешуд, аз соли 2007 ҳаққи овоздиҳиро мураббиён ва капитанҳои мунтахабҳои миллӣ гирифтанд.

“Тӯби тиллоӣ” аз соли 2010 якҷоя бо Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) супурда мешуд, аз соли 2016 “France Football” ҷоизаро алоҳида месупорад, ҳамзамон FIFA ҷоизаи худро барои бозигари беҳтарини сол таъсис додааст.

Баъд аз Лионел Месси ин ҷоизаро бештар ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду соҳиб шудааст. Ӯ 5 маротиба соҳиби тӯби тиллоӣ гаштааст.

Ҳелсинки аз мақомоти Тоҷикистон озодии бародари Шавкати Муҳаммадро талаб кард

0

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки макони будубоши Аслиддин Шариповро ошкор кунанд.

Дар изҳороти ин кумита, ки рӯзи 30-юми октябр нашр шудааст, гуфта мешавад, Шарипов баъд аз истирдодаш дар аввалҳои моҳи октябри соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон нопадид шудааст ва пайвандонаш дар бораи будубошаш ҳеҷ маълумоте надоранд.

Дабири кулли Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ Берит Линдеман мегӯяд, ки “Мақомоти Тоҷикистон бояд дар куҷо будани Аслиддин Шариповро ошкор кунанд ва шарҳ диҳанд, ки чаро наздиконаш баъди истирдоди ӯ аз Русия аз ӯ хабаре надоранд“.

Хонум Линдеман аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки агар Шариповро боздошт кардаанд, ӯро раҳо кунанд.

Инчунин намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинки Мариус Фоссум дар саҳфаи “X”-и худ навиштааст, ки таъқиби пайвандони мухолифон кори хосси Тоҷикистон гаштааст.

Гуфта мешавад, Аслиддин Шарипов бародари Шавкати Муҳаммад мебошад. Шавкат мудири телевизиони “Паём”, як расонаи муқими Аврупост, ки бо гузоришҳои интиқодӣ дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва пӯшиши буҳрони ҳуқуқи башар дар ин кишвар миёни мардум маъруф аст.

Ба бовари Кумитаи норвежии Ҳелсинки, нопадид шудани Шарипов баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон аъзои хонаводаи мунтақидон ва мухолифони ҳукуматро нишон гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Аслиддин Шарипов 21 сентябри соли 2022 бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Нижний Тагили Русия боздошт шуда буд.

Тибқи иттилои манобеи Azda tv, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри 2023 ба мақомоти Русия тавсия карда, ки Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммадро, ки дар Русия аз моҳи сентябри соли 2022 боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод накунад. Аммо Додситонии кулли Русия ин тавсияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро ба инобат нагирфта, бо судури қароре ӯро дар торихи 1-уми октябри соли ҷорӣ ба мақомоти Тоҷикистон таслим кард.

Шавкати Муҳаммад, бародари Аслиддин Шарипов 10-уми октябри соли ҷорӣ бо нашри номаи саркушодае ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар саҳифаи фейсбукияш навишта буд, ки Додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон бародараш Шарипов Аслиддинро бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам карда, алайҳи ӯ бо қисми 2 модаи 307.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, аз моҳи декабри соли 2021 дар пайгард қарор дода буданд.

Шавкати Муҳаммад дар номаи сакушодаи худ айбҳои алайҳи бародараш эълоншударо рад мекунд. Аз ҷумла, узвият дар “Гурҳи 24”, ҲНИТ ва нашри матолиби дорои хусусияти террористӣ дар саҳифаи шахсияш дар Фейсбукро туҳмат медонад.

Ҳамчунин дар ин номаи саркушода аз Додситони кулли кишвар хоста шудааст, ки парвандаи Аслиддин Шариповро мунсифона баррасӣ кунад, ӯ мегӯяд, бародараш гуноҳе надорад ва боздошти ӯ ғайриқонунӣ аст.

