-0.1 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 52

Ҳукми зиндони як муҳоҷири истирдодшуда аз Олмон ба Тоҷикистон

0

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Мирзомурод Алиев, сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш нависта, ки мурофиаи додгоҳии Алиев аввоили моҳи август бидуни вакили дифоъ баргузор шуда, додрас ӯро ба тундгароӣ ва пайравӣ аз гурӯҳи “Ансоруллоҳ” гумонбар донистааст.

Назари худи ин ҷавон ва пайвандону наздиконаш дар мавриди иттиҳомоти мақомот дастрас нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳам расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, Мирзомурод Алиев як сол пеш, пас аз боздошти гурӯҳе аз сокинони Язгулом, аз Маскав ба Беларус ва аз онҷо ба Лаҳистону Олмон рафта, муддате дар шаҳри Дортмунд зиндагӣ кардааст. Аммо мақомоти Олмон ӯро рӯзи 4-уми июни соли ҷорӣ бо далели он ки таҳти пайгард қарор дорад, аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Пештар аз Алиев, Додгоҳи ноҳияи Исмоли Сомонии Душанбе моҳи июли соли ҷор Обид Қувватбеков, бародарзодаи Мавлавӣ Абдуллобек, рӯҳонии маъруф дар Язгуломро панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Инчунин моҳи марти соли ҷорӣ 31 сокинони деҳаи Жамак, Андарбак ва Будуни ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро бо иттиҳоми “омодагӣ ба харобкорӣ” ва узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” аз 2 то 23 сол равонаи зиндон гардида буданд.

Ҳамзамон расонаҳо моҳи марти соли ҷорӣ аз боздошти беш аз бист сокини маҳаллаи “Дарвоз”-и Душанбе, ки ҳамагӣ зодагони ҷамоати Язгулом буданд, хабар доданд. Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Исмоили сомонӣ аз ин гурӯҳ панҷ нафарро ба муҳлатҳои аз панҷ то панҷуним соли зиндон ва чор тани дигарро шартан барои огоҳ накардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 8-моҳӣ маҳкум ба зиндон кард. Аммо ин гурӯҳ ба пайравӣ аз “Салафия” айбдор шудаанд.

Тақдири боқимонда боздоштшудаҳо ва чор зодаи дигари Язгулом, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буданд маълум нест.

Маргбортарин садама. Марги қариб 80 нафар дар як шаб

0

Шаби 19-уми август ар як садамаи марговар дар вилояти Ҳироти Афғонистон ҳадди ақал 79 нафар, аз ҷумла 19 кӯдак ҷони худро аз даст доданд.

Ҳодиса дар шоҳроҳи Ҳирот-Исломқалъа, дар ноҳияи Гузараи Афғонистон вақте рух дод, ки як автобуси мусофирбари ҳомили муҳоҷирони афғон, ки тоза аз Эрон ихроҷ шуда буданд, бо як мошини боркаш ва мотосикл бархӯрд. Пас аз бархӯрд автобус оташ гирифт ва аксари мусофирон дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд. 

Мақомоти Толибон гуфтаанд, ин ҳодиса яке аз маргбортарин садамаҳои солҳои охир дар Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, сабаби садама суръати зиёди автобус ва беэҳтиётии ронанда будааст. Танҳо се нафар аз мусофирони автобус зинда мондаанд, ки ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ҳамчунин ду нафар аз мусофирони мошини боркаш ва ду мотосиклрон низ дар байни қурбониён ҳастанд. 

Ин садама дар замоне рух дод, ки Афғонистон бо мавҷи бозгашти маҷбурии муҳоҷирон аз Эрон, Тоҷикистон ва Покистон рӯ ба рӯ аст.

Тибқи иттилои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, аз оғози соли ҷорӣ зиёда аз 1,8 миллион афғон аз Эрон ва тақрибан 184 ҳазор нафар аз Покистон инчунин зиёда 1000 нафар аз Тоҷикистон ба Афғонистон бозгардонида шудаанд. 

Ба гуфтаи огоҳон, дар роҳҳои Афғонистон садамаҳо зиёд рух медиҳанд, ки сабабҳои асосии ин ҳодисаҳоро роҳҳои фарсуда, набудани қоидаҳои ҳаракат ва беэҳтиётии ронандагон мегӯянд.

Варзишгоҳи нави Душанбе оташ гирифт

0

Имрӯз, 20 август, як варзишгоҳи футбол дар шаҳри Душанбе, ки ҳоло раванди сохту сози бинои он идома дорад, ба коми оташ рафт.

Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳодиса субҳи мирӯз дар ошёнаи якуми бинои варзишгоҳ рух додааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар лаҳзаҳои аввал макони ҳодиса пурра зери дуди ғализ қарор гирифта, кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ба зудӣ ба макон ҳозир шуда, оташро хомӯш карданд.

Мақомот мегӯянд, сабабҳои рух додани сӯхтор ҳанӯз муайян нашуда, таҳқиқи қазия аз ҷониби мутахассисони соҳа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Ба иттилои пешакӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Варзишгоҳи мазкур дар доираи барномаи рушди инфрасохтори варзишӣ дар шаҳри Душанбе сохта мешавад ва барои баргузории мусобиқаҳои футбол, тамринҳои даставӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ пешбинӣ шудааст.

Мақомот таъкид мекунанд, ки дар наздиктарин фурсат иттилооти расмӣ дар бораи сабаб ва хисороти сӯхтор пешниҳод хоҳад шуд.

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон гаронтарин дар ҷаҳон аст

0

Сафири Туркия дар Душанбе Умут Ачар бо нашри паёме дар саҳфаи фейсбукияш аз мақомоти кишвар хостааст, ки нархи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳоро арзон кунад.

Ба навиштаи сафири Туркия, нархи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон гарнтарин нарх дар сатҳи ҷаҳон аст. Ӯ мегӯяд, “дар ҳоли ҳозир ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Душанбе 1780 доллар пардохт мекунад.” Аммо ба гуфтаи сафир, ширкати “Сомон Эйр” аз Истамбул як тонна сӯзишвориро ба қимати 930 доллар харидорӣ мекунад.

Умут Ачар гуфтааст, ки барои арзон шудани нархи билетҳо байни Туркия ва Тоҷикистон, мақомоти дахлдори тоҷик бояд нархи сӯзишвориро ба ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines арзонтар бифурӯшанд.

Ӯ ҳамчунин менависад, агарчи мақомоти Тоҷикистон нархи баъзе аз хидматрасониҳо дар фурӯдгоҳ ва нархи билетҳоро каме ҳам бошад арзон кардааст, вале нархи гарони сӯзишворӣ ба нархи билетҳо таъсири худро мерасонад.

Сафир Туркия таъкид мекунад, ки ширкати Turkish Airlines дар як ҳафта 5 маротиба ба Душанбе парвоз анҷом медиҳад, бо афзоиши сафарҳо ҳама мусофирон мехоҳанд бо нархи арзон парвоз кунанд ва агар Тоҷикистон нархи сӯзишвориро арзон кунад, билетҳо ҳам арзон мешаванд.

Кӣ рост мегӯяд, Вазорати маориф ё мардум?

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста ба эътирозҳои мардум дар бораи пулситониҳои бемавриди мактабҳо аз волидайн вокуниш кард.

Ин вазоратхона дар саҳифаи расмии худ дар Facebook хабарҳоро дар бораи хариду фурӯши маҷбурии либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ рад кардааст. Вазорат таъкид намудааст, ки чунин амал қатъиян мамнуъ мебошад.

Ба гуфтаи Вазорати маориф, як дастурамали либоси ягона барои хонандагону омӯзгорон таҳия ва ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шудааст. Ин дастурамал ҷанбаи тавсиявӣ дошта, ҳадафаш таъмини ягонагии зоҳирии хонандагону омӯзгорон мебошад.

Ҳамзамон Вазорати маориф ёдовар шудааст, ки тибқи қонунгузории кишвар шаҳрвандон дар интихоби либос ва мол озод ҳастанд. Ҳар як шахс метавонад мувофиқи хоҳиш ва имконияти молии худ либос ё дигар молу коло харидорӣ кунад, бе дахолати дигарон.

Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар борҳо аз фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ дар дохили муассисаҳои таълими шикоят карда, ҳамчунин сифати чунин либосҳоро паст арзёбӣ намудаанд. Вазорат таъкид кардааст, ки дар таҳия ва дӯхти либосҳои мактабӣ даст надорад ва хотиррасон намуда, ки фурӯши либос ё дигар молу маҳсулот дар дохили муассисаҳои таълимӣ манъ аст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар сурати пайдо шудани мушкилот дар сифати либосҳои мактабӣ сокинон метавонанд ба Вазорати саноат, Ожонсии стандартизатсия ва дигар мақомотҳои марбут муроҷиат намоянд.

