Хона блог саҳифа 426

Эмомалӣ Раҳмон таъзияи ҳамтои қазоқашро “қабул” накард

0

Президенти Қазоқистон дар ҳодисаҳои хунин ва кушта шудани даҳҳо нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори тасаллият кард, вале Президенти Тоҷиикстон онро “қабул” накардааст.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Қазақистон 19-уми сентябри солои 2022, Қосим-Жомарт Тоқаев ба намояндагӣ аз мардуми Қазоқистон ва аз ҷониби худ бо ирсоли як барқияи изҳори тасаллият дар бораи куштаҳои ҳодисаҳои хунини рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон таъзият гуфт.

Дар ин тасаллиятномаи Қосим-Жормат Тоқаев омадааст, ки “мо ин ҳодисаҳои ғамангезро дар кишварҳое, ки бародар ва наздики мо ҳастанд бо нигарониҳои зиёд дарк мекунем. Қазоқистон қотеона ҷонибдори он аст, ки ҳама гуна ихтилофот дар минтақа танҳо бо роҳи осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шавад.”

Ба қавли манбаъ, Президенти Қазоқистон дар ҳимоят аз хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодисаҳои хунин ба назкидону пайвандони онҳо низ изҳори ҳамдардӣ карда, ба захмишудагон шифои комил ва фаврӣ орзу кардааст.

Дар ин рӯзҳо ҳар чанд бархе аз намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар минтақаҳо ҳангоми интиқолои ҷанозаи кушташудаҳо ва ба наздикону пайвандони онҳо рафта изҳори тасаллият ва аз номи президент ҳам таъзия баён карданд, аммо худи Эмомалӣ Раҳмон расман то ҳол барои ин қурбониён изҳори ҳамдарӣ накардааст.

Инчунин вай барои захмиҳо шифо ҳам нахостааст ва барои зарардидаҳо, ки теъдодашон ба садҳо нафар мерасад, изҳори ҳамдардӣ низ накардааст. Ҳатто дар суҳбатҳояш бо Президенти Русия ва Президенти Ӯзбекистон ҳам ин маъсаларо дуюм ва сеюмдараҷа баҳо дода, бо беэтиноӣ аз он убур кард.

Муроҷиати “Internews” ба журналистон

0

Дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз расонаҳо ва журанлистони тоҷику қирғиз хостааст, ки “ба касби худ содиқ бошанд.”

Ирмӯз, 20-уми сентябри соли 2022, дафтари минтақавии созмони ”Internews” дар Тоҷикистон аз расонаҳои ва журанлистони Тоҷикистон ва Қирғизистон хостааст, ки “уҳдадории касбии худро иҷро кунанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.”

Дар ин муроҷиатно омадааст, ки “дар ин шароити душвор мо аз намояндагони ВАО даъват менамоем, ки ба касби худ содиқ бошанд ва стандартҳои байналмилалии журналистикаро асоси кори худ қарор диҳанд, ки паҳнкунии танҳо иттилооти объективӣ, беғаразона ва муътамадро тақозо мекунад.”

Дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистон таъкид мекунад: “Тарзе, ки журналистҳо ҳодисаҳоро инъикос мекунанд, метавонад ба пешрафти ҳодисаҳо дар оянда таъсири калон расонад. Паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва забони душманӣ метавонад ба раванди нозуки сулҳомез зиён расонад. Аз ин рӯ, барои рӯзноманигорон ва намояндагони расонаҳои ҳарду кишвар, махсусан муҳим аст, ки принсипи беғаразиро риоят кунанд.”

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои хунини ахир, ки рӯзҳои 14-18-уми сентябри соли ҷорӣ дар марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дод, беш аз 100 нафар кушта ва садҳо тани дигарро замхӣ сохт.

Дар ин рӯзҳои сангин бархе журналистҳо низ дар қатори дигарон аз ду ҷониб ба эҳсосот дода шуд, дар раванди муборизаҳои иттилоот ба дур аз тақозои касби худ ба иштибоҳоте низ даст зада буданд.

