Гурӯҳе аз журналистони табъидии чанд кишвар дар Рӯзи озодии матбуот аз мушкилот ва мавриди фишору саркӯб қарор гирифтан аз ҷониби ҳукуматҳояшонро гуфтанд.
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот Кумитаи миллии матбуоти озод ва донишкадаи журналисткаи Клуби Миллии Матбуот “the National Press Club’s Press Freedom Committee and the Journalism Institute”, ки мақараш дар Вашингтон аст, 4-уми майи соли ҷорӣ нишасти онлайние баргузор кард, ки дар он меҳвари гуфтугӯ мушкилоти рӯзафзуни рӯзноманигорони табъидӣ баррасӣ шуд.
Дар ин нишаст рӯзноманигорон аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Кабиров, аз давлати Некарагуа Мария Лилли Делгадо, аз давлати Миянмар Сонни Све, аз Кашмири Ҳиндустон Масрат Заҳро ва аз Ҳиндустон Притти Наллу ширкат ва суханронӣ карданд.
Рӯзноманигорон аз вазъи кунунии кишварҳояшон, саркӯби рӯзноманигорон аз ҷониби ҳукуматҳо, аз мушкилиҳое, ки ҳамарӯза бо он рӯ бу рӯ мешаванд, аз ҷумла аз таҷрибаи раванди паноҳандагӣ ва муҳоҷират, монеаҳо барои вуруд ва гирифтани раводиди корӣ, қарор дар бораи идома додани кори рӯзноманигорӣ ё гузаштан ба кори дигар, мушкилоти пайдо намуда хабар, мушкилоти техникӣ, молиявӣ ва кадрӣ гуфтанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли охир даст ба саркӯби рӯзноманигорон зада чанд тан аз онҳоро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Даҳҳо тан аз рӯзноманигорону блогерони тоҷик маҷбур шуданд Тоҷикистонро тарк кунанд. Аммо бо вуҷуди мушкилоти дигар дар хориҷ, бо таъқиб рӯ ба рӯ мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ин аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии ҳуқуқ танқид мешунавад.
Клуби Миллии Матбуот “The National Press Club” низ сабабҳои тарки афзояндаи рӯзноманигорон аз кишварҳояшонро саркӯби ҳукумат, таҷовузи хориҷӣ, тарс аз сӯиқасду боздоштҳо ва ғайра номидааст.
Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (чорум) бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузаронданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.
Ин адвокати зиндонӣ дар номаи худ навиштааст, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.
Дар номаи Бузургмеҳр Ёров аз тафтишот хоста шудааст, ки ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Аммо то куҷо ин дархости Бузургмеҳр Ёров иҷро мешавад, маълум нест.
Як муфаттиши Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 4-уми май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бидуни зикри номаш гуфтааст, ки парвандаи Бузургмеҳр Ёров махфӣ аст ва онро шарҳ дода наметавонад.
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари Бузургмеҳр мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон парвандаи “қаллобӣ” зарурат ба муҳри махфӣ надорад.
Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.
То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.
Қарор аст ҳафтаи оняда Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қазоиқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати расмии Си Ҷинпин ба Чин сафар кунанд.
Гуфта мешавад, сафари раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба давлати Чин рӯзи 16-ум майи соли ҷорӣ оғоз ёфта, то 20-уми ҳамин моҳ идома пайдо мекунад.
Аммо дар хабар ҳадаф аз сафар ва ин ки кадом масоили мубрам буррасӣ мешаванд, мушаххас чизе гуфта нашудааст.
Чин барои Тоҷикистон аз сармоягузорони аслӣ ба шумор рафта, беш аз 1 миллард доллар ба лоиҳаҳои бузурги кишвар сармоягузорӣ кардааст.
Ба иттилои бархе коршиносон, дар ин авохир дар пайи тағйири вазъияти сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла ҷанг дар Украина кишвари Чин ба давлатҳои Осиёи Марказӣ тамоюли бештар нишон медиҳад. Ва ҳадаф аз ин кор ҷалби бештари шарикони стратегӣ гуфта мешавад.
Дар торихи 6-уми майи соли ҷорӣ гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷики муқими Лаҳистон бо ташкили семинари илмие масъалаи “Зиёдаравӣ дар дин” ва кофир хондани дигаронро баррасӣ карданд.
