13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 523

Блогери тоҷик: Маро аз Русия ихроҷ кунед!

0

Руслан Бобиев, блогери тоҷик бо тарсу ҳарос аз кормандони ВКД-и Русия хостааст, ки ӯро аз ин кишвар ихроҷ кунанд.

Руслан Бобиев, ки бо “пранк”-ҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, рӯзи 29-уми сентябр маҷмӯи аксҳояшро аз назди калисои Санкт-Василий дар Майдони Сурхи Маскав дар саҳифаҳои Инстаграм ва Фейсбуки худ нашр кард.

Дар ин миён яке аз аксҳои ӯ вокунишҳои тунду тези корбаронро ба вуҷуд овард. Дар он акс дида мешавад, ки духтари малламӯи рус пушт ба дурбин дар тан жокет бо навиштаи “политсия” дар рӯ ба рӯи ин блогер зону задааст ва ёддоште бо ибораи “Кодекси меҳнат – Кодекси ҷиноятӣ нест ва онро вайрон кардан мумкин аст”, навиштааст.

Дар натиҷа ин акс сару садоеро дар миёни ҷомеаи рус ба бор овардааст. Дар навбати худ Вазорати дохилаи Русия дар Маскав ин пранкери тоҷикро бо иттиҳоми таҳқирри диндорон ва шухӣ кардан ба эҳсосоти бовармандон ба ҷавобагрии маъмурӣ кашидааст.

Корбаре бо номи “_m777ax_” суол медиҳад, парванда барои таҳқири эҳсосоти диндорон? Пас чаро чанде пеш ҳангоме, ки табиби рус зани мусалмони тоҷикро озор дод, ин таҳқир ба эҳсоси диндорон нест? Ин баъзе стандартҳои дугонаи русҳост!

Корбари дигар ном dilyana_khojaeva навишт: Навори узрхоҳии ӯро дидам, хеле манзараи ғамангез аст.

gafahbon ном менависад: Айби худаш аст.  Дар назди ибодатгоҳи мо ҳам ягон урус биёяд ҳамин тавр бо ягон духтар расм гирад, мо ҳам хомӯш намеистем!

Корбарони дигар дар ин робита мегӯянд, агар ин ҷавони тоҷикро барои ин кирдораш ба ҷавобарӣ мекашанд, чаро шарики ӯ дар расмро, ки духтари рус аст, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намешавад?

Ҳамин тавр пранкери тоҷик, Руслан Бобиев дар назди намояндагони мақомот дар се навори алоҳида узрхоҳӣ кардааст. “Ман самимона узр мепурсам, ки дигар ин корро нахоҳам кард”,- гуфт блогер ва ин ибораро чанд маротиба дар навори видеоие, ки онро Хадамоти матбуотии ВКД-Русия дар Маскав нашр кард.

Бобиев инчунин дар навор дар бораи худ каме нақл карда мегӯяд, пеш ӯ кор мекарду ҳоло ба блогерӣ машғул аст ва “пранк” (шӯхиҳо) ба навор мегирад, ки дар блогаш 100 ҳазор обуначӣ дорад ва феълан саҳифааш баста шудааст.

Ин ҷавон ҳамчунин мегӯяд, ки пранкҳояшро аз саҳифааш пок мекунад, “чунки барои пранкҳоям ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудам.”

Ифтитоҳи “туалет”-и мактаб тавассути Эмомалӣ Раҳмон

0
Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Эмомалӣ Раҳмон дар сафари корияш ба ВМКБ, ки аз рӯзҳои 27 то 30-уми сентябр идома кард, як қатор бинову иншооти муҳим барои мардумро дар ин вилоят ифтитоҳ кард.

Ҳамзамон 28-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа шабакаи оби нӯшокӣ, ки ба 171 хоҷагии шаҳраки Медони деҳоти “Роштқалъа” обрасонӣ мекунад ва як ҳоҷатхонаеро ҳам муассисаи таълимие дар ин ноҳия ба истифода дод.

