18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 22

Мудири кӯдакистон ва мураббӣ барои марги кӯдаки 2-сола маҳкум ба зиндон шуданд

0

Дар шаҳри Душанбе як мудири боғчаи кӯдакон ҳамроҳи як мураббӣ барои беэҳтиётӣ кардан дар тарбияи кӯдакони боғча ба зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар парвандаи марги кӯдаки 2-сола дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка) ҳукми худро содир кард. Ба иттилои манобеи огоҳ, мудири муассиса Рухшона Исматуллоева ба 6 сол ва мураббӣ Боғигул Раҳимова ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ҳукм тибқи моддаҳои қонунии марбут ба бепарвоӣ ва беэҳтиётии хидматӣ содир гардида, аммо ба иллати он ки ҳарду маҳкумшуда кӯдакони ноболиғ доранд, иҷрои ҳукм то расидани фарзандонашон ба синни 8-солагӣ мавқуф гузошта шудааст.

Марги фоҷиабори кӯдаки дусола бо номи Судайс моҳи майи соли 2025 дар рахти хоби кӯдакистон рух дода буд. Дар наворҳое, ки тариқи дурбинҳои мадорбастаи кӯдакистон сабт ва нашр гардида буд, дида мешуд, ки гардани кӯдак дар байни панҷараҳои муҳофизатии тахти хоб руст монда бар асари хафаги ба ҳалокат мерасад.

Ин ҳодиса дар ҷомеа вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда, масъалаи таъмини бехатарии кӯдакон дар муассисаҳои томактабиро дубора дар маркази таваҷҷуҳи қарор дод.

Чаро марги коргарони афғон дар конҳои ангишити Тоҷикистон таҳқиқ намешавад?

0

Ҷасади шаш коргари афғон, ки 2-юми ноябри соли ҷорӣ дар дохили як кони истихроҷи ангишт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷон дода буданд, ба зодгоҳҳояшон бурда шуданд.

Гуфта мешавад, ин шаш коргари афғонистонӣ, ки 2-юми ноябри соли ҷорӣ дар дохили кони истихроҷи ангишти ноҳияи Айнӣ кор мекарданд, гази метан таркидааст ва ин шаш нафар дар дохили кон ҳалок шуданд. Ҷасадҳо рӯзи 4-уми декабр ба зодгоҳоҳояшон дар Дайкундӣ ва Бомиёни Афғонистон интиқол дода шуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳамин кони ангиш 8 шаҳрванди Афғонистон дар натиҷаи таркиш ҷон бохта буданд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сабаби ин таркишҳо ва кушта шудани коргарони конро таҳқиқ ва расонаӣ накардааст. Аммо худи коргарони афғонистон ба баъзе расонаҳои форсизабон гуфта буданд, ки вазъи кор дар дохили конҳо хеле хатарнок аст ва шароити муносиб ва амнияти коргарон ба назар гирифта нашудааст.

Расонаи “Афғонистонинтернешнал” дар ин бора як гузориши таҳқиқӣ омода ва нашр кардааст. Тибқи ин таҳқиқоти анҷомшуда, таркиши дохили кони ангишт тасодуфӣ набуда, балки “натиҷаи нодида гирифтани огоҳии мукаррари коршиносони маъдан аз баланд шудани сатҳи хатарноки гази метан будааст.” Ба гуфтаи коргарон, сарпарасти кони ангиш ду моҳ пеш аз ҳодиса дар бораи афзоиши ғайриоддии газ ҳушдор дода буд, аммо ба ҷойи қатъи кор ӯ ҷарима шуда ва фаъолияти кон дар ҳамон шароит идома ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки ин гузориш бар асоси мусоҳибаҳои рӯбарӯ бо чаҳор коргари афғон, мутолиаи ду нусхаи шартномаҳои кории онҳо, суҳбат бо масъулони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва як узви аршади ширкати истифодабарандаи кон, инчунин таҳлили қисматҳои калидии Қонуни меҳнати Тоҷикистон таҳия шудааст.

