14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 325

12 соли зиндон барои ҷалби дигарон ба сафи ДИИШ

0

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини 60-солаи ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми ҷалб намудани дигарон ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 12 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Бино ба иттилои Додситони кулли Тоҷикистон, Каримов Сафар Шомуратович, соли таваллудаш 24.07.1962, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, дар Русия ду бародарро ба андешаҳои ДИИШ мутақоид сохтааст. Инчунин ӯ пас аз он ки бо дархости Тоҷикистон соли 2017 дар Русия боздошт гардид, онҷо низ дар боздошгоҳи муваққатии вилояти Самара боз 4 нафар аз шаҳрвандони Русияро барои рафтан ба Ироқу Сурия ва шомил шудани ба сафи ДИИШ даъват кардааст.

Дар хабари Додситонӣ аз шаҳрвандоне, ки даъвати Каримовро барои шомил шудани ба сафи ДИИШ пазируфтаанд, Ҳасанов Ғ.А. ва бародараш Ҳасанов А.А., ном бурда шудааст.

Гуфта мешавад, мақомоти тоҷик нисбати Каримов С.Ш. бо моддаи 401 иловаи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 3-уми феврали соли 2017 ӯро дар ҷустуҷӯи ҷиноятии байналмиллалӣ қарор доданд.

Пас аз боздошт ва истирдодаш ба Тоҷикистон Додгоҳи вилояти Хатлон 4-уми ноябри соли 2022 Каримовро “бо моддаи 401 иловаи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт” маҳкум кард.

Шуҳрати Президенти Кения бо тими футболи африқоияш

0

Раиси ҷумҳури Кения мегӯяд, тими африқоии ман дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бозии фавқолъода аз худ нишон дод.

Гуфта мешавад, тими миллии футоболи Фаронса дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бо тими миллии футболи Аргентина қувваозмоӣ карда, ҳисобҳоро 3:3 баробар кард, вале дар вақти пеналти задан ба ҳисоби 4:2 шикаст хӯрд.

Ин мақвеъгерии раиси ҷумҳури Кения дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сурати густурда дар ҳоли арзёбӣ ва бознашр буда, интиқодҳое зиёдеро низ дар хусуси истилои кишварҳои африқоӣ тавассути кишварҳои ғарбӣ, аз он ҷумла Фаронса аз нав ба вуҷуд овардааст.

Зас Афғонистонро барои Тоҷикистон манбаи хатар номид

0

Созмони Паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ муътақид аст, ки Афғонистон барои Тоҷикистон ҳамчун як манбаи хатар арзёбӣ мешавад.

Дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас мегӯяд, аз баски Афғонистон барои кишварҳои узви ин созмон асосан барои Тоҷикистон, ҳамчун як манбаи хатар аст, “мо ба таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳем.”

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд, амалан “дар ҳоли ҳозир хатари ҳамлаи мустақим аз Афғонистон вуҷуд надорад, аммо чолишҳое, ки қаблан буданд, ба мисли таҳдидҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ боқӣ мондаанд”.

Бинобар ин Зас анҷоми кор дар тарҳи “Барномаи мақсадноки байнидавлатии СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон”-ро муҳим хондааст. Ин нуктаро вай зимни нишасти хабарӣ бахшида ба натиҷаи фаъолияти СПАД дар соли 2022 ва натиҷаи иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван изҳор дошт.

Дабири кулли СПАД дар ҳоле Афғонистонро манбаи хатар барои Тоҷикистон меномад, ки ҳукумати кишвар барои таҳкими марз бо Афғонистон аз Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русияву Хитой ва дигар кишварҳову созмонҳо техника ва маблағҳои ҳангуфте ба даст овардааст.

Инчунин Станислав Зас дар ин нишаст аз низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон гуфт ва таъкид кард, ки СПАД дар ҳолати зарурӣ дар ҳалли муноқишаи марзии ду кишвар кумак хоҳад кард.

Зас ҳамчунин гуфт, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи пайвастани аъзои нав ба СПАД матраҳ нест ва таъкид кардааст, ки “Мо бояд на барои миқдор, балки барои сифат кор кунем”.

Дар ҳамин ҳол, дар ин нишаст Дабири кулли СПАД гуфт, корҳо барои таҳкими ҳамкориҳо бо Чин идома доранд. Аммо дар бораи чӣ гуна ҳамкорӣ хабар дода нашудааст.

Гуфта мешавад,  се соли фаъолияти Станислав Зас ба ҳайси Дабири кулли СПАД аввали моҳи январи соли 2023 ба анҷом мерасад ва ба ҷойи ӯ Имангали Тасмагамбетов, собиқ сарвазир, вазири дифоъ ва раиси шаҳрҳои Остона ва Алмаато ба кор меояд.

