14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 326

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе бо ҳам мулоқот карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 19-уми декбари соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин Раймундас Кароблисро дар бинои вазорат дар шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.

Ба қавли манбаъ, дар дидор Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо “ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуданд.”

Инчунин дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният ва ғайраро дар чаҳорчӯби ташаббусҳои минтақавӣ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, аз оғози робитаҳои сиёсӣ ва диполоматии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо беш аз 30 сол мегузарад. Иттиҳоди Аврупо яке аз ҷонибҳоест, ки дар замони ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон узви кишвару созмонҳои кафили сулҳ буд ва пас аз он низ дар бахшҳои мухталиф ҳамкорҳои худро бо Тоҷикистон тақвият бахшид.

Пас аз соли 2015 ва қатъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва ба дунболи он сарозер шудани мавҷе аз паноҳҷӯёни тоҷикистонӣ ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо барои чанд муддат муносибатҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо ин Иттиҳодия сард шуд, вале баъдтар вақте он сақфи кумакҳояшро ба Тоҷикистон зиёдтар кард, Ҳукумати Эмомлаӣ Раҳмон низ дубора хостори таҳким бахшидани ҳамкориҳо бо он шуд.

Ҷалолиддини Маҳмуд ба ҳуш омад

0

Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндонии сиёсии Тоҷикистон, ки субҳи дирӯз дар зиндон ба кумо дучор шуда буд, дар шуъбаи эҳёи бемористон ба ҳуш омадааст.

Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv аз Вазорати адлияи Тоҷикистон, вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки субҳи дирӯз бар асари хурӯҷи беморӣ дар зиндон ба кумо дучор шуда буд, имрӯз беҳтар шудааст.

Ба қавли ин манобеъ, Ҷалолиддини Маҳмуд пас аз дучор шудан ба кумо ба бемористон интиқол дода шуд ва дар шуъбаи эҳё зери дастгоҳҳои танаффусӣ қарор дошт. Субҳи имрӯз вай ба ҳуш омада, интизор меравад фардо ба шуъбаи умумӣ интиқол дода шавад ва муддати чанд рӯзи дигар низ ҳамон ҷо бистарӣ бимонад.

Ҳамзамон наздикону пайвандони ин зиндонии сиёсӣ мегӯянд, ки саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд то бегоҳи ҷумъаи 16-уми декабри соли ҷорӣ хуб арзёбӣ мешуд ва ӯ аз ҳеч гуна беморие шикоят надошт, вале шаби шанбеи 17-уми декабр якбора аҳволаш бад шуда, ба кумо рафтааст.

Аз сӯи дигар бародари журналист Завқибек Саидаминӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кардааст, ки вазъи саломатии бародараш дар зиндон хуб нест.

Сино Саидаминӣ, бародари Завқибеқ Саидаминӣ мегӯяд: “Бародарам Завқибек ният дорад ба тамоми зинаҳои судӣ шикоят бурда, БЕГУНОҲИЯШРО ИСБОТ КУНАД! БАРОИ БАРОДАРАМ, КИ ҲОЛО САЛОМАТИЯШ ХУБ НЕСТ, ДУО КУНЕД  БАРОДАРОНУ ДӮСТОНАШ ТО САЛОМАТИЯШ ХУБ ШАВАДУ ҲАҚ БА ҲАҚДОР БИРАСАД.”

Гуфта мешавад, субҳи 17-уми декбари соли 2022  вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд, узви зиндонии Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва даҳҳо зиндонии дигар бар асари хуруҷи бемории шадиди эпидемӣ якбора дар зиндон бад шуда буд. Масъулини зиндон хунукназарӣ карда дар расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ба онҳо таъхир карданд. Вақте саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд аз ҳад зиёд вазнин ва ба кумо дучор шуд, ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Тазоҳуроти олмониҳо ба хотири ихроҷ накардани Абдуллоҳи Шамсиддин

0

Ҷамъе аз олмониҳо аз ҳукумати ин кишвар хостанд, ки паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад.

17-уми декабри соли 2022 ҷамъе аз ҳамкорон ва дӯстону наздкони олмонии паноҳҷӯи тоҷик ва фаъоли ҷомеаи маданӣ Абдуллоҳи Шамсиддин бо баргузории як тазоҳурот дар шаҳри Дортмунд аз мақомоти Олмон хостанд, ки ӯро ихроҷ накунанд.

