13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 262

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

0

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 27-уми майи соли 2023 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона байни марзбонони эронӣ ва афғонистонӣ дар Нимрӯз се нафар, аз ҷумла ду марзбони эронӣ ва як сарбози афғонистонӣ кушта ва беш аз 100 нафари дигар маҷруҳ шудааст.

Танишҳои лафзӣ ва физикие, ки ахиран байни раҳбарони эронӣ ва афағонистонӣ доманаи онҳо фаротар аз маҳдудаи сиёсатҳои ҳусни ҳамсоядорӣ густариш пайдо кардааст, на танҳо ин ду кишвар, балки то ҳадде кишварҳое минтақаро низ зери таъсири худ қарор додааст.

Ҳафтаи гузашта Президенти Эрон зимни як сафари худ ба устони Сиистон ва Балучистони ин кишвар аз тариқи расонаҳо ба ҳокимони Афғонистон ҳушдор дода гуфт: “Ман дорам ахтор (ҳушдор) мекунам ба масъулин ва ҳокимони Афғонистон, ки ҳаққи оби мардуми Сиистон ва Балучистонро бидиҳанд…” Ин ҳушдорҳои раиси ҷумҳури Эрон ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон ҳам бо баёни он ки дар робита ба камобӣ дарди мардуми устони Сиистон ва Балучистони Эронро дарди мардуми худ медонад ва дилашон ба онҳо низ ба андозаи мардумони вилоятҳои Нимрӯз ва Фароҳ месӯзад, гуфт: “Дар робита ба Ҳаққобаи Эрон Иморати исломии Афғонистон ба мувофиқатномаи соли 1351 ҳиҷрӣ шамсӣ мутааҳҳид (пойбанд) аст. Вале хушксолие, ки дар Афғонистон ва минтақа ҷараён дорад, низ набояд аз мадди назар дур андохта шавад.”

Аз сӯи дигар, давлатмардони низомӣ ва соҳибони қарор дар марзҳои муштараки ду кишвар ҳам дар ин росто ором набуданд, балки ҳар ду ҷониб бо вокунишҳо ва аксуламалҳои худ барои заминагузорӣ ба як ҷанги тамомъайёр афсарону сарбозонро дар Эрон ва Афғонистон омода мекарданд.

Ҳамзамон Абдурраҳмон Умарзиҳӣ, яке аз рӯҳониҳои эронӣ ҳам, навори суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд дасти ба даст мешавад, ки дар вокуниш ба ҳушдори Иброҳим Раисӣ ба Толибон мегӯяд: “Оқои раиси ҷумҳур, адабиёте Шумо дар қиболи ҳокимони Афғонистон ба кор бурдед, комилан иштибоҳ ва нодурусте буд. Адибиёти холӣ аз усулу завобит буд, адабиёти ба дур аз саводу дониши рӯз буд”. Вай мепурсад, “оқои раиси ҷумҳур чаро одат кардаед, ки бо мардум зӯр бигӯед, бо ҳамсояҳо зӯр бигӯед, бо дунёи хориҷ зӯр бигӯед? Шумо як раиси ҷумҳур ҳастед ва ба намояндагӣ аз ҳама мардуми Эрон суҳбат мекунед, на қозӣ, ки бо зӯр гуфтан ҳамаро муттаҳам кунед!”

Хеле аз расонаҳои мансуб ба Эрон ва Афғонистон ҳам дар таҳрики афкори умум ва омодасозии онҳо барои ба вуҷуд овардани ҷанг аз забони коршиносон ва таҳлилгарони худ саҳмгузорӣ карданд. Бархе аз ин коршиносон ва таҳлилгарон бо бартар нишон додани тавоноиҳои артиши Эрон то ҳадде тавонистанд, ки ангезаи ҷангталабӣ дар мардуми Афғонистонро, ки тайи 44 соли ахир ноором аст, аз нав бедор кунанд.

