-0.1 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 53

Трамп: Зеленский метавонад дар бораи Қрим ва НАТО дигар фикр накунад

0

Владимир Зеленский, расиҷумҳури Украина рӯзи душанбе бо мақсади дидор бо Доланлд Трамп, раисҷумҳур Амрико ва гурӯҳе аз раҳбарони аврупоӣ ба Вашингтон сафар кард.

Интизор меравад, Трамп дар аввал ба таври инфтиродӣ бо Зеленский мулоқот кунад ва сипас ҳарду дар ҷаласаи густардатар бо раҳбарони аврупоӣ ширкат кунанд. Ва гуфта мешавад, натоиҷи ин дидор маълум хоҳад кард, ки мулоқоти сеҷонибаи Трамп, Путин ва Зеленский барои идомаи музокирот сурат мегирад ё на.

Раисҷумҳури Украина имрӯз ҳангоми вуруд ба Вошингтон ба хабарнигорон гуфт, ки умедвор аст, бо шарикони ғарбии худ Русияро ворид ба сулҳ кунад ва ҳарчи тезтар ин ҷанг хотима ёбад.

Аммо Трамп шоми якшанбе дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, ки Зеленский метавонад фавран ҷангро поён диҳад, ба шарти он ки фикри бозпасгирии Қрим ва ё пайвастан ба НАТО-ро аз сараш дур кунад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, талаби ин ду аз ҷониби Зеленский “ғайримумкин” аст.

Раҳбарони аврупоӣ, аз ҷумла садри аъзами Омлон Фридрих Мертс, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, нахутвазири Британия Кир Стермер ва раиси Комиссия Аврупо Урсула фон дер Лейн ба Вошингтон сафар карданд, то дар дидор бо Зеленский ва Доналд Трамп ширкат кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон дар робита ба эҳтимоли расидан ба созишҳо байни Украина ва Русия гуфта, ки “бояд ба Украина замонатҳои амниятии қавӣ дода шавад, то пас аз сулҳ битавонад аз худ дифоъ кунад.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи гузашта Трамп бо Путин дар Аляска мулоқот доштанд ва ин гуфтугӯ тақрибан се соат тӯл кашид.

Пас аз ин дидор Трамп гуфт, ки “пешрафти бисёр бузург” дар мавзуи Русия ва Украина дар роҳ аст. Аммо Трамп аз ҷузъиёти ин мулоқот чизе нагуфт. Танҳо таъкид кард, ки кӯшиш мекунад бо Зеленский дар ҷаласаи густардае бо ҳузури раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мулоқот мекунад.

Тибқи гузоришҳо, тарҳе дар ҳоли баррасӣ аст, ки бар асоси он Русия бахшҳое аз манотиқи ишғол кардаашро дар Укриана раҳо намуда, ақибнишинӣ кунад, дар муқобил Киев манотиқи васеътар дар Шарқ, бахусус Донбасро ба Русия вогузор кунад.

Аз ҷумлаи шартҳои Путин, ки пас аз ин дидор расонаӣ шуд, ин аст, ки Русия омодааст дар ҳол ба ҷанг дар минтақаҳои Запароже ва Херсон хотима диҳад ва дигар ба на ба Украина ва на ба дигар кишваҳои аврупоӣ таҳдид кунад. Аммо дар муқобил бояд Украина ба НАТО напайвандад ва ҳамчун кишвари бетараф боқӣ бимонад.

Трамп ҳам эълом кард, ки пас аз розӣ шудани Зеленский ба шартҳои Путин ва поён додани ҷанг Амрико омодааст ба Украина замонати амниятӣ бидаҳд. Аммо то ҳанӯз тафсилоти замонатҳои амниятии Амрико ва шартҳои он маълум нест.

Тоҷикон 100 сол баъд пулдор мешаванд

0

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ таҳти унвони “Тезонидани рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ” дурнамои рушди чанде аз кишварҳоро баррасӣ кардааст.  

Тибқи ин гузориш, дар асоси суръати миёнаи рушди иқтисодӣ дар даҳсолаи охир, барои расидан ба сатҳи давлатҳои дорои даромади баланд (зиёда аз 14 ҳазор доллар барои ҳар нафар), Тоҷикистон ба муддати зиёда аз 100 сол ниёз дорад.

Ҳамзамон, Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки чунин ҳисобҳо танҳо дар шароити бақои суръати кунунии рушд мебошанд ва метавонанд дар ҳолати ислоҳоти иқтисодӣ, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахшҳои муҳими саноативу инфрасохторӣ тағйир ёбанд.