СПАД соли 1992 таъсис ёфта, шаш давлат – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба ин созмон шомиланд.

Душанбе мизбони мусобиқоти ҷаҳонии “Гран-при” мешавад

0

Бо сабаби рушд кардани ҷудо дар Тоҷикистон тобистони соли оянда шаҳри Душанбе мизбони мусобиқоти ҷаҳонии “Гран-при” мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии Ҷудо, 2-юми июни соли 2023 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони Ҷоми мусобиқоти “Grand Prix Dushanbe-2023” мегардад.

Дар назар аст барои иштирок дар ин мусобиқоти дурӯза ҳудуди 300 нафар аз ҷудокорони шинохта аз 30 кишвари дунё барои дарёфти имтиёзҳо ва роҳхат гирифтан ба бозиҳои олимпӣ ба шаҳри Душанбе ташриф биоранд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон бори нахуст мизбони чунин як мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ дар риштаи ҷудо мегардад. Ҷудо яке аз намудҳои рушд карда ва маҳбуби хеле аз варзишкорони тоҷикистонӣ мебошад.

Завқибек Саидаминӣ дар зиндон бемор шудааст

0

Рӯзноманигори зиндонии тоҷик Завқибек Саидаминӣ, ки моҳи ноябр ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, дар зиндон бемор шудааст. Дар ин бора пайвандони ӯ хабар доданд.

Акс аз саҳифаи фейсбуки Завқибек Саидаминӣ

Аз ҷумла, бародари ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Сино Саидаминӣ дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “Бародари ятимпарварам бемор аст“.

Сино Саидаминӣ меафзояд: “Бародарам Завқибек Саидаминӣ соли 2008-ум дар Руссия аз боми як хонаи ду ошёна афтида буду сутунмуҳрааш лат хурда буд.”

Ба қавли ӯ, “он замон духтурҳо тавсияаш дода буданд, ки то 2 – соат дар як ҳолат наистад. Яъне набояд то 2 – соат якҷо биншинад ё рост истад! Бояд ҳолатҳояшро иваз кунад! Вале чун ҳамагон медонанд, ки дар СИЗО дар як шабонарӯз ҳамагӣ барои чанд дақиқа инсонҳоро ба берун мебароранду халос. Дар як ҳолат тамоми рӯзу шаб, ки наздики 6 – МОҲ МЕШАВАД БАРОДАРАМ ҚАРОР ДОРАД, БА САЛОМАТИЯШ ЗАРАР КАРДААСТ.”

Ба таъкиди Сино Саидаминӣ, бародари зиндониаш аз дарди сутунмуҳра ва асаб ранҷ мекашад, камар ва пойҳояш ҳам сахт дард мекунанд ва тамоми шабу рӯз қариб бехобӣ мекашад.

Дар ҳамин ҳол бародари ин рӯзноманигори зиндонӣ хабар додааст, ки Завқибек Саидаминиро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба зиндони воқеъ дар маҳаллаи  маъруф ба “Якум Советский” –и шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Дар охир Сино Саидаминӣ навиштааст, ки “Дар ҳақи бародари ЯТИМПАРВАРАМ бо дуо бошед, ки Аллоҳ шифои комилу оҷилаш бидиҳад ва ҳарчи зудтар озодаш кунад. Омин”.

Хабари бемории Завқибек Саидаминӣ дар зиндон дар ҳолест, ки субҳи 17-уми декбари соли 2022  вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд, узви зиндонии Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва даҳҳо зиндонии дигар бар асари хуруҷи бемории шадиди эпидемӣ якбора дар зиндон бад шуда буд. Масъулини зиндон хунукназарӣ карда дар расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ба онҳо таъхир карданд. Вақте саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд аз ҳад зиёд вазнин ва ба кумо дучор шуд, ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Хунукназарии масъулини зиндонҳо бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Дар гузашта ин амали масъулини зиндонҳо боиси марги маҳбусон гашта буд.

Гуфта мешавад, зиндонҳои Тоҷикистон бо духтурони мутахасис ва доруворӣ таъмин нестанд, аз ҳамин хотир хонаводаҳои зиндониҳо маҷбур мешаванд ба наздиконашон дору ва ҳатто аз берун духтур баранд.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ камбуди баъзе намуди доруҳоро дар зиндонҳо тасдиқ карда гуфта буд, ки “на ҳама доруҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳаст, аз ин хотир хешу табори маҳбусони бемор барои онҳо доруҳое, ки инҷо нест, мефиристанд”

Ҳатто Гузоришгари вежаи СММ Мэри Лоулор баъд аз мулоқот бо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфта буд, ки ин ду рӯзноманигор ба пизишк ва муоинаи тиббӣ ниёз доранд.