Русия 1500 зиндониро ба ҷанги Украина мефиристад

0

Ба гузориши “Reuters” мақомоти Русия талош дорад сафи низомиёни худро дар ҷанг бо Украина аз ҳисоби зиндониён ва муҳоҷироне, ки мушкилоти асноди будубош доранд, бештар кунад.

“Reuters” аз қавли як мақоми баландпояи Вазорати дифои Амрико хабар дод, ки “Wagner Group”, як ширкати хусусии низомии Русия, талош дорад, беш аз 1500 ҷинояткорони маҳкумшударо барои ширкат дар ҷанги Русия бо Украина ҷалб кунад, аммо бисёре аз онҳо ба ин даъват посухи рад додаанд.

Ин мақоми амрикоӣ бо шарти ифшо нашудани номаш ба ин расона гуфта, ки “маълумоти мо нишон медиҳад, ки Русия дар ҷанги бо Украина ба хотири ҷалби ҷавонон ҷангҷӯёни бетаҷриба талафоти зиёд дидааст”. Зоҳиран Русия мехоҳад ин талафотро акнун аз ҳисоби собиқ ҷангиён ва низомиёни ботаҷриба, ки ҳоло дар зиндонҳо ба сар мебаранд, ҷуброн кунад.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, агарчи “Wagner Group” ниҳоди расмии Русия нест, вале онро алигархҳои наздик ба Путин идора мекунанд ва маҳз онҳо барои ҷалби зиндониён талош доранд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин пештар гуфта буд, ки ин гурӯҳ аз давлати Русия намояндагӣ намекунад, аммо он аз ҳампаймонони хусусии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад ва онҳо ҳақ доранд дар ҳамаҷо кор кунанд, ба шарти ин ки қонунҳои Русияро нақз накунанд.

Ин расона дар як гузорише пештар бо такя ба манобеаш гуфта буд, ки Русия ба муҳоҷирони бекор ва онҳое, ки ихроҷ таҳдидашон мекунад, моҳона то 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҳуқуқ пешниҳод мекунад, то рафта дар сафи артиши Русия дар Украина биҷанганд.

Дар робита ба ин масъала наворҳое аз боздошти сарбозони Русия аз тарафи сарбозони Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд, ки боздоштшудаҳо мегуфтанд, шаҳрванди Узбекистон ҳастанд ва дар Русия ба сабаби оне, ки асноди будубошашон ба охир расида буд, онҳоро ба ҷанг оварданд.

Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз мешавад

0

Рӯзи 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик баргузор мешавад.

Тавре Радиои Озодӣ дар истинод ба викали мудофеи ӯ Абдураҳмон Шарипов хабар дод, парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро барои муҳокима як моҳ пеш ба додгоҳ фиристода шуда ва ҳоло маълум нест, мурофиаи ӯ ба таври боз баргузор мешавад ё паси дарҳои баста. Аммо, дар гузашта бо вуҷуди боз эълон шудани мурофиаи баъзе фаъолон ба рӯзноманигорон иҷоза надода буданд, ки ба толори додгоҳ ворид шаванд.

Гуфта мешавад, мақомот ин рӯзноманигори ҷавонро ба таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ муттаҳам дорад. Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ асри рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ аз сӯи масъулини Додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват ва баъдан боздошт гардид.

Мақомот дар аввал Абдуллоҳ Ғурбатиро ба он муттаҳам намуда буд, ки гӯё ӯ як корманди милисаро дар бинои ШВКД Шоҳмансур-1 “лату кӯб” кардааст. Баъдан ба парвандаи ӯ итттиҳоми “иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ” илова карда шуд, ки ин модда аз панҷ то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи башар аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро фавран озод карда, парвандаи ӯро қатъ кунад, аммо мақомот ин талаби созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СММ

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва муовинаш дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот кард.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 19-уми сентябри соли 2022, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Антониу Гутерриш, Дабири кулли Сомзони Миллали Муттаҳид ва муовинаш Владимир Воронков, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Антониу Гутерриш дар бораи ҳодисаҳои хунини рӯзҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон “ба таври муфассал иттилоъ дода” гуфтааст, “Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ пойбанд мебошад.”