Тибқи маълумоти нашршуда, дар баробари Тоҷикистон, кишварҳои Узбекистон ва Озарбойҷон низ дар ҳамин гурӯҳ қарор гирифтаанд. Аз сӯи дигар, Қазоқистон ва Туркманистон метавонанд пас аз 30–40 сол ба сатҳи даромади баланд бирасанд, дар ҳоле, ки Қирғизистон ба 70–80 сол ниёз дорад.

Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар ин гузоришаш кишварҳоро ба чор гурӯҳи даромадӣ ҷудо мекунад:  

– паст (то 1100 доллар),  

– миёнаи поён (1100–4500 доллар),  

– миёнаи боло (4500–14000 доллар),  

– баланд (зиёда аз 14000 дооар).

Дар ҳоли ҳозир даромади миёна барои ҳар як нафар дар Тоҷикистон 2 ҳазору 655 сомони тақрибан 280 долар аст.

Зимнан, бояд қад кард, ки Тоҷикистон зиёда аз 30 сол аст зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаи ӯ қарор дорад. Бо вуҷуди ваъдаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, сатҳи зиндагии аксарияти мардум паст боқӣ монда, муҳоҷирати корӣ ба Русия ва дигар кишварҳо ягона роҳу воситаи даромади устувори садҳо ҳазор хонавода гардидааст.

Бино ба ҳисобҳои ғарирасмӣ, беш аз ду миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Танҳо аз ҳисоби интиқоли маблағҳои онҳо қариб нисфи буҷети кишвар таъмин мешавад.

Сохтори иқтисоди Тоҷикистон то ҳол асосан ба содироти пахта, алюминий ва маҳсулоти кишоварзӣ такя мекунад. Дар дохили кишвар ҷойҳои кори муносиб кам буда, аксарияти аҳолӣ ба кишоварзӣ машғуланд, ки он ҳам бинобар набуди технологияи замонавӣ ва обу зерсохтор, самаранокии баланд надорад.

Коршиносон бар онанд, ки то замоне ки низоми сиёсии кунунӣ ислоҳ нашавад ва фазои сармоягузорӣ шаффофу рақобатпазир нагардад, иқтисоди кишвар дар ҳолати вобастагӣ боқӣ монда, шонси рушди воқеӣ нахоҳад дошт.

Қирғизистон байни марзи худ бо Тоҷикистон симхоркаширо оғоз кардааст

0

Мақомоти вилояти Ботканди Қирғизистон 13-уми август ба расонаҳо хабар доданд, ки нерӯҳои марзбонии ин кишвар аллакай симхоркашӣ дар марз бо Тоҷикистонро оғоз кардааст.

Гуфта мешавад, мақомоти Қирғизистон аллакай 60 км 951 метри марзро дар деҳаи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд ва мавзеи Катта-Тузи ноҳияи Лайлак симхор кашиданд.

Пештар расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки мақомоти ин кишвар тасмим гирифтаанд марҳилаи аввали симхоркашӣ бо марзи Тоҷикистонро, ки 420 километрро ташкил медиҳад, то охири соли ҷорӣ анҷом диҳанд.

Аммо мақомоти тоҷик то ҳанӯз дар ин маврид чизе нагуфтаанд ва маълум нест кадом минтақаҳоро Тоҷикистон симхоркашӣ мекунад ва оё ба ин кор оғоз кардааст ё на, чизе нашр нашудааст.

Дар охири соли гузашта мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба таъйин ва аломатгузории нуқтаҳои ҷанҷолӣ ба мувофиқа расиданд ва ба кашмакшу муноқишаҳои хунин поён доданд. Ва моҳи марти соли ҷорӣ президентҳои ду кишвар созишномаи ниҳоиро имзо карданд.

Ҳоло дарозии марзи муштарак байни ду кишвар 1006 километрро дар бар мегирад.

Пас аз поён ёфтани муноқишаҳо байн Тоҷикистону Қирғистон муносибатҳои дипломатӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ аз сар гирифта шуд.

Ҳафтаи пеш сардори Раёсати омори вилояти Суғди Тоҷикистон Исомадин Садриддин дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки баъд аз саргирии равобит байни ду кишвар, дар давоми ним сол ҳаҷми умумии гардиши мол байни ду кишвар тақрибан 7 миллион долларро ташкил додааст.