Бо вуҷуди изҳороти Вазорати маориф ва илм сокинон мегӯянд, ки ҳар сол дар оғози соли таҳсил бо ин мушкил рӯбарӯ мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, муассисаҳои таълимӣ аксаран хонандагонро водор месозанд, ки танҳо либосҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мактабро харидорӣ кунанд. Аммо волидайн аз сифати паст ва нархи гарони чунин либосҳо шикоят доранд.

Аз сӯи дигар, дар охири соли таҳсил мушкили дигар, аз ҷумла ҷамъоварии маблағ аз падару модарон барои таъмири мактабҳо ва корҳои дигар домангири онҳо мешавад. Гарчанде Вазорати маориф чандин маротиба таъкид кардааст, ки чунин амалҳо ғайриқонунӣ мебошанд, вале сокинон мегӯянд, ки пул ҷамъкунӣ ҳанӯз идома дорад.

Ба андешаи падару модари хонандагон, ин мушкилот ҳар сол такрор шуда, боиси норозигӣ ва беэътимодии ҷомеа нисбат ба низоми маориф гардидааст. Онҳо аз мақомот талаб доранд, ки на танҳо бо изҳорот, балки бо чораҳои амалӣ пеши роҳи чунин ҳолатҳоро гиранд.

ПМТ хостори таъсиси як механизми мустақил барои озодии зиндониёни Бадахшон шудааст

0

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ ҷомеаи ҷаҳониро даъват намудааст, то барои пешгирӣ ва хотима додани саркӯби мардуми бумии Бадахшон иқдомҳои фаврӣ анҷом диҳанд.

Муҳиддин Кабири, раиси ПМТ, бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навиштааст, ки ин санад дар посух ба изҳороти ҳашт созмони байналмилалии ҳуқуқи башар таҳия шудааст.

Дар паёми Кабирӣ таъкид мешавад, ки зарур аст бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ механизми мустақили таҳқиқотӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин ПМТ дар изҳороти худ талаб кардааст, ки ҳамаи шаҳрвандони боздоштшудаи бадахшонӣ озод гарданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳашт созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Ҳамкорӣ барои ҳуқуқи башар, рӯзи 4-уми август бо нашри изҳороти муштарак марги чаҳор маҳбуси зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум карданд ва аз мақомоти тоҷик хостанд, ки таъқибу саркӯби помириҳоро бас кунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар изҳороти худ ба вазъи номуносиби боздоштгоҳҳо ва набудани хизматрасонии тиббӣ ишора карда, гуфтанд, ки марги бархе аз боздоштшудагон нишонаи мушкилоти ҷиддӣ дар Тоҷикистон аст. Онҳо афзуданд, ки шиканҷа ва набудани ёрии зарурии тиббӣ боиси бад шудани саломатии маҳбусони помирӣ шуда, нигаронии ҷиддии ҷомеаи байналмилалиро ба бор овардааст.

Сафи тоҷикон дар артиши Русия рӯз ба рӯз меафзояд

0

Русия ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷанги зидди Украина афзоиш додааст.

Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” 18-уми августи соли 2025, номи 628 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия шартнома бастаанд.

Ин омор баёнгари афзоиши суръати ҷалби хориҷиён ба ҷанги зидди Украина нисбат ба давраҳои соли гузашта мебошад.

Қаблан ҳамин марказ номи 931 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар солҳои 2023 ва авоили соли 2025 дар сафи артиши Русия зидди Украина ҷангиданд нашр карда буд. Дар ин омор гуфта мешуд 196 нафарашон фавтидаанд, ки ҷавонтаринашон 18 ва калонсолтаринашон 70 сол доштааст.

Ин шумораи бештарин дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон буда, омор метавонад аз ин ҳам бештар бошад. Чун пештар раҳбари Маъмурияти байналмилалии исломӣ муфтӣ Шафиқ Пшихачев дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия гуфта буд, ки беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аммо бар хилофи Узбекистон, ки дар он ҷо иштирок дар ҷанг метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда расонад, дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати боздошт ё ҳукм нисбати сарбозон ё ҷалбкунандагон ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳатто додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотие ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар бештар аз се соли охир касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд, чун баъзе аз онҳо душаҳрвандӣ доранд ва ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул кунад, талабот ва уҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунад.

Иддаои ин мақомдори тоҷик дар ҳолест, ки борҳо муҳоҷирони тоҷики бе шаҳрвандии Русия аз ҷалби иҷборияшон ба артиши ин кишвар шикоят карда буданд ва дар аксар ҳолат ба муҳоҷирон пас аз адои хидмат ё бастани шартнома бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳуҷҷати ин кишвар дода мешавад.

Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” низ навиштааст, ки мақомоти Русия ҳангоми рейд аз зӯроварӣ ва фишори равонӣ нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ истифода бурда, онҳоро боздошт карда, баъдан маҷбур месозанд то бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо ваъдаи шаҳрвандӣ ё пули зиёд шартнома имзо намоянд. Дар сурати рад кардан, муҳоҷиронро бо зиндон таҳдид мекунанд ё ҳатто латтукӯб менамоянд.

Пас аз ворид шудан ба артиш, тоҷиконро аксар вақт дар воҳидҳои ҷудогона ҷамъ карда, ба минтақаҳое равона месозанд, ки талафот дар онҷо махсусан зиёд аст.

Пештар ба Azda.tv як сарбози тоҷик низ гуфта буд, ки шартномаи як солааш бо Вазорати дифои Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба охир расид, аммо бо гузашти ду моҳ ва навиштани даҳҳо ариза ва нома ба Додситонӣ ва Вазорати дифои Русия ба ӯ иҷоза надодаанд, ки аз минтиқаи ҷангӣ берун барояд ва ҳатто иҷозаи рухсатиро ба ӯ надодаанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид карда буд, ки вазъи руҳияш бад асту чашми чапаш хуб намебинад ва маълумотнома (справка)-и духтур ва тавсифнома (характеристика)-и муовини фармондеҳи дастаи низомӣ (командири рота)-яшро ба даст овардааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, ҳаққи идома ширкат дар ин ҷангро надорад.

Вале, ба гуфтаи худаш, бо вуҷуди ин ҳама, ӯро маҷбур доранд, ки боз барои идомаи иштирок дар ҷанги зидди Украина бо шиносномаи русияш шартномаи нав бандад. То ҳол тақдири ин ҷавони тоҷик норӯшан боқӣ мондааст.

Зеленский дар Кохи Сафед чӣ ба даст овард?

0

Рӯзи гузашта дар Кохи Сафед нишасти махсуси Доналд Трамп бо Владимир Зеленский ва сарони кишварҳои аврупоӣ баргузор шуд.

Гуфта мешавад, асосан дар ин нишаст масъалаи музокироти Украина бо Русия дар нишасти ҳузурии раисҷумҳурон, Владимир Путин ва Владимир Зеленский ва расидан ба оташбасу поён додани ҷанге, ки се сол боз идома дорад, баррасӣ шудааст.

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар ин нишаст аз омодагии худ барои мулоқот бо Путин хабар дода, афзудааст, ки мехоҳад баҳси масоили марзиро шахсан бо худи Путин дар миён гузорад.

Трамп дар ин нишаст ба Зеленский ваъдаи кафолати амниятиро додааст, вале гуфта, ки амнияти Украина аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва дар мувофиқа бо Амрико таъмин мешавад.

Қаблан сарони Иттиҳоди Аврупо аз Амрико хоста буданд, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо кафолати ҷиддии амниятӣ барои дигарбора таҳдид накардани Русия ба Украина ва дигар кишварҳои аврупоӣ гирифта шавад.

Аммо Путин ҳам дар мулоқоти Аляска бо Трамп шартҳои худро барои додани кафолати амниятӣ ва дигарбора ҳамла накардан ба Украина додааст. Тасарруф ва ба хоки худ илова кардани минтақаи Донбас ва баъзе аз манотиқи Херсон ва Запароже, инчунин бетараф мондани Украина ва шомил нашуданаш ба НАТО аз пешниҳодоти Путин буд.

Ба назари коршиносон, нишасти дирӯзаи Трамп бо Зеленский ва сарони кишварҳои аврупоӣ дар Кохи Сафед ба ҷуз суханпардозӣ ва таърифҳову ташаккургӯиҳои ҷониби Украина дигар чизе малмус набуд. Шояд гуфтугӯҳои пасипардагие сурат гирифта бошад, вале чеҳраҳо зоҳиран розӣ ва хушнуд менмуданд.

Аммо вобаста ба замони баргузории нишасти ояндаи президентҳои Амрико, Русия ва Украина ва макони он то ҳанӯз ба таври расмӣ чизе гуфта нашудааст.

Қаблан Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса барои макони баргузории ин нишаст пешниҳод дода, ки нишасти сеҷонибаи Трампу Путин ва Зеленский дар шаҳри Женеви Шветсария анҷом шавад.

Аммо “Reuters” бо такя ба як мақоми баландпояи амрикоӣ гузориш дод, ки гарчанде Кремл то ҳанӯз расман розигии худро барои нишасти сеҷониба ва макони он эълон накардааст, вале ба эҳтимоли зиёд макони баргузории ин нишаст Маҷористон (Венгрия) хоҳад буд.

