Хона блог саҳифа 474

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш пурра иҷро шуд

0

Вазорати мудофииа Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, ВМКБ дар рӯзи аввали даъват ба артиш  аз иҷрои нақша хабар дода, дар нимаи аввали моҳи апрел шаҳри Душанбе ва то охири моҳи май тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаро пурра иҷро карданд.

Вазорати мудофиаи кишвар аз ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, ки дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд ва волидоне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардидаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст.

Ҳамзамон Вазорат таъкид карда, ки бо вуҷуди пурра иҷро шудани нақшаи даъват ба артиш, тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки соли 2020 қабул гардида буд,  “ҷавонони синни даъватӣ бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд”. Яъне, тибқи ин модда мақомот метавонанд давоми сол ҳар вақт ҷавононро ба комиссариат даъват ва барои ба артиш ҷалб намудан омода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола аз 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома мекунад.

Дар ин мавсими навтӣ хабару наворҳои зиёде дар бораи ҷалби иҷбории ҷавонон ва ҳатто донишҷӯён расонаӣ шуд.

Мақомот ба фарқ аз солҳои қабл дар ин даъвати баҳорӣ аз шеваи нав истифода бурданд. Шеваи нави даъват ин буд, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бар асоси мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон, ба ҳамаи хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозат дода мешуд, ки “ихтиёран” имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд.

Баъди ин мактуб, расонаҳои ҳукуматӣ аксҳои зиёди донишҷӯёнро нашр намуда, гуфта буданд, ки донишҷӯён имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супорида ихтиёран ба артиш рафтаанд. Вале дар ҳамин ҳол, қисми зиёди хатмкунандагон ва волидонашон ба расонаҳо шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, то имтиҳонро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд.

Русия ҳамлаҳои худ ба Украниаро “ҷанги шаҳрвандӣ” хонд

0

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, Маскав омодааст бо Киев сари мизи гуфугӯ ва музокирот бишинад, то дар Украина сулҳу субот барқарор шавад.

Бино ба иттилои, “INTERFAX“, “Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, Русия музокирот бо Украинаро барои расидан ба созишномаи сулҳ идома медиҳад.”

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия бар хилофи президенти ин кишвар Владимир Путин ҳамлаҳои кишвараш ба Украинаро “ҷанги шаҳрвандӣ” гуфта, таъкид кардааст: “Мо барои музокирот омодаем ва ба роҳҳалҳои мусолиматомези дипломатӣ ниёз дорем, аммо ин иродаи ду кишварро тақозо мекунад.”

Валентина Матвиенко, ки дирӯз ҳангоми мулоқот бо президенти Мозамбик дар Мапуту суҳбат мекард, афзуд:

“Мо барои музокирот, имзои созишномае, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Украина хотима бахшад ва ба сулҳ оварда расонад, омодаем, аммо чунин вокунишеро аз тарафи Киев намебинем.”

Рӯзи панҷшанбеи 24-уми феврали соли 2022 амалиёти низомии Русия дар минтақаи Шарқ ва Шимолу Шарқи Украина пас аз фармони Владимир Путин оғоз шуда буд.

Қабл аз оғози амалиёт раисҷумҳури Русия дар паёмаш гуфта буд: “Мутобиқи моддаи 51 қисми 7-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, бо иҷозати Шӯрои Федератсия Русия ва бо риояи шартномаҳои дӯстӣ ва кумаки мутақобила, ки аз ҷониби Маҷлиси федералӣ 22 феврали соли ҷорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Донетск ва Ҷумҳурии Халқии Луганск тасмим гирифтам, ки амалиёти махсуси низомӣ гузаронам.”

Путин то имрӯз иддао дорад, ки ин амалиёти ӯ дифоъ аз худ ва барои пешгирӣ аз таҳдидҳои бузургтаре анҷом мешаванд. Аммо Амрико ва сарони кишварҳои арврупоӣ ин амалиёти низомии Русияро ҳуҷум ба хоки Украина дониста, аз Путин хостанд, фавран амалиётро қатъ кунад.

Бо гузашти наздик ба 100 рӯз аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина то кунун Маскав натавонистааст, ки ба аҳдофи худ дар ин ҳамсоякишвараш даст пайдо кунад ва бо вуҷуди зери фишорҳо ва таҳримҳои зиёд қарор гирифтан ҳанӯз маълум нест, ки ҷанг дар Украина кай поён меёбад.

Тавофуқи Иттиҳоди Аврупо бар сари манъи воридоти нафти Русия

0

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо пас аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ бар сари масдуд кардани аз се ду ҳиссаи воридоти фаровардҳои нафтии Русия ба тавофуқ расиданд.

Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар нишасти ахири худ, бо вуҷуди зиддияти Маҷористон бар сари таҳрими куллии маводи нефти Русия, ҳаддиақал ба манъи воридоти аз се ду ҳиссаи он ба тавофуқ расиданд.

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо гуфта, ки ин иқдоми навбатии Аврупо алайҳи Русия ба хотири поён додани ҷанг дар Украина гирифта шуда ва умедвор аст “ин иқдом боиси фишори ҳадди аксаре бар Русия барои поён додан ба ҷанг мешавад”.

Гуфта мешавад, сарони кишварҳои аврупоӣ барои ҷорӣ кардани ин таҳрими навбатӣ алайҳи Русия ба ихтилофоте байни худ рӯ ба рӯ шуданд. Маҷористон бештар сари ин масъала мухолифат нишон медод.

Манъи воридоти нафти Русияро ҳамчун таҳрими навбатӣ алайҳи Русия моҳе пеш Комиссияи Аврупо, ки асосан танзимгари қовонини Иддиҳодия аст, пешниҳод карда буд.

Панҷ тоҷикистонӣ дар Олмон равонаи зиндон шуд

0

Додгоҳе дар Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар “амалиётҳои ҳаросафканӣ” ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон кард.

Акс аз DW

Ба гузориши хабаргузории “Deutsche Welle”-и Олмон, 31-май соли 2022 додгоҳе дар шаҳри Доюселдорфи Олмон панҷ тоҷикистониро бо иттиҳоми даст доштан дар як гурӯҳи ҳаросафкании муртабит ба ДИИШ аз 3 солу 8 моҳ то 9 солу шаш моҳ маҳкум ба зиндон кард.

Дар ин гузориш иддао шудааст, “ин афрод аз яке аз чеҳраҳои баҷастаи ДИИШ дар Афғонистон дастур дарёфт мекарданд”, ва маҳоратҳои низомии худро бо истифода аз бозиҳои “пейнтбол” тақвият мекарданд.

Бархе дигар аз расонаҳои олмонӣ мегӯянд, ин афрод дар соли 2012 ба ин кишвар паноҳанда шуданд ва аз соли 2019 тамосҳои худро бо Афғонистон барқарор кардаанд. Ба иддаои онҳо “ин афрод қасд доштанд яке аз мунтақидони исломро ба қатл бирасонанд.”

Хабаргузориҳои олмонӣ гузоришҳои худро аз қавли мақомоти ин кишвар таҳия карда, вале назари маҳкумшудагон, адвокатҳо ва ё пайвандону наздикони онҳо дар ин бора маълум нест. Аздо тв ҳам то ҳол натавониста аз адвокатҳо ва пайвандони маҳкумшудагон дар бораи то куҷо даст доштани онҳо дар гуноҳи бар зиддашон эълоншуда маълумоте дастрас кунад.

Болоравии қурби рубли русӣ дар муқобили пули миллӣ-сомонӣ

0

Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллӣ-сомониро дар баробари рубли русӣ наздик ба 6 дарсад пойин бурд.

Имрӯз, 31-уми майи соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллӣ-сомониро дар муқобили қурби рубли русӣ ҳудуди 6% пойин бурда, айни замон арзиши 1 рубли русиро баробар ба 0.1770 сомонӣ таъйин кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз, 30-юми майи соли ҷорӣ дар ин бонк қурби 1 рубли русӣ баробар ба 0,167,5 сомонӣ эълон шуда буд. Акнун бо ҳисоби имрӯз, арзиши 1000 рубли русӣ баробар ба 177 сомонӣ таъйин шудааст.

Аммо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба монанди Коммерсбонки Тоҷикистон хариди 1000 рубли русиро 140 ва фурӯши онро 195 сомонӣ эълон кардааст. Дар Бонки байналмиллалии Тоҷикистон бошад, арзиши 1000 рубли русӣ ҳангоми харид 170 ва дар вақти фурӯш 185 сомонӣ таъйин гардидааст.

Бо ин ҳол дар Халиқ бонк Тоҷикистон бошад, қурби 1000 рубли русӣ барои харид 160 ва барои фурӯш 180 сомонӣ муқаррар гардидааст. Аммо дар Ориёнбонку Амонатбонк ва Бонки Эсхата бошад арзиши 1000 рубли русӣ ҳангоми харид аз 155 сомонӣ то 175 сомонӣ ва дар вақти фурӯш аз 156 то 180 сомонӣ эълон шудааст.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҷанги Русия ва ҳамлаҳои нерӯҳои ин кишвар алайҳи Украина қурби рубли русӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ба таври сунъӣ боло ва пойин бурда шудааст, ва Бонки миллии Тоҷикистон низ дар ин муддат борҳо арзиши пули миллӣ-сомониро болову паст намуда, аммо бонкҳои тиҷоратии кишвар, ки бо мардум доду гирифт доранд, ҳамеша дар ин бора ба фарқ аз Бонки миллӣ қурби муайянкардаи худро доранд.