Аммо пеш аз он, Вазорати иқтисод ва савдои Қирғизистон хабар дода буд, ки то моҳи июни соли 2025 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 2,1 миллион доллар расидааст, ки инро “дастоварди назаррас” номаида буд.

Шикояти муҳоҷирони ихроҷшуда аз шароити сахти боздоштгоҳ

0


Як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Русия нигаҳдорӣ мешаванд, бо нашри як навори видеоӣ аз норӯшан будани сарнавишташон ва шароити вазнини нигоҳдориашон шикоят кардаанд.

Дар наворе, ки аз ҷониби муҳоҷирон нашр шуд, гуфта мешавад, ки тақрибан 75 нафар дар як утоқи танг ва номусоид, бе шароити беҳдоштӣ ва ғизои кофӣ нигаҳ дошта мешаванд. Яке аз муҳоҷирон мегӯяд, ки “даҳ рӯз боз дар инҷо ҳастам, рӯзе як дона доширак медиҳанд, дигар чиз не”. 

Ба гуфтаи онҳо, дар байни боздоштшудагон занон, кӯдакони хурдсол ва ҳатто шахсони бемор, аз ҷумла як нафар бо бемории дил низ ҳастанд. 

Муҳоҷирон аз мақомоти тоҷик хоҳиш доранд, ки ба додашон бирасанд ва барои раҳоӣ ва беҳтар кардани шароити онҳо иқдом кунанд.

Ин дар ҳолест, ки борҳо шаҳрвандон аз бетаваҷҷуҳии намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷ, бахусус дар Русия шикоят кардаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ин шабу рӯзҳо муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд қариб ҳаррӯз аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар таҳқиру боздошт ва ҳатто ихроҷ мешаванд, вале мақомоти Тоҷикистон на танҳо кумак намекунад, балки дар аксари ҳолатҳо аз вазъи шаҳрвандони худ огоҳ нест.

Кишварҳои арабӣ ғасб мешаванд? Вокуниши арабҳо ба изҳороти Натанёҳу

0

Давлатҳои Миср, Урдун, Арабистони Саудӣ, Қатар ва чанде аз кишварҳои дигари арабӣ ба таври ҷудогона ба изҳороти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил вокуниш карданд.

Нахуствазири Исроил дар як мусоҳибае гуфтааст, ки дар сар нақшаи иҷрои тарҳи “Исроили Бузург”-ро мепарварад. Ба гуфтаи коршиносон, ин тарҳ васеъ кардани қаламрави Исроил аз дарёи “Нил то Фурот” аст, ки аз худи Фаластин то Мисру Укрдун, Лубнону Сурия, қисмате аз Арабистону Саудӣ ва Қатару Кувейтро шомил мешавад.

Натанёҳу дар ин мусоҳибааш, ки бо телевизиони исроилии “i24” анҷом додааст, мегӯяд: “Эҳсос мекунам дар як вазифаи муҳими торихӣ ва имонӣ қарор дорам ва аз нигоҳи отифӣ ба чашмандози “Исроили Бузург” сахт бовар дорам.”

Ин изҳори Натанёҳу вокуниши ҷомеаи арабиро ба бор овардааст. Аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи чоршанбе, 13-уми август бо нашри баёние изҳороти нахуствазири Исроилро маҳкум кард ва онро “ҳамла ба соҳибихтиёрии давлатҳои арабӣ” унвон кард.

“Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо сахттарин ибораҳо изҳороти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири ҳукумати ишғолии Исроилро, ки дар мавриди “Дидгоҳи Исроили Бузург” содир кард, маҳкум мекунад. Андешаҳо ва нақшаҳои шаҳраксозӣ ва тавсеаталабие, ки мақомоти Исроил дар сар мепарваранд, ба шиддат рад мекунад.”, омадааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Қатар низ ба ин изҳорот вокуниш нишон дода, онро маҳкум кардааст. Давлати Қатар “изҳороти Натанёҳу дар мавриди “Дидгоҳи Исроили Бузрг”-ро идомаи “равиши ишғолгарӣ мабнӣ бар худхоҳӣ, барангехтани буҳрону низоъҳо, таҷовуз бар ҳокимияти давлатҳову қонунҳои байналмилалӣ ва Оинномаи СММ” донистааст.

