13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 373

Ситоиши Забеҳуллоҳи Муҷоҳид аз Шавкат Мирзиёев

0

Сухангӯи расмии Толибон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид аз мавзеъгирии ахири Шавкат Мирзиёев Президенти Узбекистон истиқбол кард.

14-уми сентябри соли 2022, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар ҳисоби твиттерии худ аз гуфт, ки “мавқефгирии раиси ҷумҳури хирадманд ва муҳтарами Узбекистон оқои Шавкат Мирзиёев дар мавриди Афағонистон дӯстон ва дилсӯзона аст.

Сухангӯи расмии Толибон мегӯяд, “Аморати исломии Афғонистон аз ин мавқеъгирии кишвари бародари Узбекистон ситоиш менамояд ва онро аломати оянади боэътимод, ором ва бо суботи ҳар ду кишвар медонад. Ин шоа Аллоҳ”

Гуфта мешавад, пеш аз баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки имрӯзу фардо дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор мешавад, Шавкат Мирзиёев бо нашри матлабе гуфта буд, Афғонистон бахши ҷудоинопазири минтақаи Сазмони ҳамкориҳои Шанхай аст. Мардуми он беш аз ҳар вақти дигаре ба ҳамсоягони хуб ва ҳимояти онҳо ниёз доранд.”

Чеҳраҳои сиёсии мухолифи Толибон дар Утриш гирди ҳам омаданд

0

Чеҳраҳои сиёсии мухолифи Толибон бо шумули Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш гирди ҳам омаданд.

Бино ба гузориши расонаҳо, шуморе аз чеҳраҳои сарнишоси сиёсии Афғонистон, ки мухолифи Толибон дониста мешаванд ва ҳоло дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, рӯзи 15-уми сентябр барои нишасти махсус дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш ҷамъ омаданд.

Тавре гуфта мешавад, дар ин нишаст аз ҷумла, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Раҳматуллоҳ Набил, Зулмай Расул, Фавзия Кӯфӣ, Мансур Нодирӣ ва дигар чеҳраҳои сиёсӣ ҳузур доранд.

BBC бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ин нишаст паси дарҳои баста, бидуни ҳузури расонаҳо баргузор мешавад. Ва ҳадафи аслии он гуфтугӯ дар мавриди ояндаи Афғонистон ва “муқовимати сиёсӣ ва низомӣ” алайҳи ҳукумати Толибон гуфта мешавад.

Рӯзҳои ахир даргириҳои низомӣ байни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва нерӯҳои Толибон дар Панҷшер шиддаст гирифтааст. Расонаҳо аз кушта шудани теъдоди зиёди нерӯҳои Толибон гузориш медиҳанд.

Ҳузури чеҳраҳои сиёсии мухолифи Толибон дар ҳолест, ки моҳи гузашта, шахсиятҳое ба монанди Аҳмад Масъуд, Муҳаммад Исмоилхон, Ато Муҳаммаднур, Абдурашид Дӯстум, Муҳаммадюнус Қонунӣ ва дигарон аз таъсиси як эътилофи зиддитолибонӣ хабар дода буданд.

Корвони мошинҳои Президенти Украина дучори садама шуд

0

Корвони мошинҳои Президенти Украин шоми дирӯз дар шаҳри Киев дучори садама шуда, яке аз ронандаҳо сахт захмӣ шудааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино иттилои расонаҳо, шоми 14 ба 15-уми сентябри соли ҷорӣ корвони мошинҳои Владимир Зеленский дар шаҳри Киев, пойтахти Украина дучори садама шудааст.

Дар бархе наворҳои видеоие, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ яке аз ронандаҳои корвони мошинҳои Владимир Зеленский аз ноҳия сару гардан, дастҳо ва синааш сахт захмӣ шудааст.

Расонаҳое, ки ин наворҳоро нашр кардаанд, мегӯянд, ки дар вақти ин садама худи Президенти Украина низ дар ин корвон вуҷуд доштааст, вале ба қавли котиби матбуотиаш Сергей Никифоров, “худи Президент осеби ҷиддӣ надидааст..”

Дар ин наворҳо низ дида мешавад, ки бархе кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти бехтарии роҳ дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд ва мақомот сабабҳо ва омилҳои ин садамаро таҳқиқ мекунанд.

