Хона блог саҳифа 427

Талаби мақомоти Суғд аз созмонҳои байналмилалӣ

0

Ҳукумати вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз ҷойи муноқиша, аз созмонҳои байналмилалӣ даъват намудааст, ки ба аксҳо нигоҳ карда, ҳодисаҳои ахирро баҳои воқеӣ диҳанд.

18-уми сентябри соли ҷорӣ, мақомоти вилояти Суғд бо нашри хабаре даргириҳои ахир дар марзро “ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон” хонда, гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳамла дар Исфара иншооти гуногун, аз ҷумла манзили истиқоматии шаҳрвандон зарар дидаву хароб гардидааст.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гурӯҳи корӣ ташкил намуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардидаро дақиқ мекунад.

Ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, ки осори даргирӣ дар деҳаҳои наздимарзии Исфара баёнгари он аст, ки “қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд”.

Мақомоти Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки “зери таъсири иғвою дасисаҳо ва дурӯғпарокании дастгоҳҳои таблиғотии кишвари ҳамсоя намонда, ҳодисаҳои ахирро бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳогузорӣ намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву захмӣ гаштанд.

Дар ин ҳодиса ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози даргириҳои мусаллаҳона муттаҳам мекунанд.

Пойтахти Қазоқистон бори дигар тағйири ном кард

0

Раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ бо судури фармоне номи пойтахти кишвараш Нур-Султонро ба номи қаблияш Остона баргардонд.

Гуфта мешавад, Тоҷқаев пас аз мувофиқати комили парлумони Қазоқистон барои тағйири номи пойтахт ба номи қаблияш, зери ин фаромн имзо гузоштааст.

Тағйири ном кардани пойтахти Қазоқистон аз Нур-Султон ба номи қаблияш Остона дар ҳолест, ки моҳи марти соли 2019 бо ташаббуси худи Тоқаев, ки он замон раиси парлумони кишвараш буд, барои “хидматҳои шоистаи”-и аввалин раисҷуҳур ва “пешвои миллат”-и қазоқҳо Нурсултон Назарбоев пойтахти Қазоқистон аз Остона ба Нур-Султон номгузорӣ шуд.

Соли 2019 Нурсултон Назарбоев, собиқ раисҷумҳури Қазоқистон пас аз 30 соли ҳукумадорӣ аз мақомаш канор рафт ва он замон ӯ Тоқаевро шахси боэътимоди худ муаррифӣ карда буд, ки метавонад кишварро дуруст идора кунад. Аммо, ба гуфтаи коршиносон, пас аз қудратро ба даст гирифтани Тоқаев тавре Назарбоев интизор дошт, кор чунин пеш нарафт. Баракс, дар як муддати кӯтоҳ дасти Назарбоев ва хонаводаи ӯро аз қудрат кӯтоҳтар кард ва ҳатто унвони “Пешвои миллат”-ро аз ӯ гирифт ва инак номи пойтахтро, ки маҳз ба номи Назарбоев гузошта шуда буд, ба номи қаблияш баргардонд.

ПМТ даргириҳои марзиро маҳкум кард

0

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри як баёния ба наздикону пайвандони ҷонбохтагон тасаллият гуфта, раҳбарияти Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба даст доштан дар ҳодисаҳои ахир муттаҳам кардааст.

Дар ин баёнияи ПМТ, ки субҳи имрӯз, 19-уми сентябри соли 2022 нашр шуд, омадааст: “Паймони Миллии Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва моддӣ аз ҳарду ҷониб гашт, шадидан маҳкум менамояд. Инчунин аз эълони оташбас ва талошҳои ҳарду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ пуштибонӣ менамояд.”

Ин эътилофи мухилифини Тоҷикистон “аз роҳбарони ду кишвар қотеъона талаб мекунад, ки ба бозӣ кардан бо тақдир ва таърихи ду миллати бародар хотима бидиҳанд ва ҳарчи зудтар нақшаи роҳи мушаххасро барои ҳалли ин қазия пешниҳод намоянд. Зеро маълум аст, ки дар чунин кишварҳои авторитарӣ роҳи ҳалли масоил танҳо дар дасти роҳбарони худкома аст, на сарбозу афсарон ва на мардуми бесилоҳи марзӣ.”