Қатар дар баёнияи худ бар зарурати “ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалӣ барои рӯ ба рӯ шудан бо ин гуна иғвоҳо, ки минтақаро ба сӯи хушунату бетартибиҳои бештар мекашонад”, таъкид мекунад.

Ба ҳамин монанд давлатҳои Мисру Урдун низ бо нашри баёнияҳои ҷудогона иҳзороти Бинёмин Натанёҳуро маҳкум карданд. Ва аз ҳукумати Исроил талаб доранд, ки ба таври расмӣ ин иддаои Натанёҳуро рад кунад. Инчунин дар вокунишҳои кишварҳои арабӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ хоста шуда, ки пеши роҳи худхоҳӣ ва тавсеаталабии Исроил гирифта шавад.

Ин изҳороти Натанёҳу дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз ҷанги Ғазза тақрибан ду сол мегузарад. Ва чанде пеш бо фармони Бинёмин Натанёҳу артиши Исроил барои ғасби комили Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ омодагӣ мебинад.

Ёдовар мешавем, ки Исроил бо ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ ва заминии худ ду сол боз Ғаззаро бомборон мекунад. Мувофиқи оморҳои расмӣ, шумори кушташудагон аз 7-уми октябри соли 2023 то кунун беш аз 62 ҳазор буда, аммо шумори захмиён марзи 155 ҳазорро гузаштааст.

Шикоят! Чаро “Барқи тоҷик” ва “Амонатбонк” пули мардумро медузданд?

0

Бархе аз шаҳрвандони кишвар дар тамос бо Azda.tv аз он шикоят карданд, ки бо вуҷуди пурра пардохт кардани маблағи нерӯи барқ, боз ҳам қарздор мешаванд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, (аз ифшои номаш худдорӣ мекунем) ҳар моҳ маблағи истифодаи нерӯи барқро тибқи нишондоди ҳисобкунак мепардозад, аммо бо вуҷуди пардохти комил, қарзи изофӣ аз ҷониби масъулон нишон дода мешавад.

Ин шаҳрванд иддао мекунад, ки танҳо дар як моҳ нишондоди ҳисобкунаки барқаш ба 1500 сомонӣ расидааст. Ӯ мегӯяд, аз панҷ пардохти охиринаш се адад пурра қабул шудаанд, вале боқимонда маблағро масъулон ҳамроҳ бо “Амонатбонк” аз ҳисоби ӯ мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, муроҷиат ба роҳбарияти ширкати барқ натиҷа надода ва ба ҷои баррасии мушкил танҳо гуфтаанд, “ба ҳар куҷо шикоят барӣ бурдан гир“. Ин шаҳрванд аз расонаҳо хостааст, ки ба масъалаи вай расидагӣ кунанд ва онро ба гӯши масъулони сатҳи болоӣ расонанд.

Шикояти сокинон дар ҳолест, ки чанде пеш Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз афзоиши нигаронкунандаи қарзи сокинон барои истифодаи барқ хабар дода буд.

Тибқи омори расмӣ, танҳо аҳолии кишвар то моҳи июли соли равон аз ширкати “Барқи тоҷик” барои истифодаи нерӯи барқ беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарздоранд.

Аммо бисёре аз таҳлилгарон ва рӯзноманигорон ҳаҷми зиёди қарзи мардумро аз идораи барқ шубҳаангез мешуморанд.

Мақомот ҳамеша дар посух ба ин савол, ки чӣ гуна мардум аз барқ қаздоранд, мегӯянд, қисме аз ин қарзҳо аз солҳои пеш боқӣ мондаанд. Аммо сокинон ин иддаои мақомотро қабул надоранд ва мегӯянд, ки мардуми оддӣ наметавонад солҳо аз барқ қарздор боқӣ бимонад, зеро ҳама хуб медонад, ки дар сурати нападохтани пули барқ масъулон барқро қатъ мекунанд. 

Ҳамчунин ҳамасола дар фасли зимистон интиқоли барқ барои мардум хеле маҳдуд мешавад ва қариб, ки мардум ба ҷуз рӯшноӣ барқро дар дигар чиз истифода намебаранд. Имсол бошад, ҳатто дар фасли тобистон низ сокинон аз маҳдудияти барқ хабар доданд.

Дар Русия паёмрасонҳои Telegram ва WhatsApp қисман маҳдуд шудааст

0

Дар Русия дастрасӣ ба хидматрасонии зангҳои овозӣ ва видеоӣ тавассути паёмрасонҳои Telegram ва WhatsApp қисман маҳдуд шудааст.

