17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 405

ФАКЛЕС

0

Бояд ҳамаи факултаву бахшҳои донишгоҳу донишкадаҳо – ва умуман ҳама бахшҳои марокизи дониширо дар Тоҷикистон баст!

Чиро?
Зеро аксари хатмкунандагонашон ҷои кор намеёбанду ночоранд Русия раванд.

Қаблан ҳам боақлтарини боақлҳо дар хутбае аз хутбаҳояшон фармуда буданд, ки: “Мо коргоҳҳои қолибофиро дигар аз паяш намегардем. Эрон қолин дорад бас…”

Ҳамин тавр, чун ҳамаи истеҳсолотро Чин дораду моро таъмин мекунад, пас дигар ҳеч донишгоҳу донишкадае ҳам лозим нест.

Танҳо як Донишгоҳи бузург лозим дорем, ки метавонад як факулта дошта бошад ва албатта зери номи ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он бояд ҷумлаи “дар назди пирезиденти Тоҷикистон”-бошад!

Ин Донишгоҳ “Лес” ва факултаи ягонаи он “ФАКЛЕС” ном дошта метавонад!

Албатта дар забони умумии форсӣ калимаи “Факлес” наву номафҳмост, аммо дар “забони тоҷикӣ” ҳама онро мефаҳманд.
Бахши русии ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он низ ҳатмист ва онро “ЛЕСФАК” метавон ном гузошт.

Ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он дар шароити кунунӣ ва дар миёни донишгоҳҳои ҷаҳон бемонанд хоҳад буд ва Кишвари моро зуд “ба пеш” мебарад!

Чунин Донишгоҳу факултаи онро ҳеч кишваре надорад!
Хубии ин Донишгоҳ он аст, ки барои донишҷӯи он шудан шарт нест аз деҳот, аз шаҳристонҳо, шаҳрҳо, устонҳо, ҳаволии Пойтахт, пулу вақт сарф карда ба Пойтахт оянд.

Метавон дар худи деҳа, шаҳристон, устон, Пойтахт ва ҳатто дар Русия истода ба он қабул шуд ва бо Дипломи сурх ё сабз ё ҳар ранги дигар онро тамом кард.

Дорандаи Дипломи ин Донишгоҳ барои гирифтани мансаб, унвони илмӣ, ёфтани шароити хуб ҳеч мушкиле нахоҳад дошт!
Ба ин васила хоҳишмандон соҳиби Дипломи факултаи Факлеси Донишгоҳи Давлатии Миллии Лес-и назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд!

Шумо дар нигораи зер метавонед ҳолати супоридани имтиҳонро ба ин Донишгоҳу факулта ба хубӣ тасаввур намоед!

ИЛОВА:

УНВОНҲОИ ИЛМӢ ВА БАРОБАРҲОИ ПОРСИИ ОН ДАР ИН ДОНИШГОҲУ ФАКУЛТАИ ОН

Навлескор / Навниятлескор – баробари русии “абитурент”;

Лесишҷӯ – баробари вожаи аз коруфтодаи “донишҷӯ” ва калимаи русии он “студент”;

Лесисто – баробари вожаи русии “асистент”;

Лесёр – баробари унвони “дотсент”;

Лесишпижӯҳ – баробари таъбири аз коррафтаи “донишпижӯҳ”;

Лесишсаркор – баробари унвони бадшудаи “доктори илм”;

Пурралесишорсаркор – баробари унвони бадшудаи “пруфесур”;

Лесик – баробари унвони бадшудаи “академик”;

КОРҲОИ ИЛМӢ ДАР ИН ЗАМИНА БОЯД ЗЕРИ УНВОНҲОЕ ҲАМОНАНДИ НАМУНАҲОИ ЗЕР СУРАТ БИГИРАНД:

“Пешинаи торихи пасолесӣ”;

“Пасолесӣ дар даврони Шӯравӣ”;

“Пасолесии пасошӯравӣ”;

“Хокзанӣ ва пасолесӣ дар назм”;

“Саромадони назми хокзанӣ, регрезапошӣ ва пасолесӣ”;

“Бузургтарин нозимон ва нависандагони пасолеси рӯзгори мо”;

“Бунёнгузори илми Лесулужӣ”;

“Пешлесони муосир”;

“Нақши роҳбарони бузург дар заминаи пешо-пасолесолужӣ”;

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии рӯзноманигор ва шоири тоҷик Исфандиёри Назар

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хиёнат ба миллат чист?

