Хона блог саҳифа 382

Ҷанҷоли наздикони мансабдорон барои духтар

0

Дар тарабхонаи “ОК”-и шаҳри Душанбе миёни наздикони мансабдорон ҷанҷол сар зада, дар натиҷа ҳашт нафар маҷруҳ шудааст.

Дар акс: Наврӯз Абдуллоев, Исматулло Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки шаби 16-уми декабр дар тарабхонаи “ОК” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, байни Зариф Соҳибов, мудири корхонаи “Тилои тоҷик” ва писари амаи Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Наврӯз Абдуллоев, соҳибкор ва писари Исматулло Абдуллозода, раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ҳамроҳони онҳо барои як духтар ҷанҷол сар задааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷанҷол аз пушти духтари як сарояндаи тоҷик шудааст, ки аз мизи Абдуллоев ва ҳамроҳонаш хеста, ба мизи Соҳибов ва ҳамроҳони ӯ нишастааст, ки дар натиҷа гапҳояшон пасту баланд ва ҷанҷоли калон мешавад. Дар муноқиша “аз ду тараф зиёда аз даҳ нафар иштирок карда, ҳашт кас ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.”  

Назари мақомоти Тоҷикистон ва худи нафароне, ки дар ин ҷанҷол ширкат кардаанд, дастраси расонаҳо нест.  

Дар ҳамин ҳол манбаи дигари Радиои Озодӣ аз тарабхонаи “ОК”  ҷанҷоли шаби 16-уми декабро миёни муштариён тасдиқ карда, гуфтааст, ки “Як нофаҳмӣ шудааст, лекин боз ҳал шуд. Ман он шаб набудам. Шунидам, ки ҳамин хел гап шудааст. Аммо то занозанӣ нарасида, тарафҳо ором шуданд. Дигар чизе гуфта наметавонам”.

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки Наврӯз Абдуллоев рӯзи 20-уми декабр ҳангоми ифтитоҳи корхонаи “Қолинҳои Душанбе” дар канори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ зоҳир шуда буд.

Дар Тоҷикистон бо иштироки фарзандони мансабдорон ва ҳатто наздикони Эмомалӣ Раҳмон ҷиноятҳои зиёде содир мешавад. Аммо дар аксар ҳолат он ҷиноятҳо аз чашми мардум ва расонаҳо пӯшонда мемонанд ва ё агар расонаӣ ҳам шаванд, парвандаашон аз ҷониби кормандони мақомот ҷиддӣ таҳқиқ намешавад.

Пештар аз ин шоми 11-уми ноябри соли ҷорӣ, дар назди яке аз тарабхонаҳои пойтахт дар маҳаллаи 112-ум занозанӣ миёни фарзандони мансабдорон рух дода буд, ки дар натиҷа Зафарҷон Самӣ, сардори толори VIP-и Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва писари раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самӣ се зарби корд хӯрда, захмӣ мешавад.

Бо вуҷуди боз шудани парванда нисбати иштирокдорони ин занозанӣ, ВКД то ҳол маълумоти дақиқ надодааст.

Инчунин дар гузашта барои содир кардани ҷиноят номҳои Алишер ва Диловар Гуловҳо, писарони вазири пешини энергетика ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, Гул Шералӣ, Фаромӯз Саидов, писари ноиби сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Рустам ва Расул писарони раҳбари собиқи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва хеши раисҷумҳур Амонулло Ҳукумов, Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. Аммо парвандаи онҳо ҷиддӣ таҳқиқ нашуда, баъзе аз ҷавобгарӣ озоду баъзе ҷаримаи ночиз шуда буданд.

Болоравии қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари рубли русӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон пас аз суқути қурби рубли русӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзиши пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ 7,5 фоиз боло бурд.

Акс аз манбаъҳои боз

Бонки миллии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2022 қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомониро 7,5 фоиз пойин оварда, арзиши 1 рубли русиро 0,1440 сомонӣ таъйин кард.

Ба ин тартиб акнун дар бозорҳои расмии арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳангоми харид барои 1000 рубли русӣ 144 сомонӣ ва 40 дирам муайян шудааст.

Аммо дар бонкҳои тиҷоратии кишвар ин рақамҳо яксон нестанд ва дар вақти хариду фурӯши рубли русӣ нархҳо фарқ мекунанд: Барои мисол, дар Ориёнбонк 1000 рубли русӣ вақти харид 140 сомонӣ ва ҳангоми фурӯш 146 сомонӣ, дар Амонатбонк харид 140 ва фурӯш 142 сомонӣ, дар Тавҳидбонк харид 137,70 ва фурӯш 144,40 сомонӣ ва аммо дар бокни Эсхата бошад, харид 141 сомонӣ ва фурӯши он 145,50 сомонӣ таъйин шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон бо вуҷуд пойин бурдани арзиши рубли русӣ қурби евро ва доллари амрикоиро дар баробари пули миллӣ-сомонӣ бетағйир гузашта, айни замон нархи 1 евро 10 сомониву 83 дирам ва 1 доллар 10 сомониву 21 дирам таъйин шудаанд.