Тавре Роскомнадзор расман иттилоъ дод, дар қаламрави Федератсияи Русия маҳдудиятҳо аз рӯзҳои 11-13 августи соли ҷорӣ оғоз гардида, ҳадафи он коҳиш додани сатҳи қаллобӣ, пешгирии даъват ба фаъолияти экстремистӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон мебошад. Ба иттилои манбаъ, қаблан борҳо аз роҳбарияти ин мессенҷерҳо талаб карда шуда буд, ки чораҳои зарурӣ дар мавриди амнияти иттилоотиро роҳандозӣ намоянд, аммо ин масъала ҳанӯз ҳал нагардидааст.

Вазорати рушди рақамии Русия аз иқдоми мазкур ҷонибдорӣ намуда, зикр кардааст, ки маҳдуд кардани зангҳо метавонад ба коҳиши миқдори муроҷиатҳои қаллобона мусоидат намояд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти WhatsApp маҳдудиятро нақзи ҳуқуқи беш аз 100 миллион истифодабарандаи худ дар Русия арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки рамзгузории пурраи мукотиба бояд ҳифз гардад. Намояндагони Telegram иттилоъ доданд, ки мубориза бо мундариҷаи зараровар тавассути ҳуши маснуӣ идома дорад ва омодагии худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор изҳор намуданд.

Маҳдудсозии хидматрасониҳои мазкур дар доираи сиёсати рушди иқтидори рақамии миллӣ амалӣ шуда, ҳадаф аз он коҳиши вобастагӣ аз технологияҳои хориҷӣ ва рушди платформаҳои дохилӣ, аз ҷумла паёмрасони давлатии MAX гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки паёмнависӣ ва дигар хидматрасониҳои ин ду мессенҷер бетағйир боқӣ мондаанд.

Бояд гуфт, ки Telegram ва WhatsApp аз маъруфтарин паёмрасонҳо миёни муҳоҷирон ба ҳисоб мераванд, зеро онҳо асосан барои тамос бо хонавода ва наздикони худ аз ин ду барнома истифода мекунанд.

Афзоиши ихроҷи муҳоҷирони Афғонитсон аз Тоҷикистон

0
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 100

Мақомоти Тоҷикистон дар давоми камтар аз як моҳ наздики ҳазор муҳоҷири шаҳрвандони Афғонистонро ихроҷ кардааст.

Тавре Созмони байналмилалии Муҳоҷират хабар медиҳад, мақомоти Тоҷикистон аз 17-уми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ 976 муҳоҷири афғонистониро аз кишвар рондаанд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, ин созмон вуруду хуруҷи шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва баръаксро аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён – Бандари Шерхон ҳисоб мекунад.

Ба иттилои СБМ, рафтуомад дар марзи Тоҷикистону Афғонистон идома дорад, дар давоми 25 рӯзи охир 687 нафар аз тариқи гузаргоҳи Бандари Шерхон аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштаанд. Манбаъ мегӯяд, “беш аз нисфи ин афрод барои ҷустуҷӯйи кор ба Тоҷикистон омаданд”. Боқимонда барои рафтан ба кишвари дигар ё хабаргирии хешовандон дар Тоҷикистон сафар кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон чанде пеш барои муҳоҷирони Афғонистон 15 рӯз муҳлат дода буданд, ки хоки кишварро ихтиёран тарк кунанд. Ин муҳлат 21-уми июли соли ҷорӣ ба охир расид. Омори СБМ низ нишон медиҳда, ки ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон баъд аз ин муҳлат афзоиш ёфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи ихроҷи иҷбории муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ надодаанд, аммо даҳҳо нафар аз ин паноҳҷӯён ба расонаҳо гуфтанд, ки бо вуҷуди он ки асноди будубош доранд, вале мақомоти Тоҷикистон ба онҳо муҳлат дода буданд, ки дар муддати 15 рӯз хоки Тоҷикистонро тарк кунанд.

Пеш аз ин, хабаргузории Олмон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон раванди кофтукоби хона ба хона, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони Афғонистонро ҳанӯз шаш моҳ пеш оғоз карда буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аввали моҳи август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ихроҷшудаҳо иқомати қонунӣ доштанд ва дар аснодашон мушкиле набуд, вале “қонунро шикастанд, ғайриқонунӣ шуданд”.