Мулоқоти сарони Тоҷикистон Эрон дар Самарқанд

0

Президенти Тоҷикистон бо Президенти Эрон дар шаҳри Самарқанди Узбекистон дидору гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз, 15-уми сентябри соли 2022 “Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Саид Иброҳим Раисӣ дар шаҳри Самарқанд мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, дар ин дидор сарони ҳар ду кишвар аз рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ёд карда, аз ҳаҷми “муомилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар, ки дар шаш моҳи сипаришуда аллакай ба беш аз 116 миллион доллар расидааст”, истиқбол кардаанд.

Инчунин котиботи Президенти Эрон ҳам хабар дода, ки Иброҳим Раисӣ “бо таъкид бар идомаи сиёсати тавсеъаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон, эълом кард: Имконоти зиёде барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Теҳрон ва Душанбе вуҷуд дорад. “

Ҳамзамон дар рафти мулоқот Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд сол равобити сиёсиву дипломатӣ, муносибатҳои фарҳангӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишварро маҳдуд карда буд, хостори “баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар” шудааст.

Гуфта мешавад, равобити иқтисодӣ, муносибатҳои дипломатӣ ва фарҳангиву таиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар 7 соли гузашта марҳилаҳои нишебу фарозеро таҷриба карданд. Дар ин марҳила ҷониби Тоҷикистон дар раъси он худи Эмомалӣ Раҳмон Эронро ба даст доштан дар қатлҳои занҷиравии донишмандон, террори шахсиятҳо, кумак ба мухолифин ва ҳимоят аз онҳо муттаҳам мекард, вале дар ду соли охир вазъият фарқ карда, худи ӯ дубора хоҳони аз нав барқарор кардани робитаҳо ва тармими муносибатҳо шудааст.

Чин НОБ-и “Роғун”-ро ҳам таги чашм кард

0

Чин бо баҳонаи таҳкими субот, таҳдидҳои берунӣ ва ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ҳам зери чашм кардааст.

Ба иборати дигар, вай гуфтан мехоҳад, ки Чин омодааст, ки Тоҷикистонро барои “таҳкими ҳифзи сарҳадот”, “идомаи ҳамкориҳои зич дар арсаи амниятӣ” кумак кунад ва дар ин арса ҳамкориҳои худро тақвият бахшад, ба “шарт”-и он ки Душанбе ҳам розӣ шавад, ки Пекин низ “дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО Роғун” иштирок кунад.

Баҳси таҳкими ҳамкориҳои низомӣ ва ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон бо Чин масъалаи имрӯз нест, балки бахше аз ин мавзуъ ду сол пеш низ дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Он замон хабаргузории “Iranintl” дар як гузориши вежа аз вуҷуди сарбозони Чин дар Помири Тоҷикистон хабар дода буд. Сабаби ҳузури Чин дар минтақаи Помир вуҷуди роҳи стротегии Вахон, ки дар оянда долони иқтисодии Чину Покистон низ аз онҷо мегузарад, гуфта шудааст.

13 моҳ баъди нашри хабари мазкур дар октябри 2021 Парлумони Тоҷикистон санадеро ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он кишвари Чин дар водии Вахони ноҳияи Ишкошими вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 100 миллион сомонӣ барои сарбозони тоҷик пойгоҳи низомӣ месозад.

Ба дунболи ин хабар вақте Толибон дар Афғонистон сари қудрат омаданд, ин баҳс аз нав дар сархати бархе расонаҳо қарор гирифт. Он вақт Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин хоста буд, ки барои таъмин ва таҷҳизи 20 ҳазор нерӯ Тоҷикистонро кумак кунад ва дар иваз барояш ҳудуди пойгоҳи низомии навтаъсис дар ВМКБ-ро умрбод дар ихтиёри артиши Чин вогузор мекунад.

Инчунин дар охири оятябри соли 2021 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъсиси пойгоҳи низомиро рад карда гуфта буд, ки дар доираи як Созишнома гузаронидани машқҳои тактикии муштарак байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чин пешбинӣ шуда буд ва ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузаронидани машқҳои муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Чин пешниҳод ва пардохт карда мешаванд.

Тибқи омори расмӣ дар 8-моҳаи соли ҷорӣ сатҳи тиҷорат ва гардиши молу колоҳо байни Тоҷикистону Чин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82% афзош доштааст. Инчунин давоми 30 соли гузашта Чин миллиардҳо доллар ба иқтисоди Тоҷикистон кумак кардааст. Қарзҳои камбаҳра ва дарозмуддати Чин ба Тоҷикистон ҳам зиёда 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳанд.