Гуфта мешавад, шуруъ аз 7-уми декабри соли ҷорӣ қурби рубли русӣ дар биржаҳои ҷаҳонӣ якбора арзиши худро аз даст дод ва дар муқобили доллар ва евро ва дигар арзҳои хориҷӣ ба шиддат суқут кард ва ин раванд то дирӯз идома дошт.

Саидмуҳаммади Ғозӣ ҳам дар зиндон бемор шудааст

0

Писари эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ дар зиндони шаҳри Хуҷанд бемор шуда, худаш ба танҳоӣ аз ҷояш хеста ва ҳаракат карда наметавонад.

Модари Саидмуҳаммади Ғозӣ, писари эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, писари 46-солааш дар зиндони шаҳри Хуҷанд сахт бемор шуда, аъзои баданаш варам карда, дуруст пешоб карда наметавонад.

Раҷабгул Мусулмонова, модари Саидмуҳаммади Ғозӣ дар робита ба бемории писараш мегӯяд: “Чанде пеш ҳамсараш ба дидани ӯ рафт. Ҳаракат карда наметавонад. Бо ёрии ду нафар овардаанд. Саидмуҳаммад гуфтааст, аҳволаш бад аст. Утоқи маҳбас сард. Аъзои баданаш варамида, ба сахтӣ пешоб мекунад,”

Ҳамзамон Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки мақарраш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон аст, бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хостааст: “фавран ӯро озод кунанд, то бастагонаш битавонанд ӯро дармон кунанд ва ҳамчунин аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва дар кишвар хоҳиш мекунад, ба вазифаи инсонии худ амал кунанд ва аз ҳукумати Тоҷикистон дармони фаврии ин зиндонии сиёсиро, ки бе ҳеч гуноҳ ва айбе аз озодӣ маҳрум шудааст, талаб намоянд.”

Пеш аз нашр шудани ин хабари бемор шудани Саидмуҳаммади Ғозӣ Azda tv бо нашри ду матлаб дар бораи бемор шудани Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар зиндони шаҳри Ваҳдат ҳам хабар дода буд, ки вай бар асари як бемории эпидемӣ дар ин маҳбас ба кумо рафта, як рӯз пас ба ҳуш омадааст.

Инчунин расонаҳо хабар дода буданд, ки чор журналисти зиндонӣ, аз он ҷумла Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳи Ғурбӣ, Далери Имомалӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ки тобистони соли ҷорӣ боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, ҳама аз вазъи бади саломатии худ ранҷ мебаранд.

Инчунин хабарҳои таъйид нашудае ба даст расида, ки вазъи саломатии журналисти куҳансол Муҳаммади Султон низ дар маҳбас хеле хуб нест. Ба ин хотир наздикону пайвандони онҳо хостори ба муолиҷаи фаврӣ фаро гирифтани онҳо гардида буданд.

Аммо бо вуҷуди нашри ин ҳама хабарҳо мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки идораи муассисаҳои ислоҳии кишварро ба уҳда доранд, на ба кумаку дармони беморон дар зиндонҳо дуруст расидагӣ мекунанд ва на ин қазияҳоро сари вақт шарҳ медиҳанд, то пайвандонашон ба онҳо дурву дармонро таҳия кунанд.

Гуфта мешавад, тобистони соли 2020 Муҳаммади Ғозӣ ҳамроҳ бо ду бародари дигараш яке пайи ҳам тавассути мақомоти кишвар боздошт ва сипас Саидмуҳаммад ва Саидҳасани Ғозӣ ба зиндон маҳкум шуданд.

Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ, падари Саидмуҳаммади Ғозӣ соли 2017 дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон рабуда шуд ва сипас ба 25 соли зиндон маҳкум гардид. Соли 2019 дар ошӯбе дар зиндони шаҳри Ваҳдат ба сурати бераҳмона ҳамроҳ бо чанд зиндонии дигар кушта шуданд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон барои нигоҳубини зиндониён солона ҳам аз давлат буҷа мегиранд ва ҳам рӯзона аз наздикону пайвандони зиндониён бо баҳонаҳои мухталиф ришваситонӣ мекунанд ва зиндонҳоро ба корхонаҳои тиҷоратӣ табдил додаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, яке аз сабабҳои афзоиши маргу мири зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон бепарвоӣ, хунукназарӣ ва қасдан ба хатари марг оварда расонидани аҳволи зиндониён аст, ки дар натиҷа дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 100 нафар аз зиндониёни кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Арабистон ва Эрон хуб мешаванд?