Коргарон шароити кориро “ғайриинсонӣ” ва “ба монанди зиндон” тавсиф мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки пас аз вуруд ба Тоҷикистон шиноснома ва ҳуҷҷатҳояшон аз ҷониби ширкат гирифта мешавад ва то як сол ҳаққи тарк кардани майдони корро надоранд. Дар ҳар утоқ аз 12 то 18 коргарро ҷой медиҳанд ва коргарон то 12 соат дар шароити сахт бе ҳеҷ иловапулӣ кор мекунанд.

Дар ин гузориши таҳқиқоти гуфта мешавад, ки ин кони ангиш аз ҷониби “Комбинати металлургии Тоҷикистон” идора мешавад. Ширкате, ки дар гузоришҳои байналмилалӣ ҳамчун бахше аз як низоми фасодзада тавсиф шудааст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҷалби коргарон аз Афғонистон тавассути шабакаҳои миёнарави фасодзада анҷом мешавад: аз коргарон барои гирифтани виза то 1700 доллар талаб мешавад, дар ҳоле ки арзиши воқеии он тақрибан 300 доллар аст.

Инчунин дар ин гузориш аз ширкати “Фароз” ном бурда шудааст. Гуфта мешавад, ин ширкат соли 2008 аз ҷониби Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таъсис ёфта, дар муддати камтар аз даҳ сол аз як ширкати хурд ба як гурӯҳи бузурги иқтисодӣ табдил ёфтааст. Ин маҷмуа дар соҳаҳои гуногун аз бонкдорӣ ва энергетика то истихроҷи маъдан, нақлиёт, бима ва савдои масолеҳи сохтмонӣ фаъолият мекунад.

Тибқи гузориши барномаи таҳқиқоти ҷиноятҳои муташаккил ва фасоди созмони OCCRP, дар соли 2018 бо унвони “Тоҷикистон: сарват тавассути издивоҷ”, густариши “Фароз” на натиҷаи рақобати солим, балки маҳсули шабакаи мураккаби пуштибониҳои сиёсӣ, маҳдуд кардани рақибон ва гирифтани имтиёзҳои ноодилон арзёбӣ мешавад.

Гарчанде соли 2019 ин ширкат эълон кард, ки бахше аз фаъолияташро қатъ мекунад ва номи он дар санадҳои андозии соли 2020 дигар ба назар намерасад, мансабдорони соҳавӣ, коргарон ва таҳқиқоти мустақил мегӯянд, ки дороиҳои “Фароз” бо номҳои дигар то ҳол фаъоланд. Ба гуфтаи онҳо, идораи чандин кони ангишт, аз ҷумла кони ҷойи ҳодиса, ҳанӯз ҳам ба таври ғайримустақим зери нуфузи ҳамин шабака қарор дорад. Бахши назаррасе аз ангишти истихроҷшудаи ин конҳо ба Узбекистон ва Покистон содир мешавад.

Бар асоси қонунҳои меҳнати Тоҷикистон, коргарони кони ангишт бояд аз рухсатии солона, суғуртаи тиббӣ ва муҳити кории бехатар бархӯрдор бошанд, аммо коргарони афғон аз ҳамаи ин ҳуқуқҳо маҳруманд. Ҳатто дар ҳолати марг, ба ҷои 60 моҳи маоши қонунӣ, ширкат танҳо 150 то 200 ҳазор афғонӣ (баробар ба 20-27 ҳазор сомонӣ) ба хонаводаи қурбониён пардохт мекунад.

Мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои назоратии Тоҷикистон то кунун дар ин маврид вокуниши ҷиддӣ нишон надодаанд. Сафорати Афғонистон низ эътироф кардааст, ки ба сабабҳои ғайрирасмӣ будани вуруди коргарон, назорат ва ҳимояи онҳо мушкил аст.

