13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 383

Аз саргирии содироти зуғолсанг аз Тоҷикистон ба Покистон

0

Тоҷикистон содироти ангишт ба Покиситонро аз тариқи Шерхон-Бандар оғоз карда ва рӯзона садҳо тонна ба ин кишвар мефиристад.

Бино ба иттилои расонаҳо, Тоҷикистон содироти зуғолсанг ба Покистонро аз тариқи Афғонистон дубора оғоз карда ва рӯзона ҳудуди 100 мошин ангишт ба Исломобод мефиристад.

Мақомоти Афғонистон дар Шерхон-Бандар гуфтаанд, ки Тоҷикистон муддате содироти ангишт ба Покистонро мутаваққиф карда буд, ва дубора онро аз сар гирифтааст.

Пеш аз ин мақомоти гумруки Тоҷикистон дар вилояти Хатлон эълон карда буданд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ содироти ангишт ба Афғонистон 6 ҳазор тонна афзоиш ёфта ва ба қавли “Озодӣ” дар ин муддат “Тоҷикистон ба Афғонистон 195 ҳазор тонна ангишгт фурӯхтааст.”

Юсуф Раҳмон ҲНИТ-ро дар Саудӣ муаррифӣ кард

0

Тоҷикистон талош дорад Арабистони Саудӣ расман мухолифон, аз ҷумла ҲНИТ-ро ҳамчун созмони террористӣ эътироф кунад.

Бино ба иттилои рӯзномаи ар-Риёзи Араибстони Саудӣ, шанбеи 27-уми августи соли 2022 Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар раъси як ҳайате вориди ин кишвар шуд.

Ба қавли манбаъ, Юсуф Раҳмон дар мулоқот бо ҳамтои Арабистониаш Сауд бин Абдуллоҳ ал-Муъҷиб дар робита ба салоҳиятҳои прокуратура, коркарди ҳукумати электронии пешрафта дар соҳаи мақомоти прокуратура ва дигар мавзуъҳо суҳбат кардааст.

Инчунин сомонаи прокуратураи Тоҷикистон ҳам хабар додааст, ки “дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ҳудуди Арабистони Саудӣ ҳамчун террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд.”

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон 7 сол инҷониб талош доранд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва созмонҳои мухолифинро дар минтақа ҳамчун созмони террористӣ ва ифротгароӣ муаррифӣ кунанд, аммо то ҳол муваффақ нашуданд.

Бо вуҷуди он ки моҳе пеш Игор Краснов, додситони кулли Русия зимни як сафар ба Тоҷикистон эълон карда буд, ки қасд доранд, ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон кунанд, аммо то ҳол дар ин бора хабари ҷадиде нашр на шудааст. Бо ин ҳол ин хабар мақомоти Тоҷикистонро хушҳол ва вокуниши раҳбарони ҲНИТ-ро ба бор оварда буд.

Акнун, вақте Юсуф Раҳмон мегӯяд, ки “муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ” дар раъси онҳо созмонҳои мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ҲНИТ-ро дар назар дорад ва бо ҳамин хотир таъкид мекунад, “бо ҳадафи мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, пулшӯӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва табодули таҷриба Ёддошти тафоҳум имзо кардаанд.”

Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки нисбат ба мухолифони сиёсӣ ва дигарандешон дар кишвараш бисёр сахтгир аст. 9-уми августи соли ҷорӣ расонаҳои арабӣ барои 34 сол аз озодӣ маҳрум шудани Салмо Аш-Шаҳоб, як зани 34-сола, ки ҳамчун фаъоли ҷомеаи маданӣ дар ин кишвар шинохта мешуд, хабар доданд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Саудӣ дар террористӣ эътироф кардани созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия шояд кӯтоҳӣ накунад ва эҳтимол меравад онҳоро дар фурсатҳои наздик дар рӯйхати созмонҳои мамнуъи худ ворид кунад.

СТАНДАРТҲОИ ДУГОНА ДАР МАФҲУМИ “ТЕРРОРИЗМ”

0

(Бахши дувум)

Таъриф ва баҳогузории дустандартӣ (дунамуда) ба амалкарадаҳои давлатҳо ё гурӯҳҳо дар сиёсати имрӯзаи ҷаҳон ба як “бренди” назарфиребонае табдил ёфтааст, ки ҳукуматдорон аз он мувофиқи манфиатҳояшон истифода намуда, дурустии сиёсати худро ба шаҳрвандони худ ва сокинони дигар давлатҳо таҳмил кардан мехоҳанд. Яке аз чунин брендҳои, ки даҳсолаҳои охир “муд” шудааст, ин барчаспи “терроризм” мебошад.