0

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дар 30 соли ҳукуматат кишварро ғорат карда, байни фарзандону ақрабоят тақсим кунӣ ва иқтисоди онро 70 сол ақаб партоӣ.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Хиёнат ба миллат ин аст, ки на дар тӯйу сур, на дар ҷаноза, на дар корхона, на дар ҷамъомад, на дар масҷиду на дар хиёбонҳо наметавонӣ ва намехоҳӣ бо мардуми худат бошӣ. Ва худро бо коргарон, муаллимон, табибон, муллоҳо ва нафақахӯрони маъмуршуда иҳота мекунӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дар рӯзи равшан, дар роҳҳои комилан холии як шаҳри бузург дар иҳотаи даҳҳо мошини нигаҳбонҳо ҳаракат мекунӣ, зеро ҳамаи хиёбонҳо ва кӯчаву паскӯчаҳо тахлия ва баста шудаанд. Ва раияти ту дар замини худ, дар шаҳри ҳуд маҷбуранд соатҳо мунтазир бимонанд, то ту бо мошини зиреҳишудаи чандмиллиондоллариат барои анҷоми корҳои шахсиат биравӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки барои пешвози ту дар сардии зимистону гармои тобистон гулдухтаракони қадрасро нимурён ба пешвозат мебароранд ва онҳо зери барфи зимистону офтоби кушандаи тобистон гул дар даст соатҳо мунтазират мешаванд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ҳазорон хонандаву донишҷӯ моҳҳо аз дарсҳо дур карда мешаванд ва зери офтобу барфу борон машқ мекунанд, то дар ҷашне бароят саҳнае намоиш диҳанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки қабл аз омадани ту қитъаи роҳ дар дохили замини кишоварзиро ҳам асфалтпӯш мекунанд, аммо роҳҳое, ки гузарат намеафтад даҳсолаҳо таъмирро намебинанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки пеш аз омадани ту мардумро маҷбур мекунанд аз бонкҳо қарз гиранду деворҳои ҳавлашонро таъмир ва хонаҳояшонро рангубор намоянд.

Хиёнат ба миллат ҳамон аст, ки дар “гуфтугӯ” бо мардум ҳамаи саволҳо, эҳсосот ва вокунишҳо аз қабл омода шудаанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ту бо мардумат дар як роҳ, ба як мағоза, ба як масҷид намеравӣ. Ҳамроҳашон дар поркҳо сайругашт намекунӣ ва бо онҳо хӯрок намехӯрӣ.

