22.6 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 469

Маҳкум шудани 18 нафар ба 75 соли зиндон

0

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 18 нафар аз сокинин ин ноҳияро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” аз 1 то 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Хабаргузории “Азия Плюс” дар истинода ба қавли вакили дифои яке аз маҳкумшудаҳо иттилоъ дод, Муҳсин Холматов, ташкилотчии гурӯҳ, 5 солу 6 моҳ ва 13 нафари дигар 5-солӣ ҳукм  гирифтанд. Ҳамаи онҳо бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуданд.

Аммо сомонаи додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барои нашри чунин хабарҳо роҳандозӣ шудааст, дар ин бора чизе нашр накардааст. Хабари охиронашро сомонаи ин додгоҳ 1 октябри соли 2020 нашр кардааст.

Гуфта мешавад, муҳокимаи додгоҳии ин 18 нафар аввали моҳи июли соли ҷорӣ дар додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров анҷом шуда, ки дар байн муттаҳамон ба “Салафия” Абдукамол Аҳадов, маъюби гурӯҳи якум низ ҳузур дорад. “Чор нафари дигар, ки бо моддаи 347 айбдор мешуданд, 1-солӣ аз озодӣ марҳум гардиданд”, – гуфт ин вакили дифоъ.

Вакили дифоъ ва наздикони маҳкумшудагон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва гуфтаанд, ки ба зинаҳои болотар шикоят мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли ворӣ маъмурони ВКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳҳаи Хистеварз 18 нафарро аз хонаи Абукамол Аҳадов, ки маъюби гурӯҳи 1 аст, бо гумони пайрави аз ҷараёни “Салафия” боздошт карданд.

Аммо нафарони боздоштшуда ин иттиҳомро рад карда гуфтаанд, ки суҳбати онҳо оддӣ ва дар мавриди масоили рӯзгор буд. Ба гуфтаи пайвандони онҳо маҳкумшудаҳо намедонанд, ки “Салафия” чӣ ҷараёне асту чӣ аҳдоферо дунбол мекунад.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни “Салафия”-ро дар қатори чанд ҳизбу ҳаракати исломӣ дар соли 2006 дар қаламрави кишвар манъ кард буд.

103 млн сомонӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф

0

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз маҷмӯи 969 млн сомонӣ аз ҳама кам ба соҳаи маориф сармоягузорӣ шудааст.

28-уми июл Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш суҳбат мекард, гуфт дар нимсолаи аввали соли 2021 дар соҳаи маориф 103 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки нисбат ба дигар соҳаҳо камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ,  то 1-уми июли соли ҷорӣ ба соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон 38,1 млрд сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Аз ин миқдор маблағ сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика (969 млн сомонӣ), нақлиёт (632 млн), тандурустӣ (148 млн), Хоҷагии манзилию коммуналӣ (160 млн), кишоварзӣ (105 млн сомонӣ), маориф (ҳудуди 103 млн) ва дигар соҳаҳои иқтисод равона шудааст.

Камтаваҷуҳии мақомот ба соҳаи маориф дар ҳолест, ки бештари мактабҳои кишвар аз набуди муаллим ва китобҳои дарсӣ танқисӣ мекашанд. Аз ҷумла рӯзи 27-уми июл Маҳдӣ Орифзода, муовини аввали раиси ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотиш гуфт, ки “норасоии китобҳои дарсӣ дар ноҳия зиёда аз 13 ҳазор мебошад.”

Ҳамзамон дар мактабҳои миёнаи тамоми 72 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон тибқи иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аҳудуди 2 ҳазору ду сад омӯзгор аз фаннҳои гуногун намерсад.

Ҳамзамон 28-уми июл Ширин Амонзода, вазирин меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ аз норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва касбии вобаста ба ин вазорат хабар дод.

Устопириён аз медал маҳрум шуд

0

Комроншоҳи Устопириён аз рақиби фаронсавиаш дар Токио-2020 шикаст хурд.

