19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 389

Мақоми 27-уми Тоҷикистон дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

0

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, то имрӯз 4 медал – ду медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ, рӯзи 12-уми август бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр мақоми дувумро ишғол карда, соҳиби медали нуқра гашт.

Як нуқраи дигарро Екатерина Ишенко рӯзи 14-уми август дар мусобиқаи тенниси рӯимизӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд ба даст овард. Дар ин мусобиқа Екатерина ба финал баромад ва дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Неслиҳан Кавас аз Туркия шикаст хӯрд.

Инчунин рӯзи 12-уми август варзишгарони тоҷик Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кг,  ҳарду дар риштаи куштии юнониву римӣ медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон пас аз натиҷагирии шаш рӯзи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар радабандии умумӣ дар мақоми 27-ум қарор дорад.

Се мақоми аввалро Туркия бо 209 медал (79 тилло, 73 нуқра, 57 биринҷӣ), мақоми дувумро Эрон бо 94 медал (32 тилло, 24 нуқра, 38 биринҷӣ) ва мақоми сеюмро Узбекистон бо 86 медал (27 тилло, 24 нуқра, 35 биринҷӣ) ишғол мекунанд.

Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ аз рӯи 20 навъи варзиш то 18-уми август идома хоҳад кард.  Дар он зиёда аз 4 ҳазор варзишгар аз 56 кишвари дунё иштирок доранд. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик аз рӯи 8 навъи варзиш иштирок мекунанд.

Таъсиси эътилофи нерӯҳои сиёсии Афғонистон ва яксолагии ҳукумати Толибон

0

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд бо шумули иддае аз чеҳараҳои сиёсии Афғонистон аз таъсиси эътилофи зидди толибонӣ хабар доданд.

Ин чеҳраҳои ҷиҳодӣ ва сиёсии Афғонистон эътилоферо бо номи “Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон” таъсис додаанд.

Дар ин эътилоф аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон ба монанди Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, Муҳаммад Исмоилхон, Ато Муҳаммаднур, Абдурашид Дӯстум, Муҳаммадюнус Қонунӣ ва дигарон ширкат кардаанд.

Гуфта мешавад, яке аз ҳадафҳои аслии ин шӯро ташкили ҳукумати ҳамашумул бо мушорикати тамоми ақвом дар Афғонистон ва баргузории интихоботи озоду шаффоф аст.

Аҳмад Масъуд дар ин нишаст гуфт, ки ҳадафи онҳо талош бо таъсиси ин эътилоф барои инсиҷоми ҳама гурӯҳҳои зидди толибонӣ аст, то барои бунбасти Афғонистон роҳҳалҳое пайдо кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Толибон имрӯз душанбе, 15-уми августро ба муносибати рӯзи ба қудрат расиданашон дар Афғонистон рӯзи истироҳат эълон карда, ин рӯзро “озодии Афғонистон аз зери истеъмори Амрико” ном ниҳодаанд.

Аммо мухолифони ҳукумати Толибон ин озодиро зери суол бурда, фақри шадиду бекорӣ ва маҳви расонаву озодии баёнро мисол меоранд.

Амруллоҳ Солеҳ: Толибонро мепазирем, вале бо як шарт!

0

Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки омодааст Толибонро бипазирад, вале бо шарти ин ки дар кишвараш барои қабули онҳо ҳамапурсӣ гузаронида шавад.

Собиқ муовини раисҷумҳури Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ дар мусоҳибае бо шабакаи ВВС иддао карда, ки агар Толибон баргузории ҳамапурсиро бипазирад, машруъияташро мепазирад ва омодаи поён додан ба муқовимати мусаллаҳона аст.

Оқои Солеҳ дар ин мусоҳиба гуфт:

“Мо омодаи поён додан ба муқовимати мусаллаҳона ҳастем, ба шарти ин ки меконизме барои як референдом эҷод шавад. Агар Толибон баранда шуд, мусалламан мо машруъияти онҳоро мепазирем. Аммо ба гурӯҳе, ки аз масири тавтиа ба қудрат расидааст, таслим нахоҳем шуд.”