Хиёнат ба миллат ин паранойяи комил назди мардуми худ, нафрати амиқ ва беҳурматӣ ба раият, ҳазар аз онҳо ва ваҳшат аз тамоси зинда бо шарҳвандони худ аст.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ту бо як дунёи тахайюлӣ, хӯсаҳову бозингарони саҳнаву декоратсияҳо иҳота шудаӣ. Ҳамаи дунёи атрофат сохташуда ва ғайривоқеъӣ аст. Ту аз кишварат бо девори оҳанӣ, хандақҳо, тирзанҳо ҳисор шудаӣ, то набинӣ, надонӣ ва даст нарасонӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки наметавонӣ сода аз кӯча убур кунӣ, чун метарсӣ. Ва беҳуда ҳам наметарсӣ, зеро 5 дақиқа ҳам рафта наметавонӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки пулҳои аз буҷаву дороиҳои кишвар дуздидаи туву хонаводаат дар хориҷ аст. Ту дар қасре зиндагӣ мекунӣ, ки қиматаш аз қимати як шаҳри миёнаи Тоҷикистон бештар аст, аммо мардуми ин шаҳри миёна аз бекориву гуруснагиву ҷудоӣ аз падару фарзанду шавҳари муҳоҷираш ранҷ мекашад ва дар хонааш чароғ, ҳезум, ҳатто гоҳе нон надорад.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ту ҳамаи канданиҳо ва боигарҳои табиии кишварро ба худату хонаводаат ихтисос додаӣ, ҳамаи тиҷоратҳоро домодҳоят монополия кардаанд, дар ҳоле, ки ба ҷуз туву хонаводаат дар кишвар 10 миллион нафари дигар зиндагӣ мекунанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки музди меҳнат дар кишварат яке аз камтаринҳо дар ҷаҳон аст, нафақахӯрҳо 10 доллар нафақа мегиранд, аммо моҳонаи ту баландтарин байни раисҷумҳурҳои дунёст.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки домоди ту дар қочоқи бензин аз ҳамсоякишвар миллионҳо доллар даромад мегирад, аммо мардуми деҳаҳои наздимарзӣ ва сарҳадбонҳои кишварат аз тири сарбозони ҳамсоя кушта мешаванд. Дар ҳамин ҳол ту лаб во намекунӣ, то тиҷорати домодат зарар набинад.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ба ғасби заминҳоят аз тарафи кишварҳои ҳамсоя ва қатли сарбозону раиятат ҳарфе зада натавонӣ, аммо ба як минтақаи кишварат ба хотири як эътирози мардум лашкар кашиву садҳо нафарро қатли ом кунӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки вақте ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз вабои коруно ҳама гуна ҷамъомадҳоро манъ мекунад, ту 10 000 нафарро аз тамоми кишвар дар майдоне ҷамъ овариву базм ороӣ, то барои рақсат кафкубӣ кунанд ва вабо дар як ҳафта дар кулли кишвар паҳн шавад.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки тамоми мансабҳоро байни фарзандону хешовандон ва қудову андаи бесаводат тақсим кунӣ ва аз онҳо мондаашро бо пул ба савдо бизанӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ба шири сафеди модарат қасам хӯриву ҳазор бор қасам шиканӣ ва шири модарро ба масхара табдил диҳӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дар малаи ом аз духтари қадраси миллатат, ки ҳифзи номусаш пеш аз ҳама бар дӯши туст, бипурсӣ, ки “ягон кас телефон мекунад?”

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дӯстписари духтаратро, ки миллионҳо дуздидааст бинобар ҷавониаш афв кунӣ, аммо ҳазорҳо ҷавонро барои як лайк ё як шарҳ ба зиндон фиристӣ.

Хиёнат ба миллат ин ҳамеша дурӯғ гуфтану ваъдаи пешрафт додан ба мардуми худ  аст.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ҳар рӯз бо қайчият 10 “корхонаву коргоҳ” ифтитоҳ куниву фардояш 11-то баста шавад.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки мардумро ба сарфакориву захираи дусола даъват кунӣ, аммо худат барои як базму як рақсат миллионҳо доллари мардумро масраф намоӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дар 30 соли ҳукуматат кишварро ғорат карда, байни фарзандону ақрабоят тақсим кунӣ ва иқтисоди онро 70 сол ақаб партоӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки 2 миллион мардони кишварат барои дарёфти қути лоямут ба муҳоҷират раванд ва 5 миллион кӯдаку наврас ҳамеша дар интизори падар чашмбароҳ бошанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ҳар сол 1000 ҷанозаи раиятат аз хориҷ дар тобутҳо ворид шавад ва мижаи ту хам нахӯраду як бор изҳори ҳамдардӣ накунӣ.

Ва билохира хиёнат ба миллат ин аст, ки мардуми худатро подаву рамае ҳисобӣ, ки бояд душида ва қурбонӣ карда шавад ва ҳаёти инсон дар кишвари ту камтарин арзише надошта бошад.

Ҳар қадар дилат хост метавонӣ мухолифон, озодандешон, фаъолон, рӯзноманигоронро ба хиёнат ба миллату ватан айбдор кунӣ, онҳоро таъқиб намоӣ ва бикушӣ. Ҳар қадар дилат хост метавонӣ мафҳумҳоро тағйир диҳиву иваз кунӣ, ҳамеша аз ҷанги шаҳвандии 30 сол пеш мардумро тарс диҳӣ, худатро қаҳрамон, асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат эълон куниву гоҳе аз кишвари ҳамсоя, гоҳе аз “кишвари ба ҳама маълум”, гоҳе аз ғарбу гоҳе аз шарқ душман битарошӣ. Ҳазорҳо нафарро танҳо ба ин хотир, ки ҳақиқатро гуфтаанд, хоини миллат эълон намоӣ. Аммо аз ин ҳама ҳақиқат иваз намешавад: ягона хоини миллат дар Қасри миллат нишастааст.

