16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 280

Размоиши муштараки Тоҷикистону Эрон

0

Қарор аст нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар якҷоягӣ размоиши муштаракаи низомӣ баргузор кунанд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Тасним“-и Эрон, як ҳайати низомие зери раҳбарии генерал Шараф Эгамзод, ҷонишини Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба Эрон сафар карда, бо ҳамтои эронии худ “дар хусуси чигунагии баргузории размоишҳои мураккаб бо ҳамкории ду кишвар” гуфтугӯ кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин дидор Ҳусейн Валиванд Замонӣ, фармондеҳи Донишгоҳи фармондеҳӣ ва Ситоди артиши Эрон ҳам гуфта, ки “Донишгоҳи фармондеҳӣ ва Ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иртибот бо кишварҳои дӯст ва ҳампаймон, аз ҷумла Тоҷикистон дар тамоми ҳавзаҳо ва бавежа ҳавзаи дифоӣ ва низомӣ истиқбол мекунад ва умедвор ҳастем, ки таъомулоти байни ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.”

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар ҷониби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки омӯзишҳои низомӣ дар Тоҷикистон торихи тӯлонӣ дорад ва чун омӯзишҳои анҷомшуда дар Эрон шабоҳати бисёре бо омӯзишҳои низомӣ дар Тоҷикистон дорад, “умедворем битавонем дар арсаҳои дифоӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо гомҳои хубе бардорем.”

Дар хусуси ин сафар ва вохӯрии расмии намояндагони низомии Тоҷикистон бо намояндагони Эрон то ҳол расонаҳои давлатии Тоҷикистон, бахусус маркази матбуоти Вазорати мудофеи кишвар иттилое нашр накардааст.

Ҳамкории Русия бо Толибон нархҳоро дар Афғонистон коҳиш додааст

0

Вазири саноат ва тиҷорати ҳукумати сарпарасти Толибон мегӯяд, ки мо беҳтарин тиҷоратро бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз ҷумла бо Тоҷикистону Узбекистон дорем.

Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон дар суҳбат бо телевизони миллии Афғонистон гуфтааст, “мо ҳамроҳи Узбекистон, Қазоқистон ва ҳатто Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратӣ дорем”. Ӯ мегӯяд, кишвараш бо Туркманистон ва Русия “дар арсаи маводи нафтӣ беҳтарин тиҷоратро” дорад.

Ба гуфтаи вазири саноат ва тиҷорати ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон “ба ҳама дӯстон маълум аст, ки дар замистон ва ҳоло ҳам мо аз тариқи ҳамон барномаҳое, ки ҳамроҳи кишвари Русия доштем, қимати маводҳои нафтиро контурл мекунем, алҳамду Лиллоҳ, қиматҳо хеле коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки қиматҳои ҷаҳонӣ сарсоновар боло рафтароист.”

Нуриддин Азизӣ дар идома таъкид карда, ки “мо хусусан ҳамроҳи кишварҳои ҳамсояе, ки дар чор тарафи мо ҳаст, як равобити бисёр ҳасанаи тиҷоратӣ дорем. Ҳамроҳи Чин беҳтарин тиҷоратро дорем, ки дар ҳудуди 98 дарсад аз ақломи содиротии Афғонистон бо як миконизми хос ба кишвари Чин ҳам содирот мешавад.”

Гуфта мешавад, аз замоне ки Толибон дубора дар 15-уми августи соли 2021 дар Афғонистон сари қудрат омаданд, то ҳол ҳеч кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст, вале амалан тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо Толибон равобити хуби тиҷоратӣ ва дипломатӣ ҳам доранд. Ин амр боис шуда, ки тибқи омори солонаи мақомоти Толибон, ин кишвар барои нахустин бор дар торихи худ содироташро ба ду миллиард доллар расонид.

Мулоқоти сафирони Риёз ва Теҳрон дар Тоҷикистон

0

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки шоми дирӯз дар меҳмонии ҳамтои Арабистониаш буд, бо нашри чанд акс хушҳолии худро ба намоиш гузоштааст.

Шоми 10-уми апрели соли 2023 Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, “бо даъвати ҷаноби оқои Валид бин Абдурраҳмон Ар-Рушайдон, сафири муҳтарами Арабистони Саудӣ дар зиёфати ифтори эшон ширкат намудам.”

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар идома таъкид карда, ки ин “меҳмонӣ дар фазои самимӣ буд ва гуфтугӯҳои хубе анҷом шуд.”