28-уми июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020, мусобиқаи ҷудо дар вазни-90кг баргузор гардид, ки дар он ҷудокори тоҷик Комроншоҳи Устопириён қувваозмоӣ намуд.

Ҷудокори тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо варзишкори фаронсавӣ Аксел Клергет қувваозмоӣ намуда, шикаст хурд.

Комроншоҳ чорумин варзишгари тоҷик мебошад, ки дар Бозиҳои олимпии Токио ноком шуд. Пеш аз ин муштзани тоҷик, Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Ҳамчунин Сомон Маҳмадбеков, ки дар ду даври мусобиқаи ҷудо дар вазни – 73 кг пирӯз гардида буд, дар даври сеюм аз Рустам Оруҷеви озарбойҷонӣ шикаст хурд. Акмал Муродов ҷудокори дигари тоҷик низ, ки даври аввал ба рақибаш аз Гуам пирӯз омада буд, дар даври дуюм шикаст хурда, аз идомаи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум гардид.

Аз миёни муштзанҳои тоҷик, Баҳодур Усмонов дар даври аввали мусобиқа, бар ҳарифи худ аз Доминикан пирӯз омада, дар сабқати баъдӣ рӯзи 31-уми июл бо Элнур Абдураимов, варзишгари қирғизтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Дигар варзишгарони тоҷик, ки ба Токио рафта буданд, рӯзҳои баъдӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла рӯзи 29-уми июл Сиёвуш Зуҳуров муштзани тоҷик бо рақибаш аз Фаронса, Мурод Алиев қувваозмоӣ хоҳад кард.
30-юми июл ҷудокори дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг куштӣ мегирад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) идома дорад. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо ба даст овардани 11 медали тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Ҷопон бо 11 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва ИМА бо 10 тилло, 11 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷои сеюм қарор доранд.

Оғози сафари Президент ба Суғд

0

28-уми июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи мулоқоти сокинон ва боздиди фаъолияти баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотӣ Президент, сафари серӯзаи Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, дар деҳаи Анзоди ноҳия мактаб-интернат ва як таваллудхонаи нав ифтитоҳ гардид.

Инчунин Раҳмон дар ноҳия парчамеро бо баландии 50 метр, дарозии матоъаш 14 ва паҳноии он 7 метр ба истифода дод.

Дар ҳамин ҳол Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд аз баста шудани роҳҳои марказии ноҳияву шаҳрҳо дар вилоят давоми се рӯз хабар дод мақомот ин ҳама роҳбандиҳоро таъмини амнияти Президент медонад.

Мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи таъмини амнияти Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои ӯ ба шаҳру ноҳияҳо ҳарак дар роҳҳои асосиро маҳдуд мекунанд.

Гуруснанишинии паноҳҷӯён дар Литва

0

Даҳҳо нафар аз паноҳҷӯён дар Литва, ки аз шароити бади зиндагӣ ва номушаххас будани сарнавишташон ба сутӯҳ омадаанд, бо нишони эътироз аз хурдани хӯрок даст кашиданд.

26-уми юли соли ҷорӣ як паноҳҷӯе, ки дар Маркази паноҳандагон дар шаҳраки Алитуси (Alytus, Verebiejai, Lithuania) Литва  қарор дорад, дар тамоси телефонӣ ба Аздо тв гуфт: Дар байни ин паноҳҷӯён 3 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар пайи эътирози паноҳҷӯён, дирӯз, соати 5 субҳ нерӯҳои ОМОН вориди лагер шуда 7 нафарро, ки 26-уми июл дар баргузории тазоҳурот фаъол буданд, дастгир карда бурданд. Ба истиснои як ироқӣ дигар ҳама боздошт шудаҳо африқоитабор мебошанд.

Вай афзуд, наздик ба 150 нафар паноҳҷӯ дар мактабе дар шаҳри Алитуси деҳаи Варабей Литва нигаҳдорӣ мешаванд, танҳо дар як толори варзишӣ 43 нафар зиндагӣ мекунанд.