Гуфта мешавад, таъмини оби нӯшиданӣ дар Роштқалъа ва бунёди ҳоҷатхонаҳо дар он муссисаи таълимӣ тиқби Лоиҳаи муштараки “Шукуфоии Тоҷикистон”-и Фонди Оқохон (AKF) ва Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои рушди байналмиллалӣ (USAID) сохта шудаанд.

Аммо дар хабари Дафтари матбуоти Президент аз саҳмдорони асосӣ ном бурда нашудааст, танҳо номи “Агентии Оқохон” зикр мешавад. Бештар ин дастовард ба номи ҳукумат ва Президент рабт дода шудааст. “Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оқохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ татбиқ шудааст”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти Президент.

Хабари ифтитоҳи хоҷатхонаҳо баҳси гармеро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба бор овардааст. Иштироки Президент дар ифтитоҳи ҳоҷатхона дар як муассисаи таълимиро баъзе корбарон ба инҳисори тамоми соҳаҳои кишвар аз тарафи як шахс рабт медиҳанд. Баъзе гуфтаанд, “ҷои шарм ва ҳам хандаовар аст, ки ҳатто як хоҷатхонаро бояд ӯ ифтитоҳ кунад”.

Оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш

0

Дар Тоҷикистон имрӯз, 1-уми октябр маъракаи тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз ёфт, ки то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол шаҳрдории Исфара хабар дод, ки ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух, ки ду нуқтаи доғи асосӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба шумор мераванд, алакай субҳи 1-уми октябр нақшаи даъват ба артишро иҷро кардаанд.

Гусели наваскарон дар Ворух

Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду мавсим – дар баҳор ва тирамоҳ сурат мегирад.

Барои ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки мактабҳои миёнаи умумӣ ва касбиро хатм кардаанд, муҳлати хизмати ҳарбӣ 24 моҳ аст. Тибқи қонун шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраи ҳарбӣ хатм кардаанд, танҳо пас аз 12 моҳи хидмати ҳарбӣ рутбаи афсариро мегиранд.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор ҷавонони синни даъват ба қайд гирифта шудаанд ва фоизи ками онҳо ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Ин нахустин даъват дар пайи қабули қонун дар дар бораи хидмати “алтернативист”, ки ба шаҳрвандоне, ки намехоҳанд ду сол хидмати ҳарбӣ бираванд, имкон медиҳад бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ маблағ ба буҷаи давлат, ҳамагӣ як моҳ хидмат кунанд.

Бисёриҳо умедворанд, ки ин қонун ба ҷалби иҷбории сарбозон ба артиш яъне “облава” нуқта мегузорад.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки бо қабул шудани ин қонун сатҳи фасод ва қаллобӣ дар комисариатҳои ҳарбӣ ва вазорати корҳои дохила кам намешавад, ва “облава” боқӣ мемонад. Зеро ин як манбаи иловагии даромад барои мақомоти фасодзада мебошад.”

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хизмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша мавриди баҳс қарор

Мусобиқаи дзюдо барои Ҷоми Президент

0

Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии дзюдо барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мусобиқа рӯзҳои 3-5-уми октябри соли ҷорӣ бо ширкати паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Беларус ва Эрон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рақобат байни мардон дар 4 вазн  66, -81, -90 ва +90 кг баргузор хоҳад гашт.

Гуфта мешавад ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ҷоизаҳои пулӣ, аз ҷумла барои ҷойи аввал 30 ҳазор сомонӣ, ба барандаи медали нуқра 10 ҳазор сомонӣ ва ба дорандагони медалҳои биринҷӣ 5 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Русия байни Толибон ва Тоҷикистон миёнҷигарӣ мекунад?

0

Русия барои ҳалли низоъҳои лафзии Душанбе ва Кобул миёнҷирагиро оғоз кардааст.

30-уми сентябр Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, Маскав аз Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон хоста, ки ихтилофоташонро бо роҳҳои дипломатӣ ва дар назар гирифтани манофеъи дуҷониба бартараф кунанд.