0

Мақомҳои олии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ пас аз шаш соли сардии муносибатҳои дипломатӣ дар шаҳри Уммон, пойтахти Урдун бо ҳам мулоқот карданд.

Амри Абдуллоҳиён, вазирони корҳои хориҷии Эрон рӯзи чоршанбе дар ҳисоби твиттерияш хабар дод, ки 20-уми декабри соли ҷорӣ дар ҳошияи нишасти “Бағдод-2” дар пойтахти Урдун бо вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал бин Фарҳон гуфтугӯ карданд.  

Абдуллоҳиён менависад, ки “Дар ҳошияи конфронси “Бағдод-2″ фурсат пеш омад, ки тавонистам бо ҳамтоёни худ, ба монанди вазирони корҳои хориҷии Уммон, Қатар, Ироқ, Кувейт ва Арабистони Саудӣ дидори дӯстона дошта бошам. Вазири Саудӣ бароям аз омодагии кишвараш дар бораи идомаи гуфтугӯҳо бо Эрон хабар дод.”

Аммо то ҳол дар бораи ин мулоқот на маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷия Арабистони Саудӣ ва на худи вазири ин ниҳод тавзеҳе надодаанд.

Гуфта мешавад, ин дидор дар чунин сатҳи олии вазирони хориҷӣ пас аз қатъи алоқаҳои дипломотик байни ин ду кишвар аз соли 2016 бори аввал сурат мегирад.

Ба иттилои расонаҳо, барои аз сар гирифтани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳалли ихтилофоти мавҷуда байни Арабистони Саудӣ ва Эрон то кунун байни ҳайатҳои ду тараф панҷ нишаст дар сатҳҳои поёнтар сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, муносибатҳои ин ду кишвар дар натиҷаи ҳамлаи шаҳрвандони эронӣ ба сафорати Саудӣ дар Теҳрон ва консулгарии он дар Машҳад қатъ шуд. Он замон гуфта мешуд, ки шаҳрвандони эронӣ дар эътироз ба эъдоми як рӯҳонии шиамазҳаб дар соли 2016 тавассути мақомоти Арабистон ба он кор даст заданд. Дар давоми ин шаш соли қатъи муносибатҳо байни Эрон ва Арабистони Саудӣ танишҳои лафзии тезу тунде вуҷуд дошт. Ҳарду кишвар якдигарро омили бесуботӣ дар минтақа мехонданд.

Илон Маск аз раҳбарии Твиттер канор меравад

0

Илон Маск, молики ширкати Твиттер гуфтааст, ба маҳзи он, ки шахси муносиберо барои раҳбарии ин ширкат биёбад, аз раёсати он канор меравад.

Илон Маск, сарватмандтарин марди дунё, ки чанде қабл ширкати Твиттерро харида, раҳбарии онро бар уҳда гирифт, рӯзи 21-уми декабри соли 2022, эълон карда, ки омодааст раҳбарии ин ширкатро ба шахси муносиб таҳвил диҳад.

Пеш аз ин 19-уми декбари соли ҷорӣ Илон Маск бо баргузории як назарсанҷӣ дар саҳфаи худ дар Твиттер аз мухотабонаш хоста буд, ки барои рафтан аз раҳбарии ин ширкат ва ё мондан дар раъси он раъй диҳанд. Дар натиҷа беш аз 57 дарсади овоздиҳандагон дар ин назарсанҷӣ гуфта буданд, ки истеъфо диҳад. 42,5 дарсади дигар мондани ӯ дар раъси ин ширкатро хостор шуда буданд.

Акнун ба назар мерасад Илон Маск дар қасди худ ҷиддӣ аст ва қасд дорад раҳбарии ин ширкатро, ки чанде пеш ба маблағи беш аз 44 миллиард доллар саҳмияҳои онро харидорӣ карда буд, ба шахси мавриди эътимодаш таҳвил диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад

0

Қарор аст раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Русия сафар кунад.

Гуфта мешавад, ин нишасти ғайрирасмӣ рӯзҳои 26-27-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мегардад.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро кӣ ҳамроҳӣ мекунад ва оё мулоқотҳои сатҳи олӣ бо президентҳои кишварҳои дигар дар назар гирифта шудааст ё на, ҳанӯз маълум нест.

Аз Хадамоти матбуоти Президент ба расонаҳо гуфтаанд, ки “дар ҳоли ҳозир нақшаи мушаххаси ин сафар вуҷуд надорад“.

Вохӯрии раҳбарони кишварҳои узви ИДМ бо ташаббуси Президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.

Дар ин нишаст ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин иштироки раҳбарони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар назар аст.

Пештар аз ин раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев изҳори умедворӣ карда буд, ки “ин вохӯрӣ ба таҳкими ҳамкориҳо такони иловагӣ хоҳад бахшид”.

