16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 406

Медали биринҷии Шаббос Неъматуллоев дар “Ҷоми Элорда”

0

Варзишгари шинохтаи тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар аввалин мусобиқаи байналмилалии бокси “Ҷоми Элорда” медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ рӯзҳои 30-юми июн то 5-уми июл дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор гардида, дар он варзишгарон аз 10 давлати ҷаҳон ширкат мекунанд.

Шаббос Неъматуллоев, ки иштироккунанди Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад, дар вазни -80 кг дар муҳорибаи аввалаш намояндаи Қазоқистон Баиржан Баигоншеков ва дар чорякфинал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро шикаст дод. Аммо дар даври ниманиҳоӣ аз намояндаи Чин Танглатиан Аербеке шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Варзишгари дигари тоҷик Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар даври аввали ин мусобиқа аз варзишгари узбек Дилшод Абдумуродов шикаст хӯрда, аз ширкат дар даврҳои баъдӣ маҳрум шуд.

Киштии Русия, ки ғалладонаи Украинаро мебурд, дар Туркия боздошт шуд.

0

Як киштии боркаши Русия бо гумони дуздӣ ва қочоқи ғалладонаи Украина аз ҷониби нерӯҳои дарёии Туркия боздошта шуд.

Дар ин бора шоми рӯзи якшанбе сафири Украина дар Туркия Василий Боднар ба расонаҳо хабар дод.

Тавре расонаҳо бо такя ба гузориши хабаргузории “Reuters” иттилоъ медиҳанд, Украина қаблан аз мақомоти Туркия талаб карда, то киштии борбари “Жибек Жолӣ”-ро, ки бо парчами Русия ба роҳ баромадааст, боздошт кунад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Украина Олег Николенко бо такя ба иттилои мақомоти дарёии Украина рӯзи ҷумъа ба хабаргузории “Reuters” гуфта, ки киштии “Жибек Жолӣ” дар марҳилаи аввал тақрибан 4500 тонна ғаллаи украиниро аз бандари Бердянск дар ҷануби Украина бор кардааст.

Дар ҳамин ҳол сафири Украина дар Туркия гуфта, ки сарнавишти киштӣ имрӯз душанбе дар нишасти муфаттишон ҳал хоҳад шуд ва Украина умедвор аст, битавонад ғаллаҳои дуздидашударо бозпас гардонад.

“Мо бо ҳамдигар (Туркия ва Украина) ҳамкории ҳамаҷониба дорем. Дар ҳоли ҳозир, киштӣ дар даромадгоҳи бандар аз ҷониби мақомоти гумруки Туркия боздошт шудааст”, – мегӯяд Василий Боднар дар пахши барномаи телевизионӣ.

Украина Русияро дар дуздии ғалладона муттаҳам мекунад. Ба гуфтаи Киев, Русия ҳар шаҳреро тасарруф кунад, ба дуздии ғалладонаи он даст мезанад. Аммо Кремл пайваста ин иттиҳомро рад мекунад.

Кшварҳои Русия ва Украина ҳарду аз бузургтарин тавлидкунандагони гандуму дигар ғалладонаҳо ба шумор мераванд. Ва солона миллонҳо тонна ба кишварҳои ҷаҳон содир мекунанд.

Мушкилии ҷанг ва ноамнӣ дар Украина аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои арабӣ ва африқоиро барои гарон шудани нон ва равғани ношӣ аз ғалладонаҳо ба шиддат нигарон кардааст.

 

Дидори Фарҳод Салим бо Рафаэл Гроссӣ дар Вена

0

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) мулоқот кард.

Имрӯз, 4-уми июли соли 2022, сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки “1-уми июли 2022 дар Вена дар ҳошияи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Мудири кулли Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА)  Рафаэл Гроссӣ сурат гирифт.”

Ба гуфтаи манбаъ, “зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АБНА матраҳ гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди татбиқи лоиҳаҳои АБНА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши коршиносони тоҷик, ширакти Тоҷикистон дар лоиҳаҳои минтақавии АБНА ва густариши  ҳамкориҳои фаннӣ зоҳир карда шуд.”

Гуфта мешавад, аз 17-уми январи соли 1995 “Шартнома дар бораи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” эътибор пайдо кардааст ва тибқи моддаи III Шартномаи мазкур аз ҳар як давлат-аъзои дорои силоҳиҳастаинабуда талаб карда мешавад, ки бо АБНА созишномаи кафолати ҳамаҷонибабаимзорасонад, то АБНА иҷрои ӯҳдадориҳои худро тибқи Шартномаи мазкур ба ҷо орад.”

