Хона блог саҳифа 476

Боздошти раҳбари нави ДИИШ дар Туркия

0

Мақомоти Туркия имрӯз, 26-уми май аз боздошти раҳбари нави гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) хабар дод.

Акс аз сомонаи “stringfixer.com”

Мақомоти аршдаи Туркия дар суҳбат бо расонаи “Bloomberg” аз боздошти раҳбари нави ДИИШ дар як амалёти печидае дар шаҳри Истанбул хабар доданд.

Гуфта мешавад, пулиси зидди террурсими нерӯҳои амниятии Туркия мардеро боздошт кардаанд, ки ба эҳтимоли қавӣ баъд аз кушта шудани раҳбари пешини ДИИШ дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар Сурия ин фарди боздоштшуда гурӯҳи ДИИШ-ро раҳбарӣ мекард.

Дар ҳамин ҳол расонаи дигари туркӣ “OdaTV” фарди боздоштшударо Абул-Ҳасан Ал-Қурайшӣ муаррифӣ карда, вале шарҳ надодааст, ки ин маълумотро аз куҷо ба даст овардааст. Ин расона мегӯяд, Президенти Туркия аз боздошти раҳбари ДИИШ хабар дорад ва эҳтимол меравад рӯзҳои наздик расман боздошти раҳбари нави ДИИШ Абул-Ҳасан Ал-Қурайширо эълон кунад.

Ба гузориши расонаҳои туркӣ, хонае, ки раҳбари ДИИШ дар он зиндагӣ мекард, аз тарафи пулиси Туркия рузҳо таҳти назорат қарор доштааст ва амалиёти мазкурро шахсан раиси пулиси Истанбул Зафер Акташ роҳбарӣ мекард.

Охирин раҳбари ДИИШ 3-уми феврали соли 2022 дар Сурия кушта шуд. Абубакри Бағдодӣ, раҳбари аввалини ин гурӯҳ, ки соли 2014 хилофати худро эълон карда буд, моҳи октябри соли 2019 дар як амалиёти махсуси Амрико дар Идлиби Сурия кушта шуд.

Баъд аз кушта шудани Бағдодӣ ДИИШ Абуиброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайширо раҳбари нави худ эълон кард ва ӯ низ дар як амалиёти вижаи Амрико аввали соли ҷорӣ дар Идлиб кушта шуд. Пас аз таъйиди куштани шудани раҳбари дуюми ДИИШ, ин созмон Абул-Ҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайширо, ки гӯё аз қабилаи Қурайш аст, раҳбари ҷадиди худ эълон карда буд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

0

Президенти Тоҷикистон дар идомаи сафарҳои кории худ ба шаҳур ноҳияҳои кишвар имрӯз ба минтақаи Кӯлоб рафта, даъват кард, ки “ҳушёриву зиракии хударо аз даст надиҳанд.”

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, субҳи имрӯз Эмомалӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рафта, аз ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан кардааст.

Президент Эмомалӣ тайи ин сафари худ ба ноҳим Шамсиддини Шоҳин бештар вақти худро дар дидор бо афсарону марзбонони кишвар, аз ҷумла дар дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми Тоҷикистону Федератсияи Русия, ки ҳоло ба дидбонгоҳи сарҳадии “Сари ғор” маъруф аст, гузарондааст.

Ин дидбонгоҳ дар соли 1993, дар вақти ҷанг байни нерӯҳои Иттиҳоди нерӯҳои опозитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ) мавриди ҳамла қарор гирифта, 25 афсари рус кушта шуда буд. Аммо ба назар мерасад, ваҳшати он ҳамла ҳамоно дар зеҳни Эмомалӣ Раҳмон нақш бастааст.

Зеро Хадамоти матбуоти Президент мегӯяд: “Новобаста аз вазъи мураккаб ва нооромии сиёсии минтақаи сарҳадӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли фоҷеа ташриф оварда, бо сарбозон мулоқот анҷом доданд…”

Ин чунин дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии “Ёл” дар ин ноҳия дидан карда, бо вазъи сарбозону афсарони он аз наздик шинос шудааст.

Бо таваҷҷуҳи авзоъи сиёсиву иқтисоди Тоҷикистон ва минтақа Эмомал Раҳмон бо нигаронӣ аз мақомоти аманиятӣ ва интизомии кишвар, ба хусус аз афсарони сарҳадбон даъват кардааст, ки “ҳӯшёриву зиракии худро аз даст надода, содиқонву софдилона хизмат кунанд.”

Дар идомаи сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳияи дурдасти кишвар бо мардум, ба хусус деҳқонон низ дидору мулоқотҳое доштааст. Вай дар ин мулоқотҳо аз онҳо хостааст, ки барои афзоиши содироти мева ва маҳсулоти полезии кишвар зиёдтар талош кунанд.