Аммо то ҳол вокунеши расмие аз ҷониби Толибон ба гуфтаҳои оқои Амруллоҳ Солеҳ нашудааст.

Пас аз шикасти ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли 2021 ва сари қудрат омодани Толибон, аксар чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ба хориҷ аз Афғонистон фирор карданд. Аммо, гуфта мешавад, Амруллоҳ Солеҳ дар аввал ба Панҷшер рафт ва дар онҷо бо Аҳмад Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ташкил кард, вале аз суқути Панҷшер ба дасти Толибон ба Тоҷикистон паноҳ бурд.

Дӯстум: Моро Толибон шикаст надоданд, Ашраф Ғанӣ хиёнат кард

0

Дар остонаи яксолагии суқути ҳукумати пешини Афғонистон моршал Абдурашид Дӯстум, яке аз фармондеҳони ғайридавлатии ин кишвар иддао карда, ки онҳоро Толибон шикаст надода, балки Ашраф Ғанӣ ба онҳо хиёнат кардааст.

Тавре расонаи “Тулуънюс” хабар дод, ин суханҳоро Абдурашид Дӯстум, раиси Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон дар як навори савтие, ки ба дасти ин расона расидааст, ба фармондеҳони худ мегӯяд, ноумед набошанд ва ҷанг дар баробари шикатс пирӯзӣ ҳам дорад.

Ӯ дар хитоб ба ҷонибдорони худ иддао карда, ки Толибон ӯро шикаст надодаанд, балки Ашраф Ғанӣ, собиқ раисҷумҳури Афғонистон ва НАТО ба вай “хиёнат” карданд.

Раиси Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон таъкид карда, худи раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва НАТО ӯро нагузоштанд, ки бо Толибон биҷангад.

Ин дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ дар мусоҳиба ахираш бо шабакаи ANB шуморе аз мақомдорони собиқи кишвараш, аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ раиси Шурои муолиҳаи миллии Афғонистонро зери интиқоди шадид қарор дод. Ӯ масъулияти шикасти ҳукуматашро ба дӯши онҳо бор кард.

Ду зодаи дигари Бадахшон аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуданд

0

Дар охири моҳи июли соли ҷорӣ ду зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, Парвиз Ғоибназаров ва Руслан Лашкарбеков аз тарси ҷону амнияти худ қаламрави Тоҷикистонро тарк кардаанд, вале аз сӯи мақомоти интизомии Русия боздошт ва ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Дар бораи сарнавишти онҳо то ҳол чизе дастраси расонаҳо нашудааст.

Тибқи хабарҳои тасдиқнашуда, Руслан Лашкарбеков ҳангоми боздошт аз ошёнаи дувум паридааст, ки дар натиҷаи он муваққатан дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар чанд моҳи охир хабари боздошту ба Тоҷикистон истирдод шудани чандин зодаи ВМКБ дар қаламрави Русия расонаӣ мешавад.

Аз ҷумла, дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо, фаъолони помирӣ аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.

Пештар аз ин, бо қарори додгоҳҳои Русия Руслан Пӯлодбеков, Ҷонибек Чоршанбиев, Муслим Наврӯзов, Чоршанбе Чоршанбеев ва чанд тани дигар ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд. Ва қабл аз онҳо Амриддин Аловатшоев аз қаламрави Русия рабуда шуда буд.

Чанд тани дигар дар боздоштгоҳҳои Русия интизори қарори истирдодашонанд ва дар Тоҷикистон хатари боздошту зиндонӣ шуданашон таҳдид мекунад.

Ҳамаи ин афрод зодагони ВМКБ буда, дар Русия кору зиндагӣ мекарданд ва қисме фаъолони диаспораи помирӣ буда, бар зидди саркӯби мақомоти тоҷик алайҳи аҳолии Бадахшон садо баланд карда буданд.

Калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ифтитоҳ шуд

0

Имрӯз, 12 августи соли 2022 дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон маросими ифтитоҳи расмии бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи ин масҷиди бузург собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат кардааст. Дар ин бора котиби матбуотии ӯ Айдос Укибай дар саҳифаи

Масҷид дар масоҳати 10 гектор замин бунёд ёфта, баландии кунбади асосӣ 90 метр ва баландии манораҳои он ба 130 метр баландӣ мерасад ва дар як вақт то 235 ҳазор нафар дар он ҷой мегирад.

Он калонтарин масҷид дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нур-Султон дар хиёбони Мангилик Эл, дар наздикии маркази савдои Mega Silk Way ҷойгир шудааст.

Ин масҷид дар давоми се сол пурра бунёд ва ба истифода дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки масҷиди марказии шаҳри Душанбе калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ гуфта мешуд. Вале солҳост, ки бунёди ӯ идома дорад ва қарор буд соли 2019 ба истифода дода шавад, аммо бо сабабҳои номаълум ба таъхир гузошта шуд ва сипас баҳонаи шуюъи бемории COVID-19 пеш омад ва то ҳол маълум нест кай ифтитоҳ мегардад.

Раисҷумҳури собиқи Шри-Ланка аз Сингапур ба Тайланд паноҳ бурд

0

Ба гузориши “Reuters” собиқ раисҷумҳури Шри-Ланка Готабая Раҷапакса, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ дар пай инқилоби мардумӣ аз мақомаш истеъфо дода буд, аз кишвари Сингапур ба Тайланд паноҳ бурдааст.

Акс аз “Reuters”

Ба иттилои манбаъ Готабая Раҷапакса, раиси ҷумҳури собиқи Шри-Ланка рӯзи панҷшанбеи 11-уми август бо парвози чартерӣ аз Сингапур ба фурӯдгоҳи Дон Муанги Бангкок парвоз кардааст.

Мақомоти Тайланд ворид шудани Готабая Раҷапаксаро ба кишварашон тасдиқ карда, гуфтанд, ки ӯ қасди паноҳандаи сиёсӣ шуданро надорад ва танҳо муваққатан дар ин кишвар мемонад.

Вазири хориҷаи Таиланд, Дон Прамудвинай гуфт, ки ҳукумати Шри-Ланка аз сафари Раҷапакса ба Таиланд пуштибонӣ мекунад ва афзуд, ки шиносномаи дипломатии раисиҷумҳури пешин ба ӯ имкон медиҳад, ки то 90 рӯз дар ин кишвар бимонад.

Готабая Раҷапакса пас аз эътирозҳои оммавии бесобиқаи моҳи гузашта дар Шри-Ланка, ки ба сабаби авзои бади иқтисодии ҳукуматаш дар ҳафт даҳсолаи ахир ба вуҷуд омада буд ва чанд рӯз пас аз ҳамлаи ҳазорон эътирозгар ба кохи раисиҷумҳур истеъфо дод ва аввал ба кишвари Малдив паноҳ бурд, сипас ба Сингапур ва инак муваққатан ба Тайланд паноҳ бурдааст.

Зиндонӣ шудани ду бародаре, ки дар метрои Маскав пулисро зада буданд

0

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар метрои Маскав кормандони пулисро латукӯб карда буданд, равонаи зиндон шуданд.

Додгоҳи минтақаи Симонови Маскав барои ҳамла ба маъмурони пулис дар метрои Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон – Умар Расулҷонзодаро ба муддати 3,5 сол ва Саидакрам Ҳамроевро ба муддати 2,5 ба зиндон маҳкум кард.

Ин ду шаҳрванди тоҷик бо иттиҳоми “зӯроварӣ алайҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” гунаҳкор дониста шуданд. Қарори додгоҳ рӯзи 11-уми августи соли ҷорӣ эълон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 17-уми феврали соли 2022 дар истгоҳи метрои “Тулская” ду ҷавони тоҷик, яке 18-сола ва дигаре 21-сола бо кормандони пулис даргир шуданд. Гуфта мешавад, онҳо бародар будаанд. Чун пулис якеро дастгир карданӣ шуд, бародари ӯ ба кормандони пулис ҳамла кард ва занозанӣ шуруъ шуд.