МАНБАЪ: ПАЁМ.net

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Вохӯрии Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо ҳамсараш дар боздоштгоҳ

0

Баъд аз 20 рӯзи боздошт ба ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, иҷоза додаанд бо ӯ вохӯрӣ кунад.

Бино ба иттилои “

Пайвандонаш аз додани ҷузъиёти бештари ин вохӯрӣ худдорӣ карда, гуфта буданд, ки “аҳволи Далер хуб аст”.

Ёдовар мешавем, ки Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июн соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шуд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ асри ҳамон рӯз аз сӯи масъулини Додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват ва баъдан боздошт гардид ва сипас ҳар ду барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Далери Имомалиро мақомот ба “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “дурӯғпароканӣ” ва “пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ” гумонбар дониста, ба парвандааш муҳри махфӣ зада ва ба адвокаташ ҳам иҷозат надоданд, то дар бораи ҷузъиёти парвандаи ӯ бо расонаҳо суҳбат кунад.

Мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё ӯ як корманди милисаро дар бинои ШВКД Шоҳмансур-1 “лату кӯб” кардааст. Аммо Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ӯ мегӯяд, худи Ғурбатӣ рӯзи боздошташ ва рӯзи мурофиа ин иттиҳомро рад кардааст.

Пас аз боздошти ин ду рӯзноманигор фаъолон, Созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро фавран озод карда, парвандаи онҳоро қатъ кунад, зеро дар кори онҳо ҳеч гуна қонуншикание дида намешавад.

Дар Тоҷикистон маоши омӯзгорон 20 дарсад афзоиш ёфт

0

Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони мактабҳои миёна ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм, инчунин соҳаи фарҳанги кишвар то 20 дарсад афзоиш меёбад.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, бо як фармони Раисҷумҳури кишвар “аз 1 июли соли 2022 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.”

Гуфта мешавад, афзоиши 20-дарсадии маошҳо тамоми кормандони буҷетии кишвар, аз кормандони мақомоти болоӣ то идрорпулии донишҷӯёнро дар бар мегирад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки андозаи нафақаи ятимон ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар “нафақа таъйин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд гардид.”

Дилмурод Давлатзода, сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Ховар” иттилоъ дода, ки “теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то оғози соли равон 749 ҳазору 817 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 157 ҳазору 779 нафар нафақагирони маъюб мебошанд.”

Бино ба гуфтаи сардори Агентии суғуртаи иҷтимоии кишвар “Аз шумораи умумии маъюбон 16 891 нафарро маъюбони гурӯҳи якум, 75 640 нафарро маъюбони гурӯҳи дуюм ва 33 445 нафарро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбон аз овони кӯдакӣ то 18-сола дар ҷумҳурӣ 31 803 нафарро ташкил медиҳад.”

Шаҳрвандони кишвар, ба хусус пиронсолоне, ки бознишаста ҳастанд, ҳамеша шикоят мекунанд, ки ҳуқуқи онҳо ба таъхир ва баъзан дар чанд моҳ як маротиба дода мешавад.

Парлумони Аврупо дар бораи саркӯби мардуми Бадахшон қатънома қабул мекунад

0

Имрӯз, 6-уми июли соли 2022 Парлумони Иттиҳоди Аврупо барои қабули қатъномае дар бораи саркӯби эътирозҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикситон омодагӣ мегирад. Дар ин бора Энгин Эроглу, вакили Парлумони ИА хабар дод.

Энгин Эроглу, вакили Парлумони Иттиҳоди Аврупо

Энгин Эроглу, вакили Парлумони Аврупо аз Олмон дар ҳисоби твиттераш чунин навиштааст: “ Ба унвони гузоришгар дар сояи гурӯҳам, болои қатъномае дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳиистони Бадахшони Тоҷикистон кор мекунам, ҷое, ки эътирозҳо ба тарзи ваҳшиёна ва хушунатбор тавассути Ҳукумат саркӯб шуд. Ман барои озодии баён ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар мубориза мебарам.”

Ҳамзамон як намояндаи Парлумони Аврупо дар суҳбат ба AZDA TV ин хабаро тасдиқ кард ва гуфт, ки то поёни ҳафтаи ҷорӣ, Парлумони ИА қатъномае дар бораи саркӯбҳои ахир дар Бадахшони Тоҷикистонро тасвиб хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва мухолифин метавонанд гузоришҳои алтернативияшонро дар бораи вазъияти сиёсӣ ва саркӯбҳои ахир дар Тоҷикистон ба намояндагони Парлумон ИА фиристанд.