Баъзе таҳлилгарони мустақил бар ин назаранд, ки эҳсоси ноамнӣ ва нигарониҳои Эмомалӣ Рамҳон дар ин рӯзҳои ахир нисбат ба гузашта хеле зиёдтар шудааст, зеро аз як тараф гаронӣ ва рушди бекорӣ дар кишвар мардумро ба дод овардаву аз тарафи дигар амалиётҳои даҳшатофари мақомоти қудратӣ ва қатли даҳҳо нафар аз сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва боздошту зиндонӣ кардани садҳо каси дигар эҳтимол хашму ғазаби мардумро боз ҳам бештар кунад.

Бинои “Тоҷиксодиротбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ба фурӯш гузошта шуд

0

Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон”- Тоҷиддин Пирзода, рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ ба музояда гузошта шуд. Масъули гузаронидани музояда раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон мебошад.

Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ки 22 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, беш аз 125,2 миллион сомонӣ (ҳудуди 11 миллион доллар) нархгузорӣ шудааст. Дар сурати пайдо шудани харидорон нархи он метавонад боло равад ё дар сурати набуди харидор эҳтимол нарх поин оварда шавад.

Раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузорӣ – масъули гузаронидани музояда, ҳмчунин меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-ро, ки қаблан ба Тоҷиддин Пирзода, саҳомдори аслии “Тоҷиксодиротбонк” тааллуқ дошт, ба фурӯш гузоштааст.

Нархи ибтидоии меҳмонхонаи “Тоҷикистон” 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ (ҳудуди 25 миллион доллар) муқаррар шудааст. Ин меҳмонхона дар маркази шаҳр дар масоҳати зиёда аз 2 гектар замин бунёд шуда, дорои 139 ҳуҷра мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми майи соли 2021 Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳам додани ду бонк, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” хабар дода буд. Ҳарду ташкилоти қарзӣ аз соли 2015 бо буҳрон рӯ ба рӯ буда, пасандозҳои амонатгузоронро баргардонда наметавонистанд.

Ҳангоми барҳам додани ин бонкҳо, “Агроинвестбонк” тақрибан 28 ҳазор ва “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор муштарӣ доштанд.

Вокуниши мақомот ба “раҳбари шиъаёни Тоҷикистон” хондани М.Мамадбоқиров

0

Шуъбаи дини Бадахшон ва ду Кумитаи Рушди ҷамоатхонаҳои Тоҷикистон дар бораи “раҳбари шиёани Тоҷикистон” ном бурдани Мамадбоқир Мамадбоқиров вокуниш карданд.

Субҳи имрӯз, 26-уми майи соли 2022 ду Кумитаи Рушди ҷамоатхонаҳо дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе ва Шуъбаи дин мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нашри баёнияҳои алоҳида “раҳбари шиаёни Тоҷикистон” номидани шаҳид Мамадбоқир Мамадбоқировро рад кардаанд

Ин ду Кумитаи Рушди ҷамоатхонаҳо дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе бо камоли адаб гуфтаанд, ки “марҳум Мамадбоқир Мамадбоқиров” дар замони дар қайди ҳаёт будан “аз назари динӣ ва мазҳабӣ ҳеҷ мақоме ва ваколате барои роҳбарӣ намудани шиаёни исмоилӣ дар Тоҷикистон надоштанд.”

Аммо бар хилофи ин ду Кумитаи Рушди ҷамоатхонаҳои исмоилиёни Тоҷикистон Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳид Мамадбоқир Мамадбоқировро “ҷинояткор” ва “мардумозор” гуфта, таъкид карда, ки “лидери мазҳаби шиӣ” эълон кардани ӯ “куллан нодуруст” мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дар бахши тоҷикии Интернет аксар расонаҳо ва корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳид Мамадбоқир Мамадбоқиров ҳамчун “яке аз раҳбарони маҳаллӣ дар Бадахшон” ёд мекунанд, аммо пас аз террори марҳум бахши форсӣ ва арабии Интернет дар бораи ӯ ба касарат истилоҳи “раҳбари шиаёни Тоҷикистон” зикр шудааст ва зоҳиран ин вокунишҳо ба корбарони форсизабон марбут мегардад.

Гуфта мешавад, аз нигоҳи мазҳабӣ пайравони шиаёни имомии исмоилӣ дар Тоҷикистон ҳамчун дигар шиаёни исмоилии низорӣ Волоҳазрат Карим Оқохонро роҳбари ягонаи динӣ ва мазҳабии худ мешиносанд ва дар сатҳи маҳал фаъолияти онҳоро Кумитаи Рушди ҷамоатхонаҳо муаррифӣ менамояд.