Пас аз ин дидору гуфтугӯҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Владимир Воронков, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) низ мулоқоти алоҳидае дошта, дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Инчунин ҷонибҳо “омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” (18-19 октябри 2022, Душанбе) дар доираи “Раванди зиддитеррористии Душанбе”-ро баррасӣ карданд.”

Гуфта мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон ва дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон дар қадами аввал аксари кулли мухолифини сиёсии худро “тероррист” ва “экстримист” медонад ва дар давоми 30 соли раҳбариаш бо ҳамин сиёсат ҳукумат кардааст.

Масъалаи Афғонистон ва хатарҳои эҳтимолӣ аз он сӯи марз баҳси алоҳида ва ҷудо аст, вале мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи қазияи Афғонистон, ки метавонад таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кунад, дар ҳар минтақае, ки фаъолони ҷомеаи маданӣ садояшон баландтар ва ҳақталабиашон бештар шуд, онҳоро низ тероррист эълон карда, бо тамоми тавон саркӯбашон мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳириддин дар ин дидорҳои ахираш бо намоядаҳои воломақоми Созмони Миллили Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико низ бештар дар бораи саркӯби фаъолони бадахшонӣ ва дигар мухолифини бурунмарзӣ, ки Тоҷикистон онҳоро низ “тероррист”-у “экстримист” эълон кардааст, гуфтугӯ кардааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Имонқулов: ҷониби Тоҷикистон 200 кушта ва 400 захмӣ дорад

0

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов иддао карда, ки бар асари даргирҳои хунини ахири марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 200 сарбоз кушта ва ҳудуди 400 нафар маҷруҳ шуданд.

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов

Ба гуфтаи вай, дар ин даргириҳо аз ҷониби Қирғизистон 40 нафар кушта ва беш аз 70 нафар захмӣ шудаанд. Чизе, ки акси оморҳои расмии тақдим намудаи ду кишвар нишон медиҳад.

Имонқулов дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “Ман мардуми Тоҷикистонро гунаҳкор намекунам, онҳо дар ин кор гунаҳкор нестанд ва дар ин иғво ширкат накардаанд. Дар ин иғвоҳо доираҳои муайяни сиёсӣ айбдоранд. Мардуми тоҷик гаравгони дасти ин сиёсатмадорон шудааст. Мо нисбат ба мардум даъво надорем. Мо садҳо сол бо сулҳу осоиш умр ба cap мебурдем ва давом хоҳем дод. Аммо мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, ки минбаъд барои ҳалли мушкилоти марзӣ бо роҳи низомӣ талош накунанд, мо ба ин роҳ намедиҳем”.

Имонқулов зарари умумии ҷониби Қирғизистонро дар натиҷаи даргириҳои рӯзҳои 14-17-уми сентябр 1,5 миллард соми қирғизӣ (баробар ба 18 миллиону 507 ҳазору 277 доллари амрикоӣ) арзёбӣ кард.

Ин иддаои дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон дар мавриди омори кушташудагони ҷониби Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки тибқи оморҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии кишвар аз ҷониби Тоҷикистон 41 нафар бо шумули кӯдакон ва ғайринизомиён кушта шудаанд.

Аммо ба маълумоти мақомоти расмии Қирғизистон дар ин даргириҳои 59 шаҳрванди ин кишвар кушта ва 164 нафар маҷруҳ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба гуфтаҳои дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон барои кушташудаҳои Тоҷикистонро зиёд нишон додану аз ҷониби Қирғизистонро камтар аз оморҳои расмӣ баён кардан, вокунише накардааст.

ВКХ охирин омори кушташудаҳои муноқишаҳои марзиро эълон кард

0

Рӯзи душанбе, 19-уми сентябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар муноқишаҳои марзии рӯзҳои 14-17-уми сентябр 41 нафар кушта шудааст, аммо омори захмиён маълум нест .

