23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 270

Рӯзноманигорони табъидӣ аз мушкилоташон гуфтанд

0

Гурӯҳе аз журналистони табъидии чанд кишвар дар Рӯзи озодии матбуот аз мушкилот ва мавриди фишору саркӯб қарор гирифтан аз ҷониби ҳукуматҳояшонро гуфтанд.

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот Кумитаи миллии матбуоти озод ва донишкадаи журналисткаи Клуби Миллии Матбуот “the National Press Club’s Press Freedom Committee and the Journalism Institute”, ки мақараш дар Вашингтон аст, 4-уми майи соли ҷорӣ нишасти онлайние баргузор кард, ки дар он меҳвари гуфтугӯ мушкилоти рӯзафзуни рӯзноманигорони табъидӣ баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст рӯзноманигорон аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Кабиров, аз давлати Некарагуа Мария Лилли Делгадо, аз давлати Миянмар Сонни Све, аз Кашмири Ҳиндустон Масрат Заҳро ва аз Ҳиндустон Притти Наллу ширкат ва суханронӣ карданд. 

Рӯзноманигорон аз вазъи кунунии кишварҳояшон, саркӯби рӯзноманигорон аз ҷониби ҳукуматҳо, аз мушкилиҳое, ки ҳамарӯза бо он рӯ бу рӯ мешаванд, аз ҷумла аз таҷрибаи раванди паноҳандагӣ ва муҳоҷират, монеаҳо барои вуруд ва гирифтани раводиди корӣ, қарор дар бораи идома додани кори рӯзноманигорӣ ё гузаштан ба кори дигар, мушкилоти пайдо намуда хабар, мушкилоти техникӣ, молиявӣ ва кадрӣ гуфтанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли охир даст ба саркӯби рӯзноманигорон зада чанд тан аз онҳоро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Даҳҳо тан аз рӯзноманигорону блогерони тоҷик маҷбур шуданд Тоҷикистонро тарк кунанд. Аммо бо вуҷуди мушкилоти дигар дар хориҷ, бо таъқиб рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ин аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқ танқид мешунавад.

Клуби Миллии Матбуот “The National Press Club” низ сабабҳои тарки афзояндаи рӯзноманигорон аз кишварҳояшонро саркӯби ҳукумат, таҷовузи хориҷӣ, тарс аз сӯиқасду боздоштҳо ва ғайра номидааст.

Толибон: Ҳаракати Ансоруллоҳи Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ нест

0

Толибони Афғонистон Ҳаракати Ансоруллоҳи Тоҷикистон, ки ахиран ба Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ) тағйир ном карда ва акасари нерӯҳояш дар манотиқи назди марзии Афғонистону ҳузур доранд, гурӯҳи террористӣ намешиносад.

Бино ба иттилои ББС, Амрихон Муттақӣ, ки имрӯз дар Маркази мутолеоти стратегӣ дар пойтахти Покиситон шаҳри Исломобод суҳбат мекард, гуфт, дар Афғонистон ҳатто як гурӯҳи террористӣ вуҷуд надорад.”

Вазири умури хориҷии ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон таъкид кард: “ин ки мегӯянд дар Афғонистон чандин гурӯҳи террористӣ вуҷуд дорад, таблиғотест, ки хилофи мо дар 20 соли гузашта анҷом мешавад. Чанд гурӯҳи террористӣ на, як гурӯҳи террористиро пайдо кунанд, ки нест. Як мадрак ҳам надоранд. Ин ҳама талошҳо барои бадномии мост.”

Амирхон Муттақӣ бо ишора ба ҳузури бархе аъзои Таҳрики Толибони Покистон маъруф ба ТТП гуфта ба онҳо иҷозаи фаъолият аз Афғонистон алайҳи Покистон дода намешавад, “чун ба нафъи мо ва ба нафъи Покистон нест.”