Рӯзи шанбе аз Намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Лаҳистон ба Azda tv гуфтанд, ки ин семинари илмӣ бо ташаббуси ин ҳизб зери унвони “Зиёдаравӣ дар дин ва хатарҳои он дар ҷомеа” баргузор гардид. Гуфта мешавад, дар ин нишасти илмӣ меҳмонон аз Олмон, Утриш ва дигар кишварҳои аврупоӣ ҳузур доштанд.
Исломҷон Саидов, донишманд ва пажӯҳишгари масоили динӣ, ки ин мавзуъро омода ва пешкаш кард, дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки ҳадаф аз баргузории нишасти мазкур, равшанӣ андохтан ва огоҳ сохтани қишри ҷавон ва ноогоҳи ҷомеа аз андешаҳои такфирӣ мебошад “ва дар ин шабу рӯзҳо зиёд шудани фаъолияти гурӯҳҳои такфирӣ дар байни муҳоҷирон ва хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро ба баргузории чунин маҳфиле водор кард.”
“Аксари ҷавонони мо, мутаассифона, ба хотири набудани як фазои озод дар дохили Тоҷикистон барои ба даст овардани маълумоти динӣ фирефтаи ин гурӯҳҳо мешаванд ва ҳарчи ки ин гурӯҳҳо мегӯянд, онро ҳамчун дин қабул мекунанд. Ва аксари нафароне, ки дунболи инҳо мераванд, нафароне ҳастанд, ки дониши динӣ надоранд ва фиреби ҳарфҳои онҳоро мехӯранд. Инҷост, ки ин заруратро мо эҳсос кардем, агарчи мақолаҳои пароканда дар робита ба ин мавзуъ доштем, вале тасмим гирифтем, ки як чизи нав ва дар як шакли комилтар пешниҳод кунем, ҳам барои муҳоҷирони дохили худи Лаҳистон ва ҳам барои ҳар муҳоҷироне, ки дар Урупо қарор доранд ва инчунин барои худи мардуми Тоҷикистон.”, – мегӯяд Саидов.
Ӯ дар идома афзуд, ки қасд дорад дар оянда бо баргузор кардани чунин маҳфилҳои илмӣ сатҳи дониши динии мардуми тоҷики муҳоҷирро то андозае боло баранд ва нишон бидиҳанд, ки “дини ислом як дини миёна ва осонгир аст, на он дине, ки дар андешаи гурӯҳҳои ифротӣ матраҳ мешавад.”
Дар ин нишасти илмӣ, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ҳузур дошт, зимни суханронияш ин иқдомро “бозгашт ба асли худ” номида, афзуд, ки ҲНИТ фаъолияташро аз огоҳсозии мардум ва равшангароии динӣ дар муқобили хурофот ва бидъатҳо оғоз карда буд ва он давраро аз ҳама давраҳои “пурбаракату пурнатиҷа”-и ҳизбаш хонд.
Кабирӣ дар идомаи суҳбаташ дар робита ба омилҳои аслии кофир хондани дигарон аз ҷониби як гурӯҳ ишора карда гуфт: “Омили аслии такфир дар тафаккури динӣ ва дар қироате аз дин аст. Як қироат ва як бардошти динӣ боис мешавад, ки масъалаи такфир пеш биёяд. Ва касе ҳам, ки такфир мекунад, далилаш аз дин аст ва касе ҳам, ки дар натиҷаи ин такфир қурбонӣ мешавад, ӯ ҳам далил дорад аз дин, ки ман қурбонӣ ҳастам.”
Ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, роҳи ҳал дар ин масъала ин аст, ки “он тарзи тафаккур ва он қироати диние, ки бар муқобили тафаккури такфирӣ аст ва аксарияти мусалмонон ҳам ба он пойбанд ҳастанд, бояд ҷои тафаккури ақаллияти такфириро бигирад“. Ва ба гуфтаи ӯ, ин кор бо баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ ва тарҳи масъала ба шакали васеътар метавонад амалӣ шавад.
Инчунин дар ин нишасти илмӣ назару андешаҳои меҳмонон низ шунида шуд, ки ҳама падидаи “Зиёдаравӣ дар дин” ва бахусус кофир хондани дигар мусалмононро амали номатлуб ва зарарнок бар ҷомеа хонданд.