Ҳамзамон Паймони Миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки “дар шароити асабоният ва боло рафтани шиорҳои аввомгароёнаи “ватандӯстӣ” бояд “нерӯҳои солим ва воқеаан ватандӯсти ҳарду кишвар” натарсида мардумро ба “хештандорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ” даъват кунанд.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои хунини рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ, ки дар минтаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб зиёда аз 120 кушта ва садҳо нафар захмӣ ба ҷо гузоштааст. Дар ин ҳодиса ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози даргириҳои мусаллаҳона ва шиддат бахшидани доманаи низоъҳои наздисарҳадӣ муттаҳам мекунанд.

Қирғизистон: дар даргириҳои ахир 46 кушта ва 140 нафар замхӣ шудааст

0

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои хунини рӯзҳои ахир 46 кушта ва 140 нафар аз шаҳрвандонаш захмӣ шудааст.

Рӯзи 18-уми сентябри соли 2022

Ҳамзамон бино ба гуфтаи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳазиби демократи Тоҷикистон, дар ҳодисаҳои хунини се рӯзи гушазта “60 нафар аз Тоҷикистон кушта“ ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудааст ва вазъият дар марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно “мурракаб” боқӣ мемонад.

Аз сӯи дигар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба оғози ҳамлаҳо ва “таҷовузҳои мусаллаҳона, ки қаблан терҳрезӣ шуда буданд,” муттаҳам карда, гуфтааст, ки “ҷониби Тоҷикистон маъракаи густурдаи дезинформатсияро роҳандозӣ кард, ки ҳадафаш бадном кардани амалҳои дифоии Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.”

Вале пеш аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо нашри як иттилоия гуфта буд, ки “дар рӯзҳои ахир ҷониби Қирғизистон ба хотири эҷоди симои “таҷовузкор” дар симои ҳамсояи худ, аз дурӯғпароканӣ ва рӯи рост иғво андохтан худдорӣ накарда, маъракаи иттилоотиеро алайҳи Тоҷикистон идома дода ва бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи марзӣ афзоиш медиҳад.”

Гуфта мешавад, ин “ҷанг”-и дастгоҳҳои диплумосии Тоҷикистон ва Қирғизистон замоне оғоз шудааст, ки пеш аз инҳо мақомоти қудратии ҳар ду кишвар низ бо нашри изҳоротҳои расмӣ якдигарро ба оғози ҳамлаҳои мусаллаҳона, “дурӯғпароканӣ” ва роҳандозии “маъракаҳои иттилоотӣ ба хотири бадном кардани якдигар” муттаҳам карда буданд.

Нигаронии Толибон аз даргириҳои Тоҷикистону Қирғизистон

0

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон аз вуқуи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон. Акс аз манбаъҳои боз

Рӯзи 18-уми сентябри солои 2022, Вазорати хориҷаи Толибон дар саҳфаи расмии худ дар Твиттер навиштааст, ки “даргириҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистонро нигаронкунанда хонда, аз талафоти ҷонӣ изҳори таассуф мекунад.”

Гуфта мешавад, муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 14-уми сентбри соли ҷорӣ оғоз шуда, ҳар ду кишвар якдигарро ба оғози ин ҳодисаҳои хунин ва муташанниҷ гардидани авзоъ муттаҳам мекунанд.

Лахш: Ҳамла ба мактаб 3 хонандаро захмӣ кард

0

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои имрӯзаи ҷониби Қирғизистон 3 хонандаи мактаб дар ноҳияи Лахш захмӣ шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар додааст, ки “низомиёни Қирғизистон бо истифода аз системаҳои мушакӣ се маротиба ба мавзеъҳои аҳолинишини минтақаи марзии ноҳияи Лахш ҳамла карданд.”

Ба қавли манбаъ, “мактаби рақами 15-и деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷаи он 3 нафар хонандагон ҷароҳат бардоштаанд.”

