23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 475

Ҷорӣ шудани лимити барқ дар зимистон

0

12-уми июл вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеъаш гуфт, “ин зимистон барқ нисбат ба соли гузашта беҳтар мешавад.”

Ба таъкиди ӯ, “бар асари нисбат ба солҳои пешин камшавии маҷрои об дар дарёҳои ҷумҳурӣ тайи ду соли ахир, эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудият вуҷуд дорад, лекин вазъи таъминот бо барқ нисбат ба зимистони пешина ба таври назаррас беҳтар мешавад.”

Вазир изҳор дошт, ки имсол афзоиши иқтидорҳои низоми гармидиҳӣ дар пойтахт ба нақша гирифта шуда, дар натиҷа як миқдор ҳаҷми муайяни барқи иловагӣ захира мешавад.

Вазир мегӯяд: “Бо эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки то охири мавсими тобистон мо аз уҳдаи пур кардани обанбори Норак мебароем”, аммо бо вуҷуди ин ҳам Вазир изҳор дошт ки бисёр чизҳо дар ин масъала ба он вобаста хоҳад буд, ки маҷрои об дар моҳҳои тирамоҳ чӣ гуна мешавад.
Бо вуҷуди ҷорӣ шудани лимит барои сокинон дар Тоҷикистон зимситони гузашта содироти барқ ба хориҷро ба миқдори 43 фоиз бештар кард.

Шурӯъ аз 5 январи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии ҷумҳуриро боз ҳам маҳдуд карда, лимит ҷорӣ намуд ва дар зимистон мардум дар  кишвар аз соати 11-и шаб то 6-и субҳ барқ надоштанд. Харидори асососии барқи тоҷкик ширкати барқрасонии  “Брешно”-и Афғонистон маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди фурӯши барқи тоҷик дар хориҷа ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” 30 миллиард сомонӣ, бештар аз дуввуниммилиард доллар қарздор аст.

Миллиардер: Зарифбеки домод, ва бозорҳои бешумори вай

0

Зарифбек Давлатов, домоди миллиардери Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли ахир дар пойтахт тавонист бозорҳои “Балх”, “Фаровон”, “Садбарг”, Сафарсентр” ва “Аҷинабозор”-ро ғасб кунад.

Тасарруфи бозори «Балх»-и Душанбе  аз тарафи Зарифбек  Давлатов, яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баҳори соли равон бори дигар исбот кард, ки дар паси ин гуна ғасбҳои рейдерӣ худи Эмомалӣ Раҳмон меистад ва бадтар аз ин барои манфиати аъзои хонаводааш омода аст ҳатто ҳамсафону ҳамраҳони худро ҳам талаву тороҷ ва маҳв кунад. Ин бозор аз тарафи Ҳаким Солиев, собиқ вазири савдо ва иқтисоди Тоҷикистон ва раиси пешини Кумитаи андози Тоҷикистон сохта ва мавриди истифода қарор гирифта буд. Солиеве, ки чанд соли пеш  яке аз вазирони наздик ба Раҳмон ҳисобида мешуд.

Ҳаким Солиевро Шарифбеки падари Зарифбек, шавҳари дуввуми Таҳмина Раҳмонова духтари сеюми Эмомалӣ Раҳмон маҷбур месозад, ки асноди бозорро ба номи онҳо бинависад. Ҳатто таҳдид мекунад, ки «вақтро кашол надиҳад. Ин тарафу он тараф ҳам даводавӣ накунад. Ҳамааш бо Ҷаноб ҳал шудагӣ. Фоидааш надорад».

