20 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 478

Евро-2020: Пирӯзии Англия бар Дания

0

Шоми дирӯз, 7-уми июл, дар даври дуввуми бозиҳои ниманиҳоии Евро-2020 Дания аз Англия шикаст хурд. Англия бори аввал дар таърихи худ ба финали Чемпионати Аврупо оид ба футбол баромад.

Дар дақиқаи 30-юм даниягӣ Миккел Дамсгор бо зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 39-ум Симон Кйер ба дарвозаи худ гол зад ва ҳисобро баробар намуд. Ин 11-ум “автогол” дар ин мусобиқа мебошад.

Дар нимаи дуввуми бозӣ низ ҳисоб тағйир наёфта, вақти изофӣ таъин шуд.

Дар дақиқаи 104-ум довари бозӣ пеналти таъйин намуд, ки норозигии корбаронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Ба назари корбарон довари бозӣ хато ҷаримаи 11-метра таъйин намудааст.

Дар аввал бозигари Англия Ҳарри Кейн натавонист пеналтиро ба ҳадаф расонад – Каспер Шмейхел зарбаи ӯро гардонд, аммо баъдан ҳамлагар тӯбро ба дарвоза даровард.

Кейн бо ин голаш рекорди Гари Линекерро аз рӯи шумораи голҳо дар Англия такрор намуд (10).

Бозии ниманиҳоии Евро-2020 Англия – Дания дар Лондон дар варзишгоҳи “Уэмбли” баргузор шуд.

Дар финал Англия бо тими миллии Италия бозӣ мекунанд. Бозӣ дар ҳамон варзишгоҳ 11 июл баргузор мегардад.

Гуфтанист, 6-уми июл, дар аввалин даври бозиҳои ниманиҳоии Евро-2020 дар Лондон Италия Испанияро шикаст дод.

Нигаронии вазирони корҳои хориҷии ОМ ва Афғонистон

0

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз афзоши нооромиҳо дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи ВКХ, нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) сурат гирифтааст.

Дар ин мулоқоти маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Нерӯҳои Ҳаракати Толибон дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон аксари вулусволиҳои ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказиро тасарруф карда, садҳо нафар аз нерӯҳои Афғонистон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон панаҳ овардаанд. Ин раванд нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаро афзош додааст.  

Ҳаити: боздошт ва кушта шудани қотилони президент

0

Ба гузориши ББС, Сардори полиси Ҳаити эълом кард, ки чор тан аз касоне, ки дар терорри президент гумонбар дониста мешуданд, кушта ва ду каси дигар аз онҳо боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Леон Шарл, сардори полиси ин кишвар шаби гузашта эълом кард, ки ҳамлагарон се тан аз кормандони полисро ба асорат гирифта, дар натиҷа заду хурди мусаллоҳона байни нерӯҳои бехатарӣ ва ҳамлагарон оғоз шуд.

Ҷумҳурии Ҳаитӣ бо интишори баёнияе гуфт, ки президенти ин кишвар, Ҷувенел Моиз аз тарафи як гурӯҳи мусаллаҳи номаълум дар хонааш ҳадафи тирборон қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, президент дар ҳодиса ҷон дод ва ҳамсари ӯ Мартин Моиз захмӣ шуда ва ба бемористон интиқол ёфт. Аммо каме баъдтар ҳамсари раисҷумҳур низ бар асари захми шадид дар бемористон даргузашт. Айни замон Сарвазири Ҳаитӣ, Клод Ҷозев умури давлатро ба зимма дорад.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба баёнияи ҳукумати Ҳаитӣ навишт, ҳодисаи куштори раисҷумҳур “тақрибан соати 01-и шаби 6 ба 7 июли соли ҷорӣ аз тарафи шахсони номаълум, ки баъзеашон испанӣ ҳарф мезаданд, рух дод. Ҳамлагарон ба манзили шахсии президенти ҷумҳурӣ ворид гардида, ӯро мавриди тирборон қарор додаанд”.

Хабаргузории “Associated Press” иттлоъ дод, ки дар ин кишвар ҳолати фавқулодда эълон шуда, фурудгоҳи давлатӣ муваққатан бастааст.  

Бино ба додаҳои тафтишоти пешакӣ қотилон шаҳрвандони хориҷӣ гуфта мешаванд. Аммо сафири Ҳаитӣ дар Вашингтон гуфт, ки қотилон зархаридони ҳирфаӣ будаанд ва худро ба сифати кормандони Идораи мубориза бо маводди мухаддири Амрико муаррифӣ кардаанд.