Дар аксҳои нашршуда, дида мешавад, ки сафирони Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар як миз паҳлуи ҳам нишаста ва дар паҳлӯи рости сафири Арабистони Саудӣ раиси Макази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода низ ҳузур дорад.

Инчунин дар ин миз, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон ва Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломишиносии назди Президенти Тоҷикистон низ ҳузур дорад ва якҷоя ҳама даст ба дуо бардоштаанд.

Гуфта мешавад, бо дидани ин аксҳо ва чеҳраҳои шиносе, ки то чанд рӯзе пеш аз минбарҳои мухталиф алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон “сангпартоӣ” мекарданд, ҷолиб он аст, ки акнун бо баракати сулҳу оштии чинӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ барои ҳокимони Риёз ва Теҳрон ба армуғон овард, Саидмукаррам Абдуқодирзода, Сулаймон Давлатзода ва Файзулло Баротзода, се раҳбари минбарҳои таблиғотии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳам ночор бо сафири Эрон сари як хон нишаста, бо табассумҳои “намакин” ба рӯи якдигар менигаранд.

Мулло Абдулҳаннон ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи вилояти Хатлон мулло Абдулҳаннон Усмонов (Маннонов) – қаҳрамони навори баҳсбаренгез дар шабакаҳои иҷтимоиро барои 6 сол равонаи зиндон кард. 

Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонии 51-сола охири ҳафтаи гузашта баргузор шуда, додрас ӯро бо иттиҳоми даъват ба ифротгароӣ гунаҳкор кардааст.

Вакили дифоъ Саидҷаббор Алиев рӯзи 11-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ эълони ҳукмро тасдиқ карда, аз рафти мурофиа тафсилот надодааст. 

Назари худи маҳкумшуда ва пайвандонаш дастраси расонаҳо нест ва маълум нест, ки оё қасди аз болои ҳукм шикоят бурдан доранд ё не. 

Дар ҳоле Абдулҳаннон Усмонов ба 6 соли зиндон маҳкум мешавад, ки мақомот се моҳ парвандаашро тафтиш кардаанд ва худи ӯ дар ин муддат дар Боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштааст. 

Мақомот то ҳол аз ҷузъиёти парвандаи ин рӯҳонии тоҷик чизе нагуфтаанд. 

Моҳи январи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он ин рӯҳонии тоҷик вориди ҳавлие мешавад, ки дар он туйи домодӣ мегузашт, ӯ дар ҳол монеи рақсу бозии мардум мешавад ва меҳмонони тӯйро аз хона меронад. 

Ин навор баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои итҷимоии тоҷикӣ ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ, тарафадор ва мухолифи ин амал тақсим карда буд.

Дертар маълум гашт, ки Абдулҳаннон Усмонов, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва имомхатиби масҷиди ин минтақа буда, домод бародарзодааш будааст. 

Рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ ВКД-и Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошт ва ҷазо додани ин рӯҳонӣ хабар дода буд. Аммо дар он дақиқ гуфта намешуд, ки мақомот нисбати ин рӯҳонӣ чӣ навъи ҷазоро татбиқ кардаанд.  

Абдулҳаннон Усмонов дар баёноташ гуфта буд, ки аз пеш писари бародарашро огоҳ кардааст, ки тӯяшро бидуни мусиқию рақсу бозӣ, дар чорчӯби тӯйи исломӣ барпо кунад, вале домод ба ин таъкиди ӯ гӯш надодааст.

Дар наворе, ки ВКД нашр кардааст, мулло Абдулҳаннон мегӯяд, ки аз ин амали бародарзодааш асабӣ шуда, худро идора карда натавонистааст ва базми тӯёнаро вайрон кардааст. Ӯ дар идома бахшиш пурсида гуфт, ки “як хато кардем. Умед аст, ки хатои мо ислоҳ мешавад”. 

Аксари корбарон ин амалкарди рӯҳонии тоҷикро кори шахсӣ ва хонаводагии ӯ дониста, боздошт ва зиндонӣ шуданашро аз ҷониби мақомот ғайриқонунӣ медонанд. Ба гуфтаи яке аз корбарон, ки дар суҳбати хусусӣ бо Azda tv дошт, “мақомот дар умури хонаводагӣ ва хусусии мардум набояд дахолат кунад ва агар ин рафтори рӯҳонӣ мухолифи қонун мебуд, бояд бо ҷазои сабуктаре, ба монанди ҷарима озод мешуд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон, ки чанд соли ахир нисбати дигарандешон, бахусус диндорон мавқеи сахтеро пеш гирифтааст, дар андактарин хилофкорӣ шаҳрвандонро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад.”