Хонаводаҳои қурбониён мегӯянд, ки фарзандони онҳо на барои ҷустуҷӯи сарват, балки барои “як луқма нон” ба ин корҳои сахт рӯ оварда буданд. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб доранд, ки таҳқиқоти шаффоф анҷом диҳад ва ҳаққи қонунии онҳо дарёфт шавад.

Фоҷиаҳои пай дар пай дар конҳои Суғд, ба гуфтаи коршиносон, нишонаи бозори кории комилан беқонун, фасоди густарда ва сӯистифодаи аз қувваи кории муҳоҷирони афғон аст, гурӯҳе, ки ҳеҷ пуштибонии сиёсӣ ё ҳуқуқӣ надоранд.

Миёни Русияву Тоҷикистон раводид ҷорӣ мешавад?

0


Раҳбари ҳизби “Справедливая Россия – За правду” ва вакили Думаи давлатии Русия Сергей Миронов бори дигар хостори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Ба иддаои Миронов, дар баъзе аз гӯшаҳои Русия сокинони маҳаллӣ маҷбур шудаанд аз хонаву зодгоҳашон бикӯчанд, чун муҳоҷироне, ки аз Осиёи Марказӣ омадаанд, дар онҷо қонунҳои худро ҷорӣ кардаанд ва бояд ҷорӣ кардани раводид бо ин минтақа ба таври ҷиддӣ баррасӣ шавад.

Дар гузашта низ ин вакили муҳоҷирбадбин борҳо аз мақомоти Русия хоста буд бо кишварҳои ОМ, аз ҷумла бо Тоҷикистон раводид ҷорӣ карда шавад.

Ӯ бар ин бовар аст, ки ҷорӣ шудани раводид бо кишварҳои ОМ афзоиши ҷинояткорӣ ва вуруди навъҳои нави коронавирус ба кишварро маҳдуд мекунад.

Миронов ҳамчунин гуфта буд, ки русҳо бояд иқтисоди худро аз қувваи кории арзон муҳофизат кунанд, чун он рушди иқтисодро суст мекунад ва музди меҳнат баланд бардошта намешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз рейдҳои густардаи зидди муҳоҷирон, ки бо истирдод аз Русия ва фиристодани муҳоҷирон ба ҷанги зидди Украина анҷомида истодааст, ин кишвар даст ба ҷалби муҳоҷирон аз Ҳиндустон задааст, ки баёнгари ниёзи қувваи корӣ дар Русия мебошад.

Гуфта мешавад, ҳизби “Справедливая Россия – За правду” бо раҳбарии Сергей Миронов муаллифи чандин тарҳи қонунҳои зидди муҳоҷирӣ буда, ин ҳизб ҷонибдори манъ кардани ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.

Ҳамзамон Миронов борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва вуруди муҳоҷирон бо оилаҳо маҳдуд шуда, танҳо ба онҳо усули кории “омад-кор кард-рафт” иҷозат дода шавад. Инчунин ҳизби ӯ пешниҳод карда буд, ки маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад, то “бо пули андози русҳо” ин кор сурат нагирад.

Ҷузъиёти нав дар бораи тасодуфи маргбори тоҷикон дар Лаҳистон

0

Додситонии шаҳри Жешуви Лаҳистон дар мавриди тасодуфи маргбори 3 шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаби 30-юми ноябр рух дода буд, ҷузъиёти нав нашр кард.

Дафтари матбуоти Додситонии шаҳри Жешув хабар дода, ки ронандаи 20-солаи тоҷикистоние, ки дар ҳолати мастӣ мошин ронда ва ба дарахт бархӯрду як сарнишини дигар ба ҳалокат расид, ҳамчун гумонбар ба муддати се моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Манбаъ мегӯяд, тафтишоти пешакӣ маълум кард, ки ронандаи 20-сола Рустамбек С. шомро бо ду ҳамватани худ — Далер С. ва Ҳофиз С., шаҳрвандони Тоҷикистон, дар берун гузаронд. Тақрибан соати 23:00 ин се нафар ба сайру гашт баромаданд. Мошини тамғаи “Mercedes”-ро Рустамбек С. меронд.