Як зани дигар бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз “Ислоҳ.нет” ва “ПМТ” боздошт шуд

0

Додситонии кулли кишвар аз боздошт ва боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати як зани 34-сола бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” ва ҷонибдорӣ аз Паймони Миллии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои додситонӣ, Ҷумъаева М.Х., ки қаблан дар Тоҷикистон барои авбошӣ, қасдан несту нобуд кардани молу мулки бегона ва тамаъҷӯӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, гӯё “аз аввалҳои соли 2023 дар шабакаи интернетии “Ютуб” тавассути барномаҳои “Ислоҳ-ТВ”, “Паймони миллӣ” ва “Минбари муҳоҷир” баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, узви “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро пайваста тамошо мекардааст”.

Ба гуфтаи Додситонӣ, хонум Ҷумъаева дар Русия барои қочоқи маводи мухаддир низ зиндонӣ шуда будааст.

Инчунин ба иддаои Додситонӣ, Ҷумъаева дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” бо номи “Момлидж Сосгмли” саҳифа кушода, дар он низ суханҳои Муҳаммадиқболи Садриддинрро тавассути навиштани шарҳу тавзеҳот ҷонибдорӣ намудаааст ва “аз моҳи августи соли 2023 инҷониб, тавассути барномаи “Ватсап” зиёда аз даҳ маротиба бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аксҳои худро ирсол кардааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон хулоса баровардааст, ки мазмун ва муҳтавои шарҳу суҳбатҳои шаҳрванд Ҷумаева М.Х. дорои нишонаҳои мусоидат ва дастгирии Паймони Миллии Тоҷикистонро дорад ва 19-уми октябри соли ҷорӣ, додситонии ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба Ҷумаева М.Х. бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии умҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаааст.

То ҳол назари хонум Ҷумъаева ва вакили дифоаш дастраси расонаҳо нест. Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин имрӯз дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ин зан бо мо ҳеч ҳамкорӣ надошт. Вале ӯ таъкид кард, ки нафаре, ки алайҳи ин зан парванда боз кардааст, мунтазири “сюрприз”-и ман бошад.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомдорони тоҷик сокинони кишварро бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъ” боздошт мекунанд.

12-уми июни соли ҷорӣ Додгоҳи вилояти Суғд Муҳиба Давроноваи 42-солаи сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо пойгоҳи “Ислоҳ.нет” барои 18 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Инчунин аввали моҳи майи соли ҷорӣ низ мақомоти амниятии шаҳри Исфара Камолиддин Шарофови 70-соларо, ки гуфта будааст, ба Радиои Озодӣ ва “Ислоҳ тв” аз рӯи рафтори ғайриқонунии кормандони комиссарияти ҳарбӣ шикоят менависад, боздошт карда буданд.

Ҳамзамон моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон Мавлуда Боймуродзода, мудири пешини маорифи ноҳияи Панҷ, Зоидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия мазкур ва Абдураҳмон Иззатмандов, хабарнигори телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо”-ро, ки гӯё онҳо аз вазъи маориф дар ноҳияи Панҷ ба шабакаи “Ислоҳ ТВ” шикоят кардаанд, зиндонӣ кард.

Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар суҳбат бо Azda tv ҳамкорӣ бо ин афродро рад карда буд. Ин пойгоҳ, ки пайваста дар бораи мушкилоти мавҷуд ва рафторҳои ғайриқонунии мақомоти тоҷик маводҳо нашр мекунад, дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда, мақомоти тоҷик нафарони зиёдеро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо он зиндонӣ кардаанд.

Мудири пойгоҳи мазкур ба Azda tv гуфта буд, ки “Ҳеч вақт ин нафарон бо мо дар тамос набуданд ва ҳеч маълумоте ҳам ба мо фиристогӣ нестанд.” Ӯ инчунин дар идома афзуда буд, ки “мақомдорон барои тарс додани сокинони кишвар чанд маротиба шуда, ки чунин кореро анҷом медиҳанд“.

Дар ҳамла ба фурӯдгоҳи Доғистон пулис ва корманди он осеб диданд

0

Шаби 29-уми октябри соли ҷорӣ дар назди фурӯдгоҳи Махачқалъаи Доғистон гирдиҳамоӣ сурат гирфта, ҷавонони зиёде даст ба бетартибиҳо зада, ба дохили он ҳамла карданд.