Марҳум Мамадбоқир Мамадбоқиров асри 22-уми майи соли ҷорӣ тавассути кормандони мақомоти қудратӣ дар зодгоҳаш шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон террор шуда, ба қатл расид. Шаҳодати Мамадбоқир Мамадбоқиров вокунишҳои зиёдеро дар Тоҷикистон ва минтақа ба ҳамроҳ дошт.

Боздошти як тоҷикистонӣ бо иттиҳоми қочоқи афюн дар Қирғизистон

0

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон як тоҷикистониро бо гумони қочоқи 8 килову 350 грамм афюуни хом боздошт карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Акс аз КДАМ-и Қирғизистон

25-уми май хабаргузории қирғизии 24.kg бо такя ба маркази матбуоти КДАМ-и Қирғизистон хабар дод, ки гумонбар дар ҷараёни гузаронидани як амалиёти вижаи мақомоти марзбонии Қирғизистон боздошт шудааст. Боздоштшуда дар қочоқи маводи мухаддири навъи афюн ба кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия муттаҳам мешавад.

“Дар марз бо Тоҷикистон дар деҳаи Арқаи ноҳияи Лейлек як шаҳрванди кишвари ҳамсоя дастгир шудааст. Аз ӯ афюни хом, ки вазни умумии он 8 киллову 350 грамро ташкил медиҳад, мусодира карда шуд. Боздоштшуда дар боздошгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон қарор дорад. Муайян кардани иштирокчиёни дигари ҷиноят идома дорад”, – омадааст дар хабари 24.kg ба нақл аз КДАМ-и Қирғизистон.

То ҳол дар ин бора мақомоти расмии Тоҷикистон вокунише накардаанд. Ҳувият ва макони зисти боздоштшуда дар кишвар маълум нест.

Корея дар Тоҷикистон барои мутахассисони “лифтсоз” донишгоҳ месозад

0

Кореяи Ҷанубӣ аз омодагии худ барои бунёди донишгоҳе дар Тоҷикистон, ки мутахассисони техникӣ, хусусан лифтсозонро омода кунад, хабар додааст.

Бино ба иттилои

Акс аз сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Аммо аз атфсилоти ин хабар чизе гуфта нашудааст. Чӣ замоне ва дар кадом минтақаи Тоҷикистон бунёд шудни ин донишгоҳ маълум нест. Ва ҳамчунин аз ҳаҷми сармоягузории Тоҷикистон дар бунёди ин донишгоҳ низ чизе гуфта намешавад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм кардаанд. Забони кореягӣ дар Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон ба донишҷӯён таълим дода мешавад.

“Алфа” ва “ОМОН” дар маҳаллаи Бархоруғ киро меҷӯянд?

0

Шоми 25-уми майи соли ҷорӣ, афсарони “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва “ОМОН” дар чанд “КамАЗ” ва мошинҳои боркаш вориди маҳаллаи Бархоруғ шуда,  дар “Пастчид” ва тарабхонаи “Лаззат” ҷойгир шуданд.

Pamir Daily News, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пӯшиш медиҳад, дар истинод ба манбааш хабар дод, ки афсарон ба сӯи сокинони маҳаллӣ, ки кӯшиши боздоштани онҳоро кардаанд, оташ кушодаанд.

Гуфта мешавад, ин афсарон нафареро бо насаби Носиралиев ҷустуҷӯ доранд. Онҳо сокинони маҳаллиро таҳдид кардаанд, ки агар ин шахс берун набарояд, хона ба хона гашта ӯро пайдо мекунанд ва Бархоруғро ба шакли васеъ “поккорӣ” хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол манбаъ аз зиёд шудани нерӯ ва техникаи низомӣ дар шаҳри Хоруғ хабар дод. Инчунин гуфта мешавад, ки талоши баргузории амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи раҳбарони дигари ғайрирасмӣ пас аз қатли Мамадбоқир Мамадбоқиров аз эҳтимол дур нест.

Ба Azda.tv то ҳол муаяссар нашудааст, ки хабарро аз манобеи дигар тасдиқ кунад. Дар ҳоли дастрасӣ ба иттилои тозае хабар такмил мешавад.

Баргузории Конфронси амниятии Афғонистон дар Душанбе

0

Қарор аст тайи ду рӯзи оянда дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон як “нишасти амниятӣ” дар умури Афғонистон баргузор шавад.

Бино ба иттилои “The Times of India“, қарор аст рӯзҳои 26-27-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе як конфронси амниятӣ дар умури Афғонистон баргузор шавад. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикитсон дар Душанбе то ҳол расман дар ин хабар надодааст.