Ҳукуматҳо, ки услуби роҳбариашон аз якдигар фарқ мекунад, дар барчаспи “террор” ба ин ё он гурӯҳ аз услуби хосси худ истифода мебаранд, давлатҳои демократӣ бо истифода аз ВАО ва нозукиҳои дипломатӣ, давлатҳои диктаторӣ бошанд, бо услуби тарсу ваҳшат, яъне ҳамон “террор”.

Гурӯҳи “Толибон”, ки имрӯз дар Афғонистон ҳукуматро ба даст гирифтааст, аз тарафи аксари давлатҳои дунё гурӯҳи террористӣ дониста шуда, то ба ҳол ҳамчун ҳукумат эътироф нашудааст. Агар ба таърих баргардем мебинем, ки Роналд Рейган, собиқ президенти Амрико намояндагони ҳамин гурӯҳҳоро, дар соли 1983 мелодӣ ҳамчун озодихоҳ тавсиф намуда буд. “Тамошои муборизони далери озодихоҳи афғон бо силоҳҳои одӣ, барои дӯстдорони озодӣ илҳомбахш аст. Далерии онҳо ба мо дарси бузург медиҳад, ки дар ҷаҳон чизҳое ҳастанд, ки сазовори дифоъ ҳастанд“,-гуфта буд дар яке аз суханрониҳояш. ( www.presidency.ucsb.edu)

Ҳукумати Шуравӣ ба гурӯҳҳои ба гуфтаи амрикоиҳо озодихоҳ, тамғаи “душман”-ро барчасп намуда, муддати бист сол бо онҳо дар набард буд. Задухӯрдҳое дар сарзамини Республикаи Демократии Афғонистон (РДГ) анҷом меёфт. Муҳориба байни қушунҳои лашкари советӣ ва ҳукумати Афғонистон аз як тараф ва аз ҷабҳаи дигар отрядҳои мусаллаҳи муҷоҳидони афғон, ки аз тарафи НАТО – пеш аз ҳама Амрико, дастгири меёфт, ба амал омад. (histrf.ru/read/articles/afghanskaia-voina)

Аҷиб ин аст, ки ҳукумати Амрико баъд аз 40 сол нисбати ҳамин миллати “озодихоҳ” бо услуби тамоман дигар бархӯрд намуда, ҳукми  “террорист”-ро нисбати онҳо содир намуд ва ҳатто номи амалиёташро “озодӣ пойдор” гузошт. Пас аз ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 Вашингтон амалиёти таҷовузи Афғонистонро оғоз кард. Амалиёти мазкур 7 октябри соли 2001 бо баҳонаи пинҳон будани Усома бин Лодин ва раҳбарони дигари Ал-Қоида дар Афғонистон оғоз шуд. Ин амалиёт, ки 20 сол давом ёфт, аз тарафи кишварҳои узви НАТО пуштибонӣ ёфт. (www.aa.com.tr/ru)

Томас Ҷонсон, профессори Мактаби олии баҳрии ИМА дар мусоҳиба бо Бахши русии Би-би-сӣ мегӯяд: “Мо ноком шудем, зеро Афғонистонро ҳеҷ гоҳ нафаҳмидем. Иёлоти Муттаҳида як лӯхтакро (дар курсии президентӣ) гузошт ва ба дигаргунсозии номатлуби ҷомеа оғоз кард, ҳамон тавре ки СССР 30 сол пеш чунин карда буд”. (www.bbc.com/russian/features)

Меравем ба суроғи яке аз абарқудратҳои дигари дунё, ки бо баҳонаи “террор” миллионҳо нафарро зулму шиканҷа намуда, зери “тарбия” гирифтааст. Чин ба он муттаҳам мешавад, ки садҳо ҳазор мусалмонро бидуни додгоҳ дар вилояти Шинҷони ғарбии Чин нигоҳ доштааст. Давлати Чин ин иддаоро рад карда мегӯяд, мардум ихтиёран аз “мактабҳои бозомӯзӣ” барои муқобила бо терроризм ва ифротгароии динӣ мегузаранд.

