Хона блог саҳифа 429

СПАД Тоҷикистону Қирғизистонро ба оташбаси фаврӣ даъват кард

0

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас аз мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон хоста, ки ҳарчи зудтар оташбас эълон кунанд.

Станислав Зас бо котибони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дар ин гуфтугӯ, ки имрӯз, 16-уми сентябри соли 2022 баргузор гардидааст, Станислав Зас аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон оташбаси фаврӣ эълон кунанд.

Ҳамчунин дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон хоста шудааст, ки барои ҳалли сулҳомези низоъ тавассути мақомоти салоҳиятдор музокиротро ба роҳ монанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия шомили СПАД мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки 14-уми сентябри соли ҷорӣ дар марзи ду кишвар задухӯрд ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷаи он 2 марзбони тоҷик кушта ва 11 кас маҷруҳ шуданд ва баъд аз он музокирот сурат гирифт. Аммо, субҳи 16-уми сентябр низоъ дар марз дубора шиддат гирифт ва ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд.

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр аз захмӣ шудани 2 марзбон ва се сокини мулкӣ ва имрӯз аз 31 нафар хабар дод.

Тоҷикистон имрӯз дар бораи талафот ва захмиҳо чизе нагуфтааст. Аммо, хабари кушта шудани як сарбоз ва як сокини маҳаллии тоҷик нашр шудааст.  

Исфара: интиқоли мардум ба ҷойҳои амн

0

Мардуми мулкӣ ва мақомоти кишвар дар якҷоягӣ интиқоли сокинони манотиқи наздимарзӣ, ба хусус минтақаҳои низоъро шиддат бахшидаанд.

Имрӯз, 16-уми сентбяри соли 2022, аксу наворҳое аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дасти Azda tv расидааст, ки нишон медиҳанд, мақомот ва мардум бо мошинҳои шахсӣ ва давлатӣ сокинонро ба ҷойҳои амн интиқол медиҳанд.

Дар ҷамъи ин наворҳоb ба дасти мо расида, дида мешавад, ки чанде аз ҳавлиҳои мардум мавриди оташ қарор гирифта, сӯхтори хонаҳо идома дорад ва сокинон аз тарси он ки худашон ҳам мавриди ҳамла қарор нагиранд, ба хомӯш кардани оташ намепардозанд.

дуди ғализе, ки пас аз ҳадаф қарор гирифтани тонк ба осмон мепечад

Инчунин гуфта мешавад, ки дар ин муноқишаҳои мусаллаҳона бархе аз техникаҳои вазнини низомӣ, аз он ҷумла тонкҳо ва зиреҳпӯшҳо низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта, яке аз онҳоро бо тӯп аз байн мебаранд ва сипас дуди ғализе ба осмон мепечад.

Ҳамзамон дар бархе наворҳои дигар нишон дода мешавад, яке аз сокинони шаҳри Исфара мавриди ҳамла қарор гирифта, замингир шудаасту хунаш ҷорӣ мешавад, ва модараш болои сари ӯ бо фиғон мегӯяд: “ман гуфтам, бачам, рафта бачаҳакота гирифта шин, набуро кӯчаба, набуро!”

Акс аз манбаъҳои боз

Аз сӯи дигар дар бархе аз наворҳое, ки аз ҷониби Қириғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки онҳо ба минтақаҳои набард ирсоли техникаҳои вазинини низомиро афзоиш дода, сарбозону афсарони онҳо иддао мекунанд, ки як тонки нерӯҳои Тоҷикистонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Гуфта мешавад, дар даргириҳои имрӯз то кунун аз захмӣ шудани 18 нафар аз ҷониби Қириғистон иттилоъ дода шудааст, аз тарафи Тоҷикистон ҳам аз захмӣ шудани чанд кӯдак ва кушта шудани дасти кам ду нафар, як сокини маҳаллӣ ва як сарбоз хабар медиҳанд, вале аз ҷониби мақомот расман ҳеч иттилое дар ин бора то ҳол нашр нашудааст.

Тайи чанд соли ахир марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд, ба хусус шаҳри Исфара ва ноҳия Бобоҷон Ғафуров борҳо ба макони ҷанг байни нерӯҳои ҳар ду кишвар табдил шудаанд ва сокинони маҳаллӣ зарари бештар дидаанд.

Аҳмад Масъуд: мо бидуни кумаки хориҷиён ҳам зинда мондем

0

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ки ҳоло раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ба дӯш дорад, аз кишварҳои хориҷӣ барои идомаи набард бо Толибон кумак хост.

