26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 240

Фоҷеа: беш аз 130 кушта ва захмӣ

0

Бар асари сонеҳаи хурӯҷи бархе вагонҳои қатора аз роҳи оҳан ва чапа шудани онон беш аз 30 нафар кушта ва зиёда аз 100 каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 6-уми августи соли 2023 дар масири Карочӣ-Эбитободи Покистон дар минтақаи Навобшоҳ бар асари як сониҳаи нақлиёти роҳи оҳан зиёда аз 130 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Мақомоти покистонӣ ба расонҳо гуфтаанд, ки ҳама қурбониёни ин ҳодиса ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд. Қатора бо “суръати одӣ” дар роҳ ҳарак мекард. Аммо чӣ боис шуда, ки ин ҳодисаи маргбор гух диҳад, таҳқиқот муайян мекунад.

Дар аску наворҳои интишоршуда аз ҷои ҳодиса низ дида мешавад, ки баъд аз вуқӯи он мардумони зиёде ҷамъшуда ба кумак осебдигагон машғул ҳастанд.

Инчунин дар наворҳои нашршуда аз ҳодиса нишон дода мешавадд, ки хеле аз мусофирон қабл аз он, ки мақомоти кумакрасон ба ҷои ҳодиса бирасанд талош доранд, ки худ ва ҳамсафарони худро аз ин дохили вагонҳо хориҷ кунанд.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе даст ба даст мешавад, ки нишон медиҳад, роҳсозон қитъаҳои роҳи оҳанро, на бо метал, балки бо тахтачӯбҳо бо ҳам васл кардаанд ва муаллифони навор иддаъо доранд, ки яке аз сабабҳои асосии ин сониҳа дар ҳамин тахтачӯбҳои васлшуда аст.

Гуфта мешавад, ин садамаи маргбор дар 275 килемотрии шаҳри Карочӣ, маркази иёлати Синди Покистон рӯх додааст. Дар вақти ҳаракати қатор 8 вагон аз хати роҳи оҳан хориҷ шуда, чаппа шудаанд. Хеле аз корбарон ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Синдро ба камтаваҷҷӯҳӣ ба мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла роҳи оҳан ва қатораҳои мусофиркаш дар он муттаҳам мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки Покистон шоҳиди чунин садамаҳои пурқурбонӣ дар роҳҳои оҳани худ мешавад, балки ба гуфтаи коршиносон, бар асари заъфҳои низоми мусофиркашонӣ аз тариқи роҳи оҳан дар дасти кам ду даҳсолаи ахир борҳо анҷом шудааст

Тағйироти кадрӣ дар нерӯҳои марзбонӣ

0

Дар бархе сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 7-уми августи соли 2023 бо фармони Президенти Тоҷикистон дар ниҳодҳои раҳбарии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тағйироти кардӣ баргузор шуд.

Бар асоси ин тағйироти кадрӣ, дар курсиҳои “муовини якум-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовинони Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои воҳиди мазкур” тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Инчунин дар рафти ин ҷойивазкуниҳо “сардорони отрядҳои сарҳадии вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд ва дигар воҳидҳои сохтории Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ” ҳам тағйири вазифа карданд.

Гуфта мешавад, Қушунҳои сарҳадӣ як ниҳоди ҷудо аз Вазорати мудофиа буда, рисолати асосии он таъмини анимият дар марзҳо ва ҳифзи сарҳадот дониста мешавад. Аз нигоҳи сохторӣ Қушунҳои сарҳадӣ як ниҳоди зертобеи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст. Аммо ҳамагуна тағйироти асосӣ дар дохили ин ниҳодро на раиси Кумита, балки Президенти Тоҷикистон анҷом медиҳад. Президент касеро салоҳ бидонад дар сохторҳои раҳбарии он ба вазифа таъйин мекунад ва касеро ҳам нахоҳад аз вазифа барканор мекунад.

Кӯлоб: беш аз 20 нафар кушта ва захмӣ

0

Теъдоди ҷонбохтагони садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб ба 11 нафар расида, ки аз ин ҳисоб се нафари онҳо занони аз 49 то 59-сола, як ноболиғи 14-сола ва боқимонда ҷавонони то 26-сола мебошанд.

Бино ба иттилои сомонаи Halva.tj дар миёни 11 нафар ҷонбохтагони садамаи маргбори шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб Аминҷони 20-сола ва арӯсаш, ки дар ин рӯз тӯй доштаанд, низ будаанд.