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо раҳбари Эрон

0

Раҳбари Эрон дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон гуфт, ” таваҷҷӯҳ ба зарфиятҳои дарунӣ аслиҳаи таҳримро аз кор меандозад.”

Асри дирӯз, 30-юми майи соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон ба мулоқоти Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманӣ рафт.

Раҳбари Эрон дар ин мулоқот бо Президенти Тоҷикистон гуфт, “нигарониҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бораи Афғонистон муштарак аст” ва дар бораи вуҷуди таҳримҳо афзуд, “он чизе, ки ин аслиҳаро аз кор меандозад, таваҷҷӯҳ ба нерӯҳо ва зарфиятҳои дарунӣ аст.“

Инчунин ҷонибҳо дар ин мулоқот “масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ, амниятӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафайнро муҳокима карданд.”

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон пас аз 9 соли вақфа ба Эрон сафар кард. Дар ин 9 сол то тавонист бар алайҳи ҷумҳурии исломӣ тохт, фаъолиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон дар Тоҷикистонро маҳдуд кард. Расман Теҳронро ҳомии терроризми байналмилалӣ муаррифӣ намуда, даҳҳо нафар аз таҳсилкардаҳои тоҷик дар Эрон бо баҳонаҳои мухталиф боздошт ва ба зиндон фиристод. Аммо диплумосии нарми Эрон дирӯз Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур кард, ки дар қалби Теҳрон назди парчами Эрон таъзим кунад.

ВКД аз қатли чанд зодаи Рӯшон хабар дод

0

Ба иддаои ВКД ин нафарҳо аз 18-уми майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, 31-уми май, соати 09:30 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ба ном “зиддитеррористӣ” дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон ба қатл расонида шудаанд.

Кушташудагон Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Мавлододов Ҳабиб Феткаевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Палаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар мебошанд.

Маълум нест ин нафарон дар кадом ҳолат ба қатл расонида шудаанд, аммо ВКД менависад, ки онҳо “ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд”.

ВКД ҳамаи ин нафаронро “аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва террористӣ” номида, аз зинда дастгир шудани “яке аз роҳбарони ин гурӯҳ” Палаев Қулмаҳмад Каримович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар хабар додаааст.

Дар идома ВКД менависад, ки “зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр ва фосилаи 1 км аз хати Сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст, 1 адад силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир, 1 адад пулемёти Калашников бо 150 дона тир, 1 адад гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 адад гулӯла, 4 автомати Калашников бо 5 тирдон ва 135 дона тир, 5 адад норинҷаки дастӣ ва 2 адад таппончаи Макаров бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд” .

ВКД дар ҳоле аз ин амалиёти ба ном “зиддитеррористӣ” хабар медиҳад, ки як рӯз пеш яъне шоми 30-юми май дар сомонааш исми 10 сокини ноҳияи Рӯшонро, ки бо иттиҳоми даст доштан дар эътирозҳои ахир дар ноҳияи Рӯшон таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаанд, нашр карда буд. Ва субҳи имрӯз чанд тани ин нафарони дар ҷустуҷӯ қарор дошта, боздошт ва ба қатл расонида шудаанд.

Таҳқиқ ва ростиозмоии он чӣ Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи қатли ин сокинони ВМКБ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир барои Аздотв имконнопазир аст, аммо дар гузашта кормандони ин вазорат худашон чандин ҷиноятҳои сангини дигаре ба мисли қатли собиқ вазири корҳои дохилӣ генерал Маҳмадназар Салихов-ро анҷом дода, сипас ба мардум дурӯғ гуфта буданд, гӯё вай худаш худкӯшӣ карда бошад.

Чаро Эмомалӣ Раҳмон ба парчами Эрон таъзим кард?

0

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон аз чанд ҷиҳат хабарсоз шуд, вале таъзими ӯ бар парчами ҷумҳурии исломӣ рекорди тамоми чоназаниҳои қаблии ӯро шикаст.

30-юми майи соли 2022, хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломӣ, ки раванди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳронро инъикос мекард, аксеро зери унвони “таъзими Эмомалӣ Раҳмон ба парчами Эрон” нашр кард, ки хабарсоз шуд.

Дар ин акс дида мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, ки то чанд рӯзе пеш Эронро кишвари ҳомии “терроризми байналамилӣ”, “омили қатлҳои занҷираӣ” дар кишварамон ва мабалағгузории рақиби сарсахташ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муаррифӣ мекард, он рӯз бо камоли пуррӯйӣ назди парчами Эрон таъзим мекунад.

