30.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 484

Мулоқоти сарони ҳайатҳои ширкаткунанда дар 16 -умин ҷаласаи СҲШ бо Эмомалӣ Раҳмон

0

Раиси Ҷумхурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 23-уми июн сарони ҳайатҳои ширкаткунанда дар 16- умин ҷаласаи СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои бахши матбуотии раёсатҷумҳурӣ дар ин вохӯри масоили ҳамкорӣ дар бахши мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатари афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла силоҳи ғайриқонунӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуданд.

Сурат: Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон

Дар ин нишаст таъкид гардид, ки сохтори минтақавии зидди террористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳо байни кишварҳои узв дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои ҷахони муосир нақши муҳим дошта бошад.

Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории кишварҳои узв дар бахши таъмини амнияти бо эътимоди иттилоотӣ, муборизаи муштарак бо ҷиноёти киберӣ, инчунин масоили амнияти биологӣ ва озуқаворӣ дар робита бо пандемияи коронавирус баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибхо ба вазъи сиёсӣ-низомии Афғонистон низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карданд.

Интихоби Терҳи Ҳакала ба унвони намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ

0

Терҳи Ҳакала намояндаи вижаи Иттиходи Аврупо дар Осиёи Марказӣ таъйин гардид. Вай кори ҷадидашро аввали моҳи июли соли 2021 шуруъ хоҳад кард.

Бар асоси навиштаи хабаргузории “Азия-Плюс” Вазорати умури хориҷаи Финляндия рӯзи душанбе дар як баёнияи матбуотӣ эълом дошт, ки Терҳи Ҳакала таҳти роҳбарии намояндаи олӣ оид ба умури хориҷа ва сиёсати амният Ҷозеп Борелл фаолият хоҳад кард ва кори ӯро дар самти татбиқи сиёсати умуми ҷаҳонии амният ва (CFSP) дастгирӣ хоҳад намуд.

Вазорати умури хориҷаи Финляндия гуфт, масъулияти “EUSP” дар Осиёи Марказӣ ба идомаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ИА бо кишварҳои минтақа – Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон равона гардида аст. Ин ҳамкорӣ доираи васеи соҳаҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла амният, волоияти қонун, муҳити зист, захираҳои об, тағйирёбии иқлим, маориф ва ҳуқуқи инсон.

Дар ин баёния ҳамчунин гуфта мешавад, ки мутобиқи стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ, фароҳам овардани муҳити соҳибкорӣ, ҳавасманд кардани сармоягузорӣ ва мусоидат ба пайвасти устувор муҳим аст. Аҳамияти стратегия аз ҳисоби Афғонистони ҳамсоя низ меафзояд.

Терҳи Ҳакала ҳоло сафири таҳдидҳои гибридӣ дар Департаменти сиёсии Вазорати умури хориҷаи Финландия мебошад.

Қаблан ӯ дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ, аз ҷумла роҳбари намояндагии доимии Финландия дар Женева, сафири Финландия дар Ҳиндустон ва роҳбари миссияи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо САҲА дар Гурҷистон кор мекард.

Терҳи Ҳакала як дипломати касбии Финландия мебошад, ки дар кишварҳои ҳамсояи шаркии ИА ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар заминаи САҲА дорои таҷриба аст. Вай дар масъулиятҳои гуногуни дипломатӣ дар хориҷа, ба вижа Русия, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Женева хидмат карда аст.

Ба наздики вай сафири гибридӣ, технология ва амният дар Вазорати умури хориҷаи Финландия буд.

Нигаронии Кремл аз даргириҳо дар марзи Афғонистону Тоҷикистон

0

Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, Русия аз шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ва пайдоиши як минтақаи нави ноамн дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия, Дмитрий Песков хабар дод.