Модари аз тифл ҷудое қисса мекунад: “Ҳар шаб ҳангоми хоби кӯдаконаш бо чашмони гирён, аз кӯдаки сесолааш ғоибона узр мепурсад, ки чаро туро танҳо мондам”. Вақто ки оилаи онҳо аз Пекин сафар мекард, полисҳо тифли хурдсол ва шавҳари ин занро аз сафар манъ карданд .Вай бо 4 фарзанди дигараш ба Истанбул омаданд ва то ҳол  намедонад, ки шавҳару фарзанди хурдсолаш зиндаанд ё дигар дар қайди ҳаёт нестанд.(www.bbc.com/russian/resources/idt-sh/China_hidden_camps_russian)

Чунки нафарони дар “тарбия”-буда, ҳуқуқи тамос гирифтан бо наздиконашонро надоранд, то вақто ки “ботарбия” нашаванд ва оилаҳои зиёде ҳастанд, ки мисли ин модар солҳост аз пайвандонашон хабаре надоранд ва ин намуди муомила нисбати зиндониён, дар ягон нуқтаи дунё ба назар намерасад.

Ин ҳам яке аз садҳо мисолҳоест, ки мусалмонони бегуноҳи уйғур қурбонии барчаспи “террор”ва “терроризм” мешаванд.

“Ончи ки дар Чин руй дода истодааст, бераҳмии соф аст. Зулми мусулмонони уйғур баъзе аз ҷиноятҳои бадтарин алайҳи башарият, дар таърихро ба ёд меорад. Мо дар ИМА бояд онҳоро комилан ба ҷавобгарӣ кашем”,- мегӯяд намояндаи Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Илҳон Умар.

Маъракаи Ҳизби коммунистии Чин барои аз байн бурдани ақаллиятҳои этникӣ боиси боздошти иҷбории беш аз 2 миллион уйғур шуд, ки аз соли 2017 ба ин сӯ ба ҳабс гирифта шудаанд. ( https://uyghurnextgen.org)

Намунаи дигаре, ки стандарҳои дугонаи терроризмро бештар равшан мекунад, ин амалкардҳои давлати Исроил ба ҳисоб меравад. Ширин Абуоқил, рӯзноманигори “Ал-Ҷазира” дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни исроилӣ 11.05.2022 кушта шуд. Ҳукумати Исроил худро бегуноҳ шумурда, амалкардашро бо ибораи “мубориза бо терроризм” гӯё асоснок кард. (bbc.com/russian/features)

Аксаран ҳукумати Исроил мубориза бо Ҳамосро, ки созмони террористӣ медонад, асос қарор дода, шаҳрвандони осоиштаро ҳадаф мегирад, дар сурате, ки фақат чанд давлате ин созмонро террористӣ мешуморанд. Додгоҳи Аврупо Ҳамосро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ кард ва давлатҳое, ки ин созмонро террористӣ меҳисобанд, аз Исроил, ИМА, Канада, Ҷопон иборат буда, ҷиноҳи низомии ин созмонро Британия ва Австралия террористӣ мешуморанд. (www.gazeta.ru)

Amnesty International дар гузориши навбатиаш мегӯяд, мақомоти Исроил бояд барои содир кардани ҷинояти апартеид алайҳи фаластиниҳо ҷавобгар бошанд. Таҳқиқот байён менамояд, ки чи гуна Исроил аз низоми зулм ва ҳукмронӣ бар фаластиниён дар ҳар ҷое, ки қудрати маҳдуд кардани ҳуқуқҳои онҳоро дорад, истифода мекунад, ҳато нисбати гурезаҳои овора дар дигар кишварҳо. (eurasia.amnesty.org)

Метавонем мисолҳои зиёде нисбати бархӯрди дугона (дустандартӣ) нисбати мафҳуми “террор” ва “терроризм”-ро рӯи варақ орем, локин ба хонандаи ҳушманд “ишорае кифоя” гуфта, ба зикршудаҳо иктифо менамоем. Фақат ҳаминро қайд карданием, ки ҳангоми хондани матлабҳо ва дидани наворҳо нисбати ин ё он гурӯҳ ё шахсиятҳо, ба як манбаъ иктифо накарда, ҳодисаҳоро аз воситаҳои ахбори гуногун пайгирӣ бояд кард.