Зарифбек Давлатов расман дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор мекунад, вале амалан ба тиҷорат машғул аст. Исму насаби Зарифбек Давлатов (Zarifbek Daulatov) ҳанӯз дар ссоли 2015 дар “Авроқи Панама” зикр шудаст, ки  санадҳои махфиро дар бораи моликони ширкатҳои оффшорӣ дар ҷаҳон нашр карда буд. Гуфта мешуд, ки вай молики ширкати “Пенкриҷ Глобал Лимитед” аст, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст, вале нишонии онро дар Тоҷикистон кӯчаи Фарҳод 36 дар Душанбе (36 Farkhod St; Dushanbe; Tajikistan) навиштаанд. Мо наметавонем дар бораи маблағҳои интиқолдодаи Зарифбек ва Таҳминаи ҳамсараш ба ин суратҳисоб чизе бигӯем. Вале инки дар ҳамин мавсими муҳоҷират ӯ шояд даҳҳо миллион доллар бештар «даромад» карда бошадро метавонем бидуни тардид таъкид намоем.

Ширкати Агентии алоқаи ҳавоии Тоҷикистон, танҳо ширкати фурӯшандаи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон ҳамасола беш аз 10 миллион даромад дорад. Ширкати мазкур, ки муассисаш Таҳмина Раҳмонова ва раисаш Зарифбек Давлатов мебошанд, тибқи ҳисоби тахминии коршиносҳо, дар сурати рафтани як миллион муҳоҷир ба Русия ва аз сари ҳар билет даҳ доллар «доля» гирифтан чунин даромади муфтро ба даст меоварад. Аммо шумо ин арқом ва ин нархи билетҳоро дар шароити имсол зарб занеду ҳосили онро бароред. На камтар аз 50 миллион доллар ва ин ҳам тахминӣ аст. Вақте билети ҳавопаймо ба Маскавро 350 доллар муқаррар  кардаву то 1500 доллар ба фурӯш расониданд, даромади ширкати Зарифбеку Таҳмина чи қадар хоҳад шуд?

Аммо ишқу алоқаи Зарифбек ва ҳамсараш бештар ба бозорҳои Душанбе  мебошад. Дар тобистони соли 2019  онҳо бидуни онки кадом азоби виҷдоне бикашанд бозори «Фаровон»-яке аз бозорҳои яклухтфурӯшии маводи ғизоиро ҳам аз молики асосиаш бо роҳи зӯр ва маҷбурсозӣ кашида гирифтанд. Ин бозор ба бародарон Муродалиевҳо тааллуқ дошт ва онҳо онро аз сифр бунёд карда буданд. Барои он бидуни азоби виҷдон гуфтем, ки Зарифбек дар гузашта низ бародарон Муродалиевҳоро маҷбур кард, ки маркази тиҷоратии «Сафар-сентр» ва ҳамчунин фурӯшгоҳи овозадори «Садбарг»-ро ба ӯ бидиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуда буд. Муродалиевҳо бо як нархи ночиз ин ду маркази савдои машҳури Душанберо ба Зарифбек ва Таҳмина номнавис карданд. Таҳмина баъдтар барои гирифтани замини зери бозори «Фаровон», ки дар микрорайони 32, дар кучаи Ҷаббор Расулов воқеъ аст, миёнаравӣ карда буд. Аммо ин бародарон намедонистанд, ки Зарифбек ва Таҳмина нақша дошта будаанд, ки баъди фаъолшавии ин бозор онро ҳам кашида мегиранд.

Вале Зарифбек бо гирифтани ин ҳама бозорҳо нафсашро натавонист ором созад. Вай ва Шарифбеки падараш  «Аҷинабозор»-и воқеъ дар автовокзали пойтахтро ҳам кашида гирифтанд. Молики он яке аз ҳамсояҳои худи Шарифбек ва рафиқи солҳои ҷавонии ӯ будааст. Шарифбек ҳам замину хонаву манзили ӯро тасарруф мекунад (барои онки соҳати манзили зисти худ воқеъ дар маҳаллаи Водонассосро аз ҳисоби замини ҳамсояаш васеъ созад) ва ҳам бозорашро ва он мард, аз тарси онки ӯро ба ҳабс нагиранд, тарки Тоҷикистон кардааст.