Президенти кушташудаи Ҳаитӣ соли 2017 ба қудрат расид. Мухолифонаш ӯро ба он муттаҳам мекарданд, ки низоми ҳукуматро ба сӯи диктотурӣ мебарад.

Лаҳистон: Боздошти 40 паноҳҷӯи афғон дар марз

0

6-июл сарҳадбонони Лаҳистон дар марз бо Беларус 40 нафар паноҳҷӯи Афғонистонро бо ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад боздошт кардаанд.

Хадамоти марзбонии Лаҳистон (Straz Graniczna) бо интишори иттилоияе мегӯяд, дар минтақаи Подляскаи ин кишвар 40 нафар муҳоҷирро, ки дар байни онҳо 6 нафар кӯдак низ ҳузур дорад, бо далели убури ғайриқонунӣ аз марзи Беларус ба сарҳади Лаҳистон боздошт шуданд.

Дар ин иттилоия гуфта мешавад, посбонони посгоҳи Наревтсаи наздисарҳадӣ дар шаҳраки Babia Góra (powiat hajnowski), 19 шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд, ки бо худ ягон ҳуҷҷат надоштанд. Ин 19 нафар аз қисмати сарҳадоти давлатӣ хуб муҳофизатнашуда маъруф ба “zieloną granicę” убур кардаанд.

Инчунин муайян карда шуд, ки боз 21 нафари дигар низ марзи Лаҳистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд.

Дар умум ин 40 нафари дастгиршуда 21 мард, 13 зан ва 6 нафар кудакони ноболиғ ҳама шаҳрвандони Афғонистон мебошанд ва бо қарори Додгоҳ онҳоро дар (урдугоҳи бастаи хориҷиён) қароргоҳи гурезагон ҷойгир карданд – омадааст дар гузориш.

Ҳамасола аз ҷониби паноҳҷӯёни афғон тақрибан 300 то 700 нафар дархости паноҳандагӣ аз ин кишвар мекунанд ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст.

Лаҳистон бо 4 кишвари пасошӯравӣ – Украина, Беларус, Литва ва вилояти ҷазирақаламрави Калинингради Русия ҳамсарҳад буда, дар маҷмӯъ қариб 1300 километр марзи мустақими заминӣ дорад.

Оғози ҳаракати қатораи тиҷоратӣ байни Чину Тоҷикистон

0

5-уми июл як қатори боркаши ҳомили 100 контейнер, ки дар онҳо масолеҳи гуногун вуҷуд дорад аз вилояти Шандуни Чин ба Тоҷикистон раҳсипор шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Шӯрои давлатии Чин хабар дод.

Дар хабар омада, ки ин қатораи борбарӣ аз шаҳри Синдао, ки дар Ҷануб-Шарқи Чин воқеъ шудааст ва ҳамарз бо Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад, рӯзи 5 июл соати 9: 10-и субҳ ба самти  Душанбе ҳаркат кардааст. Ин қатораи нав аз шаҳри Синдао Ҷануб-Шарқи Чин ҳаркат карда дар порти заминии минтақаи Худмухтори Уйғуристони (Кошғар) ҳамарз бо Тоҷикистон ба поён мерасд ва аз онҷо ин корвон бо мошинҳои боркаши вориди Хоруғ хоҳанд шуд.

Ин қатори борбари ҳомили маҳсулотҳои тиҷори ба шумули чархи худрав, маҳсулоти электрони ва мошинолот мебошад, ки дар маҷмуъ арзиши онҳоро 1.66 миллион баровард кардаанд ва пас аз 15 рӯз ба шаҳри Душанбе хоҳад расид.

Лю Сзянсзюн, директори Кумитаи маъмурии минтақаи намоишӣ гуфт, ки масири нав ҳаштумин хатти экспресси байни Чин ва кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мебошад, ки онро маркази байнимодалии он дар Чиндао хидмат мекунад.

Дар нимсолаи аввали соли равон ин марказ ба 297 қатора ба Аврупо ва Осиё хидмат расонд, ки ин нисбат ба соли гузашта 82 фоиз зиёд арзёбӣ мешавад.

Оғози “маршировка”-и донишҷӯён дар пойтахт

0

6-уми июл дар шаҳри Душанбе вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқололияти давлатии Тоҷикистон “маршировка”-и донишҷуён шурӯъ шуд. Дар ин бора яке аз иштирокчиёни ин чорабинӣ ба АздоТВ хабар дод.