Дар ин бора Алаексей Зайтсев, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия ба хабаргузории ТАСС гуфт: “Бо нигаронии зиёд мо шоҳиди шиддат гирифтани муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар пасманзари изҳороти сарони ду кишвар ҳастем. Дар бораи ба марзҳо кашидани нерӯҳои мусаллаҳ аз ду ҷониб гузоришҳо расидааст. Мо аз Душанбе ва Кобул даъват мекунем, ки аз имконоти барои ҳар ду ҷониб қобили қабул дар ҳалли вазъияти кунуниро ҷустуҷӯ кунанд. “

Раҳбарони Толибон аз мустақар кардани ҳазорҳо ҷангиёни нерӯҳои маргталаби шохаи “Лашкаи Мансурӣ”-и худ дар вилоятҳои Кундӯз, Тахори ва БадахшониАфғонистон, ки бо Тоҷикистон хабар доданд.

Тоҷикистон низ ҳанӯз як моҳ пеш амнитияи тамоми марзҳои худ бо Афғонистонро бо нерӯҳои захиравӣ тақвият кардааст. Инчун Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир ду гузашти низомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом дод, ки дар ҳар дуи онҳо президент Эмомалӣ Раҳмон низ дар онҳо ширкат кард.

Даргириҳои лафзӣ байни Толибон ва Тоҷикистон замоне шиддат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон аз расман шинохтани ҳукумати Толибон худдорӣ кард ва инчунин дар 76-умин нишасти Маҷмаи умумии СММ муҳосираи вилояти Панҷшер аз сӯи нерӯҳои Толибонро нақзи ҳуқуқи башар тавсиф кард ва аз Толибон хост ҳукумати фарогир аз ҳама қавмиятҳо ташкил диҳанд.

Аз сӯи дигар мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири Толибон дар Афғонистон дар суҳбат бо Алҷазира Тоҷикистонро ба дахолат дар умури дохилии он кишвар муттаҳам карда буд.  

Бобоназарова: Тайёрам дар ҳайъати тафтишот ҳодисаи ҳамла ба Сайфуллозодаро таҳқиқ кунам

0

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи кишвар аз мақомот хостааст, ки ҳодисаи лату кӯби рӯзноманигори 70-сола Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар зиндон таҳқиқ кунад.

Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раҳбари Созмони “

Бино ба маълумоти ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, Фароғат Сангинова ҳамлагар Турсунов Аслиддин як зиндонӣ, ки бо ҷурми одамкушӣ маҳкум ба зиндон шудааст, дар шуъбаи санитарии зиндон ба Сайфуллозода ҳамла карда, бо чойники оҳанин ба сараш зарба мезанад. Дар натиҷа Сайфуллозода аз ноҳияи сараш осеб хӯрда, пирамарди 70-сола дар шӯъбаи беҳдоштии зиндон як ҳафта бистарӣ мегардад.

Гуфтанист, Турсуновро барои 10 рӯз ба шӯъбаи бемории зиндон ҷойгир мекунанд. Ба гуфтаи хонум Сангинова ҳамлагарро ҳадафмандона ба ин шӯъба овардаанд, то ки Сайфуллозодаро латукӯб кунад. Ӯ афзуд, ки ин ҳодиса тарҳрезӣ шуда ва ба қазияи амалиёти маҳви физикии Маҳмадалӣ Ҳаит шабоҳат дорад.

Инчуни дар сӯҳбат бо Аздо тв Сангинова гуфт, ҳамсараш қаблан дар шӯъбаи беҳдоштии зиндон бо сабаби бемории қалбаш бистарӣ буд ва бояд табобат гирифта аз шӯбаи санитарӣ ҷавоб мешуд. Аммо тӯли як ҳафтаи ахир Сайфуллозода бо пайвандонаш тамоси телефонӣ надошт.

Сангинова баъд аз расонаӣ шудани хабари лату кӯби ҳамсараш дирӯз ба зиндони Ваҳдат рафта ба шӯъбаи беҳдоштии он роҳ намеёбад. Масъулони зиндон ба ӯ гуфтанд, ки ба шавҳараш ҳеҷ ҳамлае сурат нагирифта ва ӯ сиҳату саломат аст.