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо хабарнигорон ин оморро ироа кард. Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки аз ин омор чанд нафар низомӣ ва чанд нафар ғайринизомӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон дар баёнияе, ки рӯзи 18-уми сентябр нашр кард, аз кушта шудани беш аз 60 шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳои марзӣ бо Қирғиҳистон хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Қирғизистон низ гузориш медиҳанд, ки дар даргириҳои марзии ахир, аз ҷониби Қирғизистон 59 нафар кушта ва 164 нафар маҷруҳ гаштаанд.

Айни ҳол вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан ором арзёбӣ мешавад.

Тоҷикистон назар ба соли гузашта 60% бештар кумак дарёфт кардааст

0

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз кишварҳои дунё ба маблағи беш аз 100 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар ин давра аз 56 кишвари дунё кумаки башардӯстона дарёфт карда, ҳаҷми умии кумак назар ба ҳамин давраи соли гузашта 60 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ИМА (33% аз ҳаҷми умумӣ), Чин (28,7%) Ҳиндустон (5,9%), Ҷопон (4,7%), Русия (3,2%), Нидерландия (2,3%), Шветсия (2,2%), Дания (1,6%)  ва Узбекистон (1,5%) кумаки башардӯстон дарёфт кардааст.

Дар соли 2021 ба Тоҷикистон аз 62 кишвари ҷаҳон ба маблағи умумии 111 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид шуда буд.

Хадамоти матбуоти Президент Ворухро “анклав” медонад

0

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро “анклав” ва ҷузъи қаламрави Қирғизистон муаррифӣ кардааст.

Акс аз сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Хадамоти матбуоти Президент дар сомонаи расмии худ аз расми харитае истифода карда, ки ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғдро ҷудо аз қаламрави Тоҷикистон нишон медиҳад.

Ҳамзамон чунин ба ин монанд иштибоҳеро

Аксари муҳаққиқони Тоҷикистон, фаъолону огоҳони умур ва хеле аз хаританигорҳои гузашта ҳам дар нақшаҳои худ Ворухро “анклав” (бурунбум) намедонанд, балки барои мисол тибқи харитаҳои солҳои 1925-1927 онро дар дохили ҳудудҳои маъмурии Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд.

Бо ин вуҷуд, 19-уми апрели соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон дар як сухнаронии худ дар шаҳри Исфара дар “масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон” гуфта буд, “таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.”

Ҳамзамон муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Содиқ Имомӣ имрӯз, 19-уми сентябр дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, ки Ворух анклав нест ва он ба ҳудуди Тоҷикистон пайванд аст.

Гуфта мешавад, тайи чанд соли ахир шаҳри Исфара ва бахусус ҷамоати деҳоти Ворух ба яке аз марказҳои низоъ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон табдил ёфтааст. Шаҳри Исфараи вилояти Суғд наздик ба 300 ҳазор аҳолӣ дорад ва танҳо дар ҷамоати деҳоти Ворух зиёда аз 43 ҳазар нафар зиндагӣ мекунанд.

ЯГОНА РОҲҲАЛЛИ ПЕЧИДАГИҲОИ САРҲАД

0

Иттиҳоди шуравӣ аз байн рафту мероси хунхораш боқӣ монда, ҷони ҳазорон нафарҳои бегуноҳро дар ҳудудҳои собиқаш ба коми марг мекашад ва оилаҳои зиёдеро ғамзадаву беватан мегардонад.