Агар Зарифбек ҳамсари Таҳмина ва домоди Эмомалӣ Раҳмон набуд метавонист, ки ҳамин гуна осону роҳат ва нотарсона бозорҳои дигарон сохта ва ободкардаро кашида бигирад? Тиҷорати дигарҳоро тасарруф ва ғасб кунад? Албатта, наметавонист. Ин Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Зарифбек ва домодҳои дигари вай рӯирост сармоя ва молу мулки дигарҳоро кашида мегиранд.

Як нигоҳ кунед. Ҳама домодҳои  Раҳмон пулдорҳои калонанд. Агар 10 духтари дигар ҳам дошт шавҳарони онҳо низ бо айни ҳамин роҳҳо бойу сарватманд  мешуданд. Аммо  ягонтои онҳо чизеро бунёд накардаанд. Аз они дигарҳо ва ё аз они давлатро ғасб намудаанд. Чизи тайёрро. Маълум аст, ки сахт домоддӯстдор аст. Вале ин муҳаббати бепоён ба домодҳо набояд аз ҳисоби ғасбу ғорати  дигарҳо таҳкиму тақвият ёбад.

Аммо возеҳу равшан аст, ки ғасбу тасарруфи моликияту тиҷорати дигарҳо тибқи як барнома ва сиёсати ҳисобшуда амалӣ мешавад, ки агар Эмомалӣ Раҳмон муаллифи асосӣ ҳам набошад ҳаммуаллиф аст. Моҳияти  ин сиёсат иборат аз он аст, ки бояд тамоми тиҷорат ва корхонаҳое, ки манбаи даромаданд ба дасти аъзои ин оила ва ё одамони наздики аъзои он гузарад. Касе набояд ҷуз онҳо дар Тоҷикистон даромади калон ва ё тиҷорати калон дошта бошад. Метавон даҳҳо, балки садҳо мисолу намуна овард, ки бо чи роҳҳои умдатан номашрӯъ ва бо истифода аз қудрати ҳокимият пулу молу тиҷорати дигаронро Раҳмон ва наздикони вай ғасб кардаанд. Ва, Раҳмон тамоми имконот ва имтиёзоти давлатро, ҳатто агар хилофи қонун ҳам бошад, барои бойшавии онҳо дареғ надоштааст.

Ҳамин Зарифбек ва Таҳмина чанд соли пеш ширкати бузурги тавлиди конфету шоколади  «Амирӣ»-ро, ки аз соҳибкори дигар буд, тасарруф карданд. Тибқи навиштаи расонаҳо Абдураҳмон Ғайбуллозода, муассис ва молики ин ширкат дар яке аз ҷаласаҳои “Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар соли 2015 аз гаронии боҷи гумрукии ашёи хом барои тавлиди қанду конфет, аз ҷумла шакар ва равғани палма шикоят карда буд.

Вале, баъд аз онки ин ширкатро Зарифбеку Таҳмина ба даст дароварданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо 20 миллион доллар барои роҳандозии кори ин ширкат аз ҳисоби давлат сармоягузорӣ кард. Афзун бар ин ширкати «Амирӣ» ба муддати даҳ сол  аз пардохти анвои андоз ва боҷу пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуд. 20 миллион доллар, ки он сол  ба 217 миллион сомонӣ баробар буд, баробари андози яксолаи тамоми заминҳои кишоварзии Тоҷикистон аст.

Ҳоло боз ҳам ин савол пеш меояд, ки агар Зарифбек домоди Эмомалӣ Раҳмон набуд, ҳамчунин имтиёзеро, ки дигарҳо ҳатто орзу карда наметавонанд, соҳиб мешуд? Ин имтиёз фақат барои онки Зарифбек шӯи яке аз духтарҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, дода шудааст. Сабаби додани ин ҳама имтиёзро он замон чунин гуфта буданд,ки ширкати “Амирӣ” таҷҳизоту фанновариҳои нав ба кишвар оварда, коргоҳҳои ҷадидро фаъол мекунад.Ин як айёрӣ ва фиреби ошкоро нест?20 миллион доллари пули мардум ба домод дода шавад ва боз барои домод ин ҳама имтиёзҳо?Ин гуна шароитро барои ҳар тоҷири дигар ҳам ки диҳед,муваффақ нахоҳад шуд?Ин нақзи қонуни рақобат ва ин истифода аз мақому мансаби давлатӣ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон нест?