“Ҳангоми баргаштан фоҷиа дар назди гузаргоҳи роҳи оҳан дар кӯчаи Лангиевича рух дод. Ронанда идораи мошинро аз даст дода, пас аз гузаргоҳ мошин ба дарахт бархӯрдааст. Дар пайи ин тасодуф, мусофир Далер С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ҳофиз С. бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмӣ ба беморхонаи клиникии вилоятии №2-и Жешув бурда шуд. Аммо худи ронанда ҷароҳатҳои андак бардошта, ба беморхонаи ВКД (MSWiA) дар шаҳри Жешув интиқол ёфт.”, мегӯяд манбаъ.

Додситони Жешов Чеханковский дар ин бора гуфта, ки тафтишот муайян кард, Рустамбек С. ҳангоми рондани мошин маст будааст ва дар баданаш тақрибан 2,4 промилл алкогол пайдо шуд. Сабаби бевоситаи садама баланд будани суръат дар роҳе мебошад, ки шароити он ба суръати баланд муносиб набудааст.

Бино ба иттилои додситонӣ, Рустамбек С. рӯзи 1-уми декабр расман боздошт шуд, амалҳои тафтишотӣ бо ӯ дар беморхона гузаронида шудааст. Аммо гумонбар гуноҳи худро эътироф намекунад ва иддао карда, ки дар сари фармон буданашро дар ёд надорад.

Рӯзи 2-уми декабр додситон аз Додгоҳи ноҳияи Жешув ба муддати се моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтани Рустамбекро талаб кард ва додгоҳ ҳам ба ин талаб пурра қонеъ шудааст. Чеханковский таъкид намуда, ки гумонбар аз декабри соли 2023 то феврали 2025 се маротиба барои қонуншиканиҳои роҳ ҷарима шудааст. Гуфта мешавад, иттиҳомоте, ки алайҳи ин шаҳрвнади 20-солаи Тоҷикистон эълон шудааст, ӯро то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Путин баъзе пешниҳодоти Трампро дар мавриди сулҳ бо Украина пазируфт

0

Кремл рӯзи чоршанбе, 3-юми декабр эълон кард, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баъзе аз пешниҳодоти Амрикоро дар мавриди поён додани ҷанг дар Украина пазируфтааст.

Хабаргузории “Ройтерз” имрӯз гузориш дод, ки Русия омодааст барои расидан ба тавофуқ бо музокиракунандагони амрикоӣ дидор кунад.

Дмитри Песков, сухангӯи Кремл ба расонаҳо гуфта, ки пас аз музокироти тӯлонӣ дар Маскав байни Путин ва Стив Ветков, фиристодаи вежаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва инчунин домодаш ҳнӯз ба натиҷаи ниҳоӣ даст наёфтаанд.

Песков афзуда, ки дирӯз барои аввалин бор байни Путин ва фиристодаи Амрико гуфтугӯи мустақим сурат гирифт, бархе пешниҳодоти Трамп бари поён додани ҷанг бо Украина аз ҷониби Путин пазируфта шуд ва баъзе дигар ғайри қобили қабул дониста шуд. Ӯ ин равандро “бахши табии ёфтани роҳҳалҳо” донистааст.

Ҳамзамон сухангӯи Кремл таъкид карда, ки Русия аз талошҳои Трамп қадрдонӣ мекунад, аммо Маскав ба таври мудовим аз раванди музокирот гузориш нахоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп моҳи ноябр як маҷмуаи пешниҳодот иборат аз 28 бандро барои сулҳи Русия ва Украина ироа карда буд, ки мақомҳои украинӣ ва аврупоӣ онро “нигаронкунанда” хонда, гуфтанд, ин пешниҳодот бо хостаи Маскав мутобиқат дорад ва хостаҳои Украина ва Аврупо ба назар гирифта нашудааст.