“Дар маҷмӯъ, албатта, нооромии вазъ дар Афғонистон, хусусан баъд аз хуруҷи артиши Амрико ва нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар барои мо нигаронкунанда аст. Ва Тоҷикистон барои мо шарики наздик ва муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан, пайдоиши макони нави ташаннуҷ, таҳдидҳо моро ба ташвиш меорад”, – гуфт сухангӯи Кремл.

Чанд рӯзи ахир даргириҳои шадиди Толибон бо нерӯҳои давлатии Афғонистон вазъро дар ин кишвар вахим кардааст. То дирӯз Толибон то Шерхон Бандар – нуқтаи гумрукӣ байни Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф карда буданд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вазъро дар марз ногувор арзёбӣ мекунанд.

ИНТИХОБОТИ ЭРОН ВА ТАБРИКОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИНТИХ{С}ОБОТ

0

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Амруллоҳи Низом

18-уми июни соли 2021 дар Ҷумҳурии исломии Эрон маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар ин интихобот чор нафар бо ҳам рақобат карданд. Оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ дар ин маърака пирӯзи интихобот эълон гардид.

Оятуллоҳ Сайид Иброҳим Раисӣ, президенти тозаинтихоб ва ё ба қавли бархе мухолифонаш тозаинтисобе, ки тавассути Шӯрои Нигаҳбони Эрон тамоми рақибони ҷиддии ӯ пеш аз баргузории интихобот канор зада шудаанд, то вай ба осонӣ ба ин маснад бирасад, барои 4 соли оянда ва ё агар умраш боқӣ бошад ва дар интихоботи баъдӣ ҳам баранда шавад, барои 8 соли оянда зимоми қудратро ба даст хоҳад гирифт.

Ҳасан Рӯҳонӣ, ки пеш аз Раисӣ ба муддати 8 сол раҳбарии давлати Эронро бар уҳда дошт, нисбатан мушкилоти зиёдеро дар ду давраи раҳбариаш таҷриба кард.

Дар муддати 8 соли президентии ӯ муносибатҳо ва равобити хориҷии Эрон бо хеле аз кишварҳои дунё ба раҳбарии Омрикову ҳампаймононаш дар Ғарб ва Ховари Миёна тира шуд. Дар Осиёи Марказӣ низ парчамбардори эҷоди тирагии равобит бо Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва режимаш буданд.

ЯХБАНДӢ

Тоҷикистон бо даъвати Арабистони Саудӣ ва ташфиқи сафораташ дар Душанбе дар солҳои 2013-2014 замони оғози даргириҳо дар Яман ва ҳамлаҳои мусаллаҳона ба он ба сафи ҳампаймонони ИМА дар Ховари Миёна пайваст ва дар Осиёи Марказӣ алайҳи Эрон мавзеъ гирифт. Яхбандӣ дар муносибатҳои дуҷониба байни Душанбе ва Теҳронро оғоз кард.

Дар соли 2015 “шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим” (Абдуҳалим Назаров, собиқ муъовини вазири мудофиа) ва дидори раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар Теҳрон низ баҳонаеҳои бештареро дар ихтиёри кохнишинони Душанбе гузоштанд, то дар нафратпароканӣ ва сард кардани доду гирифт ва муносибатҳои дуҷониба алайҳи Теҳрон гомҳои ҷиддитареро бардоранд.

Дар соли 2017 Риёз сарони кишварҳои исломиро ба нишасте даъват кард, ки Доналд Тромп, собиқ президенти ИМА низ ҳузур дошт. Бо раҳнамоии Тромп якҷоя алайҳи Эрон эъломи мавзеъгирӣ шуд.

Ба эҳтимол, он замон Душанбе гумон мекард, ки аз ворид шудан дар эътилофи Саудӣ алайҳи Эрон бо раҳбарии Тромп, собиқ фоидаҳои зиёдеро касб мекунад, аммо бо гузашти чанд сол, акнун мебинад, он эътилофе, ки теъдоди артиши низомии кишварҳояш беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд  ва таҷҳизоти ҳарбиашон даҳҳо миллиард доллар арзиш доранд, дар баробари як ҳампаймони кӯчаки Эрон дар Яман-Ҷамоати Ҳӯсиҳои Яман нотавону бечора ва ба қавле “ба халосгар зор шудаанд.”