Мағозаи «Ситора» воқеъ дар хиёбони «Бухоро»-и Душанбе-маркази шаҳрро, ки бо беш аз 25 млн. доллар Эмомалӣ Раҳмон аз пули бюҷет барои Таҳмина сохта буд, барои чанд сол ба соҳибкори дар гузашта муваффақ Маъруф Орифов, мудири кулли силсиламағозаи «Орима» ба иҷора доданд. Моҳона 30.000 доллар .Яке буд, ки дар яке аз ошёнаҳои ин бино дар як рейди тафтишоти кормандони додситонии пойтахт дар инҷо «казино-қиморхона» ва дигар бозиҳои мамнуъаро кашф мекунанд. Таҳмина Раҳмонова бо нашри як матлаб дар ҳафтаномаи «Дайджест-пресс»  ба ҳайси мудири кулли ин супермаркет навишт, ки онро ба иҷора додаву масъулияти «казино»-ро бар уҳда намегирад.

Аммо кори ин супермаркет ба онҷо кашид, ки оқибатуламр Зарифбек Давлатов, Шарифбеки падараш ва Таҳмина «коре» карданд, ки на танҳо Маъруф Орифов, раиси силсиламағозаҳои «Орима»-ро  қарздор карданд, балки тамоми мағозаҳояш дар Душанбе ва Хуҷандро ба номи Зарифбеку Таҳмина гузаронида худаш барои 8 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр равона карда шуд. Ҳамин тариқ мағозаҳои «Орима» аз фаъолият бозмонданд ва Зарифбек биноҳои онҳоро ба дигарҳо фурӯхт.

Дар бораи онки Зарифбек ва Таҳмина ҳамдигарро чи гуна ёфтанду ошно шуданду издивоҷ карданд низ зиёд қиссаҳои ҷолибе дар байни мардум паҳн шудааст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба кору рафторашон онҳоро ҳамчун «две сапоги пара» мешавад таъбир кард. Деру дур ҳамдигарро ёфта бошанд ҳам хеле аз ҷиҳати фикриву зеҳниву руҳӣ ба ҳам шабеҳанд.

Агарчи Зарифбек Давлатов  назди Рустами Эмомалӣ қадру мақоме надоштааст, вале барои худи Эмомалӣ Раҳмон нафари беэътибор набудааст. Ба ду ҷиҳат: якум инки Таҳминаро, ки дигар овозаву дарвозаи гашту рафтораш дар шаҳр ва дар Данғара аз даҳон ба даҳонҳо гузашта боиси сарафкандагӣ ва хиҷолат мешуд, никоҳ карду пеши  даҳони мардумро баст: «қурбоқа шӯ дорад, обрӯ дорад». Дуввум ин ки Зарифбек дар чақониву корчалониву кандану гирифтан аз боқии домодҳо, ҳатто Шамсуллову Зоир монданӣ ва камӣ надорад. Дар як муддати кӯтоҳ миллиардер шуд. Лаб тар кунад бас! Дигар он тарафашро ружду рост карда медиҳад. Ва, на танҳо бозорҳои «Балх»-у «Фаровон» ва «Садбарг»-у «Аҷинабозор»,  «Корвон»-ро ҳам бихоҳад, гирифта медиҳад….

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Касалхона: Оташсӯзӣ ҷони 64 беморро гирифт

0

Мақомоти беҳдоштии вилояти Зиқор дар ҷануби Ироқ аз кушта ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо шаҳрванди ин кишвар бар асари оташсӯзие дар бемористони ба номи “Имом Ҳусейн” рӯх дод, иттилоъ медиҳанд.