СҲШ ҳамла ба Тоҷикистонро кори дасти гуррӯҳҳои ҷиноятпеша номид

0

Созмони Ҳамкории Шанхай бо нашри изҳороте ҳамлаҳои маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро, ки 26 ва 30-уми ноябри соли 2025 рух доданд, маҳкум кард.

Дар ин изҳорот, ки 3-юми декарбри соли ҷорӣ нашр шудааст, СҲШ ба хонаводаҳои қурбониён таъзия баён карда, бе овардани номе гурӯҳе ҳамлаҳоро кори гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки аз ҳудуди Афғонистон амал мекардаанд, гуфтааст.

Ҳамзамон ин созмони минтақавӣ гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими субот, таъмин намудани амнияти марзҳо ва эҷоди муҳити ҳамкории судманд дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон дастгирӣ мекунад.

СҲШ инчунин таъкид кардааст, ки набояд ҳудуди Афғонистон барои амалҳое истифода шавад, ки амнияти кишварҳои ҳамсоя ва минтақаи умумиро таҳдид мекунанд ва даъват кардааст, ки чунин ҳолатҳо дигар такрор нашаванд ва ҳамкории ҷонибҳо барои таъмини сулҳу субот дар минтақа тақвият дода шавад.

Созмони Ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 таъсис ёфта, кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Беларус узви он мебошанд.

Тоҷикистон барои назорати марз бо Афғонистон аз Русия кумак хост?

0

Хабргузории “Ройтерз” навишта, ки дар пайи ҳамлаҳои маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон, мақомоти Тоҷикистон аз Русия барои назорати марз бо Афғонистон кумак хостааст.

Ин хабаргузорӣ 2-уми декабри соли ҷорӣ дар истинод ба се манбааш аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла Шӯрои амният ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар гуфта, ки Душанбе бо Маскав дар бораи ҷалби нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва ё имкони ҷойгир кардани нерӯҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон барои посбонии якҷоя аз марзи ноором бо Афғонистон гуфтугӯ дорад.

Ҳамчунин манобеъ гуфтаанд, ки айни замон музокироти Русияву Тоҷикистон идома дорад ва эҳтимол ин ҳафта қароре қабул карда мешавад ва дар сурати ба муваффиқа расидан, барои назорати марзи кӯҳистонии 1344 километр бо Афғонистон аз чархболҳо истифода мешавад.

Аммо имрӯз, 3-уми декабр, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ дар суҳбат бо расонаҳо хабари “Ройтерз”-ро “бофта” номида гуфтааст, ки “Ройтерз” бо пахши ин хабар ба хонандагони худ маълумоти носанҷидаро мерасонад. Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар фурсатҳои наздик вокуниши расмӣ медиҳад.

Дар ҳоле хабари кумакхоҳии Тоҷикистон аз Русия барои назорати марз бо Афғонистон рад мешавад, ки хабаргузории “Ройтерз” онро дар истинод ба се манбаъ, аз ҷумла як манбаъ аз Шӯрои амният ва ду манбаъ аз Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар навиштааст.

Ёдовар мешавем, ки дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ду ҳамла бо истифода “аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак” анҷом шуда, 10 шаҳрванди Чин, ки дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кор мекарданд, куштаву захмӣ шуданд.

То ҳол ҳадафи ин ҳамлаи маргбор маълум набуда, ҳеч гурӯҳе ҳам масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст.

Толибон, ки ҳукуматро дар Афғонистон дар даст доранд, гуфтаанд, ки ҳамла кори дасти “душманонест”, ки қасд доранд, миёни Тоҷикистон ва Афғонистон “беэътимодӣ” эҷод кунанд. Ҷониби Тоҷикистон низ гуфта, ки ҳамла кори дасти “аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” аст. Аммо ҳам Толибон ва ҳам Ҳукумати Тоҷикистон аз гурӯҳ ё созмоне ном набурдаанд.