Акс аз Halva.tj

Онҳо вақти баргашт аз хонаи арӯс зери мошини боркаши Дулан монда, дар натиҷа шаҳу арӯс ва се тан ҷавони дигар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин дар пайи ин ҳодиса хонаи истиқоматии онҳо низ осеб дидааст.

Дар ҳамин ҳол сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон бо нашри изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон сабаби ин ҳодисаи маргборо “нуқси техникии мошини боркаш” номида, гуфтааст, ки дар натиҷаи он 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд.

Инчунин, президент Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудаҳо изҳори ҳамдардӣ карда, ба ниҳодҳои давлатӣ дастур додааст, ки ба оилаҳои қурбониён кӯмаки моддӣ расонанд ва хонаҳои зарардидаро низ барқарор намоянд.

Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Рустамов, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб рӯзи 7-ум август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари ин садама 8 нафар дар ҷойи ҳодиса ва 2 нафари дигар дар беморхона ҷон бохтанд, ки миёнашон як кӯдак ҳам ҳаст.

Ба гуфтаи ӯ, 11 нафари дигар захмҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ ҳастанд ва вазъи ду нафар аз захмиён низ вазнин арзёбӣ мешавад.

Инчунин, сабабгори садама Шуҳратҷон Эргашов, ронандаи 37-солаи мошини борбари “Дулан” ҳам дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аммо бархе сокинони шаҳри Кӯлоб ва шоҳидон шумораи қурбониёни ин ҳодисаи нохушро бештар аз омори ироа кардаи мақомот мегӯянд.

Ёдовар мешавем, ки соати 19:30-и шоми 6-уми август дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб-Хоруғ”, воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алӣ дар назди бозорӣ “Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб садамаи маргбор рух дод.

Шоҳидон мегӯянд, як мошини боркаш аз тарафи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд ба самти нишебии роҳ поён шуда, дар назди бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат мекунад ва чандин мошинро пахш карда, ду манзили зистро ҳам тахриб кардааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон сабаби ба садама дучор шудани мошини боркаши тамғаи “Дулан”-ро аз кор мондани “тормоз” номидааст. Ин мошини боркаш пур аз молҳои канселярӣ будааст.

Дар пайи ин садамаи маргбор хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони тоҷик аз мақомот хостаанд, ки имрӯз яъне 7-уми августро “Рӯзи мотами миллӣ” эълон кунанд, вале то мақомти кишвар дар раъси онҳо Эмомалӣ Раҳмон чунин дархости мардумро нодида гирифтаанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

0

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати давлатӣ бо сафари корӣ ба Ишқобод рафт.

Ҳадаф аз сафари раисҷумҳур ширкат дар Нишасти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон гуфта мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмони дар Ишқобод нахуст бо президенти ин кишвар Сардор Бердимуҳамедов ва сипас бо падари ӯ Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов, раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон дидор ва гуфтгӯ кардааст.

Хадамоти матбуоти Тоҷикистон мегӯяд, Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Президенти Туркманистон дар бораи рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо суҳбат карда, бар “зарурати истифодаи имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, Шурои кории Тоҷикистону Туркманистон, ҳамчунин амалияи баргузории форумҳои соҳибкорон” таъкид карданд.

Ҳамзамон сарони давлатҳои сегона дар ин нишасти худ “масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, обу экология, нақлиёт ва дар дигар соҳаҳои мавриди манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.”

Президенти Тоҷикистон, ки ду ҳафта пеш, 19-уми июли соли ҷорӣ бори панҷум Умра карда, ва сипас ба муддати беш аз 10 рӯз аз назари умум ва дурбини расонаҳо дур буд, ин дафъа мисли пешин мӯйи сарашро ранг нокарда ба дидори ҳамтоёни тукрманистонӣ ва узбекистониаш ба Ишқобод сафар кардааст.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он, ки Эмомалӣ Раҳмон дарозумртарин диктатор ва сарсахтарин раҳбарони исломҳарос дар минтақа шинохта мешавад, вале ҳар вақте умра кардааст, баъди он то ҳадди тавон аз тариқи васоити ахбори омма мусалмон будани худро ба намоиш гузоштааст.