Тазоҳуркунандагон дар даст шиору дархостҳои мухталифе доштанд, ки хулосаи тамоми онҳо ин буда, ки набояд паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин ба Тоҷикистон фиристода шавад, зеро бо таваҷҷуҳ ба парвандаҳои дигар паноҳҷӯёни ихроҷшуда, маълум нест, ки ӯро чӣ сарнавиште интизор аст?

Дар ҷамъи ин эътирозгарон корфармои Абдуллоҳи Шамсиддин ҳам ҳузур дошта, бо садои баланд ва шиоре дар дасташ мегӯяд: “беҳтарин коригари моро ба қассобхона (яъне баТоҷикистон) нафиристед!

Инчунин дар байни ин тазоҳуротгарон Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳ ҳам ҳузур доштааст. Ба қавли ӯ, ин тазоҳурот бо ибтикори худи олмониҳо ва дар раъси онҳо корфармо, ҳамкорон ва шиносҳои олмонии писараш қарор доштаанд.

Инчунин бархе олмониҳо бо нашри туморе дар Интернет аз дигар шаҳрвандони олмонӣ ва сокинони ин кишвар хостаанд, ки чун маълум нест, пас аз ихроҷ чӣ сарнавиште бар сари ин паноҳҷӯи тоҷик дар Тоҷикитон меояд, эътирози худро ба ин ҳукми додгоҳ ва қарор мақомот баён кунанд, то Абдуллоҳи Шамсиддин ихроҷ нашавад.

Гуфта мешавад, Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯи 32-солаи тоҷик дар Олмон аст, ки айни замон дар боздоштгоҳ қарор дорад ва мақомоти ин кишвар қасди ихроҷи ӯро ба Тоҷикистон доранд. Вай писари Шамсиддини Саид, яке аз аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва доронадаи мақоми паноҳангадии сиёсӣ дар Олмон мебошад.

Ҷалолиддини Маҳмуд дар зиндон ба кумо рафт

0

Хурӯҷи бемориҳои эпидемӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон аксари зиндониҳои кишварро, ки сари вақти ба муолиҷа дастрасӣ надоранд, замингир кардааст.

Бино ба иттилои манобеи Azda tv аз Вазорати адлияи Тоҷикистон, субҳи 17-уми декбари соли 2022 Ҷалолиддини Маҳмуд, узви зиндонии Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар асари бемории шадиди эпидемӣ дар зиндон, ба кумо дучор шудааст.

Ба қавли манобеъ, вақте вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндонии сиёсии Тоҷикистон лаҳза ба лаҳза вазнинтар мешуд, масъулини зиндон хунукназарӣ карда, сари вақт ӯро ба табобат фаро нагирифтанд. Кор то ҷое расид, ки вай аз по уфтод ва бархеҳо гумон карданд, ки бемор ҷони худро аз даст хоҳад дод, он замон масъулин ба кумаки вай омаданд, вале дер шуда буд. Онҳо пеш аз он ки беморро ба назди табибон бирасонанд, зери фишори баланд аз ҳӯш рафта буд.

Инчунин, тибқи баъзе хабарҳои таъйид нашуда, низ гуфта мешавад, дар байни ин беморони зиндонӣ як нафар ҳам ҷони худро аз даст додааст, аммо манобеи мо то замони таҳияи ин хабар дар бораи ҳувияти он маҳбуси вафот карда, маълумоти кофӣ ба даст оварда натавонистаанд. Дар ҳолати таъйид ин хабар ва ташхиси ҳувияти майит маълумот хоҳем дод.

Пеш аз ин раҳбарони мухолифини Эмомалӣ Раҳамон дар Аврупо ҳушдор дода буданд, ки мақомоти Тоҷикистон қасд доранд дар байни зиндонҳои кишвар иғвоандозӣ карда, сипас ба ҳамин баҳона теъдоде аз зиндониҳои сиёсиро бо шаклҳои мухталиф аз байн бибаранд.