Яке аз собиқадорон ва роҳбарони ҳизби комунисти шуравӣ А.Н. Яковлев дар навишатҳояш чунин қайд менамояд:

“Аз худ бипурсед аз куҷост ин асабоният ва тарси мо? Ҷавоб ин аст, ки то ба ҳол Ленин ва Сталин зинда аст. Ман намехоҳам, ки рӯҳи “девҳоро” ба ҷавобгарӣ бикашем, балки  шогирдони онҳоро, ки то ба ҳол идеологияи тарсу зулмро болои мардум раво мебинанд, ба ҷавобгари кашида, пеши роҳи ҳуҷуми нави болшевикӣ гирифта шавад ва идеологияи “зулму ситам” абадӣ дар партовгоҳи таърих гузошта шавад”. (Китоби сиёҳи коммунизм, саҳ. 11)

Яке аз ҷиноятҳои нобахшидании ҳукумати шуравӣ ин аст, ки милатҳоро аз ватанҳои аслии худ маҳрум ва сарҳадҳоро табартақсим намуда, ба наслҳои баъдӣ низоъҳои хунин ба мерос гузоштааст. Ҳуҷуми Русия ба Украина, ҷангҳои байни Озарбойҷону Арманистон, Қарақалпоқистон- Узбакистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва даҳҳо мисоли дигар ҳаст, ки аз ҷумлаи ҳамон “мерос” ба шумор мераванд.

Мутаасифона, яке аз “вирус”-ҳои идеологияи коммунистӣ, ки ба мо расидааст, ин “пасво”-и пешвоёни болшевикӣ, Раҳмонови хунхор мебошад ва эҳтимоли зиёд аз поёнтарин партовгоҳи онҳо берун омадааст. Рӯзе нест, ки дар як гӯшаи Ватан хуни бегуноҳе рехта нашавад ва сӣ сол мешавад ин аҳвол давом дорад ва иштиҳои ин “вампир” (одамсурати дар асл одамхӯр) то андозае баланд шудааст, ки ба хуни як-ду нафар иктифо накарда, адади қурбониёнро рӯз аз рӯз зиёд менамояд. Хуни мардуми бегуноҳи Бадахшону сокинони наздисарҳадии Исфара ҳам аз ҷумлаи  қурбониҳои давомноки  дасти “пасво” ба ҳисоб меравад.

Яке аз сабаби асоси ин муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, аз тарафи раисони замони шӯравӣ ба иҷора додани заминҳои ватанӣ ба қирғизҳо ва оқибати кор ғасби он заминҳо аз тарфи онҳо мебошад. То солҳои пешин мушкилиҳои сарҳадӣ бо роҳҳои маслиҳатомез байни рӯҳониён ва калонҳои ду миллат ҳалли худро пайдо мекард. Локин бо зиндон кардани рӯҳониён ва қатли ҷавонмардони исфарагӣ аз тарафи Раҳмонов кам касе  аз нафарони таъсирбахш боқӣ мондааст, то дар низоъҳо саҳм гузоранд.

Сабаби дигаре, ки низоъҳои сарҳадӣ ба хунрезӣ кашида мешавад, ин ба курсии роҳбарии қирғизҳо омадани Ҷабборов ва Тошиев мебошанд, ки мехоҳанд мисли “ҷаноб” аз мусибати мардум истифода намуда, умри ҳукуматашонро зиёд намоянд.

Баъзе таҳлилгарон сабаби муноқишаҳои сарҳадиро дар қочоқи молҳое, ки аз ҳар ду тараф сурат мегирад, рабт медиҳанд ва чуноне маълум аст, истифодабаранади “корти” асосӣ аз ин тиҷоратӣ хунин, қочоқчии рақами аввал, яъне “оила” ба ҳисоб меравад ва марги шаҳрвандони бегуноҳ дар баробари моли дуздидидашуда, дар чашми “пасво” ба сифр баробар аст.

Фарзияи дигаре, ки таҳлилгарон онро сабаби муноқишаҳои хунин меҳисобанд, дасти қуваҳои беруна, хосатан Русия мебошад. Путин, ки дар инзиво қарор гирифтаст, мехоҳад бо танишҳои сарҳадии Осиёи Миёна ва Қафқоз таваҷӯҳи ҷаҳониёнро каме ҳам бошад аз ҳодисаҳои Украина ба ин тараф бикашонад. Ҷабборов ва Тошиев ҳам мисли Раҳмонуф аз “вафодорон”-и Путин ба ҳисоб мераванд ва ҳаргоҳе ишора аз тарафи хоҷаашон шавад, ба ҳама ҷиноят даст мезананд ва ҳифзи мансабро аз ҷони ҳазорҳо нафар авлотар мешуморанд.