Вай бо ирсоли аксу наворҳо гуфт, ҳоло дамои ҳаво то 35 дараҷа гарм аст, аммо ба ин нигоҳ накарда ҷавондухтарон маҷбуранд дар майдонҳо тамрин кунанд.

Тамринҳо дар варзишгоҳи марказии Душанбе сӯрат мегиранд ва донишҷуён аз донишгоҳҳои миллӣ, омузгорӣ, аграрӣ ва дигар донишгоҳҳои пойтахт 200 нафарӣ ба навабат тамрин мекунанд.

Дар рафти тамринҳо ба иштирокчиён як дафъа хӯрок низ дода мешавад, ки иборат аз “хот-дог” аст ва на ҳама вақт ба кулли иштирокчиён мерасанд.

Пеш аз ин рӯзноманигор Раҷаби Мирзо дар гурӯҳи фейсбукии «Ахбор барои афкор», бо 5 пурсиш аз вазири маориф суол карда буд, ки истифодаи донишҷуёну хонандагонро аз нигоҳи қонунгузорӣ дар маршировкаҳо шарҳ диҳад, вале бо гузашти як моҳ вазири маориф ҳеч посухи мушаххасе ба суолҳо ироа накард.

Бо ин вуҷуд, Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазири маориф ва илм дар саҳифаи фейсбукияш ба ин пурсишҳо чунин посух додааст, ки Раҷаб Мирзо посухи ин масъули вазоратро ба шакли зер хулоса кардааст:  “сухангӯи вазири маориф ва илм, ки ба худаш иҷозат медиҳад ба саволҳои барои вазир фиристодашуда “ҷавоб” бидиҳад, мутмаин аст, ки:

1. Аксари донишҷӯён бо хоҳиши худ ба “маршировка” мераванд;

2. Ин маънои ватандӯстиро дорад;

3. Донишҷӯенро бо ғизои бепул таъмин мекунанд;

4. 200 -300 сомонӣ ҳар моҳ пул медиҳанд;

5. Бо хобгоҳ таъмин менамоянд;

6. Дар вақти имтиҳону санҷишҳо кӯмак мекунанд;

7. Ҳеч касро барои иштирок накардан дар “маршировка” хориҷ накардаанд, мушкил пеш наовардаанд ва накарданду намеоранд;

8. “Маршировка” ҳарчанд мафҳуми ҳуқуқӣ нест, аммо ба қонунгузории Тоҷикистон ва ҷаҳон мухолифат надорад….

Ҳамзамон Раҷаби Мирзо дар назарсанҷие аз донишҷуён дурустии ин гуфтаҳои сӯхангуро пурсон шуда ва шумо ҳам тамошобини азиз метавонед дар назарҳоятонро бикоред.

Тоҷикистон танҳо аз донишҷӯён дар “маршировка”-ҳо истифода намекунад, балки кӯдакону наврасонро низ дар вақтҳои сармо ва гармо ба чунин чорабиниҳо ҷалб мекунад.

Тоҷикистон: 445 млн сомонӣ зарари офатҳои табиӣ

0

Бонки ҷаҳонӣ бо анҷоми як таҳқиқот дар Тоҷикистон 331 нуқтаи хатарзоро дар роҳҳои ошкор карда, ҳазинаи бартараф кардани хисороти эҳтимолӣ аз офатҳои табиӣ дар ин манотиқро 404 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши худ, ки рӯзи 1-уми июл ба нашр расид, хабар дод, ки офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таҳдид мекунанд.

Дар гузориш қайд гардида, ки хусусиятҳои геологӣ, иқлимӣ ва топографии Тоҷикистон боис мешавад, ки офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла заминҷунбӣ, обхезӣ, ярч ва тарма дар ин кишвар зиёд рух диҳад. Ин офатҳо дар кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ба зерсохторҳо ва некӯаҳволии иҷтимоӣ зарар мерасонанд.

“Дар байни солҳои 1992 то 2016 зарари иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон аз 1,8 миллиард доллари ИМА гузашта, тақрибан 7 миллион нафарро фаро гирифт”, – омадааст дар гузориш.