Гуфта дар пайи ин бетартибиҳо 20 нафар фароҳат бардоштаанд. Ба иттилои мақомоти ин кишвар, вазъи саломатии 10 нафар аз маҷруҳ шудагон вахим арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон 9 корманди пулис низ ҷароҳат бардошта, 2 нафарашон дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар наворҳое, ки аз рафти ин бетартибиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки мардуми зиёд дару шишаҳои фурӯдгоҳро мешикананд ва мехоҳанд дохили он ворид шаванд. Гуфта мешавад, сабаби чунин иқдоми ҷавонон барои ҷустуҷӯи яҳудиёне будааст, ки аз Исроил ба ин кишвар фирор карданд. Онҳо бо шиорҳои зидди исроилӣ талаб кардаанд, ки яҳудиёни фирор карда ба Доғистон ворид нашаванд.

Тавре дар наворҳои нашршуда дида мешавад, эътирозгарон дохили фурӯдгоҳ ворид шуда, ҳатто то назди ҳавопаймо рафтаанд.

Пулиси Доғистон мегӯяд, дар пайи ин бетартибиҳо беш аз 150 нафар, ки дар тахрибкорӣ бештар даст доштанд, шиносӣ шуда, то ҳол 60 нафарашон дастгир шудааст.

Уқмитаи тафтишоти Доғистон хабар дод, ки бар зидди ин бетартибии ҷавонон дар фурӯдгоҳ парванда боз карда, таҳқиқро оғоз кардааст.

Бархе расонаҳо навиштаанд, ки сабаби ин эътирози сахти шаҳрвандони Доғистон ба ҳамлаи Исроил ба Ғазза марбут аст, ки кушташудани занону кӯдакони бегуноҳ хашми онҳоро барангехтааст.

Ҷанг дар Ғазза барои нобудӣ?

0

Аз замони оғози ҷанг дар Ғазза, ки пас аз ҳамлаи ногаҳонии ҲАМОС ба бархе пойгоҳҳои низомӣ дар шаҳракнишиниҳои исроилӣ дар минтақаи маъруф ба ғилофи Ғазза оғоз шуд, 24 рӯз мегузарад.

Мақомоти исроилӣ, аз он ҷумла Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар ҳадаф аз ин ҷангро нобуд кардани Ҳаракати Муқовимати Исломии Фаластин (ҲАМОС) дар Ғазза эълон кардааст. Аммо ҲАМОС мегӯяд, ин ҷанг то нобудии Исроил давом хоҳад кард.

Бархе дигар мақомоти исроилӣ, аз ҷумла, вазири ҷанг, вазири хориҷа, вазири амнияти дохилӣ, вазири иқтисод, сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳам дар суханрониҳои худ дар бораи ҳадафҳои ин ҷанг, ки барои нобуд кардани ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза аст, суҳбат кардаанд.

Исроил, Амрико, Британия, Олмон, Фаронса, Итолия, Канада ва хеле дигар аз кишварҳои ғарбӣ низ ҲАМОС-ро як гурӯҳи террористӣ эътироф кардаанд. Раҳбарони ин кишварҳо ҳангоми сафарҳои худ тайи ин 24 рӯзи ҷанг ба Телавив ҳимояти комили худро барои идомаи ҷанг алайҳи ин гурӯҳ дар Ғазза эълон карданд.

Кор то ҷое расида, ки ахиран Эмануэл Макрон, Президенти Фаронса дар дидор бо раҳбарони исроилӣ пешниҳод кард, ки барои нобуд кардани ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза як эътилоф ташкил карда шавад.

Раҳбарони бархе кишварҳои арабӣ ба мисли Миср, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Урдун ҳам аз нигоҳи идеологӣ ва раҳбарӣ бо ҲАМОС мушкил доранд. Абдулфаттоҳ Сисӣ, Президенти Миср, ки аз роҳи як кудетои низомӣ ва қатли оми ҳазорҳо нафар дар майдони Робиаи Қоҳира ба қудрат расидааст, бо сароҳат аз саркӯби ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ ҳимояти худашро дар суҳбат бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон эълон кард.