Сабабҳои муноқишаҳо гуфта шуд ва мебояд роҳи ҳалле пешниҳод кард, то сокинон бе тарсу ҳарос дар Ватани аҷдодии худашон зиндагии осишатаро паси сар намоянд. Ҳамагон бояд дарк кунанд, ки мушкилӣ дар сарҳад ҳал намешавад, ҳалли мушкилиро дар пойтахт бояд ҷӯст. То ҳукумати оилавӣ аз қудрат наравад, Ватану Миллат ба озодӣ ва ҳаёти осишта намерасад. Ҳодисаҳои сарҳад ҷузъи найрангҳои худи режими худкома мебошад,  то мардум саргардон ва камбудиҳои зиндагӣ фаромӯш ва умри ҳукумати оилавии Раҳмонов дарозу решадор гардад.

Набояд ҳамватанони гиромӣ ба дасисаҳои ин ғуломтабиат дода шаванд, зеро вай истиқлолиятро қабул надорад ва парвое ба марги ҳамватану муҳофизу муҳоҷир надорад. Аз ёд наравад, ки дар муддати сӣ соли ҳукуматаш боре ҳам ба марги ягон шаҳрванд тасаллие нагуфтааст, чунки табиати ғуломӣ ва душманӣ бо озодандешону муборизонро дар сар дорад. Ба гуфтаи Иқболӣ Лоҳурӣ:

Ин ғулом, ибни ғулом, ибни ғулом,

Ҳуррият андешаи ӯро ҳаром.

Ягона роҳе, ки сокинони наздисарҳадӣ ва тамоми Ватани азизамонро ба саодат ва шарафмандӣ мерасонад, ин аст, ки бояд  “золими хуношом”  сарнагун карда шавад. Барои дур кардани “вай”аз қудрат роҳҳои зиёде вуҷуд дорад, фақат сарҷамъӣ ва ҷасорати шаҳрвандон асос шуда метавонад. Аз роҳҳои таҷрибашудаи ҷаҳонӣ, ки ба озодии шаҳрвандон оварда расонидааст, ҷасорати афсарон ба ҳисоб меравад ва хушбахтона мо чунин афсарону аскаронро доро ҳастем.

Афсарони мо бояд дарк кунанд, ки то ба имрӯз аз тарафи оила ҳамчун посбони молу ҷони оилаи Раҳмонов истифода мешаванд, локин аз одитарин либосу хӯрок маҳруманд ва дар ҳама муноқишаҳои сарҳадӣ аввалин шуда, аскарон ба ҳалокат мерасанд, чунки дар тан ҷавшан ҳам надоранд, инчунин бо фармони “боло” дар баробари қирғизҳо бояд сархам бошанд, то моли   қочоқи ”ҷаноб” беозор гузарад.

Ногуфта намонад, ки баъд аз ҳар пешравиҳои афсарони диловари мо, Ятимови хоин бо фармони “хоини калон”, ҳама нуқтаҳои бо хуни афсарону аскарону шаҳрвандон гирифташударо шармандавор ба тарафи муқобил таслим менамояд ва ин ҳам яке аз сабабҳои боғайрат шудани қирғизҳо мегардаду такроран ба сарҳади мо ҳуҷум менамоянд.

Худо кунад, ки афсарони мо каме оқилона ва ҷасурона ҳаракат карда, ин “пасво”-ро аз мансаб дур намуда, сабаби қатъи ҳама хунрезиҳо ва ибтидои хушбахтиҳои мардуми шарифи Тоҷикистон гардида, дар таърихи Ватан ва таърихи ҷаҳониён ҳамчун қаҳрамон сабт гарданд.

Бо умеди ободии Ватан ва сарбаландии ҳамватан!

Салмон Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.