Тибқи охирин гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин оташсӯзӣ шоми рӯзи душанбе соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар бемористони мазкур рух дода, 64 кушта ва 50 захмӣ ба ҷо гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз сохторҳои амниятии ин кишвар ба телвизиони “Alsumaria TV” адади кушташудагонро 63 ва осебдидагонро 100 нафар арзёбӣ кардааст.

Мақомоти Ироқ сабаби оташсӯзиро дар бемористон аз бетаваҷҷӯҳии кормандон бо балонҳои оксиген арзёбӣ мекунанд. Гуфта мешавад, дар ин бемористон беморони COVID-19 муолиҷа мешудаанд.

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки шоҳидони ҳодиса мегӯянд, шоми душанбе оташ ба якбора сар зад, мисле, ки қаблан тарроҳӣ шуда бошад ва касе онро бо нақшаи пешакӣ анҷом додааст. То расидани оташнишонҳо аллакаи ҳама сӯхта буд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз 13 июл Мустафо Козимӣ, Сарвизир ва Фармондеҳи кулли қуваҳои мусаллаҳи Ироқ ҷаласаи фарвӣ ташкил дода, таҳқиқи ҳамаҷонибаи оташсӯзиро аз идораҳои дахлдор талаб намуд. Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки мудири беҳдошти вилояти Зиқор, мудири бемористон ва мудири бахши вилоятии Вазорати ҳолатҳои фавқулъоддаро барои таҳқиқи масъала боздошт кунанд.

Давоми соли ҷорӣ ин бори дуюм аст, ки дар беморхонаҳои нигаҳдории беморони каронавирус оташсӯзӣ рух медиҳад. Бори аввал охири моҳи апрели ҳамин сол беморхонаи “Ибни Хатиб” дар Бағдод – пойтахти Ироқ ба коми оташ рафт ва дар натиҷа 82 нафар кушта ва 110 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Таҳлилгарони маҳаллӣ тахмин мезананд, ки ин оташсӯзиҳо дар беморхонаҳое, ки беморони COVID-19 муолиҷа мешаванд, қасдан аз ҷониби шахсони муайяне анҷом дода мешавад.

Милисае, ки қаллобро боздошт кард, худ бо қаллобӣ муттаҳам шуд

0

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боздошти як корманди баландмақоми Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон хабар дод.

Гуфта мешавад, Икромов Зафар Музафарович дар вазифаи ваколатдори калони гурӯҳи махсуси Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб кор мекард ва бо “қаллобӣ” муттаҳам мешавад.

Дар хабари Прокуратураи генералӣ омада, ки номбурда директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ Шарипов Қ.И.-ро бо иттиҳоми порагирӣ гумонбар дониста, дастгир мекунад ва барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани боздоштшуда “аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 то моҳи июли соли 2020 дар якчанд ҳолат аз ӯ 56 000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағҳои талабнамудааш дар маҷмӯъ маблағи  51 000 сомониро гирифтааст”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Икромов З.М. бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристода шудааст.

Задухурди гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскав

0

Шоми дирӯз ҳудуди 200 нафар аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Маскав бо ҳам занозанӣ кардаанд, ки аксари онҳоро шаҳрвандони кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ташкил медиҳад.

Шаби 13-уми июл ин ҳодиса дар кӯчаи Зеленодолскийи Маскав рӯх дода, даҳҳо нафари онҳо ҷароҳат бардоштааст. Ба навиштаи расонаҳои Маскав то кунун беш аз 20 нафари онҳоро барои муолиҷа ба табибон муроҷиат кардаанд.

Ба қавли Интерфакс, дар асари ин бетартибиҳо 102 нафар боздошт ва ба шуъбаи полис интиқол ёфтааст. Полис таҳқиқ мекунад, ки афроди боздошт шуда дар ин задухурд чӣ нақше доштаанд.

