13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 302

Нахустин таъзияи Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли раҳбариаш

0

Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 сол боз Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, бори аввал ба мардуми кишвар расман таъзия баён кард. Вале хеле аз бадахшониҳо ба содиқ будани ӯ дар ин изҳори ҳамдардӣ шубҳа доранд.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми дирӯз, 15-уми феврали соли 2023 Президенти Тоҷикистон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон телефонӣ суҳбат карда, аз аҳволи мардум ва вазъияти буҳронӣ, ки боиси кушта ва захмӣ шудани наздик ба 30 нафар гардид, дар минтақа огоҳ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз суҳбат кардан бо Алишер Мирзонабот дар умри 30 соли раҳбариаш бори аввал дар чанд ибора ба сурати расмӣ ба ворисони қурбониёни ҳодисаи тармафароӣ изҳори ҳамдарӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, “Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият карданд.”

Ин ҳадмардии Президенти Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони кишварамон он қадр хушку холӣ ва ба дур аз самимият содир шудааст, ки ҳатто ҳеч ному нишоне дар бораи маҷруҳшудагон ва аҳволи онҳо вуҷуд надорад.

Гуфта мешавад, ин изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми шарифи Бадахшон, ки тобистони соли гузашта бо амри худаш ҳудуди 70 нафари онҳоро дар чанд маврид бархе кормандони мақомот қатли ом карда, садҳо каси дигарро боздошту зиндонӣ ва аз ин теъдод бештарро ҳам аз ватан фирорӣ дод, ашки тимсоҳро мемонад.

Агар ба фарзи мисоли ин изҳори тасалии Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ҳаққи бадахшониҳо гуфтааст, бо дигар изҳороти ҳамдардии ӯ муқоиса кунем, замин то осмон фарқ мекунад. Барои мисол, дар охирин изҳороташ ба ҳамтоёни покистонӣ ва суряигиаш ва пеш аз он низ ба ҳамтоёни чинӣ, индонезиягӣ, эронӣ, кореягӣ ва ғайра аз ин ибораҳо кор гирифта “боиси андӯҳи беандозаи мо гардид” ва “хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем.”

Тибқи охирин оморҳо дар ҳодисаҳои тармафароӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дасти кам 16 нафар ҷон бохтаасту беш аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст ва корҳои наҷотдиҳии онҳое, ки беному нишон шудаанд, идома дорад.

Амруллоҳи НИЗОМ махсус барои Azda tv

Қурбониёни тарма дар Бадахшон ба 16 нафар расид

0

Бино бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 нафар ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал иттилоъ дод, ки бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ 4 хона пурра зери барф монда, 35 хона ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман хароб шудаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар байни кушташудаҳои шаҳри Хоруғ 2 кӯдаки то 2-сола низ будааст.

Гуфта мешавад, инчунин 15-уми феврал дар ҷамоати деҳоти Техаври ноҳияи Ванҷи ВМКБ тарма фаромада, як сокини 30-солаи деҳаи Садвади ҷамоати мазкур зери тарма монда ҷон бохтааст.

Ба иттилои КҲФ, худи бегоҳи рӯзи 15-уми феврал ду сокини деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ки мехостанд ба ҷанозаи қурбонии тарма дар деҳаи Садвад иштирок кунанд, онҳо низ дар роҳ зери тарма монда, якеаро наҷот доданду дуюмиро то ҳол ҷустуҷӯ доранд.

Худи ҳамон рӯз низ “дар киломатри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб тарма як ронандаи 47-соларо ба ҳалокат расонд.” Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро аз дохили мошини зеритармамонда берун оварданд.”

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки “бино ба пешгӯии ҳавошиносон хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар то 19-уми феврал боқӣ мемонад.” Ва аз сокинони кишвар хоста шуда, ки дар ин рӯзҳо ба минтақаҳои кӯҳӣ бидуни зарурат сафар накунанд.

Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Инглистон

0

Баҳори соли ҷорӣ нахустин “Форуми сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир” дар пойтахти ин кишвар баргузор мегардад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки нахустин “Форуми сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир” рӯзҳои 28 ва 29-уми марти соли 2023 дар шаҳри Лондон, пойтахти Британия баргузор мегардад.