Аммо асли баҳси мо сари ин мавзӯъ нест, чун он бештар марбути Эрон аст, вале ин ҷо мехоҳам дар бораи Тоҷикистон зиёдтар суҳбат кунам. Зеро дар ин авохир мақомоти қудратии кишварамон, ки то чанд рӯзу моҳе пеш Эронро дар чашми мардум ва сокинони Тоҷикистон ба қавли Эмомалӣ Раҳмон ва режимаш кишвари ба мо “дӯст” (душман,-А.Н.), “ба ҳама маълум”, “ҳомӣ ва маблағгузори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароҳои хушунатталаб”,  ва ғайра тарғиб ва таблиғ менамуданд, инак ба назар мерасад, дар рафторҳои худ таҷдиди назар ва дар муносибот тағйири масир карданд.

Тоҷикистон тайи беш аз ду солу ахир тармим ва таъмири муносибот ва робитаҳо бо Эронро оғоз кардааст. Торихи оғози гармшавии ин робитаҳо шояд аз санаи шурӯъи музокироти Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки тибқи бархе расонаҳо тайи ду соли ахир бо миёнҷигарии Ироқ аз сар гирифта шудааст, фосилаи зиёде надорад.

ЯХШИКАНӢ

Дар ҳоли ҳозир сатҳи нафратпарокании худи Эмомалӣ Раҳмон алайҳи Эрон ъаланан коҳиш ёфтааст. Тайи ин марҳилаи “яхшиканӣ”-и муносибатҳо, дастикам се мақоми баландпояи режим, аз ҷумла вазири об ва энергетика, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Теҳрон сафар карда, “яхшиканӣ” шурӯъ гардид.

Аз ҷониби дигар Эрон ҳам дар ин робита эълом кард, “Тоҷикистон хостори сафари ҳайъатҳои Душанбе ва мулоқотҳои мақомҳои баландпояаш будааст.” Теҳрон шояд барномаи ҷиддие дар ин марҳила дар бораи беҳтар кардани муносибатҳои хориҷии худ бо Душанберо рӯи даст надошт ва ё дар авлавияти кори худ қарор надода буд, вале чун Тоҷикистон хост, ба сафари вузарои тоҷик ва пазироӣ аз онҳо ризоият дод.

Аз тарафи дигар дар ин марҳила, чанд тан аз мақомоти баландпояи Эрон ҳам, аз ҷумла Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар чорчӯби баъзе барномаҳо озими Душанбе шуда, мулоқотҳое доштанд. Бо ин вуҷуд, ҳанӯз сардии равобити ду кишвар пурра аз байн нарафта, пиряхи азиме байни муносибатҳои дуҷониба вуҷуд дорад, ки об шудани он замони бештар ва дар равобити дуҷониба гармии зиёдтаре мехоҳад.

ТАЪХИР

Раисӣ барандаи интихобот эълон шуд. Аксари кишварҳо ва созмонҳои дунё дар рӯзҳои аввал ва дувум Раисиро ба ин мақом табрик карданд, Русияву Чин, Қазоқистону Ӯзбекистон, Чину Ироқ аз аввлинҳо буданд.

Аммо сомонаи президент Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотии ӯро асри якшанбеи 20-уми июн, соати 17:55 (18:25 ба вақти Теҳрон) чоп кард. Бо таъхир ва дар айни замон вақти номуносиб, яъне баъд аз соатҳои корҳои расмӣ ҷиддияти ин паёмро то андозае зери суол бурдааст.

Дар ъурфи дипломатӣ ҳамагуна таъҷил ва таъхир метавонад чанд паёми мусбат ва ё бори манфӣ дошта бошанд. Ба назар мерасад чопи барқияи табрикотии асронаи Эмомалӣ Раҳмон, он ҳам дар рӯзи якшанбе бори манфтиаш аз паёмҳои мусбаташ камтар будааст.