Захмӣ шудани даҳҳо эътирозгар дар Қароқалпоқистон

0

Дар пайи эътирози мардум дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон 243 нафар захмӣ шуда, 18 нафари дигар ба ҳалокат расидааст.

Имрӯз, 4-уми июли соли 2022 Додситони кулли Узбекистон хабар дод, ки дар миёни захмиён 38 нафарашон кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошанд. Аммо Сомонаи “Дарё”-и Узбекистон дар истинод ба як “мансабдори вазорат” менависад, ки “беш аз 1000 эътирозгар захмӣ шудааст.”

Пештар аз ин Шавкат Мирзиёев, Президенти Узбекистон низ аз талафот дар миёни мардуму низомиён гуфта буд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, захмиёни зиёди оғӯштаи хун дида мешавад ва омори захмиён бештар аз онест, ки мақомоти расмӣ мегӯянд.

Инчунин расонаҳои узбекӣ дар истинод ба сардори Хадамоти иттилооти Горди миллии Узбекистон, Даврон Ҷумъаназаров, хабар доданд, ки дар пайи ин эътирозҳо 516 кас дастгир шуда, нисбати баъзеи онҳо тафтишот идома дорад ва аллакай қисме ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми июн даҳҳо нафар бо парчами Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар кӯчаҳои Нуқус ҷамъ шуда, зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд, ки дар банди вобаста ба мақоми ин ҷумҳурии мухтор калимаи “мустақил”-ро бардоштаанд.

Тазоҳуроти сокинон баъди он авҷ гирифт, ки мақомоти интизомӣ Давлатмурод Тоҷимуродов, хабарнигор ва фаъоли маданиро, ки мардумро ба тазоҳурот ба зидди тарҳи нави Конститутсия даъват мекард, дастгир карданд. Дертар хабари раҳоии ӯ нашр шуд.

Баъди ин эътирозҳо Шавкат Мирзиёев ба Нуқус сафар кард ва эътирозгаронро ба сангпартоиву оташкушоӣ ва ҳамла ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ муттаҳам кард ва гуфт, ислоҳи панҷ моддаи Конститутсияи Узбекистон, ки ба истиқлоли Қароқалпоқистон пайванд дорад ва боиси норозигии мардум шудааст, “бетағйир гузошта шавад”.

Дар ҳоли ҳозир дар Қароқалпоқистон то 2-юми августи имсол вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст.

Тибқи омори соли 2022, Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар қисми шимолу ғарбии Узбекистон ҷойгир буда, ҳудуди 1,9 миллион аҳолӣ дорад ва масоҳаташ наздики 40 дар сад аз қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад. Забонҳои қароқалпоқӣ ва узбекӣ забонҳои расмии ин ҷумҳурии мухтор дониста мешавад.  

Пас аз ишғоли Хоразм ва Туркистон аз ҷониби русҳо Қарақалпоқистон соли 1925 расман худмухтор эълон шуда ва ба Ҷумҳурии сотсиалистии Қазоқистон ҳамроҳ карда шуд, аммо соли 1936 ин ҷумҳурии худмухтор ба хоки Узбекистон ворид карда шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум, баъди пошхӯрии Шӯравӣ, Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Узбекистон ворид шудани Қароқалпоқистон имзо шуд, ки дар он ҳаққи берун шудани Қароқалпоқистон аз ҳайати Узбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Узбекистон низ вуҷуд дорад.

Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури як қарор шанбеи ояндаро рӯзи Иди Қурбон эълон кард ва аз имомхатибони кишвар хост, ки дар бораи “сулҳу оромӣ” сухан гӯянд.

Акс аз Интернет

Имрӯз, 4-уми июли соли 2022, ҷаласаи навбатиии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои содир кардани қарор дар бораи таъйин намудани рӯзи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар кори ин ҷаласа, ки зери раҳбарии раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода гузаронида шуд, қайд гардид, ки “мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи шанбе 9-уми июл рост меояд.”

Дар қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид карда шуд, ки:

1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе 9-уми июли соли 2022 таҷлил карда шавад.