Ба қавли манбаъ, ин масъала имрӯз, 15-уми феврали соли 2023 дар мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот “ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир роҷеъ ба соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок табодули назар намуданд.”

Тоҷикистон дар соли гузашта наздики $500 млн сармоя ҷалб кардааст

0

Соли 2022 Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағи 430 миллон доллар сармояи хориҷӣ бо ҳадафи рушди иқтисоди кишвар ҷалб кардааст.

Дар ин бора рӯзи 14-уми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

Қодирзода мегӯяд: “Соли 2022 аз Чин, Туркия, Русия ва дигар кишварҳо ба маблағи тақрибан 430 миллион доллар сармояи мустақим ҷалб шудааст.”

Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, аз ин миқдори сармояҳои ҷалбшуда, 85% ба истихроҷи маъдан, 13% ба истеҳсолот ва коркарди ашёи гуногун ва 1,7% ба сохтмон ва дигар соҳаҳо нигаронида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 72 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи қариб 4 миллиард доллар амалӣ шуда, дар соли 2022 бо шарикони рушд 21 созишномаи нав дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 717 миллион доллар ба имзо расид.

Қодирзода инчунин мегӯяд, бо баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русия созишномаҳои бузурги сармоягузорӣ ҷараён дорад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз созишномаҳои бузурги сармоягузорие, ки байни Тоҷикистону Русия дар моҳи сентябри соли 2022 баста шуда буд, созишномаи миёни Тоҷикистон ва ҶСК “БТК Групп” мебошад, ки тибқи он бунёди корхонаи муштараки дӯзандагии Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон дар назар аст.

“Маблағи ин созишнома беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад”, – мегӯяд Қодирзода. Ба гуфтаи ӯ, инчунин корҳо барои ба имзо расидани созишномаҳо бо Русия дар соҳаи истихроҷи маъдан, бонкдорӣ ва дигар соҳаҳо идома доранд.

Тоҷикистон кишвари Русияро шарики асосии тиҷоратии худ медонад. Тибқи оморҳои расмӣ, гардиши савдои хориҷии ду кишвар дар соли 2022 бештар 1 миллиарду 670 миллион долларро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2021 қариб 24% бештар аст.

Шумори ҷонбохтагони заминларза аз 41 ҳазор гузашт

0

Оморҳои ахир аз Туркия ва Сурия аз он ҳикоят доранд, ки шумори қурбониёни заминларзаҳои шадид аз марзи 41 ҳазор нафар убур кардааст.

Имрӯз, 15-уми феврали соли 2023, тибқи оморҳои расмӣ, теъдоди қурбониён дар Туркия ба 35 ҳазору 418 нафар расида ва шумори ҷонбохтагони Сурия бар асоси бархе оморҳо аз марзи 5 ҳазору 500 нафар гузаштааст.

Ин дар ҳолест, ки шумори маҷрӯҳон дар Туркия ҳудуди 90 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки зиёда аз 50 ҳазор бино дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва бояд фавран вайрону валангор карда шаванд, то ба касе осеб нарасонанд.

Инчунин Вазири корҳои дохилии Турия эълон карда, ки ҳодисаҳои ахир дар ин кишвар ба беш аз 50 дарсади биноҳо дар вилояти Ҳатай зарар расонидаанд. Вазъи ҳазорҳо бино дар Сурия низ дар ҳолати садамавӣ гузориш мешавад ва ҳазорон нафар аз сокинон аз тарси он ки хонаҳо болои сарашон чапа нашаванд, манзилҳои худро тарк карда, дар кӯча мондаанд.

Пеш аз ин мақомоти Туркия эълон карда буданд, ки барои кумаки зарардигон ва наҷоти одамони зери вайронаҳо боқимонда зиёда аз 245 ҳазор нафар аз кормандони давлатӣ, артиш, гурӯҳҳои наҷот ва ризокорон ба ҷойҳои ҳодиса сафарбар шудааст.