БАРҚИЯ

Матни барқияи табрикотии нашр шудаи вай чунин аст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба Шумо табрикот ва таманниёти неки хешро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.

Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Дар ин зимн мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».

ТАФСИР

Бо хондани ин барқияи табрикотии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва се усули он, ки мани хонанда ва шояд хелеҳои дигар низ онҳоро ба навъе шартгузорӣ кардани ӯ барои беҳтар кардани муносибатҳо дарк мекунад, чунинанд:

а) “ҳусни тафоҳум”.

б) “некхоҳӣ”.

в) “эътимоди холисона”.

Дар ҳоли ҳозир режимҳои Тоҷикистону Эрон ҳанӯз дар хеле аз мавридҳо ба “ҳусни тафоҳуме”, ки ҳар ду ҷониб мехоҳанд, ба тавофуқ нарасидаанд. Ҷонибҳо барои таъбир ва ё истилоҳ тафсирҳои хосси худро доранд, ки дар хеле аз мавзӯъҳо ба мисли терроризму экстримизм ҷои “ҳусн” ба “қубҳ” табдил шудааст ва решаи хеле аз ихтилофоти Душанбе ва Теҳрон низ аз ҳамин ҷо оғоз шудааст. Ё шояд корбурди ин истилоҳ бештар ҷанбаи иқтисодӣ дорад ва Эмомалӣ Раҳмон аз Раисӣ мехоҳад, ки миллиардҳо сомонӣ пули НОБи “Сангтуда 2” ва миллиардҳо доллари Бобак Занҷониро, ки режим пардохт на кардааст, суроғ накунад…

Асли дигар ва ё шарти дувуми Эмомалӣ Раҳмон ба Иброҳим Раисӣ “некхоҳӣ” таъриф шудааст, ки бо вуҷуди паҳлӯҳои мусбати калима, як навъ бори манфӣ ё тамаъ ҳам дар пай дорад. Раисӣ ҳам чун додситон аз хеле аз парвандаҳои иқтисодии кишвараш дар робита ба Тоҷикистон ва бахусус хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон огоҳ аст. Гуфтанист, режими Душанбе аз Теҳрон бо раҳбарии Раисӣ сад дар сад дилпур нест, эҳтимол эҳсоси хатар ҳам мекунад.

Асли савум ва шарти ахири Эмомалӣ Раҳмон дар калима ва ё ибораву истилоҳи таъкидӣ “эътимоди холисона” баён шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтан мехоҳад, ки ба ҳукумати Раисӣ ва давлати ҷадиди Эрон бовар надорад. Ба ин хотир таъкид мекунад, ки то “холисона” ба мисли Рӯҳониву Аҳмадинажод, ки ҳар коре хост дар аҳди онҳо анҷом дод, муносибат накунад, ба вай эътимод нахоҳад кард ва муносибот байни ду кишвар ба сатҳе, ки 10-12 соли пеш буд, барқарор нахоҳад шуд…

ЭҲСОСИ ХАТАР

Покистон яке аз муассисони гурӯҳи Толибон, Эрон яке аз ҳомиёни он. Ҳукумати Ъайну ҒАЙН дар Кобул чӣ қадри дигар умр дорад, номаълум. Ҳузури густардаи Толибон дар манотиқи назди сарҳадии Афғонистон ва тасарруфи манотиқи калидӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистон чанд суоли дигареро халқ мекунанд. Акнун, давутози мақомоти Тоҷикистон ба самти Кобул, Теҳрон ва Исломобод дар ин авохир чӣ маъно дошт, ки Толибонро иҷоза доданд ба осонӣ дар он сӯи Омӯ дар рӯ ба рӯи марзҳои Тоҷикистон паҳлӯ бигиранд, мавзӯъи дигаре аз ин баҳсҳост, ки Душанберо нигарон ва ба эҳтимол сабаб дар таърихи ирсоли барқия табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Иброҳим Раисӣ шудааст.