Аммо, суол ин аст, акнун, ки Эмомалӣ Раҳмон умраш аз 70 сол гузашта ва ба назар мерасад, ба пирӣ тан додаву ин дафъа бо ранг накардани мӯйҳои сару рӯяш росташро ба мардум гуфтанист, ки вай мӯйсафед гардида ва вақти рафтанаш аз қудрат наздиктар шудааст ё тайи ин ду ҳафта ҳамеша маст будаву пеш аз сафар барои ранг кардани мӯйҳои сару рӯяш вақт наёфтааст, мавзӯи дигар аст?

Имсол ба Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишворӣ бештар ворид шуд

0

Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба ҳудуди кишвар 451,7 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид карда шудааст.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳосорӣ дар нишасти матбуотии худ имрӯз, 4-уми август ба хабарнигорон гуфтанд, ки арзиши 451,7 ҳазор тонна сӯзишворӣ дар умум 320, 5 миллион долларро ташкил карда, ки бо нархи миёна барои як тонна 710 доллар рост меояд.

Ба гуфтаи муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Қурбонзода Сафаралӣ, ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 99,6 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Аз ҷумла, ба дохили кишвар 174,2 ҳазор тонна бензин бо нархи 156,2 миллион доллар, ки барои як тонна 574 доллар рост меояд, ворид карда шудааст. Ва воридоти бензин ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1 ҳазор тонна ё 19,2% зиёд будааст.

Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, дар шашмоҳаи аввали сол ба кишвар 206,1 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 156,2 миллион доллар ва бо нархи миёнаи 758 доллар барои як тонна ворид карда шудааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 ҳазор тонна зиёд мебошад ва нархи миёнаи воридотии он дар моҳҳои июн ва юли соли ҷорӣ нисбат ба моҳҳои январи ҳамин сол ба андозаи 171 доллар ё 19,7% коҳиш ёфтааст.

Аммо дар ин шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 207,8 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 83,7 миллион доллар ва бо нархи миёнаи 403 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 доллар ё 22% коҳиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, аз миқдори умумии гази моеъи воридгашта ба кишвар 73,5% ба Қазоқистон, 24,7% ба Русия ва 1,9% аз Узбекистон рост меояд.

Бо вуҷуди бештар ворид гаштани фаровардҳои нафтӣ ба кишвар, нархи бензину сӯзишвории дизелӣ арзон нашуда, баракс гаронтар шуд.

Фармондеҳи Толибон дар марзҳои Тоҷикистон

0

Раиси Ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Толибон ба манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон рафта, аз марзбонон хостааст, ки “назорат дар сарҳадотро беҳтар” кунанд.

Бино ба иттилои Вазорати дифои Толибон, Фасиҳуддин Фитрат, раиси Ситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Толибон барои тақвияти назорати марзҳои муштараки Афғонистону Тоҷикистон аз чанд минтақаи марзӣ дидан кардааст.

Вазорати дифои миллии Афғонистон бо раҳбарии Толибон мегӯяд, қорӣ Фасиҳуддин Фитрат, раиси Ситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба вулусволиҳои сарҳадии Вохон, Ишкошим ва Зибоки вилояти Бадахшон рафта, бо масъулин дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин дидор, “талошҳои хастагинопазири шабонарӯзии нерӯҳои урдуи исломии миллиро дар ростои ҳифозат аз сарҳадот ва тамомияти арзии кишвар қадрдонӣ намуда, ба дидани қатаъот ва ҷузвутомҳо” рафта, аз наздик бо онҳо шинос шудааст.

Раиси Ситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Толибон аз марзбонони кишвараш хостааст, ки “ҷиҳати барқарории амнияти беҳтар дар сарҳадот” бештар талош кунанд. Ва марзбонони Толибон ҳам гуфтаанд, ки “қотеаона аз сарҳадоти кишвар дифоъ ва ҳиросат менамоянд.”

Гуфта мешавад, талошҳо ва таблиғоти Толибон барои барқарории амнияти бештар дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя дар ҳоле густариш меёбад, ки ахиран бархе мақомоти Покистон, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии он Афғонистонро ба ноамн кардани ин кишвар муттаҳам карданд. Иддаъое, ки сухангӯи Толибон онро радд кардааст.

Воридоти гандуму орд ба кишвар афзоиш ёфт. Оё орд арзон шуд?

0

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ воридоти гандуму орд ба кишвар афзоиш ёфта, нархи орд ҳам нисбат ба аввали сол арзон шуд.

Қурбонзода Сафаралӣ, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷқмҳурии Тоҷикистон 4-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ дар бораи нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар кишвар ва воридоти гандуму орд дар ҳузури хабарнигорон гузоирш дод.