Инчунин ватқе ин хабар таҳия мешуд, аз Қаҳрамонмараши Турия хабар расид, ки гурӯҳҳои наҷот як бонуи 42-соларо пас аз 2 саду 22 соат аз зери вайронаҳо зинда берун оварданд ва ин хабар ба дигар гурӯҳҳои наҷот, ки дар ҷои ҳодиса масруфи корҳои бартарафкунии зарарҳо ва наҷоти мардумон ҳастанд, рӯҳияи тозае дода, ки то корҳои наҷотдиҳии худро суръат бахшанд.

Гуфта мешавад, минтақаи Қаҳаронмараши Туркия, маркази ин заминҷунбиҳои субҳи 6-уми феврали соли ҷорӣ будааст, ки тибқи ҷадвали Рихтер аввалӣ 7,9 дараҷа ва дувумӣ 7,5 балл сабт шудаанд ва пасларзаҳои он то ҳол идома доранд, ки шадидтарини онҳо дирӯз бо бузургии 4,9 балл ба қайд гирифта шуд.

Бар асари тарма дар Хоруғ 8 нафар ҷони худро аз даст дод

0

Бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хисрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 нафар ҷон бохта ва дасти кам 10 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 15-уми феврали соли 2023 дар чанд минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба хусус шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят тарма фаромад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиа гарждании Тоҷикистон мегӯяд, ки субҳи имрӯз: “Як мошин бо даҳ мусофир ва ронандаашро тарма дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа ба умқи панҷметраи соҳили рӯди Шоҳдара партоб кард. Хушбахтона дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набуд, вале ҳамаи мусофирон  ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд.”

Инчунин хабар дода мешавад, ки “субҳи имрӯз тақрибан соати 10 дар қаламрави шаҳри Хоруғ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса чандин хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд. Дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоят фаъолият доранд.

Гуфта мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфтааст, ки гурӯҳҳои наҷот як ҷавондухтари зери тарма мондаро берун бароварда, бо роҳи нафасдиҳии сунъӣ ӯро наҷот медиҳанд.

Расонаи “Pamir Daily News”, ки бештар хабарҳои ВМКБ-ро пӯшиш медиҳад, низ аз ҷараёни наҷотдиҳӣ як наворе нашр карда, ки дида мешавад, гурӯҳи наҷот як кӯдаки тақрибан 4-5-соларо аз зери барф зинда берун мекашанд ва ӯро ба тими тиббӣ месупоранд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, бар асари тармаи имрӯза дар шаҳри Хоруғи ВМКБ “тақрибан даҳ хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф мондаанд.”

Бориши барфу борон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон нисбат ба дигар манотиқи кишвар ба маротиб зиёдтар аст ва дар хеле мавридҳо дар фаслҳои замистон боришоти аз ҳад зиёди барфу борон ва фаромадани тарма ба мардум хисороти зиёде ворид мекунанд.

Вазир намедонад Абдуллоҳи Шамсиддин дар куҷост

0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар бораи боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин ва дар куҷо буданаш хабар надорад.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар имрӯз, 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар бораи истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саид аз Олмон ба Тоҷикистон аз расонаҳо огоҳ шудааст.

Ба гуфтаи Раҳимзода ниҳоди зери раҳбариаш Абдуллоҳи Шамсиддинро боздошт накардааст ва аз чизе огоҳ нест.

Гуфта мешавад, мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро ба хотири замони вуруд ба қаламрави Олмон маълумоти хато пешниҳод кардан боздошт карданд. Пас аз боздошти ӯ, 17-уми декабри соли 2022 ҷамъе аз олмониҳо ва ҳамкоронаш аз ҳукумати ин кишвар хоста буданд, ки паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро дар онҷо шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Аммо Абдуллоҳи Шамсиддин 18-уми январи соли ҷорӣ аз Олмон тариқи Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Мақомоти Тоҷикистон билофосила аз дохили ҳавопаймо ӯро боздошт карда, ба ҷои номаълум интиқол доданд ва то ҳол дар бораи макони буду бошаш хабар надодаанд. Номаълум будани макони буду боши Абдуллоҳ хонаводаи ӯро нигарон кардааст.

