20.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 293

Си Ҷинпин бори сеюм президент интихоб шуд

0

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин бори сеюм аз тарафи намояндагони Кунгураи халқии Чин президенти ин кишвар интихоб шуд.

Субҳи имрӯз, 10-уми марти соли 2023 Си Ҷинпин, Президенти Чин бори сеюм аз ҷониби намоядагони Кунгураи мардумии Чин бидуни раъйи манфӣ раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳам яке аз аввалинҳо шуда, бо ирсоли барқия сеюмбора ба маснади президентӣ интихоб шудани Си Ҷинпинро бароияш табрик гуфт.

Президенти Тоҷикистон дар ин барқияи шодбошиаш хитоб ба Си Ҷинпин мегӯяд: Интихоб гардидани Шумо ба ин маснади олии давлатӣ боз як нишонаи эътирофи обрӯву эҳтироми баланди Шумо дар ҷомеаи Чин, ҳамчунин дастгирии якдилонаи роҳи сиёсии Шумо дар кишвар мебошад.

Коршиносон бори сеюм перзидент интихоб шудани Си Ҷинпинро дар Чин боз шудани роҳ ба сӯи худкомагӣ медонанд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ яке аз қудратмандтарин раҳбарон дар торихи Чин аст, ки дар замони муосир тавониста тамоми қудратро дар қабзаи худ нигаҳ дорад.

Хуршед Фозиловро аз Панҷакент ба Хуҷанд бурданд

0

Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти чор шабонарӯз бе эълони айб рӯзноманигори боздоштшуда Хуршед Фозиловро аз шаҳри Панҷакент ба шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.  

Бино ба иттилои пайвандони Хуршед Фозилов, ин рӯзноманигор дар ҳоле ба шаҳри Хуҷанд бурда мешавад, ки дирӯз кормандони Кумитаи амнияти Панҷакент ба онҳо ваъда додаанд, ки ӯро пас аз бозпурсӣ раҳо мекунанд.

Яке аз наздикони ин рӯзноманигор дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки то ҳол сабаби боздошти Фозиловро шарҳ надодаанд.  

Пайвандони Хуршед Фозилов мегӯянд, ки барои ӯ адвокат меҷӯянд ва маълум нест, ки ӯ ба адвокати давлатӣ дастрасӣ дорад ё не.

Ба гуфтаи як ҳуқуқдони тоҷик, тибқи муқаррароти ҷорӣ, мақомоти амнияти шаҳри Панҷакент талаботи қонуни кишварро дағалона вайрон кардаанд. Зеро бо гузашти 48 соат аз боздошти ин рӯзноманигор на ӯро ҷавоб додаанду на нисбаташ айб эълон шудааст ва илова бар ин то ҳол ӯ бо адвокат таъмин нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 15:00-15:30 аз ҷониби ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурда шуд.

Дертар маълум гашт, ки ӯро кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд.

Дар ин муддати чор шабонарӯз наздиконаш Хуршед Фозиловро як маротиба дар бинои Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент дидаанд, аммо ба онҳо иҷозаи суҳбат надодаанд. Кормандони ин ниҳод гуфтаанд, ки “баёноташро гирифтем, ба ҳамааш иқрор шуд”, аммо нагуфтаанд, ки ин рӯзноманигор ба чӣ гуноҳе иқрор шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло компютери кориву шахсӣ ва телефонаш дар дасти кормандони Кумитаи амнияти Панҷакент мебошад.

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Нишасти якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба Афғонистон

0

Гурӯҳи кории муштараки фиристодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон оид ба Афғонистон нахустин ҷаласаи кории худро баргузор кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки 7-уми марти соли 2023 ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба Афғонистон дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” дар шаҳри Деҳлии Нав баргузор шуд.

Ба қавли манбаъ, дар кори ин нишаст “роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор/фиристодагони махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар ин ҷаласа “ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва гуманитарии вазъи кунунӣ дар Афғонистон, хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз ҳудуди ин кишвар бармеоянд, инчунин роҳу усулҳои муқовимат ба чолишҳои минтақавӣ табодули назар намуданд.”