Гуфта мешавад, Вазири умури хориҷии Афғонистон, ки бо бардоштани маҳдудиятҳои муваққатии сафарҳои хориҷиаш аз сӯи Созмони Миллали Муттаҳид дар Покистон ҳузур дорад, ду рӯз пеш аз ин барои ширкат кардан дар Нишасти панҷуми вазирони умури хориҷии кишварҳои Покистону Чин ва Афғонистон ба Исломобод сафар кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Толибон дар ҳоле таъкид мекунад, ки Иморати исломӣ ба ҳеч кас иҷоза намедиҳад аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч кишваре дигар истифода кунад, вале мақомоти Тоҷикистон борҳо иддао кардаанд, ки ҳузури беш аз 10 гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи назди марзии Афғонистон онҳоро нигарон кардааст.

Тоҷикистон мизбони мусобиқоти футболи кишваҳои Осиёи Марказӣ

0

Тоҷикистон барои мизбонии мусобиқоти Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки тобистони имсол дар варзишгоҳҳои кишварамон баргузор мегардад, омода мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 8-уми майи соли 2023, мунтахаби зери 20-солаҳои футболи Афғонистони барои омодагӣ ва ширкат кардан дар мусобиқоти Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ вориди Тоҷикистон мегардад.

Дар ин мусобиқоти минтақавӣ, ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, мунтахаби зери 20-солаҳои футболи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худашон аз кишварҳои минтақа ва Афғонистону Эрон рақобат хоҳанд кард.

Инчунин дар назар аст, ки мунтахаби зери 20-солаҳои футболи Афғонистон, ки имрӯз ба кишварамон сафар мекунанд, муддати 10 рӯзи оянда дар варзишгоҳҳо тамрин мекунанд то тавонанд ба наҳви беҳтар вориди рақобатҳои футбол гарданд.

Гуфта мешавад, ин мусобиқот аз 19 то 29-уми моҳи майи соли ҷорӣ идома ёфта, дар он тимҳои зери 20-солаҳои кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Туркманистону ва Афғонистону Эрон барои ба даст овардани Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ вориди рақобатҳо хоҳанд шуд.

Бузургмеҳр Ёров боз ба утоқи ҷаримавӣ интиқол ёфт

0

Бузургмеҳр Ёров, зиндониии сиёсӣ ва адвокати шинохтаи тоҷик боз ба утоқи ҷаримавӣ ё “картсер”-и Боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. 

Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки бародарош Бузургмеҳр Ёровро мақомоти зиндонҳо 5-6 рӯз пеш ба утоқи ҷаримавӣ интиқол додаанд ва гуфтаанд, ки 15-уми май ӯро аз онҷо раҳо карда, ба утоқи оддӣ мегузаронанд. 

Сабаби ҷазо гирифтани Бузургмеҳр Ёров маълум нест ва адвокаташ ҳам то ҳол дар ин бора ба пайвандонаш ягон маълумот надодааст. 

Аммо Ҷамшед Ёров мегӯяд: “Шояд сабаби ҷазо доданаш ин расонаӣ шудани мактуби ӯ бошад, ки дар бораи ҷинояти мақомоти зиндон навишт. Ва ин ягона роҳе буд, ки мехост ба он дар бораи қазияаш ҷомеаро бо нишон додани ҷиноятҳои коргарони муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и шаҳри Ваҳдат огоҳ кунад”. 

Бузургмеҳр Ёров пештар аз ин чанд маротибаи дигар низ ба утоқи ҷаримавӣ интиқол ёфта буд.  

Мақомоти зиндонҳо мисли ҳамеша чунин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (чорум) бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузаронданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.  

Ин адвокати зиндонӣ дар номаи худ навиштааст, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Дар номаи Бузургмеҳр Ёров аз тафтишот хоста шудааст, ки ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Аммо то куҷо ин дархости Бузургмеҳр Ёров иҷро мешавад, маълум нест. 

Як муфаттиши Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 4-уми май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бидуни зикри номаш гуфтааст, ки парвандаи Бузургмеҳр Ёров махфӣ аст ва онро шарҳ дода наметавонад.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари Бузургмеҳр мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон парвандаи “қаллобӣ” зарурат ба муҳри махфӣ надорад.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

0

Рӯзи душанбе, 8-уми майи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷаи Чин иттилоъ дода, ки раисҷумҳури ин кишвар Си Ҷинпин раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи марказиро ба кишвараш даъват кардааст.

Қарор аст ҳафтаи оняда Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қазоиқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати расмии Си Ҷинпин ба Чин сафар кунанд.