Дар оғози феврали соли 2022 низ Чин дар торихи 30 соли муносибатҳои дипломатӣ ва тиҷоратиаш бо Тоҷикистон барои нахустин бор дар ҳаҷми аз ҳад зиёд кумакҳои техникӣ пешниҳод кардааст. Кумакҳое, ки дар ду тарафи шоҳроҳ Душанбе-Ваҳдат дар чанд километр ба намоиш гузошта шуда буданд, ки ҳар бинандаеро ба фикр кардан водор мекарданд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки Чин аксари конҳо ва кандаҳои фоиданоки зери заминии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад ва дар бахшҳои дигари иқтисод, аз он ҷумла молу колоҳо, сохтмони биноҳо, таъмир ва азнавсозии роҳҳо пулҳои ҳангуфтеро сармоягузорӣ мекунад.

Аммо акнун ба баҳонаи таъмини амният ва ҳифзи сарҳадот чашм ало кардани Си Ҷинпин ба НБО “Роғун” ва ба ин васила дар ихтиёр гирифтани бахше аз зерсохторҳои барқии Тоҷикистон нигарониҳоеро ба вуҷуд оварда ва суолеро дар зеҳнҳо халқ мекунад, ки хулоса ин ки Чин аз Тоҷикистонро чӣ мехоҳад?

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Эрон узви комилҳуқи СҲШ шуд. 10 кишвари дигар хоҳони пайвастан ба онанд

0

Шаби 14-уми сентябри соли 2022 дар ҳошияи иҷлоси навбатии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Самарқанд, давлати Эрон ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмон пазируфта шуд.

Дар Самарқанд Ёддошти тафоҳум дар бораи ба Эрон додани узвияти комил дар СҲШ ба имзо расид. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар ҳисоби твиттерии худ хабар дод.

Ба иттилои Абдуллоҳиён дар Самарқанд бо дабири кулли ин созмон Чжан Минг санади узвияти комили Эрон дар СҲШ-ро ба имзо расонидааст.

Ӯ навиштааст, ки “акнун вориди марҳилаи нави ҳамкориҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, транзитӣ ва энержӣ шудем”.

Ба навиштаи Вазири корҳои хориҷии Эрон, Дабири кулли СҲШ Чжан Минг пайвастани доимии Эрон ва имзои ин санадро табрик гуфта, онро таҳаввули муҳим номидааст.

Инчунин 14-уми сентябри соли 2022 дар Тошканд дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ

Маросими имзои Ёддоштҳо дар бораи ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Давлати Қатар додани мақоми шарики муколамаи СҲШ

Бино ба иттилои “Asia-Plus”, дар остонаи баргузории саммити навбатии СҲШ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон 10 кишвари дигар, Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Мянма, Камбоҷа, Непал, Арманистон ва Озарбойҷон хостори узвият дар ин созмон шудаанд. Дар назар аст, ки раванди узвияти Белорус ба ин созмон оғоз шавад.

СҲШ соли 1996 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис ёфта, Туркия шарики муколамаи ин созмон мебошад.

То шомил шудани Узбекистон ба СҲШ дар соли 2001 ин созмон “Панҷгонаи Шанхай” ном дошт.

Июни соли 2017 ба ин созмон Ҳиндустону Покистон пайвастанд.

Ҷумҳирии исломии Эрон аз соли 2005 кишвари нозири СҲШ интихоб гардида, раванди пайвастани Эрон ба узвияти комили ин созмон соли 2021 оғоз шуд.

Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд таҳти раёсати раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ҳам сарони кишварҳои узв ва ҳам нозирони ин созмон ва раҳбарони кишварҳои даъватшуда, аз ҷумла Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ширкат хоҳанд кард.

Имзои се санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин

0

Тоҷикистону Чин дар Самарқанд се санади нави ҳамкориҳои худро дар хусуси тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз, иқтисоди рақамӣ ва таъмири роҳҳо имзо карданд.

Бино ба Хадамоти матбуоти Презеденти Тоҷикистон имрӯз, 15-уми сентябри соли 2022 “Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот кард.”

Ба қавли манбаъ, дар ҳошияи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

  • Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
  • Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;
  • Протоколи иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кулма.”