Аз сӯи дигар, кишварҳое ба мисли Эрон, Туркия, Сурия, Лубнон, Либия ва Малайзияву Покистону Афғонистон ва ғайра ҲАМОС-ро як гурӯҳи озодихоҳи фаластинӣ, ки ба хотири озодии мардум ва аз режими истилогар озод кардани сарзамини худашон мубориза мекунад, медонанд.

Ин кишварҳои исломӣ, ки даъвои ҳимоят кардан аз ормонҳои озодии фаластиниҳоро дар сар доранд, бар хилофи кишварҳои ғарбӣ, ки ҳазорҳо тонна силоҳу муҳимоти ҷангӣ барои саркӯб кардани фаластиниҳо дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ мефиристанд, то ҳол натавонситаанд, ки дасти кам як бемористони саҳроӣ барои муолиҷа кардани ҳазорҳо нафар занону кӯдакони фаластинӣ, ки бар асари ин ҷангҳо осеб дидаанд, дар Ғазза ва ё минтақае наздик ба он бисозанд.

Бо гузашти беш аз се ҳафта аз оғози ҷанги Исроил алайҳи Ғазза то ҳол ҳеч яке аз раҳбарони кишварҳои дар боло зикршуда дар бораи ҳадафҳои пас аз ҷанг ва чӣ гуна ҳукумат кардан бар Ғазза, ки беш аз 2 миллиону 300 ҳазор аҳолӣ дорад, тарҳи муфассалеро пешниҳод накардаанд.

Раисҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ, ки ҷанг дар Ғаззаро модари мушкилот дар минтақаи Ховари Миёна медонад, пешниҳод карда, ки баъд аз ин ҷанг бояд давлате бидуни силоҳ барои фаластиниҳо сохта шавад ва амнияти онро ё нерӯҳои НАТО ва ё нерӯҳои кишварҳои арабӣ бар уҳда бигиранд, то мардуми Исроил ва Фаластин бо камоли оромиш паҳлӯи ҳам зиндагӣ кунанд.

Дар ин миён бархе коршиносони исроилӣ дар суҳбатҳои худ дар бораи тарҳҳое аз қабили ҷорӣ кардани низоме наздик ба Абӯзабӣ, Сипгапур ва ё дубора ба ихтиёри Ташкилоти худгардони Фаластин бо раҳбарии Маҳмуд Аббос, ки зери раҳбарӣ ва маблағгузории кишварҳои арабӣ ба мисли Миср ва Арабистони Саудӣ бошад, суҳбат кардаанд. Пешниҳодест, ки худи тарроҳони он ба амалӣ шуданаш 100% боварӣ надоранд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Амир Абдуллоҳиён ҳам гуфта, “мудирияти ин ҷанг дар ихтиёри Амрикост ва Исроил ба ниёбат аз Амрико ин ҷангро анҷом медиҳад, вале мудирияти ҷанг бо низомиёни Амрикост, чун дар дохили режими Исроил вазъияти фурӯрехтае вуҷудо дорад.” Холид Мишъал аз раҳбарони ҲАМОС ҳам гуфтааст, бар асоси иттилооте, ки дар даст доранд, беш аз 4 ҳазор нерӯи амрикоӣ дар Исроил ин ҷангро идора мекунанд.

Аммо бар хилофи ин ҳама раҳбарони давлатҳо ва коршиносони шарқӣ ва ғарбӣ, ки дар бораи марҳилаи баъд аз ҳукумати ҲАМОС ва нобуд кардани зерсохторҳои низомии он дар Ғазза суҳбат мекунанд, Холид Мишъал, яке аз раҳбарони ин ҳаракат аз тариқи расонаҳо эълон кардааст, ки ин ҷанг то нобудии Исроил идома хоҳад ёфт ва мо дар бораи марҳилаи баъд аз нобуд шудани Исроил дар Фаластин фикр карда истодаем.