Аҳмад Масъуд дар суҳбати ихтисосӣ бо “Euronews” гуфта, ки муқовимат алайҳи Толибон, агарчи онро инкор мекунанд, вале он идома дорад ва “мо тавонистем онҳоро асир кунем, ҳатто тавонистем чархболҳои онҳоро соқит кунем.”

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон меафзояд, ки бо вуҷуди имконоти бисёр кам дар набард бо Толибон “тавонистем аз зимистонҳои сахти Ҳиндукӯш ҷони солим бадар бибарем. Бидуни ҳеч кумаки хориҷӣ зинда мондем.“

Дар ин суҳбати ихтисосӣ Аҳмад Масъуд таъкид мекунад, ки барои идомаи муқовимат бо Толибон ба кумаки хориҷиён ниёз дорад, вале ба назари ӯ гирди ҳам омадани тамоми қувваҳо ва чеҳраҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Толибон зарур аст.

Ӯ инчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, ки ба воситаи “тамоми нухбагони афғон, ки аз вазъияти кунунӣ розӣ нестанд, бояд роҳе барои ояндаи Афғонистон биёбанд.”  

Ёдовар мешавем, ки дирӯз 15-уми сентябр чеҳраҳои сиёсии мухолифи Толибон бо шумули Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш гирди ҳам омада буданд.

Ҳадафи аслии нишасти дирӯзаи нухбагони афғон гуфтугӯ дар мавриди ояндаи Афғонистон ва “муқовимати сиёсӣ ва низомӣ” алайҳи ҳукумати Толибон гуфта мешуд.

КДАМ: Қирғизистон аз гуфтушунид сарпечӣ мекунад

0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти ҷадид мегӯяд, ки “ҷониби Қирғизистон аз гуфтушунид сарпечӣ мекунад.”

Имрӯз, 16-уми сентябри соли 2022, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри

Ҳамзамон сафҳаи телеграмии СААД хабар медиҳад, ки “субҳи имрӯз Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД/ОДКБ) Станислав бори дигар бо котибони шӯроҳои амнияти Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди бад шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон гуфтугӯ кардааст.”

Гуфта мешавад, дар даргириҳои имрӯз то кунун аз захмӣ шудани 18 нафар аз ҷониби Қириғистон иттилоъ дода шудааст, аз тарафи Тоҷикистон ҳам аз захмӣ шудани чанд кӯдак ва кушта шудани дасти кам ду нафар, як сокини маҳаллӣ ва як сарбоз хабар медиҳанд, вале аз ҷониби мақомот расман ҳеч иттилое дар ин бора то ҳол нашр нашудааст.

Тайи чанд соли ахир марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд, ба хусус шаҳри Исфара ва ноҳия Бобоҷон Ғафуров борҳо ба макони ҷанг байни нерӯҳои ҳар ду кишвар табдил шудаанд ва сокинони маҳаллӣ зарари бештар дидаанд.

КДАМ: Дар тамоми самтҳои марзи давлатӣ даргириҳо идома дорад

0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҷанг дар ҳама самтҳои марзи давлатӣ бо қирзҳо идома дорад ва талошҳои ҷониби Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъият натиҷаи надод.

Дар ин изҳорот таъкид шудааст, ки “аз тарафи мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, соатҳои 06:30 ва 07:30-дақиқа, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд.”

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки “хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ заданд.”

Аз сӯи дигар дар шабкаҳои иҷтимоӣ хабарҳои зиёде дар ин хусус нашр шуда, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, доманаи нооримиҳо аз Ҷамоати деҳоти Исфара ба Овчиқалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам густариш пайдо кардааст.

Инчунин  Паёмнет ба нақл аз манобеи худ аз кушта шудани як сарбози Тоҷикистон хабар дода гуфтааст: “ДРОНҲОИ ҚИРҒИЗӢ ДАР ФАЗОИ ТОҶИКИСТОН ПАРВОЗ ДОРАНД. ЗАДУХӮРД ДАР ХОКИ ТОҶИКИСТОН РАФТА ИСТОДААСТ. БА АҲОЛИИ МАҲАЛҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ ФАРМОН ШУДААСТ, КИ КӮЧА НАБАРОЯНД ВА БИДУНИ ЗАРУРАТ, ҲАТТО ДАР ҲАВЛИИ ХУД ГАШТУГУЗОР НАКУНАНД.“

Инчунин бархе расонаҳо аз кушта шудани як сокини Исфара низ дар ин набардҳо хабар дода мегӯянд, ки Қирғизистон гуфтааст, ки дар натиҷаи муноқишаҳои субҳи имрӯз то ҳол 18 нафар захмӣ шудааст.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба оғози ин муноқишаҳо муттаҳам карда, хабар додааст, ки субҳи имрӯз, “16-уми сентябри соли 2022 дар бинои вазорат ба ҷониби Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорида шуд.”