Русия мехоҳад сафи муҳоҷирони кориро кам кунад

0

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия тарҳи қонунеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он аз соли 2026 саҳми коргарони хориҷӣ дар нуҳ бахши иқтисоди ин кишвар кам карда мешавад.

Дар ин тарҳи қонун пешниҳод шудааст, ки ҳиссаи муҳоҷирони корӣ дар сохтмон, ки дар он асосан зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикон кор мекунанд, аз 80% то 50% пойин оварда шавад. Инчунин дар корхонаҳои истеҳсолу фурӯши маҳсулоти хурокворӣ ва нӯшокиҳо на камтар аз нисфи ҷойҳои корӣ танҳо ба шаҳрвандони Русия дода шаванд.

Ҳамчунин ҷалби муҳоҷирон дар фурӯши чаканаи машрубот ва маҳсулоти тамоку пурра манъ хоҳад шуд.

Маҳдудиятҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати ҷангал низ ҷорӣ хоҳад шуд ва дар парвариши сабзавот, буридани ҷангал ва коркарди чӯб ҳиссаи муҳоҷирон аз 50% то 40% кам карда мешавад.

Бар асоси ин лоиҳа ҳамчунин барои 29 минтақаи Русия хусусиятҳои минтақавӣ пешбинӣ шуда, дар 14 минтақа қонунҳо сахттар хоҳанд шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Амур ҷалби муҳоҷирон ба соҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва фаъолияти ветеринарӣ пурра манъ ва дар вилояти Уляновск бошад, ба коргарони хориҷӣ иҷозат дода намешавад, ки дар соҳаи мусофиркашонӣ фаъолият кунанд.

Дар гузашта мақомот дар баъзе минтақаҳо кори муҳоҷиронро дар соҳаи мусофиркашонӣ ва ресторану қаҳвахонаҳо маҳдуд карда буданд. Аммо баъзе ин минтақаҳо бо камбуди коргару ронандагон ва шикояти сокинон аз дер мондани нақлиёти ҷамъиятӣ рӯ ба рӯ шуда буданд.

Қаблан Вазорати меҳнат пешниҳод карда буд, хориҷиёне, ки аз дигар кишварҳо бо раводид меоянд бидуни донистани забони русӣ ба вазифаҳое, ки иртиботи доимӣ бо шаҳрвандони Русияро талаб мекунанд, ҷалб нашаванд.

Гуфта мешавад, баҳси кори муҳоҷирон дар бахшҳои муайяни иқтисодиёти Русия миёни мақомдорон ва ҷомеаи ин кишвар давоми чанд соли охир доғтар шудааст.

Ва пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбаронаш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгар бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбат ба муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти амниятии ин кишвар асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд. Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити вазнини муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Ҳар касе ба назди фолбин меравад муҷозот мешавад?

0

Ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон тарҳи қонунеро пешниҳод кардааст, ки бар асоси он муроҷиат ба фолбин, ҷодугар ва сеҳрдон метавонад бо ҷарима муҷозот шавад.

Гуфта мешавад, тибқи тарҳи пешниҳод намудаи Ҳукумати кишвар ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди нави “Истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин” илова хоҳад шуд.

Бар асоси лоиҳа, шахсоне, ки барои мушкилоташон ба чунин афрод муроҷиат мекунанд, ба ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 5 то 10 нишондиҳандаи ҳисоббаробар (375 то 750 сомонӣ) рӯ ба рӯ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 барои худи амали фолбинӣ ва ҷодугарӣ низ муҷозот пешбинӣ шуда буд. Онҳое, ки ба ин кор машғул мешаванд, метавонанд ба андозаи 80 то 100 нишондиҳанда ҷарима шаванд ё то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шаванд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тайи моҳҳои охир чандин бор аз боздошти афроде хабар додааст, ки ба фолбинӣ, ҷодугарӣ машғул будаанд. Ба иттилои ВКД, ин афрод бо роҳи фиреб, мардумро боваркунонда, маблағҳои зиёдеро соҳиб мешуданд.

Бо вуҷуди он ки беш аз 90 дарсади сокинони кишвар мусалмонанд ва фолбинӣ дар дини ислом ҳаром шумурда мешавад, мутаассифона, бозори фолбинҳо ҳамоно гарм аст. Ба гуфтаи огоҳон, аксарияти муроҷиаткунандагонро, занҳо ташкил медиҳанд.