Ба иттилои муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, давоми 6 моҳи аавали соли ҷорӣ ба кишвар 420,5 ҳазор тонна гандум ба маблағи умумии 119,6 миллион доллар ворид шудааст, ки ба ҳисоби миёна 284 доллар барои як тонна рост меояд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,4 ҳазор тонна гандум ё 12,4% афзоиш ёфта, вале арзиши миёнаи он барои як тонна 34,5 доллар коҳиш ёфтааст.

Аммо тибқи омори ироашуда, истеҳсоли гандум дар дохили кишвар 630,7 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба аҳмин давраи соли гузашта 20,8 ҳазор тонна ё 3,4% зиёд мебошад.

Қурбонзода зимни ироаи гузориши ниҳодаш афзуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба кишвари 21,2 ҳазор тонна орд ба маблағи 7,1 миллион доллар бо нархи миёнаи 334,9 доллар барои як тонна ворид гаштааст, ки ин нарх нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,7 доллар ё 5,3% коҳиш ёфтааст.

Дар дохили кишвар 235 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 ҳазор тонна ё 3,3% зиёд мебошад.

Муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, нархи як ахалта орд аз 255-280 сомонии моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ то 225 ва 255 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи умумии нархҳои бозор гуфт, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нархи гушти мурғ 3,8%, сӯзишвории дизелӣ 21,1%, равғани пахта 31,3%, орд бо навъҳои якуму дуюм аз 32 то 37% , гази моеъ 37% коҳиш ёфтааст.

Аммо нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ, гушти гов 7,1%, биринҷ 20%, шакар 15%, бензини навъи 95 17%, бензини навъи 92 17,2%, картошка 24,3% ва сабзӣ 45,6% гарон шудааст.

Ин масъули зиддиинҳисорӣ сабаби гарон шудани картошкаву сабзӣ ва дигар маҳсулотро возеҳ шарҳ надод, вале гуфт, пас аз гузаронидани санҷишҳо дар субектҳои хоҷагидорӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 6,2 миллион сомонӣ ошкор гашта ва ин маблағ ба буҷети давлатӣ гузаронида шудааст.

Ярмаркаи либоси мактабӣ дар Тоҷикистон шуруъ шуд

0

Дар шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши либос ва лавозими мактабӣ оғоз шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Гуфта мешавад, ин ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ аз 1-уми августи соли ҷорӣ шуруъ шуда, то 31-уми ҳамин моҳ идома хоҳад кард.

Ярмарка бо ҳадафи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либос ва лавозимоти мактабӣ ва бо риояи қоидаҳои беҳдошт баргузор карда мешавад”, – гуфтааст манбаъ.

Ҳамчунин зикр шуда, ки ин намоиши фурӯши лавозими мактабӣ барои донишомӯзон бо фармони шаҳрдор Рустами Эмомалӣ дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Ҳамасола бо фаро расидани оғози соли хониш масъалаи харидани либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон ва хусусан дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ба яке аз баҳсҳои доғ мубаддал мешавад.

Як манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш ба Azda tv гуфт, “4 фарзандам дар мактаб мехонанд, ҳоло барои либосхарӣ аз мактаб моро маҷбур доранд, ки рафта аз як мағозае, ки хеле гаронфурӯш аст ва нархи он нисбат ба бозор фарқ мекунад, рафта ҳамаи либосҳоро бихарам ва расидашро оварда ба дасти масъулони мактаб супорам. Дар акси ҳол, аз дигар ҷо харидан бароям мушкилсоз мешудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз Вазорати маориф илми Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки волидайн дар хариди либос барои фарзандҳояшон озоданд ва касе ҳам ҳақ надорад онҳоро маҷбур созад, ки либосҳоро аз мағозаи махсус рафта бихаранд.

Вале боз ҳам дида мешавад, ки дар ин соҳа касе аз мақомоти дахлдор назорат намебарад ва дида мешавад, ки ин мушкилӣ бо фарорасии соли нави хониш боз сар задааст.

Ба гуфтаи бархе огоҳани умур, ин як роҳи пулкоркунии директорони мактабҳост, ки онҳо бо соҳибкорони махсус машварат карда, сари ҳар либос ҳам соҳибкор ва ҳам мудири мактаб фоидаи зиёд ба даст меоранд. Онҳо фоидаи худро мади назар дошта, он зарареро, ки ба буҷаи хонаводаҳои камбизоат ворид месозанд, барояшон муҳим нест.