Ва Худо беҳтар медонад, боз чӣ гапу хабарҳое инҷо вуҷуд дорад.

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор 23.06.2021

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Фирори беш аз 100 сарбози нерӯҳои давлатии Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон

0

Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 22 июн хабар дод, ки 134 сарбози давлатии Афғонистон ҳангоми ҷанг бо Толибон тоб наоварда ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Дар баёния чунин омадааст:

“Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд”.

Гуфта мешавад, дар байни сарбозони фирории Афғонистон захмишудаҳо низ ҳастанд, ки дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун табобат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки давоми чанд рӯзи ахир байни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон даргириҳои шадид сурат гирифт, ки дар натиҷа Гурӯҳи Толибон чандин вилояту ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияҳои вилояти Балху Бағлон ва Қундӯзу Тахорро зери тасарруфи худ дароварданд. Ҳатто то Шерхон Бандер – гузаргоҳи гумрукии Тоҷикистону Афғонистон ба дасти Толибон афтод.

Дар ҳамин ҳол имрӯз Вазорати дифои Ағонистон хабар дод, ки давоми ду рӯзи ахир вилоятҳои Балху Бағлон, чанд навоҳии Қундуз ва Шерхон Бандарро аз дасти Толибон бозпас гирифтаанд.

Баъзе аз намояндагони парлумони Афғонистон иллати аслии нооромиҳои ахирро дар раҳбарии нодурусти давлат ва ниҳодҳои дахлдор медонанд. Аммо Ҳомид Карзай, собиқ президенти ин кишвар ба хабаргузории “Associated Press” (Ассошиэйтед Пресс) гуфт, сабаби аслии нооромиҳо дар Афғонистон вуҷуди нерӯҳои амрикоӣ мебинад. Вай гуфт:

“Бо хотири ҳузури онҳо, мо имрӯз бо чунин вазъият дучорем. Мо намехоҳем, ки ин бадбахтиҳое, ки имрӯз ба он рӯбарӯ ҳастем, идома ёбад.”

Афзоиши фишорҳои КДАМ болои хонаводаҳои ҳамкорони Иззат Амон

0

Ҷумъаев Бахтовар, ҳомии ҳуқуқ ва яке аз ҳамкорони Иззат Амон дар “Маркази тоҷикон” хабар дод, ки падарашро беш аз 10 маротиба шуд, ки барои бозпурсӣ аз Панҷакент ба боздоштгоҳи маъруф ба “6-ум отдел”-и шаҳри Душанбе даъват мекунанд.

Ба гуфтаи Ҷумъаев мушкилӣ аз онҷо сар зад, ки 2 апрели соли равон ҷонибдорони Иззат Амон назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав даст ба тазоҳурот зада, аз мақомоти кишвар озодии Иззат Амонро талаб карданд. Ва КДАМ-и Тоҷикистон ташкили ин гирдиҳамоиро ба души ӯ бор кардааст, дар ҳоле, ки наворҳояш дар дасти КДАМ ҳаст ва медонад, ки кӣ ин корро ташкил кардааст.

Ӯ дар навораш мегӯяд, намояндагони КДАМ қабл аз тазоҳурот дар Маскав бо ӯ вохӯрданд ва хостанд, ки пеши роҳи мардумро гирад ва нагузорад дар назди сафорат ҷамъ шаванд.

“Ин корро кардам, мардумро нагузоштам ба тазоҳурот раванд, гарчанде онҳо маро суханҳои беҷо зиёд гуфтанд, бо вуҷуди ин КДАМ падару модар ва ҳамсари маро борҳо барои бозпурсӣ ба “6-ум отдел” бурданду бозпурсӣ карданд”.