Чуноне дар боло ишора намудем, гурӯҳе дар назари ҳукумате “золим” ва дар назари дигарон “мазлум” тавсиф мешавад ва барои шинохти воқеъият, хоссатан дар давлатҳои мисли Тоҷикистон, ченакҳои адолатро сармашқ гирифта, таҳлили одилона намудан лозим. Чунки дар ин гуна давлатҳо ҳар озодандешу ватандӯст барои ҳукуматдорон “террорист” буда, бе қайду банд ва бо туҳматҳои сохта, равонаи зиндон карда, ба ӯ тамғаи “хоини миллат” часпонда мешавад.

Идома дорад…

Салмон Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Ситоиши Сафири Аврупо аз домоди Раҳмон: “Ту як ситораи”

0

Ҳузури наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар меҳмонии бо шукӯҳи Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро дар сатҳҳои гуногун ба бор овардааст.

Хонум Марлен Ҷозефсон, Фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар поёни давраи дипломатияш меҳмонии бо шукӯҳе баргузор карда, дар он дипломатҳои муқими Душанбе, фаъолони ҷомеа ва сиёсатмадорону наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба шумули Ҷамолиддин Нуралӣ даъват шуданд.

Ин шоми рақсу бозӣ ва меҳмонии бо шукӯҳи Намояндаи Аврупо вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай дошт ва дар ин матлаб ба онҳо хоҳем пардохт.

Хонум Марлен Ҷозефсон дар замоне сафир таъин шуд, ки режими Эмомалӣ Раҳмон машғули пружаи покосозиҳои сиёсӣ ва тақвияти пояҳои ҳукумати хонаводагияш қарор дошт ва маҳз дар 6-7 соли гузашта раванди хафақони сиёсӣ, саркӯби мухолифин, рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Дар ин даврони бисёр душвор барои ҷомеаи Тоҷикистон, Парлумони Аврупо низ бетараф наистода ва барои маҳкуми саркӯбҳо ва боздоштҳои мухолифин дар солҳои 2016 ва 2022 ду қатънома содир кард.

Аммо дар навбати худ Намояндаи Иттиҳоди Аврупо ҳаргиз ин саркӯбҳоро маҳкум накард ва дар бораи нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯби ақаллиятҳо боре ҳам изҳори назаре надошт ва бештар машғули баргузор намудани намоишгоҳи муди либос ва шомҳои рақсу бозӣ буд.

Дар идомаи вокунишҳо Эдвард Лемон, профессори донишгоҳ дар Вашингтон ва коршиноси Осиёи Марказӣ бо нашри матлабе дар Твиттер дар вокуниш ба шарҳи Сафири ИА чунин навиштааст:

“Чеҳраи хубе нест, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз домоди раисчумҳуре, ки дар пулшӯйӣ бо ҳаҷми калон ва фасоди молӣ барои нухбагони дуздсолор (элитаи дузд)-и ин кишвар муттаҳам аст, дар саросари ҷаҳон тамалуқҷӯи ва таърифу тамҷид мекунад.”

Таърифу тамҷиди Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорони ин кишвар, дар ҳолест, ки ҳамеша мақомоти он аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқӣ барои боздошту зиндонӣ карданӣ рӯзноманигорн, сиёсиён ва фаъолони ҷомеа ва дар умум поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди интиқоди шадид қарор мегиранд.

Ҳамзамон расонаӣ шудани ин хабар дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, охири моҳи сентябри соли ҷорӣ нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Лаҳистон доир шавад ва Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқи инсону озодиҳои он дар ин кишвар маълумот медиҳад.

Абдусалом Одиназода ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи Австралия Абдусалом Одиназода, олими биохимики 54-солаи тоҷикро бо гуноҳи “таблиғи терроризм тавассути шабакаи YouTube” ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои расонаҳои австролиёӣ Одиназода, ки аз моҳи декабри соли 2020 дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад, мумкин аст дар авоили моҳи августи соли оянда шартан озод шавад.

Маълум нест, ки дар ҷаласаи охирини додгоҳ Одиназода чӣ гуфааст, вале дар матлаби сомонаи www.abc.net.au омадааст, ки ӯ ба додрас шикоят кардааст, ки дар дохили зиндон бо ҳолатҳои табъйизу таҳдиди ҷонибдорони ақидаҳои бартарияти нажодӣ рӯбарӯ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Абдусалом Одиназода 1-уми августи соли 2022 дар додгоҳи ҳавзаи Австралияи Ғарбӣ иттиҳоми “ташвиқ ба ҳамлаҳои террористӣ”-ро эътироф карда буд.