2. Вақти баргузоршавии намози Иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шӯро ва имомхатибон талаб карда, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба “неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.”

Иди саиди Қурбон яке аз ду идҳои мусалмонон аст, ки соле як маротиба дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ баргузор мешавад ва қурбонӣ кардани гову гӯсфанд дар ин рӯзҳои ид яке аз ибодатҳост.

Пешравии қувваҳои низомии Русия дар вилояти Лугански Украина

0

Бино ба иддаои мақомоти Русия, нерӯҳои низомии ин кишвар чанде аз шаҳрҳои вилояти Лугански Украинаро пурра ба тасаруфи худ дароварда, ба нерӯҳои украинӣ хасороти зиёд ворид кардаанд.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия асри рӯзи якшанбе зимни нашри баёняе эълом кард, контроли комили шаҳри Лисичанскии вилояти Луганскро ба даст гирифта, барилова, инчунин шаҳрҳои Белогоровка, Новодружеск, Малорязантсеворо низ тасарруф карданд.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия. Акс аз Вадим Савицкий / ТАСС

Аммо дар ҳамин ҳол Сергей Гайдай, раиси маъмурияти низомии вилояти Луганск дар

Сергей Гайдай, раиси маъмурияти низомии вилояти Луганск

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи низомии Русия ба Украина аз субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз шуд ва инак моҳи панҷум аст, ки ҷанг дар ин кишвар идома дорад. То кунун бар асари ин ҷанг даҳҳо ҳазор сарбоз аз ду ҷониб куштаву захмӣ шуда, наздик ба 10 миллион шаҳрвандон овораву саргардон шудаанд.

Дар ин ҷанг ҷанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи нерӯҳои Русия меҷангиданд, кушта шуда, ҷасади онҳо ба Ватан бурда дафн шуданд. Аммо маълум нест дар сафи нерӯҳои украинӣ чанд тоҷикистонӣ вуҷуд дорад ва чанд нафар кушта ва ё захмӣ шудааст, оморе дар даст нест.

Ҳузури раҳбари Толибон дар “лӯи ҷирга”-и Кобул

0

Раҳбари Толибон барои нахустин бор аз замони дубора ба сари қудрат расидани Аморати исломӣ дар Афғонистон ба Кобул рафта, дар нишасте иштирок кардааст.

Сухангӯи Толибон, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид хабар дода, ки субҳи имрӯз, 1-уми июли соли 2022, раҳбари Аморати исломӣ мавлави Ҳиббатуллоҳ Охундзода дар Гирдиҳамоии бузурги уламои Афғонистон иштирок ва суханронӣ кардааст.

Ба қавли Муҷоҳид, Охунзода пас аз ироаи табрикоти худ нисбат ба сари қудрат омадани Толибон гуфтааст, ки нерҳои Аморати исломӣ бо ҷону моли худ ҷангдиданд, то “низоми шариати исломӣ ҳокик шавад” ва акнун пас аз ин чун уламо динро хуб мешиносанд, “масъули иҷрои низоми исломӣ ҳастанд.”

Нишасти серӯзаи Толибон зери унвони “Гиридиҳамоии бузурги уламои Афғонистон”, ки дирӯз, 30-юми июни соли 2022 дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон дар вазъияти комилан амниятӣ ба кори худ оғоз карда буд, пас аз як ҳамлаи мусаллаҳона қатъ гардид ва субҳи имрӯз дубора ба кори худ идома дод.

Гуфта мешавад, “Гиридиҳамоии бузурги уламои Афғонистон” бо ҳузури беш аз 3000 ҳазор нафар аз ҳомиёни Толибон аз шаҳристонҳои мухталифи Афғонистон пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури намоядаҳои занон ва расонаҳо баргузор мешавад. Адами ҳузури намояндаҳои ду рукни муҳимми давлатдорӣ, ки яке нисфи ҷомеаро ташкил медиҳад ва дувумӣ садои мардумро инъикос мекунад, ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шудааст.

Варзишгарони тоҷик ба Будапешт мераванд

0

Панҷ варзишгари тоҷикистонӣ дар мусобиқоти “GRAND SLAM HUNGARY 2022” дар Маҷористон Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии ҷудои “GRAND SLAM HUNGARY 2022” ба Маҷористон мераванд.