Пеш аз хабарсоз шудани таъзими Эмомалӣ Раҳмон ба парчами Эрон ҷомадонҳои аҷиби ӯ, ки ҳангоми фурӯд аз таёра дар дасти муҳофизони ӯ дар фурӯдгоҳи Меҳрободи Эрон ба чамши дурбини расонаҳо роҳ ёфта буд, низ хабарсоз шуда, фарзияҳои мухталиферо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда буд.

Бо ин вуҷуд, дар хеле аз аксу наворҳои нашр шуда аз рафти ин сафар дида мешуд, ки Президенти Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо Вазири нерӯ

Путин тавониста дар давоми ҳукумти ду даҳсолааш лаҷоми ҳар дуро ба даст бигирад ва ҳар дуро гар бихоҳад ба як дигар душман кунад ва ё агар бихоҳад мисли ҳамсарони талоқталаб сарони Теҳрону Душанберо бо ҳам оштӣ бидоронад. Шояд ба ҳамин хотир аст, ки Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои Русия ба Украина расман зиддияте аз худ нишон надод, вале Эмомалӣ Раҳмон дар сафари ахири худаш ба Маскав назди Владимир Путин ҳам сар хам карда буд. Сар хам кардани ӯ назди Путин дар рӯбарӯи сарони дигар кишварҳо чандин паём дошт.

Аз сӯи дигар маълум аст, ки як ҳукумати заъиф дар Кремлин наметавонад таъмини амният ва ҳифзи суботи сиёсиву иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистонро бар Русия тарҷеҳ диҳад. Ба иборати возеҳтар, Эмомалӣ Раҳмон низ ин масъаларо хуб дарк карда, акнун мехоҳад барои пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ барои худаш зери домони раҳбари ҷумҳурии исломӣ паноҳгоҳи амнеро онҷо интихоб кунад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Боздошти ҳамсари раиси парлумони ИМА дар ҳолати мастӣ

0

Шавҳари раиси Маҷлиси намояндагони ИМА бо иттиҳоми дар ҳолати мастӣ рондани мошин боздошт шуд.

Акс аз ББС

Ба иттилои ББС, Пол Пелосӣ, ҳамсари Нэнси Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико барои идораи мошин дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи пулис, оқои Пелосии 82-сола шаби шанбе дар Напа, дар шимоли Сан-Франсиско боздошт шудааст.

Пол Пелосӣ бо иттиҳоми вайрон кардани ду қоидаи ронандагӣ боздошт ва бо пардохти 5 ҳазор доллар ҷарима раҳо шудааст.

Сухангӯи хонум Пелосӣ гуфта, ки вай дар замони рух додани ҳодиса ҳузур надошт ва дар ин бора чизе намегӯяд. Ҳар дуи онҳо тақрибан 59 сол боз бо ҳам якҷоя зидагӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон пеш аз анҷоми сафараш дар Эрон ба Тоҷикистон баргашт?

0

Эмомалӣ Раҳмон, ки расман бо сафари дурӯза асри дирӯз вориди Теҳрон шуда буд, имрӯз ҳамзамон аз хориҷ ё дохили кишвар нишаста 3 судяро аз вазифаҳояшон барканор кард?

Имрӯз, 30-юми майи соли 2022,

Гуфта мешавад, маъмулан вақте сарони кишварҳо ва ё меҳмонони олиқадари хориҷӣ вориди Теҳрон мешаванд, ба дидору мулоқоти раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ мераванд, вале то кунун ҳеч яке аз мақомоти расмӣ ва расонаҳои ду кишвар иттилоъ надодаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Алии Хоманаӣ мулоқоте дошта ё на.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз расонаӣ шудани фармони Президенти Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе дар хусуси барканори кардани ин се судя Хадамоти матбуоти президент дар сомонааш хабар дода, ки Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси ҷумҳури исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот кардааст.

Бо ин ҳол, имрӯз 30-уми май зоҳиран сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Эрон идома дорад, вале маълум нест ӯ кай ва чӣ гуна фармони аз кор озод кардани судяҳоро дар Душанбе имрӯз имзо кардааст.

Аз сӯи дигар Хадамоти матуботи Эмомалӣ Раҳмон расман дар бораи 16 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон ҳангоми ин сафар хабар додааст, вале Хабаргузории расмии Эрон IRNA мегӯяд, ки ҷонибҳо 17 зери 17 санад имзо кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии ҳамтои эрониаш Сайид Иброҳим Раисӣ, асри 29-уми майи соли ҷорӣ расман барои ду рӯз дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ вориди Теҳрон шуда, бо истиқболи Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён дар фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон рӯбарӯ гардида буд.