Аммо акнун маълум нест, ки хуруҷи ин бемории эпидемӣ ҳам дар зиндонҳои кишвар бахше аз ҳамон барномаҳои ҳукуматӣ барои нест кардани бархе маҳбусон, бахусус зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аст ва ё он бахше аз ҳамон бемориҳои эпидемиест, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро фаро гирифта ва мардум аз он ранҷ мебаранд.

Гуфта мешавад, масъулини зиндонҳои Тоҷикистон Ҷалолиддин Маҳмуд ва дигар зиндони сиёсиро борҳо бо баҳонаҳои мухталиф мавриди озору азият ва шинкаҷаҳои ҷисмонӣ ва равонӣ қарор дода, дар ҳолатҳои беморӣ сари вақт аз табобат гирифтан маҳрум карда буданд. Инчунин чанде аз зиндониёни сиёсӣ ва ғайри сиёсиро ҳам бо роҳандозии ошӯбҳои сунъӣ аз байн бурда буданд.

Тоҷикистон: Поёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

0

Ширкаткунандазои озмуни ҷумҳурияии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фардо дар пойтахт ҷамъ шуда, беҳтаринҳо бо мукофотҳо қадр карда мешаванд.

Акс аз сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикитсон

17-уми декбари соли 2022 дар Театри драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳурияии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст-2022”, ҷамъбаст карда мешавад.

Вазорати маорифи ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин озмун 442 нафар ширкат кардааст. Аз ин теъдод 229 нафарро муҳассиллини мактабҳо ва муассисаҳои ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11) ташкил медиҳанд.

Инчунин дар сафи иштирококунандагони ин озмуни ҷумҳурявӣ аз ҳисоби донишҷӯён (магистрантон, аспирантон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 83 нафар ширкат кардааст ва 130 нафари ахирро ҳам касоне ташкил медиҳанд, ки ба касби омӯзгорӣ ва дигар касбу корҳо машғуланд.

Гуфта мешавад, “Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср” баргузор гардид.

Ин озмун имрӯз, 16-уми декабри соли ҷорӣ “вобаста ба гурӯҳҳо миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ҷамъбаст гардида аст”.

Оё муносибатҳои Чин бо Тоҷикистон “дӯстона” аст?

0

Чин яке аз кишварҳои сармоягузор ва ҳамзамон аз ҳомиёни аслии режими Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикитсон дониста мешавад, вале хеле аз мардум ба “дӯстона” будани ин ҳама муносибатҳо шубҳа доранд.

15-уми дебкари соли 2022

Аммо бар хилофи инҳо ҷамъе аз иштирокчиёни ин назарсанҷӣ, ки зиёда аз 36 дарсади овоздиҳандагонро ташкил медиҳанд, дар бораи ин ҳама муносибатҳои Чин бо Тоҷикистон бо диди шакку тардид нигоҳ карда, беш аз 30 дарсади онҳо таъкид кардаанд, ки “Намедонам” ва 3% ҳам гуфта, ки ин муносибатҳо “Ғайри дӯстона” ва инчунин 3 фисади ахир ҳам таъкид карда, ки ин муносибатҳо “Бадхоҳона” мебошанд.

Гуфта мешавад, Чин яке аз ҳамсояҳои Тоҷикистон аст, ки дар 20 соли ба яке аз сармоягузорони аслӣ, натанҳо дар бахши иқтисод, тиҷорат дар бозорҳои Тоҷикистон табдил ёфта, балки хеле аз барномаҳои ҳукуматиро ҳам маблағгузорӣ мекунад ва ба ин тариқ дар азхуд кардани конҳои тиллову нуқра ва дигар металҳои қиматбаҳо мақоми аввалро дар кишвар ишғол мекунад.

Додгоҳ ҳукми Ғурбатиро низ бетағйир гузошт

0

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони рӯзноманигори ҷавон Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузоштааст. Дар ин бора наздикони ӯ ба “Asia-Plus” хабар додаанд.

Мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ имрӯз, 16-уми декабр мисли мурофиаҳо гузашта дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе пушти дарҳои баста, бо иштироки вакили дифоаш баргузор гардидааст. Аммо ба пайвандону наздиконаш иҷозаи иштирок дар мурофиаро надодаанд.