Фарёди “Марг бар Исроил” дар назди сафорати ин кишвар дар Лондон

0

Рӯзи ҷумъа, 7-уми апрели соли ҷорӣ садҳо нафар аз сокинони Бритониё дар назди сафорати Исроил дар Лондон дар эътироз ба юруиши нерӯҳои исроилӣ ба Масҷиди Ақсо даст ба гирдиҳамоии эътирозӣ зада, шиори “Маркг бар Исроил”-ро сар доданд.

Гуфта мешавад, ин таҷаммӯи эътирозӣ дар назди сафорати Исроил дар Лондон бо тадобири шадиди амниятӣ баргузор шудааст.

Ширкаткунандагон дар ин ҳаракати эътирозӣ бо сар додани шиорҳои зидди саҳюнистӣ ва бо бардоштани парчами Фаластин ҳимоти худро аз мардуми ин кишвар ба намоиш гузоштанд.

Эътирозгарон ҳамчунин аз хомӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ҳамлаҳои бедалели нерӯҳои исроилӣ ба Масҷиди Ақсо ва латку кӯбу боздошти намозгузорони фаластинӣ интиқод карда, хостори вокуниши созмонҳои ҳуқуқӣ бар ин ҳамлаҳо шуданд. Ҳамчунин эътирозгарон аз мақомоти Исроил дархости раҳоии боздоштшудаҳоеро, ки дар ин ҳаводиси ахир асир шудаанд, карданд.

“Вагнер” аз Туркия мехост силоҳ бихарад?

0

Ширкати хусусии низомии “Вагнер”-и Русия барои харидани силоҳ бо Туркия гуфтугӯҳое анҷом додааст.

Рӯзноманигорони “The Washington Post” беш аз 50 саҳифаи санадҳои махфии ифшошудаи Пентагон ва Идораи марказии иктишофии Амрикоро хондаанд, ки дар он гуфта мешавад, дар аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ ширкати хусусии низомии “Вагнер”-и Русия барои харидани яроқ ба ҷангиёнаш дар Малӣ ва Украина бо Туркия – кишваре, ки ба ҳайати НАТО дохил аст, гуфтушунид анҷом додааст.

Дар он гуфта мешавад, ки президенти муваққати Малӣ Ассими Гоита тасдиқ кардааст, ки кишвараш омода аст аз Туркия барои “Вагнер” силоҳ бихарад.

Аз ин санадҳо маълум нест, ки музокирот чӣ гуна анҷом ёфт ва мақомоти Туркия дар бораи онҳо чизе медонистанд ё на. Дафтари матбуоти ҳукумати Туркия ва сафорати Малӣ дар Вашингтон аз шарҳи хабар ба рӯзномаи “The Washington Post” худдорӣ карданд.

Дар санадҳо ҳамчунин мавқеи Чин нисбат ба ҷанги Украина оварда шудааст. Ба ба додаҳои истихбороти амрикоӣ, Чин ҷонибдори харобкории украиниҳо дар Русия аст. Зеро бо ин роҳ НАТО-ро таҷовузгар номида, кумак ба Русияро афзоиш медиҳад.

Дар санадҳо инчунин дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ва озмоишҳои мушакии Куриёи Шимолӣ низ гуфта шудааст.

Инчунин ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ санадҳои махфии ифшошудаи Пентагон дорои маълумоти тактикӣ дар бораи ҷанг дар Украина, аз ҷумла имконоти ҷангии ин кишвар аст. Дафтари президенти Украина ифшои санадҳои махфиро “фотошоп” номид.

Аммо шабакаи телевизионии “CNN” бо такя ба як манбаи наздик ба президенти Украина Владимир Зеленский хабар медиҳад, ки Киев ба далели ифшои асноди махфии Пентагон бархе аз нақшаҳои низомии худро тағйир додааст. 