Гуфта мешавад, бар асоси қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид минтақаи ғилофи Ғазза бахше аз сарзаминҳои Фаластин дониста мешаванд, ки дар тӯли 56 соли ахир ба тадриҷ Исроил ба ноҳақ онҳоро ғасб кардааст. Исроил давлати истилогар дониста мешавад. Атонио Гуттериш ҳам ба хотири ибрози ҳамин андешаҳо дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид мавриди ҳамлаҳои лафзии мақомоти исроилӣ қарор гирифт.

Ба ҳамин хотир бархе коршиносони масоили ҳуқуқи байналмилал мегӯянд, ки ҳамла ба заминҳои ғасбшуда аз ҷониби як кишвари истилогаре, ки ба ноҳақ заминҳои дигаронро аз худ кардааст, ҳамла ба як давлати дигар маънидод карда намешавад. Исроил давлати истилогар аст, истилогар ба ҳеч ваҷҳ ҳаққе надорад, ки мардумони бумие, ки кишварашонро ғасб кардааст, аз ҳуқуқҳои инсонии худ маҳрум кунад.

То соли 2006 Маҳмуд Аббос ва пеш аз он Ёсир Арафот раҳбарии тамоми Фаластинро ҳам дар Ғазза ва ҳам дар Каронаи Бохтарӣ бар уҳда доштанд. 25-уми январи соли 2006 дар Фаластин интихобот баргузор шуд. ҲАМОС барандаи интихобот буд. Исмоил Ҳания, раҳбари ҲАМОС нахуствазири Фаластин таъйин гардид.

14-уми июни 2007 бар асари як инқилоби дохилӣ, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, ки намехост бар Фаластин ҲАМОС ҳукумат кунад, Исмоил Ҳанияро барканор ва Салом Файёз, аз одамони наздики худашро нахуствазир таъйин кард. Байни фаластиниҳо ҷудоӣ ба вуҷуд омад ва ду ҳукумат ташкил шуд. Исмоил Ҳания ба Ғазза, ки тарафдорони зиёде дошт, рафта, ҳукумати маҳаллӣ дар онҷоро ба даст гирифт. Ба ҳамин хотир мегӯянд, ки ҲАМОС бар асоси раъйи мардум дар Ғазза сари қудрат омадааст.

Бо ин вуҷуд, ин ҷанг чӣ қадар тӯл мекашад ва кай тамом мешавад, ҳанӯз ҳеч тарафе дар ин бора ба сурати дақиқ чизе нагуфтааст. Дар ин ҷанги вайронгар кӣ пирӯз мешавад ва кӣ киро аз саҳнаи сиёсӣ нобуд хоҳад кард, вақт нишон хоҳад дод.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda.tv

___________________________________________________

Дар гӯшаи Блоги Шумо матолиби гуногун аз навиштаҳои таҳлилгарон ва коршиносон нашр мешавад, ки муҳтавои онҳо баёнгари мавқеи Azda tv нестанд.

Бозпурсии модаркалони 80-сола барои фаъолияти сиёсии набера

0

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, модаркалони 80-солаи як мухолифи бадахшониро барои фаъолиятҳои сиёсии наберааш – Мушаррафиддин Ризвоншоев боспурсӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи кишвар, ҳамроҳи модаркалон аммаи ин фаъоли сиёсиро низ барои бозпусӣ бурдаанд. Бозпурсии пайвандони ин фаъоли помирӣ чанд соат давом карда, кормандони амниятӣ бо онҳо муносибати дурушт намуда, зани солхӯрда ва духтарашро таҳқир кардаанд.

Пештар аз ин, пайвандони Ризвоншоевро дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ВМКБ низ бозпурсӣ кардаанд.

Кормандони КДАМ ва ВКД наздикони Мушаррафиддин Ризвоншоевро тарс дода, аз онҳо талаб кардаанд, ки ин фаъоли помирӣ ба ватан баргардад ва ихтиёран ба мақомот таслим шавад.

Аммо Мушаррафиддин Ризвоншоев борҳо гуфтааст, ки хонаводаи ӯ барои фаъолиятҳои сиёсияш ҷавобгар нестанд.

Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохта мегӯяд, ки наздикони фаъолони маданӣ гаравгони мақомоти тоҷик шуданд ва тайи чанд моҳи ахир даҳҳо наздикони фаъолони помирӣ барои бозпурсӣ ба ВКД ва КДАМ дар ВМКБ даъват шудаанд. Аммо бисёриҳо аз тарси таъқиб ва ҷавобгарии ҷиноӣ аз ифшои бозпурсиии пайвандонашон худдорӣ мекунанд.

Таркиш дар Душанбе

0

Бар асари як таркиш дар маркази шаҳри Душанбе дасти кам ду нафар ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои расмӣ, зуҳри имрӯз, 30-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, “тақрибан соати 13:24-дақиқа, дар ошхонаи “Мерве”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ аз ҳисоби гази моеъ таркиш ба амал омад.”

Ба қавли сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, “дар натиҷаи ин таркиш ду нафар шаҳрвандон, як нафар корманд ва як нафар мизоҷи ошхонаи мазкур ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамзамон як адад воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус”, ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст.”

Гуфта мешавад, мақомоти расмӣ дар бораи дигар ҷузъиёти ин ҳодиса шарҳе надодаанд, вале Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, “аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.”

Ошхонаи Мерве яке аз ошхонаҳои шинохта дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки тайи тақрибан ду даҳсола фаъолият мекунад. Ин ошхона таомҳои тезтаёри туркиро ба мизоҷони худ пешниҳод мекунад. Солҳои 2009 ва 2018 низ дар ин ошхона сӯхторҳое ба қайд гирифта шуда буд.

Шумори хабарнигорони ҳалокшуда дар Ғазза афзоиш ёфт

0

Бар асари ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза то имрӯз, 30-уми октябр 35 хабарнигор аз расонаҳои гуногун ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дафтари матбуоти ҳукумат дар Ғазза шоми якшанбе ному насаби рӯзноманигорони кушташударо нашр кард. Гуфта мешавад, ҳамлаҳо ба рӯзноманигорон ҳадафмандона буда, худи онҳо ва ё хонаводаашон ҳадаф қарор мегиранд.

Ба иттилои расонаҳо, дар пайи ин даргирҳо 4 нафар аз як оилаи рӯзноманигор, аз ҷумла зан, духтар, писар ва набераи Воил Даҳдуҳ, мудири расонаи қатарии “Ал-Ҷазира” дар Ғазза кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзноманигор фаластинӣ дар Ғазза Ҳассуна Сулайм шоми дирӯз бо нашри наворе дар ҳисоби ТикТокаш гуфт, “ин видеое, ки ҳоло сабт мекунам, шояд охирин видиои ман бошад ва дигар сабт карда натавонам. Мо ҳамчун рӯзноманигорон дар Ғазза ҳар лаҳза ва ҳар соат мавриди ҳадафи Исроил қарор мегирем, аз 4 ҳамкоре, ки ҳакҷоя барои нашри ахбор ва воқеаҳо берун мебаромадем, 3 нафарашон кушта шуданд.” Ин рӯзноманигори фаластинӣ ҳамчунин афзуд, ки “Мутаассифона, тамоми саҳифа ва ҳисобҳои моро дар шабакаи иҷтимоӣ бастанд, вале мо роҳамонро идомам медиҳем.”

Аммо дар баробар ин ба гузориши расонаҳо, аз оғози ин даргириҳо то имрӯз 3 хабарнигорон аз Исроил низ кушта шудаанд.

Бино ба гузориши расмии Вазорати беҳдошти Фаластин, дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза аз 7-уми октябри соли ҷорӣ то имрӯз дар маҷмуъ 8005 нафар кушта шудааст, ки дар байни онҳо 3324 кӯдак ва 2062 зану 460 пиронсол вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои мақомоти расмии Исроил, аз аввали даргирҳо то имрӯз 1538 нафар кушта шуда, шумори захмиён ба 5132 нафар расидааст. Ҳамчунин оморҳои расмии Исроил мегӯянд, ки ҲАМОС 239 нафар аз шаҳрвандони исроилӣ ва хориҷиро асир гирифтааст.