Гуфта мешавад, дар кори ин нишаст “намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ низ роҷеъ ба фаъолияти хеш дар Афғонистон дар самти рафъи оқибатҳои буҳрони гуманитарӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот манзур карданд.”

ДИИШ масъулият ҳамларо ба уҳда гирифт

0

Шохаи Хуросони ДИИШ, ки дар ин авохир дар Афғонистон хеле фаъол шудааст, масъулияти ҳамла ба волии Балхро бар уҳда гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳо, cафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон ҳамла ба волии Балх дар Мазори Шарифро маҳкум карда гуфтааст, ки “ин гуна иқдомоти хушунатборро дар ростои бесуботсозии Афғонистон арзёбӣ менамояд.”

Инчунин тибқи охирин гузоришҳо дар ин мавзӯъ шохаи Хуросони ДИИШ ҳамла ба волии Балх дар Мазори Шарифи Афғонистон, ки боиси кушта ва захмӣ шудани чанд нафар шуд, бар уҳда гирифтааст.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфтааст, ки нишон медиҳад, як ҷавоне пеш аз анҷоми амалиёти интиҳорӣ аз тариқи роҳравҳо ва долонҳо Дафтари кории волӣ озодона ва бидуни ҳеч мамониате вориди толори маҷлис мешавад.

Шореҳони ин навор ҳам мегӯянд, ки ин ҷавон дар баданаш камарбанд ҳомили таҷҳизоти таркандаро баста, вориди толор шудааст. Ва дар асари таркиши ҳамин камарманди интиҳорӣ Муҳаммаддовуд Музаммил, волии Балх ва дасти кам чор нафари дигар кушта ва чанд каси дигаре ҳам ҷароҳат бардоштааст.

Гуфта мешавад, субҳи дирӯз, бар асари як таркиши шадиде, ки саоти 10:00 ба вақти маҳаллӣ дар дохили Дафтари волии Балх дар шаҳри Мазори Шариф рух дод, волии Балх Муҳаммаддовуд Музаммил ҳамроҳи ду муҳофизаш кушта ва чанд каси дигаре ҳам аз ҷумла як хабарнигор захмӣ шуда буданд.

Тоҷикистон ноозодтарин кишвари ҷаҳон дониста шуд

0

Тибқи гузориши нави созмони Freedom House (Хонаи озодӣ)? Тоҷикистон аз нигоҳи риояи ҳуқуқи сиёсӣ ва озодҳои шаҳрвандӣ аз 100 хол 7 хол гирифт.

Ин созмони ҷаҳонии ҳуқуқӣ, ки 9-уми марти соли ҷорӣ гузориши навашро нашр кард, бо дарназардошти риоя нашудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон Тоҷикистонро нозодтарин кишвари дунё хондааст.

Тоҷикистон дар гузориши имсола нисбат ба соли 2022 як зина поёнтар рафтааст. Хонаи озодӣ соли гузашта Тоҷикистонро барои риоя нашудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон 8 хол дода буд.

Дар гузориш гуфта мешуд, ки “режими худкомаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ дар ин кишвар ҳукмронӣ мекунад, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандиро шадидан маҳдуд мекунад. Давоми солҳои ахир мухолифони сиёсӣ бардавом саркӯбу нобуд карда шуданд.”

Хонаи озодӣ ҳамчунин дар гузоришаш ба вазъи расонаву озодии баён ва дигар поймолкуниҳои озодиҳои шаҳрвандон дар Тоҷикистон ишора карда мегӯяд: “Ҳукумат аз болои озодии баён ва фаъолияти мазҳабӣ назорати қатъӣ мебарад. Сарват ва ҳокимият торафт бештар дар дасти Президент ва оилаи ӯ мутамарказ мешавад.”

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2022 бо як амалиёти махсус чанде аз фаъолон, рӯзноманигорон ва блогеронро боздошт карда, онҳоро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти кишвар хостанд, ки ба саркӯбҳояш нисбати шаҳрвандон ва рӯзноманигорон хотима диҳад, аммо ҳукумати Тоҷикистон торафт доираи озодӣ ва ҳуқуқҳои конистутсионии шаҳрвандонро боз ҳам маҳдудтар мекунад.