Навори занозании ин ду ҷавон бо кормандони пулис дар шабакаҳои ичтимоии Русия сарусадои зиёде ба бор оварда буд. Падари онҳо, Расулҷон Ҳамроев дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, аз коре, ки фарзандонаш дар мулки мусофирӣ карданд, розӣ нест. Расулҷон Ҳамроев гуфт, писари якумаш Саидакрам 21 сол ва дуюмаш Расул ҳамагӣ 18 сол доранд ва Умар, ки бори аввал ба Русия рафта буд, ҳанӯз намедонист, ки пулисро задан мумкин нест.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Олмону Лаҳистон

0

Пулиси Олмон дар марз бо Лаҳистон 3 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ғайриқонунӣ вориди ин кишвар шудаанд, боздошт кардааст.

Расонаҳои русӣ дар истинод ба мақомоти интизомии Олмон хабар медиҳанд, ки рӯзи 7-уми августи соли ҷорӣ ду мошин бо рақамҳои лаҳистонӣ дар минтақаи “Frankfurt an der Oder” як зан ва ду марди аз 24 то 30-солаи эрониро фаровардаанд, ки бо визаи Русия ба ин кишвар омадаанд.

Баъдан дар ҳамин минтақа пулиси Олмон 6 марди аз 22 то 37-солаи зодагони Тоҷикистону Ироқро, ки ғайриқонунӣ вориди ин кишвар шудаанд, боздошт кардааст.

Дар робита ба ин ҳодиса, як марди 29-сола аз Гурҷистон боздошт шуда, нисбати ӯ барои қочоқи шаҳрвандони хориҷӣ тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст. Ҷустуҷӯи мошини дуюми қочоқбари эҳтимолӣ бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Боздоштшудагон дар Олмон дархости паноҳандагӣ додаанд ва ба қабулгоҳи ибтидоии “Бранденбург” фиристода шудаанд.

Ҳувияти зодагони Тоҷикистон ба расонаҳо маълум нест, аммо моҳҳои ахир хабар дар бораи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон бисёр расонаӣ мешавад.

Ҷасади духтари 16-соларо аз соҳили дарёи Зарафшон пайдо карданд

0

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷасади духтраи 16-соларо, ки рӯзи 9-уми август нопадид шуда буд, аз соҳили дарёи Зарафшон пайдо карданд.

Дар ин бора 11-уми августи соли ҷорӣ дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, духтари 16-сола сокини деҳаи Хӯҷапанҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекат буд ва рӯзи 9-уми августи соли равон “баъди як муноқишаи оилавӣ” аз хона берун шуда, дигар барнагаштаст. Баъд аз корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ин духтар имрӯз, 11-уми август аз соҳили дарёи Зарафшон пайдо шуд.

Ба маълумоти манбаъ, ҷасади ин ноболиғ аз соҳили дарёи Зарафшон, дар ҳудуди деҳаи Озодагони ҷамоати деҳоти Хурмӣ пайдо ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Дар робита ба ин ҳодиса КҲФ аз сокинони кишвар ва волидон хостааст, ки бо фарзандони худ бо муҳаббати падариву модарӣ ва ҳисси дилсӯзӣ ба ояндаи онҳо муносибат кунанд. Ва талош кунанд муноқишаҳои оилавиро бо хушӣ анҷом диҳанд.

Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дақиқ нагуфтааст, ки байни ин ноболиғи 16-сола ва хонаводааш чӣ муноқишае сар зада ва айнан чӣ чиз боис шуда, ки духтари ноболиғ худро ба дарё афканад. Ҳатто ҷузъиёти он то ҳол рӯшан нест, ки ин ҳодиса худкушӣ будаааст ва ё не.