Ба қавли коршиносон, ҷанг дар Украина сабаб шуда, ки Русия ҳазинаи ҳангуфте бипардозад ва инчунин таҳримҳои рӯзафзуни Ғарб ӯро водор сохта, то аз баъзе созишномаҳои молӣ хориҷ шавад ва кумакҳояшро низ кам кунад.
Аммо бар хилофи ривояти мақомоти корҳои дохилӣ аз ин ҳодиса хеле аз расонаҳои ғайриҳукуматӣ ва расонаҳои мансуб ба мухолифини тоҷик ҳам дар бораи қатли Мамадбоқир Мамадбоқиров ривоятҳои дигареро ба мухотабони худ пешниҳод кардаанд.
Пойгоҳи хабарии “Бомдод” яке аз аввалинҳо шуда хабар дода буд, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров бо тири снайпер “дар натиҷаи як амалиёти вижа дар шаҳри Хоруғ кушта шуд.” Ба дунболи он сомонаи “Azdo tv” ҳам гуфта буд, ки ӯ “аз ҷониби мақомот кушта шуд.” Инчунин “Радиои Озодӣ” ҳам гуфта буд, ҳамроҳи ӯ як нафари дигаре низ захмӣ шудааст.
Аз ҷониби дигар аксари расонаҳои форсизабонуарабизабон ҳам дар замони бозтоби ин хабар ривояти мақомоти корҳои дохилиро зери суол бурда, гуфтаанд, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳабарони мардумӣ ва ё яке аз раҳбарони шиёни Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар натиҷаи амалиёти махсуси мақомоти кишвар “террор ва ба шаҳодат” расидааст.
Дар робита ба ин хеле аз расонаҳои русизабони минтақа низ дар пахш ва бозтоби ин хабар ба навъе мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятии Тоҷикистон муттаҳам ба “террор”-и Мамадбоқир Мамадбоқиров кардаанд ва иддае ҳам бо нашри ривояти ВКД аз ин хабар иктифо намудаанд.
Як таҳқиқи кучак нишон медиҳад, ки дар раванди бозтоби хабари қатли Мамабоқир Мамадбоқиров хеле аз расонаҳои англисизабони дунё низ ба он таваҷҷуҳ кардаанд, вале ба назар мерасад, бархилофи расонаҳои форсизабону арабизабон, чанде расонаҳои англизабон ҳам ба ривояти мақомоти корҳои дохилӣ такия кардаанд. Ривояте, ки хеле аз кормандони корҳои дохилӣ низ ба он бовар надоранд.