Гуфтанист, дар давоми чанд моҳи ахир ҳудуди 3 ҳазор паноҳҷӯи ғайриқонунӣ аз тариқи Беларус ба Литва рафтааст. Аксари паноҳҷуён аз роҳи Туркия вориди Белорус шуда, сипас аз Белорус аз тариқи ҷангал ба таври қочоқ дохили хоки Литва гаштаанд.

Ин паноҳҷӯён Литваро ҳамчун дарвозаи вурудӣ ба Аврупо дониста, бештари онҳо ҳадаф доранд худашонро ба кишварҳои Авропои Ғарбӣ ва Бритонияи Кабир бирасонанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Раисӣ ширкат намекунад

0

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳим Раисӣ ширкат намекунад.

27-уми июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар конфронси хабарии ин вазорат гуфт, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҳлифи ҳамтои эронияш Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури нави Эрон ширкат намекунад ва ба ҷои ӯ раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, маросими савгандёдкунии Раисӣ 5-уми августи соли ҷорӣ баргузор мешавад. Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон сабаби иштирок накардани Раҳмон дар ин маросими муҳимро ба сафари ӯ ба Ашқобод марбут донист.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз қабл ҳамоҳанг шуда буд ва давоми як соли ахир барои анҷом шудани ин сафар ва масоили марбути он бо ҷониби Туркманистон ройзаниҳо доштем.

Ин дарҳолест, ки Эмомали Раҳмон соли 2013 шахсан худаш дар маросими таҳлифи Ҳасан Руҳонӣ ба Теҳрон сафар карда буд.

Дар Эрон аз замони Ҳасани Руҳонӣ даъвати раҳбарони хориҷӣ барои ширкат дар маросими таҳлиф расм шуд ва пеш аз он аз раҳбарони хориҷӣ барои ширкат дар маросими савганёдкунии раисҷумҳури тозаинтихоб даъват намешуд.

Иброҳим Раисӣ моҳи июни соли ҷорӣ дар 13-умин даври интихоботи президентии Эрон бо касби 62, 17-оро раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд. Қарор аст маросими таҳлифи Раисӣ санаи 5-уми августи соли ҷорӣ баргузор шавад.

Иброҳим Раисӣ бидуни канор рафтан аз мансаби раиси Қувваи қазоия (Додситони кул) дар рақабатҳои интихоботӣ ширкат кард.

Пешниҳод: Муҳоҷирон ба Сибир фиристода шаванд

0

Жириновский муҳоҷирони қазоқу қирғизро бодиянишин ва тоҷику ӯзбекро деҳқон номида гуфт, ки онҳоро ба деҳаҳои холии Сибир ва Шарқи Шимоли дур фиристед.

26-уми июл раҳбари Ҳизби Либерал-Демократии Русия Владимир Жириновский дар радиои “Комсомольская Правда” суҳбат мекард, гуфт: “Бигзоред ҳатто бо оилаҳояшон биёянд.”

Раҳбари лебирал-демократҳои Русия гуфт: “Мо ба онҳо дар деҳаҳои холии Русия манзил хоҳем дод, бигзор дар он ҷо зиндагӣ кунанд. Онҳо деҳқонони хубанд ҳастанд. Масалан, қазоқҳо ва қирғизҳо бодиянишин ва тоҷикону ӯзбекҳо деҳқон ҳастанд.”

Жириновский бар ин назараст, ки бо чунин иқдом метавон мушкилоти пешомадаро ҳал кард. Аз як тараф, аҳолӣ дар кишвар меафзояд, аз сӯи дигар мушкилоти манзил ҳал ва заминҳои холӣ дар кишвар беодам намемонад.