Эътирози гурҷиҳо натиҷа дод

0

Эътирозгарони Гурҷистон дар ду рӯз тавонистанд мақомоти ин кишварро маҷбур созанд, ки қонуни “агентҳои хориҷи”-ро, ки ҳизби ҳоким аз он пуштибонӣ мекард, бекор кунад.

Ҳизби ҳокими Гурҷистон “Орзуи Гурҷистон” ва ҳаракати “Нерӯи мардум” қонуни баҳсбарангези “агентҳои хориҷи”-ро, ки боиси эътирозҳои оммавӣ дар Тбилиси ва дигар шаҳрҳои ин кишвар шуда буд, пас аз қабули он дар хониши аввал, лағв мекунад.

Муаллифони қонуни баҳсбарангези “агентҳои хориҷӣ” рӯзи панҷшанеб, 9-уми март баъд аз ду рӯзи эътирози сокинони ин кишвар сухани онҳоро бишнаванд. Онҳо бо нашри изҳороте эътироф карданд, ки лоиҳаи қонуни пешниҳод кардаашон дар ҷомеа ихтилофи назарро ба вуҷуд овардааст. Ва аз ин сабаб аз пешниҳоди он даст мекашанд.

Аммо, ба иддаои онҳо, қонун тобеи русӣ набуда, “дастгоҳи дурӯғпарокан” тавонист, ки лоиҳаи қонунро ба таври манфӣ муаррифӣ карда, як қисми муайяни мардумро ба иштибоҳ андозад. Дар ин лоиҳа тамғаи дурӯғи “қонуни Русия” часпонида шуд”.

Ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” дар ин тазоҳурот бархе “нерӯҳои радикалӣ”-ро гунаҳкор дониста, маъмурони пулисеро, ки эътирозгаронро бо мошинҳои обпош пароканда карда, алайҳи онҳо аз гази ашковар ва ғайра истифода карданд, “қаҳрамононе” номида шуданд, ки “ба хушунат дар сатҳи олӣ посух доданд”.

Дар изҳорот омадааст, ки “Бо дарназардошти ҳамаи гуфтаҳои боло, мо ҳамчун як ҳукумати масъул дар назди ҳар як узви ҷомеа тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қонунеро, ки ҷонибдорӣ мекардем, бечунучаро бозпас гирем”.

Ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” афзуд, ки онҳо пас аз рафъи ҳолати эҳсосотии мардум бо аҳолӣ дар бораи аҳамияти ин лоиҳа суҳбат хоҳанд кард.

Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Гурҷистон аз тасмим дар бораи бозпас гирифтани тарҳи қонуни мазкур истиқбол кард. Ӯ мегӯяд, “мо аз тамоми раҳбарони сиёсии Гурҷистон даъват мекунем, ки ислоҳотро ба таври фарогир ва созанда тибқи 12 авлавият аз сар бигиранд, то Гурҷистон мақоми номзади Иттиҳоди Аврупоро ба даст орад”.

Ёдовар мешавем, шаби 7-уми марти соли ҷорӣ ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Гурҷистон ба хиёбонҳои шаҳри Тбилиси баромада даст ба гирдиҳамоиҳои эътирозӣ заданд.

Эътирозҳои оммавии шаҳрвандони Гурҷистон баъд аз он сар зад, ки парлумони ин кишвар аз тарҳи қонун “Дар бораи агентҳои хориҷӣ” пуштибонӣ кард.

Гуфта мешавад, дар пайи ин эътирозҳо миёни нирӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон задухӯрд сар зад, ки даҳҳо нафар захмӣ гашт. Инчунин даҳҳо нафари дигар, аз ҷумла чанд тан аз раҳбарони мухолифон аз ҷониби мақомот боздошт шуданд.

Эътирозгарон гуфта буданд, ки бо қабули ин қонун нафарони зиёде бо ин баҳона зиндонӣ мешаванд, чӣ гунае ки Русия даҳ сол боз барои саркӯби мухолифони худ аз он истифода мекунад.