Кори ин “даъвоҳои обталабии Эрон” ва “худамон оби камтар дорем”-и Афғонистон то ҷое кашида шуд, ки тавре дар наворҳо дида мешавад, ҳар ду ҷониб вориди набард ва даргириҳо шуданд ва дар натиҷа дасти кам ду сарбози эронӣ ва як сарбози афғонистонӣ кушта ва даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Аммо аз сӯи дигар, бархе коршиносон бар ин назаранд, ки чун дар ҳоли ҳозир ҳам давлатмардони ҳоким дар Эрон ва ҳам ҳокимони феълии Афғонистон, ки иттиҷоҳоти мухталифи мазҳабӣ ва эътиқодӣ доранд, ба хотири ба дигар сӯ бурдани таваҷҷуҳ ва афкори мардум аз мушкилоти дохилиашон ба роҳандозии чунин задухӯрдҳои идорашаванда дар марзҳо ниёз доранд.

Ба гуфтаи онҳо, баҳси дуруст идораи кардани об дар минтақа ҷои худаш, вале дар ҳоли ҳозир ба сабаби ин гуна ҷангҳои идорашаванд то андозае муттаҳид кардани афкори омма барои ҳокимони ҳарду кишвар муҳимтар аст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

0

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд. 

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки бо талоши зиёди фаъолон, ҳомии ҳуқуқ аз Украина Анвар Деркач ва вакили дифои лаҳистонӣ тавонистанд дар охирин лаҳза монеи истирдоди ин паноҳҷӯ дар Фурӯдгоҳи Варшава шаванд. 

Бино ба иттилои Бобоев, қазияи Сорбон Абдураҳимзода ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страссбург рафта буд ва додгоҳ аз мақомоти Лаҳистон хоста буд, ки ӯро то анҷоми баррасии шикояташ истирдод накунанд.

Қарор аст рӯзҳои наздик яке аз Додгоҳҳои Лаҳистон қазияи Сорбонро аз нав баррасӣ бикунад. 

Пӯлодҷон Абдураҳимзода, падари Сорбон Абдураҳимзода, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар сурати истирдод фарзандашро дар Тоҷикистон “азияту шиканҷа ва эътирофи маҷбурӣ ба гуноҳи нокарда” ӯро интизор аст.

Гуфта мешавад, Сорбон Абдураҳимзода бо хонаводааш дар Украина зиндагӣ мекард ва баъди ҳамлаи Русия ба Украина моҳи феврали соли 2022 ба Лаҳистон паноҳ овард. 

Вале ҳангоми вуруд ба қаламрави Лаҳистон маълум шудааст, ки исми Сорбон Абдураҳимзода дар рӯйхатти Интерпол қарор дорад ва ба ин далел, ӯро дастгир карданд ва аз ҳамон вақт ӯ дар як боздоштгоҳи муҳоҷирон қарор дошт.

10-уми июни соли 2022 додгоҳи минтақаи Пшемишли Лаҳистон ҳукми истирдоди шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро таъйид ва ба истирдоди ӯ раъй дода буд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ надодаанд, ки чаро Сорбон Абдураҳимзодаро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд. Аммо падараш мегӯяд, ки мақомот ӯро барои гуё “лайк”-гузорӣ дар зери навори мухолифон ва пайравӣ аз он муттаҳам кардаанд. Чизе, ки ба гуфтаи падари Сорбон “асос надорад”.

Пештар аз ин Сорбон дар Украина ҳам боздошт шуда буд, вале Украина аз истирдоди ин паноҳҷӯи тоҷик ба Душанбе худдорӣ карда буд.

Ҳомии ҳуқуқ Анвар Деркач моҳи июни соли гузашта дар суҳбат ба Azda.tv гуфта буд, ки Сорбон Абдураҳимзода аз ҷониби мақомоти тоҷик ба иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои ифротии ДИИШ ва “Алқоида” дар пайгард қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта баъд аз ихроҷи чанд паноҳҷӯи тоҷик аз Аврупо ба Тоҷикистон ҳамаи онҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Аз ҷумла, соли 2020 додгоҳе дар Утриш Ҳизбулло Шовализодаро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд ва ӯро дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. 

Инчунин моҳи январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди узви аршади ҲНИТ Шамсиддин Саидовро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва дар Тоҷикистон ӯ барои 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон

0

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 29-уми майи 2023, ба муносибати пирӯзӣ дар даври дуюми интихоботи президентӣ дар Туркия Эмомалӣ Раҳмон ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон “барқияи шодбошӣ” фиристодааст.