“GRAND SLAM HUNGARY 2022” рӯзҳои 8-10 уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мегардад ва дар он 471 паҳлавон (274 мард ва 197 бону) ширкат мекунанд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро панҷ варзишгар Муҳаммад Муҳаммадизода (-60 кило), Шаҳбоз Саидабуроров (-66 кило), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кило), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кило) ва Комроншоҳ Устопириён (-90 кило) намояндагӣ мекунанд.

19 кушта ва беш аз 38 захмӣ дар як ҳамлаи Русия ба Одесса

0

Дар асари як ҳамлаи ҳавоии Русия ба истироҳатгоҳе дар шаҳри бандарии Одессаи Украина 19 нафар кушта ва беш аз 38 каси дигар захмӣ шудааст.

ББС ба нақл аз Хадамоти давлатии изтирории Украина (ГСЧС) хабар додааст, бомдоди имрӯз, замоне, ки мардум дар хоб буданд, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба яке аз минтақаҳои истироҳатӣ дар Одесса се мӯшак партоб карданд.

Ба иттилои манбаъ, яке аз ин мушакҳо як бинои нӯҳошёнаи истиқоматиро қисман хароб кард ва дуи дигар ба марказҳои фароғатии деҳаи Сергеевкаи ноҳияи Белгород-Днестровский, 80-километрии ҷануби Одесса бархӯрданд ва дар натиҷа 19 нафар, аз ҷумла як кӯдак кушта ва 38 нафари дигар ҳам захмӣ шуданд. Дар байни захмиҳо 6 кӯдак ва як зани ҳомила ҳам ба қайд гирифта шудааст.

Мақомоти украинӣ мегӯянд, оморҳои ахир аз он ҳикоят мекунанд, ки аз зери оворҳо 8 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак наҷот дода шудааст, бо ин ҳол корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд, вале ҳанӯз маълум нест, ки дар зери дигар харобаҳои ба ҷо монда аз ин ҳамла захмиҳо ва ё ҷонбохтагони дигаре низ ҳузур доранд ё на?

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ба рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ, то кунун ҳазорҳо нафар кушта, даҳҳо ҳазори дигар захмӣ ва беш аз ҳафтуним миллион нафар тарки хонаву дари худ карда, муҳоҷир шудаанд.

Русия: ғайб задани Эмомалӣ Холов аз боздоштгоҳ

0

Адвокат ва пайвандони Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон, ки  бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буд, ӯро дар боздоштгоҳ пайдо накарданд.

Имрӯз, 1-уми июли соли 2022, яке аз наздикони Эмомалӣ Холов бо шарти фош нашудани номаш ба Аздо тв гуфт, дирӯз 30-юми июн адвокати Холов барои дидорбинӣ бо ӯ ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Курск рафта буд, вале Эмомалиро онҷо пайдо накардааст.

Кормандони боздоштгоҳ ба адвокати Эмомалӣ гуфтанд, ки мунтазир бошад, то зерҳимояашро барои мулоқот омода карда, ба наздаш биоранд. Аммо пас аз 4 соати интизорӣ яке аз кормандони боздоштгоҳ дубора танҳо ба назди адвокат баргашта гуфтааст, ки Эмомалӣ дар ин ҷо ҳузур надорад, ӯро аз боздоштгоҳ ҷавоб додаанд.

Сипас адвокат ва пайвандони ӯ ба ҷустуҷӯи оғоз карда, баъд аз талошҳои зиёд наздиконаш муайян кардаанд, ки Эмомалӣ Холовро аз Курск ба Маскав интиқол доданд, то ӯро ба Душанбе истирдод кунанд.

Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон бо дархости мақомоти Тоҷикистон рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ дар истгоҳи мусофирбарҳо дар Горшеченскийи вилояти Курски Русия аз ҷониби кормандони пулис дастгир шуда буд.

Эмомалӣ Холовро шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара аз моҳи марти соли 2021 ба гумони “тундгароӣ” дар ҷустуҷӯ қарор дода буд, вале пайвандон ва наздиконаш ин иттиҳомоти мақомотро рад мекунанд.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз як шабонарӯз аз замони ғайб задани Эмомалӣ Холов, то ҳол маълум нест, ки ӯ дар чӣ ҳолат қарор дорад ва оё ба Тоҷикистон истирдод шудааст ё не? Аммо наздикону пайвандонаш бо нигаронӣ мегӯянд, дар сурати истирдоди ӯ ба Душанбе, Эмомалиро шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.