Мулоқоти қаблии сарони давлатҳои узви ИДМ рӯзи 7-уми октябр дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд.

Гуфта мешавад, баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, бисёре аз кишварҳо Русияро таҳрим карданд ва раисҷумҳури он Владимир Путин ба бисёре аз нишастҳои ҷаҳонӣ даъват карда намешавад. Ба ҳамин хотир Путин зуд-зуд як чунин нишастҳоро доир мекунад.

ИДМ соли 1991 таъсис ёфта, аз 9 давлат – Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Узбекистон иборат аст.

Сафари Владимир Зеленский ба Амрико

0

Президенти Украина пас оғози ҳамлаҳои Русия ба кишвараш нахустини сафари хориҷии худро дар ин давра аз Вашингтон оғоз кард.

Акс аз бойгонии Алҷазира

Бино ба иттилои расонаҳо, Президенти Украина, имрӯз, 21-уми декабри соли 2022 бо сафари расмӣ вориди Вошигтон шуд.

Дар ду моҳи ахир артиши Русия ва тарафдоронаш дар сангарҳои набард алайҳи Украина ба шикаст мувоҷеҳ шуда, аз майндонҳои набард ақабнишинӣ карданд. Ин амр боис шуда, ки Маскав ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоии худро алайҳи Киев ва дигар бузургшаҳрҳои ин кишвар афзоиш дода, аксари зерсохторҳои Украинаро аз байн бибарад ва кишварро гирифтори буҳрони бебарқӣ ва хонаҳои мардумро аз оби гарму гамридиҳӣ маҳрум кунад.

Таҳдиди хатари офатҳои табиӣ ба 3 миллион кӯдак дар Тоҷикистон

0

Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, беш аз 3 миллион кӯдаки тоҷикистониро хатари офатҳои рӯзмарраи табиӣ таҳдид мекунад.

Акс аз сомонаи Global-Geography

Бино ба иттилои сомонаи ЮНИСЕФ, барномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, “барои беш аз се миллион кӯдак дар Тоҷикистон таъсири манфии офатҳои табиӣ ва тағйири иқлим як воқеияти ҳамарӯза аст.”

Ба қавли манбаъ, дар шароити кӯҳистонии Тоҷикистон ҳамарӯза “тарма, заминҷунбӣ, обхезӣ, сел ва ярч ба ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон таҳдид карда, зинда мондани онҳоро зери хатар мегузоранд ва ба онҳо имкон намедиҳад, ки тавоноии худро пурра ба даст оранд.”

Масъулини ин созмон мегӯянд, барои пешгиригӣ аз ин ҳолатҳо ва камтар кардани таҳдиди ин хатарҳо кӯдаконро аз синнӣ хурдӣ бояд омӯзиш диҳанд, то дар ҳолатҳои зарурӣ барои наҷоти худ ва кумак ба дигарон аз пеш омода бошанд.

Гуфта мешавад, ЮНИСЕФ аз соли 1993 ба ин сӯ дар Тоҷикистон “дар бахшҳои ҳифзи кӯдакон, тандурустӣ, сиёсати иҷтимоӣ, рушди барвақти кӯдакон ва таҳсилот, WASH (таъминоти об, санитария ва гигиена), вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, тағирёбии иқлим ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ, кӯдакони дорои маълулият ва ҷавонон кор мекунад.”

12 соли зиндон барои ҷалби дигарон ба сафи ДИИШ

0

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини 60-солаи ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми ҷалб намудани дигарон ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 12 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Бино ба иттилои Додситони кулли Тоҷикистон, Каримов Сафар Шомуратович, соли таваллудаш 24.07.1962, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, дар Русия ду бародарро ба андешаҳои ДИИШ мутақоид сохтааст. Инчунин ӯ пас аз он ки бо дархости Тоҷикистон соли 2017 дар Русия боздошт гардид, онҷо низ дар боздошгоҳи муваққатии вилояти Самара боз 4 нафар аз шаҳрвандони Русияро барои рафтан ба Ироқу Сурия ва шомил шудани ба сафи ДИИШ даъват кардааст.

Дар хабари Додситонӣ аз шаҳрвандоне, ки даъвати Каримовро барои шомил шудани ба сафи ДИИШ пазируфтаанд, Ҳасанов Ғ.А. ва бародараш Ҳасанов А.А., ном бурда шудааст.

Гуфта мешавад, мақомоти тоҷик нисбати Каримов С.Ш. бо моддаи 401 иловаи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 3-уми феврали соли 2017 ӯро дар ҷустуҷӯи ҷиноятии байналмиллалӣ қарор доданд.

Пас аз боздошт ва истирдодаш ба Тоҷикистон Додгоҳи вилояти Хатлон 4-уми ноябри соли 2022 Каримовро “бо моддаи 401 иловаи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт” маҳкум кард.