Президенти Тоҷикистон бо ирсоли ин барқияи шодбошиаш ба унвони Президенти Туркия гуфтааст: “Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Туркия табрик ва таҳният гуфта, таманниёти неку самимии худро мерасонам.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар 8 давра аз номзад шудан ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон дар интихоботҳои ношаффоф иштирок ва ба қавли нозирони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз тариқи тақаллуб ва дуздии овозҳо ба сурати ҳамеша дар даври якуми интихоботҳо бо “гирифтан”-и беш аз 83 овозҳо қудратро соҳиб шудааст, дар ин барқияи худ мегӯяд: “Натиҷаҳои ин чорабинии муҳими сиёсӣ боз як далели эътимоди ҷомеаи Туркия ба Шумо ва аз ҷониби он ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати созандаатон мебошад, ки ба рушди пойдори кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст.”

Дар ин раванд, нахуст амири давлати Қатар ва баъди он раиси Ҳизби наҳзати исломии Тунис аз дохили зиндон ва сипас сарону кишварҳо ва шуморе аз раҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ва ғайриисломӣ, Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва ғайра баъди эълони натиҷаҳои интихоботӣ паёмҳои табрикотии худро унвонии Эрдуғон фиристоданд.

Гуфта мешавад, даври дувуми интихоботи президентӣ дар Туркия якшанбеи дирӯз, 28-уми майи соли 2023 баргузор шуд ва дар ин давра Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо касби беш аз 52 дарсади оро дар баробари рақибаш Камол Кличдоруғлу баранда шуд.

Эрдуғон бори дигар президенти Туркия интихоб шуд

0

Раиси Комиссияи олии интихобти Туркия Аҳмад Янор дар интихоботи президентии кишвараш Раҷаб Тайиб Эрдуғонро баранда эълон кард.

Дирӯз, 28-уми май дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ байни номзади эътилофи “Ҷумҳур” Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва эътилофи “Миллат” Камол Қличдоруғлу баргузор шуд.

Пас аз шумориши 99.85% сандуқҳои раъй, Аҳмад Янор бо баргузории нишасти матбуотӣ дар Анқара пеш аз эълони натиҷаи ниҳоӣ аз пирӯзии Эрдуғон хабар дод.

Бино ба гуфтаи раис Комиссияи олии интихоботи Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар дохил ва хориҷи кишвараш 52.16 дарсад ва рақиби ӯ Камол Қличдоруғлу 47.84 дарсади ороро касб карданд.

Аммо ба таври ҷудогона дар хориҷ аз Туркия 59.39 дарсади интихобкунандагон ба раисҷумҳури феълӣ ва 40.61 дарсад ба номзади эътилофи “Миллат” овоз доданд. Дар дохили кишвар бошад, Эрдуғон 51.91 дарсад ва Камол 48.09 дарсади овозҳоро касб карданд.

Бино ба иттилои Комиссия олии интихоботи Туркия, шумораи интихобкунандагон дар кишвар беш аз 60 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки дар умум 85.71% онҳо дар интихоби президенти ояндаи худ ширкат карданд.

Даври якуми интихоботи президентии Туркия рӯзи якшанбе, 14-уми майи соли ҷорӣ баргузор шуда буд. Дар он Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз эътилофи “Ҷумҳур” 49.52%, Камол Қличдоруғлу аз эътилофи “Миллат” 44.88%, Синон Уғон аз эътилофи ОТО 5.17% ва Муҳррам Инҷе, ки як рӯз пеш аз интихобот номзадияшро пас гирифта буд, 0.43%-и овозҳоро ба даст оварда буданд.

Синон Уғон 22-уми май зимни нишасти матбуотие хабар дода буд, ки рӯзи 28-ум аз Эрдуғон ҳимоят хоҳад кард.

Аксар таҳлилгарон бар ин назар буданд, ки пуштибонии Синон Уғон, ки беш аз 2,8 миллион нафар ба ӯ овоз дода буд, аз яке ин ду номзад – Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Камол Қличдоруғлу метавонад нақши калидӣ дар интихоботи президентӣ ва онядаи кишвараш дошта бошад.

Хуршед Фозилов барои 7 сол равонаи зиндон шуд

0

Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Хуршед Фозиловро барои 7 сол равонаи зиндон кард. 