Инчунин, ба гуфтаи мухолифон, ин иқдом ба маҳдуд кардани фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ ва матбуот равона шуда, зидди ворид шудани ин кишвар ба ИА тарҳрезӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ба ин монанд дар Русия соли 2012 қонуне низ қабул шуда буд, ки то имрӯз барои саркӯби мухолифон аз он суиистифода мешавад.

Наздикони рӯзноманигор намедонанд чаро ӯ боздошт шудааст

0

Рӯзноманигор Хуршед Фозиловро наздиконаш дар Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент пайдо кардаанд, аммо бо гузашти се рӯз то ҳол намедонанд ӯ ба чӣ ҷурме муттаҳам аст.

Хуршед Фозилов. Акс аз саҳифаи фейсбукии рӯзноманигор

Бино ба иттилои наздикони ин рӯзноманигори боздоштшуда, як корманди шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент ба онҳо ваъда додааст, ки Фозиловро шоми 8-уми март раҳо мекунанд, вале пас аз нисфирӯзии 8-уми март аз пайвандонаш талаб карданд, ки телефону компютери шахсӣ ва либосашро ба идораи амният баранд.

Хуршед Фозиловро як маротиба ба наздиконаш нишон дода гуфтаанд, ки “баёноташро гирифтем, ба ҳамааш иқрор шуд”, аммо нагуфтаанд, ки ин рӯзноманигор ба чӣ гуноҳе иқрор шудааст.

Дар ҳамин ҳол Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки писарашро дидааст, аммо кормандони амният нагузоштаанд суҳбат кунанд.

Ба гуфтаи ин модар то ҳол касе аз кормандони мақомот шарҳ намедиҳад, ки чаро писарашро боздошт кардаанд.

Айни ҳол наздикони рӯзноманигор дар пайи ҷустуҷӯи вакили дифоъ ҳастанд, зеро мехоҳанд адвокат ба мақомоти қудратӣ муроҷиат кунад, то сабаби боздошти Хуршед Фозиловро шарҳ диҳанд.

Ба гуфтаи як ҳуқуқдони тоҷик, тибқи муқаррароти ҷорӣ, мақомоти амнияти шаҳри Панҷакент талаботи қонуни кишварро дағалона вайрон кардаанд. Зеро бо гузашти 48 соат аз боздошти ин рӯзноманигор на ӯро ҷавоб додаанду на нисбаташ айб эълон шудааст ва илова бар ин то ҳол ӯ бо адвокат таъмин нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ тақрибан, соати 15:00-15:30 аз ҷониби ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурда шуд.

Дертар маълум гашт, ки ӯро кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд.

Хуршед Фозилов 37 сол дошта соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Қабули эътимодномаи сафирон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон

0

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе сафирони навтаъйини даҳ кишвар эътимодномаҳои худро ба Президенти Тоҷикистон супориданд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 9-уми марти соли 2023 сафирони кишварҳои ИМА, Туркия, Қатар, Молдава, Ирландия, Партугалия, Кипр, Чилӣ, Уганда ва Зеландияи Нав эътимодномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим карданд.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқоти Президенти Тоҷикистон ва сафирони фавқулъода ва мухтори кишварҳои номбурда таъкид гардида, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии худ ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад.”

Гуфта мешавад, ҳамзамон тайи ду рӯзи ахир “сафирони фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мануел Микаллер, Туркия Умут Аҷар, Давлати Қатар Муборак Абдураҳмон Муборак ал-Наср, Ҷумҳурии Молдова Лилиан Дарий, Ҷумҳурии Ирландия Брайан Макэлдафф, Португалия хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер, Ҷумҳурии Кипр Кипрос Йоргалис, Ҷумҳурии Чилӣ Эдуардо Эскобар, Ҷумҳурии Уганда Муҳаммад Тезикуба Кисамбира ва Зеландияи Нав хонум Сари Мэри Уолш, нусхаҳои эътимодномаҳои” худро низ ба муовинони Вазири корҳои хориҷӣ тақдим карда буданд.