Ба гузориши бахши Тоҷикистонии Спутник “дар ин занозанӣ аз 50 то 200 нафар даст доштааст.” Ва дар байни онҳо зодагони Тоҷикистон низ гузориш шудааст.

Шарҳи вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳаит дар зиндон

0

Вазири адлияи Тоҷикистон бемор будани маҳбуси сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳаит дар зиндонро таъйид карда, гуфт: “чораҳои зарурӣ андешида шуд, ки саломатияш барқарор шавад.”

12-июли соли ҷорӣ Музаффар Ашӯриён тасдиқ кард, ки наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит барои саломатии ӯ ба мақомот муроҷиат карданд, аммо вазъи саломатии ӯро пурра шарҳ надод.

Ашӯриён таъкид кард,” тамоми чораҳо аз ҷониби хоҳ муассисаи тиббии худи Сарраёсат ва (хоҳ) мутахассисон аз берун нисбати ҳарду  (Маҳмадалӣ Ҳаит ва Маҳмурод Одинаев) ҳам сари вақт даъват карда мешаванд.”

Вазири адлияи Тоҷикистон дар бораи сатҳи бемории онҳо шарҳ надод, вале иловатан афзуд, “агар ягон зарурат бошад, (боз) мутахассисон даъват карда шуда, барои саломатиро барқарор кардан ҳама чораҳоро меандешанд.”

Аммо дар мавриди муроҷиати Маҳмадалӣ Ҳаит барои гузаронидан ба ҷойи дигар гуфт, ин дархости ӯ қонеъ карда нашуд. Ашӯриён дар мавриди ради ин дархости вай афзуд, ҷойи нигаҳдории ӯ тибқи талаботи қонун ҳалу фасл шудааст. “Ҳар шахс наметавонад бо шахси дилхоҳаш якҷо нигаҳдорӣ карда шавад. Зеро он чизе, ки ҳаст дар доираи талаботи қонун ҳал шудааст.”

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳаит рӯзи 22-юми май бо ӯ дар СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе мулоқот доштаанд. Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, баъд аз вохӯрӣ бо ӯ гуфт, ки шавҳараш аз масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи кишвар чанд талаб карда, аз ҷумла хоста буд, ки ӯро бо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини дигари зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳамроҳ кунанд. Зеро ӯ бо нафаре ҳамроҳ карда шудааст, ки дар қатли ду зан муҷрим дониста мешавад ва ҳамеша бо баҳонаҳое тавтиа кардан мехостааст. Аммо ин дархости Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҷониби мақомти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СИҶҶ)-и Тоҷикистон рад шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар аъзоёни ҲНИТ соли 2015 боздошт ва соли 2016 бо 14 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, паси дарҳои баста барои якумра аз озодӣ маҳрум карданд.

Созмони Миллали Муттаҳид ва чандин созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон озодии аъзоёни ҲНИТ, махсусан озодии бечуну чарои Маҳмадлӣ Ҳаитро талаб карданд, аммо ҳукумати кишвар ба дархости ин созмонҳои ҳуқуқӣ ҷавоби рад дод.

Чанде пеш созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ “Freedom Now” дар суҳбат бо “Аздо тв” иброз дошт, ки ҳамроҳ бо созмони “Ҳоган Ловеллс” (Hogan Lovells) ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар масъалаи поймол шудани ҳуқуқи озодии Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҷониби мақомдорони Тоҷикистон шикоят бурдаанд, ҳамзамон талаб намуданд, ки ин Кумита дар мавриди он ки Ҳукумати Тоҷикистон бо зиндонӣ кардани Маҳмадалӣ Ҳаит уҳдадориҳои худро дар назди Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ вайрон кардааст, чораандешӣ кунад.

Дар баробари ин, “Freedom Now” аз Кумитаи СММ хоста, ки бори дигар озодии бидуни қайду шарти Маҳмадалӣ Ҳаитро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кунад.