Ба назари коршиносон, раванди ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Тоҷикистон бештар ба дасти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати дохилии кишвар сурат мегирад, ки дар аксар ҳолат ин ироҷкуниҳо на ба қонун, балки ба мизоҷ ва ҳолати худи кормандони мақомот марбут мешавад.

Оғози сохти роҳи оҳани барқӣ дар Тоҷикистон

0

Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба барқӣ кардани роҳҳои оҳани хатсайри “Ваҳдат – Пахтаобод”-ро оғоз кардааст.

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки истифодаи локомотивҳои барқӣ имкон медиҳад хароҷоти корӣ коҳиш ёбад, самаранокии истифодаи захираҳо афзояд ва мусофирон шароити беҳтари сафар дошта бошанд.

Хатсайри “Ваҳдат – Пахтаобод” шаҳри Ваҳдатро, ки дар 20 километр шарқи Душанбе ҷойгир аст, ба пойтахт ва баъдан ба шабакаи роҳи оҳани Узбекистон тавассути шаҳраки Пахтаобод мепайвандад.

Масофаи умумӣ 62 километр буда, қатораи шаҳрӣ ҳар рӯз байни истгоҳи Душанбе-I ва Пахтаобод бо 15 истгоҳи миёна ҳаракат мекунад ва масирро тақрибан як соат мепаймояд. Ин хатсайр барои сокинони пойтахт ва минтақаҳои наздисоҳилӣ хеле муфид аст.

Вазир ҳамчунин афзуд, ки дар оянда нақша аст қитъаи “Конибодом – Бекабод”, ки дар қисмати ғарбии марзи Суғди Тоҷикистон бо Узбекистон ҷойгир аст, низ электрификатсия карда шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш дар ҳошияи ҷаласаи 82-юми Шӯрои маъмуриятҳои роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори генералии Роҳи оҳани Русия ва раиси Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан Олег Белозеров мулоқот анҷом дода буд.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши нақлиёти роҳи оҳан, аз ҷумла рушди инфрасохтор, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли бору мусофирон ва ҳамкориҳои шабакаҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

Дар ҳоле тадбирҳои модернизатсия ва беҳбуди хидматрасонии роҳи оҳан рӯи даст гирифта шудаанд, ки расонаҳои кишвар ва мусофирон борҳо нисбати бад будани шароити роҳҳо, куҳнаву фарсуда будани зерсохтор ва норасоии инфрасохтори замонавӣ изҳори нигаронӣ ва интиқод кардаанд.

Навҷавон аз дохили мошин беш аз 2 ҳазор долларро дуздид

0

Пулиси шаҳри Душанбе як навҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Аштро бо гумони дуздии беш аз 2 ҳазор доллар дар ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт кард.

Мақомоти пулиси Душанбе мегӯяд, боздошти ин навҷавон бар асоси шикояти як сокини 60-солаи шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, марди 60-солаи сокини шаҳри Душанбе ба пулис хабар додааст, ки рӯзи 10 августи соли 2025 аз дохили мошини шахсиаш, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ гузошта шуда буд, 2 ҳазору 350 доллари амрикоӣ дуздида шудааст.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дастги шудааст. Ҳоло тафтишот оид ба ин қазия идома дорад.

Аз хабарҳое, ки сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ нашр мекунад, маълум аст, ки ҷиноятҳои дузди миёни ҷавонон зиёд шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки дур мондан аз тарбия ва назорати оилавӣ яке аз омилҳои аслии чунин амалҳост. Ба гуфтаи онҳо, қисми муайяне аз ҷавонон зери таъсири муҳити носолим ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, роҳи осон ба даст овардани пулро дар дуздиву қаллобӣ мебинанд.

Аммо гурӯҳи дигаре аз таҳлилгарон бар онанд, ки вазъи бади иқтисодӣ ва норасоии ҷойҳои кор, бахусус барои ҷавонон сабаби афзоиши чунин ҷиноятҳо дар ҷомеа гаштааст. Афзоиши нархи маҳсулоти рӯзгор, мушкили дастрасӣ ба маоши муносиб ва набудани имкониятҳои рушди шахсӣ бисёре аз ҷавононро ба роҳи ҷиноят мебарад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо зарур аст, ки ҳам дар сатҳи оила ва ҳам дар сатҳи давлатӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шавад, аз ташкили барномаҳои таълимиву маърифатӣ то фароҳам овардани ҷойҳои кори доимӣ ва муҳити солим барои наврасону ҷавонон роҳандозӣ шавад.