Он замон сомонаи маҳаллии “The West Australian” ӯро “яке аз хатарноктарин одамон дар аёлати Австралияи Ғарбӣ” номида ва хабар дода буд, ки дар ивази ин эътирофи гуноҳ ҳайати тафтишот ду иттиҳоми дигари марбут ба терроризмро аз парвандаи Одиназода бардоштанд ва ба ӯ то 6 соли зиндон таҳдид мекард.

Абдусалом Одиназода 22 декабри соли 2020 пас аз тафтишоти чандмоҳа аз ҷониби полиси федеролии Австралия (AFP) ва Созмони иктишофи амнияти Австралия (ASIO) боздошт шуд.

Худи ҳамон сол расонаҳои австралияӣ хабар дода буданд, ки додгоҳи ин кишвар бар зидди Одиназода бо 4 моддаи ҷиноии “таблиғи терроризм” айб эълон кардааст.

Одиназода дар асл зодаи ҷамоати Сурхи Исфараи Тоҷикистон буда, дар Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор кардааст. Ӯ ҳамчунин соли 2015 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон низ ба шогирдон дарс гуфтааст.

Ӯ аз донишмандони муваффақи соҳаи биохимик буда, дар ин ришта таҳқиқоти зиёде дорад, ки дар чандин сомонаҳои расмӣ ва маҷаллаҳои муътабар ба нашр расидаанд.

Ин донишманди тоҷик то рӯзи боздошташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва ҳамеша аз амалкарди ҳукумат ва мухолифон интиқод мекард. Ӯ вақтҳои охир бо пайравони мазҳаби Исмоилия баҳсҳои гармеро оғоз карда буд.

Изҳори нигаронии СММ аз ихроҷи иҷбории паноҳандагони афғон аз Тоҷикистон

0

Дафтари Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) бо нашри

Дар изҳороти Комиссариати олии СММ омадааст, ки бо вуҷуди дахолати ин созмон, ҷониби Тоҷикистон панҷ узви як хонаводаро бо шумули се кӯдак ва модари онҳо рӯзи сешанбе (23 август) боздошт ва тавассути гузаргоҳи марзии Панҷи Поён ба Афғонистон баргардонидааст.

Сухангӯи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон Элизабет Тан мегӯяд, ки “Тоҷикистон бояд боздошт ва ихроҷи гурезаҳоро бас кунад, зеро ин амал ба таври возеҳ ҷони онҳоро дар хатар мегузорад“. Дар идома ӯ бозпас фиристодани маҷбурии гурезаҳоро хилофи қонун номида, таъкид кардааст, ки ин амал бархилофи ҳуқуқи байнулмилалии паноҳандагон аст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки аз соли 2021 ба ин тараф Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, дар Тоҷикистон мавориди зиёди боздошти гурезаҳо, ихроҷи онҳо аз кишвар ва содир кардани фармони мамнуияти вуруди афроди ба ҳимояти байналмилалӣ ниёздоштаро сабт кардааст.

Тибқи тавсияҳои умумӣ оид ба Афғонистон, ки соли 2021 қабул шуда ва феврали соли 2022 нав шудааст, Комиссариати олии СММ аз тамоми кишварҳо даъват мекунад, ки ба иҳроҷи иҷбории ҳамаи гурезаҳои Афғонистон роҳ надиҳанд.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, афғонҳое, ки ҷонашон дар хатар аст, бояд ба ҳимоя ва раванди одилонаи дарёфти паноҳандагӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ дошта бошанд ва ба онҳо иҷозаи вуруд ба кишвар дода шуда, ҷониби Тоҷикистон ҳамагуна ихроҷи минбаъдаро қатъ кунанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ дар як ҳафтаи охир беш аз нуҳ нафар аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шудаанд, ки баъзе аз онҳо корти паноҳандагии СММ-ро доштаанд.

Хабари ихроҷи гурӯҳе аз муҳоҷирони афғон дигар паноҳандагонро нигарон кардааст, аммо мақомоти тоҷик то ҳол сабаби ихроҷи паноҳандагони афғонро шарҳ надодаанд.