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ 8-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат боздошт шуд. Баъдан Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро ба ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” гунаҳкор кард. Худаш дар мурофиаҳо гуфта буд, ки ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест ва аз Додгоҳи Душанбе хоста буд, ҳукмро бекор кунад. ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” иттиҳомот нисбати Саидаминиро сохта номида буданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон, Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигарро боздошт карданд.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифтанд.

Ифтитоҳи корхонаи “Қолинҳои Душанбе” дар пойтахт

0

Дар пойтахти Тоҷикистон корхонави нави истеҳсоли “Қолинҳои Душанбе” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои

Ин нахустин корхонаи қолинбофӣ дар Тоҷикистон нест, балки пеш аз ин дар кишвар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ҳанӯз аз соли 1960 дар вилояти Суғд фаъолият мекунад. Ин корхона бо доштани 500 нафар коригар “яке аз калонтарин ширкатҳои гуногун соҳаи истеҳсоли қолинҳо мебошад.” Иқтидори истеҳсолӣ дар як сол: то 3.000.000 м2 арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, талаботи солонаи бозори қолинҳо дар Тоҷикистон каму зиёд ҳудуди 7 миллион 500 ҳазор метри мурабаъро ташкил медиҳад. Инчунин дар айни замон қолинҳои Тоҷикитсон ба кишварҳои ҳамсоя, аз он ҷумла ба Узбекистон ва Афғонистон ҳам содирот карда мешаванд.

Бо ин вуҷуд, дар бозорҳои Тоҷикистон қолинҳои истеҳсоли кишварҳои Туркия, Эрон, Чин, ва қолинҳои дастбофи Афғонистону Покистон ҳам харидорони худро доранд. Рақобат дар ин бозор хеле сахт аст.

Аргентина бори севвум қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон гардид

0

Мунтахаби миллии Аргентина сазовори ҷои аввал дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар шуд. Дар таърихи футбол кишвари Қатар беҳтарин мизбони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол шинохта шуд.

Рӯзи 18-уми декабр дар кишвари Қатар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 баргузор гардид, ки дар он Фаронса ва Аргентина тавонистанд танҳо дар силсилаи пеналтӣ, қаҳрамонро муайян кунанд.

Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Лусаил Айконик”-и шаҳри Лусаили Қатар бо иштироки наздики 90 ҳазор тамошобин, ки миёни онҳо ситораҳои шинохтаи варзиш ва сиёсатмадорон дида мешуданд, баргузор гардид. Бозиро Шимон Марчиняки лаҳистонӣ доварӣ мекард.

Дар 80 дақиқаи аввали дидор аргентиниҳо нисбати фаросавиҳо бартарият доштанд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 23 ҳамлагар ва капитани аргентиҳо Лионел Месси бо задани гол аз пеналтӣ боз кард.  Пас аз 13 дақиқа Анхел Ди Мария тубро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 41-ум барои тағйир додани услуби бозӣ сармурабии тими Фаронса, ду варзишгарашро иваз кард.

Гуфта мешавад, дар давоми 70 дақиқаи бозӣ Фаронса ҳатто ба дарвозаи Аргентина ягон зарба хам назад.

Баъд аз дақиқаи 70-ум фаронсавиҳо фаъол гардида, ба дарвозаи Аргентина ду гол заданд ва ҳисобро баробар намуданд. Ҳамлагари ҷавон Килиан Мбаппе дар дақиқаи 80-ум аз пеналти тӯбро ба ҳадаф расонда, баъди як дақиқа ӯ боз гол зад ва ҳисобро баробар кард. Замони асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.  

Дар қисмҳои иловагии бозӣ ҳарду тим фаъол буда, ҳамлаҳо анҷом медоданд. Дар дақиқаи 108-ум Месси тубро ба ҳадаф расонда, боз тимашро пеш бурд. Аммо дар дақиқаҳои охири қисми иловагӣ футболбозони Аргентина дар ҷаримагоҳ қоидаро вайрон карданд. Мбаппе аз пеналтӣ тӯбро ба самар расонда, ҳисобро баробар кард.  

Бозӣ то силсилаи пеналти рафт, бозигарони Фаронса натавонистанд ду тӯбро ба ҳадаф расонанд ва мунтахаби Аргентина аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Аргентина бо шикаст додани Фаронса, баъд аз 36 сол боз қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии футбол гардид.

Гуфта мешавад, ин аввалин қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳон аст, ки ҳамлагари 35-сола Лионел Месси дар муддати фаъолияти варзишиаш ба он ноил мегардад.