Гуфта мешавад, сафари раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба давлати Чин рӯзи 16-ум майи соли ҷорӣ оғоз ёфта, то 20-уми ҳамин моҳ идома пайдо мекунад.

Аммо дар хабар ҳадаф аз сафар ва ин ки кадом масоили мубрам буррасӣ мешаванд, мушаххас чизе гуфта нашудааст.

Чин барои Тоҷикистон аз сармоягузорони аслӣ ба шумор рафта, беш аз 1 миллард доллар ба лоиҳаҳои бузурги кишвар сармоягузорӣ кардааст.

Ба иттилои бархе коршиносон, дар ин авохир дар пайи тағйири вазъияти сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла ҷанг дар Украина кишвари Чин ба давлатҳои Осиёи Марказӣ тамоюли бештар нишон медиҳад. Ва ҳадаф аз ин кор ҷалби бештари шарикони стратегӣ гуфта мешавад.

Баҳси “Зиёдаравӣ дар дин” дар як семинари илмӣ дар Лаҳистон

0

Дар торихи 6-уми майи соли ҷорӣ гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷики муқими Лаҳистон бо ташкили семинари илмие масъалаи “Зиёдаравӣ дар дин” ва кофир хондани дигаронро баррасӣ карданд.

Рӯзи шанбе аз Намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Лаҳистон ба Azda tv гуфтанд, ки ин семинари илмӣ бо ташаббуси ин ҳизб зери унвони “Зиёдаравӣ дар дин ва хатарҳои он дар ҷомеа” баргузор гардид. Гуфта мешавад, дар ин нишасти илмӣ меҳмонон аз Олмон, Утриш ва дигар кишварҳои аврупоӣ ҳузур доштанд.

Исломҷон Саидов, донишманд ва пажӯҳишгари масоили динӣ, ки ин мавзуъро омода ва пешкаш кард, дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки ҳадаф аз баргузории нишасти мазкур, равшанӣ андохтан ва огоҳ сохтани қишри ҷавон ва ноогоҳи ҷомеа аз андешаҳои такфирӣ мебошад “ва дар ин шабу рӯзҳо зиёд шудани фаъолияти гурӯҳҳои такфирӣ дар байни муҳоҷирон ва хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро ба баргузории чунин маҳфиле водор кард.”

“Аксари ҷавонони мо, мутаассифона, ба хотири набудани як фазои озод дар дохили Тоҷикистон барои ба даст овардани маълумоти динӣ фирефтаи ин гурӯҳҳо мешаванд ва ҳарчи ки ин гурӯҳҳо мегӯянд, онро ҳамчун дин қабул мекунанд. Ва аксари нафароне, ки дунболи инҳо мераванд, нафароне ҳастанд, ки дониши динӣ надоранд ва фиреби ҳарфҳои онҳоро мехӯранд. Инҷост, ки ин заруратро мо эҳсос кардем, агарчи мақолаҳои пароканда дар робита ба ин мавзуъ доштем, вале тасмим гирифтем, ки як чизи нав ва дар як шакли комилтар пешниҳод кунем, ҳам барои муҳоҷирони дохили худи Лаҳистон ва ҳам барои ҳар муҳоҷироне, ки дар Урупо қарор доранд ва инчунин барои худи мардуми Тоҷикистон.”, – мегӯяд Саидов.

Ӯ дар идома афзуд, ки қасд дорад дар оянда бо баргузор кардани чунин маҳфилҳои илмӣ сатҳи дониши динии мардуми тоҷики муҳоҷирро то андозае боло баранд ва нишон бидиҳанд, ки “дини ислом як дини миёна ва осонгир аст, на он дине, ки дар андешаи гурӯҳҳои ифротӣ матраҳ мешавад.”

Дар ин нишасти илмӣ, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ҳузур дошт, зимни суханронияш ин иқдомро “бозгашт ба асли худ” номида, афзуд, ки ҲНИТ фаъолияташро аз огоҳсозии мардум ва равшангароии динӣ дар муқобили хурофот ва бидъатҳо оғоз карда буд ва он давраро аз ҳама давраҳои “пурбаракату пурнатиҷа”-и ҳизбаш хонд.