“Ширкатҳои Русия бояд пеш аз ҳама шаҳрвандони Русияро ба кор бигиранд ва сипас муҳоҷиронро. Ҳамзамон ширкатҳое, ки мехоҳанд коргарони тоҷику узбекро бештар ҷалб кунанд, дар навбати аввал бояд онҳоро “бо қатораҳои махсус” тибқи лоиҳа ба обектҳои корӣ оварда муваққатан бо хобгоҳ таъмин кунанд ва сипас ба хонаҳояшон баранд, то ки онҳо дар роҳраҳвҳои Русия беҳуда нагарданду дар чашми сокинон натобанд.”

Чунин “пешниҳод” дар расонаҳои русӣ дар ҳоле бозтоб мегардад, ки ин сиёсатмадори рус дар канали “LDPR-TV YouTube” рӯзи 25-июл гуфт, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба Шарқу Шимоли дур ё Сибир фиристода шаванд.

Жириновский дар ин сӯҳбаташ ба қазияи ахири задухурди гурӯҳии муҳоҷирон ишора карда афзуд: “Муҳоҷирон байни худ ҷанг мекунанд, баъзан вақт дар муноқишаҳояшон пои русҳоро мекашанд.”

Вай мегӯяд: “Интихоби беҳтарин ин бе муҳоҷирон зиндагӣ кардан аст. Аммо агар кишвар бе онҳо кор карда наметавонад, пас онҳоро дар Шимолу Шарқи дур ва ё Сибир истифода баред. Онҳо бояд ба мо иншооти азим, фабрикаву роҳҳо бисозанд.”

Қаблан Русия аз норасоии нерӯи корӣ хабар дода буд ва дар навбати худ муовини сарвазир Марат Хуснуллин гуфта буд, ки тақрибан 5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ бояд то соли 2024 ба сохтмонҳои Русия ҷалб карда шаванд.

Раҳбарони бевиҷдону бесавод?

0

26-уми июл, раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Сиҷоуддин Саломзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки роҳбарони бевиҷдон ва бесавод дар шаҳри Бохтар зиёданд.

Бино ба навиштаи “Азия -Плюс”, ин гуфтаҳои раиси шаҳр замоне садо дод, ки рӯзноманигорон дар бораи риоя накардани меъёрҳои санитарӣ дар ошхонаҳо ва аксар нуқтаҳои хӯроквории шаҳр пурсиданд. Сиҷоуддин Саломзода аз сардухтури маркази санитариву эпидемилогии шаҳри Бохтар хост, ки ба ин суол посух гӯяд, аммо баъдтар маълум шуд, ки ӯ дар нишаст ҳузур надорад.

Раиси шаҳри Бохтар ба набудани сардухтур дар нишасти матбуотӣ вокуниш нишон дода, гуфт, ки дар маркази вилоят роҳбарони бевиҷдону бесавод зиёданд.

“Дар шаҳри мо роҳбарони бевиҷдон ва бемасъул кам нестанд. Онҳо боз бесаводанд. Одат кардаанд, ки ба ҳама масъалаҳо раиси шаҳр масъул аст. Аз ин рӯ, хоҳанд меоянд, нахоҳанд, намеоянд”, – изҳор дошт ӯ.

Ӯ дар идомаи суҳбаташ аз масъулони Маркази санитариву эпидемиологӣ интиқода намуда, афзуд, ки “мутахассисони маркази санитариву эпидемиологӣ худашон масъулият ҳис намекунанд. Онҳо риоя накардани меъёрҳоро ошкор намуда, ба онҳо ҷиддӣ сарукор намегиранд ва корро то ба охир намерасонанд.”

Вай афзуд: “Вақте қонуншиканиро ошкор намудӣ, бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб намуд, то ҷавобгарии ҷиноятӣ. Вақте як бору ду бор камбудиҳоро бартараф накард, маводро ба прокуратура пешниҳод намудан лозим аст, то ки онҳо ба чунин қонуншиканиҳо расидагӣ кунанд”.