Парлумони ИА 9-уми июни соли 2016 қатъномае дар бораи вазъияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонида буд ва дар он хостори озодии фаврии Зайд Саид, раиси Ҳизби Тоҷикистони Нав, раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакилони зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов шуда буд, вале Ҳукумати Тоҷикистон талаботи ин қатъномаро нодида гирифта, иҷро накард.

Ҷаноби Энгин Эроглу, вакили Парлумони Иттиҳоди Аврупо аз кишвари олмон аст, ӯ ба намояндагӣ аз Ҳизби Демократи Аврупо “European Democratic Party” ва узви эътилофи “Бозсозии Аврупо” “Renew Europe” дар соли 2019 ба Парлумони Аврупо роҳ ёфтааст. Ӯ ҳамчунин узви Кумитаи ҳамкорӣ бо Парлумони Тоҷикистон буда ва гузоришгари ин кумита низ мебошад.

Имзои тавофуқнома байни Толибон ва панҷшериҳо

0

Нерӯҳои Толибон дар вилояти Панҷшери Афғонистон бо бошандагони он як тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Бино ба иттилои рӯзномаи “Субҳи Кобул, ахиран байни нерӯҳои Толибон ва бошангадони вилояти Панҷшери Афғонистон як тавофуқномае иборат аз 12 модда ба имзо расидааст.

Бар асоси бандҳои ин тавофуқнома, сокинони вилояти Панҷшер вазифадоранд, ки аз ҳар навъи ҳамкорӣ бо нерӯҳои Ҷабаҳи муқовимати миллӣ, аз он ҷумла, додани нону ғизо, сарпаноҳ ва иттилоот худдорӣ мекунанд.

Аммо аз сӯи дигар, нерӯҳои Толибон низ тибқи бандҳои дигари ҳамин тавофуқнома, бояд аз хонаҳои истиқоматӣ, масҷидҳо, мактабҳо ва дармонгоҳҳо, ки ба унвони қароргоҳҳои низомӣ истифода мекунанд, хориҷ шаванд ва ҷустуҷӯи хона ба хона ва раванди бозрасии телефонҳои ҳамроҳи сокинонро қатъ кунанд.

Ҳамзамон, пас аз ба имзо расидани ин тавофуқнома чанд боре ҳам бандҳои аз ҷониби нерӯҳои Толибон нақз шуд ва ба ин хотир волии Панҷшер мавлавӣ Қудратуллоҳ хостааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад, вале раҳбарияти Толибон истеъфои ӯро напазируфтанд ва гуфтанд, ки иҷрои бандҳои он аз ин пас “ҷиддӣ гирифта мешаванд.”

Гуфта мешавад, вилояти Панҷшер охирин нуқтае дар Афғонистон буд, ки пас аз дубора сари қудрат омадани Толибон ба рӯзи 15-уми августи соли 2021 дар Кобул ба дасти ин гурӯҳ суқут кард ва аз сӯи дигар яке аз аввалин минтақаҳое низ буда, ки нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд амалиётҳои зиддитолобонии худро аз кӯҳу дарраҳои он оғоз карданд.

Додраси Додгоҳи н. Бобоҷон Ғафуров ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд

0

Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки рӯзи 29-уми июн аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД боздошт шуда буд, ба ду моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст.

Акс аз Радиои Озодӣ 

Радиои Озодӣ дар истинод ба пайвандони Саидаҳмадзода хабар медиҳад, ки мурофиаи ӯ, 1-уми июли соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии Душанбе баргузор шуда, ӯро ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “расондани хабари бардурӯғ” гумонбар кардаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш Рустам Саидаҳмадзода иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо рад карда, худро бегуноҳ медонад.

Бо гузашти як ҳафта аз рӯзи боздошти ин додрас то ҳол мақомот сабаби боздошти ӯро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад то ҳол Президент фармони барканории Саидаҳмадзодаро содир накардааст ва номаш низ аз сомонаи расмии Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бардошта нашудааст.