“Дар назди бинои зиндон пофишорӣ кардам ва ба зиндонбонҳо гуфтам, то шавҳарамро набинам ба ҳеҷ куҷо намеравам. Баъд аз 20 дақиқа аз рақами муассиса шавҳарам занг заданд ва ҳодисаро аз худашон пурсидам. Ҳоҷӣ (Ҳикматулло Сайфуллозода) ба ман нақл карда гуфт, ҳамлагар одамкӯш буда, ними шаб ба ӯ дар “санчаст” ҳуҷум карда, бо чойники оҳанин ба сараш мезанад…”, – афзуд Фароғат Сангинова.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Хабарнигорони Бидуни Марз “RSF” бо баёнияе, ки рӯзи 9 сентябр нашр шуд аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, Ҳикматулло Сайфуллозодаро афв кунад. Чунки “Сайфуллозода аз соли 2015 дар зиндон аст ва ҷонаш дар хатар аст.”

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ сардабири ҳафтаномаи Наҷоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз таҳлилгарони шинохтаи кишвар айни замон дар бинои зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иттиҳоми сохтаи мақомот 6 сол пеш боздошт ва барои 16 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҷузъиёти ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон

0

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, рӯзноманигори тоҷик ва маҳбуси сиёсӣ бар асари як ҳамла дар зиндон, ки имрӯз

Бино ба маълумоти ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, Фароғат Сангинова ҳамлагар Турсунов Аслиддин як зиндонӣ, ки бо ҷурми одамкушӣ маҳкум ба зиндон шудааст, дар шуъбаи санитарии зиндон ба Сайфуллозода ҳамла карда бо чойники оҳанин ба сараш зарба мезанад. Дар натиҷа Сайфуллозода аз ноҳияи сараш осеб хӯрда, пирамарди 70-сола дар шӯъбаи беҳдоштии зиндон як ҳафта бистарӣ мегардад.

Гуфтанист, Турсуновро барои 10 рӯз ба шӯъбаи бемории зиндон ҷойгир мекунанд. Ба гуфтаи хонум Сангинова ҳамлагарро ҳадафмандона ба ин шӯъба овардаанд, то ки Сайфуллозодаро латукӯб кунад. Ӯ афзуд, ки ин ҳодиса тарҳрезӣ шуда ва ба қазияи амалиёти маҳви физикии Маҳмадалӣ Ҳаит шабоҳат дорад.

Инчуни дар сӯҳбат бо Аздо тв Сангинова гуфт, ҳамсараш қаблан дар шӯъбаи беҳдоштии зиндон бо сабаби бемории қалбаш бистарӣ буд ва бояд табобат гирифта аз шӯбаи санитарӣ ҷавоб мешуд. Аммо тӯли як ҳафтаи ахир Сайфуллозода бо пайвандонаш тамоси телефонӣ надошт.

Сангинова барои дидани шавҳараш имрӯз ба зиндони Ваҳдат рафта ба шӯъбаи беҳдоштии он роҳ намеёбад. Масъулони зиндон ба ӯ гуфтанд, ки ба шавҳараш ҳеҷ ҳамлае сурат нагирифта ва ӯ сиҳату саломат аст.

“Дар назди бинои зиндон пофишорӣ кардам ва ба зиндонбонҳо гуфтам, то шавҳарамро набинам ба ҳеҷ куҷо намеравам. Баъд аз 20 дақиқа аз рақами муассиса шавҳарам занг заданд ва ҳодисаро аз худашон пурсидам. Ҳоҷӣ ба ман нақл карда гуфт, ҳамлагар одамкуш буда, ними шаб ба ӯ дар “санчаст” ҳуҷум карда бо чойники оҳанин ба сараш мезанад…”, – афзуд Фароғат Сангинова.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Хабарнигорони Бидуни Марз “RSF” бо баёнияе, ки рӯзи 9 сентябр нашр шуд аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, Ҳикматулло Сайфуллозодаро афв кунад. Чунки “Сайфуллозода аз соли 2015 дар зиндон аст ва ҷонаш дар хатар аст.”