Марги як ронандаи мошини боркаш дар Аврупо

0

Дар шаҳри Зебрюггеи Белгия як ронандаи зодаи Тоҷикистон зери мошини боркаши худаш монда, ҷон бохтааст.

Субҳи 30-юми июли соли ҷорӣ, дар таваққуфгоҳи мошинҳои боркаш дар наздикии дарёи Кививег дар бандари Зебрюггеи Белгия ҷасади марде дар зери мошини боркаш пайдо шудааст. Гарчанде кормандони ёрии таъҷилӣ ба ҷои ҳодиса рафтаанд, аммо дер шуда буд.

Бино ба иттилои расонаҳои аврупоӣ, ин ронанда марди 39-солаи зодаи Тоҷикистон буда, вақти иваз кардани ронандаи дигар ва қабули мошини боркаш, дар он нуқсонеро пайдо мекунад ва мехоҳад ин мушкилиро худаш бартараф кунад, аммо зери мошин монда ҷон медиҳад.

Дар ҳамин ҳол як ронандаи мошини боркаш дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки ин марди фавтида дар як ширкати литовии “Bleiras logistics” ҳамчун ронанда кор мекад ва он рӯз баъд аз қабули мошин аз ронандаи дигар, мехост чархи мошинашро иваз кунад, аммо зери он монда, ҷон бохт.

Ба гуфтаи ин ронанда, вақте дар мошинҳои боркаш мушкиле пайдо мешавад, набояд ронандагон худашон ин мушкилиҳоро бартараф кунанд ва бояд пеш аз ҳама ширкатеро ки дар он кор мекунанд хабардор кунанд ва мунтазири расидани кумак бимонанд.

Инчунин ҳамсуҳбати Azda.tv мегӯяд, ки аксар ронандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистон бо қоидаҳои кор дар Аврупо ошно нестанд ва ин боиси сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш мегардад.

Бо пайдо шудани маълумоти бештар хабар такмил мешавад.

Афзоиш талабот ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон

0

Оморҳои расмӣ ҳикоят аз он доранд, ки тайи ду соли ахир талабот ба маводи мухаддир дар “бозорҳои сиёҳ”-и Тоҷикистон ба сурати камсобиқа зиёд шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 2-юми августи соли 2023 Ҳабибулло Воҳидзода, деректори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ба расонаҳо гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ “мусодираи маводи нашъаовар, аз ҷумла афюн – 50,3 фоиз, ҳашиш – 15 фоиз, бангдона – 51 маротиба, моддаҳои психотропӣ дар намуди хока 4,4 ва ҳабҳои синтетикӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ба қавли ӯ, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ “391 (2022 – 384) ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор” аз ҷониби мақомоти қудратӣ сабт шудааст ва аз ин ҳисоб 69 адади онҳо аз ҷониби ниҳоди зертобеи ӯ ошкор карда шудаанд.

Агнетии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли ахири интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби Афғонистон ба Тоҷикистон низ афзоиш доштааст. Ҳабибулло Ваҳидзода таъкид карда, ки “дар соли 2020, қабл аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон 2,4 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шуда буд. Аммо дар соли 2021 то 4 тонна расид ва дар соли 2022 ин рақам ба 5 тонна наздик шуд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ низ мусодира ва кашфи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир афзоиш ёфтааст.

Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки агар талабот дар бозор зиёд набошад, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ҳам афзоиш намёбад. Аммо вақте ниҳоди ваколатдор аз афзоиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир хабар медиҳад, маънои онро дорад, ки таваҷҷуҳ ба ин маҳлусот дар “бозорҳои сиёҳ” хеле зиёд аст ва он чи дар оморҳо гуфта мешавад, камтар аз 50 дарсади маҳсулоти бозор аст.

Назорати давлатии марзҳои Тоҷикистон ба дӯши Нерӯҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст. Бидуни ҳамкорӣ ва ё зери назари КДАМ интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир кори сахт аст. Дар гузашта борҳо кормандони ин ниҳод ва дигар мақомоти қудратӣ ба даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир муттаҳам шудаанд. 27-уми апрели соли ҷорӣ Комрон Раҷабзода, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Хоруғ низ бо иттиҳоми даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир кушта шуда буд.

Тибқи оморҳои расмӣ айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазору 183 нафар нашъаманд дар қайди давлатӣ мебошанд, ки аз ин ҳисоб 103 каси онҳоро занҳо ташкил медиҳанд.