Тоҷикистону Чин равобити хуби иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сиёсӣ доранд. Инчунин Чин яке аз сармоягузорони слӣ дар Тоҷикистон буда, расман қарзҳои эълон шудаи он зиёда аз 2  миллиард долларро ташкил медиҳанд, ки ин ҳаҷми зиёди қарзи Тоҷикистон аз Чин сокинони кишварро ба ташвиш овардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд

0

Эмомалӣ Раҳмон сафари худ дар Самарқандро аз зиёрати қабри “падари маънавиаш” Ислом Каримов оғоз кард.

Имрӯз, 15-уми сентябри соли 2022 Президети Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар раъси як ҳайъат вориди Самарқанд шуд.

Хадамоти матбуоти Президент мегӯяд, ки сафари “Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Узбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.”

Гуфта мешавад, Ислом Каримов барои саркӯб кардани озодихоҳони Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ва дар рафти ҷанги хонумонсӯзи кишвар бо ҳимоятҳои молӣ, техникӣ, фиристодонаи нерӯи низомӣ ва ғайра хеле нақши калон дошт.

Инчунин собиқ Президенти Ӯзебкистон дар раванди сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими ҳукумати вай низ хеле саҳмгузорӣ карда буд ва ҳатто гуфта мешавад, ки ба ин хотир Эмомалӣ Раҳмон Ислом Каримовро “падари маънавӣ”-и худ мехонад.

Душанбе: Боку ва Ереван мушкилоти худро бо роҳҳои дипломатӣ ҳал кунанд

0

Сарвазири Тоҷикистон аз Арманистон ва Озарбойҷон хост, ки мушкилот ва ихтилофоти марзии худро бо роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл кунанд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар“, имрӯз, 14-уми сентбяри соли 2022 Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ аз Арманистон ва Озарбойҷон даъват кард, ки сари мизи музокира бинишинанд.

Ба қавли манбаъ, Савризири Тоҷикистон дар бораи ҷангҳои ахир байни Араманистон ва Озарбойҷон таъкид кардааст: “Муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд.”

Гуфта мешавад, ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастаҷамъии СААД бо дархости Сарвазири Арманистон, Раиси феълии Шӯрои Амнияти дастҷамъии СААД Никол Пашинян шоми 13-уми сетябри соли ҷорӣ тариқи он-лайн баргузор шуда буд.

Ҳамлаи паҳподҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон

0

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон сокинони маҳаллиро аз манотиқи наздимарзӣ ба ҷойҳои амн интиқол медиҳанд.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 14-уми сентябри 2022, манобеи Аздо тв аз Ворух иттилоъ медиҳанд, ки мақомоти қудрартӣ ва низомӣ дар ду сӯи марз раванди интиқоли сокинони маҳаллиро ба ҷойҳои амн шиддат бахшида ва дар баробар ворид кардани техника ва таҷҳизоти сабук ва вазнини ҳарбиро ба минтақа афзоиш додаанд.

Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон ва Қириғизистон дар алоҳидагӣ иттилоъ дода буданд, ки байни марзбонони ҳар ду кишвар задухӯрд сурат гирифтааст ва талофоти ҷонӣ ва молӣ аз дар ҳар ду тараф сабт шудааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Инчунин Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта буд, субҳи имрӯз соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.”

Ҳамзамон ба қавли “Радиои Озодӣ”, Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам иттилоъ дода буд, ки “Дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон тирпарронии нав рух додааст. Ин бор дар минтақаи Ок-Сойи ноҳияи Боткени ҳаммарз бо Тоҷикистон, хабар медиҳанд мақомоти марзбонии Қирғизистон.”

Аз сӯи дигар, бархе расонаҳои тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ ҳам дар истинод ба манобеи худ мегӯянд, ки ин даргириҳо дар се минтақаи марзӣ сурат гирифта, то ҳол аз марги 2 сарбоз ва 11 маҷруҳи тоҷик хабар медиҳанд.

Бар асоси бархе аксу наворҳое, ки ба дасти Аздо тв расидааст, дар натиҷаи ин даргириҳо чандин мошини сабӯкрав ва хонаҳои истиқоматии мардум низ зарар дидааст ва шоҳидон мегӯянд, ки ҷониби Қирғизистон дар ин набардҳои ахир аз паҳподҳои размӣ истифода кардааст, аммо то замони таҳияи ин матлаб мақомот ин қазияро шарҳ надодаанд.