Баъд аз ихроҷи Абдуллоҳои Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон то кунун чанд маротибаи дигар дӯстону ҳамкорон ва дигар фаъолони сиёсӣ барои озодии ӯ ҳамоишҳои эътирозиеро дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор карданд.

Фардо, 16-уми феврал низ гуруҳе аз дӯстони Абдуллоҳи Шамсиддин қасди баргузории гирдиҳамоӣ дар назди Идораи кор бо хориҷиёни шаҳри Дортмунди Олмонро доранд.

Афзоиши фишори мақомот болои ворисони Ҳоҷӣ Ҳалим

0

Мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятии Тоҷикистон бо гузашти 8 сол аз кушта шудани собиқ муовини аввали вазири мудофиа то ҳол фишорҳои худро алайҳи ворисони ӯ афзоиш медиҳанд.

Низомуддин Назаров, бародари хурдии собиқ муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, ки дар ғурбат ба сар мебарад, бо нашри як матлаб дар саҳфаи фейсбукиаш аз Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид кумак хостааст.

Ба гуфтаи Низомуддин Назаров, “мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятии Тоҷикистон таҳдиду фишорҳои худро болои хонаводаи онҳо ва ба хусус ҳамсару фарзандонаш аз нав шиддат бахшидаанд.”

Ин бародари Ҳоҷӣ Ҳалим аз тарси он ки мисли чор бародараш тавассути мақомоти Тоҷикистон кушта нашавад, дар хориҷ ба сар мебарад. Вай акнун аз раҳбари Кумитаи ҳуқуқи башари СММ хонум Мишел Бачелет ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳомии ҳуқуқи башар хоҳиш карда, ки “барои наҷоти хонаводаи ман аз асорати 8-солаи режими тоҷик кумак кунед.”

Гуфта мешавад, ҳадаф аз шиддат бахшидани фишорҳо болои мухолифин ва наздикону пайвандони онҳо дар Тоҷикистон агар аз як сӯ тарс додани онҳо бошад, аз сӯи дигар рӯпӯш кардани бархе ҷиноятҳои сангин ва зидди башарии мақомоти Тоҷикистон аст, ки мехоҳанд ба сурати муваққат ҳам бошад аз ошкор шудани онҳо ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин қазия низ мақомот қасди рӯпӯш кардани ҷиноятҳои худро доранд.

Ёдовар мешавем, ки сентябри соли 2015 байни низомиён ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар дохили шаҳри Душанбе ва сипас дар шаҳри Ваҳдат задухӯрдҳои шадиде сурат гирифт ва дар натиҷа собиқ муовини аввали вазири мудофеа Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш кушта шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамон ду ҳафтаи аввал садҳо нафарро боздошт ва даҳҳо каси дигарро низ бо баҳонаҳои мухталиф ба қатл расонид. Се бародари Абдуҳалим Назарзода ва чанди каси дигар аз наздикону пайвандон ва собиқ ёру дӯстонаш низ дар ҳамон рӯзҳои аввал ба сурати бераҳмона кушта шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар раъси онҳо Эмомалӣ Раҳмон бо иттиҳоми он, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин ошӯб даст дорад, даҳҳо нафар аз раҳбарони онро боздошт ва пушти дарҳои баста ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард, аммо раҳбарони ин ҳизб ин иддаои мақомоти Тоҷикистонро рад мекунанд ва онро як баҳонае барои аз саҳна рондани ин ҳизби сиёсӣ медонанд.

Раҳимзода дар бораи кам шудани ҷинояту боздошти милисаҳои Кӯлоб гуфт

0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 15-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта камтар шудааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон. Акс аз “Азия Плюс”

Раҳимзода зимни ироаи омори солонаи ниҳодаш гуфт, мақомоти Вазорати корҳои дохилии кишвар дар соли 2022 14612 ҷиноятро ошкор кардаанд, ки ин омор ба гуфтаи вазир, 82,3 дарсади ҷиноятҳои ошкоршуда мебошад.