Бино ба гуфтаи Ҷумъаев, рӯзи гузашта падарашро КДАМ даъват намуда, гуфтаанд, ки писарат либосҳое, ки акси Иззат Амон дар он нақш ёфтааст, ба 200 нафар паҳн кардааст. Аммо худи Бахтовар инро рад мекунад ва мегӯяд, ки мақомот хуб медонад, ки мо дар ин корҳо даст надорем, аммо фишори бемавридашро рӯз то рӯз бештар мекунад.

Сурат: ҳангоми баргузории ярмарка барои таъмини ҷойи корӣ ба муҳоҷирон дар Русия гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 март ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, мақомоти тоҷик ӯро бо қаллобӣ муттаҳам намуда, алайҳаш бо моддаи 247 парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Баъд аз боздошти Иззат Амон КДАМ-и Тоҷикистон дӯстон ва ҳамкорони ӯро, ки дар “Маркази тоҷикон” кор мекарданд, пурсуҷӯ кард ва болои хонаводаҳои онҳо фишорро оғоз кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баъд аз боздошти Иззат Амон (УБОП) фишор болои ҳамкоронашро оғоз кадааст; Иззат Амон барои муҳоҷирон ҷойи кор мекобад

Узбекистон қоидаҳои вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба ин кишвар сахтар мекунад

0

Узбекистон назоратро болои шаҳрвандони хориҷӣ барот вуруд ба ин кишвар шадидтар мекунад ва онҳоро аз санҷиши корона мегузаронад.

Бар асоси гузориши хабаргузории Спутник дар Узбекистон санҷиши ҳатмии ПТР ҳангоми вуруд ба кишвар барқарор карда мешавад. Ин тасмимро Комиссиюни ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус гирифта аст.

Чунин дастур барои ҳамаи ба кишвар воридшавандаҳо бинобар бад шудани вазъи эпидемиологии кишвар ва ҷаҳон зарур аст.

Вазорати тандурустии Узбекистон эълом кард ки “хадамоти беҳдошти санитариву эпидемиологӣ ва саломатии аҳолӣ системаи санҷиши ҳатмӣ барои ҳамаи шахсоне, ки тавассути гузаргоҳҳои марзӣ ба Ҷумхурии Узбекистон ворид мешаванд бо усули реаксияи занҷираии полимераз ҷорӣ мекунад”.

Муайян карда шуда, ки озмоиши такрории ПТР бояд як ҳафта пас аз расидан ба Узбекистон гузаронида шавад.

Ёдрас мекунем, ки Узбекистон парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон аз охирҳои моҳи январ барқарор кард. 25 декабри соли 2020 дар Узбекистон вақте, ки робитаҳои нақлиётӣ бо дигар кишварҳо барқарор шуданд, санҷишҳои ҳатмии экспресс дар фурудгоҳҳо, истгоҳои роҳи оҳан ва нуқтаҳои марзӣ ҷорӣ карда шуданд.

Суқути чанд навоҳии ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба дасти Толибон

0

Дар натиҷаи даргириҳои ду рӯзи ахири Толибон бо нерӯҳои ҳукумати Афғонистон чанд вилоят, аз ҷумла Тахору Қундӯз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд ба дасти Толибон афтодааст.

Тибқи гузориши “Tolonews”, дар ду моҳи охир тақрибан 60 ноҳияи Афғонистон ё ба дасти Толибон афтодаанд ё маъмурияти ин ноҳияҳо байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон даст ба даст шудааст.

Манбаъҳои маҳаллӣ дар баъзе вилоятҳо мегӯянд, ки таблиғи Толибон дар бораи шумораи ҷангиён ва андозаи ҳамлаҳои онҳо ба теъдоде аз ин ноҳияҳо боис шудааст, ки нерӯҳои давлатӣ бидуни муқовимат ин манотиқро тарк кунанд.

Гуфта мешавад, давоми 48 соати гузашта, то пас аз зуҳри рӯзи душанбе, марказҳои ноҳияҳои Шулгар ва Давлатободи вилояти Балх пайҳам ба адсти Толибон афтодааст.