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ сардабири ҳафтаномаи Наҷоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз таҳлилгарони шинохтаи кишвар айни замон дар бинои зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иттиҳоми сохтаи мақомот 6 сол пеш боздошт ва барои 16 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Имзои тафоҳумнома байни додситонҳои Тоҷикистону Русия

0

Тоҷикистону Русия бо имзои тафоҳумномае дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддири фаромарзӣ ва фасод ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Имрӯз, 30-уми сентябр додситонҳои кулли Русия ва Тоҷикистон Игор Краснов ва Юсуф Раҳмон санадеро дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкории байни Додситонии кулли Русия ва Додситонии кулли Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025 ба имзо расониданд.

Тавре дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия ба ТАСС хабар дод, додситони кулли Русия Игор Краснов, ки бо даъвати додситони кулли Тоҷикистон ба Душанбе рафтааст, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ гуфт, ки ҳамкории фаъоли додситонҳои ду кишвар дар заминаи афзоиши хавфҳои ҷиноии дорои хусусияти фаромиллӣ аҳамияти хоса касб мекунанд.

“Дар баробари таҳдидҳои анъанавии терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддири фаромарзӣ, коррупсия, шустушӯи пул, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар фазои маҷозӣ бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ мешаванд”, – гуфт Краснов.

Ӯ ичнунин афзуда, ки дар айни ҳол бӯҳрони Афғонистон хавфҳои ҷиддиро ба вуҷуд овард, ки ба тамоми минтақаи АвруОсиё таъсир мерасонад.

Краснов зарурати ҳамкорӣ байни ду кишварро муҳим шуморида меафзояд, ки мо талошҳои муштаракро бо мақсади пешгирии воридшавии намояндагони ҳаракатҳои радикалии террористӣ ва экстремистӣ ба қаламрави ИДМ, аз ҷумла зери ниқоби гурезаҳо дар марз афзоиш медиҳем. Илова бар ин, ӯ хатари пайдоиши каналҳои нави қочоқи маводи мухаддирро қайд кард.

“Ин аз мо на танҳо амалҳои муштараки ҳамоҳангшуда, балки таҳияи вокунишҳои муосир, муассир ва аз ҳама муҳим сари вақт ба таҳдидҳои пайдошавандаро тақозо мекунад”, – таъкид кард додситони Русия.

Ба гуфтаи вай, бештар он дар масири ба истилоҳ шимол тавассути фурӯши иртибототи бесим дар торнет бо истифода аз пардохт дар “cryptocurrencies” гузаронида мешавад.

Маҳмурод Одинаевро афв карданд

0

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли гузашта боздошт ва барои 14 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, шомили афви давлатӣ шудааст.

Имрӯз, 30-уми сентябр як манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, ба Аздо тв гуфт, масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии кишвар Маҳмурод Одинаевро шомили афв карда, аз 14 соли ҳукми зиндони ӯ 3 солашро кам кардаанд.

Аммо то ҳол назари наздикони Маҳмурод Одинаев дар ин маврид дастраси расонаҳо нашудааст. Ва инчунин маълум нест, ки писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев, ки ҳамроҳаш якҷоя 1-уми май аз боздоштгоҳ ба маҳбаси Ваҳдат интиқол ёфта буданд, шомили афв шудааст ё на.

Ёдовар мешаем, ки моҳи декабри соли гузашта Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ аз тарафи мақомот дастгир ва бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагун сохтани ҳокимияти конистутсионӣ гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомот пеш аз боздошти Одинаев писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоевро низ боздошт карда буданд. Мақомот Шайхмуслиҳиддинро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “кӯшиши таҷовуз ба номус” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев ӯ ва писарашро бегуноҳ медонанд ва боздошти онҳоро фармоишӣ ва ба хотири фаъолиятҳои сиёсии Одинаев арзёбӣ мекунанд.