Бино ба иттилои “Asia-Plus” мурофиаи дувум ва охири додгоҳии ин рӯзноманигор имрӯз, 26-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бо ширкати наздиконаш баргузор гардидааст. Худи ӯ ва пайвандонаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Дар мурофиаи аввал, яъне дирӯз додситон барои Хуршед Фозилов 7 солу 6 моҳ зиндон талаб карда буд. 

Маълум нест ин рӯзноманигори тоҷик дар рафти мурофиаҳои додгоҳӣ чӣ гуфтааст, аммо вакили дифоаш Анвар Бобохонов гуфта буд, ки иттиҳом нисбати зерҳимояааш беасос аст ва аз додрас хостааст, ки ин рӯзноманигорро аз толор озод кунад.

Пештар аз ин модари рӯзноманигор аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт шуд. 

Баъд аз боздошт мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар донистанд. Аммо худи Фозилов иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт. 

Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо вакилаш гуфтааст, мақомоти амниятии кишвар ӯро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран шоҳидӣ додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кард. 

Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯбҳо дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад.

Мақомоти Русия шаҳрвандони тоҷикро бо ваъдаи пул ба ҷанг даъват мекунанд

0

Муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия мегӯянд, мақомоти ин кишвар бо роҳҳои гуногун барои онҳо даъватнома фиристода, бо ваъдаҳои зиёди пулӣ онҳоро барои ҷанг ба Украина ҷалб мекунанд.

Ба дасти Azda tv аксе аз ин даъватномаҳои мақомоти Русия расид, ки муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ин номаҳора тариқи Почта чанд маротиба шуда, ки дарёфт мекунанд. Дар ин номаҳо барои иштирокчиёни чанг моҳона то беш аз 200 ҳазори рубли русӣ (беш аз 2500 доллари амрикоӣ) ваъда шудааст.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, мақомоти Русия ба онҳо гуфтаанд, агар хоҳед пас аз бастани шартнома мо маблағи яксоларо қаблан пешпардохт мекунем. Инчунин мақомот бо ҳар баҳонае ин номаҳоро ба онҳо фиристода, талаб доранд, ки агар ба ҷанг раванд, ҳангоми баргаштан дорои обрӯву иззат ва мавриди эҳтироми мардуми рус қарор мегиранд.

Муҳоҷирон мегӯянд, то чанде пеш мақомоти Русия бо ин услуб мардумро ба ҷанг даъват намекарданд, аммо дар ин авохир ирсоли чунин номаҳо ба хонаҳои муҳоҷирон зиёд шудааст.

Ҳамчунин дар робита ба ин мавзуъ ду рӯз пеш Радиои Озодӣ бо нашри матлабе хабар дода буд, ки мақомоти Русия бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки соҳиби душаҳрвнадӣ ҳастанд, тариқи “Госуслуги” паёмак фиристода, онҳоро мамнуъулхуруҷ кардаанд.

Бархе муҳоҷирони тоҷик аз он шикоят доранд, ки шиносномаи Русия барои онҳо дардисарсоз шудааст. Чун онҳо аз як сӯ ба ҷанг рафтан намехоҳанд ва аз сӯи дигар, аз ин кишвар ҳам берун баромада наметавонанд.

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

0

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе мегӯяд, давоми “камтар аз нӯҳ моҳи барасмиятдарории раводиди муҳоҷиратии ИМА як марҳилаи муҳимеро паси сар кард: 1000 раводиди муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.”

Ба қавли манбаъ, Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба расмият даровардани раводиди муҳоҷиратии ИМА-ро аз 4-уми октябри соли 2022 шуруъ кард. Пеш аз ин раводиди муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон дар Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешуд.

Гуфта мешавад, аксар онҳое, ки раводиди муҳоҷиратии ИМА-ро дарёфт мекунанд, ба хусус шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсару фарзандони худ тарки кишвар карда барои зиндагӣ ба ИМА кӯч мебанданд ва ба ғайр аз онҳо садҳо нафар аз роҳҳои қонунӣ ва ғайриқонунӣ вориди ин кишвар мешаванд ва талош мекунанд то муқими Амрико шаванд.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 45 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд ва дар баробар муҳоҷирати дигар тоҷикистониҳо ба кишварҳои ғарбӣ, ба хусус давлатҳои Амрико, Канада, Бритониё ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо низ тайи чанд соли ахир хеле зиёд шудааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

0

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 25-уми майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё даъват шуда буд, зимни суханоронияш гуфт: “кишварҳои аъзо ва нозирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шарикони анъанавии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва кишвари мо дар асоси дуҷониба бо аксари онҳо робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад.”