Таҷлили иди мазҳабии исмоилиҳо дар Хоруғ

0

Дирӯз 11 июл дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон сокинон рӯзи ба тахти Имомат расидани Шоҳзода Карим ал – Ҳусайнӣ Оқохони IV-ро ҷашн гирифтанд.

Исмоилиёни Тоҷикистон бар иловаи қироати маърӯза ва суханрониҳо дар бораи Оқохони IV ин ҷаншвораи худро бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ зиннат бахшиданд.

Наворҳои зиёде аз рафти ин ҷашнвора дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Дар наворҳо дида мешавад, ки дар ин ҷашнвора бозиҳои варзишӣ аз қабили куштии милливу тӯби дастӣ гузаронда шуд ва ғолибон бо мукофотҳои қиматнок мукофотонида шуданд.

Аз ҷумла ду худрав низ ба беҳтарин паҳлавонон Шакармамад Мирмамадова ва дигаре бо номи Комрон дод шуд. Ҳамчунин дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров – яке аз фармондеҳони собиқ ва “лидерони мардумӣ” дар ВМКБ низ ҳузур дорад ва суханронӣ мекунад.

Пайравони мазҳаби Исмоилия ҳамасола рӯзи 11-уми юлро ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз, яъне 11 – уми июли соли 1957 Шоҳзода Карим ал – Ҳусайнӣ Оқохони IV, пас аз вафоти бобояш Султон Муҳаммад Шоҳ Оқохони III имоми Исмоилиҳои дунё шуд ва инак 63 сол мешавад раҳбарии ин фирқаи мазҳабиро ба душ дорад.

Равияи Исмоилия дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор пайрав дорад, ки аксари онҳо дар ВМКБ зиндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, Оқохони IV яке аз шахсони сарватмандтарини дунё ба шумор рафта, сарвати худро барои рушди кишварҳои дар ҳоли тавсиа харҷ мекунад.

Ӯро ҳамчунин поягузори Муассисаи мутолеоти исмоилӣ, Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм), Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Донишгоҳи Оқохон медонанд. Оқохони IV молики “Шабакаи тавсиаи Оқохон” (AKDN) аст. Шабакаи ӯ барои кишварҳои ҷаҳони севум нигаронида шуда, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ фаъолият мекунад.

Тоҷикистон: Сабти дубора ҳудуди 5 миллин симкорт

0

То имрӯз 4 миллиону 960 ҳазор симкортҳои операторони мобилии худро муштариён бо шиносномаҳои (ID) намунаи соли 2014 дубора сабти ном кардаанд.

Дар ин бора имрӯз, 12-уми июл муовини раиси хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев дар нишасти матбуотиаш хабар дод.

Вай афзуд, шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ дар кишвар, 7 миллиону 571 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 5 миллиону 144 ҳазор муштарии фаъоли мобилӣ ба қайд гирифта шудааст.

Илҳом Атоев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки аз шумораи умумии муштариён 2 миллиону 444 ҳазор симкорт то кунун дубора бо шиносномаи нави пластикӣ сабти ном нашудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, то ба итмом расидани давраи сабти дубораи симкортҳо 8 моҳ боқӣ мондааст, яъне то 15 феврали соли 2022. Агар муштариён сари вақт симкортҳои худро сабти ном накунанд, рақамҳои онҳо хомӯш карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 30-юми апрели соли 2016 қарори ҳукумат “Дар бораи алоқаи барқӣ” қабул гардид. Ин қарор аз 15-уми феврали соли 2019 эътибор пайдо кард. Тибқи ин санад, ҳамаи муштариён бояд симкортҳои худро бо шиносномаҳои навъи соли 2014 ((ID) шиносномаи нави пластикӣ) то 15-уми августи соли 2019 дубора сабти ном мекарданд.