Яке аз наздикони ин рӯзноманигори зиндонӣ мегӯяд, ки вакили дифоъ далелҳои заруриро пешниҳод кардааст. Аммо додрас онро ба назар нагирифта, ҳукми 7,5 соли зиндони Додгоҳи ноҳияи Шоҳмунсурро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ бетағйир гузоштааст.

Пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ қасд доранд аз болои ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳӣ – назоратӣ ва баъдан ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят баранд.

Пештар аз ин Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 10 соли зиндон бо ҷарима шудан барои Далери Имомалиро, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт содир карда буд, низ бетағйир гузошт.

Ҳуқми зиндони ин ду рӯзноманигор дар ҳоле бетағйир гузошта мешавад, ки ҳафтаи гузашта Гузоришгари вежаи СММ дар бораи ҳомиёни ҳуқуқ Мэри Лоулор зимни сафараш ба Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хоста буд, тафтишот одилона ва мурофиаи додгоҳии боз бо иштироки намояндагони ҷомеаи байналмилалӣ сурат бигирад.

Инчунин хонум Лоулор дар боздоштгоҳ бо ин рӯзноманигорон мулоқот намуда, гуфта буд, ки ин ду рӯзноманигор, хусусун Далер ба пизишк ва муоинаи тиббӣ сахт ниёз доранд.

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ аз ҷониби мақомот 15-уми июни соли ҷорӣ боздошт ва баъдан алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шуд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябр ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гурӯҳҳои мамнуъ айбдор ва ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомот Далери Имомалиро 17-уми октябри соли ҷорӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон кард.

Ин ду рӯзноманигори шинохта иттиҳомоти мақомотро рад карда буданд. Ҳатто созмонҳое, ки ба узвият дар онҳо муттаҳам мешаванд, аз ҷумла ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” ҳамкорӣ бо ин рӯзноманигоронро рад карданд.

Ҳамлаҳои мушакии Русия алайҳи Украина

0

Бар асари ҳамлаҳои навбатии Русия субҳи имрӯз дар аксар манотиқи Украина зангҳои хатар ба садо даромада, шаҳрвандон ва сокинони ин кишвар ба паноҳгоҳҳо панаҳ бурданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи имрӯз, 16-уми декабри соли 2022 Русия ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии худ алайҳи шаҳрҳои мухталифи Украина, аз он ҷумла шаҳрҳои Киев, Херсон, Запарож, Харков ва дигар бузург шаҳрҳои ин кишварро аз сар гирифтааст.

Президенти Украина Владими Зиленский дар суҳбат бо расонаҳо Русияро ба он муттаҳам кардааст, ки он бар асоси барномаҳои аз қабл таҳияшуда, тамоми зерсохторҳои кишваррашро ҳадаф қарор дода, онҳоро аз байн мебарад. Вай таъкид карда, Русия артиши Украинаро шикаст дода наметавонад, ба ин хотир тамоми иншоот ва биноҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Инчунин бар асари ин ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии Русия аллакай дар бархе бузургшаҳрҳои Украина хеле аз иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои обу барқрасонӣ ва дигар иншооти гармидиҳӣ харобу валангор гардида, дар натиҷа шаҳрии Харков ҳам пурра бебарқ мондааст.

Аз сӯи дигар, Русия ва гурӯҳҳои ҷудоиталаб дар Донбас ҳам ҷониби Украинаро муттаҳам ба ҳамла карда, гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ҳудуди 15 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Вазорати дифои Украина ҳам дар саҳфаи Телеграмиаш хабар дода, гуфтааст, субҳи имрӯз шаҳрҳои мухталифи Украинаро бо 72 мушаки болдор мавриди ҳадаф қарор додааст.

Ҳамзамон Вазорати дифои Русия ҳам бо таъйиди ин ҳамлаҳо дар канали Телеграмиаш хабар дода, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 16о афсару сарбози укрианӣ кушта ва захмӣ шудаанд. Аммо дар мавриди ҳадаф қарор додани иншооти муҳими давлатӣ дар Украина чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, ҳамлаҳои Русия алайҳи Украина аз 24-уми феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ идома доранд ва то ин мудддат даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони мулкӣ ва низомиён аз ҳар ду ҷониб кушта ва захмӣ шуда ва беш 6 миллион нафар хонаву кошонаҳои худро тарк карда, ба ҷойҳои амнтар, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Канада панаҳ бурданд.