Кабирӣ дар идомаи суҳбаташ дар робита ба омилҳои аслии кофир хондани дигарон аз ҷониби як гурӯҳ ишора карда гуфт: “Омили аслии такфир дар тафаккури динӣ ва дар қироате аз дин аст. Як қироат ва як бардошти динӣ боис мешавад, ки масъалаи такфир пеш биёяд. Ва касе ҳам, ки такфир мекунад, далилаш аз дин аст ва касе ҳам, ки дар натиҷаи ин такфир қурбонӣ мешавад, ӯ ҳам далил дорад аз дин, ки ман қурбонӣ ҳастам.”

Ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, роҳи ҳал дар ин масъала ин аст, ки “он тарзи тафаккур ва он қироати диние, ки бар муқобили тафаккури такфирӣ аст ва аксарияти мусалмонон ҳам ба он пойбанд ҳастанд, бояд ҷои тафаккури ақаллияти такфириро бигирад“. Ва ба гуфтаи ӯ, ин кор бо баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ ва тарҳи масъала ба шакали васеътар метавонад амалӣ шавад.

Инчунин дар ин нишасти илмӣ назару андешаҳои меҳмонон низ шунида шуд, ки ҳама падидаи “Зиёдаравӣ дар дин” ва бахусус кофир хондани дигар мусалмононро амали номатлуб ва зарарнок бар ҷомеа хонданд.

Тағйироти кадрӣ дар Azda tv

0

Рӯзи гузашта ба муносибати Рӯзи озодии матбуот дар редакасияи Azda tv тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Тибқи қарори ахири ҷалсаи идораи барномаҳои Azda tv, аз рӯзи 3-уми майи соли 2023, Фирӯзи Ҳаит, муҷрии барномаи хабарии “Имрӯз” ҳамчун мудири кулли барномаҳои ин расона интихоб шуд. То ин дам масъулияти ин кор ба дӯши Муҳаммадҷони Кабирӣ буд.

Ҳамзамон масъули бахши русии барномаҳои Azda tv Амир Ҳамза интихоб гардид.

Ҳайти эҷодии Azda tv барои мудири ҷавони барномаҳои расона ва инчунин масъулони тозаинтихоби бахши забони русӣ муваффақияту бурдбориҳоро таманно дорад.

Додгоҳи Душанбе шикояти пайвандони Далери Имомалиро баррасӣ накардааст

0

Зинаи назоратии Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти пайвандони рӯзноманигори зиндонӣ Далери Имомалиро, ки 4 моҳ пеш ба ин ниҳоди қазоӣ пешкаш шуда буд, то ҳол онро баррасӣ накардааст. 

Яке аз пайвандони ин рӯзноманигори зиндонӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки пас аз 10 рӯзи бетағйир гузоштани ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе, онҳо барои бозбинии ҳукм ба зинаи назоратии Додгоҳи шаҳри Душанбе дархост пешниҳод кардаанд. 

Ба гуфтаи пайвандони Далери Имомалӣ, дар муддати 4 моҳ вакили дифоъ ду маротиба ба додгоҳ муроҷиат карда, аз натиҷаи баррасии дархост пурсидааст.

“Ду дафъа ҳам як посух буд: дида мебароем. Рӯзи дақиқро намегӯянд. Намедонем чаро онро баррасӣ намекунанд”, -мегӯяд яке аз наздикони ин рӯзноманигори зиндонӣ. 

Бо вуҷуди ин ҳама ноадолатиҳо ва бетағйир гузошта шудани ҳукми додгоҳу барраси нашудани он, ҳамоно Далери Имомалӣ “ба адолати додгоҳӣ дар зинаҳои болоии додгоҳ бовар дорад ва умедвор аст, ки зинаҳои болоӣ бегуноҳии ӯро эътироф мекунанд”.

Гуфта мешавад, Далери Имомалӣ яке аз 8 рӯзноманигорест, ки соли гузашта дар як амалиёти махсус аз ҷониби мақомоти кишвар боздошт шуда буданд. 

Ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки бештар аз мушкилоти ҷомеа мегуфту менавишт, дар замони фаъолияти блогериву рӯзноманигорияш чанд маротиба мавриди бозпурсии мақомот ва ҳатто лату кӯб қарор гирифта буд. 