Баъд аз ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон садҳо ҳазор афғонистонӣ аз ин кишвар гуреза шуданд. Тоҷикистон мизбони 10 ҳазор гурезаи афғон буд, ки дар як соли охир ҳудуди 4 ҳазори он аз сабаби бад будани шароит дар Тоҷикистон ба кишвари сеюм рафтаанд.

Толибон: Зиёда аз 23 миллион саҳфаи интернетӣ масдуд шудааст

0

Вазири иттилоот ва текноложии ҳукумати муваққати Толибон мегӯяд, ки нархи Интернет арзон ва зиёда аз 23,4 миллион сомонаи интернетиро масдуд кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, 25-уми августи соли 2022 Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати иттилоот ва теконоложии Афғонистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки бо далоили намоиши муҳтавои ғайриахлоқӣ дастрасӣ ба беш аз 23 миллион саҳфаи интернетиро масдуд кардаанд.

Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ гуфтааст: “мо то тавассути шабакаҳо 23,4 миллион сайтро бастем, чун ҳамааш бозаргонӣ аст ва инҳо вақт ба вақт сафҳаи худро табдил мекунанд ва агар як саҳфаи он баста шавад, дар сафҳаи дигаре пайдо мешаванд. Ин як муомилаи тиҷоратӣ аст ва мо маҷбур ҳастем ба ҳамин шакл бо инҳо идома диҳем.”

Вазири мухобироти Толибон мегӯяд, ки айни замон дар Афғонистон 22 миллион муштарии фаъол ба Интернети 2G ва 6 миллиони дигар ҳам ба Интернети 3G дастарасӣ доранд. Ба гуфтаи, ӯ бо фаъол нигаҳ доштани 7500 сомонаи мухобиротӣ 90 дарсади мардум ба хадамоти мухобиротӣ ва интернетӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, тибиқи маълумоти Вазорати иттилоот ва текноложии Афғонистон 35 миллион симкорт дар ин кишвар тавзеъ шуд ва айни замон 22 миллиони онҳо фаъол ҳастанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбари дафтари Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Дашанбе ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои

Пеш аз ин, 25-уми августи соли ҷорӣ Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бо хонум Мэрилин Йосефсон, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот карда буд ва пас аз баррасии ҳамкориҳои дуҷониба барои кумак кардан дар густариши ҳамкориҳо дар замони анҷоми ваколати дипломатиаш аз вай изҳори сипос кард.

Гуфта мешавад, муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо умри седаҳсоларо доранд. Ҳар чанд ин иттиҳод ҳеч як аз интихоботҳои баргузоршуда дар Тоҷикистонро то ҳол пурра демократӣ эътироф накардааст, вале бо вуҷуди густариши нақзи қонунҳо ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамонон робитаҳои худро бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон рушд медиҳад.

Сардори пулиси Ҷопон ба далели адами ҳимоят аз Абэ истеъфо дод

0

Сардори пулиси Ҷопон Итару Накамура рӯзи панҷашбе эълон кард, ки худро дар сӯиқасд ба ҷони собиқ нахуствазири ин кишвар Шинзо Абэ гунаҳкор медонад ва аз мақомаш истеъфо дод.

Итару Накамура сардори пулиси Ҷопон. Акс аз “japantimes.co.jp”

Ба гузориши

Акс аз “mothership.sg”

Ёдовар мешавем, ки собиқ нахуствазири Ҷопон Шинзо Абэ 8-уми июли соли равон ҳангоми мулоқот бо мардум дар шаҳри “Норо”-и ин кишвар мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва пас аз интиқол ба беморхона ҷонбохт.

Бо гузашти як моҳ пайвандони Вазирбековҳо бо онҳо мулоқот накардаанд

0

Бо гузашти як моҳ аз рабуда шудани фаъолони маданӣ Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо аз Русия ба Душанбе, пайвандону наздиконашон то ҳол бо онҳо мулоқот накардаанд.

Pamir Daily News дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки Вазирбековҳо иҷозаи мулоқотро надоранд, зеро мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд ва вазъи саломатиашон имкон намедиҳад, ки онҳоро ба наздиконашон нишон диҳанд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия буда, наздикону пайвандонашон дар Русия ба Додситонии кул, Хадамоти амнияти федеролии (ФСБ), Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии ин кишвар барои рӯшани андохтан дар қазияи рабуда шудани ин ду фаъолои ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд. Аммо то ҳол ҷавоби дақиқ нагирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо, зодагони Бадахшон аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.