Дар пайи ин ҳамлаҳо, сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш хоста, ки аз минатқаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз Тоҷикистон талаб карда, ки барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.

ИМА қабули дархостҳои муҳоҷиратии шаҳрвандони 19 кишварро боздошт

0

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабули тамоми дархостҳои вобаста ба муҳоҷират, аз ҷумла барои гринкарт ва шаҳрвандии Амрико аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон ва 18 кишвари дигарро расман боздоштааст.

Ба ин рӯйхат кишварҳои ғайрииқтисодӣ, аз ҷумла Афғонистон, Мянмар, Чад, Ҷумҳурии Конго, Гвинеяи Истоӣ, Эритрея, Ҳайтӣ, Эрон, Либия, Сомалӣ, Судон, Яман, Куба, Лаос, Сиерра-Леоне, Того, Туркманистон ва Венесуэла шомил мешаванд.

Ба қавли мақомдорони амрикоӣ, ин иқдом дар пайи ҳамла ба афсарони Гвардияи миллӣ дар Вашингтон сурат гирифтааст, ки дар он як шаҳрванди 29-солаи Афғонистон Раманулло Лаканвол ҳамчун гумонбар боздошт шуд. Гуфта мешавад, ӯ моҳи апрели соли равон мақоми паноҳандагӣ гирифта буд.

Дар изҳороти расмии давлати Амрико ҳамлаи ахирро ҳамчун далели зарурати шиддат бахшидани назорат бар муҳоҷират зикр шудааст. Ин баён аз ҷониби коршиносон мавриди интиқод қарор гирифта, онро ки ҷузъи сиёсати нави Доналд Трамп дар ин росто медонанд.

Гуфта мешавад, пас аз ба қудрат баргаштани Доналд Трамп дар моҳи январи соли 2025, яке аз сиёсатҳои пешгирифтааш шадидтар кардани барномаи муҳоҷират буд, ки ҳоло бо ҳар баҳонае онро амалӣ мекунад.

Расонаҳои мегӯянд, ба дунболи ҳамла ба афсарони амрикоӣ, мақомоти ИМА чораҳои маҳдудкунанда алайҳи муҳоҷирон, бахусус шаҳрвандони Афғонистонро боз ҳам сахттар карданд.

То ҳол маълум нест, ки раванди боздошти дархости муҳоҷирон муваққатӣ аст ё на ва то кай идома хоҳад ёфт. Вале бар асоси изҳороти мақомоти амрикоӣ, баррасии дубораи сиёсати муҳоҷират ва таҳдидҳои эҳтимолӣ идома дорад.

Тасодуфи маргбори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон

0

Шаби 1-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Жешови Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари тасодуф ҷон бохт.

Ба гузориши расонаҳои лаҳистонӣ, шаби 30-уми ноябр соати 23:00 се шаҳрванди Тоҷикистон, ки савори як мошини “Мерседес” буданд, дар кӯчаи Langiewicza-и шаҳри Жешов бо суръати баланд ба як дарахт бархӯрданд. Яке аз сарнишинон дар ҷои ҳодиса фавтида, ҳолати ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон вазнин гузориш дода мешавад.

Бино ба иттилои пулиси шаҳри Жешов, ронандаи “Мерседес” як ҷавони 20-солаи шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар ҳолати мастӣ ронандагӣ мекардааст. Тибқи хабарҳои тасдиқнашуда, ҳарсеи ин ҷавонон донишҷӯёни яке аз донишкадаҳои хусусии Жешов будаанд. Пулис мегӯяд, ронандаи ҷавонро барои дар ҳолати мастӣ ронандагӣ кардан аз 20 сол то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Пулиси Лаҳистон аз ин шаҳрвнадони Тоҷикистон ном набурдааст ва ҳувияти онҳо маълум нест. Ҳамзамон касе аз наздикони онҳо ба расонаҳо чизе нагуфтааст.