Чун дар ин санадҳо харитаи амалиёти ҷангӣ дар Баҳмути Украина, таъмини силоҳ, инчунин дар бораи тамрин ва таҷҳизоти даҳҳо бригадаи наве, ки Украина барои ҳамла омода мекунад, тафсилот дода мешавад, аз ҷумла дар он ҳамаи тонкҳо, мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳҳои аз ҷониби ғарбиҳо ба Украина интиқолёфта номбар шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ нашрияи амрикоии “The New York Times” хабар дод, ки санадҳои махфии низомие дар Твиттер ва Телеграм нашр шудааст, ки дар он аз нақшаҳои ИМА ва НАТО дар бораи рушди артиши Украина тафсилот дода шудааст. Аммо тадқиқотгарони “Bellingcat” муайян карданд, ки асноди махфии ахиран нашршуда рӯзҳои 1 ва 2 март дар сервери “Discord” бо номи “WowMao” паҳн шуда буданд, ва манбаи аслӣ метавонад онро аз ин ҳам пештар нашр карда бошад.

Баъдтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳи нави асноди махфӣ пайдо шуд, ки эҳтимолан дар он аз сирри амнияти миллии Амрико дар бораи Украина, Ховари Миёна ва Чин тафсилот дода мешавад.

То ҳол манбаи асосоии ифшои ин санадҳо муайян нашудааст. Тавре дар хабарҳо гуфта мешавад, санадҳои нашршуда барои мансабдорони воломақоми ИМА, аз ҷумла фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ генерал Марк Милли пешбинӣ шудаанд.

Вазорати адлияи ИМА рӯзи 9-уми апрели соли ҷорӣ аз оғози таҳқиқи ифшо шудани санадҳои махфии Пентагон ва Идораи марказии иктишофии Амрико хабар дод. 

СММ озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекунад

0

Қарор аст ҳафтаи оняда гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳаид (СММ) дар умури озодиҳои динӣ ба Тоҷикистон сафар кунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоити СММ, хонум Нозила Ғана, гузоришгари вежаи СММ дар умури озодиҳои динӣ аз рӯзҳои 11-ум то 21-уми апрели соли ҷорӣ барои арзёбии озодиҳои динӣ, ақаллиятҳои мазҳабӣ, озодии баён, баробарии зану мард ва ҳуқуқи кӯдакон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Гузоришгари вежаи СММ ҳамчунин талошҳои Тоҷикитонро дар ростои фароҳам овардани шароити ҳамзистиии осоиштаи пайравони мазҳабҳои мухталиф ва ба ҳам овардани онҳоро дар мубориза бо ифротгароӣ арзёбӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, Гузоришгари вежаи СММ дар ҷараёни боздиди 11-рӯзаи худ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон, рӯҳониён, намояндагони ақаллиятҳои мазҳабӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард. Гуфта мешавад, вай ҳамчунин аз мақомоти тоҷик масъалаи боздид аз шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон дархост хоҳад кард.

Дафтари матбуоти СММ мегӯяд, хонум Нозила Ғана дар поёни сафараш рӯзи ҷумъа, 21-уми апрели соли ҷорӣ соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ дар қароргоҳи СММ дар Душанбе нишасти хабарӣ доир карда, мушоҳидаҳо ва хулосаи маъмурияташро ба хабарнигорон иро хоҳад кард.

Гуфта мешавад, хонум Нозила Ғана дар моҳи марти соли 2024 хулосаи сафари худ ба Тоҷикистонро ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева гузориш медиҳад.

Сафари гузоришгари СММ дар умури озодиҳои динӣ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз соли 2016 ба ин тараф ҳамасола Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун поймолкардани озодиҳои динӣ, адами риояи ҳуқуқу озодиҳои ақаллиятҳои мазҳабӣ ва ғайра мавриди интиқод сахт қарор мегирад.

Амрико дар гузориши ахири худ дар мавриди озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари поймолкунандаи ҷиддии озодиҳои динӣ муаррифӣ кард. Инчунин созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар гузоришҳои худ борҳо овардаанд, ки Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ маҳдудиятҳои зиёде болои диндорон ҷорӣ кардааст, ки ҳатто то 18-сола наметавонад ба масҷид биравад.

Аммо мақомоти тоҷик ҳамеша мегӯянд, гузоришҳои ин созмонҳо якҷониба аст. Онҳо бештар аз шумори масҷидҳо ва рафтани мардум ба намозҳоро мисол меоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳеч зани ҳиҷобдор ҳақ надорад ба идораҳои давлатӣ ва ҳатто ба донишгоҳҳо ворид шавад.

Эътирози 3300 корманди СММ дар Афғонистон

0

Дар Афғонистон беш аз 3 ҳазор зан, ки дар бахшҳои гуногуни Созмони Миллали Муттаҳид кор мекарданд, дар робита ба қарори Толибон дар барои манъи фаъолияти занон дар ин кишвар эътироз карданд.