Аз сабаби шикоятҳои зиёди сокинон ва навбатҳои калоне, ки пас аз эътибор пайдо кардани ин қарор дар нуқтаҳои шиносномадиҳӣ ба миён омад, Эмомалӣ Раҳмон ин мӯҳлатро то 15 феврали соли 2020 ва сипас то 15 феврали соли 2022 тамдид кард.

Русия: Манъи вуруди “муҳоҷирон номатлуб”

0

12-июл Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, муҳоҷироне, ки нисбаташон қарори “будубоши номатлуб” қабул шудааст, вуруди онҳо манъ ва тамоми ҳуҷатҳое, ки пеш аз он ба ишон дода шудааст, ба таври худкор бекор карда мешаванд.

Хабаргузории ТАСС дар истинод ба Маркази матбуотии ВКД Русия хабар дод, “Ин тасмим нисбати шахсоне қабул карда мешавад, ки ба амнияти давлат, ба қобилияти мудофиавӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё ба саломатии аҳолӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд.”

Инчунин гуфта мешавад, нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки қонунҳои Русияро вайрон кардаанд ва будубош ё истиқоматашон дар Русия номатлуб эълон шудааст, чораҳои гуногуни маъмурӣ ҷорӣ шуда, аз ҷумла вазифадор мешаванд кишварро тарк кунанд. Дар акси ҳол онҳоро ихроҷ (депортатсия) хоҳанд кард.

Ҳамзамон дар иттилоъия омада, ки Вазорати корҳои дохилӣ, ФСБ, Вазорати мудофиа, Росфинмониторинг, Хадамоти иктишофии хориҷии Русия (СВР), Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ), Хадамоти федералии ҷазо (ФСИН), Роспотребнадзор ва Агентии федералии тиббӣ ва биологӣ (ФМБА) метавонанд нисбати “муҳоҷирони номатлуб” чунин тасмим бигиранд.

Тибқи иттилои вазорат, дар тӯли панҷ моҳи соли равон чунин қарор нисбати 19 нафар қабул шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 тақрибан 20% камтар аст.

11-уми июл Вазорати корҳои дохилӣ мораторияи номатлуб эътироф кардани будубоши муҳоҷирон ба қаламрави Русияро то 30 сентябр тамдид кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 9-уми июли соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи қоидаҳои нави вуруд ва будубоши хориҷиён ба кишвар омода кард. Дар лоиҳа тағйиру иловаҳо, аз ҷумла, тавсия дода шуд, ки иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП) дар Русия бекор карда шавад.

Худи ҳамон рӯз иттилоъ дода шуд, ки барои вуруд ё будубоши дарозмуддат дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ як ҳуҷҷати ягона бо маълумоти электронӣ мегиранд.

Вазири кишоварзӣ: сабзиро арзон мекунем

0

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои арзон шудани нархи сабзӣ ҳосили тобистонаи деҳқононро интизор аст.

Бино ба навиштаи гурӯҳи фейсбукии “Ахбор-Плюс”, вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба гароншавии нархи сабзӣ ишора кард ва ваъда дод, ки арзиши ин маҳсулоти хӯрокаро арзон хоҳад кард.

Вазири кишоварзӣ сабаби болоравии нархи сабзиро дар Тоҷикистон ба сардиҳои зимистони гузашта рабт дод ва афзуд, ки ин боиси кам шудани кишти зироати ин маҳсулот дар кишвар шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, “соли гузашта сабзӣ дар Тоҷикистон нархи бисёр паст дошт ва ба наздикӣ ҳам нархи он пойин мешавад ва ҳосили нави сабзӣ дар роҳ аст”.

Ёдовар мешавем, ки имсол нархи сабзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон то 11 сомонӣ боло рафт, ки он нигаронии мардумро ба бор овард. Сабзӣ яке аз маҳсулоти серистиъмол барои мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Гуфтанист, 12-уми июл нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар рӯзи аввал чанд вазорат, аз ҷумла Вазорати адлия ва Вазорати кишоварзӣ нишатсҳои матбуотии худро доир карданд.