Ҳамчунин Раҳимзода ишора кард, ки дар соли гузашта дар байни ҷиноятҳои ошкоршуда дар кишвар 23 ҳолати ҷинояти таҷовуз ба номус ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 2 ҳолат кам аст. Ӯ дар идома афзуд, ки “Ҷинояткорӣ сол ба сол кам шуда истодааст”.

Вазири корҳои дохилии кишвар дар нишасти матбуотӣ ба ҳодисаи қатли Абдуқаҳҳор Розиқов, ҷавони 37-солаи шаҳри Кӯлоб ишора карда гуфт, ки дар ин ҳодиса 3 корманди милиса “барои хунукназарӣ ҳангоми боздошти Абдуқаҳҳор Розиқов” боздошт шуда ва чанд нафари дигар низ аз кори мақомот ронда шуданд. Вале Раҳимзода дақиқ нагуфта, ки кормандони рондашуда оё дар робита ба қазияи Розиқов аз кор ихроҷ шудаанд ва ё бо дигар мақсад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ кормандони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб сокини ин шаҳр Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо аз хонаи истиқоматиаш боздошт карда, дертар ҷасадашро ба сардхонаи шаҳр супорида буданд.

Наздикону пайвандонаш дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки Розиқов дар натиҷаи шиканҷаи мақомот ба ҳалокат расидааст, ҷун дар баданаш осори шиканҷа дида мешуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истеъмоли зиёди “маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл)” гуфтааст, аммо наздиконаш инро рад мекунанд.

Фарохони гирдиҳамоӣ дар Олмон

0

Ҷамъе аз тоҷикони муқими Олмон барои баргузории як гирдиҳамоии бузург дар шаҳри Дортмунди Олмон фарохони умумӣ эълон кардаанд.

Имрӯз, 14-уми феврали соли 2023, ҷамъе аз фоъолони сиёсии тоҷик дар Аврупо ҳамроҳ бо ҳамтоёни олмонии худ бо эълони як фарохони умумӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ аз тамоми тоҷикони муқими кишварҳои аврупоӣ хостаанд, ки бо онҳо ҳамроҳ шаванд.

Дар матни ин фархони гирдиҳмоӣ омадаст, ки: “Гуруҳе аз дӯстони Абдуллоҳи Шамсиддин тасмим гирифтанд, рӯзи панчшанбе 16 феврал аз соати 15:00 то 17:00 дар назди Идораи кор бо хориҷиёни шаҳри Дортмунди Олмон пикет (гирдихамоӣ) баргузор кунанд.”

Ташкилкунандаҳои ин гирдиҳамоии эътироз таъкид мекунанд: “Мо аз тамоми дӯстон ва тоҷикони муқими Аврупо дават мекунем, то дар ин маросим ширкат ба амал оваранд.”

Аз замони боздошти фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳои Шамсиддин ва ихроҷи ӯ аз Олмон ба Тоҷикистон то кунун дасти кам чор маротибаи дигар ҳам дӯстону ҳамкорон ва дигар фаъолони сиёсӣ барои озодии ӯ чунин ҳамоишҳои эътирозиеро дар Олмон баргузор карда буданд.

Ҳафтае пеш Ҳизби сабзҳои Олмон дар ин қазия ҳамроҳ шуда, бо баргузории як иқдоме барои ҷамъоварии имзоҳои адолатхоҳӣ барои Абдуллоҳи Шамсиддин гуфта буд, ки ин қазияро ба парлумони Олмон ва сипас дар сатҳҳои болоии давлат ҳам матраҳ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро моҳи сентбяри соли 2022 ба далели исбот надоштани ҳуҷҷати иқомат аз хонааш боздошт ва 18-уми январи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Мақомоти Тоҷикистон билофосила аз дохилаи ҳавопаймо ӯро боздошт карда, ба ҷои номаълум интиқол доданд ва то ҳол дар бораи макони буду бошаш хабар надодаанд.

Суроға:

Макон: Olpe 1, 44135 Dortmund

Замон: 16 феврал соати 15.00