Бино ба иттилои ББС, тайи ду рӯзи ахир 3 ҳазору 300 корманди Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар эътироз ба манъи кори занони афғон дар ин созмон бо баргузории як эътирози нарм, дар хонаҳои худ монда, ба кор нарафтаанд.

Иморати исломии Толибон бо судури як фармон кор кардани занони Афғонистон дар бархе ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳидро манъ кардааст.  

Ин фармони Толибон ҳам аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам аз ҷониби Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ маҳкум гардида, ҳар ду ҷониб аз Иморати исломӣ хостаанд, ки дар ин фармони худ бознигарӣ ва лағв кунанд, зеро ин амр метавонад ба ирсол ва тақсими кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон таъсири манфӣ бирасонад.

Гуфта мешавад, Толибон бо далели ин ки “ҳурмати занони афғон дуруст риоят намешавад”, пеш аз ин ҳам рафтани духтарон ба хеле аз донишгоҳҳо ва кор кардани онҳоро дар бархе созмонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ мамнӯъ эълон карда буданд.

Фишори мақомот болои Хуршед Фозилов

0

Мақомоти амниятии кишвар рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозиловро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки мақомот зерҳимояашро ба узвият дар созмонҳои мамнӯъ гумонбар карда, нисбаташ бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. Аммо рӯзноманигори боздоштшуда иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт.

Ин моддаи ҷиноӣ, ки пештар чанд тан аз рӯзноманигорон равонаи маҳбас гашта буданд, аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бино ба навиштаи Самадова, рӯзноманигор Хуршед Фозилов дар аввал бо иттиҳоми итоат накардан ба амри корманди ниҳоди қудратӣ (моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) барои 5 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум ва дар бинои шуъбаи КДАМ дар шаҳри Панҷакент нигоҳ дошта шудааст. Дар ин муддат аз ӯ дар бораи фаъолияташ пурсидаанд.

“Сабабаш ба гуфтаи Хуршед ин аст, ки ӯ дар аввал аз додан ва боз кардани телефон худдорӣ кард, вале баъдан маҷбур шуд, ки телефонро кушояд”,-менависад Самадова.

Кормандони амниятӣ зимни бозпурсӣ Хуршедро маҷбур кардаанд, ки алайҳи худаш шаҳодат диҳад ва худро гунаҳкор ҳисобад.

Ин рӯзноманигор аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран нишондод додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кардааст.

Пештар аз ин Хушбахт Фозилов, бародари ин рӯзноманигори боздоштшуда гуфта буд, ки Хуршед Фозилов ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” (моддаи 307, қисми 2, банди “г”) гумонбар аст. Пайвандони рӯзноманигор ин иттиҳоми мақомотро беасос хонда буданд.

Мақомот аз замони боздошти Хуршед Фозилов то ҳол қазияи ӯро шарҳ надодаанд.  

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурда шуд.

Дертар маълум гашт, ки ӯро кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд. Ҳоло ин рӯзноманигори тоҷик ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд инқол дода шудааст.

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Пеш аз Хуршед Фозилов мақомоти тоҷик дар як соли охир ҳафт рӯзноманигори дигарро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор намуда, онҳоро барои аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум карданд. Чанд тан аз ин рӯзноманигорон аз шиканҷаву фишор шикоят карда буданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Поёни нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

0

Нишасти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷкистону Қирғизистон оид ба муайян кардани хати сарҳадот ва нишонагузории марзҳои муштарак анҷом шуд.

Имрӯз, 7-уми апрели соли 2023, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки “рӯзҳои 1 – 7 апрели соли 2023 вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ” дар Бишкек баргузор гардид.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин нишасти 7-рӯза “ҷонибҳо муҳокимаи масоили делимитатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар вохӯриҳои минбаъда идома медиҳанд.”

Дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд” ва мулоқоти навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Аммо на ҷониби Тоҷикистон ва на ҷониби кишвари ҳамсоя дар бораи ҷузъиёти ин нишастҳои ахири худ, ки 7 рӯз идома ёфт, чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзҳои муштарак доранд ва бо сабаби тақсимоти ноодилонаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ба иҷора додани заминҳои манотиқи дигар ҷонибҳо, бо гузашти беш аз 30 соли истиқлоли ин кишварҳо аз ИҶШ ҳамоно натавонистаанд, ки баҳсҳои марзӣ, ки дар солҳои гузашта борҳо сабаби танишҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ гардида буд, пурра муайян ва аломатгузорӣ кунанд.