Рустам Саидаҳмадзода соли 2017 додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардида, замоне номаш дар сархати расонаҳо қарор гирифт, ки соли пеш як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард. Чун дар Тоҷикистон додрасҳо кам нафаронеро бегуноҳ эълон мекунад ва ҳукмҳои сафед ангуштшуморанд.

Ҳатто баъди содир кардани ин ҳукм Коллегияи тахассусии Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидаҳмадзодаро ба вайрон кардани интизоми корӣ гунаҳкор кард. Аммо Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон ё ICJ баръакс аз мақомот хост, болои додрасҳо фишор наоранд.

Ҷонибдории Раҳмон аз саркӯби мардум дар Қарақалпоқистон

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз саркӯби эътирозгарон дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон ҷонибдорӣ кард.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Прзиденти Тоҷикистон, шоми дирӯз, 4-уми июли соли 2022, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои ӯзбекистониаш Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат кард.

Ба қавли манбаъ, “сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро дар партави тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон рӯзҳои 2-3 июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ карданд.”

Дар рафти ин суҳбати телефонӣ ҷонибҳо “ҳамчунин доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.”

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, дар идомаи суҳбат аз Шавкат Мирзиёев ситоиш карда, “барои ба эътидол овардани вазъ дар Қорақалпоқистони Ҷумҳурии Узбекистон изҳори ҷонибдорӣ” кард.

Мунтақидони Эмомалӣ Раҳмон бар ин назаранд, ки ӯ чун барои бақои қудрат дар саркӯби норозиёну эътирозгарони сиёсатҳои дохилии худ дар Тоҷикистон таҷрибаи зиёде дорад, аз ин рӯ, табиист, ки аз саркӯби мардуми Қарақалпоқистон низ ҷонибдорӣ мекунад.

Занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскав

0

Байни гурӯҳе аз муҳоҷирони корӣ, ки дар минтақаи саноатии Рудневои шаҳри Маскав дар дохили як бино кор мекарданд, занозанӣ рух дод. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

Дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте наворе нашр шуда, ки дида мешавад беш аз 60 муҳоҷири корӣ байни ҳам даргир шуда, аз чӯбу калтак ва дигар ашёи сохтмонӣ истифода мекунанд.

Гуфта мешавад, шоҳидони айнӣ ҳодисаро ба навор гирифта ва дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте нашр карданд.

Дар навори муноқиша дида мешавад, ки муҳоҷирон бо чӯбу калтак ба ҷони ҳамдигар дарафтода дашном медиҳанд. Агарчи садояшон хуб фаҳмо нест, вале зоҳиран чунин шунида мешавад, ки касе бо забони тоҷикӣ мегӯяд “бизан, бизан”.

Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли шоҳидон нақл мекунанд, ки иллати муноқиша дар он буда, ки як гурӯҳи сохтмончиён тамоми корҳоро анҷом медодаанд ва гурӯҳи дигар кор намекардаанд ва ин боиси занозанӣ байни онҳо шудааст.

То ҳол мақомоти шаҳри Маскав дар ин бора расман чизе нагуфтаанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ низ гузорише нест.

Қаблан гузорише дар баораи задухурди муҳоҷирон нашр шуда буд, ки маъмурони интизомӣ шаҳри Маскав 120 муҳоҷири тоҷикистонӣ ва узбекистониро барои занозании оммавӣ дар сохтмоне дар соҳили Шелепихинская дар Маскав боздошт карда буданд.

Медали биринҷии Шаббос Неъматуллоев дар “Ҷоми Элорда”

0

Варзишгари шинохтаи тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар аввалин мусобиқаи байналмилалии бокси “Ҷоми Элорда” медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ рӯзҳои 30-юми июн то 5-уми июл дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор гардида, дар он варзишгарон аз 10 давлати ҷаҳон ширкат мекунанд.

Шаббос Неъматуллоев, ки иштироккунанди Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад, дар вазни -80 кг дар муҳорибаи аввалаш намояндаи Қазоқистон Баиржан Баигоншеков ва дар чорякфинал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро шикаст дод. Аммо дар даври ниманиҳоӣ аз намояндаи Чин Танглатиан Аербеке шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Варзишгари дигари тоҷик Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар даври аввали ин мусобиқа аз варзишгари узбек Дилшод Абдумуродов шикаст хӯрда, аз ширкат дар даврҳои баъдӣ маҳрум шуд.