Инчунин ба қавли Вазорати корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя субҳи имрӯз дар шаҳри Самарқанд мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифта, дар бораи муноқишаҳои марзӣ гуфтугӯ карданд. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то замони таҳияи ин хабар дар бораи ин мулоқот хабар надодааст.

Набардҳои хунину вазинини субҳи имрӯз дар марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан соати 05:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуда, ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози даргириҳо муттаҳам мекунанд.

Омодабоши Ғарб дар бораи эҳтимоли фурӯпошии Русия

0

Собиқ фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ба Иттиҳодияи Аврупо ва Ғарб гӯшзад кардааст, ки фурӯпошии Русия ва тақсми он ба чанд кишвар аз эҳтимол дур нест, бояд барои ин сенария омода шавад.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои расонаҳо, Бен Ҳоҷес, генерали мустаъфӣ ва собиқ фармондеҳи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Аврупо аз Ғарб хостааст, ки ба сенарияи эҳтимолии суқути на танҳо режими Путин, балки ба фурӯпошии кулли Федератсияи Русия низ омода шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз равшантар мешавад, ки Украина дар ин ҷанг алайҳи Русия пирӯз ва Кремлин ба буҳрони таърихии эътимод рӯбарӯ хоҳад шуд. Ба ин хотир таъкид мекунад, ки Ғарб, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо омода шавад, то мисли фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ якбора касеро ба ҳайрат нагузорад.

Бен Ҳоҷес меафзояд, “ба назари ман ҳамин ҳоло комилан воқеист, ки заъфҳои ошкори режими Путин ба ҳадде ҷиддӣ ҳастанд, ки мо ҳоло метавонем шоҳиди оғози поён ва ё фурӯпошии на танҳо режими Путин, балки дар маҷмуъ фурӯпошии Федератсияи Русия бошем.”

Собиқ фармондеҳи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Аврупо барои ин ҳушдорҳои худ дасти кам се далил пешниҳод мекунад:

▪️Коҳиш додани эътиқод ба артиши Русия;                                        

▪️Зарар ба иқтисоди Русия;                                                        

▪️Мушаххасоти ҷамъияти Федератсияи Русия: 120 миллатҳои гуногун, ки аз сабаби заъфи Кремл метавонанд аз ҳам ҷудо шаванд.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина, даҳҳо ҳазор сарбози кишвар дар майдонҳои набард кушта ва беному нишон шудааст ва аз сӯи дигар ҳам таҳримҳои Ғарб ва муттаҳидони он алайҳи Кремлин ва фармонравоёни он аз марзи 6 ҳазор номгӯи таҳримҳо убур карда ва иқтисоди Русия гирифтори буҳронҳои печидае шуда ва дар маҷмуъ ин ҳам мушкилоти буҳрони беэътимодии фарогиреро дар байни мардум ва ҷомеаи пурҷамъияти Русия ба вуҷуд овардааст.

Фаврӣ: Шиддат гирифтани низоъ дар Ворух

0

Субҳи имрӯз садои тиру тӯп дар Ворух шунида шуд ва сокинони маҳаллиро дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд нигарон кард.

Бархе

Ба гуфтаи Азия Плюс, “дар изҳороти Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешавад, ки “тахминан соатҳои 6-и субҳ ҷониби Тоҷикистон ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар минтақаҳои Эки-Тош, Чир-Добо, Қум-Мазор ва Орто-Боз оташ кушоданд. Соати 6:30 ҷониби Тоҷикистон ба гулӯлаборони қитъаи сарҳадии дидбонгоҳи “Кӯк-тош”-и отряди сарҳадии Баткент оғоз намуд. Соати 7:15 низомиёни тоҷик ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Самарқандак» оташ кушоданд”.

Гуфта мешавад, дар даргириҳои имрӯз то кунун аз захмӣ шудани чор нафар аз ҷониби Қириғистон иттилоъ дода шудааст, аз тарафи Тоҷикистон ҳам аз захмӣ шудани чанд кӯдак хабар медиҳанд, вале аз ҷониби мақомот расман ҳеч иттилое дар ин бора то ҳол нашр нашудааст.