Раиси шаҳри Бохтар дар ҳоле аз ҳузур наёфтани масъулони шаҳр интиқод намуд ва онҳоро бевиҷдону бесавод хонд, ки дар шаҳри Душанбе аксари вазирону наздикони Раисҷумҳур дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар муддати қариб 30 соли роҳбариаш ягон маротиба бо журналистони Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор накардааст. Ҳамзамон писараш Рустами Эмомалӣ, ки аз соли 2017 инҷониб шаҳрдори пойтахт аст, ягон маротиба бо рӯзноманигорон вонахӯрадааст. Духтараш Озода Раҳмон, ки раиси Дастгоҳи президент аст, низ ягон маротиба дар ҳузури журналистон нишасти матбуотӣ доир накардааст.

Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои президент ҳам дар нишастҳои матбуотии ниҳоди зертобеаш тайи чанд соли ахир ширкат накардааст.

Дар байни домодҳо ва фарзандони мансабдори президент танҳо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Бонки миллии Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ бо рӯзноманигорон рӯбарӯ мешавад.

Масъалаи бемасъулиятии мақомдорон дар баробари расонаҳо ва ҷомеа борҳост дар расонаҳо нашр шудааст. Аммо, то ҳол бо баҳонаҳои гуногун аксари масъулин аз посух додан дар назди мардум фирор мекунанд.

Сафари вазирони дифои Чину Ҳиндустон ба Тоҷикистон

0

Имрӯз 27-уми июл вазири дифои Ҳиндустон Раҷнат Сингҳ бо сафари расмӣ барои се рӯз вориди Душанбе шуд.

Ин сафар дар чорчӯби нишасти вазирони дифои аъзои Созмони ҳамкории Шонхай, ки дар Душанбе баргузор мегардад, иҷро шудааст.

Дар ин маврид вазири дифои Ҳиндустон дар саҳифаи тивиттериаш хабар дод. “Ман муштоқона мунтазири баҳс дар мавриди мавзуоти марбут ба дифоъ ва ҳамкориҳои минтақа ҳастам”, – менависад вазири дифои Ҳиндустон.

Дар ҳамин ҳол АМИТ “Ховар” низ аз сафари вазири дифои Чин Вэй Фэнхэ ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе хабар дод.

Ҳифзи сарҳадот: Эмомалӣ Раҳмон аз Чин кумак хост

0

27-уми июл вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз вазъи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон нигаронӣ намуда, гуфт: “Барои мо аз ҳама муҳим мустаҳкам кардани сарҳад бо Афғонистон аст”.

Сироҷиддин Аслов дар робита ба бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон ишора карда афзуд пас аз ба дасти Толибон афтодани аксар манотиқи марзии Афғонистон бо кишварҳои узви СПАД, бо Русия гуфтушунидҳо доштанд, аммо дар барномаҳои корӣ масъалаи баргаштани марзбонони Русия барои ҳимояти марзи Тоҷикистону Афғонистон матраҳ нест.

“Ҳоло мушовирони низомии Русия дар бахши марзбонӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд ва кор мекунанд, аммо мавзуъи баргашти марзбонони он кишвар ба марзҳои мо матраҳ нест. Ҳарчанд ҳамкориҳои низомии мо бо Русия яке аз бахшҳои асосии равобити моро бо ин кишвар ташкил медиҳад”,-гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Нерӯҳои Русия то соли 2005 марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро муҳофизат мекарданд. Дар солҳои ахир пас аз бад шудани авзоъ дар кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар манотиқи шимолии он борҳо дар расонаҳои Русия барои бозгаштани марзбонони Русия ба марзи Тоҷикистон чандин матлабе нашр шуд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз вазири мудофиаи Чин Вэй Фэнхэ ба Душанбе омад ва дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ матраҳ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо вазири мудофиаи Чин дар бораи рушди хатарзои вазъ дар Афғонистон, аз ҷумла дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда, дар самти ҳифзи марз ва таъмини амният аз Чин кумак хостааст.