Дар маросими ҷоизасупории ФИФА, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «Лусаил Айконик» баргузор шуд, беҳтарин футболбози Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 насиби Лионел Месси шуд. Ӯ дар таърих аввалин футболбозест, ки ду бор ин ҷоизаро ба даст овардааст. Аз ин пеш ин ҷоизаро Месси дар қаҳрамони ҷаҳон соли 2014 дар Бразилия ба даст оварда буд.

Ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ҳамчун нишонзани беҳтарини мусобиқот дар Қатар бо  задани 8 гол  сазовори “Кафши тилоӣ” шуд.

Ҷоизаи беҳтарин дарвозабон ба Эмилиано Мартинес аз мунтахаби Аргентина супурда шуд. Беҳтарин футболбози ҷавони Ҷоми ҷаҳон-2022 насиби нимҳимоятгари Аргентина Энзо фернандеси 21-cола гардид.

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар кишвари Қатар ба зеботарин шеваҳои баргузории мусобиқот дар таърихи футбол гузаронида шуд. Дар он 32 мунтахаб ширкат карданд. Оғози ин бозиҳо аз 20-уми ноябр шуруъ шуда то 18-уми декабр идома кард. Дар ин мусобиқоти футбол, мунтахаби Мағриб ҷойи чорум ва Хорватия ҷойи севумро ишғол карданд.

Афғонистон: Зиёда 130 кушта ва захмӣ дар Соланг

0

Бар асари як оташ гирифтани як мошини нафткаш дар нақби Соланги Афғонистон наздик ба 70 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Акс аз рӯзномаи 8 Субҳ

Акс аз манбаъҳои боз

Гуфта мешавад, ин ҳодисаи оташсӯзӣ дар як мошини нафткаше, ки ҳомили бензин буд, бегоҳи шанбеи 17-уми декбари соли ҷорӣ, тақрибан соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ сар зад ва то субҳи якшанбе идома дошт.

Вазорати фавоиди оммаи Афғонистон ҳам эълон кардааст, ки оташсӯзӣ маҳор шудааст ва масъулин дар ҳоли бартараф кардани монеаҳои ба ҷо монда аз ин ҳодиса мебошанд, ба ин хотир рафту омади мошинҳо тариқи ин нақб, ки шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бо Шимол ва Шимолу Шарқи ин кишвар валс мекунад, муваққтан банд аст.

Бар иловаи шаҳрвандони Афғонистон ва бозаргонони он, ки аксари онҳо ҳамагуна молу колоҳои тиҷоратӣ ва транзитии худро аз самти Ҷануби пойтахт ба самти Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон ва сипас ба Тоҷикистону Узбекистон аз ҳамин тариқ интиқол медиҳанд, тоҷирони тоҷикистонӣ низ тамоми мол ва колоҳои тиҷоратӣ ва транзитии худро то ба Покистон ва ё аз Покистон то ба Тоҷикистон ҳам аз ҳамин роҳ мегузаранд.

Додситон барои Пирмуҳаммадзода 7 сол зиндон талаб кард

0

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои рӯзноманигори боздоштшуда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 соли зиндон талаб кардааст.

Яке аз пайвандони ин рӯзноманигор ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мурофиа охири ҳафтаи гузашта дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор гардида, додситон талаб кардааст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 сол зиндонӣ шавад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва вакили дифои ин рӯзноманигор аз додани маълумот худдорӣ кардаанд. Пайвандонаш низ мегӯянд, ки аз ҷузъиёти ин мурофиа огоҳ нестанд, чун касе бо онҳо суҳбат намекунад.

Дар ҳоле барои ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик 7 соли зиндон талаб карда мешавад, ки ӯ аз дохили зиндон бо навиштани номае гуфта буд, ки зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтааст.

Журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ин номаи худ, ки дастӣ навишта шудааст, гуфта буд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.”

Баъди нашри ин нома дар расонаҳо Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳокимаи Пирмуҳаммадзодаро боздошт ва аз Додситонии кулли Тоҷикистон хост, ки шикояти ӯро дар бораи шиканҷа шуданаш таҳқиқ кунад. Аммо натиҷаи он эълон нашуда, мурофиаи ин рӯзноманигор аз сар гирифта шуд.

Инчунин дар он нома Абдусаттор Пирмуҳаммадзода иттиҳомоти мақомотро, ки ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор кардаанд, рад карда буд.

Ёдовар мешавем, ки мақомот тоҷик дар пайи як амалиёти махсус, ки бо боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон анҷомид, Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро 8-уми июли соли ҷорӣ боздошт кард.

Дар пайи боздошту  зиндонӣ кардани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигар рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.