Муроҷиат ба Эмомалӣ: Аз ин бебарқиву торикӣ дар гӯр хоб кунем беҳтар аст

0

Дар ин чанд рӯзи ахир, ки ҳаво ҳам хеле сард шудааст, шикояти сокинон аз бебарқиву бешароитӣ бештар шудааст. То он ҳад, ки беъзеҳо дар муроҷиатҳои худ ба Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, аз ин азоби бебарқиву торикӣ дар гӯр хоб кунанд беҳтар аст.

Як модари тоҷик аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар муроҷиати худ ба Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, дар ин ҳавои сард барқ надоранд, се рӯз дар навбати газ истоданд газ ҳам нест, ҳатто наметавонанд барои фарзандонашон субҳонаи гарм омода карда, ба мактаб бифиристанд.

Ӯ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо шири модараш қасам ёд кард, ки нерӯгоҳи барқии “Роғун”-ро месозад ва дигар барқ ҳечгоҳ қатъ намегардад ва ба ин ваъдаҳо бовра карда, аз 7-сола то 70-сола саҳмия хариданд, вале ҳолашон сол то сол бадтар мешаваду беҳтар не.

Ин модар бо гиря ҳамчун як модари маъюб ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунад, ки барқро дар ҳавои сард ба берун нафурӯшанд ва ба мардум бидиҳанд.

Ӯ мегӯяд: “Илтимос, қувваи барқро диҳед, ақалан як пиёла чои гарм бихӯрем. Ними одамои мо мурда рафтанд аз бебарқӣ, ду шаб мешавад мурда мешавад барқ нест дар Тоҷикистони мо. Ин чӣ гап аст?”

Ин модар дар идома мегӯяд, “монда шудам аз ин бебарқӣ ва сардӣ, аз ин ҳол дида дар гӯри торик хоб кунем беҳтар аст“.

Ба ин монанд чандин шикоятҳои дигар низ ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад, аммо касе аз мақомдорони кишвар омода нест, ҳадди ақал дар ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардум посух бигӯяд.

Ба гуфтаи сокинони марказҳои ноҳияҳо, ки хонаҳои баландошёна доранд, ба сабаби бебарқӣ ба беморӣ гирифтор шудаанд. Ҳатто дар пойтахти кишвар ҳам низоми гармидиҳӣ хонаҳоро хуб гарм намекунад ва мардум, хусасан кӯдакдорону бемордорон дар ин зимистони сард сахт ранҷ мекашанд, вале Ҳукумат чорае барои беҳтар кардани вазъи мардум намеандешад.

 

Президент вақти хондани Гимн байни мардум дар ҷояш “тар” кард

0

Сарвари солхӯрдаи Судони Ҷанубӣ дар вақти хондани Гимни миллӣ дар байни мардум пешоби худро дошта натавониста, дар ҷои истодааш “тар” кард.

Субҳи имрӯз, 15-уми декбари соли 2022, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфта, ки нишон медиҳад, раиси ҷумҳури Судони Ҷанубӣ дар байни мардум истода, вақти хондани Гимни миллӣ пешобашро дошта натавонист ва дар ҷои истодааш тар мекунад.

Дар навор дида мешавад, замоне раиси ҷумҳур дарк мекунад, ки либосаш аллакай тар шудааст ва пешобаш аз банди пойяш ба замин ҳам ҷорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ِСудони Ҷанубӣ, як кишвари ғайрисоҳилӣ буда, дар Шимолу Шарқи Африқо ҷойгир аст. Ин кишвар ба хилофи кишвари Судон, ки аксари сокинони он мусалмон мебошанд, хеле аз аҳолии ин кишвар аз динҳои тақлидӣ ва қисми кӯчаке аз онҳо низ пайравӣ дини масеҳӣ мебошанд.

Салваторе Киир Майардит — Президенти Ҷумҳурии Судони Ҷанубӣ аз 9 июли соли 2011 раҳбари ҳукумати Судони Ҷанубӣ ва ноиби президенти Судон дар солҳои 2005-2011, раҳбари SPLA – намояндаи бузургтарин миллати динка дар Судони Ҷанубӣ аст.