Ба ин вуҷуд, ин рӯзномаи ҳиндустонӣ мегӯяд, интизор меравад, дар ин нишасти амниятӣ дар хусуси Афғонистон масоили вобаста ба буҳрони инсонӣ, мушкилоти амниятӣ, аз он ҷумла таҳдидҳои терроризми фаромарзӣ дар ин кишвар мавриди баррасӣ қарор бигиранд.

Иштирокчиёни ин нишасти Душанберо намояндаҳои кишварҳои Чину Русия, Покистону Ҳиндустон ва кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ ташкил хоҳанд дод.

Аз замони дубора сари қудрати омадани Толибон дар Афғонистон пайваста ҳамсояҳои он ва кишварҳои минтақа дар нишастҳои дохилӣ ва минтақавии худ аз ҳузури Толибон дар раъси қудрат дар Афғонистон эҳсоси ноамнӣ намуда, аз тарзи ҳукуматдории он интиқод кардаанд. Аммо Толибон ҳам таъкид ба таъкид гуфтаанд, ки хатари таҳдидҳо аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч кишваре сурат нахоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, 15-уми августи соли 2021 пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ раисҷумҳури Афғонистон Толибон қудратро дар ин кишвар ба даст гирифтанд. Бо гузашти зиёда аз 9 моҳ то кунун ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст ва ягон давлате ҳам эълон накардааст, ки дар моҳҳои наздик давлатдории онҳо дар Афғонистонро расман эътироф мекунад.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони СПАД баргузор шуд

0

24-уми майи соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири дифои Ҷумҳурии Арманистон Сурен Папикян ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар шакли онлайнӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа вазирони дифои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия, инчунин Дабири кулли СПАД Станислав Зас ва сардори Ситоди муштараки СПАД генерал-полковник Анатолий Сидоров ширкат карданд.

Дар ҷаласа масоили амнияти марбут ба минтақа ва чолишҳову таҳдидҳо ба онро баррасӣ намудаанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъ таъкид шудааст, ки доираи таҳдидҳо ба амнияти низомии кишварҳои узви СПАД хеле васеъ боқӣ монда, баргузории тамринҳои муштарак бо ҳузури нерӯҳои дастаҷамъии СПАД-ро дар соли 2023 тасдиқ кардаанд.

Инчунин дар ин ҷаласа якчанд ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла такмили идоракунии Қӯшунҳои СПАД, ташкили ҳифзи муштараки радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ва таъмини тиббӣ ба тасвиб расидааст.

Дар охири ин ҷаласа вазири дифои Ҷумҳурии Арманистон Сурен Папикян пешниҳод кардааст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони дифои СПАД нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Арманистон баргузор шавад.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ – созмони ҳарбӣ-сиёсии таҳти нуфузи Русия буда, аз  ҷонби ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ 15-уми майи соли 1992 ташкил шудааст.

Истиқболи сафорати ИМА аз мақомоти Тоҷикистон

0

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико(ИМА) дар Душанбе аз пазироии меҳмонони баландрутбаи ин кишвар дар Тоҷикистон истиқбол кардааст.

24-уми майи соли 2022 Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки “ҳукумати ИМА барои кӯмак ба Тоҷикистон мутааҳид аст.”

Сафорати ИМА таъкид мекунад:

“Мо аз истиқболи ҳайате дар Душанбе ифтихор мекунем, ки дар он раҳбарони воломақоми ҳукумати ИМА бо ҳамтоёни худ мулоқот карда, авлавиятҳо ва имконоти таҳкими ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистонро дар мавриди ҳадафҳои муштараки амният, иқтисодӣ ва ҳуқуқи башар баррасӣ хоҳанд кард.”

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле аз ин ҳайати баландрутбаи Амрико дар Тоҷикистон пазироӣ мекунад, ки дирӯз мақомоти кишвар бо нашри як навори 16-дақиқаӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ созмони “Internews Network”-и ин кишварро ба маблағгузорӣ дар ҳодисаҳои ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муттаҳам карда буд.

Гуфта мешавад, дар ин ҳайати амрикоӣ дар Тоҷикистон “ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу, иҷрокунандаи вазифаи ёвари Котиби Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат Маурин Ҳаггард, директори аршадии Шӯрои амнияти миллӣ Эрик Грин, муовини ёвари Вазорати мудофиа Ребекка Зиммерман, муовини ёвари маъмури Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) оид ба Осиё Анҷали Каур ва муовини сардори раёсати Корпоратсияи молияи байналмилалии рушди ИМА Наз Ал-Хатиб” ҳузур доранд.