Волии Балх кушта шуд

0

Субҳи имрӯз бар асари як таркиш дар Дафтари волии Балх дар Мазори шариф дасти кам чор нафар кушта ва чанд каси дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Муҳаммадосиф Вазирӣ, фармондеҳи амнияти Толибон дар вилояти Балх мегӯяд, бар асари як таркиши шадиде, ки субҳи имрӯз, саоти 10:00 ба вақти маҳаллӣ дар дохили Дафтари волии Балх дар шаҳри Мазори Шариф рух дод, дасти кам чор нафар кушта шуданд.

Муҳаммадосиф Вазирӣ таъкид карда, ки ин таркиш дар ҳоли баргузории як нишасти идорӣ дар Дафтари волии Балх рух дода ва дар ҷамъи кушташудагон мулло Муҳаммаддовуд Музаммил, волии Балх ҳамроҳи ду муҳофизаш низ ҳастанд.

Ба қавли расонаҳо, дар ҷамъи касоне, ки бар асари ин таркиш захмӣ шудаанд, Аҳмадуллоҳ Васиқ, як хабарнигор маҳаллӣ низ бо ҷароҳатҳои вазинин дар бемористон бистарӣ шудааст. Инчунин мегӯянд, шиддати ин таркиш он қадр сахт буда, ки Дафтари волии Балх ба сурати ҷиддӣ осеб дидааст.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳам дар Тввитраш кушта шудани Муҳаммаддовуд Музаммилро ба хонавода ва наздикону пайвандонаш тасаллият гуфт. Ӯ таъкид карда, ки аллакай “таҳқиқот дар ин маврид оғоз шудааст.” Аммо теъдоди кушташудагон ҳамроҳи волиро на чор нафар, балки як нафар гуфтааст.

Гуфта мешавад, то замоне ки ин матлаб таҳия мешуд, ҳеч ниҳод даст доштани худ дар қатли волии Балх ва ҳамроҳонашро бар уҳда нагирифта аст, вале сухангӯи расмии Толибон ин амалро кори “душманони ислом” хонд.

Барои Толибон давоми 20 соли ҷанги бо нерӯҳои хориҷӣ бо раҳбарии Амрико дар Афғонистон таркондан ва амлиётҳои интиҳорӣ яке аз василаҳои асосии ҷанг ба ҳисоб мерафт ва то ҳол ягонҳои вижаи интиҳории худро ҳифз мекунад.

Волии Балх, зодаи вилояти Ҳилманди Афғонистон ва аз наздикони раҳбарияти Толибон дар Қандаҳор буд. Вай пеш аз волӣ интихоб шудан дар Балх, волии вилояти Нангарҳор буд.

Интиқоди USCIRF аз маҳдудиятҳои динӣ дар Тоҷикистон

0

Комиссари Комиссияи Амрико дар умури озодиҳои мазҳабӣ бори дигар аз фишори мақомоти Тоҷикистон болои диндорон ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мазҳабӣ интиқод кард.

Муҳаммад Маҷид, комиссари Комиссияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии динӣ рӯзи 8-уми март бо интишори номае

Комиссари Комиссияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ дар ҳоле аз вазъи ҳуқуқу озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунад, ки тибқи гузоришҳои солонаи ин созмон аз соли 2016 пайҳам Тоҷикистон шомили кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои байналмилалии динӣ ва мазҳабӣ мешавад.

Ин созмон соли 2022 дар гузориши солонаи худ ба Департаменти Давлатӣ тавсия дод, ки 15 кишварро дар рӯйхати “кишварҳои мавриди нигаронии махсус” шомил кунад, ки Тоҷикистон низ ҷузъи ин 15 кишвар аст.

Ин кишварҳо иборатанд аз: Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Нигерия, Сурия ва Ветнам.

Дар гузориш гуфта мешуд, ҳукуматҳои ин кишварҳо ба “қонунвайронкуниҳои систематикӣ, давомдор ва дағалона” даст мезананд.