Ба қавли манбаъ, Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ҳама кишварҳои узви доим ва нозири ин созмон робитаҳои сиёсӣ ва доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дорад ва танҳо дар соли 2022 ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё “зиёда аз 42 фоизро ташкил карда, қариб панҷоҳ фоизи содироти молҳои истеҳсоли маҳаллӣ ба онҳо рост меояд.”

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русиаш Владимир Путин ба сурати “раҳбари давлати даъватшуда” иштирок ва суханронӣ кардааст, вале дар вақти суханронӣ ба сурати возеҳ ишора накард, ки Тоҷикистон қасди ворид шудан ба ин созмони минтақавиро дорад.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, ин нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё, ки зери раҳбарии Кремлин барномарезӣ ва баргузор гардид, як навъ посух ба нишасти сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” буд, ки чанд рӯз пеш бо раҳбарии Пекин баргузор гардид ва Си Ҷинпин бо ваъдаҳои зиёди иқтисодӣ зери назорат гирифтани кишварҳои минтақаро ба намоиш гузошта буд.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

0
Акс аз архив

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва “рейд”-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ Маркази матбуоти ВКД иттилоъ дод, ки вазири ин ниҳод Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар робита ба латтукӯби беш аз сад донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар Шарқи дури Русия ба ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев барқия фиристода, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки дар таҳқиқи ҳодисаи мазкур мусоидат кунад.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтои русаш таҳқиқ ва холисона баррасӣ намудани “рейд”-ҳои мақомоти интизомии русро алайҳи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ҷӯё шудааст.

Пештар аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар Душанберо даъват намуда, хостори таҳқиқи ҳодисаи мазкур шуда буд.

Пас аз эҳзори сафири Русия ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вокуниши расонаҳои Русия зиёд шуд. Дар аксар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоии Русия гуфта мешуд, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки пас аз соли 1993 соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, бояд шаҳрвандияшон бекор ва худашон ихроҷ шаванд ва ҳамзамон аз мақомоти кишварашон хостори ҷорӣ кадани низоми раводид (виза) байни кишварҳо шуданд.

Дар ҳамин ҳол корбарони тоҷик низ дар посух ба ин дархостҳои расонаҳои Русия вокуниш карда, навиштанд, ки агар қарор аст чунин бошад, аввал Русия бояд пойгоҳи низомии 201-ро, ки дар Душанбе ҷойгир аст ва бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷи ин кишвар гуфта мешавад, аз Тоҷикистон берун када шавад.

Аммо то ҳол вокунишҳои расмии ниҳодҳои давлатӣ дар ин бора нашр нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз ҳафтаи гузашта мақомоти Русия дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар даст ба тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон заданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, ин “рейд”-ҳо бо иштироки ОМОН, кормандони воҳидҳои оперативӣ, Хадамоти амнияти федеролӣ (маъруф ба ФСБ) ва нерӯҳои марзбонӣ баргузор шуда истодааст.

Гуфта мешавад, боздошт ва латтукӯби донишҷӯён ҳам дар пайи ин “рейд”-ҳо субҳи 19 май сурат гирифтааст. Муқомти интизомӣ ва амниятии Русия суҳби барвақт ҳангоми хоб будани донишҷӯён ба хобгоҳ зада даромада, беш аз 100 нафарро боздошт ва бераҳмона латтукӯб кардаанд. Гуфтанист, айни ҳол мақомоти дахлдори ин кишвар вобаста ба қазияи мазкур тафтишотро оғоз кардаанд.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

0

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Дар изҳороти Вазорати мудофиа, ки рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ нашр гардид, гуфта мешавад, ки Маҷидов Аслиддин аввали моҳи апрели соли 2023 аз ноҳияи Рашт ба яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиа ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, рӯзи 13-уми май худро нотоб ҳис намуда, ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ муроҷиат кардааст. 