Мақомоти Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба нашри ахбори “дурӯғу иғвоҳои рӯирост” муттаҳам карда, мегӯянд, ки ҳамсоякишвар “бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи сарҳадӣ афзоиш медиҳад.”

Ҳамзамон Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дода, ки “16 сентябри соли 2022, тахминан соати 19:10, баъди эълони оташбас, низомиёни қирғиз ба сӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №225-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дубора оташ кушоданд, ки дар натиҷа ба муассисаи таълимии мазкур зарари калони моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ҳангоми тирпарронии ҷониби Қирғизистон бинои мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур пурра сӯхт.“

Гуфта мешавад, алангаи оташи ҳодисаҳои ахир дар марзҳои муштараки Тоҷиикстону Қирғизистон нахуст субҳи 14-уми сентябр оғоз шуд ва пас аз вақфаи як рӯза дубора 16-уми сентябр дар чанд минтақа шуруъ гардид ва дар натиҷаи ин задухӯрдҳои мусаллаҳона наздик ба сад нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва даҳҳо каси дигар захмт шудаанд.

Мардум: фардо “Рӯзи мотами миллӣ” эълон шавад. Ҳукумат хомӯш аст

0

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хостори онанд, ки фардо, 19-уми сентябр Рӯзи мотами миллӣ эълон шавад, вале ҳукумат хомӯш аст.

Имрӯз, 18-уми сентябри соли 2022, адиби шинохтаи тоҷик Абдуқорид Рустам дар саҳфаи фейсбукиаш аз Ҳукумати Тоҷикистон хост, ки фардо, 19-уми сентябрро Рӯзи мотам эълон кунад, ва ин пешниҳоди ӯро нафарони зиёде аз фаъолон дастгирӣ карданд.

Ин адиб ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пешниҳод карда ки: “Аз ҳукумат мехоҳем рӯзи душанбеи 19 сентябр дар тамоми маҳдудаи кишвар ба сабаби марги фарзандони тоҷик аз дасти таҷовузгарони қирғиз Рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад! Хуни фарзандони тоҷик беарзиш нест!”

Абдуқодир Рустам таъкид мекунад: “Агар ҳукумат ба ин пешниҳод беэътиноӣ бикунад, мо худ ҳар кадом бояд дар хонаҳоямон маросими дуо ба руҳи кушташудагон баргузор кунем! Барномаҳои тафреҳӣ ва рақсу суруди телевизионҳоро тамошо накунем! Ва ба унвони душманонамон нафрину лаънат равона намоем!”

Ҳукумати Тоҷикистон то замони таҳияи ин хабар на танҳо ба ин пешниҳод аҳамияте додааст, балки ҳанӯз расман ба мардум ва наздикону пайвандони қурбониён тасаллият ҳам на гуфтааст.

Аммо Ҳукумати Қирғизистон расман ба мардумаш таъзия гуфта, ҳамаи қурбониёнро фарзандони тамоми қирғизистониҳо гуфта, фардои 19-уми сентябрро Рӯзи мотами миллӣ эълон кардааст.

Бино ба гуфтаи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳазиби демократи Тоҷикистон, дар ҳодисаҳои хунини се рӯзи гушазта ҳудуди 60 нафар аз Тоҷикистон кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудааст ва вазъият дар марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно “мурракаб” боқӣ мемонад.

Тоҷикистон зиёда аз 25 кушта ва даҳҳо захмӣ дорад

0

Мақомот то ҳол дар бораи теъдоди қурбониёни ҳодисаҳои марзӣ иттилоъ надодаанд, вале як таҳқиқи Azdo tv маълум кард, ки дар ду рӯзи ахир зиёда аз 25 кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилооти сершуморе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои иттилоърасонӣ дар бораи қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳонаи ду рӯзи ахир дар марзҳои муштарак ва манотиқи наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон рух додааст, аз ду ҷониб зиёда 50 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ гардидааст.