Раисе, ки Бег Сабурро интиқод карда буд, аз зиндон озод шуд

0
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 85

Собиқ раиси шаҳри Кӯлоб, Баҳром Иноятзода, ки соли 2020 бо иттиҳоми қаллобӣ ва порагирӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, озод шудааст.

Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” аз наздикони Иноятзода иттилоъ дод. Як манбаи дигар ба расона гуфта, ки Баҳром Иноятзода пеш аз муҳлат шартан озод шудааст ва бояд зуд-зуд рафта ба мақомот аз худ ва ҷои истиқоматаш хабар диҳад.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи минтақаи Кӯлоб 20-уми ноябри соли 2020 Баҳром Иноятзодаро бо 6 модда, аз ҷумла моддаҳои 314 қ.2, 319 к.4, б. «а,в,г», 245 қ.2, б. «а,б,ғ», 247 қ.4, б. «б», 3381 К. 2, б. «в» , 262 қ.З, «б» КҶ ҶТ ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба суистифода аз мансаб ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор дониста буд.

Баъдан, моҳи январи соли 2021 Додситонии кулли кишвар нисбати Баҳром Иноятзода иттиҳоми нав эълон кард. Ин бор ӯро ба он муттаҳам карданд, ки гӯё “беш 2 миллион сомониро бо роҳи ҷиноят ба даст оварда” барои худ бунгоҳи шахсии тиббӣ сохтааст.

Он замон Додситонии кул дар сомонаи расмияш навишт, ки: “Иноятзода Баҳром аз 6 майи соли 2019 дар вазифаи иҷрокунанда ва минбаъд раиси шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ба иҷрои корҳои сохтмонии МИХД шаҳри Кӯлоб ғайриқонунӣ аз ҷониби гуруҳи ашхос аз 13 нафар сокинони шаҳр маблағҳои пулӣ ба сифати пора гирифта, бо роҳи содир кардани ҷиноятҳои азонихудкунӣ даст ба тасарруфи маҳсулотҳои хайриявӣ ва бо роҳи фиреб даст ба тасарруфи амволҳои шаҳрвандон зада, бараъло бо роҳи ҷиноят даромад ба даст овардааст”.

Додситонӣ гуфта буд, ки “Иноятзода Б. бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани маблағҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст овардааст, дар ҷои манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Р.Абдушукурова, хонаи №28 Маркази тиббии хусусӣ ба маблағи 2 317 994 сомонӣ бунёд кардааст.”

Худи Иноятзода ва наздиконаш дар пайи зиндонӣ шудани ӯ аз ҳукми додгоҳ норозӣ буданд. Он замон ҳамсари Иноятзода ба расонаҳо гуфта буд, ки шавҳараш 37 соли умри худро сарфи корҳои давлатӣ кард натиҷааш 12 сол паси панҷара шуд.

Иноятзода дар мансабҳои раиси шаҳри Истаравшан, вакили Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст. Замони раиси шаҳри Истаравшан фаъолият карданаш, бо адешаҳои зидду нақизаш нисбати диндорон дар ҷомеа шинохта шуда буд. Ӯ он замон гуфта буд, нафароне, ки ба масҷид мераванд бо ақидаи солим берун намеоянд.

Иноятзода моҳи феврали соли 2019 моликони ширкати “Комил-2010”, мансуб ба писари Бег Сабур, собиқ раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид карда буд. Ҳамчунин ӯ Бег Сабурро ба хотири пардохт накардани қарзҳои давлатӣ “Хоҷа Аҳрори Валӣ” ном ниҳода буд, ки баъзе коршиносон ва ҳамтто корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир ва зиндонӣ шуданашро натиҷаи он танқиди сахташ аз қудои раисҷумҳур дониста буданд.