“Духтури нуқтаи тиббӣ ҳолати беморро ташхис карда, ба ӯ ёрии тиббӣ мерасонад ва волидони сарбозро низ аз вазъи бемории фарзандашон дар ҷараён мегузорад. Волидони сарбоз санаи 14.05.2023 ҳангоми хабаргирии фарзандашон ҳолати ӯро мӯътадил дармеёбанд ва аз командири қисми низомӣ хоҳиш мекунанд, ки ба писарашон рухсатӣ диҳад”,- омадааст дар изҳороти Вазорат.  

Ба иддаои Вазорати мудофиа баъд аз чанд рӯзи ба рухсатӣ баромадан, вазъи саломатии Аслиддин дар хона бад мегардад ва волидонаш ӯро рӯзи 17-уми май барои ташхису муойина ба Маркази миллии тиббии “Шифобахш” мебаранд ва духтурон муайян мекунанд, ки сарбоз ба бемории “Алоими Гийенна Барре” мубтало шудааст. 

Вазорат аз қавли духтари асабшиноси ин марказ Дилафрӯз Қосимова менависад, ки “Вақте мо бо ҳамроҳии мутахассисони соҳа тамоми бадани бемор сар, гардан, қафаси сина, миён ва тамоми ҷойҳои сутунмӯҳраи Маҷидов А-ро муойина карда, томографияи комютерӣ гузаронидем, дар бадани ӯ ягон осору нишонаҳои лату кӯб дида намешуд ва ташхис муайян кард, ки сарбоз Маҷидов Аслиддин гирифдории бемории “Алоими Гийенна Барре” мебошад”. 

Ба гуфта духтур “Ин беморӣ асосан аз вайрон гардидани иммунитет вобастагӣ дорад ин бемории илтиҳобию сироятиву автоиммунӣ мебошад, ки дар натиҷаи худ ба демиелинизацияи торҳои асаби канорӣ оварда мерасонад”.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми майи соли ҷорӣ Azda.tv хабареро нашр кард, ки дар он аз латтукӯби бераҳмонаи сарбоз Маҷидов Аслиддин аз ҷониби ҳамхидматонаш ва дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ётани ӯ гуфта мешуд. 

Инчунин дар шабаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, Аслиддин зери дастгоҳи нафаскашӣ дар бемористон қарор дорад.

Вазорати мудофиаи кишвар дар ҳоле хабари латтукӯби ин сарбозро рад мекунад, ки корбарон мегӯянд, Маҷидов Аслиддин бо хоҳиши худ ба артиш рафта буд ва дигар сарбозон ё ҳамон “дембел”-ҳo ӯро таҳқир намуда, гуфтаанд, ки “Ту боз бо хоҳиши худат ба хидмат меоӣ?” ва бераҳмона латтукӯб кардаанд. 

Бино ба иттилои манбаъ, баъд аз ин ҳодиса дар аввал пайвандонашро хабар накарда буданд, аммо чун вазъи саломатии ин сарбоз бисёр бад шуд, ба наздиконаш гуфтаанд, ки “аз тарс бемор шудааст”. 

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъд аз нашри навори зери дастгоҳи нафаскашӣ будани Аслиддин ва хабари латтукӯб шуданаш мақомоти интизомии кишвар ба пайвандон ва табибони бемористон фишор овардаанд. Аз онҳо хоста шудааст, ки ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ин хабарро нашр кардаанд, бинависанд ва бигӯянд, ки хабар дурӯғ аст ва талаб кунанд, ки хабару наворро аз сомонаҳо пок кунанд.  

Ин бори аввал нест, ки сарбоз баъд аз латтукӯби шадид дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ба бемористон интиқол меёбад. Аз сабаби ин гуна латтукӯбҳои бераҳмона ҳолати марги ҷавонон низ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хеле зиёд аст. Аммо Вазорати мудофиа дар аксар ҳолатҳо вуҷуди бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбиро рад мекунад ва маргу мири сарбозонро ба беморие рабт медиҳанд ва бо ин роҳ рӯи ҷиноёти сарбозкуширо мепӯшонанд.

Бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар боис шудааст, ки ҷавонон аз рафтан ба хидмат даст мекашанд ва мақомот барои ҷалби онҳо аз усулҳои “облава” ва фишор ба пайвандону наздиконашон истифода мебаранд. 

Коршиносон бар ин назаранд, ки сохтори Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба як тағйиротӣ куллӣ ниёз дорад.