Тайи чанд соли ахир марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд, ба хусус шаҳри Исфара ва ноҳия Бобоҷон Ғафуров борҳо ба макони ҷанг ва майдони набард байни нерӯҳои ҳар ду кишвар табдил шудаанд ва сокинони маҳаллӣ зарари бештар дидаанд.

Ситоиши Забеҳуллоҳи Муҷоҳид аз Шавкат Мирзиёев

0

Сухангӯи расмии Толибон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид аз мавзеъгирии ахири Шавкат Мирзиёев Президенти Узбекистон истиқбол кард.

14-уми сентябри соли 2022, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар ҳисоби твиттерии худ аз гуфт, ки “мавқефгирии раиси ҷумҳури хирадманд ва муҳтарами Узбекистон оқои Шавкат Мирзиёев дар мавриди Афағонистон дӯстон ва дилсӯзона аст.“

Сухангӯи расмии Толибон мегӯяд, “Аморати исломии Афғонистон аз ин мавқеъгирии кишвари бародари Узбекистон ситоиш менамояд ва онро аломати оянади боэътимод, ором ва бо суботи ҳар ду кишвар медонад. Ин шоа Аллоҳ”

Гуфта мешавад, пеш аз баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки имрӯзу фардо дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор мешавад, Шавкат Мирзиёев бо нашри матлабе гуфта буд, Афғонистон бахши ҷудоинопазири минтақаи Сазмони ҳамкориҳои Шанхай аст. Мардуми он беш аз ҳар вақти дигаре ба ҳамсоягони хуб ва ҳимояти онҳо ниёз доранд.”

Чеҳраҳои сиёсии мухолифи Толибон дар Утриш гирди ҳам омаданд

0

Чеҳраҳои сиёсии мухолифи Толибон бо шумули Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш гирди ҳам омаданд.

Бино ба гузориши расонаҳо, шуморе аз чеҳраҳои сарнишоси сиёсии Афғонистон, ки мухолифи Толибон дониста мешаванд ва ҳоло дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, рӯзи 15-уми сентябр барои нишасти махсус дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш ҷамъ омаданд.

Тавре гуфта мешавад, дар ин нишаст аз ҷумла, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Раҳматуллоҳ Набил, Зулмай Расул, Фавзия Кӯфӣ, Мансур Нодирӣ ва дигар чеҳраҳои сиёсӣ ҳузур доранд.

BBC бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ин нишаст паси дарҳои баста, бидуни ҳузури расонаҳо баргузор мешавад. Ва ҳадафи аслии он гуфтугӯ дар мавриди ояндаи Афғонистон ва “муқовимати сиёсӣ ва низомӣ” алайҳи ҳукумати Толибон гуфта мешавад.

Рӯзҳои ахир даргириҳои низомӣ байни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва нерӯҳои Толибон дар Панҷшер шиддаст гирифтааст. Расонаҳо аз кушта шудани теъдоди зиёди нерӯҳои Толибон гузориш медиҳанд.

Ҳузури чеҳраҳои сиёсии мухолифи Толибон дар ҳолест, ки моҳи гузашта, шахсиятҳое ба монанди Аҳмад Масъуд, Муҳаммад Исмоилхон, Ато Муҳаммаднур, Абдурашид Дӯстум, Муҳаммадюнус Қонунӣ ва дигарон аз таъсиси як эътилофи зиддитолибонӣ хабар дода буданд.

Корвони мошинҳои Президенти Украина дучори садама шуд

0

Корвони мошинҳои Президенти Украин шоми дирӯз дар шаҳри Киев дучори садама шуда, яке аз ронандаҳо сахт захмӣ шудааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино иттилои расонаҳо, шоми 14 ба 15-уми сентябри соли ҷорӣ корвони мошинҳои Владимир Зеленский дар шаҳри Киев, пойтахти Украина дучори садама шудааст.

Дар бархе наворҳои видеоие, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ яке аз ронандаҳои корвони мошинҳои Владимир Зеленский аз ноҳия сару гардан, дастҳо ва синааш сахт захмӣ шудааст.

Расонаҳое, ки ин наворҳоро нашр кардаанд, мегӯянд, ки дар вақти ин садама худи Президенти Украина низ дар ин корвон вуҷуд доштааст, вале ба қавли котиби матбуотиаш Сергей Никифоров, “худи Президент осеби ҷиддӣ надидааст..”

Дар ин наворҳо низ дида мешавад, ки бархе кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти бехтарии роҳ дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд ва мақомот сабабҳо ва омилҳои ин садамаро таҳқиқ мекунанд.