Бар асоси иттилооти нашр шуда, дар байни қурбониёни ҳодисаҳои марзӣ бар иловаи сарбозону афсарон занону кӯдакони зиёде низ кушта ва захмӣ шудаанд. Барои мисол, то замоне, ки ин матлаб нашр мешуд, мақомоти расмии Қирғизистон теъдоди кушташудаҳоро

Аслан Менеқулов, сокини шаҳри Бохтар

Ҳамзамон сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мегӯянд, ки имрӯз ҷанозаи 8 нафарро хондаанд, ки 6 нафари онҳо занону кӯдакони як хонавода, як сарбоз ва як нафари дигарро ҳам хондаанд.

Дар байни занони пиронсоле, ки дар ин ҳодисаҳои хунин аз Тоҷикистон кушта шудаанд, бар иловаи хонум Каромат, як модари 61 солаи сокини шаҳри Исфара низ кушта ва ду наберааш бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Инчуни гузориш шудааст, ки як духтарчаи 12-солаи дигаре низ аз Чоркӯҳи Исфара бо ҷароҳатҳои вазнин роҳии бемористон гардидааст.

Гуфта мешавад, омор ва арқоми нашр шуда дар бораи теъдоди қурбониён танҳо касонеро дар бар гирифтааст, ки наздикону пайвандонаш тайи ин ду рӯз дар бораи ҷонбохтани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд, вале теъдоди аскарону афсарон ва онҳое, ки дар бораашон касе маълумот надодааст ё дар вақти таҳқиқ мо дар бораи онҳо иттилоъ пайдо карда натавонистем, ҳисобашон ҷудо аст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azdo tv

Пас аз Исфараву Ғафуров Лахш ҳам ноором шуд

0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар Лахш (Ҷергатол) ҳам ноором шудааст.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз, 17-уми сентябри соли 2022, соати 11:50 “Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.”

Ба қавли манбаъ, инчунин “новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-и имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани  дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.”

Гуфта мешавад Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамлаҳои имрӯзаи қирғизҳо ба дидбонгоҳҳои марзии Тоҷикистонро “худсарона” хондааст, вале ҷониби Қирғизистон дар ин бора то ҳол расман ҳеч вокунише накардааст. Аммо субҳи имрӯз Содир Ҷабборов гуфта буд, ки “қотеъона аз манофеи миллӣ ҳимоят мекунем ва як сантиметр заминҳои аз ниёгон меросмондаро ба касе намедиҳем.”

Кабирӣ: Наҳзат ҳечгоҳ нақши қурбониро дар ин таомулот намепазирад

0

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳечгоҳ ҳизбаш дар таомулоти сиёсии кишварҳои Русия, Эрон ва Тоҷикистон нақши қурбонро намепазирад.

Раиси ҲНИТ рӯзи 17-уми сентябр бо интишори паёме дар ҳисоби тивиттериаш навишт, ки Русия Наҳзатро террористӣ эълон кард ва як рӯз пас аз он Эрон узви доимии Шанхай шуд, вале ба амалкарди Русия ҳеч вокунише нишон надод.

“Як рӯз қабл аз нишасти Шонгҳой Русия Наҳзати исломии Тоҷикистонро террорист эълон кард. Ҳамон рӯз Эрон расман узви ин созмон шуд ва ҳеч вокунише ба иқдоми шарики стротежики худ нишон надод.”, менависад Кабирӣ.

Ӯ дар идома афзуда, ки “Наҳзат ҳечгоҳ нақши қурбониро дар ин таомулот намепазирад, балки муборизаро бо шинохт ва воқеиятҳои нав, ҷиддитар идома хоҳад дод.“

Вокуниши Кабирӣ ба хомушии давлати Эрон ҳамчун кишвари кафили сулҳи тоҷикон дар ҳолест, ки Русия 14-уми сентябри соли ҷорӣ бо талаби мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар қаламрави худ “ташкилоти террористӣ” эътироф кард.

Раҳбаиятри ҲНИТ таъкид мекунад, ки бо вуҷуди он ки ин ҳизб дар Русия фаъолият надорад, вале террористӣ эътироф шудани он дар ин кишвар мушкилоти бе ин ҳам зиёди муҳоҷирони тоҷикро даҳчанд хоҳад кард. Ва минбаъд дилхоҳ муҳоҷир метавонад бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз ин ҳизб зиндонӣ шавад.