Мақомоти кишвар Далери Имомалиро моҳи июни соли 2022 бо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмонҳои мамнӯъ боздошт ва 17-уми октябри ҳамон сол ба 10 сол зиндон маҳкум кард. Аммо худаш дар номае аз дохили боздоштгоҳ ҳамаи ин иттиҳомро рад карда буд.

Борҳо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқ раҳоии Далери Имомалӣ ва дигар зиндониёни бегуноҳро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, аммо мақомомдорони тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида мегиранд. 

Ҳалокати ду корманди давлатӣ дар Дарвоз

0

Аз шаш нафар мусофире, ки дар дохили мошин субҳи 2-юми соли ҷорӣ дар ноҳияи Дарвоз ба ҳалокат расида буданд, ду нафари онҳо кормандони давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз будаанд.

Мақомити иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз мегӯяд, аз шаш нафар мусофире, ки субҳи 2-юми майи соли ҷорӣ дар қалъаи қадимии Карон дар дохили мошини чапа шуда ба ҳалокат расиданд, ду нафари онҳо сокинони ин ноҳия ва кормандони давлатӣ мебошанд.

Ба қавли манбаъ, ин ду нафар, яке Азизхоҷазод Беҳзод, мудири бахши рушди сайёҳии МИҲД-и ноҳия ва дуввумӣ Зиёев Хушқадам, корманди бахши фарҳанги ноҳияи Дарвоз буданд, ки дар натиҷаи чапа шудани мошин ҳамроҳи дигар мусофирон ба ҳалокат расиданд.

Пеш аз ин Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки субҳи “2-юми майи соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Тайота-Рунер”, таҳти идораи Каримов Хумай Хушназарович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар мавзеи таърихии қалъаи Карон, дар баландии кӯҳ, тахминан дар масофаи 1500 метр аз деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз баландии 350 метр ба қафо сарозер шудааст.”

Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфта буд, ки “дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони дохили автомашина: Суяров Ҳасаналӣ Ҷураевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рудакӣ, Тухтаев Бахтиёр Сангинович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Рудакӣ, Макрамшоев Корвоншо Қурбонбекович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ишкошим, Азизхоҷазода Беҳзод Давлатхуҷа, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Дарвоз, Зиёев Хушқадам Хушвахтович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Дарвоз, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”

Гуфта мешавад, бархе шоҳидони ин ҳодиса бо ирсоли чанд акс ба Azda tv гуфта буданд, ки мусофирони ин мошин бо қасди саёҳат ва дидор аз қалъаи Карон ва дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда буданд, вале дар роҳ ба сабаби ин ҳодисаи нохуш ҳамаашон ҷони худро аз даст доданд.

Қарордоди наздик ба ду миллиардаи Қазоқистону Тоҷикистон

0

Қосим-Жомарт Токаев мегӯяд, ки байни Қазиқистон ва Тоҷикистон қарордоде бо маблағи наздик ба ду миллиард доллар ба имзо расидааст ва масъулини ду кишварро зарур аст, ки барои амалӣ шудани он талош кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 4-уми майи соли 2023, Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон дар Остона ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар нишасти Бизнес-Форуме, ки рӯзҳои гузашта баргузор шуд, қарордоде бо маблағи 1 милларду 800 миллион доллар ба имзо расид.

Президенти Қазоқистон таъкид карда, ки ин бисёр як натиҷаи хуб аст ва ба ҳамин хотир ҳукуматҳои ҳар ду кишварро зарур аст, ки барои амалӣ шудани ин қарор талош кунанд.

Гуфта мешавад, Қазоқистон пас аз Чин дуввумин кишварест, ки доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва савдои берунаи Тоҷикистон бо он тавсеа ёфтааст ва тибқи оморҳои расмӣ ҳаҷми доду гирифтҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвар дар соли 2022 ҳудуди 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи сарони давлатҳо, агар ҳамаи имкониятҳои дуруст истифода шаванд, имкон дорад дар ояндаи наздик ҳамҷи доду гирифтҳо аз 2 миллиард доллар ҳам афзоиш ёбанд.