Гузоришгарон ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки “системаи ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳои мазкурро тақвият диҳад. Бояд системаҳои огоҳкунии саривақтӣ барои ошкор кардани нишонаҳои хатар, огоҳ кардани мардум дар роҳҳо ва ҷойҳои маскунӣ сармоягузорӣ шавад”.

Сармогузорӣ ва диққати махсус додан дар чунин системаҳо талафоти ҷонӣ ва молиро ҳангоми офатҳои табии коҳиш медиҳад.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ оварда, ки зарари умумии иқтисодӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба зерсохторҳои асосии роҳҳо дар Тоҷикистон солона тақрибан 0,5% ММД ҳисоб карда мешавад ва дар соли 2022 метавонад тақрибан 445 миллион сомониро ташкил диҳад.

Тибқи ин таҳқиқот дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар маҷмӯъ шумори офатҳои табиӣ, ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, ярч, тарма, ки метавонанд ба инфрасохтори роҳ таъсир манфӣ расонанд, дар тӯли 10 соли оянда солона 3% афзоиш хоҳад ёфт.

Бонки Ҷаҳонӣ бо интишори як таҳқиқот дар заминаи таҳдидҳои офатҳои табиӣ дар соли 2022 пешбинӣ кардааст, ки Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ 445 млн сомонӣ зарар хоҳад дид.

Нигаронии Раҳмон аз марз

0

Раҳмон вазъияти ноамнӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳамсояҳо баррасӣ кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6-уми июл бо чанде аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.

Раҳмон бо ҳамсуҳбатонаш, Шавкат Мирзиёев, Қосим-Жомарт Тоқаев ва Владимир Путин вазъияти ахири Афғонистон ва ноамнӣ дар марзи ин ду кишварро баррасӣ кард.

Раҳмон дар суҳбат бо Шавкат Мирзиёев вазъияти марзро хеле ногувор арзёбӣ кард. Ҷонибҳо барои ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти қудратии ду кишвар дар бахши таъмини амният, бахусус дар таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон изҳори омодагӣ карданд.

Раҳмон инчунин вазъияти ногувори марзро бо президенти Қазоқистон, Қосим-Жомарт Тоқаев ва президенти собиқи ин кишвар, Нурсултон Назарбоев баррасӣ кард.

Дар ҳамин замина суҳбати Раҳмон бо Путин низ анҷом шуд, ки ҷонибҳо таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва аҳамияти стратегӣ доштани ин нуқтаро таъкид карданд. Ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ноамниҳои ахир дар Афғонистон СММ-ро низ нигарон кардааст.

Муколамаи Раҳмон бо раҳбарони кишварҳои ҳамсоя ва Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи ду ҳафтаи ахир вазъият дар кишвари ҳамсоя муташанниҷ шуда, Толибон беш аз 100 ноҳияҳои ин кишвар, ба хусус навоҳии наздимарзӣ бо Тоҷикистонро тасарруф карданд.

Дар пасманзари ин ноамниҳо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 июл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар дастур дод, ки барои ҳифзи марз то 20 ҳазор сарбози эҳтиётӣ ба марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон эъзом шаванд.

Футбол: Шикасти Испания аз Италия

0

Шоми дирӯз, 6-уми июл, дар даври бозиҳои ниманиҳоии Евро-2020 дар Лондон Италия Испанияро шикаст дод.

Мунтахаби футболи Италия дар даври ниманиҳоии Евро-2020 дастаи Испанияро аз рӯи пеналтӣ мағлуб кард.

Замони асосӣ ва изофии бозӣ 1:1, яъне мусовӣ анҷом ёфт. Футболбозоне, ки дар замони асосӣ гол заданд, ҳарду бозигарони Ювентусанд.

Ҳисобро дар дақиқаи 60-ум бозигари тими мунтахаби Италия Федерико Киеза боз кард. Алваро Мората аз Испания дар дақиқаи 80-ум ҳисобро баробар кард. Дар вақти изофӣ ҳисоб тағйир наёфт.

Италия аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Хатои ҳалкунандаро Мората ба амал овард ва пеналтии охиринро Ҷорҷино аз Италия ба ҳадаф расонд.

Бозӣ дар Лондон дар стадиони “Уэмбли” баргузор шуд.

Имрӯз, 7-уми июл бозии дуввуми ниманиҳоӣ дар ҳамин стадион бо иштироки тимҳои Англия ва Дания баргузор мегардад.

Рӯзи 11-уми июл бозии ниҳоӣ дар ҳамин майдон, яъне дар “Уэмбли”баргузор мегардад.