Тибқи иттилои манбаъҳои маҳаллӣ, дар вилоятҳо ва ноҳияҳои тасарруфшуда, сарбозони ҳукуматӣ маҷбур шуданд, ки пас аз соатҳо даргирӣ ба иллати нарасидани нерӯҳои кумакӣ марказҳои вилоятро тарк карда, ақибнишинӣ кунанд.

Райҳона Содот, узви Шӯрои вилоятии Балх ба “Tolonews” гуфта, ки мутаассифона аз сабаби набудани имконот ва лавозимоти ҷангӣ ин навоҳӣ таҳти тасарруфи Толибон қарор гирифтанд. Аммо сокинон маҳаллҳо мегӯянд, шоҳиди он шудаанд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар баъзе ноҳияҳо бидуни ҳеч муовимате ақибнишинӣ мекардаанд.

Дар ҳамин ҳол Руҳуллоҳ Аҳмадзай, сухангӯи Вазорати дифои миллии Афғонистон гуфт, ки шаби гузашта нерӯҳои ҳукуматӣ тавонистанд чанд минтақа аз вилояти Тахорро дигарбора аз дасти толибон озод кунанд. Ҳамчунин озод шудани вилоятҳои Балху Бағлон аз дасти толибон низ гузориш шудааст. Аммо то ҳол шумори талафоти ҷонии аз ду тараф дақиқ нест.

58-миллион доллар кумак ҷиҳати дастгирии бахши кишоварзии Тоҷикистон

0

Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон ва Ян Питер Олтерс намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 21- июн дар бораи маблағгузории лоиҳаи беҳтар намудани устувории бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон як тавофуқнома ба имзо расониданд.

Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки кумаки ройгони молиявӣ дар ҳаҷми 58 миллион доллар аз ҳисоби  Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҷудо карда мешавад.

Тибқи иттилои Бонки Ҷахонӣ лоиҳаи ҷорӣ барои баланд бардоштани устувории кишоварзӣ ва мусоидат ба барқарорсозӣ дар давраи баъдӣ равона шуда аст.

Ба навиштаи хабаргузории Азия Плюс лоиҳаро Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар давоми панҷ соли оянда амалӣ хоҳад кард.

Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир 21 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,1 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад. Аз соли 1996 инҷониб Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2 миллиард доллар дар шакли қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо кумак карда аст.

Боздошти раис ҳамроҳи муовини шуъбаи КДАМ-и ноҳияи Ҳамадонӣ

0

Раиси шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамроҳи муовин ва як корманди ин ниҳод боздошт шудаанд.

Ба навиштаи сомонаи “Бомдод” ин се тан ба ҳангоми гирифтани маблағи калон аз як соҳибкор ҳамчун пора боздошт гардиданд.

Ба гуфтаи манбаи “Бомдод” боздошти ин 3 корманди КДАМ аз ҷониби СБ, яъне амнияти худи КДАМ сурат гирифта ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва аз мақомҳояшон бо ҷурми “паст задани шаъну эътибори корманди КДАМ” барканор шудаанд.

Барои чӣ кори мушаххасе аз сохибкор пул талаб кардани ин се мақоми амниятӣ ҳанӯз равшан нест. Вале сухан дар мавриди маблағи бузург меравад. Онҳоро як ҳафта пеш боздошт кардаанд,- гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” афзуда, ки ин се афсари боздоштшударо ба шаҳри Кӯлоб бурдаанд, вале маълум нест, ки онҳо дар боздоштгоҳи Кӯлоб қарор доранд ва ё ба Душанбе бурда шудаанд.

Ба гуфтаи манба раиси шуъба аз Суғд буда муовин ва корманди қатории боздоштшуда аз Ванҷ ва Кӯлоб ҳастанд.

Мақомоти КДАМ то кунун хабари боздошти 3 афсари ин ниҳодро шарҳ надодаанд.